ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз 24 ноябри соли 2025 дар Суди конститутсионӣ бо иштироки муовини Раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.

Дар оғози ҷаласа Суруди миллӣ садо дод.

Чорабини мазкурро муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимзода Д.Р. ифтитоҳ карда, қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ баён намудаанд, ки: «Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар бинои тамоми идораҳои давлативу маъмурӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон насб гардида, мардуми моро дар ҷодаи сарсабзиву ободӣ ва зиндагии босаодат рӯҳу илҳом мебахшад».

Воқеан Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлатдории миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тавонист, ки ваҳдату ягонагӣ, ҳисси баланди миллӣ, нангу номуси ватандорӣ, инсондӯстиву фарҳангсолорӣ ва саъю талоши созандагии мардуми сарбаланди тоҷикро ифода намуда, онро устувор намояд.

Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун баёнгари мустақилият, ягонагиву сарҷамъӣ, шарафмандӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, таҷассуми ғурури миллӣ, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои мардуми бонангу номус ва меҳнатқарину бофарҳанги тоҷик маҳсуб гардида, ифодакунандаи ояндаи дурахшони ватани азизи мо мебошад.

Ҳамзамон, дар ҷаласа судяҳои Суди конститутсионӣ Идризода Б.А., Ҷамшедзода Ҷ.Н., Соҳибзода М.М. ва кормандони дастгоҳи суд, Гулзода А., Сангов Т. ва Салимова Д., доир ба нақш ва аҳаммияти Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуданд.

Дар фарҷом муовини Раиси Суди конститутсионӣ бори дигар ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда ва таърихӣ табрик намуда, ба иштирокдорони чорабинӣ саломатӣ, саодати рӯзгор ва ба Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз пешрафту шукуфоӣ таманно намуданд.