Иштироки судя ва корманди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Семинари омӯзишӣ
Имрӯз – 03.07 соли 2024 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 –юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Маърифати ҳуқуқӣ-асоси таъмини рушди соҳа” доир гардид.
Дар семинари мазкур судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Фотеҳ ва ёрдамчии судяи Суди конститутсионӣ Бобоева Шаҳноза иштирок намуданд.
Қувватзода Фотеҳ зимни баромадаш аз ҷумла қайд намуд, ки: дар бунёди ҷомеаи пешрафта, демокративу ҳуқуқбунёд, адолатпарвар ва мутамаддин ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши муҳим дорад.
Зеро дар давлати ҳуқуқбунёду мутамаддин бояд шаҳрвандон маърифати баланди ҳуқуқӣ дошта бошанд.
Доштани маърифати ҳуқуқӣ аз донистани Конститутсия ва риояву иҷрои меъёрҳои он сарчашма мегирад.
Дар қабули Конститутсияи ҷавобгӯй ба ормонҳои миллӣ ва эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқбунёду мутамаддин нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим арзёбӣ мегардад.
Зеро аз рӯзҳои аввали сарвари давлат интихоб шуданашон, яъне дар нахустин суханрониҳояшон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сароҳат изҳор медоштанд, ки : “Шахсан ман ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ мебошам! ”
Давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ, арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, баробарҳуқуқии ҳамаи халқияту миллатҳо ва дигар принсипҳои башардустӣ идеяҳои нахустини муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки дар лоиҳаи Конститутсия дароварда шуда ба муҳокимаи умуми-халқӣ пешниҳод ва минбаъд аз тарафи мардуми кишвар пазируфта шуданд.
Дар заминаи Конститутсия 17 қонуни конститутсионӣ, 23 кодекс, зиёда аз 400 қонуҳои ҷорӣ қабул гардидааст. Дар ин давра кишвари мо ба 17 санади ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба, 51 адад конвенсия ҳамроҳ шуда, 964 – адад шартнома ва созишномаҳои байналмилалиро ба имзо расонидааст.
Дар соҳаи тандурустии аҳолӣ то соли 2017, 16 адад қонун амал мекард, ки ҳамаи ин қонунҳо дар як кодекс – Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ оварда шуда, мукаммал гардонида шуд.
Маърифати ҳуқуқӣ бо меъёрҳои ахлоқӣ алоқамандии зич дорад. Зеро инсон ба қонун ва риояву иҷрои он дар доираи тафаккур ва ахлоқи худ рафтор мекунад афзуд судяи Суди конститутсионӣ.