Қарор аз рўи дархости директори генералии Чамъияти дорои масъулияти махдуди «Начот»-и шахри Исфара Исомадинова Н. «Дар хусуси муайян намудани мувофикати сархатхои чорум, чордахум ва хабдахуми банди 2.4, банди 4.1,

ҚАРОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМЊУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз рўи дархости директори генералии Ҷамъ­ияти до­рои масъу­лияти маҳдуди «На­ҷот»-и шаҳри Ис­фа­ра Исомади­нова Н. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати сархатҳои чорум, чордаҳум ва ҳабдаҳуми банди 2.4, банди 4.1, сархатҳои якум, дуюм ва ҳафтуми банди 4.4-и Оинно­маи Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», ки бо фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2013, №32 тасдиқ карда шудааст, ба моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе 26 сентябри соли 2016

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси­ку­нанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., муовини Раис Каримзода К.М., судя-котиб Њошимзода Д.Д., судяҳо: Абдуллозода Л.И., Гул­зор М.М. ва Зоирзода Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Мусулмонов С.,

тарафҳо:

1. Исомадинова Наҷотхон – дирек­тори генералии Ҷамъ­ияти до­рои масъу­лияти маҳдуди «На­ҷот»-и шаҳри Ис­фа­ра – тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оѓоз карда шудааст ва намояндаи ваколатдори ў – Носирҷонов Набиҷон.

2. Ёрова Зулфия Маҳмаднабиева – муовини вазири нақлиёти Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон, Саидзода Қурбон – сардори Раёсати нақлиёти рўиза­минӣ ва Њафизов Зафар – мудири бахши ҳуқуқи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон – намояндагони ваколатдори тарафе, ки нисбат ба санади меъёрии ҳуқуқии тасдиқ­намудаи он мурофиаи судии консти­тут­­сионӣ оѓоз карда шудааст.

Даъватшудагон:

1. Раҳимӣ Фарҳод – намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикис­тон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон;

2. Азимзода Толибхон Ситамурод – намояндаи Маҷлиси намоян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3. Шоназаров Содиқ Ашурович – намояндаи Президенти Ҷумҳу­рии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4. Шоҳиён Муҳаммасаид Алимардон – муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

5. Осимзода Мадиброим – муовини Прокурори генералии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон;

6. Низомӣ Мақсуд – сардори Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон;

7. Холиқзода Абдухолиқ – сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон;

8. Хайрзода Давлатбек Зайнидин – муовини директори Агентии назо­рати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳу­рии Тоҷикистон;

9. Одиназода Назар Санг – муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон;

10. Халифаев Азам Кенҷаевич – муовини якуми сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

11. Хизиров Қурбоналӣ Қодирович – директори Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»-и Вазорати нақ­лиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

12. Ахмедов Султонмурод – муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»-и Вазорати нақ­лиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мод­даҳои 34 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мурофиаи ошкорои судӣ парвандаро аз рўи дархости директори гене­ралии Ҷамъ­ияти до­рои масъулияти маҳдуди «На­ҷот»-и шаҳри Ис­фа­ра Исомадинова Н. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати сархатҳои чорум­, чордаҳум ва ҳабдаҳуми банди 2.4, банди 4.1, сархатҳои якум, дуюм ва ҳафтуми банди 4.4-и Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», ки бо фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2013, №32 тасдиқ карда шудааст, ба моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, гузориши судяи Суди консти­тут­сионӣ Њошимзода Д.Д., баёноту ху­лосаи тарафҳо ва баромади даъ­ват­­шу­да­гонро шунида, маводи парванда ва дигар ҳуҷҷатҳои ворид­шударо таҳ­қиқ намуда,

м у а й я н к а р д:

Директори генералии Ҷамъ­ияти до­рои масъулияти маҳдуди «На­ҷот»-и шаҳри Ис­фа­ра Исомадинова Н. ба Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон бо дархост муроҷиат намуда, дар он қайд мена­мо­яд, ки ў 7 январи соли 2003 Ҷамъияти дорои масъу­лияти маҳдуди «Наҷот»-ро таъсис дода, то ба ҳол ба фаъо­ли­яти соҳибкорӣ маш­ѓул мебошад.

Аммо, аз давраи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти авто­мобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» (минбаъд КВД), яъне аз соли 2011 кафолатҳои конститут­сионии ў ва дигар соҳиб­корон ба фаъо­лияти соҳиб­корӣ, ки дар моддаи 12-уми Конститутсияи Ҷум­­ҳу­рии Тоҷи­кис­­тон пеш­бинӣ гардида­аст, мавриди поймол ва маҳ­дудият қарор доранд. Зеро, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии То­ҷи­­кистон бо фармоиш аз 22 июни соли 2011, №61 Оинномаи КВД-ро тасдиқ карда, дар он як зумра вако­латҳои батанзим­дарорӣ, назоратӣ ва иҷо­затномадиҳиро ба корхо­наи зикр­шуда вогузор намудааст. Њол он ки қисми дуюми моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004, №10 «Дар бораи корхонаҳои дав­латӣ» пешбинӣ мена­мояд, ки «Аз тарафи муассис ё мақоми ваколатдор ба корхонаи давлатӣ додани вазифаҳои давлатии назоратӣ ё иҷо­затдиҳӣ манъ аст».

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 ноябри со­ли 2011 нис­бат ба қонун­шиканиҳои ошкоркарда, яъне ба КВД додани ваколатҳои назоратӣ ва иҷо­зат­номадиҳӣ эътироз оварда, талаб намуда­аст, ки фар­моиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2011, №61 бинобар ғайриқонунӣ буданаш бекор карда шавад.

Бо фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 фев­рали соли 2013, №32 фармоиши зикршуда бекор карда шуда, Оинномаи нави КВД тасдиқ гардид, ки дар он низ ваколат­­ҳои назоратӣ ва иҷо­зат­номадиҳӣ боқӣ монданд.

Аз ҷумла, тибқи сархатҳои чорум, чордаҳум ва ҳабдаҳуми банди 2.4, банди 4.1, сархатҳои якум, дуюм ва ҳафтуми банди 4.4-и Оинномаи КВД аз 13 феврали соли 2013 ба корхонаи зикршуда як қатор ваколатҳо дода шудаанд, чунончи:

– омода ва пешниҳоди омории кори нақлиёти автомобилӣ ва хизмат­ра­­сониҳои нақлиётию логистикӣ;

– таъмини варақаҳои роҳхату борхат ва коркарди ин ҳуҷҷатҳо;

– ташкил ва гузаронидани озмун (тендер);

– вобаста намудани хатсайрҳои мусофирбарӣ ва аз нав ҷоба­ҷогузории онҳо;

– талаб намудани маълумоти оморӣ ва дигар маълумоти ҳисоботӣ;

– ҳамоҳангсозии фаъолияти муштараки ҷамъиятҳои мусофирка­шонӣ;

– пешниҳоди мониторинги тарифҳои хизматрасонӣ.

Бо додани чунин ваколатҳо, ташки­лоти тиҷоратӣ ба мақоми вако­лат­­дори давлатӣ табдил ёфта, ва­колати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақ­лиёт, ки бояд ваколатҳои зикршударо иҷро мекард, маҳдуд гардидааст.

Њамин тариқ, муроҷиаткунанда зикр мекунад, ки КВД қариб бист наму­­ди вазифаҳои низомномавии Вазо­рати нақ­лиё­ти Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро дар оинномаи худ ҷой дода, бо истифода аз онҳо бар хилофи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон аз 26 июли соли 2014, №1107 «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии дав­ла­тии соҳиб­корӣ» корхонаҳои хусусӣ ва ҷамъият­ҳои мусофирбариро уҳдадор месо­зад, ки бо вай шартномаи ҳамкорӣ банданд.

Моддаи 22-и Қонуни зикршуда кафолатҳоро аз дахолат ба фаъо­лияти субъекти соҳибкорӣ муқаррар намуда, пешбинӣ менамояд, ки:

«1. Дахолат, амали (беамалии) ѓайриқонунии шахсони мансабдори мақо­моти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти давлатии назоратӣ ва санҷишӣ, инчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба фаъолияти хоҷаги­до­рии субъекти соҳибкорӣ манъ аст.

2. Ба маҳдудкунии ҳуқуқҳои субъекти соҳибкорӣ барои иштирок дар хариди давлатии мол (кор, хизматрасонӣ) роҳ дода намешавад».

Муроҷиаткунанда, инчунин қайд менамояд, ки ба Оинномаи кор­хо­­наи зикр­шуда ҳамчун са­нади меъёрии ҳуқуқӣ ягон мақомоти дахлдор хулосаи ҳуқуқӣ на­до­да, он аз қайди давлатӣ нагузаштааст ва оқибати ҳуқуқӣ надорад.

Аммо, ба ин нигоҳ накарда, Вазорати нақ­лиёти Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон дар асоси бандҳои 2.4, 4.1 ва 4.4-и Оин­нома, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла фармоиш аз 12 июли соли 2011, №75 «Оид ба тасдиқи «Дастурамал дар бораи тартиби баровардан, пур кар­дан, исти­фода ва коркарди роҳхатҳо», фармоиш аз 25 октябри соли 2011, №178 «Оид ба таъсис додани комиссияи доимоамалкунанда», фармоиш аз 25 ноябри соли 2011, №214 «Дар бораи тасдиқ намудани «Қоидаҳои гузаро­ни­­дани озмун (тендер) оид ба тақ­сими хатсайрҳо байни интиқолди­ҳандагон» ва фар­моиш аз 13 марти соли 2012, №47 «Дар бораи тасдиқ наму­дани Нархномаи хизматрасониҳои нақлиётии КВД «Нақлиёти авто­мобилӣ ва хизматрасо­нии логистикӣ»-ро қабул намудааст, ки КВД онҳоро ба асос гирифта, ҳуқуқҳои конс­ти­тутсионии муроҷиаткунанда ва дигар соҳиб­­­коронро ба фаъолияти озоди соҳиб­корӣ поймол менамояд.

Чунончи, тибқи банди 4 қарори Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2003, №222 «Дар бораи тад­бирҳои ташкили истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва вара­қаҳои баҳисобгириву ҳисоботи қатъӣ»:

«Вазоратҳо, идо­раҳо, ин­чунин муассисаҳо, корхонаҳо ва ташки­лот­ҳои тамоми шаклҳои моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиёҷоти соло­наи худро ба ҳуҷ­ҷатҳову варақаҳои баҳисобгириву ҳисоботи қатъӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Пре­зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 октябри соли қаблӣ пеш­ниҳод намоянд».

Аммо, банди 3 фармоиши Вазорати нақ­лиё­ти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 12 июли соли 2011, №75 «Оид ба тасдиқи «Дастурамал дар бораи тартиби баровардан, пур кар­дан, исти­фода ва коркарди роҳхатҳо» фаъо­лияти ҳа­маи ассотсиатсияҳо, муассисаҳо, кор­хонаҳо ва ҷамъиятҳои нақ­лиёти ав­то­мобилӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиа­шонро маҳ­дуд намуда, онҳоро водор менамояд, ки роҳхатҳоро танҳо аз КВД дастрас намоянд, ки аз ин Ҷамъ­ияти до­рои масъулияти маҳдуди «На­ҷот» ҳар моҳ ба маблаѓи муайян зарари моддӣ ме­бинад.

Прокуратураи генералӣ бинобар ғайриқонунӣ будани дастур­амали зикршуда, нисбат ба он низ эътироз оварда, талаб наму­дааст, ки фар­мои­ши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июли соли 2011, №75 «Оид ба тасдиқи «Дастурамал дар бораи тартиби баровардан, пур кар­дан, исти­фода ва коркарди роҳхатҳо» бекор карда шавад. Аммо КВД то ба имрўз дар асоси ин дастурамали ғайриқонунӣ амал намуда, аз соҳибко­рон маблағҳои зиёдеро маҷбуран ситонида ис­то­дааст.

Дар замимаи 6 ба «Қоидаҳои гузаронидани озмун (тендер) оид ба тақ­сими хатсайрҳо байни интиқолдиҳандагон» баҳогузории пешни­ҳо­доти озмун (тендер) ба мавҷудияти базаи техникӣ ба ҷои 1-3 балл 20-30 балл муайян карда шудааст. Тибқи ин баҳогузорӣ ба муассисаҳои нақлиё­тии соҳибкорони миёна бартарӣ до­да шуда, ин ҳолат ҳамчун фишанг нисбат ба соҳиб­­ко­рони хурд исти­фода гардида, фаъолияти онҳо­ро халалдор месозад.

Аз мактуби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2015, №2-2-158 бармеояд, ки Қоидаҳои гузаронидани озмун (тендер) оид ба тақ­симоти хатсайрҳо байни интиқолдиҳандагон баробарии субъ­ект­­­­ҳои соҳибкориро барои иштирок дар озмун маҳдуд месозад.

Аз хулосаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи дав­латии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2015, №4-2Е/3166 ва мак­ту­би Хадамоти зид­диинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи­кистон аз 25 феврали соли 2016, №02-04.7/182 бармеояд, ки ба корхонаи давлатӣ до­да­ни вази­фа­ҳои давлатии назоратӣ ё иҷозатно­мадиҳӣ манъ буда, КВД ҳуқу­қи ташкилкунӣ ва раисикунии озмуни (тендери) хатсайр­ҳоро надо­рад.

Њамин тариқ, ба андешаи муроҷиаткунанда сархатҳои чорум, чорда­ҳум ва ҳабдаҳуми банди 2.4, банди 4.1, сархатҳои якум, дуюм ва ҳафтуми банди 4.4 Оинномаи КВД кафо­латҳои конститут­сионии Ҷамъ­ияти до­рои масъу­лияти маҳдуди «На­ҷот»-ро ба фаъолияти озоди соҳиб­корӣ, ки дар моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Қонуни Ҷумҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва даст­гирии давлатии соҳиб­корӣ» пешбинӣ гардидааст, поймол ва маҳдуд менамояд.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, муроҷиаткунанда аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон хоҳиш кардааст, ки дар асоси дар­хости ў мурофиаи судии конс­титутсионӣ оғоз карда шуда, муво­фи­қати сархатҳои чорум, чордаҳум ва ҳабдаҳуми банди 2.4, банди 4.1, сархатҳои якум, дуюм ва ҳафтуми банди 4.4-и Оинномаи КВД, ки бо фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2013, №32 тасдиқ карда шудааст, ба моддаи 12 Консти­тутсияи Ҷумҳу­рии Тоҷикистон муайян кар­да шавад.

Суди конститутсионӣ дархости мазкур ва ҳуҷҷатҳои ба он замима­шударо мавриди омўзиш ва таҳлил қарор дода, қайд менамояд, ки дар ни­зоми кафолатҳои давлатии эълондоштаи Кон­с­титутсия, ка­фо­лати фаъо­­­лия­ти озоди соҳибкорӣ мавқеи марказиро иш­ѓол менамояд ва яке аз унсурҳои муҳими рушди муътадили соҳаи иқтисодию иҷтимоии кишвар ба шумор меравад.

