Ҷаласаи васеъи Шӯрои Ассосиатсияи судҳои конститутсионии Осиё ва институтҳои муодил
24 июни соли 2025 дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Тайланд Ҷаласаи васеъи Шӯрои Ассосиатсияи судҳои конститутсионии Осиё ва институҳои муодил баргузор гардид, ки дар кори он судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Фотеҳ ва сардори раёсати таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурляминзода Г.А –тариқи маҷозӣ (онлайн) иштирок намуданд.
Дар Ҷаласаи Шӯрои Ассосиатсияи судҳои конститутсионии Осиё ва институҳои муодил, намояндагони давлатҳои аъзо: Малайзия, Индонезия, Филиппин, Россия, Туркия, Ӯзбекистон, Корея, Тайланд (29 иштирокчӣ), ҳамчунин намояндагони судҳои олии давлатҳои иштирокчӣ ҳузур доштанд.
Ҷаласаи мазкур аз ҷониби Суди конститутсионии Шоҳигарии Тайланд, ки расман кору фаъолияти Ассосиатсияро пеш мебарад, ташкил гардида, дар он мутахассисони соҳаи ҳуқуқи конститутсионии давлатҳои аъзо андешаронӣ намуданд.
Рӯзномаи ҷаласа фарогири 4 масъала:
– Ҳисобот оид ба рафти корҳои котиботи Ассосиатсия, нақши Суди конститутсионии Шоҳигарии Тайланд дар давраи роҳбарии он (солҳои 2023-2025) дар Ассотсиатсия;
– Интиқоли ваколати раисии Ассосиатсия ба Суди конститутсио-нии Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
– Баррасии ариза оид ба аъзогӣ қабул гардидани Суди Олии Феде-ралии Ҷумҳурии Ироқ ва судҳои конститутсионии ҷумҳуриҳои исломии Афғонистон ва Бангладеш;
– Маълумот дар бораи рӯзномаи Конгресси дарпешистодаи Мадрид, ки рӯзҳои 28 -30 октябри соли 2025 дар давлати Испания баргузор мегардад.
Дар ҷаласа 5 маърӯзаи намояндагони Судҳои конститутсионии давлатҳои аъзо: Тайланд, Индонезия, Туркия, Ӯзбекистон ва Корея шу-нида шуданд.
Маърузачиён оид ба волоияти Конститутсия, таъмини амалишавии меъёрҳои Конститутсия, нақши Судҳои конститутсионӣ, парвандаҳои баррасишуда оид ба ҳуқуқҳои конститутсионӣ, ҳуқуқҳои баробарии зан ва мард инчунин, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ибрози назар намуданд.
Ҷаласаи Шӯрои Ассосиатсия дар сатҳи байналмилалӣ бо мубо-дилаи афкори иштирокчиён дар фазои якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, бо қабули қарор оид ба интиқоли раисии Ассосиатсия аз тарафи Суди конститутсионии Шоҳигарии Тайланд ба Суди конститутсионии Ҷумҳу-рии Ӯзбекистон хотима ёфт.
Бо ҳамин, Шӯрои Ассосиатсияи Судҳои конститутсионии Осиё ва институтҳои муодил ҷаласаи навбатии худро ба анҷом расонид.