Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости Амир Мухаммад Поянда Мухаммад

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Амир Муҳаммад Поянда Муҳаммад «Оид ба муайян намудани мувофиқати қисми 1 моддаи 12 Қонуни Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000 №325 «Дар бораи номгўи маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷойҳо муваққатан зист намудани шаҳрвандони паноҳҷўянда ва гурезагон мумкин нест» ба қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои 1-3 мод­даи 12 Пай­мони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи фитрӣ ва сиёсӣ, мод­даи 5 Кон­венсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ ва моддаи 26 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мақоми гурезаҳо»

шаҳри Душанбе 15 сентябри соли 2014

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси­кунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., судя-котиб Кари­мов К.М., судяҳо: Абдуллоев А.А., АбдуллоевЛ.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ –Ғаниев Ҷ.,

дар маҷлиси Суди конститутсионӣ гузориши судяҳои Суди конститутсионӣ Абдуллоев А.А. ва Каримов К.М.-ро оид ба дархости Амир Муҳаммад Поянда Муҳаммад «Оид ба муайян намудани мувофиқати қисми 1 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ва Қарори Ҳукумати Ҷум­ҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000 №325 «Дар бораи номгўи маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷойҳо муваққатан зист намудани шаҳрвандони паноҳҷўянда ва гурезагон мумкин нест» ба қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарқо­нуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои 1 – 3 моддаи 12 Паймони байнал­халқӣ доир ба ҳуқуқи фитрӣ ва сиёсӣ, моддаи 5 Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ ва моддаи 26 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мақоми гурезаҳо» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Амир Муҳам­мад Поянда Муҳаммад тавассути намояндагии адвокатҳои ваколатдор Ша­ри­­­пов А. ва Романов С. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки ў ва 9 нафар аъзои оилааш 30 майи соли 2012 аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба қаламрави Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ба сифати шахси паноҳҷўянда ворид гардиданд.

12 июли соли 2012 аз тарафи Комиссияи доимоамалкунандаи муш­тарак оид ба муайян­кунии мақоми гурезаи Хадамоти шинос­номадиҳӣ-бақайдгирии Вазорати кор­ҳои дохилии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ба онҳо шаҳодатномаи бақайд­гирии му­вақ­қатӣ дода шудааст.

Ў ва аъзои оилааш баъд аз гирифтани шаҳодатномаи муваққатии бақайдгирӣ аз 25 июли соли 2012 дар суроғаи ноҳияи Ҳисор ҷамоати Хонақои Кўҳӣ, шаҳраки Искич ба қайд гузошта шудааанд, аммо дар асл онҳо дар суроғаи шаҳри Душанбе кўчаи А. Сино хонаи №136/6 утоқи №31 ҳамчун иҷоранишин истиқомат мекарданд.

Моҳи январи соли 2013 ў ва аъзои оилааш барои гирифтани ма­қоми гуреза ба Комиссияи доимоамалкунандаи муштарак оид ба муайян­кунии мақоми гурезаи Хадамоти шинос­нома­диҳӣ-бақайдгирии Вазорати кор­ҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон бо ариза муроҷиат намуданд.

Комиссияи муштарак бо қарори №1 аз 25 январи соли 2013 бо такя ба моддаи 8.1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ба ў ва аъзои оилааш додани мақоми гурезаро рад кардааст.

Номбурда ба қарори зикршудаи Комиссия розӣ нашуда, 20 марти соли 2013 нисбати он бо ариза ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки Суди мазкур баъдан бо таъиноти худ аз 20 марти соли 2013 парвандаро бинобар сабаби даст кашидан ў аз ари­зааш, қатъ намудааст.

Моҳи марти соли 2013 ў ва аъзои оилааш такроран ба Комиссияи доимамалкунандаи муштарак бо дархост оид ба додани мақоми гуреза муроҷиат намуданд, ки Комиссияи мазкур муроҷиати онҳоро баррасӣ намуда, бо қарори №4 аз 25 апрели соли 2013 ба онҳо додани мақоми гуреза рад кардааст.

Комиссияи мазкур қарори худро бо он асоснок кардааст, ки муроҷиаткунандагон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон аз 26 июли соли 2000 №325 «Дар бораи номгўи маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷойҳои мувақ­қатан зист намудани шаҳрвандони паноҳҷўянда ва гурезагон мумкин нест»-ро риоя накар­данд.

Дархосткунанда қайд мекунад, ки ў ва аъзои оилааш ба қарори номбурда розӣ на­шуда, 24 майи соли 2013 қарори аз 25 апрели соли 2013 №4-и Комис­сияи зикршударо ба Суди но­ҳияи Синои шаҳри Ду­шанбе шикоят овардааст.

Бо қарори Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 17 июни соли 2013 қонеъ намудани аризаи даъвогии ў ва аъзои оилааш оид ба бекор намудани қарори Комиссияи доимамалкунандаи Вазорати корҳои дохи­лии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба риоя накардани талаботи қисми 1 сархати 2 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гу­резаҳо» ва Қарори Ҳуку­мати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000 №325 рад карда шудааст.

Бо қарори мазкур муроҷиаткунандагон розӣ нашуда, 12 июли соли 2013 бо шикояти кассатсионӣ ба Коллегияи кас­сатсионӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди шаҳри Душанбе муроҷиат намудаанд.

Бо қарори коллегияи кассатсионӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди шаҳри Душанбе, ҳалномаи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 17 июни соли 2013 бе тағйир мононда шудааст.

Дархосткунанда чунин мешуморад, ки банди 2 қисми 1 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гуре­заҳо», ки нисбати ў татбиқ шудааст, ба қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат доранд.

Ҳамчунин ба андешаи муроҷиаткунанда, банди 2 қисми 1 моддаи 12 Қонуни зикршуда ва Қарори номбаршудаи Ҳуку­мати Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ба қисмҳои 1-3 моддаи 12 Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи фитрӣ ва сиёсӣ аз 16 декабри соли 1966, моддаи 2 ва 5 Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ аз 21 декабри соли 1965, моддаи 26 Конвенсияи Созмони Миллали Мут­таҳид оид ба мақоми гурезаҳо аз 28 июли соли 1951 низ мухолиф мебо­шанд.

Чунончи, тибқи қисми 1 моддаи 12 Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи фитрӣ ва сиёсӣ:

«Ҳар касе, ки дар қаламрави ягон давлат ба таври қонунӣ қарор дорад, дар ҳудуди ин қаламрав ба рафтуомади озодона ва интихоби озоди маҳали зист ҳақ дорад».

Тибқи қисми 3 моддаи мазкури Паймон:

«Ҳуқуқи дар боло зикршуда наметавонад мавзўи ягон навъ маҳдудият қарор гирад, ғайр аз маҳдудияте, ки тавассути қонун пешбинӣ шудаанд ва барои ҳифзи амнияти давлат, тартиботи ҷамъиятӣ саломатӣ ё ахлоқӣ ё ҳуқуқ ва озодии дигарон заруранд ва бо дигар ҳуқуқ дар ҳамин Паймон эътирофшаванда мувофиқ мебошанд».

Тибқи моддаи 26 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мақоми гурезаҳо:

«Ҳар давлати аҳдкунанда ба гурезаҳое, ки қонунӣ дар қаламрави он қарор доранд, ҳуқуқи интихоби маҳалли исти­қомат ва ҳаракати озодро дар доираи қаламрави худ бо шарти риояи тамоми қоидаҳое, ки одатан нисбати хориҷиён дар ҳамин ҳолатҳо қобили истифодаанд, медиҳад».

Ҳамин тариқ, дархостдиҳанда иддао дорад, ки қисми 1 банди 2 мод­даи 12 Қо­нуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ҳуқуқ­ҳои ў ва аъзои оилаашро ҳамчун гуреза барои интихоб кардани ҷои исти­қомат ва Қарори Ҳукумати Ҷум­ҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000 №325 оид ба озодии ҳаракати гурезаҳо ва шахсони паноҳгоҳҷўянда маҳдуд менамоянд.