Кафолати мазкур, агар аз як тараф ба рушду таҳким ва бо­ло раф­тани сатҳи иқтисодиёт тавассути фаъолият ва саҳми соҳиб­корӣ ни­га­ронида шуда бошад, аз ҷониби ди­гар он ба қонеъ гар­донидани та­лаботи ав­ва­линдараҷаи мод­дию маънавии соҳиб­­­­­­­кор ва дар маҷмўъ ба­ланд раф­тани сатҳи некўаҳволии халқ равона гар­дидааст.

Машѓул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун унсури асосии принсипи конститутсионии озо­дии иқтисодӣ, ифодаи озод будани со­ҳиб­­корӣ буда, яке аз ҳуқуқҳои асосӣ ва муҳими иқ­тисодӣ, ин­чунин им­ко­ният ва василаи татбиқи ҳуқуқи иҷтимоии инсон ва шаҳр­ванд маҳсуб меёбад ва бо санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва қонунгузории кишвар кафолат дода мешавад.

Ин ка­фо­лат аз шак­лҳои гуногуни моли­кият асос ёфтани иқти­­­­со­диёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла моли­ки­яти хусусӣ, инчунин иҷ­тимоӣ эълон шудани давлат маншаъ мегирад, ки бе татбиқи амалии он бунёди ҷомеаи во­қе­ан иҷтимоӣ ва иқти­соди бозоргонии дар муноси­батҳои иқтисодӣ рақо­батпазир ѓайри­им­кон ме­бо­­шад.

Санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, аз қабили Эъло­мияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз 16 декабри соли 1966 ва Конвесияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон аз 26 майи соли 1995 давлатҳои иштирок­чиро водор месозанд, ки бобати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои муқаррарнамудаи ин санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ҳуқуқҳои иқтисо­дию иҷтимоии ҳар кас, ки ҳуқуқ ба фаъолияти озоди соҳибкорӣ низ аз зумраи онҳо мебошад, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Вобаста ба ин, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба мавқеи ҳуқуқии худ, ки дар қарор аз 28 марти соли 2013 (дар­хос­ти шаҳрванд Тураев М.М.) пешбинӣ гардидааст, зикр менамояд, ки дар қо­нунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Қонуни Ҷум­ҳу­рии Тоҷи­кистон «Дар бораи ҳимоя ва даст­­ги­рии дав­латии соҳибкорӣ» асос­ҳои ташкилию ҳуқуқӣ, шаклҳо ва принсипҳои асосии ҳимоя ва даст­гирии давлатии соҳибкорӣ, ҳа­вас­манд­гардонию тан­зими давлатии фаъо­ли­яти субъектҳои он ва қои­даҳои уму­мии ҳимояи фаъ­о­лияти соҳиб­корӣ муқар­рар гар­дидааст, ки мақсади он аз таъмини амалишавии қоби­ли­яту малакаи шахс барои пешбурди фаъолияти соҳиб­корӣ ибо­рат мебо­шад.

Дар Қонуни зикршуда доираи васеъи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои су­б­ъект­­­­ҳои соҳиб­­ко­рӣ муқар­­­­рар гардида, роҳҳои амалӣ намудани ҳи­мояи ҳу­қуқ ва манфи­атҳои қонунии онҳо тавассути содда на­м­­уда­ни тартиби бақайдгирӣ, маҳдуд кардани санҷиши фаъолияти суб­ъекти соҳиб­­корӣ, шикоят овардан ба суд, ҳисоб кардани собиқаи меҳ­на­тии соҳиб­кори инфиродӣ ва ѓ. пешбинӣ шудаанд, ки онҳо барои ҳимоя, дастгирӣ ва рушди со­ҳиб­корӣ нигаронида шудаанд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва даст­­ги­рии дав­латии соҳиб­ко­рӣ» ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ – фаъо­лияти ма­қо­моти дав­латӣ ва ҳимояи субъекти соҳиб­корӣ – ҳимояи ҳу­қуқу манфиатҳои қонунии субъекти соҳибкорӣ буда, онҳо дар за­ми­наи пр­ин­­­сип­ҳои конститутсио­нии кафолати ҳимояи ҳуқуқ ва таъмини фаъо­­ли­яти озо­ди суб­ъекти соҳибкорӣ, баробарҳуқуқии ҳамаи субъект­ҳои со­ҳиб­корӣ ва афза­лияти рушди соҳибкории хурд ва миёна ба амал ба­ро­вар­да меша­вад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006, №198 «Дар бо­раи рақобат ва маҳдудкунии фаъо­лияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» низ дар ҳифзи манфиатҳои субъектҳои хоҷагидорӣ, аз ҷумла ҳимоя ва даст­­­ги­рии дав­латии соҳибкорӣ ва субъекти соҳиб­корӣ тавассути фа­ро­ҳам овардани шароити ягонаи иқтисодӣ ва пешгирӣ кардани рақо­бати бевиҷдонона нақши арзанда дорад.

Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум) аз 30 июни соли 1999, №802 баробарии иштирокчиёни муносибатҳои гражданӣ, аз ҷумла фаъолияти соҳибкориро кафолат дода, соҳибкориро ҳамчун фаъо­лияти мустақили ба таваккали худ амалишавандаи шахсони ба чунин сифат бо тартиби муқарраркардаи қонун ба қайд гирифташудае маъни­дод мекунад, ки барои мунтазам ба даст даровардани фоида аз истифо­даи молу мулк, фурўши мол, иҷрои кор ё расонидани хизмат равона карда шудааст.

Қонунҳои зикршуда ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин­чу­нин санад­ҳои ҳуқуқии бай­нал­­милалие, ки Тоҷикистон онҳоро эъти­роф намудааст, иборат мебо­шанд.

Аз ин рў, муқаррароти онҳо ба тамоми ма­қо­мо­ти давлатӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ, ҳамчу­нин ҳимояву дастгирии дав­­ла­­тии соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои субъекти фаъолияти соҳибкорӣ ҳатмӣ буда, ба маз­муни мо­д­даҳои 10, 12 ва 14 Конс­ти­тутсияи Ҷум­ҳурии Тоҷикистон муво­фиқ мебошанд.

Аз ҷумла, қисми 2 моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки «Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансаб­дор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Консти­тутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд».

Тибқи моддаи 12 Конс­ти­тутсияи Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробар­ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳа­маи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад».

Дар моддаи 14 Конс­ти­тутсияи Ҷум­ҳурии Тоҷикистон бошад, муқар­­­­­­­­­рар шудааст, ки «Њуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳоки­мияти қонунгузор, иҷ­роия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд».

Суди конститутсионӣ бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, масъа­­лаи мав­риди баҳс қарордодаи муро­ҷи­ат­­кунандаро дида баромада, қайд ме­намояд, ки дар сархатҳои чорум, чордаҳум ва ҳабдаҳуми банди 2.4 Оинномаи КВД:

– «омода ва пешниҳоди ҳисоботи омории кори нақлиёти авто­мобилӣ ва хизматрасониҳои нақлиётию логистикӣ дар қаламрави Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон, новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идора­виашон»;

– «тибқи тартиби муқарраргардида таъмини корхонаю ташки­лот­ҳо ва ҷамъияту муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ, бо шумораи зару­рии шаклҳои тасдиқгардидаи варақаҳои роҳҳату борхат ва коркарди ин ҳуҷ­ҷатҳо»;

– «тибқи тартиби муқарраршуда ташкил ва гузаро­ни­дани озмун, (тен­дер), вобаста намудани хатсайрҳои мусофирбарӣ ва аз нав ҷоба­ҷогу­зории онҳо»;

банди 4.1:

– «Корхона ҳамчун мақомоти ваколатдор муносибатҳои худро бо шах­сони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли моликият дар ҳамаи соҳа­ҳои фаъолияти хизматрасонии нақлиёти автомобилӣ дар асоси шарт­но­ма, созишнома ва қарордодҳои ихтиёрӣ ба роҳ мемонад»;

сар­хатҳои якум, дуюм ва ҳафтуми банди 4.4:

– «аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки ба намудҳои гуногуни фаъолият дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ машѓул мебо­шанд, маълумотҳои заруриро талаб намояд»;

– «саривақт аз корхонаю ташкилотҳо, ширкатҳои нақлиётӣ даст­рас намудани маълумотномаҳои ҳисоботӣ оид ба фаъолияти бору мусо­фи­р­барию дигар намудҳои хизматрасониҳои нақлиётию логистикӣ ва пеш­ни­­ҳод намудани онҳо ба мақомотҳои дахлдор»;

– «тибқи тартиби муқарраргардида, бо мақсади пайдо намудани ҳу­қуқ оид ба хизматрасонӣ дар хатсайрҳои мусофирбарӣ байни интиқол­ди­ҳандагон гузаронидани озмун (тендер)-ро ташкил менамояд» меъёрҳое пешбинӣ гардидаанд, ки онҳо ба моҳият, табиат, фаъолият ва мақсади ҳуқуқии корхонаи воҳиди давлатӣ мувофиқ нестанд, ҳам­чунин дар қо­нун­­гузории Ҷумҳурии То­ҷикистон аз тарафи корхонаи воҳиди давлатӣ амалӣ намудани чунин ваколатҳо мавриди танзим қа­рор нагириф­тааст.

Чунончи, тибқи қисми 1 моддаи 125 Кодекси граждании Ҷум­ҳу­рии Тоҷикис­тон (қисми якум) ва қисми якуми моддаи 1 Қо­нуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон аз 28 фев­рали соли 2004, № 10 «Дар бораи кор­­хонаҳои давлатӣ» – корхонаи воҳиди давлатӣ – ташкилоти тиҷо­ра­тӣ буда, мақсади асосии он ба даст овардани фоида мебошад.

Аз ҷониби дигар, тибқи моддаи 3 Қонуни зикршуда – корхонаҳои воҳиди давлатӣ бо ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ташкил карда мешаванд ва пешбурди хоҷагидорӣ ҳуқуқи маҳдуди молии корхонаест, ки аз давлат амволро гирифта, дорои ҳуқуқи соҳибӣ, ис­тифода ва ихтиёрдорӣ карда­ни амволи гирифташуда мебошанд.

