Дар таърихномаи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомӯз
ва пурарзише ҳастанд, ки аз икдоми нек ва хирадмандона ба
нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои минбаъда ҳамчун
чароғи ҳидоят хизмат мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баъди 1100 – соли суқути давлати абарқудрату паҳновари Сомониён, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон беназир аст, бахт ба рӯйи миллати тоҷик хандид. Ба қавле, бе инқилобу хунрезӣ, ҳамчун ҳадяи Худованд ба миллати тамадунофари мо Истиқлолияти давлатӣ насиб гардид. Ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон бо номи Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол арзи ҳастӣ кард ва ормонҳои ҳазорсолаи фарзонафарзандони сарсупурдаи миллати тамаддунофару таърихӣ ҷомаи амал пушид. Ҳамчунин дигар халқу миллатҳои собиқ давлати Иттиҳоди Шуравӣ, ки истиқлолияти комил ба даст оварданд, бо шодиву нишот пайи ободиву пешрафт талош мекарданд. Мутаассифона, халқи тоҷик ба ҷои шодиву нишот ва талош баҳри ободии ватан ба гирдоби дасисаву фитнаҳои аҷнабиён ва мансабталошони дохилӣ фурӯ рафт.
Мардум дар пойтахти мамлакат ба ду майдон ҷудо шуда, ақидаҳои ба ҳам мухолиф доштанд, ки ин боис ба мураккаб шудани вазъи сиёсӣ гардид. Пояҳои давлатдорию сохти конститутсионӣ сусттар шуда, мақомотҳои давлатӣ ваколатҳояшонро амалӣ карда наметавонистанд. Нофаҳмӣ дар байни намояндагони ҳар ду майдон торафт зиёдтар шуда, кинаву адоват аланга гирифт.
Оид ба вазъи ҳамонвақтаи давлати тозаистиқлоли тоҷикон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суханрониашон ба муносибати 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ чунин гуфтанд: “Андешаву мафкураи халқ амалан ду тақсим шуда буд ва ҷавонони бетаҷрибаву гирифтори эҳсосот бо дастури хоҷагони дохиливу хориҷии хеш ба майдонҳо баромада, вазъиятро боз ҳам мураккаб месохтанд. Яъне дар кишвар ба ҷои қонун, ба ҷои низому тартибот бенизомиву бесарусомонӣ ҳукмрон буд. Тамоми шохаҳои ҳокимият – аз мақомоти марказӣ то зинаҳои маҳаллӣ аз фаъолият боз монда, бисёре аз роҳбарони онвақта дар чунин шароити ҳассос иродаи сиёсӣ, дурандешӣ, сабру таҳаммул ва азму ҷасорати роҳнамоӣ кардани мардумро аз даст дода буданд”.
Муноқишаҳои сиёсӣ оқибат ба муборизаҳои мусаллаҳона табдил ёфтанд. Бархе аз минтақаҳои кишвар ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуданд. Авзои сиёсии пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе бошад, торафт ноамн мегашт. Мақомотҳои давлатӣ барои ҷорӣ намудани тартибот нотавонтар мешуданд. Аз миёни ҳар ду гурӯҳи ба ҳам мухолиф шахсияте пайдо нашуд, ки мардумро ба сулҳу салоҳ ва бо роҳи осоишта ҳал намудани моҷаро даъват кунад. Ба гуфтаи шоири ваҳдатсаро Ҷумъа Қувват:
Дар Душанбе ҷову имконе набуд,
Аз ду майдон марди майдоне набуд.
Роҳ бар сӯи Душанбе банд буд,
Охирин умед бар Хуҷанд буд.
Бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ – наҷоти миллат ва давлати ҷавони тоҷикон аз фаношавӣ, вакилони ҳамонвақтаи Шӯрои Олии мамлакат ба хулоса омаданд, ки иҷлосияи шоздаҳумро дар шаҳри Душанбе баргузор нанамоянд. Бо кушишу талошҳои пайгиронаи онҳо ҳамин тавр ҳам шуд. Ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, дар шароити ниҳоят ҳассос доир гардид. Хушбахтона, бо душворӣ бошад ҳам, он вазифаҳои таърихиро анҷом дод. Аз ҷумла, зимни он фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Шӯрои Олӣ аз 19 ноябри соли 1992 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Сарвари давлат) интихоб гардид, ки барҳақ, ин рӯзро мебояд ҳамеша чун рӯзи наҷоти миллат арҷгузорӣ намоем.
