НАМУНАИ МУРОҶИАТ БА CK
Ба Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муроҷиаткунанда: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 42
ПЕ Ш Н И Ҳ О Д
Оид ба муайян намудани мутобиқати лоиҳаи тағйиру
иловаҳо
ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Лоиҳаи “Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо риояи талаботи моддаҳои 58 ва 99 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 9 ва 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади такмили меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Аминҷонова, М.Бобобекова, С.Дадаҷонова, М.Имомзода, Қ.Лоиқзода, А.Матобшоева, А.Насимов, Қ.Неъматзода, Н.Раҳмонова, Х.Сафарзода, А.Хайрулло, М.Чошбаев, Г.Ҷабборӣ, И.Шафеиён, Н.Шоев, Р.Шораҳматов ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Т.Азимзода, Х.Асозода, Ҷ.Ахмедов, Г.Бобоева, М.Ватанзода, А.Ғаффоров, Х.Суфиев, С.Усмонзода, К.Салимзода, Р.Қудратов, Ҳ.Қурбонзода, Р.Латифзода, Ҷ.Маҷидзода, Ҷ.Муртазоқулов, Г.Ашурова, М.Шарофиддинова, М.Рӯзадор, М.Сабурзода, Б.Сафаров, Фелалиев, А.Холиқзода, А.Холмуҳаммадзода, С.Шарипов, М.Қаландарзода, Ш.Сироҷов, Б.Садриддинов ва А.Раҳмонзода пешниҳод гардидааст.
Мутобиқи моддаи 101 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшударо месанҷад.
Аз ин рӯ, бо назардошти моддаи 10 ва 101 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, моддаҳои 34 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки вобаста ба пешниҳоди мазкур парвандаи конститутсионӣ оғоз карда, мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавандаро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.муайян намояд.
Замима: Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, тавзеҳнома, нусхаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2017 дар 10 нусха
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (имзо) Ш.Зуҳуров.