БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ТАНТАНВӢ БАХШИДА БА 34-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ

Имрӯз санаи 6 сентябри соли 2025 дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раис, муовин, судяҳо ва кормандони дастгоҳи он бахшида ба 9 сентябр – Рӯзи Итиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Маҷлисро Раиси Суди конститутсионӣ Ашурзода Абдулҳафиз Абду ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки 9 сентябр Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. «Истиқлолият» мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калидие мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шавад.

Ба роҳ мондан ва татбиқи се ҳадафи стратегӣ дар даврони истиқлолият барои кишвар имконият фароҳам овард, ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар рушд ёбад ва такони ҷиддие дар сатҳи некуаҳволии ҷомеа ба амал оварда шавад. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки таърихи 34-сола дорад, ба он мусоидат намуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар дастовардҳо ва комёбиҳои беназир ба даст оварда шаванд.

Яке аз дастовардҳои сиёсии истиқлолияти давлатӣ ин эъморӣ давлатдории миллӣ мебошад, дар таърихи муосири Тоҷикистон падидаи нодир буда, дастоварди беназир мебошад.

Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон додааст, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳамияти махсус диҳем. Зеро забони миллии мо ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат, воситаи муҳими вуҷудияти миллати тоҷик баҳри дарки ҳувияти ӯ дар тӯли асрҳо ба шумор меравад. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки ҳифзу гиромидошт ва тозагии он вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси кишвар мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар даврони истиқлолият баҳри бедории худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ назари амиқ намудан ба таърихи миллати тоҷик ва расму ойинҳои миллӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва амсоли инҳо корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд.

Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодиёти ватанӣ шароити мусоид фароҳам овард. Амалӣ гардондан ва тақвият бахшидани раванди татбиқи се ҳадафи стратегӣ – «баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ», «таъмини амнияти озуқавории кишвар» ва «ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ» вазифаҳои аввалиндараҷа буда, муҳайё намудани заминаҳои воқеӣ дар кишвар оид ба рушди соҳибкорӣ ва дар маҷмӯъ, баланд бардоштани иқтисодиёт муҳим мебошад.

Бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгард ба монанди «Роҳи мошингарди Бадахшон», «Нақби Истиқлол», «Роҳи оҳани Хатлону Кӯлоб», таҷдид намудани бунёди неругоҳи бузурги аср – НБО-и Роғун, Сангтуда-1, Сангтуда- 2 ва дигар иншоотҳои бузург падидаҳои даврони истиқлолият маҳсуб меёбанд.

Илова бар ин қабул  гардидани як зумра қонунҳои миллӣ иқдоми бузург баҳри ҳифзи вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа буда, пеш аз ҳама, ҷиҳати барқарор гардидани адолати иҷтимоӣ равона гардидааст.

Дар хотимаи суханрониаш А. Ашурзода қайд намуданд, ки имрӯз Истиқлоли давлатӣ барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои асосии давлати Тоҷикистон, ки ҳамчун пойдевори адолати иҷтимоӣ дар майдони сиёсат побарҷо истодааст, нақш ва манзалати худро дар марҳилаи нави рушд бозтобӣ менамояд.

Ҳамзамон, судяҳои Суди конститутсионӣ Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо ва Абдураҳимзода Дилором Рустам ва кормандони дастгоҳ, Сангов Тоҷиддин ва Таварзода Амин. баромад намуда, оид ба нақш ва манзали  Истиқлолият барои мардуми тоҷикро ибрози назар намуданд.

Ҳамчунин, котиби маҷлиси Таварзода Амин дар мавзуи Истиқлолият ва Ватанпарварӣ бо қироати шеър баромад намуд.

Маҷлиси тантанивиро Раиси Суди конститутсионӣ бо садо додани суруди миллӣ хотима бахшида, ҳамагонро бори дигар ба ин ҷашни фархунда табрик намуд.