ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ: ЗУҲУРОТ ВА ХАТАРИ ОН БА ҶОМЕАИ ИНСОНӢ
Муқовимат ба экстремизму терроризм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад. Бо дарки хавфнокии чунин зуҳуротҳои номатлуб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ дар сатҳи байналмилалӣ таъкид намуданд, ки «возеҳ аст, ки дар баробари ҷиноятҳои киберӣ, терроризм, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ то ҳол таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти ҷаҳонӣ мебошанд».
Таҷрибаи андӯхтаи ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки экстремизм ва терроризм зуҳуроти ғайритасодуфӣ ва гуногунҷабҳа буда, натанҳо дар зеҳнияту таффакури ашхоси алоҳида, балки дар ҷанбаҳои гуногуни ҳаёт, муҳит, муносибот, таълиму тарбия, фарҳанг, иҷтимоиёт, иқтисодиёт, таъсири беруна ва ғайра реша дошта, комёбӣ дар ин ҷода таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳои маҷмуиро тақозо менамояд.
Бо дарки ин воқеият, Ҷумҳурии Тоҷикистон амалияи таҳия ва татбиқи барномаҳои маҷмуии давлатии худро дар ин самт бо роҳи қабули стратегияҳои миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои давраҳои муайян роҳандозӣ намудааст.
То ин дам дар ин самт ду стратегияи миллӣ – барои солҳои 2016-2020 ва солҳои 2021-2025 таҳия, қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.
Дар баробари қабул ва амалӣ намудани стратегияҳои мазкур:
– дар ин давра қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» аз 23-юми декабри соли 2021, №1808; «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» аз 15-уми марти соли 2023, № 1950; «Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда» аз 22-юми июни соли 2023, №1970 ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24-уми декабри соли 2022, №1920 мавриди амал қарор дода шудаанд;
– дар байни кормандони ниҳодҳои давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳолӣ ва воситаҳои ахбори омма чорабиниҳои васеи маърифатӣ ва фаҳмондадиҳӣ тарғиботӣ гузаронида шуда, дар ҷомеа дарки дурусти зуҳуроти мазкур, фазои ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулнопазирӣ ва масъулияти дастҷамъӣ дар муқобили ифротгароӣ ташаккул дода шуд;
– масъалаҳои марбут ба экстремизм ва терроризм мавриди таҳқиқотҳои васеи илмию таҳлилӣ ва сотсиологӣ қарор дода шуда, доир ба ин мавзуҳо 14 рисолаҳои номзадию докторӣ ва 155 рисолаҳои дипломӣ ҳимоя карда шуданд;
– бо мақсади тақвияти ниҳодии муқовимат ба экстремизм ва терроризм моҳи апрели соли 2023 дар сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо таъсис дода шуд.
Дар натиҷаи ин чорабиниҳо суботу ҳамдигарфаҳмӣ, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, қонуният ва адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа таъмин гардида, заминаҳои ҳуқуқӣ ва ниҳодии пешгирии экстремизм ва терроризм тақвият ёфтанд.
Аз ҷумла, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва иштироки онҳо дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи ҳудуди дигар кишварҳо ҷиддан коҳиш ёфта, ҳалқаҳои хуфтаи ташкилотҳои террористӣ асосан ошкору бартараф ва имкониятҳои даст задан ба амалҳои террористӣ дар дохили кишвар ҷиддан маҳдуд карда шуданд.
Мусаллам аст, ки аксар омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда хусусияти бардавом дошта, бартараф намудани онҳо муҳлати зиёд ва чораандешии пайвастаро тақозо менамоянд.
Бар асари ин омилҳо ҳанӯз ҳам ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ, шиддати ташвиқоти экстремистӣ тавассути шабакаи интернет, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва содиршавии ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистию террористӣ аз байн нарафтааст.
Вақтҳои охир маблағгузории бевоситаи гурӯҳҳои террористӣ бо истифодаи пули нақд ва интиқоли маблағ тавассути суратҳисобҳои бонкӣ ҷиддан коҳиш ёфта бошад ҳам, унсурҳои террористӣ ва пайравони онҳо ба тарзу усулҳои пинҳонкоронаи маблағгузории терроризм, пинҳон доштани манбаҳои маблағгузорӣ ва ҷалби маблағҳои аҳолӣ бо ин мақсад рӯй овардаанд.
