Қарор аз рўи муроҷиати Шодиев Ш. Р.

АЗ НОМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОРИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

оид ба парванда аз рўи пешниҳоди судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Шодиев Ш. Р. «Дар бораи муайян намудани мувофиқати моддаи 17 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми 2 моддаи 17 ва қисми 2 моддаи 33 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе 1 июли соли 2009

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси- кунанда-Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳму- дов М.А., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М., Каримов К.М. ва Назаров М.Н.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Гулов П.Х.,
тарафҳо:
Шодиев Ш.Р.- тарафе, ки бо пешниҳоди ў мурофиаи Суди кон- ститутсионӣ оғоз карда шудааст,
Ватанов М.М.-намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ; Меҳмон Бахтӣ-намояндаи ваколатдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ; Бобоев У. Х.- намоян- даи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди консти-тутсионӣ-намояндагони тарафе, ки санади меъёрии ҳуқуқии қабул, ҷо- нибдорӣ ва имзонамудаи онҳо мавриди баҳс карор дода шудааст,
Даъватшудагон:
Нуралиев Абдуҳамид- Муовини прокурори генералии Ҷумҳу- рии Тоҷикистон, Қодиров Тоҳир Қамарович – Судяи Суди Олии Ҷумҳу- рии Тоҷикистон, Қурбонова Ҳилолбӣ Ҷумъаевна-Муовини Раиси Куми- таи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Олимов Мадиброҳим – Сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба парвандаҳои шаҳрвандии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикис- тон, Каримова Ҳамро-Муовини Сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳр- вандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони соз- монҳои ҷамъиятӣ,
дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи- кистон, моддаҳои 14 ва 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис- тон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҷлиси ошкорои Суди конститутсионӣ парвандаро аз рўи пешниҳоди судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Шодиев Шўҳрат Раҳматҷонович «Дар бораи муайян намудани мувофиқати моддаи 17 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми 2 моддаи 17 ва қисми 2 моддаи 33 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, маърўзаи судя Каримов К.М., баёноту хулосаи тарафҳо ва иштирокчиёни мурофиаро шунида, маводи пешниҳодшуда ва дигар ҳуҷ- ҷатҳоро таҳқиқ намуда,
м у а й я н к а р д:
Судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Шодиев Ш. Р. ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар пешниҳоди худ қайд менамояд, ки рўзи 8 октябри соли 2008 ба Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шаҳрванд Мирзоалиев Д.Қ. бо аризаи даъвогӣ муроҷиат карда, дар он бекор кардани акди никоҳи худ ва ҳамсараш С.Мирзоалиеваро талаб намудаст.


Аммо суд бо таъиноти худ аз 17 октябри соли 2008 бо назардошти моддаи 17 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998, №22), ки тибқи он «шавҳар ҳуқуқ надорад ҳангоми ҳомиладории зан ва дар давоми якуним сол пас аз таваллуди кўдак бе розигии зан ба суд оиди бекор кардани акди никоҳ даъво пешниҳод намояд», аризаи даъвогии ўро бе баррасӣ гузоштааст.


Ў қайд менамояд, ки моддаи 21 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикис- тон дар сурати фарзандони ноболиғ доштани зану шавҳар… ё дар ҳолати ба бекор кардани никоҳ розӣ набудани зан ё шавҳар ва дигар ҳолатҳо бекор кардани акди никоҳро аз тарафи суд пешбинӣ намуда бошад ҳам, аммо моддаи 17 Кодекси зикршуда бекор кардани акди никоҳро бо ташаббуси шавҳар имконнопазир гардондааст ва шавҳар то бартараф гаштани ҳомиладории зан ва якунимсола шудани кўдакаш имконияти бе розигии зан бекор кардани акди никоҳи худро надорад.


Ба ақидаи ў, муқаррароти моддаи 17 Кодекси оила ба талаботи қисми 2 моддаи 17 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «мардон ва занон баробарҳуқуқанд» ва қисми 2 моддаи 33 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «дар оиладорӣ ва бекор кардани акди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд» мухолифат дошта, он баробарҳуқуқии конститутсионии марду занро дар масъалаи бекор кардани акди никоҳ маҳдуд месозад.


Аз ин рў, Шодиев Ш.Р. моддаи 17 Кодекси оиларо ба талаботи қисми 2 моддаи 17 ва қисми 2 моддаи 33 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқнабуда ҳисобида, аз Суди конститут- сионӣ беъэтибор донистани онро талаб намуда, ин талаби худро дар маҷлиси судӣ низ дастгирӣ кард.


Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мавриди баҳс қарордодаи Ш. Шодиевро ҳаматарафа таҳлил намуда, қайд мена- мояд, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила аз Консти- тутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои миллӣ, нақш ва мақоми зан дар ҷомеаи Тоҷикистон ва принсипи ихтиёрӣ будани акди никоҳи марду зан асос ёфта, он ба таҳкими бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, афзалияти тарбияи кўдакон ва таъмини бештари ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ноболиғи оила равона карда шудааст.
Чунончӣ, қисми 1 моддаи 16 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948 эълом медорад, «мардон ва занон… дар мавриди ақди никоҳ, дар давраи дар никоҳи якдигар будан ва ҳангоми бекор кардани он баробарҳуқуқанд».


Дар санади мазкур рукни таббиӣ ва асосии ҷамъият будани оила махсус нишон дода шуда, қайд карда мешавад, ки «модарону кўдакон ба васоят ва кўмаки махсус ҳақ доранд.»
Минбаъд заминаҳои ҳуқуқии оила, баробарҳуқуқии марду зан дар муносибатҳои оилавӣ ва мавқеи модару кўдак дар як қатор санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ инкишофи ҳамаҷонибаи худро ёфтаанд.
Аз ҷумла, моддаи 10 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки бо қатъномаи 2200 А (XXI) Ассам- блеяи Генералии СММ аз 16 декабри 1966 қабул ва аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 1999 тасдиқ шудааст, чунин пешбинӣ менамояд: «Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон эътироф меку- нанд, ки:

  1. Модарон бояд дар давоми давраи қобили қабул то таваллуд ва баъди он бо ғамхории махсус фаро гирифта шаванд…»
    Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки бо қатъномаи зикршудаи Ассамблеяи Генералии СММ аз 16 декабри 1966 қабул ва аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 1999 тасдиқ шудаааст, пешбинӣ менамояд, ки «давлатҳои ширкаткунандаи Паймон бояд барои таъмини баробарии ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои зану шавҳар дар мавриди акди никоҳ, дар давраи дар никоҳи якдигар будан ва ҳангоми бекор кардани он тадбирҳои мушаххас андешанд. Дар ҳолати бекор карда шудани никоҳ бояд ҳимояи зарурии ҳамаи фарзандон пешбинӣ гардад.»
    Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кўдак, ки бо қатъномаи 44/25 Ассамблеяи Генералии СММ аз 20 ноябри соли 1989 қабул ва аз тарафи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июни соли 1993 тасдиқ шудааст, муқаррар менамояд, ки «ба кўдак барои инкишофи пурра ва ҳама- ҷонибаи шахсияти ў зарур аст, ки дар муҳити оила, дар фазои хушбахтӣ, муҳаббат ва ғамхорӣ инкишоф ёбад».
    Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф намудани санадҳои ҳуқуқии зикршудаи байналмилалӣ ва такя ба арзишҳои фарҳангии худ оиларо ҳамчун рукни муҳимтарини ҷомеа арзёбӣ намуда, ғояҳои асосии онҳоро дар Конститутсия ва қонунгузории худ инъикос намудааст.
    Чунончӣ, қисми 2 моддаи 17 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳу- рии Тоҷикистон баробарҳуқуқии марду занро дар тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ эълон намуда, принсипи мазкурро асоси бунёди оила меҳи- собад.
    Моддаи 33 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад», ба ҳифзи оила, модар ва кўдак нигаронида шуда, фазои ҳуқуқиеро фароҳам овардааст, ки механизми иҷрои он дар Кодекси оила ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидааст.
    Суди конститутсионӣ қайд менамояд, ки принсипи баробарҳуқу- қии марду зан дар масъалаи бекор кардани ақди никоҳ дар қаринаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкии зани ҳомила, модари тифли ширхорадошта, афзалияти тарбияи кўдак ва ғамхорӣ нисбати рушду камоли он ва таъмини бештари ҳуқуқу манфиатҳои модару кўдак мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, зеро меъёри «кўдакон ба васоят ва кўмаки махсус ҳақ доранд» талаб менамояд, ки ба кўдакон ҳамчун ба шахсони ба камолоти ҷисмонӣ ва фикрӣ нарасида, ба ғамхории махсус ва муҳофизату тарбия мўҳтоҷбуда муносибат намуда, дар ҳолати зарурии пешбининамудаи қонунгузорӣ ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро аз манфиати волидайнашон боло гузорем.
    Моддаи 17 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи шавҳарро оид ба бекор кардани ақди никоҳ маҳдуд намуда, принсипи қонунгу- зории оиларо, ки тибқи он ҳуқуқи баъзе аз аъзои оила метавонад то ан- дозаи барои ахлоқ, саломатӣ, ҳуқуқу манфиатҳои дигар аъзои оила зарур маҳдуд карда шавад, мушаххас менамояд. Дар ин ҳолат қонунгузор ҳадди баланди ҳифзи саломатӣ, ҳуқуқу манфиатҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкии зани ҳомила, модари тифли ширхораро муқаррар намуда, талаби бекор намудани ақди никоҳро дар ҳолати пешби- нинамудаи моддаи 17 Кодекси оила аз ҷониби шавҳар манъ кардааст.
    Муқаррароти пешбининамудаи қисми 6 моддаи 1 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «ҳуқуқи шаҳрвандон дар оила дар асоси қонунгузорӣ дар бораи оила ва дар ҳадде, ки бо мақсади муҳофизати ҳуқуқ, манфиатҳои қонунӣ, ахлоқ, саломатии дигар аъзои оилаи шаҳрвандон лозим мебошад, маҳдуд карда мешавад» ба қисми сеюми моддаи 14 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои дигарон,… раво дониста мешавад» мувофиқ мебошад.
    Аз тарафи дигар, муҳимтарин ва арзишмандтарин самти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ дар он зоҳир мегардад, ки дар ҳама соҳаҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла ҷиноятӣ, маъмурӣ, меҳнатӣ, оилавӣ ва ғ. хусусиятҳои ҷисмонию биологии зан ва мавқеи ҷамъиятии ў ҳамчун офаранда ва давомдиҳандаи насли инсоният ба эътибор гирифта шуда, он дар ягон ҳолат ба принсипи баробарҳуқуқии марду зан мухо- лиф гузошта нашудаст, яъне баробарҳуқуқии мардону занон танҳо дар ҳолати ба эътибор гирифтани хусусиятҳо ва мавқеи ҷамъиятии дар боло зикршудаи зан пурра эътироф карда мешавад.
    Ваҷҳи дигари Шодиев Ш.Р. дар хусуси он, ки маҳдудияти пешбини- намудаи моддаи 17 Кодекси оила танҳо ба мардон маҳсуб буда, занон дар давраи ҳомиладорӣ ва баъди таваллуди кўдак то якунимсолагӣ дар бекор кардани ақди никоҳи худ озод мебошанд ва ин ҳолат баръало аз нобаробарии марду зан дар бекор намудани ақди никоҳ шаҳодат медиҳад, бе асос буда, бо далелҳои дар боло зикршуда рад карда меша- вад.
    Ин имтиёзи зан ба ҳеҷ ваҷҳ ҳидояти аз тарафи ў суистеъмол намудани мавқеи ҳуқуқиашро дар бекор кардани ақди никоҳ надорад ва баръакс ин ҳолат бори дигар аз мавқеъ ва масъулияти он дар таваллуд, тарбия ва ба ҷомеа пешкаш намудани фарзанди солим шаҳодат дода, чунин муқаррарот ба қисми 1 моддаи 34 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикисон тавъам аст, ки тибқи он «модару кўдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд».
    Ҳамин тариқ, моддаи 17 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҳангоми ҳомиладории зан ва дар давоми якуним сол пас аз таваллуди кўдак бе розигии зан ба суд оиди бекор кардани акди никоҳ даъво пешниҳод намудани шавҳарро манъ менамояд, бо назардошти афза- лияти тарбияи кўдакон, иштироки якҷояи падару модар дар раванди нигоҳубини онҳо, дастгирии моддию рўҳии модар дар давраи ҳомиладорию баъди он, ғамхорӣ нисбати модару кўдак, рушду камол ва таъмини бештари ҳуқуқу манфиатҳои онҳо қабул гардида, ба қисми 2 моддаи 17 ва қисми 2 моддаи 33 Конститутсия мухолифат надорад ва баробарҳуқуқии конститутсионии марду занро поймол намекунад.
    Дар асоси гуфтаҳои боло ва мувофиқи моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 32, 36, 46-48, 50 ва 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди кон- ститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
    қ а р о р м е к у н а д:
  2. Моддаи 17 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998, №22), ки тибқи он «шавҳар ҳуқуқ надорад ҳангоми ҳомиладории зан ва дар давоми якуним сол пас аз таваллуди кўдак бе розигии зан ба суд оиди бекор кардани акди никоҳ даъво пешниҳод намояд» ба қисми 2 моддаи 17 ва қисми 2 моддаи 33 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
  3. Қарор қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи қабулаш эътибор пайдо мекунад.
  4. Қарори мазкур дар «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис- тон», рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум» ва «Народная газета» нашр карда шавад.
    Раиси
    Суди конститутсионии
    Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Маҳмудов Котиби Суди конститутсионии
    Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов