Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 2) 2018
Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ
дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.
(моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
АХБОРИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Маҷаллаи илмию иттилоотӣ
Сармуҳаррир:
Маҳмудзода М.А. Раиси Суди Конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор
Ҳайати таҳририя:
Каримзода К.М. муовини Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ
Ҳошимзода Д.Д. судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ
Сативалдыев Р.Ш. раиси Шўрои илмӣ – машваратии назди Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор
Искандаров З.Ҳ. узви Шўрои илмӣ – машваратии назди Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор
© Нашрияи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2018.
МУНДАРИҶА
Раҳимзода М.З. Асосҳои конститутсионии ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ……………………………………………………………..
Собирзода И.С. Масоили шаклҳои ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар дар қонунгузории оилаи Тоҷикистон…………………………………………..
Орипова М. Мақоми ҳуқуқии ҳамсарон дар низоми муносибатҳои шахсии ғайримолумулкӣ ……………………………………………….
Таъиноти Суди Конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Маҳмудов Р. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011, №722 «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба моддаҳои 10, 14, 31 ва 47 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»……………………………………………………………………….
Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости намояндаи ваколатдори шаҳрванд Исроилов П.Р. – Қодиров Ш.С. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»……………………………
Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости намояндаи ваколатдори шаҳрванд Исроилов Т.П. – Хидоятов Дж.В. «Оид ба муайян намудани мувофиқати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Навидҳои Суди Конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Навидҳои Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон…………. …
Раҳимзода М.З.
Доктори илмҳои ҳуқуқ,
профессор
АСОСҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҲУҚУҚИ
МАШҒУЛ ШУДАН БА ФАЪОЛИЯТИ
СОҲИБКОРӢ
Дар низоми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳуқуқ ба фаъолияти соҳибкорӣ, ҷои мустақилро ишғол менамояд. Машғул шудан ба он ифодаи озодии фаъолияти соҳибкорӣ буда, ҳамчун яке аз ҳуқуқҳои асосӣ ва озодиҳои бунёдии инсон ва шаҳрванд мебошад. Албатта, соҳибкорӣ бе меҳнат анҷом дода намешавад. Аз ин ҷо вай натиҷаи амалӣ шудани ҳуқуқи ҳар кас ба меҳнат ва интихоби касбу кор низ мебошад (м. 35 Конститутсияи ҶТ).
Агарчанде, ки ҳуқуқ ба фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун яке аз намуди ҳуқуқҳои иқтисодӣ дар моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита мустаҳакам карда нашуда бошад ҳам, вале вай аз моҳияти қисми 2 моддаи мазкур ба миён меояд, ки тибқи он давлат озодии фаъолияти иқтисодӣ, соҳибкориро кафолат медиҳад. Ҳамчун ҳуқуқи субъективии конститутсионӣ ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ чораи имкони рафтори шахс мебошад, ки бо санади меъёрии ҳуқуқӣ таъмин буда, барои ноил шудан ба мақсади дарназардошта равона карда шудааст. Мутаасифона, мазмуни ҳуқуқи мазкур дар фарқият ба ҳуқуқи моликият ва ҳуқуқ ба меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мушаххас, на ин ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар Кодекси гражданӣ ба ҳайси қисми таркибии мазмуни қобилияти ҳуқуқдории шаҳрвандон нишон дода нашудааст.
Озодона амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ бошад, унсури принсипи конститутсионии озодии фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкорӣ мебошад. Ин чунин маъно дорад, ки ҳар як шаҳрванд ҳақ дорад ҳамагуна тарзи амалӣ намудани фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкориро интихоб намояд. Чунончи, шаҳрванд метавонад корманди кироя бошад, қувваи кории худро барои истифода ба соҳибкор пешниҳод намояд, барои натиҷаи ниҳоии меҳнати худ таваккал ва ҷавобгариро ба зимма гирад. Ҳамзамон, бо ба даст овардани вазъи соҳибкори инфиродӣ ё бо иштирок дар ташкилоти тиҷоратӣ фаъолияти соҳибкориро амалӣ намояд. Қонунгузории амалкунанда ба ҳайси корманди кироя кор кардани шаҳрванд ва яку якбора анҷом додани фаъолияти соҳибкориро манъ накардааст. Вале дар асоси шартнома ва бо мақсади аз байн бурдани бархурди манфиатҳо дар байни субъектҳои соҳибкории рақобаткунанда мумкин аст дар асоси шартнома иштирок ва кори шаҳрванд дар фаъолияти онҳо маҳдуд карда шавад. Ҳамзамон шаҳрванд ҳангоми таъсис додани ташкилоти тиҷоратӣ ҳақ дорад мустақилона ва ё бо иштироки дигар шаҳрвандон ҳамон шакли ташкилии ҳуқуқии шахси ҳуқуқиеро интихоб намояд, ки дар қонун нишон дода шудааст ва барои анҷом додани намуди муайяни соҳибкорӣ ва мақсади дилхоҳи муассис мувофиқ аст.
Ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳамаи шахсон тааллуқ дошта, қисми муҳими қобилияти ҳуқуқдории шахс мебошад. Қобилияти ҳуқуқдорӣ аз тарафи давлат ба ҳамаи инсонҳо қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молумулк эътироф карда мешавад (м. 17 Конститутсия). Ҳамин тавр, ҳама дар ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ баробаранд.
Қобилияти ҳуқуқдории субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ умумӣ, маҳдуд, махсус ва истисноӣ мешавад. Қобилияти ҳуқуқдории умумӣ ба субъект имконият медиҳад, ки аз рӯи принсипи «Ҳар чи ки қонун манъ накардааст, равост» амал намояд. Чунин тартибот бо мақсади минбаъд ривоҷ додани мустақилияти хоҷагии онҳо, яъне гузариш аз қобилияти ҳуқуқдории махсус ба умумӣ пешгирифта мешавад. Дар асоси қ.1 м. 49 КГ ва м. 7 Қонуни ҶТ аз 26 июли соли 2014 «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ»[1] субъектҳои соҳибкорӣ – шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳои тиҷоратии резидент ва ғайрирезидент, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ), ки ба соҳибкорӣ машғуланд ба ғайр аз корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва намудҳои дигари ташкилотҳои дар қонун пешбинишуда метавонанд ҳама гуна фаъолятеро амалӣ намоянд, ки қонун манъ накардааст. Ҳамзамон, субъекти дорандаи қобилияти умумӣ дар ҳуҷҷатҳои таъсиснамоияш метавонад қобилияти ҳуқуқдорияшро маҳдуд (қобилияти ҳуқуқдории маҳдуд) намояд. Аз ин ҷо, аҳдеро, ки шахси ҳуқуқӣ хилофи ҳуҷҷатҳои таъсисии худ, ки онро аниқ маҳдуд кардааст, бастааст, суд метавонад беэътибор эътироф намояд(м.198 КГ).
Қобилияти ҳуқуқдории махсус бошад, ба субъект имконият медиҳад, ки фақат ҳамон намудҳои фаъолиятро амалӣ намояд ё ҳамон ҳуқуқҳоеро доро шавад, ки ба предмети фаъолияти ў мувофиқанд. Дорои қобилияти ҳуқуқдории махсус, корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мебошанд.
Дорои қобилияти ҳуқуқдории истисноӣ он субъектҳое мебошанд, ки фаъолияти интихобнамудаи онҳо тибқи қонунгузорӣ ба онҳо барои машғул шудан ба дигар намуди фаъолият ба онҳо тибқи қонунгузорӣ имконият намедиҳад.
Чунончи, тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” машғул шудани ташкилоти қарзӣ ба фаъолияти истеҳсолӣ, савдо ва бевосита ба фаъолияти суғурта манъ мебошад (м. 3), яъне ташкилоти қарзӣ дорои қобилияти истисноӣ мебошад. Дорои қобилияти ҳуқуқдории истисноӣ, инчунин ташкилотҳои суғуртавӣ мебошанд.
Қобилияти ҳуқуқдории субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ бо сабаби зарурияти гирифтани иҷозат барои машғул шудан ба баъзе намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ маҳдуд карда мешавад. Татбиқ намудани иҷозатномадиҳӣ ба намудҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкории ташкилотҳои тиҷоратӣ маъноӣ ба реҷаи қобилияти махсуси ҳуқуқдорӣ наздик будани фаъолияти онҳо мебошад. Вале ин ҳолат дар оинномаи субъектҳои хоҷагӣ дарҷ карда нашуда, аз ҷониби мақомоте, ки масъалаи мазкурро ҳал менамояд, амалӣ карда мешавад. Ҳангоми бе иҷозатнома анҷом додани фаъолияте, ки бояд иҷозатнома дошта бошад ташкилоти тиҷоратӣ бо тартиби маҷбурӣ бо ҳалномаи суд барҳам дода шавад(м. 62 КГ).
Ваколати қисмҳои таркибии ташкилотҳои хоҷагӣ маҳдуд мебошад. Онҳо дорои ваколати дохилихоҷагӣ мебошанд, ки ба онҳо имконият медиҳад дар муносибатҳои байни худи онҳо дар дохили ташкилот, инчунин байни онҳо ва умуман ташкилот иштирок намоянд. Ваколати дохилихоҷагӣ тибқи санадҳои меъёрии локалие, ки аз ҷониби ташкилот қабул карда мешаванд, муқаррар карда мешавад.
Бояд қайд намоем, ки барои пурра машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ, шахс на танҳо бояд дорои қобилияти ҳуқуқдорӣ, балки дорои қобилияти амалкунӣ, яъне субъекти ҳуқуқ (соҳибҳуқуқ) низ бошад. Яъне, вай бояд амали аҳамияти ҳуқуқидоштаро содир намояд ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ё шартнома имконияти ба зимма гирифтани ҷавобгариро дошта бошад. Қобилияти амалкунӣ бо фаро расидани балоғат, яъне пас аз расидан ба синни ҳаждаҳ, ба миён меояд (қ. 1 м. 18 КГ). Вале бо дарназардошти ҳолатҳои истисноӣ ва ҳуқуқи озодона интихоб намудани намуди фаъолият, аз ҷумла соҳибкорӣ, аз ҷониби ҳар як шахс, қонунгузор имконияти чунин интихобро вобаста ба сифати худи субъект медонад. Қонунгузор барои ин институти ҳуқуқии махсуси эмансипатсияро муқаррар кардааст. Қобилияти пурраи амалкунии гражданӣ тибқи қисми 1 моддаи 28 КГ ҶТ мумкин аст ба шаҳрванде дода шавад, ки ба синни 16 расидааст ва дар асоси шартномаи меҳнатӣ (қарордод) кор кунад ё бо розигии падару модар, фарзандхондагон ё парастор ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад. Дорои қобилияти пурраи амал (эмансипатсия) эълон кардани ноболиғ бо розигии падару модар, фарзандхондагон ё парастор бо қарори мақомоти васояту парасторӣ ё дар сурати набудани чунин розигӣ бо қарори суд сурат мегирад. Ҳамин тавр, барои он, ки ноболиғ тибқи қонунгузории Тоҷикистон соҳиби эмансипатсия гардад, шартҳои зерин зарур аст: аввало, хоҳиши ноболиғ оид ба машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ, сониян, розигии падару модар, фарзандхондагон ё парастор бо қарори мақомоти васояту парасторӣ, солисан, дар сурати набудани чунин розигӣ қарори (ҳалномаи) суд. Баъдан, ҳангоми мавҷуд будани шартҳои зикршуда онҳо бояд ба қайд гирифта шаванд. Аз лаҳзаи ба қайд гирифтан онҳо метавонанд ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд. Тибқи моддаи 51 КГ, шахси ҳуқуқӣ барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ бояд ба қайди давлатӣ гирифта шуда, маълумот дар бораи бақайдгирӣ, аз ҷумла бақайдгирии ташкилотҳои тиҷоратӣ ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкоронӣ инфиродӣ дохил карда мешавад. Шахси ҳуқуқӣ аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш, ки ҳамзамон дохил намудан ба Феҳристи ягонаи давлатиро дар бар мегирад, таъсисгардида дониста мешавад.
