ИШТИРОКИ СУДЯИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ – СОҲИБЗОДА МУҲАММАДҶОН МАҲМАДАЛӢ ДАР ҶАЛАСАИ МАҶОЗӢ

Санаи 12-уми марти соли 2026 судяи Суди конститутсионӣ – Соҳибзода М.М. дар ҷаласаи маҷозии аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаи “Адолати конститутсионӣ. Ахбори ассотсиатсияи Авруосиёи мақомоти назорати конститутсионӣ” иштирок намуданд.

Боиси хушнудӣ аст, ки судяи Суди конститутсионӣ – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Соҳибзода М.М. бо ҷонибдории намояндагони кишварҳои хориҷа ҳамчун аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаи мазкур қабул гардиданд.