Имрӯз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як дастоварди муҳим ва арзанда ноил гардид.
Бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Ашурзода Абдуҳафиз, бо мукофоти давлатӣ — унвони фахрии «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.
Ин қадршиносии баланд нишонаи эътирофи хизматҳои шоиста, фаъолияти пурмаҳсул ва саҳми арзандаи муҳтарам Ашурзода Абдуҳафиз дар таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд, волоияти қонун, ҳифзи арзишҳои конститутсионӣ ва рушди адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо камоли эҳтиром муҳтарам Ашурзода Абдуҳафизро ба муносибати соҳиб шудан ба ин мукофоти олии давлатӣ самимона табрик гуфта, ба эшон сиҳату саломатӣ, саодатмандӣ ва дар фаъолияти пуршарафу масъулиятнокашон комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамоем.
