Гиромидошти Рӯзи Ғалаба нишонаи арҷгузорӣ ба корномаи беназири гузаштагон
Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945), – ҷанги ду эътилофи ҳарбӣ ва сиёсии ҷаҳон, ки, бо таҷовузкории Олмони фашистӣ ба вуқуъ пайваста иштироки зиёда аз 72 давлатро фаро гирифта буд, дар таърихи ҳастии инсоният пурфоҷиатарин ва мудҳиштарин ҷанг ба ҳисоб меравад, Муҳтавои ин гуфтаҳоро маълумотҳои оморие, ки дар робита ба ин ҳодисаи мудҳиши нимаи аввали қарни гузашта дарҷшуда, собит менамояд. Оташи ҷаҳонсӯзи Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1418 шабонарӯз идома ёфта, хароҷоти ҳарбӣ ва зарари умумии он 4,5 триллион доллари амрикоиро ташкил дода аст. Дар ин ҷанг зиёда аз 110 миллион нафар сафарбар шуда, талафоти умумии инсоният ба зиёда аз 50 миллион нафар расида буд, ки тақрибан 30 миллиони онҳо дар набардҳои мудҳиш ҳалок гардидаанд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 40 давлатро фаро гирифта, дар натиҷаи он зиёда аз 1700 шаҳрҳо ба харобазор табдил ёфта, садҳо миллион нафар аҳолии кишварҳои бевосита ба ҷанг фарогирифташуда ба вазъияти бениҳоят мудҳиш ва азияту машаққати бесобиқа рӯбарӯ шуданд.
Мусаллам аст, ки яке сабабҳои асосии сар задани ҷанги байни Олмони фашистӣ ва ИҶШС, ин зиддияти байни сохторҳои сотсиализму капитализм буд.
Домони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз субҳи 22 июни соли 1941 дар хоки кишвари абарқудрату паҳновари ИҶШС густурда гардида, қушунҳои душман масофаи зиёда аз 3000 км сарҳадро вайрон карда, ба хоки ин давлат зада даромаданд. Қувваҳои ҳарбии Олмон иборат аз 5,5 миллион аскар, 3712 танк, 4950 самолёти ҷангӣ, 47260 тӯп ва миномёт буда, мақсади дар муддати 2 моҳ ғасб намудани Иттиҳоди Шуравиро доштанд. Ҳарчанд, ки Олмони фашистӣ бо иттифоқчиёнаш Италия, Венгрия, Финляндия, Руминия, Испания 110 дивизияро зидди Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷанг сафарбар намуда, ҳадафи дар кутоҳтарин муддат тағйир додани харитаи сиёсии ҷаҳон ва аз саҳнаи он бардоштани ИҶШС доштанд, аммо сарфи назар аз омодагии амиқ ва бартарӣ ҷангӣ – техникии душман мардуми ватандӯсти Иттиҳоди Шӯравӣ тавонистанд аз ватани маҳбуби худ ҳифозат намоянд. Ба ибораи дигар метавон тазаккур дод, ки дӯстии халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ, ягонагии қӯшун ва мардуми кишвар, ҷабҳа ва ақибгоҳро таҳким бахшида, ғалабаи комилро дар муқобили сиёсати истиллогаронаи фашистӣ таъмин намуд.
Мардуми шарафманду меҳандӯсти тоҷик, ки дар ин аём дар ҷумҳурии ҳамноми худ – Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, яке аз субъектони дохилии давлати абарқудрату паҳновари ИҶШС мавҷудияти худро идома бахшида, новобаста аз ногувориҳои сиёсию ҳуқуқӣ барои ояндаи таърихии худ гом мебардошт, бо ин ҳодисаи мудҳиш вориди набард гардиданд. Дар ин ҷанг қариб 300 ҳазор нафар фарзандони бонангу номуси Тоҷикистони Шуравӣ дар озод кардани мардуми зери истиллои фашистонмондаи шимолу ғарби ИҶШС ва кишварҳои аврупоӣ ширкат варзидаанд. Дар маҷмуъ, тибқи маълумотҳои таърихӣ аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон беш аз 120 ҳазор нафарашон ба ватан барнагаштаанд, ки зиёда аз 92 ҳазор онҳо бевосита дар майдонҳои набард ҳалок шуда, бо қаҳрамониҳои беназири худ дар саҳифаҳои таърих муҳри абадӣ гузоштаанд. Гузашта аз ин, 45 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба корхонаҳои минтақаҳои гуногуни Иттиҳоди шӯравӣ барои кор фиристода шуданд, ки аксарияташон аз онҷоҳо ба фронт даъват шудаанд.
