Ба истифода додани бинои иловагии Маркази саломатии №1-и шаҳри Истаравшан
10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Маркази саломатии №1-и шаҳри Истаравшанро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти нави соҳаи тандурустӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир бунёд гардида, дорои 36 ҳуҷра ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити дар бинои навбунёд фароҳамгардида шинос шуда, таъкид карданд, ки бо истифода аз ин имкониятҳо кормандони соҳаи тандурустиро зарур аст, минбаъд дар самти дастрасии аҳолӣ ба кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ фаъолияташонро беҳтару хубтар ба роҳ монанд.
Дар ошёнаи якуми бинои иловагии маркази саломатӣ гӯшаи гиёҳдармонӣ, ҳуҷраҳои хатна, ҷарроҳӣ, ташхиси ултрасадо, узвҳои дарунӣ ва шуъбаи хизматрасониҳои тиббӣ ба кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои сабти барқии дил, табибони асабшинос, тарбодшинос, ғадудшинос, гӯшу гӯлу ва бинӣ, чашм ва саратоншинос, дар ошёнаи сеюм ҳуҷраҳои кории маъмурият ва толори маҷлис бо 130 ҷойи нишаст ва дар таҳхонаи бино бошад, шуъбаи физиотерапевтӣ – барқароркунии саломатӣ бо ҳуҷраҳои маҳси бадан, сӯзандармонӣ, табобати барқӣ ва толори варзишӣ ҷойгир шудааст.
Ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ дар бинои навбунёд бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ муҷаҳҳаз карда шудааст, ки бо истифода аз он табибону мутахассисони соҳа фаъолияти самарабахш анҷом медиҳанд.
Ҳоло дар Маркази саломатии №1-и шаҳри Истаравшан 120 корманд, аз ҷумла 14 табиби оилавӣ, 21 ҳамшираи тибби оилавӣ, 20 ҳамшираи тиб ва 27 нафар мутахассисони соҳавӣ фаъолият намуда, дар минтақаи фарогир ба 32 ҳазор аҳолӣ хизматрасониҳои тиббию санитарӣ мерасонанд.
Ёдовар мешавем, ки бинои асосии Маркази саломатии №1-и шаҳри Истаравшан ҳанӯз солҳои 1970 сохта шудааст.
Бо назардошти зиёд шудани шумораи аҳолӣ ва норасоии ҳуҷраҳои кории табибони оилавӣ ва соҳавӣ зарурати бунёди бинои иловагӣ ба миён омад. Аз ин рӯ, соли 2019 бо фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур оғоз гардида, аз ҷониби бинокорони маҳаллӣ бо риояи талаботи замони муосир ба анҷом расонида шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи боз як бинои замонавии соҳаи тандурустиро туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони заҳматпешаи шаҳри бостонии Истаравшан арзёбӣ намуда, масъулонро муваззаф карданд, ки дар фаъолияти касбӣ бо истифода аз имкониятҳои муосири хизматрасонии тиббию санитарӣ ҳифзи солимии аҳолиро дар мадди аввал гузоранд.
Муассисаи давлатии “Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ”-и шаҳри Истаравшан дорои ду маркази саломатии шаҳрӣ ва 19 маркази саломатии деҳот бо 28 бунгоҳи тиббӣ, марказҳои солимии репродуктивӣ, иммунопрофилактикӣ, ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва шуъбаи барқароркунии саломатӣ мебошад, ки дар умум, ба 299 ҳазору 400 нафар аҳолӣ хизматрасониҳои тиббиро ба роҳ мондааст.