Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 2) 2018


Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ

дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.

(моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маҷаллаи илмию иттилоотӣ

Сармуҳаррир:

Маҳмудзода М.А. Раиси Суди Конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

Ҳайати таҳририя:

Каримзода К.М. муовини Раиси Суди Конститутсионии Ҷум­ҳу­­рии То­ҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ

Ҳошимзода Д.Д. судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­­­­кис­­тон, номзади илмҳои ҳуқуқ

Сативалдыев Р.Ш. раиси Шўрои илмӣ – машваратии назди Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, док­тори илмҳои ҳуқуқ, профессор

Искандаров З.Ҳ. узви Шўрои илмӣ – машваратии назди Суди Конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, док­тори илмҳои ҳуқуқ, про­фес­­сор

© Нашрияи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2018.

МУНДАРИҶА

Раҳимзода М.З. Асосҳои конститутсионии ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ……………………………………………………………..

Собирзода И.С. Масоили шаклҳои ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар дар қонунгузории оилаи Тоҷикистон…………………………………………..

Орипова М. Мақоми ҳуқуқии ҳамсарон дар низоми муносибатҳои шахсии ғайримолумулкӣ ……………………………………………….

Таъиноти Суди Конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дар­хости шаҳрванд Маҳмудов Р. «Дар хусуси муайян намудани муто­биқати моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011, №722 «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба моддаҳои 10, 14, 31 ва 47 Конститутсияи Ҷумҳу­рии Тоҷикистон»……………………………………………………………………….

Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дар­хости намояндаи ваколатдори шаҳрванд Исроилов П.Р. – Қодиров Ш.С. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»……………………………

Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии консти­тут­­сионӣ оид ба дархости намояндаи ваколат­дори шаҳрванд Исроилов Т.П. – Хидоятов Дж.В. «Оид ба муайян намудани мувофиқати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Навидҳои Суди Конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Навидҳои Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон…………. …

Раҳимзода М.З.

Доктори илмҳои ҳуқуқ,

профессор

АСОСҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҲУҚУҚИ

МАШҒУЛ ШУДАН БА ФАЪОЛИЯТИ

СОҲИБКОРӢ

Дар низоми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳуқуқ ба фаъолияти соҳиб­корӣ, ҷои мустақилро ишғол менамояд. Машғул шудан ба он ифодаи озодии фаъолияти соҳибкорӣ буда, ҳамчун яке аз ҳуқуқҳои асосӣ ва озодиҳои бунёдии инсон ва шаҳрванд мебошад. Албатта, соҳибкорӣ бе меҳнат анҷом дода намешавад. Аз ин ҷо вай натиҷаи амалӣ шудани ҳуқуқи ҳар кас ба меҳнат ва интихоби касбу кор низ мебошад (м. 35 Конститутсияи ҶТ).

Агарчанде, ки ҳуқуқ ба фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун яке аз намуди ҳуқуқҳои иқтисодӣ дар моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита мустаҳакам карда нашуда бошад ҳам, вале вай аз моҳияти қисми 2 моддаи мазкур ба миён меояд, ки тибқи он давлат озодии фаъолияти иқтисодӣ, соҳибкориро кафолат медиҳад. Ҳамчун ҳуқуқи субъективии конститутсионӣ ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ чораи имкони рафтори шахс мебошад, ки бо санади меъёрии ҳуқуқӣ таъмин буда, барои ноил шудан ба мақсади дарназардошта равона карда шудааст. Мутаасифона, мазмуни ҳуқуқи мазкур дар фарқият ба ҳуқуқи моликият ва ҳуқуқ ба меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мушаххас, на ин ки дар Консти­тутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар Кодекси гражданӣ ба ҳайси қисми таркибии мазмуни қобилияти ҳуқуқдории шаҳрвандон нишон дода нашудааст.

Озодона амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ бошад, унсури принсипи конститутсионии озодии фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкорӣ мебошад. Ин чунин маъно дорад, ки ҳар як шаҳрванд ҳақ дорад ҳамагуна тарзи амалӣ намудани фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкориро интихоб намояд. Чунончи, шаҳрванд метавонад корманди кироя бошад, қувваи кории худро барои истифода ба соҳибкор пешниҳод намояд, барои натиҷаи ниҳоии меҳнати худ таваккал ва ҷавобгариро ба зимма гирад. Ҳамзамон, бо ба даст овардани вазъи соҳибкори инфиродӣ ё бо иштирок дар ташкилоти тиҷоратӣ фаъолияти соҳиб­кориро амалӣ намояд. Қонунгузории амалкунанда ба ҳайси корманди кироя кор кардани шаҳрванд ва яку якбора анҷом додани фаъолияти соҳибкориро манъ накардааст. Вале дар асоси шартнома ва бо мақ­са­ди аз байн бурдани бархурди манфиатҳо дар байни субъектҳои соҳиб­кории рақобаткунанда мумкин аст дар асоси шартнома ишти­рок ва кори шаҳрванд дар фаъолияти онҳо маҳдуд карда шавад. Ҳамзамон шаҳрванд ҳангоми таъсис додани ташкилоти тиҷоратӣ ҳақ дорад мустақилона ва ё бо иштироки дигар шаҳрвандон ҳамон шакли ташкилии ҳуқуқии шахси ҳуқуқиеро интихоб намояд, ки дар қонун нишон дода шудааст ва барои анҷом додани намуди муайяни соҳибкорӣ ва мақсади дилхоҳи муассис мувофиқ аст.

Ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳамаи шахсон тааллуқ дошта, қисми муҳими қобилияти ҳуқуқдории шахс мебошад. Қобилияти ҳуқуқдорӣ аз тарафи давлат ба ҳамаи инсонҳо қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молумулк эътироф карда мешавад (м. 17 Конститутсия). Ҳамин тавр, ҳама дар ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ баробаранд.

Қобилияти ҳуқуқдории субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ умумӣ, маҳдуд, махсус ва истисноӣ мешавад. Қобилияти ҳуқуқдории умумӣ ба субъект имконият медиҳад, ки аз рӯи принсипи «Ҳар чи ки қонун манъ накардааст, равост» амал намояд. Чунин тартибот бо мақсади минбаъд ривоҷ додани мустақилияти хоҷагии онҳо, яъне гузариш аз қобилияти ҳуқуқдории махсус ба умумӣ пешгирифта мешавад. Дар асоси қ.1 м. 49 КГ ва м. 7 Қонуни ҶТ аз 26 июли соли 2014 «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ»[1] субъект­ҳои соҳибкорӣ – шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳои тиҷоратии резидент ва ғайрирезидент, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ), ки ба соҳибкорӣ машғуланд ба ғайр аз корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва намудҳои дигари ташкилотҳои дар қонун пешбинишуда метавонанд ҳама гуна фаъолятеро амалӣ намоянд, ки қонун манъ накардааст. Ҳамзамон, субъекти дорандаи қобилияти умумӣ дар ҳуҷҷатҳои таъсиснамоияш метавонад қоби­лияти ҳуқуқдорияшро маҳдуд (қобилияти ҳуқуқдории маҳдуд) намояд. Аз ин ҷо, аҳдеро, ки шахси ҳуқуқӣ хилофи ҳуҷҷатҳои таъсисии худ, ки онро аниқ маҳдуд кардааст, бастааст, суд метавонад беэътибор эътироф намояд(м.198 КГ).

Қобилияти ҳуқуқдории махсус бошад, ба субъект имконият медиҳад, ки фақат ҳамон намудҳои фаъолиятро амалӣ намояд ё ҳамон ҳуқуқҳоеро доро шавад, ки ба предмети фаъолияти ў муво­фиқанд. Дорои қобилияти ҳуқуқдории махсус, корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мебошанд.

Дорои қобилияти ҳуқуқдории истисноӣ он субъектҳое мебо­шанд, ки фаъолияти интихобнамудаи онҳо тибқи қонунгузорӣ ба онҳо барои машғул шудан ба дигар намуди фаъолият ба онҳо тибқи қонунгузорӣ имконият намедиҳад.

Чунончи, тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” машғул шудани ташкилоти қарзӣ ба фаъолияти истеҳсолӣ, савдо ва бевосита ба фаъолияти суғурта манъ мебошад (м. 3), яъне ташкилоти қарзӣ дорои қобилияти истисноӣ мебошад. Дорои қобилияти ҳуқуқ­дории истис­ноӣ, инчунин ташкилотҳои суғуртавӣ мебошанд.

Қобилияти ҳуқуқдории субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ бо сабаби зарурияти гирифтани иҷозат барои машғул шудан ба баъзе намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ маҳдуд карда мешавад. Татбиқ намудани иҷозатномадиҳӣ ба намудҳои алоҳидаи фаъолияти соҳиб­кории ташкилотҳои тиҷоратӣ маъноӣ ба реҷаи қобилияти махсуси ҳуқуқдорӣ наздик будани фаъолияти онҳо мебошад. Вале ин ҳолат дар оинномаи субъектҳои хоҷагӣ дарҷ карда нашуда, аз ҷониби мақомоте, ки масъалаи мазкурро ҳал менамояд, амалӣ карда мешавад. Ҳангоми бе иҷозатнома анҷом додани фаъолияте, ки бояд иҷозатнома дошта бошад ташкилоти тиҷоратӣ бо тартиби маҷбурӣ бо ҳалномаи суд барҳам дода шавад(м. 62 КГ).

Ваколати қисмҳои таркибии ташкилотҳои хоҷагӣ маҳдуд мебошад. Онҳо дорои ваколати дохилихоҷагӣ мебошанд, ки ба онҳо имконият медиҳад дар муносибатҳои байни худи онҳо дар дохили ташкилот, инчунин байни онҳо ва умуман ташкилот иштирок намоянд. Ваколати дохилихоҷагӣ тибқи санадҳои меъёрии локалие, ки аз ҷониби ташкилот қабул карда мешаванд, муқаррар карда мешавад.

Бояд қайд намоем, ки барои пурра машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ, шахс на танҳо бояд дорои қобилияти ҳуқуқдорӣ, балки дорои қобилияти амалкунӣ, яъне субъекти ҳуқуқ (соҳибҳуқуқ) низ бошад. Яъне, вай бояд амали аҳамияти ҳуқуқидоштаро содир намояд ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ё шартнома имконияти ба зимма гирифтани ҷавоб­гариро дошта бошад. Қобилияти амал­кунӣ бо фаро расидани балоғат, яъне пас аз расидан ба синни ҳаждаҳ, ба миён меояд (қ. 1 м. 18 КГ). Вале бо дарназардошти ҳолатҳои истисноӣ ва ҳуқуқи озодона интихоб намудани намуди фаъолият, аз ҷумла соҳиб­корӣ, аз ҷониби ҳар як шахс, қонунгузор имконияти чунин интихобро вобаста ба сифати худи субъект медонад. Қонунгузор барои ин ин­сти­тути ҳуқуқии махсуси эмансипатсияро муқаррар кардааст. Қоби­лияти пурраи амалкунии гражданӣ тибқи қисми 1 моддаи 28 КГ ҶТ мумкин аст ба шаҳрванде дода шавад, ки ба синни 16 расидааст ва дар асоси шартномаи меҳнатӣ (қарордод) кор кунад ё бо розигии падару модар, фарзандхондагон ё парастор ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад. Дорои қобилияти пурраи амал (эмансипатсия) эълон кардани ноболиғ бо розигии падару модар, фарзандхондагон ё парас­тор бо қарори мақомоти васояту парасторӣ ё дар сурати набудани чунин розигӣ бо қарори суд сурат мегирад. Ҳамин тавр, барои он, ки ноболиғ тибқи қонунгузории Тоҷикистон соҳиби эмансипатсия гар­дад, шартҳои зерин зарур аст: аввало, хоҳиши ноболиғ оид ба машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ, сониян, розигии падару модар, фарзандхондагон ё парастор бо қарори мақомоти васояту парасторӣ, солисан, дар сурати набудани чунин розигӣ қарори (ҳалномаи) суд. Баъдан, ҳангоми мавҷуд будани шартҳои зикршуда онҳо бояд ба қайд гирифта шаванд. Аз лаҳзаи ба қайд гирифтан онҳо метавонанд ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд. Тибқи моддаи 51 КГ, шахси ҳуқуқӣ барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ бояд ба қайди давлатӣ гирифта шуда, маълумот дар бораи бақайдгирӣ, аз ҷумла бақайдгирии ташкилотҳои тиҷоратӣ ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкоронӣ инфиродӣ дохил карда мешавад. Шахси ҳуқуқӣ аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш, ки ҳамзамон дохил намудан ба Феҳристи ягонаи давлатиро дар бар мегирад, таъсисгардида дониста мешавад.

Мазмуни ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкориро ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои онҳо ташкил медиҳад. Онҳо аз рӯи табиати худ гуногун буда, дар соҳаи манфиатҳои оммавӣ ва ҳам хусусӣ қарор доранд. Маҷмӯи ҳуқуқ ва уҳдадорӣ вазъи ҳуқуқии соҳибкоро ташкил медиҳанд. Мазмуни ҳуқуқи субъективии соҳибкор­ро маҷмӯи салоҳиятҳои зерин ташкил медиҳад: 1). ҳуқуқи аз ҷониби худ содир намудани амал; 2). ҳуқуқи аз дигар кас талаб кардани иҷрои уҳдадорӣ ба манфиати соҳибкор; 3). имконияти аз ҷониби соҳибкор ҳимоя кардани манфиатҳои худ. Ҳамчун дорандаи қоби­лияти ҳуқуқдорӣ субъектҳои соҳибкорӣ ҳуқуқ доранд ҳамаи намуди фаъолияти соҳибкориеро, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, амалӣ намоянд;   молу мулки корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро бо  тар­ти­би муқаррарнамудаи қонунгузорӣ истифода намояд; дар фаъолияти хоҷагидории дигар субъектҳои соҳибкорӣ иштирок намояд; дар асоcи шартнома аз молу мулки шаҳрвандон истифода барад; барномаи фаъолияти хоҷагидориро тартиб диҳад, таҳвилди­ҳан­дагони мол (кор, хизматрасонӣ)-ро интихоб намояд; барои эҳтиёҷоти давлат истеҳсоли мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ)-ро дар асоси шартнома ба анҷом расонад; суратҳисобҳои бонкӣ кушояд, амалиёти муҳосибӣ ва дигар амалиёти молиявиро анҷом диҳад; фоидаи  аз фаъолияти соҳибкорӣ бадастовардаро ихтиёрдорӣ ва истифода намояд; бо тартиби муқар­рар­намудаи қонунгузорӣ аз низоми таъминоти давлатии иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ истифода намояд; бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ иштирокчии робитаҳои хориҷии иқтисодӣ бошад, бо амалиёти асъорӣ машғул гардад; нархи моли истеҳсолнамуда  (кору хизматрасонии анҷомдо­да)-ро дар доираи талаботи қонунгузорӣ мустақилона муайян намояд; якҷоя бо дигар субъектҳои соҳибкорӣ ассотсиатсияҳои (иттифоқҳои) субъектҳои сҳибкориро таъсис диҳанд ё ба онҳо шомил шаванд; дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок намояд; дар фаъолияти шӯроҳо оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоя­гузорӣ иштирок намояд; ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти давлатии назоратӣ барои  ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки дар риоя накардани ҳуқуқи субъекти соҳибкорӣ гунаҳкоранд, муроҷиат намояд; оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ ба мақо­моти судӣ муроҷиат намояд; ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолия­ти субъекти соҳибкорӣ, ки аз ҷониби мақомоти давлатии санҷишӣ ва назоратӣ анҷом дода мешавад, иштирок намояд ва бо маводи санҷишӣ бевосита ва ё тавассути намояндаи ваколатдори худ шинос шавад; дар хариди давлатии мол (кор, хизматрасонӣ) бо шартҳои баробар бо дигар иштирокчиён мутобиқи қонунгузорӣ иштирок намояд ва ғ. (м. 7 Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ”).

Субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дорои уҳдадориҳои муайян мебошанд. Онҳо уҳдадоранд, қонунгузорӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро риоя намоянд; мутобиқати моли истеҳсолшуда (кору хизматрасонии анҷомдода)-ро ба талаботи қонунгузорӣ таъмин намоянд; дар асоси қонунгузорӣ оид ба меҳнат бо шаҳрвандоне, ки онҳоро ба сифати коргари кироя ба кор мегиранд, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ва ҳамчунин бо талаби коллективӣ меҳнатӣ шартномаи коллективӣ банданд; барои муттаҳидшавии коргарони кироя ба иттифоқҳои касаба ва мақомоти дигари намояндагии онҳо бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии худ монеъ нашаванд; ба коргарони кироя на кам аз андо­заи ҳадди ақалли музди меҳнати муқаррарнамудаи қонунгузорӣ музди меҳнат пардохт намояд; оид ба таъмини ҳифзи меҳнат, бехатарии экологӣ, санитарию эпидемиологӣ ва техникаи бехатарӣ дар асоси меъёрҳои муқарраргардида тадбирҳо андешанд; андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлатӣ сари вақт ва пурра пардохт намоянд; ҳангоми муфлисшавӣ иҷрои ӯҳдадориҳои худро дар назди қарздиҳандагон тибқи қонунгузорӣ таъмин намоянд; ба рақобати носолим ва фаъолияти инҳисорӣ роҳ надиҳанд; пешбурди дафтари бақайдгирии санҷиши фаъолияти субъекти соҳибкориро таъмин намоянд; барои амалигардонии намуди фаъолияте, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ё иҷозатномаро талаб менамояд, мутобиқи қонунгузорӣ ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ё иҷозатнома гиранд ва ғ.(м. 8.Қонуни ҶТ “Да бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ”).


[1] Ниг.: Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ. 2, мод. 404; с. 2015, №3, мод. 216; Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 с., №1436

Собирзода И.С.

Ректори Донишкадаи такмили

ихтисоси Вазорати адлияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

унвонҷўи Институти

сиёсатшиносӣ, фалсафа ва

ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов

МАСОИЛИ ШАКЛҲОИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ

ПАДАРУ МОДАР ДАР ҚОНУНГУЗОРИИ ОИЛАИ ТОҶИКИСТОН

Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 7 Конвенсияи ҳуқуқи кўдак, кўдак фавран пас аз таваллуд ба қайд гирифта мешавад ва аз лаҳзаи таваллуд ба ном ва гирифтани шаҳрвандӣ ҳақ дорад. Ҳамчунин, ба қадри имкон ҳақ дорад падару модари худро донад ва ба ғамхории онҳо ҳуқуқ дорад.

Ҳуқуқи ба ин монандро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак» аз 18 марти соли 2015, №1196 пешбинӣ менамояд. Мутобиқи қисми 1 моддаи 21 қонуни мазкур, кўдак ҳуқуқ дорад дар оила зиндагӣ кунад ва тарбия гирад, падару модарашро шиносад, аз ғамхорӣ ва тарбияи онҳо, ба истиснои ҳолатҳое, ки бар хилофи манфиатҳои ў мебошанд, баҳраманд шавад.

Барои пайдоиши чунин ҳуқуқу уҳдадориҳо мавҷудияти асоси комили ҳуқуқӣ талаб карда мешавад. Тибқи моддаи 48 КО Тоҷикис­тон, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар ва фарзандон ба аслу насаби фарзандон, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун тасдиқ шудааст, асос меёбад. Ин аслу насаб бо тартибе муқаррар карда меша­вад, ки онро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2006, №188 «Дар бораи бақайд­гирии давлатии асноди ҳолати шаҳр­вандӣ» пешбинӣ кардааст.

Тибқи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, воқеияти модарӣ ҳангоми дар муассисаи тиббӣ таваллуд шудани кўдак бо маълумот­номаи тиббии шаклаш муқарраршуда ва ҳангоми берун аз муассисаи тиббӣ таваллуд шудани кўдак бо нишондоди (аризаи) шахсе, ки бево­сита ҳангоми таваллуди кўдак иштирок кардааст, муқаррар карда мешавад. Воқеияти падарӣ дар асоси шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ (агар падару модари кўдак дар ақди никоҳ қарор дошта бошанд) ё дар асоси аризаи шахсе, ки худро падари кўдак эътироф менамояд ва ё дар асоси ҳалномаи суд дар бораи муқаррар кардани падарӣ муайян карда мешавад (моддаи 16, 19).

Таҳлили таҷриба, бахусус таҷрибаи судӣ далолат медиҳад, ки тартиби мазкур на ҳама вақт роҳи ҳалли масъала буда, дар ҳолатҳои муайян баҳсҳои алоҳидаро оид ба муқаррар кардани воқеияти падарӣ ва модарӣ ва мушкилоти алоқаманд ба ин масъаларо заминагузорӣ менамояд. Бинобар ин, дар илми ҳуқуқи оилавӣ ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар мушкилоти рақами аввал буда, дар маркази таваҷҷуҳи муҳаққиқони сершумори ватаниву хориҷӣ қарор дорад. Ин бахусус дар шароити рушди назарраси илми тиб ва технологияҳои тиббӣ, аз равандҳои технологӣ қафо мондани қонунгузории оилавӣ возеҳ ба назар мерасад. Дар ин робита қайд кардан мумкин аст, ки ҳифзи ҳуқуқ­ҳои падару модар яке аз падидаҳои нисбатан баҳснок ва мубрами ҳуқуқи оилавӣ ба шумор меравад.

Он чиз қобили қабул гардидааст, ки ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои кўдак[1], ки дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва дохилидавлатӣ инъикос гардидаанд, иҷозат дода мешавад. Тартиби мазкур бо он асоснок карда мешавад, ки ҳуқуқҳои кўдак ва ҳимояи он соҳиби афзалият буда, зарурияти ҳимоя карда шудани ҳуқуқҳои падару модарро ба миён меорад.

Вобаста намудани ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар бо ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кўдак масоили худро дошта, наметавонад моҳияти аслии масъаларо ифода намояд. Омўзиши муқаррароти боби 12 КО Тоҷикистон ва таҳлили муқоисавии он бо муқаррароти боби 11 КО Тоҷикистон барои дар он хусус хулоса кардан асос мегардад, ки падару модар дар амалӣ қҳҳTG/span / lang=кардани ҳуқуқҳои худ мустақил буда, онро тибқи салоҳдидашон татбиқ менамоянд. Чунин ҳуқуқ нисбати падару модари ноболиғ низ муқаррар гардидааст, ки онҳо дар амалӣ намудани ҳуқуқҳои худ озод буда, ҳангоми ба миён омадани зарурат метавонанд ҳимоя карда шудани ҳуқуқҳои худро тариқи судӣ талаб намоянд. Чунончи, мавриди баҳс қарор додани далели эътирофи падару модарӣ ва ё бо тартиби судӣ муқаррар кардани воқеияти падарӣ ва модарӣ нисбати фарзанд.

Дар асоси моддаҳои 134-135 КМГ Тоҷикистон, барои оғоз намудани истеҳсолоти судӣ аризаи даъвогие асос мегардад, ки тибқи муқаррароти қонунгузории мурофиавӣ пешниҳод шудааст. Ин маънои онро дорад, ки агар падару модаре, ки ҳуқуқашон аз ҷониби иштирокчиёни дигари муносибатҳои ҳуқуқӣ поймол карда шудааст, бо аризаи даъвогӣ ба суд муроҷиат накунанд, мақомоти мазкур имконияти ҳимоя кардани ҳуқуқҳои онҳоро надорад. Чунончӣ, Миҷгонаи М. ба Суди ноҳияи Ҳисор бо аризаи даъвогӣ нисбати Назиров Ф. ва шахси сеюм Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдаки назди мақомоти иҷроияspan style=quot;Times New Roman Tjspan style=TG lang=TGи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор дар бораи муайян намудани маҳалли зисти кўдак муроҷиат намуда, аз суд хоҳиш кардааст, ки маҳалли зисти фарзанди умумии ноболиғи онҳо Назиров А., санаи таваллуд 10 апрели соли 2012 маҳалли зисти модараш муайян карда шавад. Суди ноҳияи Ҳисор дар асоси бар­расии аризаи даъвогӣ ва ба инобат гирифтани хурдсолии фарзанди умумии ноболиғи даъвогар ва ҷавобгар, оилаи дигар барпо намудани ҷавобгар, бо ҳалнома аз 21 июли соли 2014 аризаи даъвогиро қонеъ кард[2].