Бо назардошти авзои ҳарбӣ – сиёсии мамлакатро фарогирифта, ва тибқи супориши Комиссариати Халқии Мудофиаи Иттиҳоди Шӯравӣ аз 27 ноябри соли 1941 дар ҶШС Тоҷикистон ташкили қисмҳо ва қӯшунҳои ҳарбии миллӣ ба роҳ монда шуд. Дар натиҷа, соли 1942 дивизияи 104-уми кавалерии тирандоз ва 88-уму 99-уми бригадаҳои тирандоз ташкил ёфт. Саҳифаҳои таърихи ин аём бозгӯи он аст, ки баталёни инженерии дар аэродроми Ленинобод ташкилёфта шуҷоатмандона, то шаҳри Берлин расида аст.
Боиси ифтихор аст, ки фиристодагони шуҷоъи Тоҷикистон аз худ корнамоиҳои беназир нишон дода, 64 нафари онҳо бо унвони олии ифтихории Ватан – Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо мушарраф гардидаанд. Чуноне, ки тазаккур додем, тибқи мвълумотҳои дахлдор шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қариб 300 ҳазор нафарро ташкил дода, аз ин шумора 49973 нафар ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар гардидаанд. Қаҳрамониҳое, ки фарзандони ватандӯсти тоҷик дар муҳорибаҳои шадиди ин ҷанг нишон додаанд, дар таърих бо хати заррин сабт шуда аст. Аз ҷумла, корнамоии Неъмат Қаробоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Сафар Амиршоев, Саидқул Турдиев, Ҳайдар Қосимов, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов, ки унвони олии Қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравиро сазовор шудаанд ва чандини тоҷикистониёни дигарро метавон ёдовар шуд, ки баҳри ҳифозати Ватан абадан, дар ёдҳо нақш баста аст.
Мусаллам аст, ки дар даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳаёт дар ақибгоҳ низ корзори дигареро мемонд, ки ҳар лаҳза қаҳрамониро тақозо менамуд. Ба аҳолие, ки дар ақибгоҳ заҳмат мекашиданд, зарур буд, ки новобаста аз шароитҳои вазнини корӣ баробари таҳкими ақибгоҳ, инчунин ба фронт паёваста ёрӣ расонанд. Аз Тоҷикистон ба фронт либосворию пойафзол, маҳсулоти ширию гӯштӣ, меваю сабзавот, таҷҳизотҳои гуногуни таъйиноти ҳарбидошта ва дигар лавозимоти зарурӣ фиристонда мешуданд.
Анҷоми ин ҳодисаи мудҳиш ба он вобаста аст, ки 8 майи соли 1945 Олмони фашистӣ шармандавор ба ҳуҷҷати таслимшавӣ имзо гузошт ва 9 май Рӯзи иди Ғалаба эълон гардид.
Имрӯз, бо гузашти солҳо таҷлили ин саннаи таърихӣ ба ҳукми анъана даромада, он нишонаи арҷ гузоштан ба корномаи бузурги гузаштагон, таърихофарӣ ва қаҳрамонии бесобиқаи фарзандони содиқи миллатҳои Иттиҳоди Шуравӣ, аз ҷумла тоҷиконро ифода менамояд.
Авзои пурташаннуҷи чаҳони муосир тақозо менамояд, тамоми халқу миллатҳои собиқ давлати ИҶШС, ки дар таъмин гардидани ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар иттиҳоду ҳамбастагӣ саҳмгузорӣ намудаанд, ҳамраъй бошанд ва дар мубориза алайҳи ҳамагуна андешаю амалкарде, ки нақши ҳалкунандаи онхоро дар Ғалаба бар фашизм ва ҳаракати озодихоҳӣ дар Аврупо инкор мекунад омода бошанд.
Ёрдамчии судяи
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷиддин Сангов