«ТАҲКИМИ АРЗИШҲОИ КОНСТИТУТСИОНӢ ВА ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ КОНСТИТУТСИЯ – ЗАМИНАИ РУШДИ БОСУБОТИ ДАВЛАТ»
Дар муасисиаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи илмию амалӣ дар мавзӯи «ТАҲКИМИ АРЗИШҲОИ КОНСТИТУТСИОНӢ ВА ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ КОНСТИТУТСИЯ – ЗАМИНАИ РУШДИ БОСУБОТИ ДАВЛАТ» баргузор гардид. Чорабинии сатҳи баланд бо ташаббуси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Суди конститутсионӣ доир гардида, дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, судӣ, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону мутахасисиони соҳа иштирок намуданд. Иштирокчиёни Конференсия бо маърузаҳои пурмуҳтаво дар мавзуҳои мубрам оид ба нақши Конститутсия дар эъмори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, давлати ҳуқуқбунёд ва назорати конститутсионӣ, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – кафили таъмини волоияти Конститутсия, асосҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии таъмини амнияти миллии Тоҷикистон, конститутсионализм, идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, Конститутсия ва рушди мақомоти прокуратура дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Суди конститутсионӣ дар ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии инсон ва дигар масъалаҳои рӯзмарра баромад карданд.
Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашурзода аз ҷумла иброз дошт, ки қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз зумраи рӯйдодҳои муҳим ва тақдирсози миллати тоҷик ба шумор рафта, дар роҳи эъмор ва таҳкими давлатдории навини тоҷикон нақши калидӣ дорад ва имсол ин ҷашни муқаддасу муътабари давлатию миллиро бо санаи муборак 30-солагии таъсисёбии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил намуда истодаем.
Таъкид гардид, ки дар он марҳилаи мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ, замоне, ки хатари парокандашавии миллат ва аз байн рафтани давлат ба мо таҳдид мекард, аз ҷониби мардуми хирадсолори Тоҷикистон бо дарки масъулияти бузург тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул намудани қонуни асосии давлат – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари дастгирии халқ аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Пешвои маҳбуби миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мегардад.
Татбиқи бомароми меъёрҳои он боиси пойдории сулҳу субот, ваҳдату, соҳиби обрӯву эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштани давлат ва ба кишвари ободу зебо табдил ёфтани Ватани азизи мо мусоидат намуд.
Эҳтиром, риоя ва ҳифзи Конститутсия – кафолати таъмини қонуният, амният ва сулҳу суботи давлат ва ҷомеа мебошад.
Конститутсия, ки метавон онро шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат номид, бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуд, забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон ва рамзҳои давлатии мамлакатро муайян кард, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.
Гузашти солҳо, дурустии роҳи интихобкардаи мардуми тамаддунофари моро бо сарварии Пешвои муаззами миллат, баҳри ташкили давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ собит сохт.
Вазъи сиёсиву иҷтимоии зудтағйирёбанда ва ташвишовари ҷаҳони муосир собит месозад, ки дар баъзе кишварҳо бинобар сарфи назар гардидани арзишҳову меъёрҳои Конститутсия ва риоя накардани қонунгузорӣ, давлату ҷомеа ба хатарҳои вазнин ва мушкилоти сангин рӯбарӯ гашта, ҳатто хатари парокандагӣ ва тақсимшавии давлатҳо ба миён омадааст. Дар чунин шароит Тоҷикистон бо риояи қатъии меъёрҳои Конститутсия сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи дастовардҳои даврони истиқлолият ва самараи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб рафта, ҳамчун мақоми мустақили ҳокимияти судӣ оид ба ҳифзи Конститутсия фаъолият мекунад, ки имрӯз ба таъсисёбии он 30 сол пур мешавад ва барои пешбурди фаъолияташ тамоми заминаҳои ташкиливу ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд.
Суди конститутсионӣ, ки дар ҳифзи Конститутсия, таъмини волоияти он нақши муассир дорад, минбаъд низ бо такя бо салоҳияти худ дар таъмини суботи конститутсионӣ ва рушди таҳкими қонунияти конститутсионӣ дар мамлакат ва бо ҳамин васила дар таъмини ҳамаҷонибаи кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, саҳми арзандаи худро мегузорад.
Дар ҷамъбасти Конференсия маърӯзаҳои иштирокчиён мавриди музокира қарор дода шуда, иброз намуданд: «Сиву як соли амали Конститутсия собит сохт, ки халқи тамаддунофари мо он замон тавонист санаде қабул намояд, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои халқи Тоҷикистон буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин менамояд».
Пас ҳар яке мо бояд бо чунин гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намоем:«Вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мост, ки ин дастоварди бебаҳои таърихиро тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони ватанамонро бо заҳмати содиқонаву софдилона таъмин намуда, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайвастанд, арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем».
