НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ ДАР СОЛИ 2019

3 январи соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Суди конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раис,  муовини Раис, судяҳо, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон ва кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ ҷамъбастии фаъо­лия­ти Суд дар соли 2019 доир гардид.

Абдулҳафиз Ашурзода – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон маҷлисро ҳусни оѓоз бахшида, қайд намуд, ки соли 2019 барои мардуми сарбаланди кишвар боз як соли шу­­куфоӣ ва пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ, боло рафтани эъти­бори байнал­милалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими ғоя­ҳои ва­тандўстӣ, худогоҳиву худшиносӣ дар ҷомеа, эҳти­роми анъанаву сун­нат­ҳои миллӣ ва соли баргузории рўйдод­ҳои бузурги сиёсиву фарҳангӣ арзёбӣ мегардад.

Раиси Суди конститутсионӣ ҳамчунин иброз дошт, ки Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҳамкорӣ бо дигар  мақомоти давлати, ҳамчун як  ниҳоди  баландпояи мамлакат дар соли 2019 баҳри иҷрои дастуру супоришу Асосгузори сулҳу ваҳдати мил­лӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз  ваколатҳои конститутсионии худ, чораҳои муаасир андешида, корҳои муайянеро ба сомон расонид, дар ин давра судяҳо ва кормандони Дастгоҳи Суди консти­тутсионӣ низ аз ра­ванд­ҳои сиёсию иҷтимоӣ ва ҳуқуқии мамлакат дар канор на­монда, тавас­сути ба амал­барории ри­со­лати касбӣ, корҳои муайянро анҷом доданд.

Сипас,  муовини Раиси Суди конститутсионӣ К. Каримзода ва роҳ­бари дастгоҳи Суди конститутсионӣ А. Гулзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти Суд ва дастгоҳи он дар соли 2019 ҳисобот доданд.

Қайд карда шуд, ки Суди конститутсионӣ дар соли 2019 дар доираи салоҳияти худ  муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дида баромада, аз ҷумла дархости Ҳизби сот­си­ал-демократии Тоҷи­кистон «Дар бораи ғайрикон­ститут­си­онӣ будани моддаи 32.1 Қо­нуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот ба Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон »-ро ба қисми 3 моддаи 1, қисми 3 моддаи 5, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 14, қисми 1 моддаи 17, қисмҳои 1 ва 5 моддаи 49 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон » мавриди баррасӣ ќарор дорад.

Ҳамзамон, Суди конститутсионӣ  нисбат ба масъалаҳои дохилии худ, 2 таъинот қабул намудааст. Ҳамин тавр,  Суди конститутсионӣ дар давраи фаъолияти 24 солаи худ ( аз мар­ти соли 1996  то 31 декабри соли 2019) 39 қарор ва 100 таъинот (санадњои судӣ) қабул кардааст.

Дар соли 2019 ба Суди Конститутсионӣ 235 муро­ҷиат­ҳои хаттӣ, электронӣ ва шифоҳии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардидаанд.

Муроҷиатҳои зикршуда аз тарафи масъулини Суд вобаста ба салоҳият ва тобеияташон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба муроҷиатку­нан­­да­гон маслиҳат ва посухҳои дахлдор гардонида шуданд. Қобили зикр аст, ки қабул ва баррасии саривақтии  муроҷиатҳои шах­сони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар Суди конститутсионӣ тибқи қонунгузорӣ ва  дастурамали дахлдор ба роҳ монда шудааст.

Судяҳо ва кормандони Суди конститутсионӣ, инчунин дар соли равон теъдоди муайни са­над­ҳои меъёрии ҳуқуқии мақо­моти маҳаллии ҳоки­мияти дав­латии шаҳ­ру но­ҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳу­риро бо мақсади муайян на­мудани мувофи­қати онҳо ба Конститутсия мавриди омў­зиш қа­рор дода, диқ­қати масъу­линро барои бартараф кардани кам­бу­диҳои ҷойдошта ҷалб намуданд.

Барта­раф  намудани кам­бу­­ди­ҳои ҷой­дошта барои беҳтар намудани сифати таҳия ва қабули санадҳои меъёрии зикр­шуда мусоидат менамояд. Ин таҷриба минбаъд низ идома дода хоҳад шуд.

Ба истиснои муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳу­қуқӣ, ба Суди кон­сти­тутсионӣ, инчунин 1559 маводҳои гуногун, аз ҷум­ла 1183 – санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, 376 – мактубҳо аз мақо­моти гуногу­ни давлативу ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мақомо­ти назорати консти­тутсионии дав­латҳои хо­риҷӣ во­рид гардиданд.

