Шарҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

6 январи соли 2025 дар маҷлисгоҳи Суди конститутсиониии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ дар шакли мизи мудаввар бо иштироки  Каримзода К.М., – муовини Раиси Суди конститутсионӣ, Ҷамшедзода Ҷ.Н. – судя – котиби Суди конститутсионӣ, Идрисзода Б.А – судяи Суди конститутсионӣ ва хизматчиёни давлатии дастгоҳи Суди конститутсионӣ дар мавзуи “Шарҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” баргузор гардид.

Бо садо додани суруди миллӣ, тибқи барномаи таҳиягардида,  Каримзода К.М. – муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳгардида ибрози андеша намуданд.

Мавсуф афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои дар меҳвари давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбуда ва рушдкунандаро мавриди таҳлил ва хулосабарорӣ қарор дода, дар доираи талаботи имрӯзаи ҷаҳони пуртаззод ва пешрафти дигаргуниҳои куллии сайёра доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ, вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт дастуру супоришҳои судманд пешниҳод намуда, солҳои 2025 – 2030-ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карданд.

Хотирнишон гардид, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд.

Дар ин муддат, яъне дар панҷ соли охир сатҳи таваррум ё баландшавии нархҳои истеъмолӣ ҳамагӣ 29 фоизро ташкил кард.

Яъне дар ин давра маош, нафақа ва стипендияҳо нисбат ба сатҳи таваррум бамаротиб зиёд гардиданд, ки бевосита ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуданд.

Баъдан, тибқи барнома Ҷ.Ҷамшедзода –  судя – котиби Суди конститутсионӣ дар мавзуи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки чун анъана баъди ироаи Паём олимону коршиносони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, хизматчиёни давлатӣ ва намояндагони дигар соҳаҳои фаъолият нуқтаҳои асосии Паёмро вобаста ба самтҳои алоҳидаи фаъолият мавриди таҷлил қарор дода, паҳлуҳои мухталифи онро ба диққати аҳолии кишвар мерасонанд.

Аҳамияти сиёсӣ ва иҷтимоии паём дар он аст, ки  дар он вазъи соли ҳисоботӣ мавриди таҷлили амиқ қарор гирифта, бо  пешгӯиҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва вазифагузориҳо, ҳамчун барномаи дурнамои мукаммали фаъолияти давлат барои солҳои оянда баромад  менамояд.

  Нурляминзода Г.А. – сардори раёсати таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳо бо маърӯза таҳти унвони “Масъалаи занон дар меҳвари Паём” баромад намуда, иброз доштанд, ки мавзуи занону бонувони хуштолеи замони соҳибистиқлоли тоҷик ҳамчун нигини пурҷило дар меҳвари Паёми  сарвари давлат қарор гирифтааст. Сарвари хирадманди мо нақш ва мақому манзалати занону бонувонро дар эъмори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистони муосир, арзанда ва тақдирсоз номиданд. Президенти муаззам бо боварии комил ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимод намуда, дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро дар оянда идомабахш арзёбӣ намуданд.

Дар ин радиф Президенти мамлакат бо як ҳисси зиёди эҳтиром нисбат ба занону бонувони кишвар онҳоро “ЭҲЁКУНАНДА, НИГАҲДОРАНДА ВА ТАРҒИБКУНАНДАВУ ПОСДОРАНДАИ беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқи тоҷик номиданд, ки дар асл ин рисолат аз азал танҳо ба зиммаи занону модарон вогузор мебошад. Бо талқин намудани ин рисолати азалӣ, ки танҳо иҷрои онро зан – модар метавонад амалӣ намояд, Президенти муаззами кишвар эҳтиром гузоштан ба занону бонувон, духтарону хоҳарон ва аппаҳои меҳрубонро самимона аз аҳли нишаст хоҳиш ва талаб намуданд.

  Ҳамчунин, ёрдамчии муовин Раиси Суди конститутсионӣ  – Бобоева Ш.Ҳ. дар “Мавзуи маориф дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, қайд кард, ки дар раванди сиёсати давлатӣ, махсусан соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф гардидааст. Бо ҳамин назардошт, илму маориф ва тарбияи насли босаводу худшинос дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. 

Роҳбари давлат изҳор намуданд, ки ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон эътимоди комил доранд, зеро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, ваҳдати миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва саъю талоши хастагинопазири ҳар фарди ҷомеа эътимоду итмиминон доранд.

Дар фаровард Каримзода К.М. – муовини Раиси Суди конститутсионӣ, дар идомаи мантиқии дастуру супоришҳои дар Паём инъикосёфта қайд намуданд, ки ҳар яки мо мардуми меҳанпарасту қавииродаи ватани азизамон, бояд итминон дошта бошем, ки таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои боз ҳам бузург комёб мегардем.

Танҳо аз мо муттаҳидӣ  атрофи Пешвои миллат, иҷрои дастуру супоришҳои  ӯ, ваҳдату ягонагӣ ва  боварӣ ба ояндаи  давлату миллат талаб карда мешавад.

Дар охир Суруди миллӣ садо дода, ҷаласаи тантанавӣ пӯшида эълон карда шуд.