ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМАИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ТАҲТИ УНВОНИ «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА, СОЛҲОИ 2027-2036» ВА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июни соли 2026 ба муносибати қабули қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» ва ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ иштирок намуданд. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, онро муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимзода Д.Р. ифтитоҳ намуданд.
Зимни суханронии муовини Раиси Суди конститутсионӣ Абдураҳимзода Д.Р. таъкид гардид, ки 25 июни соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи махсусро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» қабул намуд. Қабули ин қатънома боз як дастоварди муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз эътирофи нақши созандаи кишвари мо дар таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ ва ҳамкории байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.
Сипас, судя-котиби Суди конститутсионӣ Соҳибзода М.М. вобаста ба муҳиммият ва аҳаммияти таърихии қабули қатъномаи мазкур ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ маърӯза намуданд. Зикр гардид, ки қабули ин қатънома ташаббуси навбатии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба сиёсати сулҳҷӯёна, башардӯстона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад.
Дар маърӯза ҳамчунин таъкид гардид, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамчун яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ барои таҳкими давлатдорӣ, суботи сиёсӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи шаҳрвандони мамлакат заминаи устувор фароҳам овардааст. Маҳз дар фазои сулҳу ваҳдат Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист ба пешрафтҳои назаррас дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ноил гардида, ташаббусҳои байналмилалии худро бо муваффақият амалӣ намояд.
Сипас, тибқи барномаи чорабинӣ, судяи Суди конститутсионӣ Қодирзода Ҷ.Ш. дар мавзуи «Нақши Ваҳдати миллӣ дар таъмини Истиқлолияти давлатӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ», сардори Раёсати таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳо Нурляминзода Г.А. дар мавзуи «Пайки ваҳдат», инчунин дигар кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ оид ба аҳаммияти таърихии Ваҳдати миллӣ, таҳкими сулҳу субот, волоияти қонун ва саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ суханронӣ намуданд.
Дар охир чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ ба анҷом расид.
