Конференсияи илмию амалӣ дар мавзӯи «КОНСТИТУТСИЯ – КАФИЛИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД»

Имрӯз дар муасисиаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи илмию амалӣ дар мавзӯи «КОНСТИТУТСИЯ – КАФИЛИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД» баргузор гардид. Чорабинии сатҳи баланд ҷиҳати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №АП-533 бо ташаббуси Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024,  доир гардида, дар кори он намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, судӣ,  Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону мутахасисиони соҳа иштирок намуданд. Иштирокчиёни конференсия бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво дар мавзӯҳои мубрам оид ба нақши Конститутсия дар таҳким ва рушди давлатдории Тоҷикистон, Конститутсия заминаи эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд,  Нақши Конститутсия дар инкишофи низоми ҳуқуқ ва қонунгузории миллӣ, масъалаҳои конситутсионализм ва фарҳанги конститутсионӣ, таъмини суботи конститутсионӣ, асосҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии таъмини амнияти миллии Тоҷикистон, масъалаҳои назорати судии конститутсионӣ, таъмини Волоияти Конститутсия, нақши Конститутсия дар ташаккул, рушд ва таҳкими ҳокимияти судӣ,  Конститутсия заминаи асосии ташакули фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, иқтидори экологии Конститутсия ва дигар масъалаҳои рӯзмарра баромад карданд.

Таъкид гардид, ки 6 ноябри соли 1994 дар давраи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ, аз ҷониби мардуми хирадсолори мо бо дарки масъулияти бузург тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосии давлат – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Қабули ин санади тақдирсоз ифодагари дастгирии халқ аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  арзёбӣ гардида, татбиқи бомароми меъёрҳои он ба пойдории сулҳу ваҳдат, соҳиби обрӯву эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштани давлат ва ба кишвари ободу зебо табдил ёфтани Ватани азизи мо мусоидат намуд.

30 – соли амали Конститутсия собит сохт, ки халқи тамаддунсозу фарҳангӣ ва ободгари мо он замон тавонист санаде қабул намояд, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин менамояд.

Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон ба ҷонибдории давлате раъй дод ва онро ҳамчун ояндаи худ интихоб кард, ки дар ин давлат волоияти қонун ҳукмрон буда, ҳамаи аркони давлатдорӣ аз ҳуқуқ сарчашма мегиранд.

Гузашти солҳо, дурустии роҳи интихобкардаи мардуми тамаддунофари моро бо сарварии Пешвои муаззами миллат, баҳри ташкили давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ собит сохт.

Тамоми дастовардҳои ноилшудаи Тоҷикистон дар давоми 33 – соли Истиқлоли давлатӣ бевосита ё бавосита бо қабули Конститутсия вобастагӣ доранд.

Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва қабули Конститутсия имрӯз дар Тоҷикистон ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни мустақил ва алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардида, ба инкишофу таҳкими институтҳои демократӣ, ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.

Бо қабули Конститутсия ва дастгирию ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ оѓоз бахшида шуда, бобати таҳкими фаъолияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар иҷрои ҳамаҷонибаи вазифаҳои конститутсионии худ, такмил ва тақвияти сохтори судӣ, то имрӯз 4 Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул ва амалӣ карда шуданд.

Конститутсия  ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.

Он ҳамчун олитарин санади сиёсию ҳуқуқии мамлакат барои таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ, рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд заминаи боэътимоди ҳуқуқиро ба вуҷуд овард.

Қабули Конститутсия имкон фароҳам овард, ки мардуми ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушод ва халқи тоҷикро чун мардуми бунёдкору сулҳпарвар шиносанд.

Ин санади тақдирсоз масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби таъсис, доираи салоҳият ва фаъолияти мақомоти давлатиро муайян менамояд.

Яке аз вазифаҳои муҳимтарини Конститутсия ин муқаррар намудани низоми мақомоти давлатӣ ва муайян намудани ваколат ва доираи салоҳиятҳои онҳо мебошад.

Дар робита ба ин, Конститутсияи мамлакат мақом ва салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти судӣ, прокуратура   ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро муқаррар намудааст.

Азҷумла, бо дарназардошти нақши муҳими мақомоти прокуратура дар таъмини риояи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд  ба он мақоми конститутсионӣ дода шуда, ҳуқуқ, ваколат, сохтор ва самтҳои асосии фаъолияти он бо Конститутсия ва Қонуни конститутсионӣ танзим гардидаанд.

Дар ҷамъбасти Конференсия маърӯзаҳои иштирокчиён мавриди музокира қарор дода шуда, иброз намуданд: «Сӣ соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки ин санади тақдирсози миллат ҷавобгӯи манофеи халқи кишвар буда, барои пешрафту шукуфоии ин сарзамину миллати куҳанбуёд хизмат хоҳад кард.

Пас ҳар яке мо бояд бо чунин гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон амал намоем:«Вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мост, ки ин дастоварди бебаҳои  таърихиро тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони ватанамонро бо заҳмати содиқонаву софдилона таъмин намуда, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайвастанд, арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем».