ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ ДАР ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АГЕНТИИ ТОҶИКСТАНДАРТ
Имрӯз дар Агентии Тоҷикстандарт ба муносибати таҷлил ва гиромидошти 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанав баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур муовини якум, муовинон ва кормандонӣ Агентии Тоҷикстандарт, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок ва суханрон намуданд.
Ҳамзамон дар чорабинии мазкур намояндаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадалова Санавбар иштирок ва бо маъруза баромад намуданд.
Санавбар Бадалова дар мавзуи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – кафили рушди босуботи кишвар” баромад намуда кормандони Агентии Тоҷикстандартро ба ин санаи фархунда табрику муборакбод гуфт.
Қайд гардид, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон дар давраи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз рӯйдоди муҳим аст, ки он роҳи ояндаи давлати моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократ, ҳуқуқбунёд, дуняв ва ягона муайян намудааст. Дар ин муддат ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои таҳкими ҷомеа, ободиву осудагии фазои мамлакат, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, пешрафти тамоми паҳлуҳои ҳуқуқии ҷомеа нақши муассир гузоштааст.
30 сол муқаддам 6 ноябри соли 1994 мардуми шарафманди ватани азизамон бо сад ҷаҳон орзуву умед ва ниятҳои нек ба ояндаи ватану миллати худ, нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул карда, барои бунёд намудани давлатдории навин, яъне давлати ҳуқуқбунёд роҳи васеъро кушод.
Дар таърихи конститутсионализми Тоҷикистон, Конститутсияи соли 1994 нахустин санадест, ки тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст. Ба ин хусусияти Конститутсия дахл карда, баъдан Пешвои миллат муҳтарам Эмомал Раҳмон зикр карданд, ки «Хусусияти асосӣ ва муҳими Конститутсияи мазкур дар он аст, ки он на санади аз тарафи гурӯҳи одамон қабулшуда, балки аз тарафи аксарияти халқ қабул карда шудааст. Аксарияти аҳолӣ ба Конститутсия овоз доданд. Ин дастоварди бузурги мо ба ҳисоб меравад».
30 – соли амали Конститутсия собит сохт, ки халқи тамаддунсозу фарҳанг ва ободгари мо он замон тавонист санаде қабул намояд, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои милл буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин менамояд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон солиёни зиёд барои давлату миллати азизамон хизмат намуда, чун рамзи озодиву соҳибихтиёрӣ, эҳёи давлату давлатдорӣ ваҳдату ягонагӣ, ободию созандагӣ худогоҳиву ватандустӣ пойдору ҷовидон хоҳад монд.