ИЗҲОРИ ТАЪЗИЯ

Бо камоли андӯҳ ва таассуфи амиқ кормандони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти Абдуллоев Файзулло, собиқ Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқшиноси варзида ва ходими намоёни давлатӣ, изҳори ҳамдардии самимӣ менамоянд.

Абдуллоев Файзулло тамоми фаъолияти пурмаҳсули хешро ба хизмати давлат, таҳкими қонунияту адолат, волоияти қонун ва рушди низоми судии кишвар бахшида, дар ташаккул ва таҳкими адолати конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда ва мондагор гузоштааст.

Фаъолияти содиқона, таҷрибаи бойи касбӣ, донишу маърифати ҳуқуқӣ ва хислатҳои неки инсонии ӯ барои ҳамкорон ва насли ҷавони ҳуқуқшиносон намунаи ибрат маҳсуб меёбанд. Хотираи неки ӯ ҳамчун шахсияти соҳибэҳтиром ва корманди содиқи соҳаи ҳуқуқ дар қалби ҳамкасбон ва тамоми аҳли ҷомеаи ҳуқуқшиносии кишвар боқӣ хоҳад монд.

Дар ин лаҳзаҳои пурдарду сангин ба аҳли оила, пайвандон, наздикон ва ҳамкорони марҳум ҳамдардии амиқ ва тасаллияти самимии худро баён намуда, ба ҳамаи онҳо сабри ҷамил, таҳаммул ва неруи маънавӣ хоҳонем.

Хотираи неку номи Абдуллоев Файзулло ҷовидон ва рӯҳи покашон шод бод!