Мазмуни ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкориро ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои онҳо ташкил медиҳад. Онҳо аз рӯи табиати худ гуногун буда, дар соҳаи манфиатҳои оммавӣ ва ҳам хусусӣ қарор доранд. Маҷмӯи ҳуқуқ ва уҳдадорӣ вазъи ҳуқуқии соҳибкоро ташкил медиҳанд. Мазмуни ҳуқуқи субъективии соҳибкорро маҷмӯи салоҳиятҳои зерин ташкил медиҳад: 1). ҳуқуқи аз ҷониби худ содир намудани амал; 2). ҳуқуқи аз дигар кас талаб кардани иҷрои уҳдадорӣ ба манфиати соҳибкор; 3). имконияти аз ҷониби соҳибкор ҳимоя кардани манфиатҳои худ. Ҳамчун дорандаи қобилияти ҳуқуқдорӣ субъектҳои соҳибкорӣ ҳуқуқ доранд ҳамаи намуди фаъолияти соҳибкориеро, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, амалӣ намоянд; молу мулки корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ истифода намояд; дар фаъолияти хоҷагидории дигар субъектҳои соҳибкорӣ иштирок намояд; дар асоcи шартнома аз молу мулки шаҳрвандон истифода барад; барномаи фаъолияти хоҷагидориро тартиб диҳад, таҳвилдиҳандагони мол (кор, хизматрасонӣ)-ро интихоб намояд; барои эҳтиёҷоти давлат истеҳсоли мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ)-ро дар асоси шартнома ба анҷом расонад; суратҳисобҳои бонкӣ кушояд, амалиёти муҳосибӣ ва дигар амалиёти молиявиро анҷом диҳад; фоидаи аз фаъолияти соҳибкорӣ бадастовардаро ихтиёрдорӣ ва истифода намояд; бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз низоми таъминоти давлатии иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ истифода намояд; бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ иштирокчии робитаҳои хориҷии иқтисодӣ бошад, бо амалиёти асъорӣ машғул гардад; нархи моли истеҳсолнамуда (кору хизматрасонии анҷомдода)-ро дар доираи талаботи қонунгузорӣ мустақилона муайян намояд; якҷоя бо дигар субъектҳои соҳибкорӣ ассотсиатсияҳои (иттифоқҳои) субъектҳои сҳибкориро таъсис диҳанд ё ба онҳо шомил шаванд; дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок намояд; дар фаъолияти шӯроҳо оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирок намояд; ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти давлатии назоратӣ барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки дар риоя накардани ҳуқуқи субъекти соҳибкорӣ гунаҳкоранд, муроҷиат намояд; оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ ба мақомоти судӣ муроҷиат намояд; ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияти субъекти соҳибкорӣ, ки аз ҷониби мақомоти давлатии санҷишӣ ва назоратӣ анҷом дода мешавад, иштирок намояд ва бо маводи санҷишӣ бевосита ва ё тавассути намояндаи ваколатдори худ шинос шавад; дар хариди давлатии мол (кор, хизматрасонӣ) бо шартҳои баробар бо дигар иштирокчиён мутобиқи қонунгузорӣ иштирок намояд ва ғ. (м. 7 Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ”).
Субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дорои уҳдадориҳои муайян мебошанд. Онҳо уҳдадоранд, қонунгузорӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро риоя намоянд; мутобиқати моли истеҳсолшуда (кору хизматрасонии анҷомдода)-ро ба талаботи қонунгузорӣ таъмин намоянд; дар асоси қонунгузорӣ оид ба меҳнат бо шаҳрвандоне, ки онҳоро ба сифати коргари кироя ба кор мегиранд, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ва ҳамчунин бо талаби коллективӣ меҳнатӣ шартномаи коллективӣ банданд; барои муттаҳидшавии коргарони кироя ба иттифоқҳои касаба ва мақомоти дигари намояндагии онҳо бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии худ монеъ нашаванд; ба коргарони кироя на кам аз андозаи ҳадди ақалли музди меҳнати муқаррарнамудаи қонунгузорӣ музди меҳнат пардохт намояд; оид ба таъмини ҳифзи меҳнат, бехатарии экологӣ, санитарию эпидемиологӣ ва техникаи бехатарӣ дар асоси меъёрҳои муқарраргардида тадбирҳо андешанд; андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлатӣ сари вақт ва пурра пардохт намоянд; ҳангоми муфлисшавӣ иҷрои ӯҳдадориҳои худро дар назди қарздиҳандагон тибқи қонунгузорӣ таъмин намоянд; ба рақобати носолим ва фаъолияти инҳисорӣ роҳ надиҳанд; пешбурди дафтари бақайдгирии санҷиши фаъолияти субъекти соҳибкориро таъмин намоянд; барои амалигардонии намуди фаъолияте, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ё иҷозатномаро талаб менамояд, мутобиқи қонунгузорӣ ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ё иҷозатнома гиранд ва ғ.(м. 8.Қонуни ҶТ “Да бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ”).
[1] Ниг.: Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ. 2, мод. 404; с. 2015, №3, мод. 216; Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 с., №1436
Собирзода И.С.
Ректори Донишкадаи такмили
ихтисоси Вазорати адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
унвонҷўи Институти
сиёсатшиносӣ, фалсафа ва
ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов
МАСОИЛИ ШАКЛҲОИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ
ПАДАРУ МОДАР ДАР ҚОНУНГУЗОРИИ ОИЛАИ ТОҶИКИСТОН
Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 7 Конвенсияи ҳуқуқи кўдак, кўдак фавран пас аз таваллуд ба қайд гирифта мешавад ва аз лаҳзаи таваллуд ба ном ва гирифтани шаҳрвандӣ ҳақ дорад. Ҳамчунин, ба қадри имкон ҳақ дорад падару модари худро донад ва ба ғамхории онҳо ҳуқуқ дорад.
Ҳуқуқи ба ин монандро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак» аз 18 марти соли 2015, №1196 пешбинӣ менамояд. Мутобиқи қисми 1 моддаи 21 қонуни мазкур, кўдак ҳуқуқ дорад дар оила зиндагӣ кунад ва тарбия гирад, падару модарашро шиносад, аз ғамхорӣ ва тарбияи онҳо, ба истиснои ҳолатҳое, ки бар хилофи манфиатҳои ў мебошанд, баҳраманд шавад.
Барои пайдоиши чунин ҳуқуқу уҳдадориҳо мавҷудияти асоси комили ҳуқуқӣ талаб карда мешавад. Тибқи моддаи 48 КО Тоҷикистон, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар ва фарзандон ба аслу насаби фарзандон, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун тасдиқ шудааст, асос меёбад. Ин аслу насаб бо тартибе муқаррар карда мешавад, ки онро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2006, №188 «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» пешбинӣ кардааст.
Тибқи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, воқеияти модарӣ ҳангоми дар муассисаи тиббӣ таваллуд шудани кўдак бо маълумотномаи тиббии шаклаш муқарраршуда ва ҳангоми берун аз муассисаи тиббӣ таваллуд шудани кўдак бо нишондоди (аризаи) шахсе, ки бевосита ҳангоми таваллуди кўдак иштирок кардааст, муқаррар карда мешавад. Воқеияти падарӣ дар асоси шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ (агар падару модари кўдак дар ақди никоҳ қарор дошта бошанд) ё дар асоси аризаи шахсе, ки худро падари кўдак эътироф менамояд ва ё дар асоси ҳалномаи суд дар бораи муқаррар кардани падарӣ муайян карда мешавад (моддаи 16, 19).
Таҳлили таҷриба, бахусус таҷрибаи судӣ далолат медиҳад, ки тартиби мазкур на ҳама вақт роҳи ҳалли масъала буда, дар ҳолатҳои муайян баҳсҳои алоҳидаро оид ба муқаррар кардани воқеияти падарӣ ва модарӣ ва мушкилоти алоқаманд ба ин масъаларо заминагузорӣ менамояд. Бинобар ин, дар илми ҳуқуқи оилавӣ ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар мушкилоти рақами аввал буда, дар маркази таваҷҷуҳи муҳаққиқони сершумори ватаниву хориҷӣ қарор дорад. Ин бахусус дар шароити рушди назарраси илми тиб ва технологияҳои тиббӣ, аз равандҳои технологӣ қафо мондани қонунгузории оилавӣ возеҳ ба назар мерасад. Дар ин робита қайд кардан мумкин аст, ки ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар яке аз падидаҳои нисбатан баҳснок ва мубрами ҳуқуқи оилавӣ ба шумор меравад.
Он чиз қобили қабул гардидааст, ки ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои кўдак[1], ки дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва дохилидавлатӣ инъикос гардидаанд, иҷозат дода мешавад. Тартиби мазкур бо он асоснок карда мешавад, ки ҳуқуқҳои кўдак ва ҳимояи он соҳиби афзалият буда, зарурияти ҳимоя карда шудани ҳуқуқҳои падару модарро ба миён меорад.
Вобаста намудани ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар бо ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кўдак масоили худро дошта, наметавонад моҳияти аслии масъаларо ифода намояд. Омўзиши муқаррароти боби 12 КО Тоҷикистон ва таҳлили муқоисавии он бо муқаррароти боби 11 КО Тоҷикистон барои дар он хусус хулоса кардан асос мегардад, ки падару модар дар амалӣ қҳҳTG/span / lang=кардани ҳуқуқҳои худ мустақил буда, онро тибқи салоҳдидашон татбиқ менамоянд. Чунин ҳуқуқ нисбати падару модари ноболиғ низ муқаррар гардидааст, ки онҳо дар амалӣ намудани ҳуқуқҳои худ озод буда, ҳангоми ба миён омадани зарурат метавонанд ҳимоя карда шудани ҳуқуқҳои худро тариқи судӣ талаб намоянд. Чунончи, мавриди баҳс қарор додани далели эътирофи падару модарӣ ва ё бо тартиби судӣ муқаррар кардани воқеияти падарӣ ва модарӣ нисбати фарзанд.
Дар асоси моддаҳои 134-135 КМГ Тоҷикистон, барои оғоз намудани истеҳсолоти судӣ аризаи даъвогие асос мегардад, ки тибқи муқаррароти қонунгузории мурофиавӣ пешниҳод шудааст. Ин маънои онро дорад, ки агар падару модаре, ки ҳуқуқашон аз ҷониби иштирокчиёни дигари муносибатҳои ҳуқуқӣ поймол карда шудааст, бо аризаи даъвогӣ ба суд муроҷиат накунанд, мақомоти мазкур имконияти ҳимоя кардани ҳуқуқҳои онҳоро надорад. Чунончӣ, Миҷгонаи М. ба Суди ноҳияи Ҳисор бо аризаи даъвогӣ нисбати Назиров Ф. ва шахси сеюм Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдаки назди мақомоти иҷроияspan style=quot;Times New Roman Tjspan style=TG lang=TGи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор дар бораи муайян намудани маҳалли зисти кўдак муроҷиат намуда, аз суд хоҳиш кардааст, ки маҳалли зисти фарзанди умумии ноболиғи онҳо Назиров А., санаи таваллуд 10 апрели соли 2012 маҳалли зисти модараш муайян карда шавад. Суди ноҳияи Ҳисор дар асоси баррасии аризаи даъвогӣ ва ба инобат гирифтани хурдсолии фарзанди умумии ноболиғи даъвогар ва ҷавобгар, оилаи дигар барпо намудани ҷавобгар, бо ҳалнома аз 21 июли соли 2014 аризаи даъвогиро қонеъ кард[2].
Бо ба инобатгирии ваҷҳои овардашуда ва таҳлили муқоисавии онҳо бо муқаррароти қонунгузории оилаи Тоҷикистон хулоса кардан мумкин аст, ки ҳуқуқҳои падару модар хислати субъективӣ дошта, вобаста намудани онҳо ба ҳуқуқ ва манфиатҳои кўдак ба мақсад мувофиқ нест, чигунае, ки инро намояндагони алоҳидаи ҳуқуқи оилавӣ пешниҳод менамоянд. Лекин, бо ин яке аз хусусиятҳои муҳим ва калидии меъёрҳои ҳуқуқи оилавӣ – робитаи устувори ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон дар муносибатҳои оилавӣ инкор намегардад. Ин муқаррарот, – чи хеле ки А.В. Феоктистов қайд менамояд, – дар он зоҳир мегардад, ки меъёрҳои ҳуқуқи оилавӣ истифодаи таҳримотро на танҳо барои иҷрои номатлуби уҳдадориҳо, инчунин дар бештари ҳолат барои ба амал набаровардани ҳуқуқҳо низ пешбинӣ менамояд[3]. Чунончи, Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдаки назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи табобатии «Хонаи кўдакон»-и шаҳри Хуҷанд ба Суди шаҳри Конибодом бо аризаи даъвогӣ нисбати Раҳимова Ф. дар бораи маҳрум кардан аз ҳуқуқи модарӣ муроҷиат намуда, аз суд хоҳиш кардаанд, ки Раҳимова Ф. аз ҳуқуқи модариаш маҳрум карда шавад. Суди шаҳри Конибодом бо баррасии аризаи даъвогӣ ва ба инобат гирифтани воқеияти фурўши кўдаки ноболиғ Раҳимов Х., санаи таваллуд 6 июни соли 2012 ба маблағи 300 сомонӣ, иштирок накардани модар дар таълим ва тарбияи фарзанд, бо ҳалнома аз 5 марти соли 2015 Раҳимова Ф.-ро аз ҳуқуқи модариаш маҳрум кард[4].
Дар илми ҳуқуқи оилавӣ андешаҳое низ ба назар мерасанд, ки онҳо фаро расидани масъулиятро барои амалӣ накардани ҳуқуқҳои оилавӣ ба сифати таҳримот эътироф намекунанд. Масалан, С. Тағоева бо мавриди таҳлил қарор додани оқибатҳои номусоид ҳамчун шакли ҷавобгарии оилавӣ-ҳуқуқӣ, қайд менамояд, ки «фаро расидани масъулияти оилавӣ барои иҷро ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои худ аз ҷониби аъзоёни оила ё шахсоне, ки хоҳиши аъзои оила шуданро доранд, мумкин аст дар шакли оқибатҳои номусоид ифода карда шаванд, ки онҳоро ҳамчун маҳрум кардан аз ҳуқуқ ё маҳдуд кардан дар ҳуқуқ ё оқибатҳои номусоиди иловагӣ «банду баст кардан» ғайриимкон аст»[5].
Бо ин нуқтаи назар танҳо дар ҳамон қисме розӣ шудан мумкин аст, ки маҳрум ё маҳдуд карда шудан дар ҳуқуқ барои фаро расидани ҳамон оқибатҳои номусоиди ҳуқуқӣ боис гардида метавонад, ки бо қонунгузории амалкунанда пешбинӣ гардидаанд. Масалан, муошират карда натавонистани падар ё модар бо кўдак ҳангоми маҳрум гардидан аз ҳуқуқи падарӣ ё модарӣ. Лекин, банду баст накардани ин ҳамчун маҳрум гардидан аз ҳуқуқ ё маҳдуд гардидан дар он ғайриимкон аст.
Дуруст аст, ки «аз қонунгузории оила даъват ба амал оварда шудааст, ки аз ҷониби аъзои оила амалишавии бемонеаи ҳуқуқҳо ва ҳангоми зарурият ҳимояи судии ин ҳуқуқҳоро таъмин намуда, поймолшавии ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ба дахлнопазирии ҳаёти хусусӣ, сири шахсӣ ва оилавӣ … роҳ надиҳад»[6]. Лекин, қонунгузории оила бо муқаррар кардани меъёрҳои аксаран хислати диспозитивӣ, мавқеи «бетарафӣ»-ро ишғол кардааст, ки ин зимни танзим ва ҳимояи ҳуқуқҳои оилавии иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ, аз ҷумла падару модар мушкилоти муайяни назаррасеро эҷод менамояд. Чунончи, бо қонунгузории амалкунандаи оила пешбинӣ нагардидани чораҳои мушаххаси ҳуқуқҳимоявии оилавӣ-ҳуқуқӣ, иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи оилавиро водор менамояд, ки барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ аз муқаррароти дигар қонунгузориҳо истифода намоянд. Истифода шудан аз муқаррароти дигар қонунгузориҳо на ҳама вақт хусусиятҳои муносибатҳои ҳуқуқи оилавиро фаро гирифта, сатҳи дахлдори ҳимояи манфиати онҳоро кафолат медиҳад. Он чиз ба мақсад мувофиқ дониста мешавад, ки агар чораҳои ҳуқуқҳимоявӣ дар боби алоҳидаи КО Тоҷикистон мавриди танзим қарор гирифта, тарз ва шаклҳои онҳо мушаххас нишон дода шаванд.
Конститутсияи Тоҷикистон таҳти ҳимояи давлат қарор доштани оиларо ҳамчун асоси ҷамъият муқаррар карда, ҳуқуқи ҳар касро ба ташкили оила эътироф мекунад. Мардон ва занон ҳуқуқ доранд ҳангоми расидан ба синни никоҳӣ озодона ақди никоҳ баста, муносибатҳои оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳро тибқи принсипҳои баробарии мардон ва занон ҳаллу фасл намоянд (моддаи 33). Модар ва кўдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор дошта, падару модар барои таълим ва тарбияи фарзандон масъул мебошанд (моддаи 34). Ҳамин тавр, Конститутсия падарӣ ва модариро ба сифати арзиши марказии аҳамияти иҷтимоӣ эътироф менамояд, ки бояд таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор гирад[7].
Конститутсия гарчанде ҳуқуқи мардон ва занонро ҳангоми расидан ба синни никоҳӣ барои бастани ақди никоҳ ва ташкили оила муқаррар намуда, таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доштани оиларо ҳамчун асоси ҷомеа пешбинӣ менамояд, лекин ҳолатҳои алоқаманд ба масоили падарӣ ва модариро мавриди танзим қарор намедиҳад, гарчанде ин ҳуқуқ ҳуқуқи конститутсионӣ ба шумор меравад.
П. Рагойша дуруст қайд менамояд, ки ҳуқуқи падар ё модар будан ё ҳуқуқ ба падарӣ ё модарӣ ба ҷумлаи ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ дохил шуда, ҳуқуқи табиӣ ба шумор меравад ва мансуб ба ҳар кас мебошад[8]. Ин маънои онро дорад, ки инсон дар ҳалли масъалаи соҳиби фарзанд шудан комилан озод буда, онро бо назардошти салоҳдиди худ ҳаллу фасл менамояд. Дар ин самт ду ҳолати калидӣ: ҳуқуқӣ ва тиббӣ ба инобат гирифта мешавад.
Мутобиқи ҳолати якум, пайдоиши ҳуқуқи падару модарӣ ё падарӣ ва модарӣ ба таваллуди кўдак, ки воқеияти он бо тартиби муқарраркардаи қонун аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлатӣ – сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, алоқамандии зич дорад. Ба қайди давлатӣ гирифта нашудани воқеияти таваллуди кўдак наметавонад воқеияти падарӣ ё модариро аз нигоҳи ҳуқуқ тасдиқ намояд.
Вобаста ба ҳолати дуюми ба қайди давлатӣ гирифта шудани воқеияти таваллуди кўдак аҳамияти назаррас надошта, омили марказӣ ин расидан ба синни репродуктивӣ, рушди физиологӣ, қобилияти ҷинсӣ ва дигар нишондиҳандаҳои тиббӣ ба шумор меравад. Вобаста ба ин, ҳуқуқи падарӣ ва модарӣ аз қобилияти амалкунии шахс алоқаманд набуда, наметавонад бо шартҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ маҳдуд гардад.
Дар баамалбарории ҳуқуқҳои падару модар мавридҳои зикргардида аҳамият надошта, онҳо метавонанд ҳангоми татбиқи ҳуқуқи падару модар омили калидӣ бошанд. Чунончи, барои таҳти таъминоти худ қарор додани фарзанд аз ҷониби падару модар ба қайди давлатӣ гирифтани воқеияти таваллуди кўдак муҳим нест. Ҳангоми татбиқи ҳуқуқи падару модар барои интихоби муассисаи таҳсилоти томактабӣ ё миёнаи умумӣ мавҷудияти шаҳодатномаи таваллуд муҳим буда, асоси ҳуқуқиро талаб менамояд, ки дар намуди бақайдгирии давлатии воқеияти таваллуд ба амал бароварда мешавад. Вобаста ба ин, мутобиқи моддаи 48 КО ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модар ва фарзандон, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун тасдиқ шудааст, асос меёбад.
Дар доираи тадқиқоти илмӣ сухан маҳз дар бораи ҳамон ҳуқуқҳои падару модар меравад, ки воқеияти онҳо бо тартиби моддаи 48 КО ва дигар қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ муқаррар карда шудааст.
Ҳуқуқҳои падару модар нисбати фарзанд ба таври заминавӣ дар КО (фасли IV) танзим гардидааст. Ҳуқуқҳои падару модар, ки бо қонунгузории дигар, аз ҷумла ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кўдак, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд пешбинӣ гардидаанд, давоми мантиқии ҳуқуқҳои мазкур буда, аз он сарчашма мегиранд.
Тамоми ҳуқуқҳои падару модарро, ки бо қонунгузории Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, ба ду гурўҳи калон тасниф кардан мумкин аст:
1. Ҳуқуқҳои моддии падару модар. Ин гурўҳи ҳуқуқҳое эътироф мегарданд, ки нисбати падару модар имконияти бевосита ба амал баровардани ҳуқуқҳои худро медиҳанд. Масалан, муроҷиат ба бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳангоми таваллуди фарзанд. Ингуна ҳуқуқҳо бештар хислати заминавӣ дошта, барои амалишавии ҳуқуқҳои падару модар муосидат менамоянд.
2. Ҳуқуқҳои мурофиавии падару модар. Ин гурўҳи ҳуқуқҳое эътироф мегарданд, ки бо қонунгузории мурофиавӣ пешбинӣ гардида, ба падару модар имконияти намояндагӣ кардани ҳуқуқу манфиатҳои фарзандро дар муносибатҳои мурофиавӣ медиҳанд. Масалан, эътироф гардидани падару модар ба сифати намояндаи қонунӣ аз ҷониби қонунгузории мурофиавии гражданӣ (моддаи 54 КМГ). Дар доираи ин гуруҳи ҳуқуқҳо падару модар иштирокчии мурофиавӣ буда, аз номи фарзанд баромад менамоянд.
Новобаста аз оне, ки ҳуқуқҳои мавҷудаи падару модар кадоме аз ин гурўҳи ҳуқуқҳоро ташкил медиҳанд, бо омилҳои субъективию объективӣ алоқамандии зич дошта, дар пайвастагӣ бо онҳо ба амал бароварда мешаванд. Яъне ҳуқуқҳои падару модар дар амалишавӣ ва татбиқи худ бо омилҳои субъективӣ ва объективӣ асоси заминавии худро пайдо карда, мутобиқ ба онҳо ба амал бароварда мешаванд. Масалан, падару модар ҳуқуқ доранд, ки тибқи салоҳдид ва бо назардошти манфиатҳои кўдак муассисаи таълимии томактабиро интихоб кунанд. Субъектони раванди таълим ва тарбияи томактабӣ уҳдадоранд, ки дар амалишавии ин ҳуқуқ мусоидат намоянд.
Нисбати ин ду гурўҳи асосии ҳуқуқҳои падару модар ду шакли асосии умумиқабулшудаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои падару модар вогузор карда мешавад:
1. Шакли ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар. Фаъолияти ҳамагуна мақомоти давлатии бо тартиби муқарраркардаи қонун ваколатдоршуда – суд, прокуратура, васоят ва парасторӣ, корҳои дохилӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигарҳо, ки дар доираи салоҳияташон ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои падару модарро ҳангоми халалдоршавӣ ба амал мебароранд. Масалан, дар асоси аризаи прокурор маҳрум карда шудан аз ҳуқуқи падарӣ ё модарӣ.
2. Шакли ғайриҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар. Фаъолияти шаҳрвандон ва ташкилоти ғайридавлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои субъективӣ, ки бо тартиби муқарраркардаи қонун аз ҷониби шахсони манфиатдор мустақилона ба амал бароварда мешавад. Масалан, ба расмият даровардани созишнома дар бораи таълим ва тарбияи фарзанд аз ҷониби падару модаре, ки дар алоҳидагӣ истиқомат менамоянд ё ақди никоҳашонро бекор кардаанд.
Дар таҷриба он чиз қобили қабул гардидааст, ки шакли дуюми ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар бештар дар намуди худмуҳофизаткунии ҳуқуқ роиҷ дониста мешавад. Яъне намояндагони илми ҳуқуқи оилавӣ ин шакли ҳифзи ҳуқуқҳои падару модарро ба сифати фаъолияти худмуҳофизаткунии ҳуқуқҳо муайян менамоянд[9].
Қонунгузории оила гарчанде дар тафовут аз қонунгузории гражданӣ падидаи худмуҳофизаткунии ҳуқуқҳоро пешбинӣ наменамояд, бо вуҷуди ин зимин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо истифода шудани унсурҳои алоҳидаи онро истисно намекунад. Масалан, аз ҷониби ҳамсарон ба расмият даровардани аҳдномаи никоҳ, созишнома дар бораи таълим ва тарбияи фарзанд, созишнома дар бораи уҳдадории алиментӣ ва монанди инҳо.
Мушкилот на он қадар дар пешбинӣ нагардидани падидаи худмуҳофизаткунии ҳуқуқҳо бо қонунгузории оила аст, чи хеле ки дар то чӣ андоза самаранок будани ин падида дар танзими муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ, бахусус ҳуқуқ ва манфиатҳои падару модар зоҳир мегардад.
Бо таҳлил ва омўзиши таҷрибаи судӣ дар самти парвандаҳои оилавӣ ба хулоса омадан мумкин аст, ки самаранокии падидаи худмуҳофизаткунии ҳуқуқҳо дар муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ зери шубҳа буда, на ҳама вақт барои фаро расидани оқибатҳои ҳуқуқии қонеъкунандаи талаботи тарафҳо оварда мерасонад. Чунончи, омўзиши парвандаи оилавии №2-1062/0 бо аризаи даъвогии Миҷгонаи М. нисбати Назиров Ф. дар Суди шаҳри Ҳисор муайян намуд, ки онҳо дар давоми ҳамзистии якҷоя соҳиби ду фарзанд – Назирова Б., санаи таваллуд 15 сентябри соли 2010 ва Назиров А., санаи таваллуд 10 апрели соли 2012 мегарданд. Аз моҳи майи соли 2012 бинобар сабаби ба миён омадани сардӣ дар муносибатҳои оилавиашон дар алоҳидагӣ зиндагӣ мекунанд. Ҳамсарони собиқ ба мувофиқа мерасанд, ки фарзандони умумӣ дар як моҳ понздаҳ рўз дар назди модар ва понздаҳ рўз дар назди падар якнафарӣ меистанд. Бо сипарӣ гардидани понздаҳ рўз онҳо ҷойи истиқомати фарзандони умумиро иваз мекунанд. Новобаста аз мувофиқаи ҳосилшуда, нисбати модар аз ҷониби падар дар муошират бо фарзанд монеъа эҷод карда мешавад, ки ин барои бо аризаи даъвогӣ дар бораи муайян намудани маҳалли зисти кўдак муроҷиат кардан ба суд ва қонеъ гардидани он бо ҳалномаи Суди ноҳияи Ҳисор аз 21 июли соли 2014 асос мешавад.
В. Синайский нисбати шакли ғайрисудии ҳифзи ҳуқуқҳо дар доираи ҳуқуқи гражданӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, мавҷудияти онро ба сатҳи маданияти ҷомеа вобаста менамояд. Ба андешаи муҳаққиқ «истифодаи васеъ ва назарраси шакли ҳифзи ғайрисудӣ ба матлаб мувофиқ дониста мешавад, аммо шарти муҳим халалдор нагардидани олами иҷтимоӣ ба шумор меравад, ки ҷиҳати ҳимояи он ҳифзи судӣ таъсис дода шудааст. Муҳити маданӣ чӣ андоза баланд бошад, ҳифзи ғайрисудӣ ҳамон қадар васеъ бояд бошад»[10].
Барномаи ислоҳоти суддӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015, №327 тасдиқ шуда буд, муайян намуд, ки дар натиҷаи рушди босуръати соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа шумораи парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сол то сол зиёд шуда истодаанд. Чунин ҳолат боиси афзоиши сарбории судяҳо шуда, барои босифат ва дар муҳлатҳои муқарраршуда баррасӣ гардидани парвандаҳо метавонад таъсири манфӣ расонад.
Ба ин маъно, муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ ҳарчи бештар ба тарзҳои ғайрисудии ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳо эҳтиёҷ пайдо карда, зарурияти ба таври ҳуқуқӣ мустаҳкам карда шудани худро ба миён овардаанд. Ҷараёни рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ падидаҳои нави ҳалли баҳсҳои пайдошуда, чун медиатсия, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғ.-ро пешниҳод менамояд. Лекин, қонунгузории оилаи Тоҷикистон дар ин самт ба талаботи пешниҳодшаванда ҷавобгў набуда, илми ҳуқуқи оилавӣ ба ин раванд ба таври бояду шояд таваҷҷуҳ зоҳир намекунад, гарчанде сол аз сол шумораи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ майл ба болоравӣ доранд. Розӣ бояд шуд, ки «муддати даҳсолаҳо муносибати доктриналӣ тағйир ёфт ва ба падидаҳои ғайриҳуқуқии ҳимоя таваҷҷуҳи дахлдор дода нашудааст»[11].
Бо ин падидаҳои алоҳидаи худмуҳофизаткунии ҳуқуқ, ки бо қонунгузории оила пешбинӣ гардидаанд, ба монанди бастани аҳдномаи никоҳ, бастани созишномаҳо дар бораи уҳдадории алиментӣ, дар бораи иштирок дар таълим ва тарбияи фарзанд ва дигарҳо инкор карда намешавад. Лекин, он чиз зери шубҳа қарор дода мешавад, ки падидаҳои худмуҳофизаткунии бо қонунгузории оила пешбинишуда то чӣ андоза метавонанд ҳуқуқҳои падару модарро кафолат диҳанд. Чунончи, мутобиқи моддаи 24 КО Тоҷикистон, агар ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ муайян карда шавад, ки яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, суд вазифадор аст масъалаи таъмини иҷрои аҳдномаи никоҳро баррасӣ намояд. Тибқи қисми 3 моддаи 198 КМГ Тоҷикистон, ҳалнома дар доираи талаботи пешниҳоднамудаи даъвогар қабул карда мешавад. Ин дар ҳолатест, ки қонунгузории оила аз ҷониби суд баррасӣ шудани ин масъаларо новобаста аз талаботи даъво пешбинӣ менамояд.
Боиси инкор нест, ки «ҳимояи ҳуқуқии оила дар маҷмуъ бо соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ ба танзим дароварда мешаванд, зеро оила таҳти ҳимояи давлат қарор дорад»[12]. Баробари ин, бояд ба инобат гирифта шавад, ки «ҳар як соҳаи ҳуқуқ ҳангоми таъсиррасонӣ ба муносибатҳо бо иштироки оила усули таъсиррасонии худро дорад»[13]. Ин дар навбати дигар аҳамиятнокии андешаи муҳаққиқонеро, ки истифода шудани талаботи қонунгузории дигар, бахусус қонунгузории гражданиро нисбати муносибатҳои оилавӣ мутобиқ ба муқаррароти қонунгузории оила дуруст мешуморанд, то андозае коста мегардонад[14]. Масалан, А. Григоров дар асоси таҳлили тарзҳои худмуҳофизатӣ дар ҳуқуқи оилавӣ қайд менамояд, ки «моддаи 14 КГ Федератсияи Россия дар мавриди татбиқи худмуҳофизатӣ муқаррароти умумиро пешбинӣ менамояд, ки онро аз нуқтаи назари мо мумкин аст ҳангоми истифодаи худмуҳофизатӣ дар аксар соҳаҳои ҳуқуқи хусусӣ истифода кард»[15].
Қонунгузории гражданӣ дар мавриди муқаррар намудани воситаҳои худмуҳофизатӣ хусусиятҳои муносибатҳои ҳуқуқи гражданиро ба инобат гирифта, онҳоро мутобиқ ба ин хусусиятҳо пешбинӣ менамояд. Муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ дар фарқият аз муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ хислати муносибатҳои ба боварӣ асосёфтаро дошта, асоси хоси пайдоиш – бастани ақди никоҳ, таваллуди фарзанд, фарзандхонӣ ва м.и. соҳиб аст. Зиёда аз ин, муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолмулмулкӣ дар муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ доираи мушаххаси иштирокчиёнро дошта, вобастагии муносибатҳои молу мулкӣ аз муносибатҳои шахсии ғайри молу мулкӣ ба назар мерасад[16]. Масалан, бастани ақди никоҳ дар мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ва пайдоиши моликияти умумӣ ва шахсии ҳамсарон.
Бо ин истифодаи муқаррароти қонунгузории гражданӣ нисбати муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ куллан рад намегардад. Он чиз мавриди баҳс қарор дода мешавад, ки истифодаи муқаррароти қонунгузории гражданӣ дар қисмати худмуҳофизаткунии ҳуқуқҳо нисбати муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ, бахусус ҳангоми ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати қонунии падару модар то кадом андоза ба мақсад мувофиқ дониста мешавад. Масалан, ҳангоми аз ҷониби яке аз падару модар ба муқобили тарафи дигар шўронидани фарзанд. Чунончи, Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зимни баррасӣ кардани аризаи даъвогии Мирсаидов Х. нисбати Ҳоҷиева М., шахси манфиатдор Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдаки назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар бораи муайян намудани маҳалли зисти кўдак, муқаррар кард, ки фарзанди умумии ноболиғ Мирсаидов Хисрав, санаи таваллуд 31 июли соли 2003, таҳти фишори равонӣ нисбати модар мавқеи хилофро ишғол карда, розигии худро барои истиқомат ҳамроҳи падар баён кардааст. Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ин назардошт қонеъ намудани аризаи даъвогиро бо ҳалнома аз 19 феврали соли 2014 рад кард.
Таҳлили муқоисавии қонунгузории оилавӣ ва қонунгузории гражданӣ нишон доданд, ки дар чунин маврид тарзи мушаххаси худмуҳофизаткунӣ пешбинӣ нагардидааст. Моддаи 14 КГ Тоҷикистон бо муқаррар кардани он ки «Худмуҳофизаткунии ҳуқуқи гражданӣ роҳ дода мешавад. Роҳҳои худмуҳофизат бояд ба ҳуқуқвайронкунӣ мувофиқ буда, аз ҳадди амалҳое, ки барои пешгирии он заруранд, нагузарад», маҳдуд мегардад. Нисбати ин моддаи 56 КО Тоҷикистон ва моддаи 22 Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак» муқобил қарор мегиранд. Дар асоси моддаҳои мазкур, кўдак нисбати худ ҳуқуқи муоширатро бо падару модар, бобову бибӣ ва дигар хешу ақрабо нигоҳ медорад.
Аз ҷониби падару модар ё яке аз онҳо манъ карда шудани муоширати кўдак бо падару модар ё хешу аquot;Times New Roman TjMsoNormal/pқрабо вобаста ба асосҳои зикргардида, барои бо аризаи даъвогӣ дар бораи бартараф кардани монеъа ба суд муроҷиат намудани шахсони манфиатдор асос мегардад. Бо тартиби судӣ бартараф карда шудани монеъа, амалан маънои аз ҷониби падару модар, хешу ақрабо идома додани поймолсозии ҳуқуқҳои падару модарро дар назар дорад. Моддаҳои 69 ва 73 КО Тоҷикистон ба сифати асоси ҳимояи ҳуқуқҳои тарафи дигар (ҷабрдида) ба муқобили тарафи дигар шўронидани фарзандро пешбинӣ наменамоянд. Дар чунин ҳолат ва ҳолатҳои дигари ба ин монанд, нисбати падару модар ё яке аз онҳо муқаррар шудани ҳуқуқ ба манъ намудани муоширати кўдак бо падару модар ё хешу ақрабо, ки амалишавии ҳуқуқи падару модарро бо чунин тарз халалдор месозанд, ба мақсад мувофиқ дониста мешавад.
Мавриди қайд аст, ки ҳуқуқҳои падару модар хислати доимӣ дошта, дар реҷаи низоми воқеӣ амалӣ карда мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки барандагони ин ҳуқуқ ҳақ надоранд ҳуқуқҳои худро ҷиҳати амалигардонӣ ба шахсони сеюм вогузор намоянд. Вобаста ба ин, «ҳифзи ҳуқуқҳои оилавӣ низоми чорабиниҳоеро дар назар дорад, ки барои барқарорсозии ҳуқуқҳои поймолшуда, эътироф ва пешгирисозии ҳуқуқвайронкуниҳо, татбиқи таҳримот нисбати ҳуқуқвайронкунандагон ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо нигаронида шудаанд»[17]. Дар ин робита, ҳуқуқи оилавӣ дар шароити муосири пешрафт нисбати воситаҳои алтернативии ҳаллу фасли мушкилоти ҳуқуқҳои падару модар, ба монанди кумитаҳо ва шўроҳои маҳалла, шахсони обрўманду рўзгордида ва ғ. таваҷҷуҳ зоҳир менамояд, ки самаранокии чунин воситаҳо аллакай исботи худро дар пешгирисозии зўроварӣ дар оила пайдо кардаанд. Ба андешаи муаллиф, ба сифати чораҳои худмуҳофизаткунии ҳуқуқ дар қонунгузории оилавӣ пешбинӣ шудани падидаҳои зикргардидаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, метавонанд дар ҳалли мушкилоти алоқаманд ба ҳимояи ҳуқуқҳои падару модар нақши марказиро бозида, фарорасии ҳамон оқибатҳоеро замина гузоранд, ки ифодакунандаи манфиати тарафҳо бошанд.
Албатта, дар низоми шаклҳои ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар нақши калидӣ насиби ҳифзи судии ҳуқуқҳои падару модар буда, таъсири назаррасро ба ҳуқуқҳои падару модар боқӣ мегузорад. Масалан, дар мавриди ба таври судӣ муайян шудани маҳалли истиқомати кўдак, маҳрум карда шудан аз ҳуқуқҳои падару модар ва ғ., тарафҳо чунин роҳи ҳалли масъаларо қабул карда, дар минбаъда иҷроиши бечунучарои онро таъмин менамоянд. Лекин, хусусияти муносибатҳои оилавӣ чунин аст, ки тартиби судии ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар на ҳама вақт натиҷаи дилхоҳ дода метавонад. Нисбати сифати баррасии парвандаҳои оилавӣ шумораи ками воҳиди кории судя, сарбории зиёд нисбати ҳар як судя, муҳлати баррасии парванда таъсири бевосита мерасонанд[18].
