Қарор аз рўи дархости Кимсанов И. Х.
оид ба дархости Кимсанов И. Ҳ. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаҳои 371 ва 372 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»
ш. Душанбе 7 майи соли 2010
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда- Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А., судяҳои Суди конститутсионӣ Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М. М., Каримов К. М. ва Назаров М.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Одинаева Р.Р.,
тарафҳо:
а) Шаҳрванд Кимсанов И. Ҳ.-тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оѓоз карда шудааст;
б)Гиёев С. Н. -намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, Илолов М. И.-намояндаи ваколатдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис- тон дар Суди конститутсионӣ- намояндагони тарафе, ки санади меъёрии ҳуқуқии қабул ва ҷонибдоринамудаи онҳо мавриди баҳс карор дода шудааст;
даъватшудагон:
Ҳабибуллоева М. Р.- Муовини аввали Раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулмадшоев Р. К.-Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодиров Т. Қ. – судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холиқ- зода Ҷонибек-Сардори Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳотамбекова М. Ў.-Прокурори Раёсати назорати қонунӣ будани қарорҳои судҳо оид ба парвандаҳои шаҳрвандӣ ва иқтисодии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҷлиси ошкорои Суди конститутсионӣ парвандаро аз рўи дархости Кимсанов И. Ҳ. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаҳои 371 ва 372 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, маърўзаи судяи Суди конститут- сионӣ Каримов К.М., баёноту хулосаи тарафҳо ва баромади иштирокчиёни мурофиаро шунида, маводи пешниҳодшуда ва дигар ҳуҷҷатҳоро таҳқиқ намуда,
м у а й я н к а р д:
Кимсанов И.Ҳ. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки даъвои ў ва ваколат- диҳандаи ў шаҳрванди давлати Исроил Алиев Р. бо ҷавобгарии оилаи Одинаевҳо оид ба беэътибор донистани шартномаи хариду фуруши ду хонаи истиқоматӣ воқеъ дар шаҳри Душанбе аввалҳои моҳи апрели соли 2003 оѓоз гардида буд.
Парванда муддати панҷ сол дар баррасии судҳои марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, ки он вақт Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири соли 1965 амал мекард.
1 апрели соли 2008 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифта, парвандаи ў 28 апрели соли 2008 аз тарафи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баррасӣ гардида, беқаноат гузошта шуд.
Ў нисбати ҳалномаи Суди ноҳияи Сино ба Суди шаҳри Душанбе шикоят овард, аммо Суди номбурда бо қарори худ аз 21 октябри соли 2008 шикояти кассатсионии ўро қонеъ накард.
Баъдан ў ду маротиба бо назардошти Кодекси амалкунандаи муро- фиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба судҳои марҳилаи назоратӣ: Суди шаҳри Душанбе ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардааст, аммо шикоятҳои ў қаноатбахш карда нашудаанд.
Ба андешаи номбурда, моддаҳои 365, 371, 372, 373 ва 378 боби 40-и Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати парвандаи ў татбиқнамудаи судҳо кафолати ҳифзи судии ўро халалдор намуда, садди роҳи баррасии парвандаи ў дар марҳилаи назоратӣ гардиданд. Моддаҳои зикршуда бо мўҳлати кўтоҳи яксолаи мурофиавӣ, нобаробарии мурофиавии иштирокчиёни мурофиа ва номукаммалии худ имконият надоданд, ки ў ҳуқуқҳои конститутсионии худро ба манзил амалӣ намояд.
Аз ин рў, аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб менамояд, ки оид ба дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оѓоз карда, мутобиқати моддаҳои 365, 371, 372, 373 ва 378 боби 40-и Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
Суди конститутсионӣ оид ба дархости Кимсанов И. Ҳ дар хусуси муайян намудани мутобиқати модаҳои 371 ва 372 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мурофиаи судии конститутсионӣ оѓоз намуда, оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро нисбати талаботи боқимондаи Кимсанов И. Ҳ. рад намуд.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мавриди баҳс қарордодаи И.Ҳ. Кимсановро ҳаматарафа таҳқиқ намуда, қайд менамояд, ки яке аз дастоварди муҳими афкори сиёсию ҳуқуқӣ ва фарҳангии инсоният-ин эътирофи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ба ҳифзи судӣ ва кафолати ин ҳуқуқи шахсӣ дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва конститутсияю қонунгузориҳои миллии давлатҳои ҷаҳон ба шумор меравад.
Сарчашмаи асосии ин ҳуқуқро принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба қонунгузор, иҷроия ва судӣ ташкил медиҳад, ки механизмҳои байналмилалӣ ва миллии ҳифзи судӣ пайваста пайи такмил ва инкишоф қарор доранд.
Аз ҷумла, моддаи 8 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948 пешбинӣ менамояд, ки «Ҳар як инсон дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои асосии ў, ки бо Конститутсия ё қонун пешбинӣ шуданд, барои барқарорсозии пурраи онҳо аз тарафи судҳои босалоҳияти миллӣ ҳақ дорад».
Моддаи 14 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки бо қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ аз 16 декабри соли 1966 қабул ва аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 1999 тасдиқ шудааст, ин масъаларо васеътар танзим намуда, пешбинӣ менамояд, ки «Ҳамаи шахсон дар назди судҳо ва трибуналҳо баробаранд. Ҳар кас ҳангоми баррасии ҳар навъ айбдории ҷиноятие, ки ба ў эълон карда мешавад ё ҳангоми муайян кардани ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои ў дар ягон мурофиаи шаҳрвандӣ, ба мурофиаи одилона ва ошкорои парванда аз тарафи суди босалоҳият, мустақил ва беѓаразе, ки дар асоси қонун таъсис дода шудааст, ҳақ дорад».
Бо назардошти санадҳои зикршудаи байналмилалӣ, ки қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд, дар Конститутсия ва қонун- гузории Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор меъёрҳое пешбинӣ шуданд, ки ба ҳифзи судии ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва кафолати татбиқи ин ҳуқуқ равона карда шудаанд.
Тибқи санадҳои зикршуда шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои як қатор ҳуқуқу ўҳдадориҳои конститутсионӣ буда, онҳоро бо ирода ва бо назардошти манфиатҳои худ ва дар доираи манфиатҳои ҷамъиятию давлатӣ ба амал мебароранд. Дар сурати поймол гаштани ҳуқуқҳои худ, онҳо аз кафолати ҳифзи судӣ бархурдор буда, «ҳуқуқ доранд талаб намоянд, ки парвандаи онҳоро суди босалоҳият, мустақил ва беѓарази тибқи қонун таъсисёфта баррасӣ намояд».
Ҳифзи судии пешбининамудаи моддаи 84 Конститутсия, ки тибқи он «Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд», дар баробари дигар муносибатҳои ҷамъиятӣ нисбати муносибатҳои шаҳрвандӣ низ татбиқ мегардад, ки тартиби иҷрои онҳоро қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд.
Чунончӣ, моддаи 1 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи гражданӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамин кодекс, …, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад».
Тибқи талаботи модддаи 3 Кодекси мурофиавии зикршуда «Вазифаҳои мурофиаи судии гражданӣ аз дуруст ва саривақт баррасӣ ва ҳал намудани парвандаҳои гражданӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарор доштаи шаҳрвандон… иборат аст.»
Тибқи моддаи 8 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад «Парвандаҳои гражданӣ дар ҳамаи судҳои марҳилаи якум аз ҷониби судя танҳо…, дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси зикршуда аз тарафи як судя аз номи суд, дар марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ аз ҷониби суд тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва қонун ба таври дастҷамъӣ баррасӣ мегарданд.»
Бо ин назардошт, қонунгузор масъалаҳои вобаста ба мурофиа дар марҳилаи назоратиро дар боби 40 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди танзим қарор додааст.
Тибқи муқаррароти моддаи 371 боби зикршудаи КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон судя бо супориши раиси суди дахлдор ё муовини ў шикоят ё эътирози назоратиро баррасӣ намуда, дар сурати ба талаботи моддаҳои 369-370 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани онҳо парвандаи гражданиро талаб карда мегирад. Нисбати парванда ду навъи таъинот: оид ба рад намудани ирсоли парванда ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудани он дар суди марҳилаи назоратӣ ё оид ба ирсол намудани парванда ба суди марҳилаи назоратӣ қабул менамояд.
Қисми 2 моддаи 372 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, муқаррар менамояд, ки Раиси Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, раисони судҳои вилоятӣ, Раиси Суди ш. Душанбе, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо ҳақ доранд бо таъиноти судя ҷиҳати рад намудани ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудани он дар суди марҳилаи назоратӣ розӣ нашаванд. Дар ин ҳолат қонунгузор ба онҳо ҳуқуқ додааст, ки онҳо дар хусуси ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудани он дар суди марҳилаи назоратӣ таъинот қабул намоянд.
Қонунгузор ба иштирокчиёни мурофиаи судии гражданӣ, инчунин ҳуқуқ додааст, ки онҳо дар давоми сол аз болои санадҳои судии ба қувваи қонунӣ даромада такроран шикоят ё эътирози назоратӣ пешниҳод намоянд ва тибқи талаботи қисми 2 моддаи 367 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои қаблан қабулгардидаи судҳои марҳилаи назоратиро дар мўҳтавои шикоят ё эътирози назоратии навашон нишон диҳанд.