Дар меҳвари нахустин суханронию талошҳои пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу оштӣ, васлу тавҳид, ҷустуҷӯи роҳҳои ободии Ватан, сарҷамъии миллат ва амсоли инҳо қарор гирифтанд ва як моҳ пас аз интихоб шудан ба вазифаи Сарвари давлат дар муроҷиатномае ба мардуми кишвар, аз ҷумла изҳор доштанд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷоннисорӣ мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам боварӣ дорам». Ин ҳолатро низ шоири шинохтаи дар боло зикрашон рафта, ба гунаи зер тасвир кардаанд:
Рафт бар минбар чу як ҳикматнигор,
Сулҳпарвар, чорагар, ваҳдатшиор.
Гуфт: -Эй халқи гирифтори ситам,
Эй сар омад оқибат кори ситам.
Дар робита ба ин, метавон афзуд, ки омили асосии расидан ба сулҳу ваҳдат аз ниҳод ва замири халқ ҳувайдо мешавад, зеро ҷангу хунрезӣ ва оқибатҳои даҳшватбори он таъсири манфии худро ба халқ бештар мегузорад ва халқро маъс, руҳафтодаву хаста мегардонад, вале барои расидан суботу оромӣ, тенҷиву осоиштагӣ меъмор ё пешвои хирадманд оқилу адолатпарваре лозим аст, ки тарҳи сулҳофарии он ба дили халқ ва гурӯҳҳои моҷароҷуй ҷой гирифта, пазируфта шавад.
Мову шумо шоҳиди ҳолем, ки кишварҳое, ки дар онҳо ҷангу хунрезӣ тул мекашад, мардумашон ташнаи тенҷиву оромӣ, суботу осоиштагӣ мебошанд. Онҳо қатлу куштор, ваҳшу даҳшатро намехоҳанд, мутаасифона Худованд ба онҳо роҳбару роҳнамои оқилу хирадмандро ато накардааст, ки тавонад мардумро дар атрофи худ мутаҳид намояд.
Ин аст, ки мо бо ифтихор ва сарфарозӣ мегӯем: ҳарчанд ки душманони миллат оташи ҷангро дар кишвари мо барангехтанд, халқи баору номус, ватандӯст ва сулҳпарвари тоҷик тавонист, ки дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои худ мутаҳид гашта, дар муддати кӯтоҳ забонаҳои оташи ҷангро хомӯш кунад, Ватанро аз вартаи ҳалокат наҷот бахшад, гурезаҳои сарсонро баргардонад ва ба ободонии мамлакат камар бандад.
Самараи Ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он буд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид. Раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионї, гузоштани заминаи устувор барои таъмини рушди иқтисодӣ, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, роҳу нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, рушди бомароми саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, бунёди даҳҳо ҳазор гектар боғу токзор номгӯи нопураи дастовардҳои назарраси ин марҳала мебошанд.
Маврид ба зикр аст, ки Асосгузори сулҳу вањдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳомии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, таъмини суботи сиёсию ҳамгироии ҷомеа, пойдориву бардавомии давлати демокративу ҳуқуқбунёд, қабули аввалин Конститутсияи давлати мустақил, такмили заминаҳои ҳуқуқии кишвар ва таъсиси низоми самарабахши мақомоти ҳокимияти давлатӣ саҳми беандоза дошта, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳпарвар дар арсаи ҷањонӣ муаррифӣ намуданд. Ин имкон дод, ки пойдории сулҳу субот ба рушди устувори соҳаҳои иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва сиёсию ҳуқуқии мамлакат мусоидат намуда, обрӯ ва нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯз аз рӯз дар арсаи байналмилалӣ боло гардад ва давлати мо ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст.
Бинобар ин, халқи тамаддунофар ва меҳнаткаши ҷумҳурӣ бояд, ки баҳри устувор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ, ки хеле бо нархи гарон ба даст омадааст, тамоми неру ва маҳоратро дар радифи меҳнатҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба харҷ диҳад.
Фотеҳ Қувватзода,
судяи Суди конститутсионӣ