Боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Истаравшан
Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан ва ифтитоҳи боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии ҳунармандону сокинони шаҳри Истаравшан боздид намуданд.
Намоишгоҳи сокинон, ҳунармандони шаҳри Истаравшан дар ду растаи алоҳида ва 20 хайма ташкил ёфта, дар он тарзи омода сохтани нону таомҳои миллӣ, тайёр кардани шириниҳо ва ҳамзамон ҳунарҳои қадимӣ ашёи рӯзгор, гӯлдӯзию зардӯзӣ ва дигар номгӯи ҳунарҳо нишон дода шуд.
Дар шаҳри Истаравшан 160 номгӯи ҳунарҳои мардумӣ мавҷуданд, ки алҳол аз рӯи 105 касбу ҳунари мардумӣ маҳсулот омода мегардад.
Ба намоишгоҳ санъат ва ҳунарҳои бостонии наққошӣ, кундалкашӣ, кандакорӣ, сохтани армуғонҳо аз чуб, созтарошӣ, сандуқсозӣ, мисгарӣ, оҳангарӣ, кордсозӣ, чармгарӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, шонагар, аҷубасозӣ, рассомӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, тоқидӯзӣ, читгарӣ, кашидадӯзӣ, адрасу атласбофӣ, қолинбофӣ, либосҳои миллии тоҷикӣ ки маҳсули дасти ҳунармандони чирадаст мебошад, зебу зиннат бахшидаанд.
Ҳамзамон, дар гӯшаҳои алоҳидаи боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби ҳунармандон дар дегҳои алоҳида тарзҳои тайёр кардани набот, парварда, нишолло, ҳалвопазӣ, шириниҳои гуногун нонпазӣ, фатиру қалама, самбӯса, усули хушксозии мавиз ва дигар ҳунарҳои мардумӣ нишон дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳунармандони шаҳри Истаравшан суҳбати самимӣ доир карда, таваҷҷуҳи аҳли ҳунарро ба ҳарчи бештар кор фармудани тахайюли эҷодӣ дар омодасозии ашё, равнақи ҳунар, омодасозии шогирдон ҷалб намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳунарҳои қадимаи ба талаботи замони имрӯза мувофиқ дар замони рушди илму техника ва истеҳсолот ҳамоно моҳияти хешро нигоҳ дошта, талабот ба он зиёд аст.
Гузаштагони мо аз замонҳои хеле қадим ба ҳунармандӣ ва косибӣ шуғл дошта, дар тӯли асрҳои зиёд ҷиҳати эҷоди садҳо навъи ҳунар роҳ кушоданд. Дар замони имрӯз низ ҳунари дастӣ, ки бо завқу салиқаи баланд омода мешавад, таваҷҷуҳи сайёҳон ба армуғонҳо бештар буда, маҳсули кори ҳунармандон дар баробари муаррифии ҳунару фарҳанги миллӣ воситаи даромад ба ҳар шахси соҳибҳунар мегардад.
Шаҳри Истаравшан аз нигоҳи ҷуғрофӣ дар минтақаи шоҳроҳи Абрешим ҷойгир буда, ҳамчун шаҳри ҳунармандон аз қаъри асрҳо маъруф аст ва 160 номгӯӣ ҳунару ҳунармандӣ ин ҷо мавҷуд аст. Бояд ёдовар шуд, ки як давра таваҷҷуҳ ба касбу ҳунарҳои қадимӣ кам гардид ва баъди соҳибистиқлолии кишвар бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул ва татбиқи “Барномаи давлатии рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, таъсиси грантҳои давлатӣ, бунёди бинои таълимии “Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ” дар шаҳри Истаравшан ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳёву рушд ёфтанд ва имрӯза намоиши ҳунармандӣ ва пешниҳоди садҳо намунаи маҳсули ҳунару маҳорат бозгӯи ҳунари асили тоҷикон аст.