Имрӯз, 31 августи соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32-юмин солгарди “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Дар кори он Раиси Суди конститутсионӣ судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Маҷлиси тантанавиро А. Ашурзода – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида., ҳозиринро ба ин ҷашни муҳими давлативу миллӣ табрику муборакбод намуданд.
Раис қайд намуданд, ки соҳиб шудани Тоҷикистон ба Истиқлоли давлатӣ дар таърихи навини халқи тоҷик, волотарин ва арзишмандтарин дастовард мебошад, зеро маҳз ба ин васила миллати тоҷик мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати мо бо набзи сайёра ҳамсадо гардид.
Мояи ифтихори мардуми Тоҷикистон аст, ки мо баъди садсолаҳои зиёд маҳз ба шарофати ин неъмати бебаҳо, яъне Истиқлолияти давлатӣ бо дарназардошти анъанаву суннатҳои таърихии аҷдодиамон ва бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои мутамаддину пешрафта сиву ду сол қабл ба бунёди давлатдории миллии худ оғоз кардем.
Аз ин лиҳоз, истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон дар ҷаласаи тантанавӣ судяҳои Суди конститутсионӣ Ҷамшедзода Ҷ.Н., Қувватзода Ф.Ҷ., ва кормандони дастгоҳи Суд Нурляминзода Г.А., ва Бобоева Ш.Ҳ., дар мавзуъҳои: “Истиқлолияти давлатӣ ва назорати конститутсионӣ дар Тоҷикистон”, “ Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими ҳокимияти судӣ ”, “Истиқлолияти давлатӣ ва хизмати давлатӣ”, “Фаъолгардонии нақши занон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ” баромадҳо намуда, доир ба даствордҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ ибрози андеша намуданд.