Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайякунандаи омилҳои таъмини амнияти миллӣ
«…рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии
мамлакат, суботи сиёсӣ ва оромиву осудагии
мардуми Тоҷикистон аз таъмини амнияти
миллӣ вобаста мебошад».
Э. Раҳмон.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, ки бо фарогирии баррасию тадқиқ, таҳлилу натиҷагириҳои мантиқӣ ва пешниҳоди роҳу усулҳои смарабахши рушди ҷомеа ва давлатдории миллиамон рӯзи 28 декабри соли 2024, ироа гардид, муроҷиатномаи расмии Сарвари давлат ба мардуми кишвар ба ҳисоб рафта, ҳамчун, ҳуҷҷати дорои хусусияти ҳатмӣ-иҷрошаванда, дастурамали фаъолияти ниҳодҳои гуногунсоҳа ва барномаи фаросоҳавию заминавии муайянсозандаи дурнамои рушд дар раванди муосири инкишофи таърихии ҷомеа, давлат ва миллат нақши муассир мебозад.
Пешвои муаззами миллат, дар муқаддимаи Паёми навбатӣ бо ишора аз он ки, “кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст” ҳадафмандона таъкид менамоянд, ки “…нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем”.
Ин хулосабарорӣ ва тавсияи дурандешонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешвои сиёсӣ ва ҳомии давлату миллат ҳувайдо месозад, ки бавуҷудоӣ, устуворӣ ва такмилу густариши дилхоҳ соҳаҳои аҳамиятноки ҳаёти инсон ба мавҷудияти падидаҳое чун суботи ҷомеа, амнияти миллат ва пойдории сохти коститутсионии давлат вобастаагии ногусастанӣ дорад. Сарвари давлат бо ҳамин манзур зикр менамоянд, ки “рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, суботи сиёсӣ ва оромиву осудагии мардуми Тоҷикистон аз таъмини амнияти миллӣ вобаста мебошад”.
Дар ин росто метавон тазаккур дод, ки ҳарчанд имрўз дар партави сиёсати дурандешонаи Роҳбари олии давлат ва дастгирию пуштибонии мардуми сулҳпарвару ваҳдатпешаи Тоҷикистон аз ин сиёсати хирадмандона, дар ин марзу буми аҷдодии мо суботу оромӣ ва сулҳу озодӣ ҳукмрон аст, аммо «вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ доранд, ҳамоно боиси нигаронӣ мебошанд.” Албатта, ин ҳолат аз ҳарвақта бештар масъулиятшинос будани ҳар як фарди солимақли кишварро дар ҷодаи бо ҳисси баланди инсондустию меҳанпарастӣ ҳифозат ва арҷгузорӣ намудан ба фарҳанг, забон, расму оин ва дигар арзишҳои миллиро, ки танҳо дар сурати мавҷудият ва таҳкими рӯзафзуни амнияту озодии ҷомеа ва давлатдории миллиамон муясар мегардад, тақозо менамояд.
Дар идомаи мантиқии ин муҳтаво Пешвои муаззами миллат “дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, таъмин намудани амнияти миллӣ… рушди устувори иқтисодӣ… ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро зарур…” ҳисобида, “мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоиста…”доштани мардуми кишварро хотирнишон сохта, онро ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон эълон доштаанд. Бо ҳамин минвол дар Паёми навбатии Роҳбари давлат ба мақомоти олии қонунгузории кишвар – Маҷлиси Олӣ ба таври махсус садо додани он ки, “масъалаҳои вобаста ба ҳимояи ҳуқуқу озодӣ, шаъну шараф ва манфиатҳои шаҳрвандон Тоҷикистон дар хориҷи кишвар аз вазифаҳои афзалиятноки давлат мебошанд” моҳияти ҳуқуқбунёдӣ ва мардумсолории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳувайдо месозад.
Пуршиддат ва мураккабгардии бесобиқаи муносибатҳо ва бархўрди манофеи қудратҳои ҷаҳонӣ, ҳамвора хусусиятҳои навро касб намудани падидаҳои номатлуби аср, аз қабили терроризм ва экстремизм, ки омили пурташаннуҷ гардидани вазъи пешгӯинашавандаи сиёсию иҷтимоии ҷаҳони муосир мегардад, дар меҳвари мушкилоти ҷаҳонӣ ҷой доштани масоили марбут ба амниятро бозтоб менамояд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори эътирофшуда ва ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ борҳо ба таври расмӣ аз минбарҳои баланди сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ мардуми саёраро аз бисёр пайомадҳои хатарзо воқиф намуда, барои тадбирандешӣ намудан ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои заминавӣ, василаҳои мусоидаткунанда ва унсурҳои таҳрикбахшандаи зуҳуроти номатлуб пешниҳодоти муҳим ба миён овардаанд.
Дар Паёми навбатӣ низ Сарвари давлат дар шароити муосир дар ҷодаи таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа, аҳаммияти аввалиндараҷа доштани мубориза бо терроризм ва экстремизмро махсус қайд намуда, онро самти афзалиятноки пешгирифтаи Ҳукумат ва сохтору мақомоти марбутаи мамлакат ташреҳ дода, ба хатари глобалӣ мубаддал гардидан ва омили ташвишу нигаронии тамоми аҳолии ҷаҳон ба ҳисоб рафтани зуҳуроти мазкурро тазаккур додаанд.
Дар мундариҷаи Паём самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ ҳамчун ҳувайдокунандаи марому ҳадафҳои стратегии миллату давлат таҷассум гардида, дар дигар санадҳои дахлдор инкишоф ёфта, муваффақона, дар амал татбиқ мегардад, ки ин ҳолат яке аз хусусиятҳои Паёмро ҳамчун омил ва ё механизми самаранок татбиқ гардидани стратегияҳои муҳими рушд ва лоиҳаҳою барномаҳои мақсаднокӣ давлатӣ ифода менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон туфайли он ки Истиқлолияти давлатӣ ба даст оварда, субъекти комилҳуқуқи арсаи байналмилалӣ эътироф гардид, дар ин марҳилаи мавҷудияти таърихии худ ҳамчун, давлати ташаббускор дар ҳалли мушкилоти фаромиллӣ фаъолона дахл намуда, иқдомҳои мақсаднокро мавриди корбурд қарор дода, “ҳамкориҳои созанда ва қобили дурнаморо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд густариш медиҳад”.
Бо ин манзур Сарвари давлат бо қатъият иброз медорад, ки “иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои умдаи аҳли башар аз авлавиятҳоест, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд.”
Ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди бо қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ҳафтумин пешниҳоди умумиҷаҳонии Сарвари давлати Тоҷикистон доир ба масъалаҳои мубрам ва мушкилоти фаромилии аҳолии ҷаҳон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат мебошад.
Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону кишварҳо моҳи майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки бо унвони «Раванди Душанбе» маъмул аст, далели гуфтаҳои болозикр буда, дар Паёми навбатии худ Пешвои муаззами миллат ҳадафмандона ба ин нуқта ишора намудаанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори соҳибтаҷриба дар ироаи муҳтавои ин ҳуҷҷати таърихӣ бо таъкиди он ки “дар ин ҳамоиш Тоҷикистон мавқеи устувори худро дар хусуси ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда ва ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ иброз намуд,” ҳамоҳангии фаъолият дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавиро омили мусоидаткунанда ба эҷоди механизми боэътимоди муборизаи муштарак бар зидди хавфу таҳдидҳои амниятӣ тавсиф намудаанд.
Дар заминаи гуфтаҳои боло метавон тазаккур дод, ки терроризм ва экстремизм дар замони муосир аз зуҳуроти хатарзои аввалиндараҷаи ҷаҳони имрӯз маҳсуб гардида, ҳамчун силоҳи пуриқтидори зидди сулҳу субот ва оромию озодии башарият ба амнияти дилхоҳ ҷомеа ва давлат сарфи назар аз вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ. иқтисодӣ ва иқтидори ҳарбӣ таҳдид менамояд.
Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ эътибори аввалиндараҷа додан ба омода кардани мутахассисони ба талаботи шароити муосир ҷавобгӯй барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи онҳо, инчунин, таҳкиму тақвияти пояҳои моддиву техникии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро тадбирҳои мақсаднок дар ҷодаи ҷилавгирӣ намудан аз паёмадҳои нохуш, аз ҷумла аз хавфҳои бавуҷудоваранда, заминаҳои мусоидаткқунанда ва хатари бевоситаи терроризм ва экстремизм ташреҳ дода, минбаъд низ таваҷҷуҳ намудан ба ин самтҳоро мувофиқи мақсад арзёбӣ намуданд.
Мусаллам аст, ки вобаста ба вазъи буҳронии аксар манотиқи саёраро фарогирифта, хусусияти мураккабро касб намудани пайомадҳои пешгӯинашавандаи зуҳуроти наматлуб ва сатҳи шаклпазирию таъсиррасонии манфии бесобиқаи онҳо андешидани тадбирҳои муҳиме, ки аз муҳтавои Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар меояд амри зарурӣ ва ба мақсад мувофиқ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Паёми навбатӣ низ, ҳамчун ҳуҷҷати таърихӣ, дастурамали фаросоҳавӣ ва маъхази таҳлилию таҳқиқотӣ хусусияти ҳидояткунандагию уҳдадорсозандагиро дар худ таҷассум намудааст. Бинобар ин, дар заминаи таҳлил ва таъкидҳои расмии Роҳбари олии кишвар дар ҷодаи ҳифзи суботу озодӣ ва амнияти ҷомеа ва давлати миллиамон, мо ҳама бояд масъулиятшинос буда, ин рисолати муқаддасро танҳо уҳдадории касбии мақомоти қудратӣ наҳисобем, балки онро қарзи имонию виҷдонӣ ва рисолати табиии худ ҳамчун фарзанди содиқи Модар – Ватан ва вориси уҳдадори ин сарзамини меросии ниёгонӣ дар замир ва зершуури хеш қабул дошта бошем.
Пешвои муаззами миллат бо ҳамин манзур бо дарки амиқи авзои печида ва пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳон таъкид месозанд, ки “мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем”.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори муваффақ вазъи кунунии сиёсию иҷтимоии минтақа ва ҷаҳонро воқеона, мавриди таҳлил қарор дода, боиси нигаронӣ будани вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳонро, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ доранд, ишора менамоянд.
Пешвои муаззами миллат зимни ироаи ин ҳуҷҷати хусусияти барномавидошта аз оқибатҳои номуайяни он ки “ҷомеаи байналмилалӣ ҳанӯз дар масири дарёфти роҳҳои муносиби ҳалли хавфу таҳдидҳои глобалии марбут ба тағйири иқлим қарор дорад,” бори дигар хусусияти мусолиматомез доштани сиёсати хориҷии Тоҷикистонро эълон дошта, зимни пешбурди сиёсати хориҷӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба тақвият додани саъю талошҳои пайгиронаро шарти зарурӣ ҳисобиданд.
Воқен, шароити имрузаи ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ҳаллу фасли ҳамагуна мушкилот ва пайомадҳоро танҳо, тариқи мусолиҳат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи созанда дар заминаи асноди меъёрии байналмилалӣ ба роҳ монда, ба ин васила дар таъмини амният ва суботи минтақа ва ҷаҳон таъсиргузор бошем.
Албатта, чун ҳамешагӣ дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуктаҳои дорои хусусияти ҳидояткунандагӣ ва тарбиявӣ (аз қбили маъулиятшинос будан ҷиҳати таҳкими сулҳу озодӣ ва амнияти ҷомеа ва давлат; тақвияти ҳамгироӣ ва ваҳдати миллӣ; арҷ гузоштан ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва арзишҳои миллӣ-ниёгонӣ, дарки моҳияти самтҳои афзалиятдошта ва сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти Олии давлат ва амсоли инҳо) баръало таҷассум ёфтааст, ки моҳияти барномавӣ ва расми-тавсиявӣ доштани онро ҳувайдо сохта, ҳамчун дастурамал ва барномаи фаросоҳавӣ нақши муассир доштани онро таъмин месозад.
Стратегияи кишвари мо чуноне ки аз муҳтавои Паёми навбатии Роҳбари давлат бармеояд, “…зимни рушду тавсеаи муносибатҳо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ минбаъд низ дар заминаи ҳусни эътимод ва самимият бо ҳадафи мусоидат дар таҳкими фазои сулҳу субот ва таъмин намудани рушду пешрафти муштарак дар минтақа бунёд мегардад”.
Дар ин росто, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – роҳбари сиёсии давлат бо дарки амиқи дурнамои ҳамкориҳои созанда тавсеаи муносибатҳо бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида, туфайли вусъат додани робитаҳо бо Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар сохторҳои марбут ба равобити бисёрҷониба талош варзидани Тоҷикистонро ҷиҳати идомаи иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ ва қолабҳои гуногуни байналмилалӣ тавзеҳ додаанд.
Марҳилаи нави инкишофи таърихии Тоҷикистони муосир собит намуд, ки самти пешгирифтаи сиёсати хориҷии мамлакат дар шакли «дарҳои кушода» ва ҳамкории гуногунҷанба бо субъектони арсаи байналмилалӣ дуруст ва манфиатовар аст. Бинобар ин, Сарвари давлат бори дигар бо қайд намудани он, ки “Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола бо кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё омодагии хешро ҷиҳати идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба изҳор мекунад” мушаххасан, дар оянда низ андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои муайянгардида ва тавсеаи ҳамкориҳои созандаву дарозмуддат бо ҳамаи кишварҳои олам ва шарикони байналмилалии Тоҷикистонро баён медоранд.
Мояи сарфрозии ҳар як шаҳрванди хуштолеъи Тоҷикистон аст, ки Роҳбари давлат бо ифтихору қаноатмандӣ изҳорӣ дилпурӣ ва итминони комил аз қудрати созанда, заҳмати аҳлона ва содиқонаву софдилонаи тамоми мардуми сарбаланду шарафманди мамлакат намуда, бо баёни сипосу миннатдорӣ дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилгардидаамонро натиҷаи талошу заҳмати мардуми шарифи кишвар арзёби менамоянд. Ин ҳарфҳои самимонаи Сарвари давлат дар ҷодаи бартараф намудани ҳмагуна мушкилоти ҷомеа, ҳифзи сулҳу суббот ва амнияти кишвар, эҳё, такомул ва гиромидоштани арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти давлатӣ ба ҳар як вориси ин сорзамини бостонӣ илҳоми тоза ва руҳияи шикастнопазир илқо менамояд. Бо ҳамин манзур, Пешвои муаззами миллат хотирнишон месозанд, ки “иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва бартараф намудани камбудиву мушкилоти мавҷуда аз тамоми халқи Тоҷикистон ва дар навбати аввал, аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиё ва фаъолони ҷомеа заҳмату талоши боз ҳам бештарро тақозо мекунад”.
Хулоса метавон тазаккур дод, ки Роҳбари олии кишвар дар Паёми навбатии худ чун ҳамешагӣ, ба тамоми паҳлуҳои зарурӣ-ҳаётии рушди ҷомеа ва давлатдории миллӣ дахл намуда, оид ба замина, самтҳои густариш ва тақвият бахшидани василаи расидан ба мақсадҳои стратегии миллӣ, афкори судманд иброз доштаанд.
Муҳтавои Паём ҳувайдо месозад, ки мушараф гардидан ба ҳамагуна дастоварду муваффақиятҳо, танҳо дар ҳолати мавҷудияти комили падидаҳои муқаддасе, чун сулҳу суббот, озодӣ ва амният имконпазир аст. Ҳамаи он дастуру тавсияҳо ва пешниҳодоти созандаи Пешвои миллат, ки дар Паёми навбатӣ таҷассум ёфта аст ҳар яки мо – насли марҳилаи нави давлатдории миллиро, барои дар муқобили ҳамагуна таҳдиду хатарҳо ва паёмадҳои пешгӯинашавандаи номатлуб устувору пойбарҷо мондан ва барои инкишофи минбаъдаи Тоҷикистон бо руҳияи шикастнопазир камари ҳиммат бастанро тақозо менамояд.
Ёрдамчии судяи
Суди Конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷиддин Сангов
.