ҲАМОИШ БАХШИДА БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ

11 феврали соли 2026 дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш бахшида ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи рушди босуботи ҷомеа» баргузор гардид.
Ҳамоиш бо иштироки муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимзода Д.Р., судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд, инчунин, донишҷуён-таҷрибаомӯзони Донишгоҳи (славянии) Тоҷикистон-Россия ва намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.
Ҳамоишро муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимзода Д.Р. ифтитоҳ намуда, зимни баромади худ иброз дошт, ки паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, фарогири тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат буда, ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми барномавӣ ва роҳнамои фаъолияти минбаъдаи тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, низоми сиёсиву ҳуқуқӣ хизмат мекунад.
Зикр гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳимми сиёсӣ-ҳуқуқие мебошад, ки он дар ҳаёти давлатӣ-ҳуқуқии мамлакат, бахусус баланд гардонидани шароити иқтисодӣ, иҷтимоии аҳолии кишвар, таъмини адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушду нумуи қонунгузорӣ, фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, мудофиаи мамлакат, сиҳатии аҳолӣ ва дар маҷмуъ, рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муҳим мегузорад.
Дар идомаи ҳамоиш маърӯзаҳо аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд доир ба нақши паём дар таҳкими амният, суботи ҷомеа, нақши паём дар рушди низоми қонунгузорӣ, занон пешбарандаи сиёсати давлату ҳукумат ва мавқеи шоистаи онҳо дар паём ва доир ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баромадҳо анҷом дода шуд.
Зимни баргузории ҳамиош таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 бозгӯйи таҳлили амиқ ва воқеъбинонаи тамоми самтҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат мебошад. Ин санади муҳиму роҳнамо на танҳо дастовардҳои мамлакатро ҷамъбаст намуд, балки самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи давлату миллатро муайян кард.
Дар баробари баррасии масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, амният, сиёсати хориҷӣ дар ин санади муҳим ба ҳифзи таърих, фарҳанг, арзишҳои миллӣ, рушди маориф ва омӯзиш таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Ин нукта гувоҳи он аст, ки фарҳангу маориф ҳамчун пояи ҳастии миллат ва омили таҳкими давлатдории миллӣ дар сиёсати давлатӣ ҷойгоҳи калидӣ доранд.
Дар ҷамъбаст махсус таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастури роҳнамо барои ҷомеаи кишвар, махсусан хизматчиёни мақомоти давлатӣ хизмат намуда, масъулияти ҳар фарди ҷомеаро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, рушди соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа ва пешрафти устувори ҷумҳурӣ боз ҳам бештар мегардонад.