Рӯзи кормандони мақомоти судӣ

26 октябр дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи он бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Маҷлисро Раиси Суди конститутсионӣ Абдулҳафиз Ашурзода ифтитоҳ намуда иброз карданд, ки ҳамасола 26 октябр ҳамчун Рӯзи касбии кормандони мақомоти судӣ дар кишварамон таҷлил карда мешавад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатиро дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ пешбинӣ намудааст.
Конститутсия ҳокимияти судиро мустақил эълон намуд, ки он аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар таъмини адолати иҷтимоӣ хеле муҳим мебошад, зеро таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ, нишонаи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар самти ташкилу таҳкими ҳокимияти судӣ, таъмини қонуният ва адолати судӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд.
Аз ҷумла, барои рушди мақомоти судӣ чор Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул карда шуданд, ки онҳо барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд.
Тибқи ин барномаҳо, соли 2014 қонунҳои конститутсионӣ дар бораи судҳо ва Суди конститутсионӣ, ки соли 1995 қабул гардида буданд, аз эътибор соқит ва ба ҷойи онҳо қонунҳои нави конститутсионӣ қабул карда шуданд.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, низ аз ҷумлаи дастовардҳои даврони истиқлол ва самараи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб рафта, ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти судӣ оид ба ҳифзи Конститутсия фаъолият мекунад.
Ҳокимияти судӣ дар ҳифзи манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шаҳрванд нақши арзандаи худро гузошт.

Бахшида ба Иди касбии кормандони мақомоти судӣ, ҳамаи судяҳо ва кормандони дастгоҳи Судро хонаободиву сарбаландӣ ва ба кишвари азизамон тинҷиву оромӣ ва фазои сулҳу беғубор таманно намуданд.
Инчунин, судяҳо бо суханони табрикотӣ баромад намуда, баҳри пойдории ҳокимияти судӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таманниётҳои неки худро иброз намуданд.