Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Имрӯз, дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Маҷлиси тантанавиро Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ашурзода Абдулҳафиз ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ҷашни муқаддас ва таърихии миллат – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд.

Зимни суханронии худ Раиси Суди конститутсионӣ таъкид намуданд, ки Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин ва арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик ва мардуми шарафманди Тоҷикистон дар тӯли ҳазорсолаи таърихи давлатдории миллӣ мебошад.

Қайд гардид, ки ҳарчанд ин неъмати бебаҳо ба миллати тоҷик ҳамчун ҳадяи тақдир ва неъмати муқаддас насиб гардида бошад ҳам, мутаассифона, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистони азиз давраи ниҳоят ҳассос ва сангин буд. Дар оғози соҳибистиқлолӣ ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайваста, ба давлату миллат хисороти зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ворид намуд.

Бо вуҷуди ин, бо талошҳои пайгирона, сиёсати хирадмандона, ҷонбозиҳо ва фидокориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ҷонибдории мардуми шарифи Тоҷикистон, дар муддати кӯтоҳ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида шуда, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар таъмин гардид.

Таъкид карда шуд, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат ба дастовардҳо ва музаффариятҳои бузургу назаррас ноил гардида, имрӯз ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста пайдо намудааст.

Дар маҷлиси тантанавӣ инчунин муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимзода Д.Р., судяи Суди конститутсионӣ Қувватзода Ф.Ҷ. ва як қатор кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ суханронӣ намуда, Истиқлолияти давлатиро ҳамчун арзишмандтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик дар асри XX арзёбӣ карданд.

Зимни суханрониҳо нақши таърихии Истиқлолияти давлатӣ дар эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди ҷомеаи демократӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории ҳуқуқбунёд махсус таъкид гардид.

Дар анҷоми маҷлиси тантанавӣ Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ашурзода Абдулҳафиз ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муовини Раиси Суд, судяҳо ва як қатор кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ барои фаъолияти содиқона, саҳми арзанда дар рушди фаъолияти мақомоти судӣ ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ ифтихорномаҳо тақдим намуданд.

    

Ҳамзамон, дар фазои тантанавӣ Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба судяи Суди конститутсионӣ Қувватзода Фотеҳ Ҷумъа барои саҳми арзанда гузоштан дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва татбиқи сиёсати сулҳофаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорида шуд.

Маҷлиси тантанавӣ дар фазои самимият, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, иштирокчиён бори дигар садоқати худро ба давлату миллат, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ иброз намуданд.