Иштироки судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии адолати конститутсионӣ таҳти унвони “Ҷаҳон ва оянда тавассути ҳуқуқ” дар Ҷумҳурии Қазоқистон.

Санаи 12 уми сентябр дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба муносибати 30 солагии рӯзи қабули Конститутсияи ин давлат Форуми байналмилалии адолати конститутсионӣ баргузор гардид, ки дар он судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Фотеҳ Ҷумъа иштирок ва баромад намуд.
Қувватзода Ф.Ҷ дар баромадаш дар мавзӯъи: “нақши Конститутсия дар таъмини ҳуқуқҳои миллӣ” аз ҷумла қайд намуд, ки: “Конститутсия бахусус конститутсияҳое, ки бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул карда мешаванд, на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки ормонҳои дар замири халқ парваридае мебошанд, ки решаи он ба таърихи дурударози ҳар як халқияту миллатҳо асос ёфтааст.”
Бинобар ҳамин бояд ба ин ҳуҷҷати муҳими ҳуқуқӣ, таърихиву сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва иниситутҳои хориҷӣ низ, эҳтиром гузошта шавад.
Ҳамзамон дар хотир доштан зарур аст, ки Конститутсия дар сатҳи олии ҳуқуқӣ ифодакунандаи ирода ва манфиати тамоми ҷомеа ва давлати миллӣ мебошад.
Пас аз ноил шудан ба Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ қабул карда шуд, ки он яке аз арзишмандтарин дастоварди замони соҳибистиқлолӣ маҳсуб мешавад.
Конститутстяи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардидааст.
Ҳамзамон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҷавҳари асосии фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия маҳалӣ ва худидоракунӣ, нишонаи сифати ҳуқуқии санадҳои меъёрии онҳо эътироф эътироф мешавад.”