ТАҶЛИЛ АЗ ЧОРАБИНИИ «РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ВА СОЛГАРДИ ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХИИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
15 ноябри соли соли 2024 дар маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ ба муносибати «РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ВА СОЛГАРДИ ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХИИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҳамчун падидаҳои муҳими таърихӣ, ки дар таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз доранд, баргузор гардид.
Маҷлиси тантанавиро Муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Карим Мазиё ҳусни оғоз бахшида, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.
Мавсуф аҳли кормандони Суди конститутсионӣ ва дар шахсияти онҳо мардуми кишварро бо таҷлили ин чорабиниҳои муҳиму сарнавиштсози миллат таҳният гуфта, ба онҳо суботу осоиштагии ҷомеа ва пешрафту шукуфоии ватанро таманно намуданд.
Каримзода К.М. иброз дошт, ки бо қабули аввалин Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии кишвар, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии президентии давлат дар сатҳи конститутсионӣ муқаррар гардид.
«Рӯзи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон» эътироф шудани ин сана дар он аст, ки дар вобастагӣ бо ин ҳолати ҳуқуқӣ-конститутсионии муқарраршуда авалин бор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарзи овоздиҳии умумӣ ва мустақим муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон итихоб гардида, 16-уми ноябри соли 1994 бори нахуст, дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд намуданд.
Гузашта аз ин дар ҳамин рӯзи таърихӣ, 16 ноябри соли 1992 дар раванди Иҷлосияи таърихию сарнавиштсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлати навистиқлоли Тоҷикистон – Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида буд.
15 апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул намуд. Тибқи муқаррароти моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (бидуни истироҳат) эълон карда шуда, ҳар сол ҳамчун, чорабинии муҳими сиёсӣ дар тамоми ҷумҳурӣ қайд карда мешавад.
Воқеият собит намуд, ки гузаштан ба шакли идоракунии президентӣ ҳамчун намунаи возеҳи шакли идоракунии самаранок боиси наҷоти давлат ва миллати тоҷик, инчунин омили инкишофи тамоми соҳаҳои зарурӣ ҳаётӣ гардид.
Дар хусуси Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зикр рафт, ки ин падидаи сиёсӣ ҳамчун дастоварди миҳими замони соҳибистиқлоли ба ҳисоб рафта, барои гузаштан ба марҳилаи нави инкишофи ҷомеа ва давлати миллии мо заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.
Ин иҷлосия тавонист тамоми неруҳои сиёсӣ ва иҷтимоии кишварро дар марҳилаи ҳасоси таърихӣ ба ҳам оварад. Иқдоми муҳиме, ки дар ин Иҷлосияи мазкур руи кор омад, ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яъне, Сарвари давлат интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Имрӯз бо гузашти зиёда аз се даҳсола бо итминони комил метавонем, қайд намоем, ки тамоми дастовардҳо ва пешрафтҳои беназире, ки давлат ва миллати тоҷик мушарраф гардидааст, бо шарофати заҳматҳои шабонарӯзӣ ва иқдомҳои пайгиронаи Сарвари муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Баъдан, судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Фотеҳ Ҷума дар мавзуи «Президенти Тоҷикистон ҳомии Конститутсия, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд» ва Идрисзода Балаҷон Алиҷон дар мавзуи «Иҷлосияи 16-ум ва нақши он дар таҳкими давлатдории навин», инчунин корманди дастгоҳи Суди конститутсионӣ ёрдамчии судя Сангов Тоҷиддин бо маърӯза дар мавзуи «Нақши Эмомали Раҳмон ва мақо-ми ҳуқуқӣ – конститутсионии Президент дар рушди давлатдории миллӣ» баромад намуданд.
Дар идомаи чорабинии мазкур кормандони Дастгоҳи Суди конститут-сионӣ Сангзода Г. Р.Усмонзода Н., Бобоева Ш., Салимова Д., Имомов С. ва Ҳалимов А. бо табрикот ва қироати шеърҳо дар васфи Ватан ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат баромад намуданд.
Дар хотима Муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода К. М. бо арзёбии он, ки таҷлили ин чорабиниҳои муҳим мояи ифтихору ватандорӣ ва нишонаи ваҳдатпазирӣ, инчунин рамзи эҳтиром ва арҷ гузоштан ба заҳматҳои содиқонаи Пешвои муаззами миллат мебошад, ҳозиринро қадршиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба ин падидаҳо таъкид намуд.
Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ пӯшида эълон гардид.