Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Имрӯз, 26 июни соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 27-умин солгарди “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.
Дар ҷаласа Раиси Суди конститутсионӣ, муовини раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд иштирок намуданд.
Ҷаласаи тантанавиро Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ашурзода А. бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба ин ҷашни фархундаи миллӣ табрику муборакбод намуд. Мавсуф иброз доштанд, ки: “Пойдориву таҳкими Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар Тоҷикистони маҳбубамон натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Маҳз, меҳру муҳаббати самимии Пешвои муаззами миллат ба Ватан ва худшиносию худогоҳии миллати фарҳангсолори мо боис шуд, ки Тоҷикистони азизи мо ба Ваҳдати миллӣ, ҳамчун арзиши муқаддаси инсонӣ ноил гардид.
Бо шарофати Ваҳдати миллб ҳисси ватндӯстиву худогоҳии халқи Тоҷикистон боло рафта, ин раванд хусусияти устувор ва бебозгаштро касб намудааст.
Ваҳдат ва худшиносии миллӣ барои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ заминаҳои устувор гузошта, давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хоса касб ва низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш бурда истодааст.
Самараи Ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он буд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид.
Раҳоӣ бахшидани кишвар аз бумбасти коммуникатсионӣ, гузоштани заминаи устувор барои таъмини рушди иқтисодӣ, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла роҳу нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, рушди бомароми саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, бунёди даҳҳо ҳазор гектар боғу токзор аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси ин марҳала мебошанд.
Сохтмон ва таъмиру таҷдиди ҳазорҳо мактабу кӯдакистон ва муассисаҳои тиббӣ, қомат афрохтани даҳҳо кохи фарҳангу китобхонаву варзишгоҳ ва умуман, дигаргун гардидани симои пойтахти азизамон шањри Душанбе, марказњои шаҳру ноҳияҳо ва шароити зисти сокинони онҳоро имрӯз ҳар фарди огоҳи кишвар чун оина дар пешорӯи худ мебинад.”
Вобаста ба аҳамият ва муҳимияти Ваҳдати миллӣ судяҳо Абдураҳимзода Д.Р., Идрисзода Б.А ва кормандони дастгоҳи суд низ, баромадҳо карда, нақши Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллиро муҳим арзёбӣ намуданд.