Ба сифати мушкилоти асосии муносибатҳои оилавӣ он чиз баромад менамояд, ки падару модар аксар вақт таҳти ҳуқуқҳои падару модар барои ҳалли мушкилоти шахсии худ кўшиш ба харҷ медиҳанд. Ин дар ҳолатҳои алоҳида метавонад барои бо фоҷиа анҷом ёфтани ҳолати кор оварда расонад. Чунончи, баҳси байни ҳамсарони собиқ М. Ятимова ва Б. Ширинов оид ба тақсими молу мулк ва муайян кардани ҷойи истиқомати фарзандон ба он боис гардид, ки Б. Ширинов собиқ ҳамсари худ М. Ятимоваро ба таври бераҳмона ба ҳалокат расонид[19].
Дар низоми судии Тоҷикистон бо аввалин Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон[20] Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ таъсис дода шуд. Бо таъсисёбии коллегияи мазкур, дар баррасии парвандаҳои оилавӣ баъзе дигаргуниҳо ба миён омаданд. Дигаргуниҳо ҳанўз қаноатбахш набуда, гузаронидани корҳои зиёдеро талаб менамояд. Ин бо он алоқаманд аст, ки Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ дар сатҳи зинаи кассатсионӣ ва назоратӣ фаъолият карда, зинаи якумро дар бар намегирад. Бинобар ин, «зарур аст, ки барои пешгирисозии мухолифатҳо дар оила, ки барои парокандашавии оила боис гардида метавонанд, амали мақомоти давлатӣ, сохтори ҳокимияти иҷроия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамоҳанг карда шавад»[21].
Ҳамин тавр, дар асоси таҳлилҳои боло, барои такмили механизми шаклҳои ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар зарур дониста мешавад:
1. Дар доираи боби алоҳидаи КО Тоҷикистон мавриди танзим қарор додани шаклҳои ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар бо додани хислати омирона нисбати онҳо. Қонунгузории оиларо зарур аст ҳангоми танзими чунин муносибатҳо, нисбати кафолатнокии шаклҳои ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намояд. Бо воситаҳои мушаххаси ҳуқуқӣ кафолатнок нагардидани шаклҳои ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар аҳамияти онҳоро коста намуда, самаранокии ин механизмро ба сифр баробар менамояд.
2. Пешниҳод мешавад, ки ҳолати номуайянии шаклҳои ҳифзи ҳуқуқи падару модар бартараф гардида, низоми он мушаххас нишон дода шавад. Назарияи ҳуқуқи оилавӣ ду шакли асосии ҳифзи ҳуқуқи падару модар: шакли ҳуқуқӣ ва ғайриҳуқуқии онро фарқ менамояд, ки баъзан вақт ҳамчун шакли судӣ ва ғарисудии ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар ном бурда мешаванд.
Ба андешаи муаллиф дар шакли зерин ифода намудани шаклҳои ҳифзи ҳуқуқи падару модар ба мақсад мувофиқ буда, метавонад механизми ҳимояи онро пурра намояд:
а) шакли судии ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар, ки танҳо мақомоти судиро дар бар мегирад;
б) шакли маъмурии ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар, ки ҳамаи мақомоти ғайрисудии давлатӣ, масалан, прокуратура, корҳои дохилӣ, васоят ва парасторӣ ва монанди инҳоро дар бар мегирад;
в) шакли худмуҳофизатии ҳуқуқҳои падару модар, ки мустақилона аз ҷониби падару модар, дар доираи қонун, бо салоҳдиди худ муайян ва интихоб карда мешавад;
г) шакли иҷтимоии ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар, ки алоқаманд ба шахсони обрўманд, мақомоти худфаъолиятии ҷамъиятӣ мебошанд.
3. Вобаста ба оне, ки сарбории мақомоти судӣ зиёд буда, самаранокии онро дар ҳимояи ҳуқуқҳои падару модар бетаъсир монда наметавонад, пурзўр карда шудани фаъолияти мақомоти маъмурии давлатӣ, бахусус мақомоти васоят ва парасторӣ, корҳои дохилӣ, кор бо занон ва оила, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва монанди инҳо мувофиқи мақсад дониста мешавад. Барои ин зарур аст, ки нақши мақомоти маъмурӣ дар пешгирии мухолифати оилавӣ, ки аксар бо амалишавии ҳуқуқҳои падару модар алоқаманд аст, пурзур карда шавад.
[1] Ниг.: Пчелинцева Л.П. Семейное право. М., 2004. С. 262.
[2] Ҳалномаи Суди ноҳияи Ҳисор бо парвандаи №2-1062/0 аз 21 июли соли 2014.
[3] Ниг.: Феоктистов А.В. Основные вопросы судебной защиты семейных прав // Вестник ПензГУ. 2013. №4. С. 64.
[4] Ҳалномаи Суди шаҳри Конибодом бо парвандаи №2-24-2015 аз 5 марти соли 2015.
[5] Ниг.: Тагаева С.Н. Сущность семейно-правовой ответственности (по материалам Республики Таджикистан). Душанбе: Ирфон, 2012. С. 99.
[6] Ниг.: Воробьева И.В. Правовая защита семьи как основное направление реализации концепции государственной семейной политики в Российской Федерации на период до 2025 г // Вестник РГГУ. Серия «Экономика. Управление. Право». 2016. №1 (3). С. 108.
[7] Ақидаҳои ба ин монанд инчунин аз ҷониби муҳақиқони дигар низ пешниҳод мегардад. Онҳо аҳамиятнокии падарӣ ва модариро қайд намуда, таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор доштани онро пешниҳод менамоянд. Дар ҳолати акс вай метавонад пешрафти минбаъдаи ҷамъиятро ба таври назаррас халалдор намояд. Ниг.: Рагойша П.В. Обеспечение охраны отцовства в трудовом праве: проблемы законодательного регулирования // Современные проблемы трудового права и права социального обеспечения: материалы междунар. науч.-практ. конф. (г. Минск, 22-23 июня 2006 г.) / науч. ред. А.А. Войтик [и др.]. Минск: БГУ, 2006. С. 301-304.
[8] Ниг.: Рагойша П.В. Родительские права и обязанности в контексте реализации прав на материнство и отцовство: проблема дефиниции момента возникновения [Электронный ресурс] // Режим доступа: http://center.gov.by/nauchnaya-i-analiticheskaya-rabota/publikatsii-rabotnikov-tsentra/kommentarii-zakonodatel-stva/roditel-skie-prava-i-obyazannosti-v-ko/ (дата доступа: 05.10.2018).
[9] Ниг.: Пчелинцева Л.П. Семейное право. Москва, 2004. С. 269; Геворгян М.А. Некоторые теоретические аспекты самозащиты как способа защиты семейных прав // Вестник Пермского университета. Юридические науки. 2014. №4 (26). С. 102-110; Григоров А.А. Способы самозащиты в семейном праве // Вестник КГУ. 2016. №3. С. 237-240; Худояров Б. Т. О некоторых вопросах применения норм материального и процессуального права в семейно-правовых отношениях // Вестник Пермского университета. Юридические науки. 2014. №1 (23). С. 164-171 ва диг.
[10] Ниг.: Синайский В.И. Русское гражданское право. Москва: Статут, 2002. С. 184.
[11] Ниг.: Геворгян М.А. Некоторые теоретические аспекты самозащиты как способа защиты семейных прав. С. 103.
[12] Ниг.: Худояров Б. Т. О некоторых вопросах применения норм материального и процессуального права в семейно-правовых отношениях // Вестник Пермского университета. Юридические науки. 2014. №1 (23). С. 165.
[13] Ниг.: Худояров Б. Т. О некоторых вопросах применения норм материального и процессуального права в семейно-правовых отношениях. С. 165.
[14] Қонунгузории оилаи аксар давлатҳо дар моддаи алоҳида нисбати муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ истифода шудани муқаррароти қонунгузории гражданиро пешбинӣ менамояд. Масалан, моддаи 6 КО Ўзбекистон, моддаи 5 Кодекси Қазоқистон оид ба никоҳ ва оила», моддаи 5 КО Қирғизистон, моддаи 4 КО Тоҷикистон ва диг.
[15] Ниг.: Григоров А.А. Способы самозащиты в семейном праве // Вестник КГУ им. Н.А. Некрасова. 2016. №3. С. 237.
[16] Муфассал ниг.: Маҳмудзода М. Ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳамсарон дар оила.
[17] Ниг.: Гражданское право // под ред. А.П. Сергеева. Москва: РГ-Пресс, 2014. С. 308.
[18] Тибқи далелҳои оморӣ дар Тоҷикистон ба ҳолати 13 июни соли 2018 485 воҳиди кории судя вуҷуд дорад, ки аз ҷониби онҳо дар як сол ба ҳисоби миёна 800 парванда ва дар як моҳ 66 парванда баррасӣ мегардад. URL.: https://news.tj/ru/news/tajikistan/society/ 20180613/vibor-dlya-sudi-malenkaya-zarplata-chestnoe-sudeistvo-ili (санаи дастрасӣ: 09.10.2018)
[19] URL.: https://news.tj/ru/news/tajikistan/laworder/20180924/ubivshii-s-osoboi-zhestokostyu-zhenu-sin-generala-priznal-sebya-vinovnim-chastichno (санаи дастрасӣ: 09.10.2018)
[20] Ниг.: Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007, №271 тасдиқ шуда буд.
[21] Ниг.: Старосельцева М.М. К вопросу о судебной защите родительских прав // Вестник БелЮИ МВД России. 2011. №2. С. 27.
Орипова М.
Унвонҷўйи Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон
МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ ҲАМСАРОН ДАР НИЗОМИ МУНОСИБАТҲОИ ШАХСИИ ҒАЙРИ МОЛУ МУЛКЇ
«Давраи муосир бо тағйир ёфтани мавқеи ҳуқуқи оилавӣ дар низоми ҳуқуқ… ва тағйир ёфтани мафкураи он хислатнок карда мешавад. Акнун меъёрҳои он барои амалигардии комили тамоми ҷанбаҳои чӣ ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ ва чӣ ҳуқуқҳои молумулкии ҳамаи шахсоне, ки ба доираи муносибатҳои никоҳӣ-оилавӣ ҷалб гардидаанд, мусоидат менамоянд»[1]. Бинобар ин, бо андешаи М. Маҳмудзода, Б. Худоёрзода розӣ шудан мумкин аст, ки «муносибатҳое, ки дар байни одамон ҳамчун аъзои оила пайдо мегарданд, танҳо бо муносибатҳои оилавӣ маҳдуд нагардида, берун аз он низ амал мекунанд ва онҳо на танҳо бо меъёрҳои ҳуқуқи оилавӣ, балки бо меъёрҳои ахлоқӣ низ ба танзим дароварда мешаванд»[2]. Онҳо инчунин қайд мекунанд, ки «… на ҳамаи муносибатҳое, ки дар байни аъзои оила пайдо мегарданд, бо меъёрҳои ҳуқуқи оилавӣ ба танзим дароварда мешаванд. Чунин муносибатҳо ҳамчунин аз ҷониби меъёрҳои ахлоқӣ, меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ ва дигар соҳаҳои ҳуқуқ ба танзим дароварда мешаванд»[3].
Нуқтаи назари ба ин монандро ҳамчунин муҳаққиқони рус С. Селетская, Е. Яковлева дар мавриди тадқиқи мақоми ҳуқуқии ҳамсарон ва табиати байнисоҳавии он баён медоранд. Онҳо тибқи таҳлили муқоисавии мақоми ҳуқуқии ҳамсарон дар доираи қонунгузории гражданӣ, оилавӣ, мурофиаи гражданӣ, мурофиаи иқтисодӣ, мурофиаи маъмурӣ ва дигарҳо ба хулоса омаданд, ки «дар давраи муосири пешрафти ҷомеа он чиз равшан аён мегардад, ки ҳамсарон ҳамчун субъекти муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ соҳиби ҳуқуқ ва уҳдадориҳои махсус мегарданд, ки бо ин онҳо аз дигар аъзоёни оила фарқ менамоянд»[4].
