Вохурии судманд бо устодону дониҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
10-апрели сол 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон вохӯрии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он судяи Суди конститутсионии ҶумҳурииТоҷикистон Қувватзода Фотеҳ Ҷумъа,ёрдамчии Раиси Суди конститутсионӣ Каримзода Шаҳзод Шароб ва ёрдамчии судя Сангов Тоҷиддин иштирок ва баромадҳо намуданд.
Вохӯрӣ бо иштироки устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардида, ба мавзӯи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 16 декабри соли 2025 бахшида шуд.Зимни баромади худ Қувватзода Фотеҳ Ҷумъа сараввал салому дуруд ва табрикоту таманиёти Наврӯзии Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам А.Ашурзодаро ба ҳозирин расонида, зикр намуд, ки асоси пешрафти давлат дар ваҳдату якпорчагӣ ва муттаҳидии мардум мебошад. Таъкид гардид, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомаврид қайд намудаанд: «Мо имрӯз яроқи ҳастаӣ надорем, қувваву тавоноии мо дар ваҳдату якпорчагиамон аст».
Ҳамзамон, иброз гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа бояд дорои ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулият бошанд, барои аз худ намудани донишҳои муосир пайваста кӯшиш намоянд ва дар рушду ободии Ватан саҳми арзанда гузоранд. Қайд карда шуд, ки имрӯз барои ҷавонон тамоми шароитҳо фароҳам буда, танҳо саъю талош ва меҳнати содиқона зарур аст.
Дар охир таъкид шуд, ки Сарвари давлат ба ҷавонон эътимоду боварӣ дошта, сиёсати давлатии кор бо ҷавононро самти калидии сиёсати иҷтимоӣ арзёбӣ менамоянд ва ҷавонон дар пешрафти ҷомеа нақши муҳим доранд.
Ҳамзамон, ёрдамчии Раиси Суди конститутсионӣ Каримзода Шаҳзод Шароб ва ёрдамчии судя Сангов Тоҷиддин низ баромад намуда, оид ба шарҳи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ андешаҳои худро баён карданд. Аз ҷумла, мавзуи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар бунёди давлати миллӣ» ва як қатор қонунҳои муҳими кишвар, аз қабили Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионӣ» аз 26 июли соли 2014, №1083, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» аз 19 июни соли 2024, №500, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 19 июни соли 2024, №499, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» аз 23 декабри соли 2021, №1808, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз 2 январи соли 2020, №1655 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 16 декабри соли 2022, №332 мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Инчунин, дар баромадҳо оид ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» маълумот пешниҳод гардида, аҳамияти он дар рушди ҷомеа таъкид карда шуд.