Бо ба инобатгирии ваҷҳои овардашуда ва таҳлили муқоисавии онҳо бо муқаррароти қонунгузории оилаи Тоҷикистон хулоса кардан мумкин аст, ки ҳуқуқҳои падару модар хислати субъективӣ дошта, вобаста намудани онҳо ба ҳуқуқ ва манфиатҳои кўдак ба мақсад мувофиқ нест, чигунае, ки инро намояндагони алоҳидаи ҳуқуқи оилавӣ пешниҳод менамоянд. Лекин, бо ин яке аз хусусиятҳои муҳим ва калидии меъёрҳои ҳуқуқи оилавӣ – робитаи устувори ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон дар муносибатҳои оилавӣ инкор намегар­дад. Ин муқаррарот, – чи хеле ки А.В. Феоктистов қайд менамояд, – дар он зоҳир мегардад, ки меъёрҳои ҳуқуқи оилавӣ истифодаи таҳримотро на танҳо барои иҷрои номатлуби уҳдадориҳо, инчунин дар бештари ҳолат барои ба амал набаровардани ҳуқуқҳо низ пешбинӣ менамояд[3]. Чунончи, Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдаки назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи табобатии «Хонаи кўдакон»-и шаҳри Хуҷанд ба Суди шаҳри Конибодом бо аризаи даъвогӣ нисбати Раҳимова Ф. дар бораи маҳрум кардан аз ҳуқуқи модарӣ муроҷиат намуда, аз суд хоҳиш кардаанд, ки Раҳимова Ф. аз ҳуқуқи модариаш маҳрум карда шавад. Суди шаҳри Конибодом бо баррасии аризаи даъвогӣ ва ба инобат гирифтани воқеияти фурўши кўдаки ноболиғ Раҳимов Х., санаи таваллуд 6 июни соли 2012 ба маблағи 300 сомонӣ, иштирок накардани модар дар таълим ва тарбияи фарзанд, бо ҳалнома аз 5 марти соли 2015 Раҳимова Ф.-ро аз ҳуқуқи модариаш маҳрум кард[4].

Дар илми ҳуқуқи оилавӣ андешаҳое низ ба назар мерасанд, ки онҳо фаро расидани масъулиятро барои амалӣ накардани ҳуқуқҳои оилавӣ ба сифати таҳримот эътироф намекунанд. Масалан, С. Тағое­ва бо мавриди таҳлил қарор додани оқибатҳои номусоид ҳамчун шакли ҷавобгарии оилавӣ-ҳуқуқӣ, қайд менамояд, ки «фаро расидани масъулияти оилавӣ барои иҷро ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои худ аз ҷониби аъзоёни оила ё шахсоне, ки хоҳиши аъзои оила шуданро доранд, мумкин аст дар шакли оқибатҳои номусоид ифода карда шаванд, ки онҳоро ҳамчун маҳрум кардан аз ҳуқуқ ё маҳдуд кардан дар ҳуқуқ ё оқибатҳои номусоиди иловагӣ «банду баст кардан» ғайриимкон аст»[5].

Бо ин нуқтаи назар танҳо дар ҳамон қисме розӣ шудан мумкин аст, ки маҳрум ё маҳдуд карда шудан дар ҳуқуқ барои фаро расидани ҳамон оқибатҳои номусоиди ҳуқуқӣ боис гардида метавонад, ки бо қонунгузории амалкунанда пешбинӣ гардидаанд. Масалан, муоши­рат карда натавонистани падар ё модар бо кўдак ҳангоми маҳрум гардидан аз ҳуқуқи падарӣ ё модарӣ. Лекин, банду баст накардани ин ҳамчун маҳрум гардидан аз ҳуқуқ ё маҳдуд гардидан дар он ғайриимкон аст.

Дуруст аст, ки «аз қонунгузории оила даъват ба амал оварда шудааст, ки аз ҷониби аъзои оила амалишавии бемонеаи ҳуқуқҳо ва ҳангоми зарурият ҳимояи судии ин ҳуқуқҳоро таъмин намуда, пой­мол­шавии ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ба дахлнопазирии ҳаёти хусусӣ, сири шахсӣ ва оилавӣ … роҳ надиҳад»[6]. Лекин, қонунгузории оила бо муқаррар кардани меъёрҳои аксаран хислати диспозитивӣ, мавқеи «бетарафӣ»-ро ишғол кардааст, ки ин зимни танзим ва ҳимояи ҳуқуқҳои оилавии иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ, аз ҷумла падару модар мушкилоти муайяни назаррасеро эҷод менамояд. Чунончи, бо қонунгузории амалкунандаи оила пешбинӣ нагардидани чораҳои мушаххаси ҳуқуқҳимоявии оилавӣ-ҳуқуқӣ, иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи оилавиро водор менамояд, ки барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ аз муқаррароти дигар қонунгузориҳо истифода намоянд. Истифода шудан аз муқаррароти дигар қонунгузориҳо на ҳама вақт хусусиятҳои муносибатҳои ҳуқуқи оилавиро фаро гирифта, сатҳи дахлдори ҳимояи манфиати онҳоро кафолат медиҳад. Он чиз ба мақсад мувофиқ дониста мешавад, ки агар чораҳои ҳуқуқҳимоявӣ дар боби алоҳидаи КО Тоҷикистон мавриди танзим қарор гирифта, тарз ва шаклҳои онҳо мушаххас нишон дода шаванд.

Конститутсияи Тоҷикистон таҳти ҳимояи давлат қарор доштани оиларо ҳамчун асоси ҷамъият муқаррар карда, ҳуқуқи ҳар касро ба ташкили оила эътироф мекунад. Мардон ва занон ҳуқуқ доранд ҳангоми расидан ба синни никоҳӣ озодона ақди никоҳ баста, муноси­бат­ҳои оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳро тибқи принсипҳои баробарии мардон ва занон ҳаллу фасл намоянд (моддаи 33). Модар ва кўдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор дошта, падару модар барои таълим ва тарбияи фарзандон масъул мебошанд (моддаи 34). Ҳамин тавр, Конститутсия падарӣ ва модариро ба сифати арзиши марказии аҳамияти иҷтимоӣ эътироф менамояд, ки бояд таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор гирад[7].

Конститутсия гарчанде ҳуқуқи мардон ва занонро ҳангоми расидан ба синни никоҳӣ барои бастани ақди никоҳ ва ташкили оила муқаррар намуда, таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доштани оиларо ҳамчун асоси ҷомеа пешбинӣ менамояд, лекин ҳолатҳои алоқаманд ба масоили падарӣ ва модариро мавриди танзим қарор намедиҳад, гарчанде ин ҳуқуқ ҳуқуқи конститутсионӣ ба шумор меравад.

П. Рагойша дуруст қайд менамояд, ки ҳуқуқи падар ё модар будан ё ҳуқуқ ба падарӣ ё модарӣ ба ҷумлаи ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ дохил шуда, ҳуқуқи табиӣ ба шумор меравад ва мансуб ба ҳар кас мебошад[8]. Ин маънои онро дорад, ки инсон дар ҳалли масъалаи соҳиби фарзанд шудан комилан озод буда, онро бо назардошти салоҳдиди худ ҳаллу фасл менамояд. Дар ин самт ду ҳолати калидӣ: ҳуқуқӣ ва тиббӣ ба инобат гирифта мешавад.

Мутобиқи ҳолати якум, пайдоиши ҳуқуқи падару модарӣ ё падарӣ ва модарӣ ба таваллуди кўдак, ки воқеияти он бо тартиби муқарраркардаи қонун аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлатӣ – сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, алоқамандии зич дорад. Ба қайди давлатӣ гирифта нашудани воқеияти таваллуди кўдак наметавонад воқеияти падарӣ ё модариро аз нигоҳи ҳуқуқ тасдиқ намояд.

Вобаста ба ҳолати дуюми ба қайди давлатӣ гирифта шудани воқеияти таваллуди кўдак аҳамияти назаррас надошта, омили марказӣ ин расидан ба синни репродуктивӣ, рушди физиологӣ, қоби­лияти ҷинсӣ ва дигар нишондиҳандаҳои тиббӣ ба шумор меравад. Вобаста ба ин, ҳуқуқи падарӣ ва модарӣ аз қобилияти амалкунии шахс алоқаманд набуда, наметавонад бо шартҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ маҳдуд гардад.

Дар баамалбарории ҳуқуқҳои падару модар мавридҳои зикргар­дида аҳамият надошта, онҳо метавонанд ҳангоми татбиқи ҳуқуқи падару модар омили калидӣ бошанд. Чунончи, барои таҳти таъ­миноти худ қарор додани фарзанд аз ҷониби падару модар ба қайди давлатӣ гирифтани воқеияти таваллуди кўдак муҳим нест. Ҳангоми татбиқи ҳуқуқи падару модар барои интихоби муассисаи таҳсилоти томактабӣ ё миёнаи умумӣ мавҷудияти шаҳодатномаи таваллуд муҳим буда, асоси ҳуқуқиро талаб менамояд, ки дар намуди бақайд­гирии давлатии воқеияти таваллуд ба амал бароварда мешавад. Вобаста ба ин, мутобиқи моддаи 48 КО ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модар ва фарзандон, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун тасдиқ шудааст, асос меёбад.

Дар доираи тадқиқоти илмӣ сухан маҳз дар бораи ҳамон ҳуқуқҳои падару модар меравад, ки воқеияти онҳо бо тартиби моддаи 48 КО ва дигар қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ муқаррар карда шудааст.

Ҳуқуқҳои падару модар нисбати фарзанд ба таври заминавӣ дар КО (фасли IV) танзим гардидааст. Ҳуқуқҳои падару модар, ки бо қонунгузории дигар, аз ҷумла ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кўдак, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд пешбинӣ гардидаанд, давоми мантиқии ҳуқуқҳои мазкур буда, аз он сарчашма мегиранд.

Тамоми ҳуқуқҳои падару модарро, ки бо қонунгузории Тоҷикис­тон пешбинӣ гардидаанд, ба ду гурўҳи калон тасниф кардан мумкин аст:

1. Ҳуқуқҳои моддии падару модар. Ин гурўҳи ҳуқуқҳое эътироф мегарданд, ки нисбати падару модар имконияти бевосита ба амал баровардани ҳуқуқҳои худро медиҳанд. Масалан, муроҷиат ба бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳангоми таваллуди фарзанд. Ингуна ҳуқуқҳо бештар хислати заминавӣ дошта, барои амалишавии ҳуқуқҳои падару модар муосидат менамоянд.

2. Ҳуқуқҳои мурофиавии падару модар. Ин гурўҳи ҳуқуқҳое эътироф мегарданд, ки бо қонунгузории мурофиавӣ пешбинӣ гардида, ба падару модар имконияти намояндагӣ кардани ҳуқуқу манфиатҳои фарзандро дар муносибатҳои мурофиавӣ медиҳанд. Масалан, эътироф гардидани падару модар ба сифати намояндаи қонунӣ аз ҷониби қонунгузории мурофиавии гражданӣ (моддаи 54 КМГ). Дар доираи ин гуруҳи ҳуқуқҳо падару модар иштирокчии мурофиавӣ буда, аз номи фарзанд баромад менамоянд.

Новобаста аз оне, ки ҳуқуқҳои мавҷудаи падару модар кадоме аз ин гурўҳи ҳуқуқҳоро ташкил медиҳанд, бо омилҳои субъективию объективӣ алоқамандии зич дошта, дар пайвастагӣ бо онҳо ба амал бароварда мешаванд. Яъне ҳуқуқҳои падару модар дар амалишавӣ ва татбиқи худ бо омилҳои субъективӣ ва объективӣ асоси заминавии худро пайдо карда, мутобиқ ба онҳо ба амал бароварда мешаванд. Масалан, падару модар ҳуқуқ доранд, ки тибқи салоҳдид ва бо назардошти манфиатҳои кўдак муассисаи таълимии томактабиро интихоб кунанд. Субъектони раванди таълим ва тарбияи томактабӣ уҳдадоранд, ки дар амалишавии ин ҳуқуқ мусоидат намоянд.

Нисбати ин ду гурўҳи асосии ҳуқуқҳои падару модар ду шакли асосии умумиқабулшудаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои падару модар вогузор карда мешавад:

1. Шакли ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар. Фаъолияти ҳамагуна мақомоти давлатии бо тартиби муқарраркардаи қонун ваколатдоршуда – суд, прокуратура, васоят ва парасторӣ, корҳои дохилӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигарҳо, ки дар доираи салоҳияташон ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои падару модарро ҳангоми халалдоршавӣ ба амал мебароранд. Масалан, дар асоси аризаи прокурор маҳрум карда шудан аз ҳуқуқи падарӣ ё модарӣ.

2. Шакли ғайриҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар. Фаъо­лияти шаҳрвандон ва ташкилоти ғайридавлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ­ҳои субъективӣ, ки бо тартиби муқарраркардаи қонун аз ҷониби шахсони манфиатдор мустақилона ба амал бароварда мешавад. Масалан, ба расмият даровардани созишнома дар бораи таълим ва тарбияи фарзанд аз ҷониби падару модаре, ки дар алоҳидагӣ истиқомат менамоянд ё ақди никоҳашонро бекор кардаанд.

Дар таҷриба он чиз қобили қабул гардидааст, ки шакли дуюми ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар бештар дар намуди худмуҳофизат­кунии ҳуқуқ роиҷ дониста мешавад. Яъне намояндагони илми ҳуқуқи оилавӣ ин шакли ҳифзи ҳуқуқҳои падару модарро ба сифати фаъолияти худмуҳофизаткунии ҳуқуқҳо муайян менамоянд[9].

Қонунгузории оила гарчанде дар тафовут аз қонунгузории граж­данӣ падидаи худмуҳофизаткунии ҳуқуқҳоро пешбинӣ намена­мояд, бо вуҷуди ин зимин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо истифода шудани унсурҳои алоҳидаи онро истисно намекунад. Масалан, аз ҷониби ҳамсарон ба расмият даровардани аҳдномаи никоҳ, созишнома дар бораи таълим ва тарбияи фарзанд, созишнома дар бораи уҳдадории алиментӣ ва монанди инҳо.

Мушкилот на он қадар дар пешбинӣ нагардидани падидаи худмуҳофизаткунии ҳуқуқҳо бо қонунгузории оила аст, чи хеле ки дар то чӣ андоза самаранок будани ин падида дар танзими муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ, бахусус ҳуқуқ ва манфиатҳои падару модар зоҳир мегардад.

Бо таҳлил ва омўзиши таҷрибаи судӣ дар самти парвандаҳои оилавӣ ба хулоса омадан мумкин аст, ки самаранокии падидаи худмуҳофизаткунии ҳуқуқҳо дар муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ зери шубҳа буда, на ҳама вақт барои фаро расидани оқибатҳои ҳуқуқии қонеъкунандаи талаботи тарафҳо оварда мерасонад. Чунончи, омўзи­ши парвандаи оилавии №2-1062/0 бо аризаи даъвогии Миҷгонаи М. нисбати Назиров Ф. дар Суди шаҳри Ҳисор муайян намуд, ки онҳо дар давоми ҳамзистии якҷоя соҳиби ду фарзанд – Назирова Б., санаи таваллуд 15 сентябри соли 2010 ва Назиров А., санаи таваллуд 10 апрели соли 2012 мегарданд. Аз моҳи майи соли 2012 бинобар сабаби ба миён омадани сардӣ дар муносибатҳои оилавиашон дар алоҳидагӣ зиндагӣ мекунанд. Ҳамсарони собиқ ба мувофиқа мерасанд, ки фарзандони умумӣ дар як моҳ понздаҳ рўз дар назди модар ва понздаҳ рўз дар назди падар якнафарӣ меистанд. Бо сипарӣ гардидани понздаҳ рўз онҳо ҷойи истиқомати фарзандони умумиро иваз мекунанд. Новобаста аз мувофиқаи ҳосилшуда, нисбати модар аз ҷониби падар дар муошират бо фарзанд монеъа эҷод карда мешавад, ки ин барои бо аризаи даъвогӣ дар бораи муайян намудани маҳалли зисти кўдак муроҷиат кардан ба суд ва қонеъ гардидани он бо ҳалномаи Суди ноҳияи Ҳисор аз 21 июли соли 2014 асос мешавад.

В. Синайский нисбати шакли ғайрисудии ҳифзи ҳуқуқҳо дар доираи ҳуқуқи гражданӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, мавҷудияти онро ба сатҳи маданияти ҷомеа вобаста менамояд. Ба андешаи муҳаққиқ «истифодаи васеъ ва назарраси шакли ҳифзи ғайрисудӣ ба матлаб мувофиқ дониста мешавад, аммо шарти муҳим халалдор нагардидани олами иҷтимоӣ ба шумор меравад, ки ҷиҳати ҳимояи он ҳифзи судӣ таъсис дода шудааст. Муҳити маданӣ чӣ андоза баланд бошад, ҳифзи ғайрисудӣ ҳамон қадар васеъ бояд бошад»[10].

Барномаи ислоҳоти суддӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015, №327 тасдиқ шуда буд, муайян намуд, ки дар натиҷаи рушди босуръати соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа шумораи парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сол то сол зиёд шуда истодаанд. Чунин ҳолат боиси афзоиши сарбории судяҳо шуда, барои босифат ва дар муҳлатҳои муқарраршуда баррасӣ гардидани парвандаҳо метавонад таъсири манфӣ расонад.

Ба ин маъно, муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ ҳарчи бештар ба тарзҳои ғайрисудии ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳо эҳтиёҷ пайдо карда, зарурияти ба таври ҳуқуқӣ мустаҳкам карда шудани худро ба миён овардаанд. Ҷараёни рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ падидаҳои нави ҳалли баҳсҳои пайдошуда, чун медиатсия, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳр­вандӣ ва ғ.-ро пешниҳод менамояд. Лекин, қонунгузории оилаи Тоҷикистон дар ин самт ба талаботи пешниҳодшаванда ҷавобгў набуда, илми ҳуқуқи оилавӣ ба ин раванд ба таври бояду шояд таваҷҷуҳ зоҳир намекунад, гарчанде сол аз сол шумораи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ майл ба болоравӣ доранд. Розӣ бояд шуд, ки «муддати даҳсолаҳо муносибати доктриналӣ тағйир ёфт ва ба падидаҳои ғайриҳуқуқии ҳимоя таваҷҷуҳи дахлдор дода нашудааст»[11].

Бо ин падидаҳои алоҳидаи худмуҳофизаткунии ҳуқуқ, ки бо қонунгузории оила пешбинӣ гардидаанд, ба монанди бастани аҳдно­маи никоҳ, бастани созишномаҳо дар бораи уҳдадории алиментӣ, дар бораи иштирок дар таълим ва тарбияи фарзанд ва дигарҳо инкор карда намешавад. Лекин, он чиз зери шубҳа қарор дода мешавад, ки падидаҳои худмуҳофизаткунии бо қонунгузории оила пешбинишуда то чӣ андоза метавонанд ҳуқуқҳои падару модарро кафолат диҳанд. Чунончи, мутобиқи моддаи 24 КО Тоҷи­кистон, агар ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ муайян карда шавад, ки яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, суд вазифадор аст масъалаи таъмини иҷрои аҳдномаи никоҳро бар­расӣ намояд. Тибқи қисми 3 моддаи 198 КМГ Тоҷикистон, ҳалнома дар доираи талаботи пешниҳоднамудаи даъвогар қабул карда меша­вад. Ин дар ҳолатест, ки қонунгузории оила аз ҷониби суд баррасӣ шудани ин масъаларо новобаста аз талаботи даъво пешбинӣ менамояд.

Боиси инкор нест, ки «ҳимояи ҳуқуқии оила дар маҷмуъ бо соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ ба танзим дароварда мешаванд, зеро оила таҳти ҳимояи давлат қарор дорад»[12]. Баробари ин, бояд ба инобат гирифта шавад, ки «ҳар як соҳаи ҳуқуқ ҳангоми таъсиррасонӣ ба муносибатҳо бо иштироки оила усули таъсиррасонии худро дорад»[13]. Ин дар навбати дигар аҳамиятнокии андешаи муҳаққиқонеро, ки истифода шудани талаботи қонунгузории дигар, бахусус қонунгузо­рии гражданиро нисбати муносибатҳои оилавӣ мутобиқ ба муқар­рароти қонунгузории оила дуруст мешуморанд, то андозае коста мегардонад[14]. Масалан, А. Григоров дар асоси таҳлили тарзҳои худмуҳофизатӣ дар ҳуқуқи оилавӣ қайд менамояд, ки «моддаи 14 КГ Федератсияи Россия дар мавриди татбиқи худмуҳофизатӣ муқар­рароти умумиро пешбинӣ менамояд, ки онро аз нуқтаи назари мо мумкин аст ҳангоми истифодаи худмуҳофизатӣ дар аксар соҳаҳои ҳуқуқи хусусӣ истифода кард»[15].

Қонунгузории гражданӣ дар мавриди муқаррар намудани воси­таҳои худмуҳофизатӣ хусусиятҳои муносибатҳои ҳуқуқи гражданиро ба инобат гирифта, онҳоро мутобиқ ба ин хусусиятҳо пешбинӣ мена­мояд. Муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ дар фарқият аз муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ хислати муносибатҳои ба боварӣ асосёфтаро дошта, асоси хоси пайдоиш – бастани ақди никоҳ, таваллуди фарзанд, фарзандхонӣ ва м.и. соҳиб аст. Зиёда аз ин, муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолмулмулкӣ дар муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ доираи мушаххаси иштирокчиёнро дошта, вобастагии муносибатҳои молу мулкӣ аз муносибатҳои шахсии ғайри молу мулкӣ ба назар мерасад[16]. Масалан, бастани ақди никоҳ дар мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ва пайдоиши моликияти умумӣ ва шахсии ҳамсарон.

Бо ин истифодаи муқаррароти қонунгузории гражданӣ нисбати муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ куллан рад намегардад. Он чиз мавриди баҳс қарор дода мешавад, ки истифодаи муқаррароти қонунгузории гражданӣ дар қисмати худмуҳофизаткунии ҳуқуқҳо нисбати муноси­батҳои ҳуқуқи оилавӣ, бахусус ҳангоми ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати қонунии падару модар то кадом андоза ба мақсад мувофиқ дониста мешавад. Масалан, ҳангоми аз ҷониби яке аз падару модар ба муқобили тарафи дигар шўронидани фарзанд. Чунончи, Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зимни баррасӣ кардани аризаи даъвогии Мирсаидов Х. нисбати Ҳоҷиева М., шахси манфиатдор Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдаки назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар бораи муайян намудани маҳалли зисти кўдак, муқаррар кард, ки фарзанди умумии ноболиғ Мирсаидов Хисрав, санаи таваллуд 31 июли соли 2003, таҳти фишори равонӣ нисбати модар мавқеи хилофро ишғол карда, розигии худро барои истиқомат ҳамроҳи падар баён кардааст. Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ин назардошт қонеъ намудани аризаи даъвогиро бо ҳалнома аз 19 феврали соли 2014 рад кард.

Таҳлили муқоисавии қонунгузории оилавӣ ва қонунгузории гражданӣ нишон доданд, ки дар чунин маврид тарзи мушаххаси худмуҳофизаткунӣ пешбинӣ нагардидааст. Моддаи 14 КГ Тоҷи­кистон бо муқаррар кардани он ки «Худмуҳофизаткунии ҳуқуқи гражданӣ роҳ дода мешавад. Роҳҳои худмуҳофизат бояд ба ҳуқуқвай­ронкунӣ мувофиқ буда, аз ҳадди амалҳое, ки барои пешгирии он заруранд, нагузарад», маҳдуд мегардад. Нисбати ин моддаи 56 КО Тоҷикистон ва моддаи 22 Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак» муқобил қарор мегиранд. Дар асоси моддаҳои мазкур, кўдак нисбати худ ҳуқуқи муоширатро бо падару модар, бобову бибӣ ва дигар хешу ақрабо нигоҳ медорад.