Тибқи талаботи моддаи 378 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, қонунгузор ба Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколат додааст, ки ў бо максади таъмини ягонагии таҷрибаи судӣ ва қонуният ба Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз нав дида баромадани санадҳои судӣ бо тартиби назоратӣ эътирози асоснок ирсол намояд.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои зикршударо ба эътибор гирифта, тартиби баррасии пешакии шикоят ё эътирози назоратӣ пешбининамудаи моддаҳои 371 ва 372 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қисми якуми моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ҳисоб менамояд, зеро:
-марҳилаи назоратӣ бо табиат ва таъиноти ҳуқуқии худ танҳо дар ҳолати вайрон кардан ё татбиқи нодурусти меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавӣ пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии гражданӣ, инчунин мавҷуд будани хатоҳои дар марҳилаҳои пешакии баррасии парванда рухдода, ки ҳуқуқу манфиатҳои дар мурофиаи судӣ ҳифзшавандаи иштирокчиёни мурофиаро ҷиддан вайрон кардаанд, мавриди амал қарор мегирад;
-ин марҳила, ҳамчун кафолати иловагии санҷиши қонунӣ ва асоснок будани санадҳои судӣ дар ҳолате имконпазир аст, ки агар то ба қувваи қонунӣ даромадани санадҳои судӣ ҳамаи имкониятҳои пешбинамудаи қонунгузории мурофиавӣ аз тарафи шахсони манфиатдор ва мақомоти судӣ пешбинӣ нашуда, хатоҳои марҳилаҳои пешинаи судӣ бартараф нагардида бошанд;
-вобаста ба ин, марҳилаи мазкур тавре бояд пешбинӣ гардад, ки он бо моҳияти талаб, мўҳтавои муроҷиат, тартиби ба амал баровардан ва дигар масъалаҳои ба ин марҳила хос ба устувории санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдо кардаи марҳилаҳои пешинаи судӣ, баробарии ҳамаи марҳилаҳои судӣ дар ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва дар маҷмўъ ба фаъолияти мўътадили низоми мақомоти ҳокимияти судӣ таҳким бахшида тавонад.
Ҳамин тариқ, тартиби пешакӣ баррасӣ намудани шикоят ва эътирози назоратӣ танҳо аз тарафи як судя аз талаботи қисми 2 моддаи 8 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ки тибқи он «Дар ҳолате, ки агар ҳамин Кодекс ба судя ҳуқуқи танҳо баррасӣ намудани парвандаи гражданӣ ё содир намудани амали ҷудогонаи мурофиавиро дода бошад, судя аз номи суд амал мекунад», бармеояд. Дар ин маврид судя танҳо асоснокии шикоят ва эътирози назоратии пешниҳодшударо баррасӣ намуда, қарори ба қувваи қонунӣ даромадаи судҳои марҳилаи якум ва кассатсиониро таѓйир дода наметавонад. Ин амали судя мазмуни моҳиятан баррасӣ шудани парвандаи назоратиро надорад, ки ин аз устувории санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокардаи марҳилаҳои пешинаи судӣ, баробарҳуқуқии онҳо ва дар маҷмўъ аз мўътадилии низоми ҳокимияти судӣ шаҳодат медиҳад.
Новобаста аз ин, Суди конститутсионӣ қайд менамояд, ки Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи мавҷуда мувофиқи мақсад будани тартиби баррасии пешакии шикоят ё эътирози назоратӣ аз ҷониби як судя, мўҳлатҳои дуру дарози баррасии шикоят ва эътирози назоратӣ, инчунин дигар масъалаҳои ба ин марҳилаи судӣ хос пешби- нинамудаи боби 40 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди омўзиш ва баррасӣ карор диҳад.
Дар асоси гуфтаҳои боло ва мувофиқи моддаи 89 Конститутсияи (Сар- қонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14, 32, 36, 37, 46-48, 50 ва 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
қ а р о р м е к у н а д:
1. Моддаҳои 371 ва 372 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
2.Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад будани тартиби баррасии пешакии шикоят ё эътирози назоратӣ аз ҷониби як судя, мўҳлатҳои баррасии шикоят ва эътирози назоратӣ пешбининамудаи моддаи 371, моддаи 372 ва моддаи 374 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар масъалаҳои ба ин марҳилаи судӣ хос пешбининамудаи боби 40 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо назардошти таҷрибаи мавҷудаи ба таври дастҷамъӣ баррасӣ намудани шикоят ва эътирози назоратӣ мавриди омўзиш ва баррасӣ қарор диҳад.
3. Қарор қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи қабулаш эътибор пайдо мекунад.
4.Қарори мазкур дар «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум» ва «Народная газета» нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А.
Котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримов К.М.