Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба мурочиати шахрванд Миргулов О.К.
ТАЪИНОТ
дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба муроҷиати шаҳрванд Миргулов О.Қ. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисми якуми моддаи 121 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 221 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва додани тафсири расмӣ дар ин хусус»
ш. Душанбе «30» марти соли 2017
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., муовини Раис Каримзода К.М., судя-котиб Ҳошимзода Д.Д., судяҳо: Абдуллозода Л.И., Гулзор М.М. ва Зоирзода Ш.Ю.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Мусулмонов С.Ш.,
дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши муовини Раис Каримзода К.М. ва судяи Суди конститутсионӣ Ҳошимзода Д.Д.-ро аз рўи дархости шаҳрванд Миргулов О.Қ. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисми якуми моддаи 121 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 221 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва додани тафсири расмӣ дар ин хусус» шунида,
м у а й я н к а р д:
Шаҳрванд Миргулов О.Қ. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки шаҳрванд Паҳлавонова Л.Г. ҳамсари фарзандаш Миргулов Ф. ба шумор рафта, ақди никоҳи онҳо дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 16 октябри соли 2010 ба расмият дароварда шудааст. Баъд аз бастани ақди никоҳ онҳо дар манзили истиқоматии муроҷиаткунанда воқеъ дар шаҳри Душанбе, кўчаи Маяковский, хонаи №63, ҳуҷраи №70 истиқомат менамуданд. Дар муддати истиқомат дар ин манзил онҳо 11 июли соли 2011 соҳиби фарзанд Миргулова Н. гардидаанд. Сипас муносибати келинаш Паҳлавонова Л.Г. бо муроҷиаткунанда вайрон гардида, охирин аз ў хоҳиш намудааст, ки манзили истиқоматиашро холӣ
намояд. Бинобар ин, аз соли 2013 шаҳрванд Паҳлавонова Л.Г. бо шавҳараш Миргулов Ф. дар дигар манзили истиқоматӣ зиндагонӣ доранд ва дар ин муддат соҳиби фарзанди дуюм низ гардидаанд.
Шаҳрванд Паҳлавонова Л.Г. 11 ноябри соли 2016 нисбат ба муроҷиаткунанда бо аризаи даъвогӣ оид ба маскун намудан ба манзили истиқоматиаш ва ба қайд гузоштан дар он ба суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст ва парвандаи мазкур то ба ҳол дар мақомоти судӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.
Муроҷиаткунанда қайд мекунад, ки манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, кўчаи Маяковский, хонаи №63, ҳуҷраи №70 ба ў ҳамчун моликияти хусусӣ тааллуқ дошта, шаҳрванд Паҳлавонова Л.Г. танҳо як муддати муайян дар он истиқомат намудааст. Паҳлавонова Л.Г. дар аризаи даъвогиаш қисми якуми моддаи 121 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба асос гирифта, бо писари ў дар никоҳи расмӣ будан, доштани ду фарзанди ноболиғ ва дар манзили истиқоматии зикршуда муддати се сол истиқомат намудан бо пешбурди хоҷагии умумиро иброз доштааст.
Тибқи қисми якуми моддаи 121 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон «Аъзои оилаи молик ҳамсар ва фарзандони ҳамроҳашон доимӣ сукунатдошта ҳисоб меёбанд. Волидони зану шавҳар ва фарзандони онҳо, ки соҳиби оилаи худ мебошанд ва бо молик муқими зиндагӣ мекунанд, танҳо бо розигии тарафҳо метавонанд аъзои оилаи молик дониста шаванд». Аммо, Паҳлавонова Л.Г. дар манзили истиқоматии ў се сол зиндагонӣ накарда, бо ў хоҷагии умумиро пеш набурдааст.
Муроҷиаткунанда ҳамчунин иброз мекунад, ки Паҳлавонова Л.Г. муҳлати умумии даъворо низ, ки тибқи моддаи 221 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати се сол муқаррар шудааст, гузаронидааст. Чунончи тибқи моддаи 223 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашти муҳлати даъво асос барои рад намудани даъво аз ҷониби суд мебошад.
Ҳамин тавр шаҳрванд Миргулов О.Қ. пешниҳоди аризаи даъвогиро аз ҷониби Паҳлавонова Л.Г. ва қабулу баррасии онро аз ҷониби суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз номутобиқатии қисми якуми моддаи 121 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 221 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинад.
Бинобар ин, номбурда ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, хоҳиш намудааст, ки мутобиқати қисми якуми моддаи 121 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 221 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуда, вобаста ба ин масъала тафсири расмӣ дода шавад.
Суди конститутсионӣ дархости мазкур ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашударо мавриди омўзиш қарор дода, бо асосҳои зерин оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро аз рўи муроҷиати шаҳрванд Миргулов О.Қ. рад менамояд:
1. Баррасии масъалаи дар муроҷиат овардаи шаҳрванд Миргулов О.Қ. дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисми якуми моддаи 121 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 221 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вобаста ба ин масъала додани тафсири расмӣ ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб набуда, мавзўи баҳси конститутсионӣ намебошад. Тибқи моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионӣ на масъалаҳои ба ҳам мувофиқ будан ё набудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва додани тафсири расмӣ ба онҳо, балки дар асоси дархости субъектҳои ҳуқуқ масъалаи мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
2. Суди конститутсионӣ масъалаи дар дархости муроҷиаткунанда гузошташударо дар парванда аз рўи дархости шаҳрвандон Маҳмудов М. ва Маҳмудов Э. дида баромада, бо қарори худ аз 3 октябри соли 2011 моддаи 121 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба моддаи 32 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ арзёбӣ намудааст.
Дар ин маврид, тибқи сархати чоруми моддаи 45 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз асосҳои рад кардани оғози мурофиаи судӣ – ин аз тарафи Суди конститутсионӣ қаблан баррасӣ шудани масъалаи дар дархост зикршуда ва дар ин хусус мавҷуд будани санади судӣ мебошад.
3. Муроҷиат аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ набуда, ҳолат ва далелҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат надоштани меъёрҳои мушаххаси санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки муроҷиаткунанда талаб ва далелҳои худро ба он бояд асоснок намояд, дар муроҷиат пешниҳод нашудаанд.
Аз ин рў, Суди конститутсионӣ оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро оид ба муроҷиати шаҳрванд Миргулов О.Қ. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисми якуми моддаи 121 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 221 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва додани тафсири расмӣ дар ин хусус» бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб набудани баррасии масъалаи дар муроҷиат гузошташуда, нисбат ба масъалаи дар муроҷиат гузошташуда қаблан қабул шудани санади дахлдори Суди конститутсионӣ, инчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ набудани муроҷиат, рад менамояд
Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 34, 40, 41, 44, 45, 55 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
т а ъ и н к а р д:
1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба муроҷиати шаҳрванд Миргулов О.Қ. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисми якуми моддаи 121 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 221 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва додани тафсири расмӣ дар ин хусус» бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб набудани баррасии масъалаи дар муроҷиат гузошташуда, нисбат ба масъалаи дар муроҷиатгузошташуда қаблан қабул шудани санади дахлдори Суди конститутсионӣ, инчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ набудани муроҷиат, рад карда шавад.
2. Таъинот қатъӣ буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.
3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода М.А.
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Д.Д.