Тибқи муқаррароти Кодекси гражданӣ, корхонаи воҳиди давлатӣ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ субъекти муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ маҳсуб ёфта, фаъо­лияти худро дар баробари дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин дар доираи муқаррароти Кодекси гражданӣ ба роҳ мемонад.

Кодекси гражданӣ дар моддаи 1 пешбинӣ мекунад, ки қонунҳои гражданӣ вазъи ҳуқуқии иштирокчиёни аҳдҳои гражданиро муайян намуда, уҳдадо­риҳои шартномавӣ ва уҳдадориҳои дигар, инчунин муно­си­бат­ҳои дигари молу мулкиро, ки ба баробарӣ, мухторияти хоҳишу ирода ва мустақи­лияти молу мулкии иштирокчиёнашон асос ёфтааст, танзим менамояд.

Кодекси гражданӣ баробарӣ ва мустақилияти суб­ъет­­­­­­ҳои гражда­ниро яке аз принсипҳои асосии ҳуқуқи граж­­­данӣ эътироф намуда, ба амалишавии онҳо кафолати қонунӣ бахшида­аст ва пешбинӣ мекунад, ки шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқҳои ба онҳо тааллуқдошта бояд оқилона, одилона ва боинсофона талаботи дар қонунгузорӣ дарҷёфтаро риоя намоянд.

Вобаста ба ин, субъектҳои муносибатҳои гражданӣ, аз ҷумла фаъо­лияти соҳибкорӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, ҳамчунин самти фаъолият, аз ҳуқуқу уҳдадориҳои баробар бархўрдор буда, таҳти идора ва тобеияти ҳамдигар қарор додани онҳо ё худ аз ҷони­­­би онҳо доштани афзалият нисбат ба ҳамдигар истисно карда мешавад.

Дар моддаи 9 Қо­нуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи кор­­­хонаҳои давлатӣ» муқаррар гардидааст, ки муассис ё мақоми вако­­латдор соҳа ва мақсадҳои фаъолияти корхонаҳои давлатиро муайян карда, онҳоро дар оинномаи корхона бо дарназардошти та­лаботи қонуни зикр­шуда ва дигар санадҳои қонунгузорӣ пешбинӣ менамояд ва аз тарафи муассис ё мақоми ваколатдор ба кор­хонаи давлатӣ додани вазифаҳои давлатии назоратӣ ё иҷозатдиҳӣ манъ ме­бошад.

Қонунгузорӣ ҳамчунин самтҳои асосии фаъолияти корхонаҳои дав­ла­тиро муайян кардааст, ки онҳо аз ҳалли вазифаҳои иҷтимоию иқ­тисо­дӣ, ки талаботи ҷомеа ва давлатро муайян мекунанд, иборат ме­бошанд.

Вобаста ба ин, самтҳои асоси фаъолият ва вазифаҳои дар назди корхонаҳои во­ҳиди давлатӣ истода дар моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кор­­­хонаҳои давлатӣ» пешбинӣ гардидаанд, ки онҳо асо­сан аз истеҳсол ва таҳвили маҳсулот барои эҳтиёҷоти давлат, тайёр кардан ва фурўхтани доруворӣ, воситаҳои табобатӣ, таҷҳизот ва асбобҳои тиббӣ, анҷом додани фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи таъ­мини қувваи барқ, об, гармӣ ва газ, расонидани хизмат тавассути нақлиёти роҳи оҳан ва истифодаи умумӣ, интиқоли ҳавоии бор ва мусофирон, расонидани хизмати алоқа, дигар намуди хизматрасонӣ ва анҷоми фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ иборат буда, дар онҳо функ­сия ва вазифҳои ба мақоми ваколатдори давлатӣ хос (идо­ра­кунӣ, на­зо­ратӣ, танзимкунӣ ва иҷозатдиҳӣ­) пешбинӣ нагардидааст.

Суди конститутсионӣ қайд менамояд, ки сархатҳои чорум, чор­даҳум ва ҳабда­ҳуми банди 2.4, банди 4.1, сархатҳои якум, дуюм ва ҳаф­туми банди 4.4-и Оинномаи КВД меъёрҳои муқарраркунанда, тан­зим­­­кунанда, ҳамоҳангкунандаи тартиби фаъолият мебошанд, ки онҳо бояд аз ҷониби ма­қоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда шаванд.

