ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024

Санаи 8 июли соли 2024 дар маҷлисгоҳи Суди конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Суд дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм  гузаронида шуд

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ  Раиси Суди конститутсионӣ Абдулњафиз Ашурзода, мушовири калони Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Исфандиёр, муовини раис, судяҳо ва кормандони  дастгоҳи суд иштирок намуданд.

Маҷлиси ҷамъбастиро  Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Ашурзода А. оғоз намуда, қайд карданд, ки Суди конститутсионӣ дар давоми нимсолаи якуми соли 2024 дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли  – Пешвои  миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вазифаҳои ба зимааш гузоштаро иҷро намуда,  аз ҷумла ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани  сиюмин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024  як қатор корҳоро ба сомон  расонидааст.

Сипас ҳисоботи муовини Раиси Суди конститутсионӣ Каримзода К.М., оид ба фаъолияти Суди конститутсионӣ дар нимсолаи якуми  соли 2024 шунида шуд.

Каримзода Карим қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ муроҷиатҳои ба Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида дар асоси талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд.

Аз тарафи Раиси конститутсионӣ, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суд дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати тарғибу ташфиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024, сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024, бо аҳолӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ вохуриву суҳбатҳо гузаронида шуд. Судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд дар рӯзномаву маҷалаҳои ҷумҳуриявӣ мақолаҳо ба нашр расонида, дар шабакаҳои телевизионӣ ва радио баромад намуданд, дар чорабиниҳои вазорату идораҳо ва муассисаҳои олии таълимӣ ишти­рок ва суханронӣ карданд.

Ҳамзамон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд дар конференсияҳо, семинарҳо ва мизҳои мудаввари ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштироку суханронӣ намуданд.

Дар маҷмуъ фаъолияти Суди конститутсионӣ қаноатбахш арзёбӣ гардида, вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 муайян карда шуданд.