АЗ ХУДШИНОСӢ ТО ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд.

Дар Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ эътироф шудааст, ки мавҷудияти ин меъёр баёнгари амалан ба ҷомеаи мутамаддини муосир пайвастани Тоҷикистон мебошад ва дар айни замон шаҳодати он аст, ки кишвари мо дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ пойдевори устувор ва заминаи боэътимод гузошта истодааст.

Албатта, ҷойи ифтихор ва хушнудист, ки арҷгузории воқеӣ ба арзишҳои миллӣ ва динӣ, хусусан арзишҳои дини мубини ислом ва эҳёи суннатҳои беҳтарини таърихиву фарҳангӣ, ба мардуми мо маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ муяссар гардид. 

Яъне, истиқлоли давлатӣ барои дарк ва решадор гардидани худшиносии милливу динӣ ва озодиву ифтихори миллӣ шароит ба вуҷуд овард. Дар навбати худ, эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамчун омили муҳимтарини маънавӣ ба таҳкими истиқлоли давлатӣ мусоидат намуд.

Конститутсия озодии эътиқод ва озодии виҷдонро ба ихтиёри инсон вогузор намуда, нуктаи муҳим ва марказии ин озодӣ эътирофи ҳаққи инсонҳо ба ҳамин арзишҳо буда, ҳукми ихтиёр ва ҷонибдорӣ кори шахсии ҳар фард аст.

Маҳз ба ҳамин хотир, дар моддаи 26 Конститутсия таъкид гардидааст: «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша арзишҳои диниро чун ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ пазируфта, ба рушди онҳо ҳамчун василаи муассири тарбияи ахлоқӣ муносибат мекунад. Бинобар ин, эҳтиром намудани арзишҳои милливу динӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон аст. 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин изҳор доштанд: «Танҳо соҳибистиқлолӣ ва низоми дунявии давлатамон имкон фароҳам овард, ки миллатҳои гуногун ва пайравони дину мазҳабҳои мухталиф дар кишварамон фаъолияти динию эътиқодии худро дар доираи муқаррароти Конститутсияи мамлакат ва қонунгузории амалкунанда озодона анҷом диҳанд».

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҳамаи динҳо назари нек дошта, шароити созгори эътиқодиро барои пайравони онҳо таъмин кардааст. Натиҷаи ҳамин аст, дар фазои осоиштаи мамлакат 4058 иттиҳодия динӣ, аз ҷумла 3988 масҷиди ҷомеъву панҷвақта, 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ, Маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона дар Феҳристи давлатии иттиҳодияи динии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд ва ҳамаи онҳо муътадил тибқи талаботи қонун эҳтиёҷоти эътиқодии шаҳрвандонро қонеъ карда истодаанд.

Вазифаи муқаддаси ҳар яки мост, ки дастоварди бебаҳои таърихиро тақвият бахшем, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем, ҷиҳати амалишавии ҳадафҳои миллӣ талош варзем ва истиқлолу озодиро ҳифз намоем.

Шоҳин ВАЛИЗОДА,

ёрдамчии муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон