«КОНСТИТУТСИЯ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ»
29 октябр бо ташаббуси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия ва рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол» конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид, ки дар кори он намояндагони сохторҳои гуногуни давлатӣ иштирок ва маъруза намуданд.
Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз дар мавзуи «Конститутсия заминаи рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол» изҳор намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии сиёсиву ҳуқуқӣ аз ҷумлаи дастовардҳои арзишманди даврони соҳибистиқлолии мамлакат маҳсуб меёбад.
Зикр гардид, ки 6 ноябри соли 1994 дар давраи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ, аз ҷониби мардуми хирадсолори мо бо дарки масъулияти бузург тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосии давлат – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Қабули ин санади тақдирсоз ифодагари дастгирии халқ аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ гардида, татбиқи бомароми меъёрҳои он ба пойдории сулҳу ваҳдат, соҳиби обрӯву эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштани давлат ва ба кишвари ободу зебо табдил ёфтани Ватани азизи мо мусоидат намуд.
Таъкид гардид, ки баъд аз қабули Конститутсия дар кишвар ислоҳоти бунёдиву фарогири сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз шуда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро ба танзим даровард ва барои суботи конститутсионӣ заминаи мустақим фароҳам овард.
Конститутсия, ки метавон онро шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат номид, бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуд, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.
Бо вуҷуди он, ки Конститутсия дар давраи ниҳоят душвори таърихӣ қабул гардид, аз ҷониби созмонҳои бонуфуз ва коршиносони ҷаҳон дар қатори беҳтарин конститутсияҳо шинохта шуд.
Қобили зикр аст, ки тамоми дастовардҳои ноилшудаи Тоҷикистон дар давоми 33 – соли Истиқлоли давлатӣ бевосита ё бавосита бо қабули Конститутсия вобастагӣ доранд.
Дар ин санади сарнавиштсоз бори нахуст ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ таҷзия гардида, эътибори олӣ доштани меъёрҳои Конститутсия ва амали мустақими онҳо кафолат дода шуд, дар асоси он парламенти касбии доимамалкунанда таъсис ёфт, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият эълон гардид.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи дастовардҳои даврони истиқлолият ва самараи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб рафта, ҳамчун мақоми мустақили ҳокимияти судӣ оид ба ҳифзи Конститутсия фаъолият мекунад. Имрӯз барои пешбурди фаъолияти он ҳамаи заминаҳои ташкиливу ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд.
Дар татбиқи меъёрҳои Конститутсия ва пеш аз ҳама дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ки ин арзишҳо меҳвари низоми демократӣ мебошанд, ҳокимияти судӣ, аз ҷумла Суди конститутсионӣ нақши бағоят муҳим дорад.
Суди конститутсионӣ барои таъмини волоияти меъёрҳои Конститутсия ва амали бевоситаи онҳо дар қаламрави кишвар масъул буда, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро ҳимоя менамояд ва тавассути мурофиаи судӣ адолати конститутсиониро ба амал мебарорад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон солиёни зиёд барои давлату миллати азизамон хизмат намуда, чун рамзи озодиву соҳибихтиёрӣ, эҳёи давлату давлатдорӣ, ваҳдату ягонагӣ, ободию созандагӣ, худогоҳиву ватандустӣ пойдору ҷовидон хоҳад монд.