САРФАРОЗГАРДОНИИ РОҲБАРИЯТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ БО МЕДАЛИ ҶАШНИИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  Барои ҳамкориҳои судманд дар ташвиқу тарғиби  Конститутсия ва қонунгузории миллӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, бахшида ба ҷашни 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз ва судяи Суди конститутсионӣ Ҷамшедзода Ҷамшед тибқи Фармоиши Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2024, №1003 бо медали “30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд.