ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

10 декабри соли 2025 дар Суди конститутсионӣ бо иштироки муовини Раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ҳамоиш баргузор гардид.

Чорабини мазкурро муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдураҳимзода Д.Р. ифтитоҳ карда, доир ба аҳаммияти Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ибрози назар намуд.

Зикр гардид, ки 10 декабр Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон муқаррар гардида, ҳамсола дар кишвар чорабиниҳои гуногуни илмию маърифатӣ гузаронида мешавад. Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ низоми қонунгузорӣ дар ин самт мукаммал карда шуда, механизмҳои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон таҳким дода шуд.

Мақсади ин рӯз ба ҷомеа ва ҳар фард расонидани аҳаммияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳкиму рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар фард мебошад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардид, ки имсол ба қабули он 77 сол пур мешавад. Инчунин, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 10 декабр дар мамлакат Рӯзи ҳуқуқи инсон муқаррар шудааст.

Ҳамзамон, судяҳои Суди конститутсионӣ Соҳибзода Муҳаммадҷон ва кормандони дастгоҳи суд доир ба нақш ва аҳаммияти Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон маърӯза намуданд.