Аз ҷониби падару модар ё яке аз онҳо манъ карда шудани муоширати кўдак бо падару модар ё хешу аquot;Times New Roman TjMsoNormal/pқрабо вобаста ба асосҳои зикргардида, барои бо аризаи даъвогӣ дар бораи бартараф кардани монеъа ба суд муроҷиат намудани шахсони манфиатдор асос мегардад. Бо тартиби судӣ бартараф карда шудани монеъа, амалан маънои аз ҷониби падару модар, хешу ақрабо идома додани поймолсозии ҳуқуқҳои падару модарро дар назар дорад. Моддаҳои 69 ва 73 КО Тоҷикистон ба сифати асоси ҳимояи ҳуқуқҳои тарафи дигар (ҷабрдида) ба муқобили тарафи дигар шўронидани фарзандро пешбинӣ наменамоянд. Дар чунин ҳолат ва ҳолатҳои дигари ба ин монанд, нисбати падару модар ё яке аз онҳо муқаррар шудани ҳуқуқ ба манъ намудани муоширати кўдак бо падару модар ё хешу ақрабо, ки амалишавии ҳуқуқи падару модарро бо чунин тарз халалдор месозанд, ба мақсад мувофиқ дониста мешавад.

Мавриди қайд аст, ки ҳуқуқҳои падару модар хислати доимӣ дошта, дар реҷаи низоми воқеӣ амалӣ карда мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки барандагони ин ҳуқуқ ҳақ надоранд ҳуқуқҳои худро ҷиҳати амалигардонӣ ба шахсони сеюм вогузор намоянд. Вобаста ба ин, «ҳифзи ҳуқуқҳои оилавӣ низоми чорабиниҳоеро дар назар дорад, ки барои барқарорсозии ҳуқуқҳои поймолшуда, эътироф ва пешгирисозии ҳуқуқвайронкуниҳо, татбиқи таҳримот нисбати ҳуқуқвайронкунандагон ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо нигаронида шудаанд»[17]. Дар ин робита, ҳуқуқи оилавӣ дар шароити муосири пешрафт нисбати воситаҳои алтернативии ҳаллу фасли мушкилоти ҳуқуқҳои падару модар, ба монанди кумитаҳо ва шўроҳои маҳалла, шахсони обрўманду рўзгордида ва ғ. таваҷҷуҳ зоҳир менамояд, ки самаранокии чунин воситаҳо аллакай исботи худро дар пешги­рисозии зўроварӣ дар оила пайдо кардаанд. Ба андешаи муаллиф, ба сифати чораҳои худмуҳофизаткунии ҳуқуқ дар қонунгузории оилавӣ пешбинӣ шудани падидаҳои зикргардидаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, мета­вонанд дар ҳалли мушкилоти алоқаманд ба ҳимояи ҳуқуқҳои падару модар нақши марказиро бозида, фарорасии ҳамон оқибат­ҳоеро замина гузоранд, ки ифодакунандаи манфиати тарафҳо бошанд.

Албатта, дар низоми шаклҳои ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар нақши калидӣ насиби ҳифзи судии ҳуқуқҳои падару модар буда, таъсири назаррасро ба ҳуқуқҳои падару модар боқӣ мегузорад. Масалан, дар мавриди ба таври судӣ муайян шудани маҳалли истиқомати кўдак, маҳрум карда шудан аз ҳуқуқҳои падару модар ва ғ., тарафҳо чунин роҳи ҳалли масъаларо қабул карда, дар минбаъда иҷроиши бечунучарои онро таъмин менамоянд. Лекин, хусусияти муносибатҳои оилавӣ чунин аст, ки тартиби судии ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар на ҳама вақт натиҷаи дилхоҳ дода метавонад. Нисбати сифати баррасии парвандаҳои оилавӣ шумораи ками воҳиди кории судя, сарбории зиёд нисбати ҳар як судя, муҳлати баррасии парванда таъсири бевосита мерасонанд[18].

Ба сифати мушкилоти асосии муносибатҳои оилавӣ он чиз баромад менамояд, ки падару модар аксар вақт таҳти ҳуқуқҳои падару модар барои ҳалли мушкилоти шахсии худ кўшиш ба харҷ медиҳанд. Ин дар ҳолатҳои алоҳида метавонад барои бо фоҷиа анҷом ёфтани ҳолати кор оварда расонад. Чунончи, баҳси байни ҳамсарони собиқ М. Ятимова ва Б. Ширинов оид ба тақсими молу мулк ва муайян кардани ҷойи истиқомати фарзандон ба он боис гардид, ки Б. Ширинов собиқ ҳамсари худ М. Ятимоваро ба таври бераҳмона ба ҳалокат расонид[19].

Дар низоми судии Тоҷикистон бо аввалин Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон[20] Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ таъсис дода шуд. Бо таъсисёбии коллегияи мазкур, дар баррасии парвандаҳои оилавӣ баъзе дигаргуниҳо ба миён омаданд. Дигаргуниҳо ҳанўз қаноатбахш набуда, гузаронидани кор­ҳои зиёдеро талаб менамояд. Ин бо он алоқаманд аст, ки Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ дар сатҳи зинаи кассатсионӣ ва назоратӣ фаъолият карда, зинаи якумро дар бар намегирад. Бинобар ин, «зарур аст, ки барои пешгирисозии мухолифатҳо дар оила, ки барои парокандашавии оила боис гардида метавонанд, амали мақомоти давлатӣ, сохтори ҳокимияти иҷроия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамоҳанг карда шавад»[21].

Ҳамин тавр, дар асоси таҳлилҳои боло, барои такмили механизми шаклҳои ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар зарур дониста мешавад:

1. Дар доираи боби алоҳидаи КО Тоҷикистон мавриди танзим қарор додани шаклҳои ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар бо додани хислати омирона нисбати онҳо. Қонунгузории оиларо зарур аст ҳангоми танзими чунин муносибатҳо, нисбати кафолатнокии шакл­ҳои ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намояд. Бо воситаҳои мушаххаси ҳуқуқӣ кафолатнок нагардидани шаклҳои ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар аҳамияти онҳоро коста намуда, самаранокии ин механизмро ба сифр баробар менамояд.

2. Пешниҳод мешавад, ки ҳолати номуайянии шаклҳои ҳифзи ҳуқуқи падару модар бартараф гардида, низоми он мушаххас нишон дода шавад. Назарияи ҳуқуқи оилавӣ ду шакли асосии ҳифзи ҳуқуқи падару модар: шакли ҳуқуқӣ ва ғайриҳуқуқии онро фарқ менамояд, ки баъзан вақт ҳамчун шакли судӣ ва ғарисудии ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар ном бурда мешаванд.

Ба андешаи муаллиф дар шакли зерин ифода намудани шаклҳои ҳифзи ҳуқуқи падару модар ба мақсад мувофиқ буда, метавонад механизми ҳимояи онро пурра намояд:

а) шакли судии ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар, ки танҳо мақомоти судиро дар бар мегирад;

б) шакли маъмурии ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар, ки ҳамаи мақомоти ғайрисудии давлатӣ, масалан, прокуратура, корҳои дохилӣ, васоят ва парасторӣ ва монанди инҳоро дар бар мегирад;

в) шакли худмуҳофизатии ҳуқуқҳои падару модар, ки мустақилона аз ҷониби падару модар, дар доираи қонун, бо салоҳдиди худ муайян ва интихоб карда мешавад;

г) шакли иҷтимоии ҳифзи ҳуқуқҳои падару модар, ки алоқаманд ба шахсони обрўманд, мақомоти худфаъолиятии ҷамъиятӣ мебошанд.