Бинобар ин, дархосткунанда аз Суди конститутсионӣ хоҳиш менамояд, ки оид ба дархости ў мурофиаи судии конс­титутсионӣ оғоз карда шуда, мувофиқати қисми 1 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи гурезаҳо» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000 №325 «Дар бораи номгўи маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷойҳо муваққатан зист намудани шаҳрвандони паноҳҷўянда ва гурезагон мумкин нест» ба қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, қисмҳои 1-3 моддаи 12 Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи фитрӣ ва сиёсӣ, моддаи 5 Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ ва моддаи 26 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мақоми гурезаҳо муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо ҳамаҷониба таҳлил ва мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки дархостдиҳанда Амир Муҳам­мад агарчи ҳамчун шаҳрванд субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ шуда тавонад ҳам, аммо дар дархости ў дар хусуси номутобиқатии қисми 1 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи гурезаҳо» ва Қа­рори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000 №325 «Дар бораи номгўи маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, ки дар он ҷойҳо муваққатан зист намудани шаҳр­вандони паноҳҷўянда ва гурезагон мумкин нест» ба қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷум­ҳурии Тоҷикистон номуайяние дида намешавад, ки он барои оғоз наму­дани мурофиаи судии конститутсионӣ ва пешбурди санҷиши консти­­тутсионӣ асос гардад.

Ҳамчунин, миёни меъёрҳои зикршудаи Қонун ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷум­ҳурии Тоҷикистон алоқамандии бевоситаи мантиқӣ ва мавзўӣ дида намешавад, ки он предмети муайян намудани мувофиқати меъёрҳои зикр­шуда ба Конститутсия гардида тавонанд.

Аз ҷониби дигар, масъалаи муайян намудани мувофиқати қонун ва дигар санадҳои меърии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, аз ҷумла қисми 1 моддаи 12-и Қонуни зикршуда ва Қа­рори номбаршудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санад­ҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда ба салоҳияти Суди конститутсионӣ маҳсуб нест. Зеро Суди конститутсионӣ на мувофиқати қонун ва дигар са­над­ҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эъти­рофшуда, балки танҳо мувофиқати қонун ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Конститутсия баррасӣ менамояд.

Дархост, инчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи сархати ша­шуми қисми 3 моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ нест, яъне ҳолат ва далелҳои мушаххас дар хусуси ба Конститутсия муво­фиқат надоштани меъёрҳои мушахаси мавриди баҳс қарордодашуда, ки муро­ҷиаткунанда талаб ва далелҳои худро ба онҳо асоснок менамоянд, аниқ ва мушаххас нишон дода нашудаанд.

Аз ин рў, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз на­мудани мурофиаи судии конститутсиониро аз рўи дархости мазкур би­нобар набудани асос барои баррасии парванда дар Суди консти­тут­си­онии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон рад менамояд.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи мод­даҳои 34, 40, 41, 44, 45, 55 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» Суди консти­тутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Амир Муҳаммад «Оид ба муайян намудани муво­фиқати қисми 1 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000 таҳти №325 «Дар бораи номгўи маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷойҳо мувақ­қатан зист намудани шаҳрвандони паноҳҷўянда ва гурезагон мумкин нест» ба қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷум­ҳурии Тоҷикистон, қисмҳои 1-3 моддаи 12 Паймони бай­налхалқӣ доир ба ҳуқуқи фитрӣ ва сиёсӣ, моддаи 5 Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ ва моддаи 26 Конвенсияи Созмони Миллали Мут­таҳид оид ба мақоми гурезаҳо» бинобар набудани асос барои баррасии парванда дар Суди консти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Боҷи давватӣ, ки 18 июли соли 2014 ба маблағи 40 (чил) сомонӣ дар БДА ҶТ «Амонатбонк» пардохт шудааст, ба муроҷиаткунанда баргардонида шавад.

4. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудзода

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов