«Дар бораи таъсиси Шўрои илмй-машваратй дар назди Суди конститутсионии Ҷумхурии Тоҷикистон»

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Таъиноти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009 «Дар бораи таъсиси Шўрои илмӣ-машваратӣ дар назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе «27» январи соли 2012

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя – котиб Каримов К.М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Ботирова Г.,

Бинобар тағйир ёфтани ҳайати Шўрои илмӣ-машваратӣ дар назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади таҳия ва омода намудани тавсияҳои илман асосноки масъалаҳои ҳуқуқ мутобиқи моддаи 47 ва 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шудааст:

таъин кард:

1. Ба Таъиноти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009 «Дар бораи таъсиси Шўрои илмӣ-машваратӣ дар назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйирот ворид карда шуда, Шўрои илмӣ-машваратӣ дар назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати нав иборат аз шахсони зерин таъсис дода шавад:

Сотиволдиев Р.Ш. – мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор (раиси Шўрои илмӣ-машваратӣ).

Аъзои Шўрои илмӣ-машваратӣ:

Тоҳиров Ф.Т. – Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор;

Насурдинов Э.С. – декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент;

Менглиев Ш.М. – мудири кафедраи ҳуқуқи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор;

Шарипов Т.Ш. – мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ;

Искандаров З.Ҳ. – мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент;

Шонасурдинов Н. – мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент;

Солеҳов К.Ҳ. – муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ;

Тағойназаров Ш.Т. – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессори кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиностии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Ойев Х. – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиностии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Элназаров Д. – мудири кафедраи фанҳои давлатӣ – ҳуқуқии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон – Россия, номзади илмҳои ҳуқуқ;

Мустафоқулов Ш.М.- судяи Суди конститутсионии дар истеъфобуда;

Муқбилшоев Б. – судяи Суди конститутсионии дар истеъфобуда;

Сафарова Н.Д. – судяи Суди конститутсионии дар истеъфобуда;

Хоҷаев И. – судяи Суди конститутсионии дар истеъфобуда;

Эмомов Н.Э. – судяи Суди конститутсионии дар истеъфобуда.

2. Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Шўрои илмӣ-машваратӣ дар назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва дигар маводҳои зарурӣ таъмин намояд.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумурии Тоҷикистон К. Каримов