Нуқтаи назарҳои овардашуда имкон медиҳанд дар он хусус хулосабарорӣ намоем, ки ҳамсарон дар муносибатҳои ҳуқуқии гуногун мақоми ягона надошта, доираи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо вобаста ба муносибатҳои ҳуқуқии воридшаванда муайян карда мешавад. Чунончи, дар асоси моддаи 12, қисми 5 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ кас уҳдадор нест ба муқобили худ, хешовандони наздик, ки доираи онҳоро Кодекси мазкур муайян кардааст, нишондод диҳад. Тибқи моддаи 6 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон зери мафҳуми хешовандони наздик падару модар, фарзандон, фарзандхондшудагон, бародарон ва хоҳарон, бобо, бибӣ (модаркалон), набера, инчунин ҳамсар фаҳмида мешаванд.
Талаботи моддаи 174 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳамсарон ҳимоя шудани шаъну шараф ва эътибори кории тарафи дигарро баъд аз вафот истисно наменамояд. Вобаста ба муқаррароти ин модда, агар шахси паҳнкардаи маълумоте, ки шаъну шараф ё эътибори кории шаҳрвандро паст мезананд, дурустии ин маълумотро ба исбот нарасонад, шаҳрванд ҳақ дорад аз тариқи суд раддияи чунин маълумотро талаб кунад. Бо талаби шахси манфиатдор ҳифзи шаъну шарафи шаҳрванд пас аз вафоташ низ имконпазир аст (қисми 1 моддаи 174,).
Муқаррароти дигари ба ин монандро инчунин қонунгузории дигари Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» ва ғ. пешбинӣ менамоянд ва онҳоро мавриди танзим қарор медиҳанд.
Мавриди қайд аст, ки новобаста аз танзими муносибатҳои шахсии ғайри молу мулкӣ бо иштироки ҳамсарон тавассути доираи васеи қонунгузорӣ, мавқеи қонунгузории оилавӣ дар ин самт хоса буда, бояд дар ин низом ҷойгоҳи калидиро дошта бошанд. Зеро чӣ хеле ки М. Аминов қайд менамояд, «муносибатҳои ҳуқуқии оилавӣ дар худ намуди махсуси муносибатҳои ҳуқуқиро ифода менамоянд, ки ба онҳо нишонаҳои хоса мансуб мебошанд. Онҳо дар худ муносибатҳои бо қонунгузорӣ танзимгардидаи байни аъзои оиларо ифода менамоянд, ки барандаи хислати ба боварӣ асосёфта буда, ба таври бемузд пайдо мегарданд ва муҳлати амали онҳо бо доираи вақт маҳдуд карда нашудааст»[5].
Қонунгузории оилавӣ маҳаки асосии муносибатҳои шахсии ғайри молу мулкиро дар байни аъзои оила, аз ҷумла ҳамсарон бо назардошти махсусиятҳои ин соҳа муқаррар ва танзим намуда, ба сифати сарчашмаи асосии муносибатҳои ҳуқуқии алоқаманд ба ҳаёти оилавӣ баромад менамояд.
Дар асоси таҳлили муқаррароти қонунгузории оилавии Тоҷикистон ба хулоса омадан мумкин аст, ки КО Тоҷикистон нисбати муносибатҳои шахсии ғайри молу мулкии ҳамсарон танҳо ду моддаро дар доираи боби 6 бахшида, бо ин дар танзими ҳуқуқии муносибатҳои шахсии ғайри молу мулкӣ маҳдуд гардидааст. Ин мутобиқан дар танзимсозии муносибатҳои шахсии ғайри молу мулкӣ дар байни ҳамсарон кофӣ набуда, зарурати васеъ карда шудани доираи худро талаб менамояд. Зеро дар шароити муосири пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ доираи предмети танзимсозии меъёрҳои ахлоқӣ ба таври назаррас маҳдуд гардида, имконияти таъсиррасонии онҳо ба муносибатҳои ҷамъиятӣ ва субъектони онҳо рў ба таназзул овардааст. Баробари ин, таҳлили сабабу омилҳои болоравии шумораи бекоршавии ақди никоҳ дар байни навхонадорон (оилаҳои ҷавон) онро собит менамояд, ки дар ин самт риоя нашудани талаботи меъёрҳои ахлоқӣ низ мавқеъи назаррасро ишғол карда истодаанд.
Таҳлили амалия ба он ишора менамояд, ки дар парокандашавии оилаҳои ҷавон дар баробари сабабу омилҳои дигар, доғдор гардидани иффати ҳамсар то бастани ақди никоҳ, доштани муносибатҳои маҳрамона бо шахсони бегона дар давраи ақди никоҳ аз ҳарду ҷониб (ҳам шавҳар ва ҳам ҳамсар), нобоварӣ нисбати тарафи дигар ва монанди инҳо, ки аслан бо меъёрҳои ахлоқӣ ба танзим дароварда мешаванд, ба сатҳи аввал баромада истодаанд. Ин сабабу омилҳо дар ҳолатҳои алоҳида барои даст ба ҷиноят задани тарафи дигар оварда мерасонанд. Чунончи, аз ҷониби истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Шодиев М. мавриди лату кўб қарор дода шудани ҳамсараш бо гумони даст доштан дар хиёнат[6].
Дар чунин ҳолат дар баробари ҷавобгарии ҷиноятӣ, ба миён гузошта шудани ҷавобгарии оилавӣ-ҳуқуқӣ ба мақсад мувофиқ дониста мешавад. Зеро ин ҳуқуқпоймолкунӣ бо ҳуқуқпоймолкуниҳои дигар монандӣ ё айният надошта, бо хусусиятҳо ва таркиби субъективӣ фарқ менамояд, гарчанде байни онҳо аломатҳои умумӣ низ ҷой доранд.
Ба сифати субъекти ҷавобгарии оилавӣ-ҳуқуқӣ шахсоне баромад мекунанд, ки онҳоро муносибатҳои оилавӣ ба ҳам мепайвандад, яъне чунин шахсон нисбати ҳамдигар бегона набуда, дар муносибатҳои умумии оилавӣ қарор доранд. Предмети чунин ҷавобгариро муносибатҳое ташкил медиҳанд, ки дар натиҷаи иҷро ё ба таври дахлдор иҷро нашудани уҳдадориҳои оилавӣ пайдо мегарданд. Масалан, уҳдадориҳои алиментӣ.
Розӣ шудан мумкин аст, ки «ҷавобгарии ҳуқуқӣ ин муносибати пурмасъули инсон нисбати уҳдадориҳои худ ва масъулият оид ба иҷрои дурусти уҳдадориҳои ба зиммаи шахс тибқи қонун вогузор шуда мебошад. Дар ҳолати аз ҷониби шахс иҷро нашудани чунин уҳдадориҳо, ҷавобгарӣ ба маънои негативии он – водор кардан, ҷуброн намудан, ҷазо додан фаро мерасад[7]. Ин масъала нисбати ҷавобгарии оилавӣ-ҳуқуқӣ баъзе мушкилоти худро дорад. Масалан, С.П. Гришаев ба он назар аст, ки «ҷавобгарии оилавӣ-ҳуқуқӣ дар намуди тоза вуҷуд надорад, нисбати поймолкунандагон муқаррароти ҳуқуқи гражданӣ, ҷиноятӣ ва оилавӣ татбиқ карда мешаванд»[8]. С.Н. Тағоева ҷавобгарии оилавӣ-ҳуқуқиро ба сифати падидаи комплексӣ арзёбӣ менамояд. Ба андешаи ў, ин ҷавобгарӣ дар ҷойе вуҷуд дошта метавонад, ки дар он сухан дар бораи маҳдуд кардани ҳуқуқ ё маҳрум кардан аз ҳуқуқ ё чораҳои иловагӣ нисбати шахсе меравад, ки ба ҳуқуқвайронкунии оилавӣ роҳ додааст[9].
Дар асоси таҳлили муқаррароти қонунгузории оилавӣ хулоса кардан мумкин аст, ки дар Тоҷикистон чунин ҷавобгарии ҳуқуқӣ умуман вуҷуд надорад ё ҷавобгарии мазкур бо ҷавобгарии дигари ҳуқуқӣ – ҷавобгарии гражданӣ айният карда шудааст[10]. Ҳангоми чунин ранг гирифтани ҳолат, мақоми ҳуқуқии ҳамсарон дар низоми муносибатҳои ҳуқуқӣ тағйир ёфта, онҳо наметавонанд ба чунин сифат баромад кунанд. Чунончи, қонунгузории гражданӣ мафҳуми ҳамсаронро дар мавридҳои алоҳида (масалан, моддаи 304) истифода карда, дар мавридҳои дигар ба чунин сифат баромад кардани ҳамсаронро истисно менамояд. Дар ин робита онҳо мақоми даъвогар ва ҷавобгарро соҳиб гардида, мушкилоти худро ба чунин сифат ҳаллу фасл менамояд. Ин ҳолат метавонад дар доираи муқаррароти моддаи 198, қисми 3 КМГ Тоҷикистон истисно шудани ҳолатҳои барои баррасии парванда аҳамиятдоштаро, ки бо мақоми ҳамсаронро доштани тарафҳо алоқаманд мебошанд, замина гузорад. Зеро судя тибқи талаботи қисми 3 моддаи 198 КМГ Тоҷикистон ҳуқуқ надорад ҳалномаро берун аз доираи талаботи пешниҳоднамудаи даъвогар қабул намояд.
Ба танзим дароварда шудани ҷавобгарии оилавӣ-ҳуқуқӣ дар доираи боби алоҳида имкон медиҳад, ки масъалаҳои муҳими алоқаманд ба муносибатҳои ҳуқуқии оилавӣ, ки фарогири мақоми ҳуқуқии ҳамсарон мебошанд, дуруст ва пурра ҳаллу фасл карда шаванд, чигунае, ки инро дар мавриди бекор кардани ақди никоҳ (моддаи 24 КО), тақсими молу мулки муштараки ҳамсарон (моддаи 39, қисми 3 КО) мушоҳида кардан мумкин аст. Лекин, барои ин мухолифате, ки дар байни қонунгузории мурофиавии гражданӣ ва қонунгузории оилавӣ дар қисмати тартиби баровардани ҳалнома ҷой дорад, монеъа эҷод намояд. Вобаста ба ин, пешниҳод карда мешавад, ки барои аз байн бурдани ин мухолифат, қисми 3 моддаи 198 КМГ Тоҷикистон дар таҳрири зерин баён карда шавад:
«3. Ҳалнома дар доираи талаботи пешниҳоднамудаи даъвогар қабул карда мешавад, агар бо қонунгузории соҳавии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад. Ҳангоми бо қонунгузории соҳавӣ пешбинӣ гардидани тартиби дигар, судя онро дар мавриди баррасии парванда ва баровардани ҳалнома ба назар мегирад».
Бастани ақди никоҳ дар мавриди доғдор будани иффати ҳамсар ва ё доштани муносибати маҳрамона дар давраи ақди никоҳ аз ҷониби ҳарду ҳамсарон хислати қасдонаро дошта, метавонад бо назардошти арзишҳои миллии халқи тоҷик ба ҳолати равонии тарафи дигар зарари маънавии ҷиддӣ расонад. Дар ин раванд, расонида шудани зарари моддӣ дар намуди хароҷот барои бастани ақди никоҳ (бо назардошти анъанаҳои миллӣ), гирифтани табобат ҳангоми осеб дидани ҳолати равонӣ бинобар сабаби ошкор шудани амалҳои ношоистаи тарафи дигар ва ғайра истисно карда намешавад.
Аз нигоҳи муқаррароти қонунгузории ҷиноятӣ (моддаи 141 КҶ) ин ба ҷумлаи озодии шахс шомил гардида, зиндагӣ кардан бо ҳаёти маҳрамона аз ҷониби худи ў баъди расидан ба синни шонздаҳ мустақилона муайян карда мешавад. Ин озодӣ аз нигоҳи меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои миллӣ маҳдудиятҳои худро дошта, ба мустаҳкамии оила ва муҳити солими он метавонад ба таври манфӣ таъсир расонад. Бинобар ин, бо мақсади таъмин намудани мустаҳкамии оила ва солим нигоҳ доштани муҳити оилавӣ, он чиз дуруст шуморида мешавад, ки агар дар доираи боби 5 КО Тоҷикистон ба сифати яке аз асосҳои беэътибор донистани ақди никоҳ бо ҳуқуқи талаб кардани ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ, содир намудани амалҳои бо меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои миллӣ маънгардида аз ҷониби яке аз тарафҳо чи то давраи бастани ақди никоҳ ва чи баъди он, ки оқибаташ баъди бастани ақди никоҳ фаро расидааст, муқаррар карда шавад.
Муқаррар шудани асосҳои нави беэътибор донистани ақди никоҳ ва эътироф гардидани ҳуқуқи тарафи дигар барои талаб намудани ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ аз як тараф мустаҳкам гардидани ҳаёти оилавиро замина гузорад, аз тарафи дигар мақоми ҳуқуқии ҳамсаронро дар низоми муносибатҳои шахсии ғайримолумулкӣ мушаххас намуда, барои дар як вақт ба инобат гирифта шудани манфиатҳои бо қонун ҳимояшавандаи шахсони сеюм замина фароҳам меорад.
Бо он розӣ шудан ғайриимкон аст, ки намояндагони алоҳидаи илми ҳуқуқи оилавӣ барои танзими мақоми ҳуқуқии ҳамсарон қабул гардидани қонуни алоҳидаро ба мақсад мувофиқ мешуморанд. Чунончи, С. Селетская, Е. Яковлева иброз медоранд, ки «мулоҳизаи мо оид ба махсусияти мақоми ҳуқуқии ҳамсарон, ки дар хусусияти байнисоҳавӣ доштани он ифода меёбад, имконият доданд, ки дар бораи зарурияти қабул шудани қонуни махсуси сатҳи федералӣ – «Дар бораи мақоми ҳуқуқии ҳамсарон дар Федератсияи Россия» хулосабарорӣ намоем». Онҳо дар ин қонун мустаҳкам шудани меъёрҳоеро мувофиқи мақсад медонанд, ки тартиби муайян намудани ҳамсаронро ҳамчун субъекти на танҳо муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ, инчунин муносибатҳои дигари ҳуқуқӣ пешбинӣ менамоянд[11].
Қонунгузории оилавӣ, ки дар танзими муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ мақоми марказиро ишғол мекунад, имконият дорад, ки тамоми масоили алоқаманд ба мақоми ҳуқуқии ҳамсаронро пурра мавриди танзим қарор диҳад, ки ин зарурияти қабул шудани қонуни алоҳидаро истисно мекунад. Бо мақсади дар қонунгузории дигар нигоҳ доштани асосҳои заминавии мақоми ҳуқуқии ҳамсарон он чиз дуруст шуморида мешавад, ки дар Кодекси оила ба ин қонун мутобиқ будани муқаррароти қонунгузории дигар ҳангоми танзими муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ пешбинӣ карда шавад, чуноне, ки ин дар КГ Тоҷикистон ба назар мерасад (моддаи 2, қисми 1 КГ).
Ҳамин тариқ, мақоми ҳуқуқии ҳамсарон дар низоми муносибатҳои шахсии ғайри молу мулкӣ комилан мазмун ва моҳияти ягонаро надошта, вобаста ба муносибатҳои ҳуқуқие муайян карда мешаванд, ки ҳамсарон ба он дар ҳаёти муқаррарӣ ворид мегарданд. Бинобар ин, он чиз набояд мадди назар карда шавад, ки дар чунин ҳолат маҳаки асосии қонунгузории оилавӣ буда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари танзимкунандаи муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ набояд ба он мухолифат намоянд, дар ҳолати акс ин санадҳо метавонанд қувваи ҳуқуқии худро аз даст диҳанд. Зеро:
а) ин барои бартараф карда шудани мухолифат байни қонунгузории Тоҷикистон ва қонунгузории оилавӣ мусоидат менамояд;
б) таҷрибаи ягонаи татбиқи муқаррароти қонун, аз ҷумла қонунгузории оилавиро нисбати мақоми ҳуқуқии ҳамсарон ба вуҷуд меорад;
в) арзишҳои ахлоқию маънавии оилавиро мустаҳкам намуда, барои устувории муносибатҳои оилавӣ замина мегузорад.
[1] Ниг.: Джандарбек Б.А. Семейное право в системе права РК (вопросы предмета и метода). Алматы «Қазақ университетi», 2008. С. 31.
[2] Ниг.: Маҳмудзода М., Худоёрзода Б. Ҳуқуқи оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Китоби дарсӣ. Душанбе «Эр-граф», 2015. С. 99.
[3] Ниг.: Ҳамон ҷо. С. 99.
[4] Ниг.: Селецкая С.Б., Яковлева Е.А. О некоторых особенностях правового статуса супругов и его межотраслевой природе // Вестник Казанского юридического института МВД России. 2016. №3 (25). С. 37-40.
[5] Ниг.: Аминов М.М. Правовые основы признания и исполнения иностранных судебных решений по семейным делам в Республике Таджикистан // Теоретический и политико-правовой журнал Министерство юстиции Республики Таджикистан «Жизнь и закон». 2016. №1. С. 107.
[6] Исбот кун ки хиёнат накардӣ… Ҷангу ҷанҷоли зану шавҳар то суд рафт [Захираи электронӣ] // Реҷаи дастрасӣ: http://akhbor.com/-p6761-117.htm (санаи дастрасӣ: 25.08.2018).
[7] Ниг.: Строгович М.С. Сущность юридической ответственности // Советское государство и право. 1979. №5. С. 73.
[8] Ниг.: Гришаев С.П. Семейное право в вопросах и ответах. Москва: Новая правовая культура, 2008. С. 11.
[9] Ниг.: Тагаева С.Н. Правовая сущность семейно-правовой ответственности. Душанбе: «Ирфон», 2012. С. 17.
[10] Ниг.: Ҳамон ҷо. С. 16.
[11] Ниг.: Селецкая С.Б., Яковлева Е.А. О некоторых особенностях правового статуса супругов и его межотраслевой природе // Вестник Казанского юридического института МВД России. 2016. №3 (25). С. 39.
ТАЪИНОТИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ТАЪИНОТИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Маҳмудов Р. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011, №722 «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба моддаҳои 10, 14, 31 ва 47 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
ш. Душанбе 29 майи соли 2018
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., муовини Раис Каримзода К.М., судя-котиб Ҳошимзода Д.Д., судяҳо: Абдуллозода Л.И., Гулзор М.М. ва Абдураҳимзода Д.Р.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Мусулмонов С.,
дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши муовини Раиси Суди конститутсионӣ Каримзода К.М. ва судяи Суди конститутсионӣ Ҳошимзода Д.Д.-ро аз рўи дархости шаҳрванд Маҳмудов Р. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011, №722 «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба моддаҳои 10, 14, 31 ва 47 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,
м у а й я н к а р д:
Шаҳрванд Маҳмудов Р.бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки миёни ў ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» (минбаъд – Бонк) шартномаи пасандози бонкӣ баста шудааст. Аммо, Бонк шартҳои онро бе ризоияти ў яктарафа тағйир додааст, ки номбурда бо чунин амал розӣ намебошад.
Ба ғайр аз ин, Бонк ба муроҷиаткунанда ҳамаи маблағи пасандозашро тибқи шартнома дар рўзи ба охиррасии он барнагардонида, пешниҳод кардааст, ки ў пасандозашро ҳар моҳ ба миқдори 200 доллари ИМА гирад. Бо ин назардошт, ў пасандозашро метавонад дар муддати 45 моҳ ба даст орад.
Муроҷиаткунанда бо ин шарт розӣ нашуда, тавассути Ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон» ба суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе даъво пешниҳод кардааст. Суд хулосаи Бонки миллии Тоҷикистонро ба асос гирифта, бо қарори худ Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк»-ро вазифадор намудааст, ки ба ў маблағи пасандоз ва фоизҳои онро пардохт намояд.
Бонк бо ҳалномаи суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ розӣ нашуда, ба Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ овардааст. Коллегияи зикршудаи судӣ бо қарори кассатсионии худ ҳалномаи суди ноҳияи Исмоили Сомониро бекор карда, қарори худро бо он асоснок кардааст, ки манфиати пасандозонро на Ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон», балки танҳо Бонки миллии Тоҷикистон ҳимоя карда метавонад.
Муроҷиаткунанда ба моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ишора намуда, қайд менамояд, ки тибқи он Бонки миллии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи истисноии танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ буда, мақсади асосии он дар ин самт нигоҳдории суботи низоми бонкӣ ва низоми пардохт, ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳон мебошад.
Тибқи моддаи 51 Қонуни зикршуда, баъди таъин гардидани маъмурияти муваққатӣ ҳамаи ҳуқуқу ваколатҳои ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла он ҳуқуқу ваколатҳое, ки саҳмдорон, пасандоздорон ё кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ доранд, боздошта шуда, ба мудири муваққатӣ дода мешаванд ва касе ҳақ надорад барои додани ҳуқуқҳо ба мудири муваққатӣ ё амалӣ намудани онҳо аз тарафи вай монеъ гардад.
Муроҷиаткунанда қайд мекунад, ки тибқи қонунгузории амалкунанда Бонки миллии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи таъин намудани маъмурияти муваққатӣ мебошад, ки баъди таъин ба он тамоми ҳуқуқу ваколатҳои ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла ҳуқуқу ваколатҳои пасандоздорон бидуни ризоияти онҳо мегузарад.
Ҳол он, ки тибқи моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.
Ҳуқуқу озодиҳо фардӣ, универсалӣ ва ҷудонопазир буда, ба худи инсон тааллуқ доранд ва танҳо ў ҳуқуқ дорад, ки онҳоро шахсан амалӣ намояд. Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.
Ҳамин тариқ, ба андешаи муроҷиаткунанда Бонки миллии Тоҷикистон ваколати боздоштани амалишавии ҳуқуқҳои пасандоздорон ва аз худ намудани ҳуқуқҳои онҳоро бе ризоияташон надорад ва ҳолати ба миёномада боиси он гардидааст, ки пасандоздорон наметавонанд мустақилона ҳуқуқи худро дар суд ҳимоя намоянд.
Бинобар ин, Маҳмудов Р.ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда, талаб намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, мутобиқати моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011, №722 «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба моддаҳои 10, 14, 31 ва 47 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост ва дигар маводи ба он замимашударо дида баромада, қайд менамояд, ки шаҳрванд Маҳмудов Р.агарчи субъекти муроҷиат маҳсуб ёбад ва баррасии дархости ў шаклан ба салоҳияти Суди конститутсионӣ дохил шавад ҳам, аммо дар масъалаи мутобиқати моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба моддаҳои 10, 14, 31 ва 47 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номуайяние ошкор нагардид, ки барои баррасии парванда дар Суди конститутсионӣ асос гардад.
Чунончи, тибқи талаботи қисми 2 моддаи 44 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои баррасии парванда дар Суди конститутсионӣ ошкор гаштани номуайянӣ дар масъалаи ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ асос мегардад.
Дархост ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ мувофиқ набуда, дар он моҳияти талаби муроҷиаткунанда мушаххас нишон дода нашудааст ва ҳолату далелҳои овардашуда дар хусуси ба моддаҳои дахлдори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат надоштани муқаррароти қонуни мавриди баҳс қарордошта асоснок карда нашудаанд.
Аз ин рў, Суди конститутсионӣ оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро оид ба дархости шаҳрванд Маҳмудов Р. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба моддаҳои 10, 14, 31 ва 47 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар ошкор нагаштани номуайянӣ дар масъалаи ба Конститутсия мувофиқат доштани муқаррароти моддаҳои қонуни мавриди баҳс қарордодашуда, инчунин ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ набудани дархост рад менамояд.
Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 34, 40, 41, 44, 45, 55, 56 ва 60 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
т а ъ и н к а р д:
1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ аз рўи дархости шаҳрванд Маҳмудов Р. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011, №722 «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба моддаҳои 10, 14, 31 ва 47 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар ошкор нагаштани номуайянӣ дар масъалаи ба Конститутсия мувофиқат доштани муқаррароти моддаҳои қонуни мавриди баҳс қарордодашуда, инчунин ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ набудани дархост рад карда шавад.
2. Таъинот қатъӣ буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.
3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода М.А.
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Д.Д.
ТАЪИНОТИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости намояндаи ваколатдори шаҳрванд Исроилов П.Р. – Қодиров Ш.С. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
ш. Душанбе 8 августи соли 2018
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., муовини Раис Каримзода К.М., судя-котиб Ҳошимзода Д.Д., судяҳо Гулзор М.М. ва Абдураҳимзода Д.Р.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Мусулманов С.,
дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши муовини Раис Каримзода К.М.-ро оид ба дархости намояндаи ваколатдори шаҳрванд Исроилов П.Р. – Қодиров Ш.С. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,
м у а й я н к а р д:
Қодиров Ш.С. – намояндаи ваколатдори шаҳрванд Исроилов П.Р.бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе парвандаи гражданӣ бо аризаи даъвогии Исроилов Т.П., Шоимардонова О.Ҳ. нисбати Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «АксесБонк Тоҷикистон», Исроилов П.Р. ва шахси сеюм – идораи нотариалии давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оид ба бекор кардани шартномаи гарав таҳти №14Р-5117/12 аз 24 декабри соли 2014 ва аризаи даъвогии Ҷамъияти саҳомии пўшидаи«АксесБонк Тоҷикистон»нисбати Исроилов П.Р. оид ба эътироф намудани ҳуқуқи моликият ба хонаи истиқоматӣ ва кўчонидан аз манзили истиқоматиро бидуни додани дигар манзили истиқоматӣ, мавриди баррасӣ қарор дод.