Маводҳо, санадҳо ва ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷроӣ дошта, са­­ривақт мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба мақомоти дахлдор ва шаҳр­ван­дон ҷа­вобҳои дахлдор ирсол карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ, Суди конститутсионӣ ба мақомоти марказӣ, маҳаллӣ ва мақо­моти ҳам­шабеҳи давлатҳои хориҷии худ 612 мактуб оид ба масъалаҳои гуногун ирсол кардааст.

То 1 январи соли 2020 1065346 нафар шах­сон ба сомонаи Суди конститутсионӣ ворид гардида, бо маводи он ши­­­носоӣ пайдо намудаанд.

Ҳамкориҳои байналмилалии Суди конститутсионӣ бо ма­қо­моти назорати конститутсионии дигар давлатҳо низ сол аз сол таҳ­ким ёфта, вусъати тоза пайдо мекунад. Судяҳо ва кор­ман­дони дастгоҳи Суди конститут­сионӣ ҷиҳати иш­тирок дар чора­биниҳои мухта­лифи мақомоти на­зора­ти конститут­сионии дав­латҳои хориҷӣ, ба шаҳрҳои Женеваи Ҷумҳурии Шветсария, Ҷумҳурии Латвия, Ҷумњурии Литва, Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ва шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср сафарҳои корӣ анҷом додаанд. Аз ҷумла дар Конгреси уму­ми­ҷа­ҳо­нии мақомоти назорати конс­титутсионӣ, ҷаласаҳои Конф­ронси мақомоти назорати кон­с­­­титутсионӣ ва мақомоти ҳамшабеҳи дав­латҳои Осиё бо маъ­­рўзаҳои илмӣ-амалӣ оид ба кон­с­ти­тутси­она­лизми Тоҷикис­тон, нақши Конститутсия дар низоми сиёсӣ ва ҳ­уқуқии давлат ва ҳиф­зи ҳуқуқу озодиҳои инсон баромад намуданд. Ҳамчунин кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ ва забономӯзӣ дар курсҳои дахлдори омӯзишӣ фаъолона ширкат варзиданд.

Намояндагони Суди конститут­сионӣ дар ин давра дар чо­­ра­би­ниҳои во­бас­­­та ба фаҳ­мон­дадиҳии аҳамият ва моҳияти Паё­­ми Асос­гу­зори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Пре­зи­денти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.

Судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суд, оид ба таш­виқу тарғиби масъа­лаҳои зикршуда дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ,  шањри Истаравшан ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд суҳбату во­хў­риҳои суд­манд баргузор наму­данд.

Кормандони Суд дар шабакаи якуми телевизиони Тоҷи­кис­­тон, Сафина, Ҷаҳон­намо, радиои Тоҷи­кистон, Ховар баромад­ наму­да, дар рўз­номаи «Ҷумҳурият», «Инсон ва қонун», мавод ва мақо­лаҳо ба табъ расо­ни­данд.

Бахшида ба 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 ноябри соли 2019 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми панљуми миллӣ оид ба воло­и­яти қонун дар Тоҷикистон бо иштироки васеи олимону мутахассисони кас­бӣ доир гардид. Су­ди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун масъулияти ташкил ва баргузории зер­гурўҳи 1-и Барномаи Форум «Конститутсия ва низоми ҳуқуқии Тоҷи­кис­тон» корҳои муайянро анҷом дод. Дар кори Форум  аз ҷониби баромадкунандагон зикр шуд, ки фаъолияти бомарому густурдаи Суди конститут­си­онӣ дар соли 2019 шаҳодати он аст, ки ин мақом дар рушди давлати ҳуқуқ­бунёд рўз аз рўз аҳамияти хо­сса пай­­до карда, он дар амалӣ намудани мақсаду вази­фаҳои давлат ва ҷо­меаи Тоҷи­кистон, таҳки­ми давла­ту дав­лат­дорӣ, бунёди ҷо­меаи демок­ратӣ ва адолатпар­вар нақши арзандаи худро касб намудааст.

Дар фарҷоми маҷлис аз натиҷаи фаъолияти Суди конститутсионӣ дар соли 2019 қарори дахлдор қабул гардида, бобати таҳкими минбаъдаи фаъолияти Суд ва  ноил шудан ба дастовардҳои боз ҳам назарраси касбӣ дар соли 2020 вазифагузорӣ карда шуд.