ИШТИРОКИ РАИСИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗӮИ «КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ТАҲАВВУЛ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН»

2-юми ноябри соли 2024 дар Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: Таҳаввул ва дурнамои рушди он» бо иштироки олимону мутахассисон ва намояндагони ҳифзи ҳуқуқ доир гардид.

Дар кори Конференсия Раиси Суди конститутсионӣ Ашурзода Абдулҳафиз иштирок ва суханрони намуда қайд намуданд, ки қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҷибистиқлол аз зумраи рӯйдодҳои муҳим ва тақдирсози миллати тоҷик ба шумор рафта, дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон нақши калидӣ дорад.

Би ифтихори ин ҷашни муқаддасу муътабарри миллӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2024 – ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд, зеро ҷавҳари маърифати ҳуқуқии миллатро, бешубҳа, Конститутсия ташаккул медиҳад ва ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар нақши калидӣ дорад.

Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ин санади муҳим дар ташаккули ниҳодҳои давлатдорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва   танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши муҳим дорад  ва дар худ андеша ва ғояҳои инсондӯстонаро таҷассум мекунад.

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки таҷассумгари орзуву ормонҳои чандинасраи мардуми мо мебошад, ҳамчун санади тақдирсоз дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пойдориву бардавомии ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.

Ҳамчун ҳуҷҷати барномавии ҳаёти давлат ва ҷомеа Конститутсия дурнамои пешрафти кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистонро барои солҳои тӯлонӣ пешбинӣ намуда, барои халқи мо бардавому поянда хизмат мекунад ва дар навбати худ мардуми шарифи Тоҷикистон минбаъд низ ба хотири амалӣ гаштани ин орзую ормонҳои нек, пеш аз ҳама тавассути эҳтиром ва риояи дақиқи меъёрҳои он қарзи шаҳрвандии худро сарбаландона адо хоҳанд кард.

Вазъи сиёсиву иљтимоии зудтағйирёбанда ва ташвишовари ҷаҳони муосир собит месозад, ки дар баъзе кишварҳо бинобар сарфи назар гардидани арзишњову меъёрҳои Конститутсия ва риоя накардани қонунгузорӣ, давлату ҷомеа ба хатарҳои вазнин ва мушкилоти сангин рӯбарӯ гашта,  ҳатто хатари парокандагӣ ва тақсимшавии давлатҳо ба миён омадааст. Дар чунин шароит Тоҷикистон бо риояи қатъии меъёрҳои Конститутсия сиёсати сулҳҷўёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд.

Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва ташаккули падидаҳои мухталифе, ки метавонанд ба истиқлолияти миллӣ ва амнияти конститутсионии мо халал ворид созанд, эҳтиром ва риояи ҳатмии меъёрҳои Конститутсия, ҳамчун таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар аҳаммияти аввалиндараҷа касб менамояд.

Бинобар ин, риояи Конститутсия ва таъмини волоияти қонун вазифаи ҳамаи мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди бонангу номус мебошад.