Муроҷиаткунанда аризаи даъвогии ба суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе пешниҳодкардаи Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «АксесБонк Тоҷикистон»-ро ғайриқонунӣ ҳисобида, зикр менамояд, ки дар он тобеияти судӣ ва дигар меъёрҳои қонун дағалона вайрон карда шудааст. Бинобар он ки Исроилов П.Р. соҳибкори инфиродӣ ба шумор меравад, баррасии мавзўи аризаи даъвогии Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «АксесБонк Тоҷикистон» ба тобеияти судҳои иқтисодӣ мансуб мебошад ва қаблан суди иқтисодии шаҳри Душанбе аризаи даъвогии Ҷамъияти зикршударо тибқи талаботи қонунгузории мурофиавии иқтисодӣ баррасӣ намудааст.
Вобаста ба ин масъала, ў ба суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дархости шифоҳӣ пешниҳод намуда, хоҳиш намудааст, ки даъвои Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «АксесБонк Тоҷикистон» дар қисмати эътирофи ҳуқуқи моликият ба хонаи истиқоматӣ бинобар ба тобеияти судҳои иқтисодӣ мансуб будани баррасии он рад карда шавад.
Аммо суд ин талаби ўро қонеъ нагардонида, бо дарназардошти он ки талаботи дуюми Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «АксесБонк Тоҷикистон» – кўчонидан аз манзили истиқоматӣ бидуни додани дигар манзили истиқоматӣ – ба тобеияти судҳои умумӣ тааллуқ дорад, бар хилофи талаботи қонун баррасии парвандаро идома дода, қарор қабул намудааст. Бо ин амали худ суд ҳуқуқҳои конститутсионии сокинони манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, кўчаи Туробӣ, хонаи № 8-ро вайрон кардааст.
Ў дар доираи дархост моҳияти аризаи даъвогии худро ба суди ноҳия асоснок намуда, зикр мекунад, ки хулосаи прокурор вобаста ба баҳси мазкур гирифта нашудааст ва нуқтаи назари дигар иштирокчиёни парванда номаълум мебошад.
Илова бар ин, муроҷиаткунанда қайд мекунад, ки аз ҷониби суд ҷиҳати ҳалли баъзе масъалаҳои марбут ба парвандаи баррасишаванда барои идомаи мурофиаи судӣ танаффус эълон карда шудааст. Аммо баъд аз ба итмом расидани танаффуси эълоншуда ў саривақт оид ба рўз ва вақти идомаи баррасии парванда хабардор карда нашудааст. Бар хилофи талаботи қонунгузории мурофиавии гражданӣ ўро ним соат пеш аз мурофиаи судӣ воқиф намудаанд.
Аз ин рў, ў натавонистааст, ки дар вақт ва санаи муайяннамудаи суд дар баррасии парвандаи гражданӣ иштирок намояд. Дар ин хусус суд воқиф гардида бошад ҳам, аммо ин ҳолат ба инобат гирифта нашудааст.
Мурофиаи судӣ бе иштироки муроҷиаткунанда ва дигар иштирокчиёни парванда, ки оид ба вақт ва маҳалли баррасии он ба таври дахлдор хабардор карда нашуда буданд, гузаронида шуда, 1 июни соли 2018 ҳалномаи судӣ қабул карда шудааст.
Ҳамин тариқ, муроҷиаткунанда чунин мешуморад, ки ҳуқуқҳои конститутсионии иштирокчиёни парванда аз ҷониби суд поймол гардидааст. Ин ба он боис гардид, ки онҳо натавонистанд далелҳои худро пурра ба суд пешниҳод намуда, дар музокираҳои судӣ иштирок ва нуқтаи назари худро вобаста ба баҳси ҷойдошта изҳор намоянд.
Бинобар ин, Қодиров Ш.С. ҳамчун намояндаи ваколатдори шаҳрванд Исроилов П.Р. ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намуда, талаб намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда, мувофиқати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост ва дигар маводи ба он замимашударо дида баромада, қайд менамояд, ки намояндаи ваколатдори шаҳрванд Исроилов Т.П. – Қодиров Ш.С. агарчи субъекти муроҷиат маҳсуб ёбад ҳам, аммо баррасии масъалаи дар муроҷиат овардаи ў дар хусуси муайян намудани мувофиқати ҳалномаи судӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб набуда, мавзўи баҳси конститутсионӣ намебошад.
Тибқи моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионӣ на масъалаи мувофиқ будан ё набудани санади қабулнамудаи судиро ба Конститутсия, балки дар асоси дархости субъектҳои ҳуқуқ масъалаи ба Конститутсия мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро баррасӣ менамояд.
Ҳалномаи судӣ, ки вобаста ба баҳси гражданӣ қабул гардидааст, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», санади меъёрии ҳуқуқӣ маҳсуб намеёбад. Дар сурати норозӣ будан бо ҳалномаи судӣ, иштирокчиёни парванда метавонанд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии гражданӣ, онро дар зинаҳои дахлдори судӣ мавриди баҳс қарор диҳанд.
Дархост аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ нест, зеро моҳияти талаби муроҷиаткунанда низ берун аз доираи амалисозии назорати судии конститутсионӣ ифода карда шудааст.
Аз ин рў, Суди конститутсионӣ оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро оид ба дархости намояндаи ваколатдори шаҳрванд Исроилов П.Р. – Қодиров Ш.С. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб набудани баррасии масъалаи дар дархост гузошташуда, инчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ набудани дархост, рад менамояд.
Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 34, 40, 41, 44, 45, 55, 56 ва 60 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
т а ъ и н к а р д:
1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ аз рўи дархости намояндаи ваколатдори шаҳрванд Исроилов П.Р. – Қодиров Ш.С. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб набудани баррасии масъалаи дар дархост гузошташуда, инчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ набудани дархост, рад карда шавад.
2. Таъинот қатъӣ буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.
3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода М.А.
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Д.Д.
ТАЪИНОТИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости намояндаи ваколатдори шаҳрванд Исроилов Т.П. – Хидоятов Дж.В. «Оид ба муайян намудани мувофиқати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
ш. Душанбе 8 августи соли 2018
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., муовини Раис Каримзода К.М., судя-котиб Ҳошимзода Д.Д., судяҳо Гулзор М.М. ва Абдураҳимзода Д.Р.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Мусулманов С.,
дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши судяи Суди конститутсионӣ Ҳошимзода Д.Д.-ро аз рўи дархости намояндаи ваколатдори шаҳрванд Исроилов Т.П. – Хидоятов Дж.В. «Оид ба муайян намудани мувофиқати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,
м у а й я н к а р д:
Намояндаи ваколатдори шаҳрванд Исроилов Т.П. – Хидоятов Дж.В. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки дар суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе парвандаи гражданӣ бо даъвои Исроилов Т.П. ва Шоимардонова О.Ҳ. нисбат ба Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «АксесБонк Тоҷикистон», Исроилов П.Р. ва шахси сеюм – идораи нотариалии давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оид ба бекор кардани шартномаи гарав таҳти № 14Р-5117/12 аз 24 декабри соли 2014 ва даъвои Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «АксесБонк Тоҷикистон» нисбат ба Исроилов П.Р. оид ба эътироф намудани ҳуқуқи моликият ба хонаи истиқоматӣ ва кўчонидан аз манзили истиқоматӣ бидуни додани дигар манзили истиқоматӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муроҷиаткунанда даъвои Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «АксесБонк Тоҷикистон»-ро ба суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ ҳисобида, зикр мекунад, ки ҳангоми пешниҳоди аризаи даъвогӣ тобеияти судӣ ва меъёрҳои қонун вайрон карда шудааст.
Ў дар доираи дархост моҳияти аризаи даъвогии худро ба суди ноҳия асоснок намуда, ба муқаррароти моддаҳои дахлдори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008, № 364«Дар бораи ипотека», кодексҳои гражданӣ ва манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора менамояд ва бе ризоияти сокинони манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, кўчаи Туробӣ, хонаи № 8 ба расмият даровардан ва додани шаҳодатнома дар бораи сабти давлатии шартномаи гаравро таҳти № 14Р-5117/12 аз 24 декабри соли 2014 поймолшавии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии сокинони манзили истиқоматии зикршуда меҳисобад.
Ҳамчунин, ҳангоми баррасии аризаи даъвогӣ дар суд ваколатдиҳандаи ў ва шахсони дар манзили истиқоматии зикршуда истиқоматкунанда оид ба талаботи аризаи даъвогӣ пурсида нашудаанд ва масъалаи хабардор будан ё набудани сокинони манзили истиқоматӣ дар хусуси ба гарав гузоштани манзил аз ҷониби кормандони бонк муайян карда нашудааст.
Илова бар ин, муроҷиаткунанда қайд мекунад, ки аз ҷониби суд ҷиҳати ҳалли баъзе масъалаҳои марбут ба парвандаи баррасишаванда барои идомаи мурофиаи судӣ танаффус эълон карда шудааст. Аммо баъд аз ба итмом расидани танаффуси эълоншуда ў саривақт оид ба рўз ва вақти идомаи баррасии парванда хабардор карда нашудааст. Бар хилофи талаботи қонунгузории мурофиавии гражданӣ ўро ним соат пеш аз мурофиаи судӣ воқиф намудаанд.
Аз ин рў, ў натавонистааст, ки дар вақт ва санаи муайяннамудаи суд дар баррасии парвандаи гражданӣ иштирок намояд. Дар ин хусус суд воқиф гардида бошад ҳам, аммо ин ҳолат ба инобат гирифта нашудааст.
Мурофиаи судӣ бе иштироки муроҷиаткунанда ва дигар иштирокчиёни парванда, ки оид ба вақт ва маҳалли баррасии он ба таври дахлдор хабардор карда нашуда буданд, гузаронида шуда, 1 июни соли 2018 ҳалномаи судӣ қабул карда шудааст.
Ҳамин тариқ, муроҷиаткунада чунин пешуморад, ки ҳуқуқҳои конститутсионии ў ва дигар иштирокчиёни парванда аз ҷониби суд поймол шудааст ва ин боиси он гардидааст, ки онҳо натавонистанд далелҳои худро пурра ба суд пешниҳод намуда, дар музокираҳои судӣ иштирок кунанд ва нуқтаи назари худро вобаста ба баҳси ҷойдошта изҳор намоянд.
Аз ин рў, Хидоятов Дж.В. ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, талаб намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, мувофиқати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост ва дигар маводи ба он замимашударо дида баромада, қайд менамояд, ки намояндаи ваколатдори шаҳрванд Исроилов Т.П. – Хидоятов Дж.В. агарчи субъекти муроҷиат маҳсуб ёбад ҳам, аммо баррасии масъалаи дар муроҷиат овардаи ў дар хусуси муайян намудани мувофиқати ҳалномаи судӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб набуда, мавзўи баҳси конститутсионӣ намебошад.
Тибқи моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии ҶумX-NONEҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионӣ на масъалаи мувофиқ будан ё набудани санади қабулнамудаи судиро ба Конститутсия, балки дар асоси дархости субъектҳои ҳуқуқ масъалаи ба Конститутсия мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро баррасӣ менамояд.
Ҳалномаи судӣ, ки вобаста ба баҳси гражданӣ қабул гардидааст, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», санади меъёрии ҳуқуқӣ маҳсуб намеёбад. Дар сурати норозӣ будан бо ҳалномаи судӣ, иштирокчиёни парванда метавонанд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии гражданӣ, онро дар зинаҳои дахлдори судӣ мавриди баҳс қарор диҳанд.
Дархост аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ нест, зеро моҳияти талаби муроҷиаткунанда берун аз доираи амалисозии назорати судии конститутсионӣ ифода карда шудааст.
Аз ин рў, Суди конститутсионӣ оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро оид ба дархости намояндаи ваколатдори шаҳрванд Исроилов Т.П. – Хидоятов Дж.В. «Оид ба муайян намудани мувофиқати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб набудани баррасии масъалаи дар дархост гузошташуда, инчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ набудани дархост, рад менамояд.
Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 34, 40, 41, 44, 45, 55, 56 ва 60 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
т а ъ и н к а р д:
1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ аз рўи дархости намояндаи ваколатдори шаҳрванд Исроилов Т.П. – Хидоятов Дж.В. «Оид ба муайян намудани мувофиқати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб набудани баррасии масъалаи дар дархост гузошташуда, инчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ набудани дархост, рад карда шавад.
2. Таъинот қатъӣ буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.
3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода М.А.
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Д.Д.