БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ: «АДОЛАТИ СУДИИ КОНСТИТУТСИОНӢ ВА ВОЛОИЯТИ ҲУҚУҚ»

10 майи соли ҷорӣ Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Комиссияи Венетсияи Шӯрои Аврупо (Комиссияи Аврупоӣ оид ба ҷонибдории демократия ба воситаи ҳуқуқ) мизи мудаввари байналмилалӣ дар мавзӯъи «Адолати Судии конститутсионӣ ва волоияти ҳуқуқ» дар меҳмонхонаи «Ҳаят реҷенси Душанбе» («Hyatt Regency Dushanbe») баргузор намуд.

Дар кори ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ализода Зариф, Раиси Кумита оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонунияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Раҳмон, намояндагони Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати адлия, Маркази миллии қонунгузорӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин, дар дар кори мизи мудаввар  меҳмонони хориҷӣ Президенти Комиссияи Венетсияи Шӯрои Авупо Ҷанни Букиккио (бо тариқи маҷозӣ), коршиносон ва намояндагони Комиссияи Венетсия Владимир Варданян, Сергей Кузнеқов, Георгий Папуашвили, Виктория Мешайкина, Амели Лепинар, Ольга Фрайштетер, муовини Раиси Суди конститутсионии Ӯзбекистон Ғафуров А.Б., узви Шўрои конститутсионии Ҷумҳурии Қазоқистон Унзила Ш.Ш., судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Қиргизистон Бобукеева М.Р,  Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тољикистон Др. Андреа Протманн, Сафири намояндагии Шӯрои Аврупо дар Тоҷикистон Мэрилин Ҷосефсон, намояндагони Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP)  ва олимони ҳуқуқшиноси кишвар  иштирок ва баромад намуданд.

Чорабинии мазкур дар сатҳи хуби омодагӣ доир гардида, дар доираи ин чорабинӣ мавзўҳои марбут ба  волоияти ҳуқуқ ҳамчун принсипи конститут­сионӣ, таъсири адолати судии конститутсионӣ дар таҳкими давлати ҳуқуқбунёд, нақши судҳои конститутсионӣ дар ташаккули принсипи волоияти ҳуқуқ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқ инсон,  нақши истисноии судҳои конститутсионӣ ҳамчун кафили таъмини волоияти ҳуқуқ дар давлатҳои марҳилаи гузариш ва дигар мавзўҳо оид ба волоияти ҳуқуқ ва таҳкими адолати судии конститутсионӣ бо дарназардошти таҷрибаи кишварҳои мухталиф мавриди муҳокима ва таҳлили амиқ қарор гирифтанд.

Раис ва судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши мазкур оид ба таҷрибаи Суди конститутсионии кишвар дар самти таъмини волоияти ҳуқуқ, таҳкими адолати судии конститутсионӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маърӯзаҳо намуданд.  

Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ вохурии Раиси Суди конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони мақомоти назорати конститутсионии кишварҳои зикргардида ва Комиссияи Венетсияи Шӯрои Аврупо доир гардида,  масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои тарафайн баррасӣ гардиданд.

Yandex.Metrica