Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли сутунпояҳои барқӣ ва таъмиру навсозии истгоҳҳои барқии ҶДММ «Истаравшан Энерго»

17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли сутунпояҳои оҳану бетонии барқӣ ва таъмиру навсозии трансформаторҳои ҶДММ «Истаравшан Энерго» оғоз бахшиданд.

Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Баҳодур Зокиров дар масоҳати 50 садяк замин бунёд шуда,  се коргоҳ, аз ҷумла коргоҳи кафшергарӣ, таъмири тарансформаторҳо ва рехтани сутунпояҳои оҳану бетонии барқӣ иборат аст.

Дастгоҳҳо барои истеҳсоли маҳсулот дар ин корхона аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва насб карда шудаанд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори коргоҳи сутунпояҳои оҳану бетонии барқӣ дар як сол 2200 дона буда, сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Сутунпояҳои оҳану бетонӣ бо андозаҳои гуногун, аз ҷумла 11, 10,5 ва 9,5 метр истеҳсол шуда, барои хатҳои барқии 0,4, 6 ва 10 киловолта истифода бурда мешаванд. Истеҳсоли сутунпояҳо дар берун ба роҳ монда шудааст ва дар мавсими сардӣ ин сутунпояҳо тавассути буғ дар дастгоҳи махсус хушк карда мешаванд.

Роҳбари давлат ба корҳои сохтмонӣ ва имконияти фароҳамгардида дар ин корхона баҳои баланд дода, соҳибкори ватаниро барои боз ҳам тақвият бахшидани иқтидори он ва васеъ намудани доираи фаъолият дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Дар коргоҳи таъмири тарансформаторҳо 5 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда, иқтидори он дар як сол таъмиру навсозии 150 тарансформаторро ташкил медиҳад. Барои аз таъмир баровардани трансформаторҳо дастгоҳи борбардор ва дастгоҳ барои печонидани ғалтакҳои шиддаташон 0,4, 6, 10, 35 ва 110 киловолта (кВ) васл карда шудааст.

Дар ин коргоҳ барои хушк намудани ғалтакҳо ва тоза намудани равғани трансформаторҳои вайроншуда, имконияти хуб фароҳам оварда шудааст.

Болорҳои барқӣ, ки барои насби ноқилҳо ба сутунпояҳо ва васли онҳо ба трансформатор пешбинӣ шудааст, низ дар ин корхона истеҳсол карда мешаванд.

Мутахассисони корхонаи мазкур имкон доранд дар як сол истеҳсоли беш аз 1300 чунин болорҳои барқиро бо шаклу андозаҳои гуногун ба роҳ монанд. Ҳамчунин барои равшаннамоии кӯча ва шафати роҳҳо низ сутунпояҳои барқӣ бо насби чароғҳо сохта мешаванд.

Илова ба ин дар корхона сохтани қуттиҳо барои ҷойгир кардани трансформатор, инчунин калидҳои барқӣ низ ба роҳ монда шудааст.

Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулот аз дохили кишвар дастрас мешавад. Дар маҷмуъ дар корхона 20 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин мебошанд. Масъулини корхона нақша доранд, ки дар сурати афзоиши талабот доираи фаъолияти худро васеъ намуда, шумораи коргаронро низ зиёд менамоянд.

Дар саҳни корхона намунаи маҳсулоти ба намоиш гузошта шуда буд. Роҳбари давлат зимни шиносоӣ бо намунаҳои маҳсулот ба сифати онҳо баҳои баланд доданд.

Дастгириҳои пайваста ва пешниҳоди имтиёзҳо аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба бахши хусусӣ боиси ҳавасмандию дилпурии соҳибкорон гардида, сол то сол бунёди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар афзоиш пайдо кардааст.

Фаъолияти ин корхона низ дар доираи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – саноатикунонии босуръати кишвар ба роҳ монда шуда, дар самти коҳиши маҳсулоти воридотӣ саҳми назаррас мегузорад.