Иди байналмилалии Наврӯз (дар Суди конститутсионӣ ҳамоиш доир гардид)

Имрӯз, 20 марти соли 2021 дар Суди конститутсионӣ бахшида, ба «Иди байналмилалии Наврӯз» ҳамоиш доир гардид.

Ашурзода А.А.-Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии То­ҷикистон ҳамоишро ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки Наврӯзи оламафрӯз муҳимтарин ва арзишмандтарин  ҷашн, ойни бостонӣ ва миллии халқи  тоҷик  аст, ки  бо шарофати  сар­супур­дагии фарзандони баору номуси халқамон аз қаъри асрҳо  то ба замони мо  омода расид.

Дар замони соҳибистиқлолии давлату миллат, тавассути ку­шишу заҳ­матҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва мавқеи худро дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии мо дарёфт.

Чуноне ки Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ зикр намуданд:  «Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона – дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад».

Ин ҷашн ифтихори  миллии мардуми мо гардид.

 Аз 30 сентябри соли 2009 то инҷониб Наврӯз мав­қеи бай­налмилалӣ гирифт ва ба рӯй­хати  мероси фарҳангии ғайримоддии баша­рият (ЮНЕСКО) дохил карда шуд. Ин барқароршавии ҳақиқати таърихӣ аст.

Бо ҷонибдорӣ  аз  тарафи роҳбарияти  давлатҳои Эрон, Афғо­нис­тон, Туркия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҳин­дустон, Озарбойҷон, Мақдуния, Албания ва дигар давлатҳои Ховари Миёна, 18-юми феврали соли 2010-ум  дар ҷаласаии  64  Маҷмаи Уму­мии  Созмони Милали Муттаҳид  қатъномаи «Рӯзи бай­налмилали Нав­рӯз»  қабул  шуд, ки дар он 21-уми март ҳамчун «Рӯзи байналмилали Наврӯз» эълон шуд.

  Наврӯз ҷашни табиат ва эҷодкардаи кулли халқҳои олам аст. Ҳар халқи бузург ба он чизе афзуд ва ба  урфу одатҳои худ наздик намуд. Наврӯз аз ин бойтар ва зеботар гардид. Нав­рӯз ба инсоният одамгарӣ, мубориза бурдан бо қувваҳои бадӣ ва бадкорон, дар сулҳу салоҳ зистанро талқин менамояд.

Умари Хайём дар «Наврӯзнома»  дарҷ кардааст, ки: «Ҳар кӣ рӯзи Нав­рӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузорад».

Сипас судяҳо ва тамоми кормандони Суди конститутсиониро  бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрику таҳният гуфта, ба эшон тан­сиҳатӣ, рӯзгори осудаву нек, сари баланд, рӯйи сурх ва дар фаъолияти касбиашон муваф­фақиятҳои беназирро таманно намуд.

Дар охир кормандони Суд дар васфи Наврӯзи оламафрӯз аз ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик  шеъру ғазалхонӣ намуданд.

Yandex.Metrica