КВД дар асоси моликияти давлатии ба ў вобаста­кар­дашуда бояд бо иҷрои кор ва хизматрасониҳои васеи соҳаи бору мусо­фир­ка­шо­нӣ машѓул шуда, тавассути рақобати озод ва баробар бо дигар субье­ктҳои хоҷаги­дори самти бору мусофиркашонӣ барои ба даст овар­дани фо­ида ва рушду нумўи минбаъдаи корхона кўшиш намояд. Вогузор намудани вако­лат­ҳои ба мақомоти давлатӣ хос, аз қа­били назорат, танзим ва иҷо­зат­диҳӣ ба КВД боиси ра­қо­бати бевиҷ­донона, бартарӣ ва нобаробарӣ миёни субъектҳои хоҷагидорӣ ме­гардад. Зеро, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи рақобат ва маҳдуд­кунии фаъо­лияти инҳи­сорӣ дар бозорҳои мол», ҳама гуна амали субъект­ҳои хоҷагидор, ки барои ба даст овардани афзалият дар фаъолияти соҳибкорӣ равона шудааст ва хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мебошад ва метавонанд ба дигар субъектҳои хоҷагидорӣ – рақибон зарар расонад ё расонидааст ё обрўи кории онҳоро паст мегардонад, рақобати бевиҷдонона маънидод карда мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки давлат ба фаъолияти озоди соҳибкорӣ, ҳам­чун воситаи муҳими руш­ду таҳкими иқтисодиёти кишвар, мусоидат ба вазъи иҷтимоӣ ва некўаҳ­волии халқ, ташкили ҷойҳои корӣ бо музди меҳнати мувофиқ, афзун гар­донидани истеҳсолот ва баамалбарории намудҳои гуногуни кору хизматрасонӣ муносибат дошта, тавассути санад­ҳои меъё­рии ҳуқуқӣ маҳдуд кардан ва халалдор сохтани фаъолияти қонунии субъект­ҳои ҳуқуқро, ки ба рушди иқтисодиёт мусоидат карда, ҷузъи муҳими рушди муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ маҳсуб меёбад, қатъиян манъ кар­дааст.

Чунончи, тибқи қисми якуми моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бо­раи рақобат ва маҳдудкунии фаъо­лияти инҳисорӣ дар бозори мол»:

«Ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳо­кимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот қабул на­мудани санад ё ба анҷом расонидани амалҳое, ки мустақилияти субъек­т­ҳои хоҷагидорро маҳдуд месозанд, шароити табъизӣ ё баръакс, им­конияти мусоидро барои фаъолияти субъектҳои хоҷагидори алоҳида фаро­ҳам меоранд, агар ин санад ва амалиёт боиси роҳ надодан, бар­тараф намудан ва маҳдудшавии рақобат, халалдор намудани ман­фи­атҳои субъектҳои хоҷагидор ё шаҳрвандон гарданд, манъ аст».

Меъёрҳои моддаи 6 Қонуни зикршуда тамоми он амалҳо, аз ҷумла якҷоя кардани вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидор, инчунин ба зиммаи субъектҳои хоҷагидор вогузоштани вази­фа ва ҳуқуқҳои мақомоти назорати давлатӣ, ки ба маҳдуд­кунии рақобат дар фаъолияти соҳибкорӣ оварда мера­сонанд, иҷозат намедиҳанд.

Аз ин рў, қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ ва дар он пешбинӣ наму­дани тартиб, шароит ва ҳолатҳо, инчунин ваколатҳои ба қонунгузорӣ но­мутобиқ, ки онҳо метавонанд монеаи рушди фаъолияти озоди иқти­содӣ ва умуман хоҷа­ги­дорӣ гарданд, инчунин мустақилияти субъектҳои хоҷагидориро маҳдуд ва халадор созанд, барои субъектҳои алоҳидаи хоҷагидорӣ бартарӣ ва шароити мусоид фароҳам оранд, ҳамчунин ба маҳдуд гаштани рақобат бурда расонанд, роҳ дода намешавад.

Қонуни Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва даст­­гирии дав­ла­тии соҳибкорӣ», ки тартиби ташкили фаъо­лияти соҳибкориро му­ай­ян мекунад, дар баробари ҳуқуқ, инчунин уҳда­дориҳои муайянеро низ ба зим­маи соҳибкорон вогузор намудааст, ки чунин тартиби масъа­ла­гузорӣ на маҳдуд кардани фаъолияти озоди соҳиб­корӣ, бал­ки инъикоси ман­фиа­­ти ҳам соҳибкор ва ҳам тар­тиботи ҳу­қуқӣ дар дав­лат ба шумор меравад.

Чунончи, аз тарафи соҳибкор риоя кардани қонунгузорӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ; таъмин намудани мутобиқати моли истеҳсолшуда (кору хизматрасонии анҷом­дода) ба талаботи қонунгузорӣ; бастани шартномаи меҳ­натӣ бо шаҳр­ван­доне, ки онҳоро ба сифати коргари кироя ба кор меги­рад ва ҳамчу­нин бо талаби коллективи меҳнатӣ бастани шартномаи кол­лективӣ; дар асоси меъёрҳои муқар­раргардида таъмини ҳифзи меҳнат, бехатарии экологӣ, санитарию эпи­де­миологӣ ва техникаи бехатарӣ; са­ри вақт ва пурра пардохт намудани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ ва ѓ., уҳда­дориҳое мебошанд, ки аз принсипҳои қонуният ва шаф­фо­фияти фаъо­лияти субъектҳои соҳибкорӣ, ки қонун­гузор муайян кар­дааст, бар­меоянд.

Моддаи 11 Қонуни Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дас­т­­­­­­­гирии дав­­латии соҳибкорӣ» ҳимоя ва даст­гирии давлатии соҳиб­ко­ри­ро аз ҷониби тамоми мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон ка­фо­лат дода, дар шакли ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молумулкӣ, молиявӣ, итти­ло­отӣ ва дигар шаклҳо амалӣ шудани онро муайян менамояд.

