Рӯзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз 5 октябри соли  2022 дар толори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба 70 солагии зодрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рӯзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки судяҳо, хизматчиёни давлатӣ ва дигар кормандони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бо садо додани  суруди миллӣ бар-гузор гардид.

         Дар оғози маҷлис Каримзода Карим Мазиё – муовини Раиси Суди конститутсонии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни  маҷлисро бо нақши барҷастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлатдории  соҳибистиқлоли тоҷик ёдовар шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун шахси таърихӣ, ки тавонистааст мардуми  тоҷикро дар  роҳи  расидан ба ҳадафҳои нек раҳнамоӣ намояд, арзёбӣ намуд. Мавсуф қайд намуданд, ки бо кӯшиш ва заҳматҳои бевоситаи Ҷаноби Олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҳдати миллӣ пойдор гардида, хавфи  хатари аз байн рафтани давлат бартараф гардид. Эътирофи байнал-милалии Ҷумҳурии Тоҷикистон  боло рафта, Ҷумҳурии Тоҷикис-тон ба дигаргуниҳои азими сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ расид.

Забони тоҷикӣ дар радифи 100 забонҳои ҷаҳон забони давлатӣ эътироф  гардид. Мардуми тоҷикро ба ҷаҳониён  муаррифӣ намуда, дӯсти ҷудонопазирои ҷомеаи ҷаҳон гардид.  

Каримзода К.М. ҷашни ифтихории миллати тоҷик “забони давлатӣ”-ро низ ба аҳли иштирокчиёни ҷаласаи  танатанавӣ табрику таҳният намуда, забонро муҳимтарин муқаддасоти миллии халқи баруманди тоҷик ва дастоварди даврони Истиқлолият эълон дошт.

Номбурда зикр кард, ки ҳар як шаҳрванди  миллатдӯсти кишвар бояд моҳият ва бузургии забони давлатиро дарк намуда, дар баробари  Ватан – модар онро бояд  ҳифз намояд, барои  поку беолоиш нигаҳ доштани он сайъу кӯшиш намояд.

 Абдураҳимзода Дилором Рустам – судяи Суди конститутсио-нӣ, Сангзода Гулизор Раҳмон – ёрдамчии судя, Бадалова Санав-бар  – сармутахассис оид ба кор бо кадрҳо,  Носирзода Шӯҳрат  Нуралӣ –нозир – коргузори шуъбаи корҳои умумӣ ва хизмати давлатӣ бо маърӯза баромад намуда, оид ба мавзӯҳои: «Забон рукни муҳими давлатдории мост», «Камоли забон», «Нақши  истиқлол дар рушди забони тоҷикӣ», «Забон ҳастии ҳар миллат ва давлат аст», «Забони миллат ҳастии миллат сарчашмаи муҳими омӯзиши забон» ибрози андеша карданд.

Дар охир муовини Раиси Суди конститутсионӣ бори дигар ҳозиринро ба ин ҷашнҳои фархундаи миллат табрик намуда, ба  ҷаласа ҳусни анҷом бахшид.

Yandex.Metrica