ҲАМОИШ БАХШИДА БА ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
16 декабри соли 2025 дар Суди конститутсионӣ бо иштироки муовини Раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд бахшида ба паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиш баргузор гардид.
Чорабини мазкурро муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдураҳимзода Д.Р. ифтитоҳ карда, доир ба муҳтавои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳим дар муайянсозии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат ибрози назар намуданд.
Қайд гардид, ки дар паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми самтҳои ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор дода шуда, дурнамои инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа барои солҳои минбаъда муайян карда шуданд.
Дар идомаи ҳамоиши мазкур, ҳамчунин судяҳои Суди конститутсионӣ Ҷамшедзода Ҷ.Н. ва Соҳибзода М.М., инчунин кормандони дастгоҳи суд вобаста ба нуктаҳои алоҳидаи паём ибрози назар карданд.