Дар низоми даст­гирии давлатии соҳибкорӣ назорати давлатӣ дар шакли бақайдгирии соҳибкорӣ, андозбандӣ, иҷозатномадиҳӣ ва иҷозат­диҳӣ, санҷиши фаъо­лияти субъектҳои соҳибкорӣ, бақайдгирии молу мулк, ҳисоботдиҳӣ, тан­зи­ми зиддиинҳисорӣ, мораторияи санҷиши фаъо­лияти субъектҳои соҳиб­корӣ ва дигарҳо мавқеи муҳим доранд. Аз ҳама муҳимаш назорат, иҷозатдиҳӣ, танзимкунӣ, манъкунӣ ва маҳдудкунии фаъолияти соҳибкорӣ тибқи қонун ва дар доираи қонун, инчунин на аз тарафи кор­хонаи воҳиди давлатӣ, балки аз ҷониби мақо­моти дахлдори ваколатдори давлатӣ ба амал ба­роварда мешавад.

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тибқи сархати ну­ҳуми банди 5 Низомномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2011, №250 тас­диқ шудааст, ваколатдор аст, ки ҷиҳати «гузаронидани чорабиниҳои зид­димонополӣ дар соҳаи нақлиёт ва рушди рақобати озод дар бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ тадбирҳои зарурӣ андешад».

Оинномаи нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2009, №696 тасдиқ гардида, асосҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти нақ­лиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онро дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ муайян мекунад, яке аз вазифаҳои асосии танзими давлатии фаъолияти нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии автомоби­лиро ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли моликият маънидод намуда, фароҳам овардани ша­рои­­ти муъта­дил барои инкишофи рақобатро аз усулҳои муҳими назорат ва танзими давлатии бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ эътироф мекунад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ваколати Вазорати нақлиёт дар хусуси вогузор наму­дани баъзе аз ваколатҳои худ ба зиммаи таш­килотҳои нақ­лиё­тии зертобеъ, ки аз сархати пан­­ҷуми бан­­­ди 6 Низом­номаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон аз 6 майи соли 2011, №250 бармеояд, қайд менамояд, ки вогузор намудани ваколат ба таш­ки­лотҳои нақ­лиё­тии зертобеи худ бояд пурра ва дар асоси тала­боти қонун­гузории амалкунанда сурат гирад. Яъне, ба КВД вогузор наму­дани ва­колати муайян бояд бо талаботи Кодекси граж­дании Ҷум­­ҳу­рии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии То­ҷи­­кистон «Дар бораи кор­­­хона­ҳои дав­латӣ» ва «Дар бо­раи рақо­бат ва маҳдуд­кунии фаъо­лияти инҳисо­рӣ дар бозори мол» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда шавад.

Њамин тариқ, тавассути Оиннома ба КВД вогузор намудани вако­лат­ҳои идоракунии ба қонун­гу­зории ам­ал­­­­­­ку­нанда ному­­во­фиқ, инчунин татбиқи ин ваколатҳо боиси маҳдуд кардани фаъо­лияти озоди соҳиб­ко­­рӣ, додани бар­тарӣ ба субъек­ти алоҳи­даи хоҷаги­дорӣ ва ба миён ома­дани рақобати бе­виҷ­­донона гардида, ка­фолати фаъолияти соҳибкории пеш­­бинина­мудаи моддаи 12 Консти­тутсияи Ҷум­ҳу­рии Тоҷи­кис­тон нис­бат ба Ҷамъ­ияти до­рои масъу­лияти маҳдуди «На­ҷот» халалдор карда шудааст.

Бинобар ин, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон сархат­ҳои чорум, чор­даҳум ва ҳабда­ҳуми банди 2.4, банди 4.1, сархатҳои якум, дуюм ва ҳаф­туми банди 4.4-и Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти авто­мобилӣ ва хизматрасонии логис­тикӣ»-ро ба моддаи 12 Консти­тут­сияи Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон номуво­фиқ арзёбӣ мекунад.

Њамзамон, Суди конститутсионӣ дархости иловагии Вазорати нақ­лиё­тро дар хусуси бори дигар мавқуф гузоштани баррасии парван­даи мазкур, бинобар надоштани асосҳои ҳуқуқӣ бе қаноат мемонад.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда ва бо дастрасии моддаи 89 Кон­­­с­­­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 6, 11, 34, 38, 40, 49, 55, 56, 58, 60 ва 61 Қонуни конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Суди конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди кон­с­­ти­­­тут­сио­нии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон,

Қ а р о р к а р д:

1. Сархатҳои чорум, чор­даҳум ва ҳабдаҳуми банди 2.4, банди 4.1, сархатҳои якум, дуюм ва ҳафтуми банди 4.4-и Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти авто­мобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», ки бо фармоиши Вазорати нақ­лиёти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 13 феврали соли 2013, №32 тасдиқ карда шудааст, ба моддаи 12 Конс­титутсияи Ҷумҳу­рии Тоҷикистон» мувофиқ намебошанд.

2. Қарор қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи қабулаш қувваи қонунӣ пайдо мекунад.

3. Қарори мазкур дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон, рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда ша­вад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода М.А.

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Њошимзода Д.Д.