Ҳамзамон, таҳдиди дигар дар ин самт вусъат ёфтани истифодаи бозиҳои компютерӣ ҳамчун василаи паҳн кардани идеология зӯроварӣ, экстремизм ва терроризм, бахусус дар байни наврасону ҷавонон мебошад, ки он дар замири онҳо майли бо роҳи хушунат ва зӯроварӣ ҳал намудани низоъҳо ва рӯй тофтан аз ҳалли осоиштаи баҳсҳоро дар ҳаёти воқеӣ ба миён меорад.
Гурӯҳҳои террористӣ бозиҳои маъмулии компютериро ҷиҳати сафедкунии терроризм, мағзшӯии ҷавонон, ҷалби онҳо ба сафҳои худ ва дастгирии молиявии терроризм истифода мебаранд.
Ҳолатҳои номбурда ҳамчун мушкилоти асосӣ боқӣ монда, зарурати таҳия ва қабули Стратегияи нави пешгирии экстремизм ва терроризмро Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи тӯлонитар, яъне то соли 2040 ба миён овардаанд.
Ҳадафи асосии Стратегия ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти ҷамъиятӣ дар заминаи ташаккули низоми самараноки ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат аз таҳдидҳои экстремизм ва терроризм мебошад.
Дар баробари ин, яке аз вазифаҳои Стратегия баланд бардоштани нақши мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, (ҷомеаҳои маҳаллӣ), соҳаи маориф, кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила дар пешгирии барвақтии рӯҳияи экстремистӣ, аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм мусоидаткунанда дар муҳити динӣ, фазои маҷозӣ, муассисаҳои ислоҳӣ ва раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, тақвияти тадбирҳо оид пешгирии маблағгузории терроризм, офиятбахшӣ ва барқарорсозии шахсони аз минтақаҳои ҷангзада баргардонидашуда ё гузаштаи экстремистию террористидошта, такмили заминаҳои ҳуқуқию ниҳодӣ ва амалияи пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм, механизмҳои ҳамкории мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин вусъат бахшидани ҳамкориҳои байналмилаллӣ дар ин самт мебошанд.
Дар робита ба ин, дар доираи Стратегия тадбирҳо ҷиҳати такмили боз ҳам бештари чораҳои пешгирии экстремизм идома дода шуда, дар ин самт тадбирҳои маҷмуии дорои хусусияти иттилоотӣ-методӣ, ташкилию ниҳодӣ ва илмию таҳлилӣ андешида мешаванд.
Бинобар ин, дар шароити пешомада, танҳо сафарбарсозии тамоми имкониятҳои моддиву маънавӣ ва ба роҳ гузоштани як набарди умумимиллӣ метавонад роҳи дурусти мубориза бо ин хатар бошад. Хушбахтона, дар солҳои охир мақомоти сиёсию қудратии кишвар, ташкилотҳои динию ҷамъиятӣ бо дарки ин хатари маргбор барои пешгирии гароиши ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо талошҳои ҷиддӣ ба роҳ мондаанд.
Омӯзиши раванди коргузорӣ дар ин самт нишон медиҳад, ки агар равиши таблиғу ташвиқот дар ин масъала такмил ёфта, моҳияту хатари ифротгароӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ ба мардум ба таври боз ҳам мушаххастару соддатар фаҳмонида шаванд, ин кӯшишҳои давлат ва ҷомеа натиҷаи дучандон хоҳанд дошт.
Хулоса, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро мебояд баҳри ҳифзи Ватан аз ин хатарҳои муосир камари сидқу садоқат бандад ва баҳри пойдории сулҳу субот ва амнияти миллӣ содиқона ба ватан хизмат намояд. Хусусан ҷавонони меҳанро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода фирефтаи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ нашаванд. Ба ҳамин хотир моро зарур аст, ки баҳри ҳимояи манфиятҳои миллӣ ҳамеша кӯшиш намуда, манфиатҳои шахсиро дар зинаи охир бимонем ва ҳамеша дӯстдори Ватани маҳбубамон бошем. Мо дар якҷоягӣ метавонем бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон барем. Пас дар ин замина кӯшиш намоем, баҳри муҳофизати ин марзу бум ҷони худро дареғ надошта, содиқонаю софдилона хизмати арзанда намоем.
Сабурзода Наврузи Мирзоалӣ
корманди Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