3. Вобаста ба оне, ки сарбории мақомоти судӣ зиёд буда, самаранокии онро дар ҳимояи ҳуқуқҳои падару модар бетаъсир монда наметавонад, пурзўр карда шудани фаъолияти мақомоти маъмурии давлатӣ, бахусус мақомоти васоят ва парасторӣ, корҳои дохилӣ, кор бо занон ва оила, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва монанди инҳо мувофиқи мақсад дониста мешавад. Барои ин зарур аст, ки нақши мақомоти маъмурӣ дар пешгирии мухолифати оилавӣ, ки аксар бо амалишавии ҳуқуқҳои падару модар алоқаманд аст, пурзур карда шавад.


[1] Ниг.: Пчелинцева Л.П. Семейное право. М., 2004. С. 262.

[2] Ҳалномаи Суди ноҳияи Ҳисор бо парвандаи №2-1062/0 аз 21 июли соли 2014.

[3] Ниг.: Феоктистов А.В. Основные вопросы судебной защиты семейных прав // Вестник ПензГУ. 2013. №4. С. 64.

[4] Ҳалномаи Суди шаҳри Конибодом бо парвандаи №2-24-2015 аз 5 марти соли 2015.

[5] Ниг.: Тагаева С.Н. Сущность семейно-правовой ответственности (по материалам Республики Таджикистан). Душанбе: Ирфон, 2012. С. 99.

[6] Ниг.: Воробьева И.В. Правовая защита семьи как основное направление реализации концепции государственной семейной политики в Российской Федерации на период до 2025 г // Вестник РГГУ. Серия «Экономика. Управление. Право». 2016. №1 (3). С. 108.

[7] Ақидаҳои ба ин монанд инчунин аз ҷониби муҳақиқони дигар низ пешниҳод мегардад. Онҳо аҳамиятнокии падарӣ ва модариро қайд намуда, таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор доштани онро пешниҳод менамоянд. Дар ҳолати акс вай метавонад пешрафти минбаъдаи ҷамъиятро ба таври назаррас халалдор намояд. Ниг.: Рагойша П.В. Обеспечение охраны отцовства в трудовом праве: проблемы законодательного регулирования // Современные проблемы трудового права и права социального обеспечения: материалы междунар. науч.-практ. конф. (г. Минск, 22-23 июня 2006 г.) / науч. ред. А.А. Войтик [и др.]. Минск: БГУ, 2006. С. 301-304.

[8] Ниг.: Рагойша П.В. Родительские права и обязанности в контексте реализации прав на материнство и отцовство: проблема дефиниции момента возникновения [Электронный ресурс] // Режим доступа: http://center.gov.by/nauchnaya-i-analiticheskaya-rabota/publi­katsii-rabotnikov-tsentra/kommentarii-zakonodatel-stva/roditel-skie-prava-i-obyazannosti-v-ko/ (дата доступа: 05.10.2018).

[9] Ниг.: Пчелинцева Л.П. Семейное право. Москва, 2004. С. 269; Геворгян М.А. Некоторые теоретические аспекты самозащиты как способа защиты семейных прав // Вестник Пермского университета. Юридические науки. 2014. №4 (26). С. 102-110; Григоров А.А. Способы самозащиты в семейном праве // Вестник КГУ. 2016. №3. С. 237-240; Худояров Б. Т. О некоторых вопросах применения норм материального и процессуального права в семейно-правовых отношениях // Вестник Пермского университета. Юридические науки. 2014. №1 (23). С. 164-171 ва диг.

[10] Ниг.: Синайский В.И. Русское гражданское право. Москва: Статут, 2002. С. 184.

[11] Ниг.: Геворгян М.А. Некоторые теоретические аспекты самозащиты как способа защиты семейных прав. С. 103.

[12] Ниг.: Худояров Б. Т. О некоторых вопросах применения норм материального и процес­суального права в семейно-правовых отношениях // Вестник Пермского университета. Юридические науки. 2014. №1 (23). С. 165.

[13] Ниг.: Худояров Б. Т. О некоторых вопросах применения норм материального и процессуального права в семейно-правовых отношениях. С. 165.

[14] Қонунгузории оилаи аксар давлатҳо дар моддаи алоҳида нисбати муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ истифода шудани муқаррароти қонунгузории гражданиро пешбинӣ менамояд. Масалан, моддаи 6 КО Ўзбекистон, моддаи 5 Кодекси Қазоқистон оид ба никоҳ ва оила», моддаи 5 КО Қирғизистон, моддаи 4 КО Тоҷикистон ва диг.

[15] Ниг.: Григоров А.А. Способы самозащиты в семейном праве // Вестник КГУ им. Н.А. Некрасова. 2016. №3. С. 237.

[16] Муфассал ниг.: Маҳмудзода М. Ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳамсарон дар оила.

[17] Ниг.: Гражданское право // под ред. А.П. Сергеева. Москва: РГ-Пресс, 2014. С. 308.

[18] Тибқи далелҳои оморӣ дар Тоҷикистон ба ҳолати 13 июни соли 2018 485 воҳиди кории судя вуҷуд дорад, ки аз ҷониби онҳо дар як сол ба ҳисоби миёна 800 парванда ва дар як моҳ 66 парванда баррасӣ мегардад. URL.: https://news.tj/ru/news/tajikistan/society/ 20180613/vibor-dlya-sudi-malenkaya-zarplata-chestnoe-sudeistvo-ili (санаи дастрасӣ: 09.10.2018)

[19] URL.: https://news.tj/ru/news/tajikistan/laworder/20180924/ubivshii-s-osoboi-zhestokostyu-zhenu-sin-generala-priznal-sebya-vinovnim-chastichno (санаи дастрасӣ: 09.10.2018)

[20] Ниг.: Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007, №271 тасдиқ шуда буд.

[21] Ниг.: Старосельцева М.М. К вопросу о судебной защите родительских прав // Вестник БелЮИ МВД России. 2011. №2. С. 27.

Орипова М.

Унвонҷўйи Академияи илмҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ ҲАМСАРОН ДАР НИЗОМИ МУНОСИБАТҲОИ ШАХСИИ ҒАЙРИ МОЛУ МУЛКЇ

«Давраи муосир бо тағйир ёфтани мавқеи ҳуқуқи оилавӣ дар низоми ҳуқуқ… ва тағйир ёфтани мафкураи он хислатнок карда мешавад. Акнун меъёрҳои он барои амалигардии комили тамоми ҷанбаҳои чӣ ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ ва чӣ ҳуқуқҳои молумулкии ҳамаи шахсоне, ки ба доираи муносибатҳои никоҳӣ-оилавӣ ҷалб гардидаанд, мусоидат менамоянд»[1]. Бинобар ин, бо андешаи М. Маҳмудзода, Б. Худоёрзода розӣ шудан мумкин аст, ки «муносибатҳое, ки дар байни одамон ҳамчун аъзои оила пайдо мегарданд, танҳо бо муносибатҳои оилавӣ маҳдуд нагардида, берун аз он низ амал мекунанд ва онҳо на танҳо бо меъёрҳои ҳуқуқи оилавӣ, балки бо меъёрҳои ахлоқӣ низ ба танзим дароварда мешаванд»[2]. Онҳо инчунин қайд мекунанд, ки «… на ҳамаи муносибатҳое, ки дар байни аъзои оила пайдо мегарданд, бо меъёрҳои ҳуқуқи оилавӣ ба танзим дароварда мешаванд. Чунин муносибатҳо ҳамчунин аз ҷониби меъёрҳои ахлоқӣ, меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ ва дигар соҳаҳои ҳуқуқ ба танзим дароварда мешаванд»[3].

Нуқтаи назари ба ин монандро ҳамчунин муҳаққиқони рус С. Селетская, Е. Яковлева дар мавриди тадқиқи мақоми ҳуқуқии ҳамсарон ва табиати байнисоҳавии он баён медоранд. Онҳо тибқи таҳлили муқоисавии мақоми ҳуқуқии ҳамсарон дар доираи қонунгузории гражданӣ, оилавӣ, мурофиаи гражданӣ, мурофиаи иқтисодӣ, мурофиаи маъмурӣ ва дигарҳо ба хулоса омаданд, ки «дар давраи муосири пешрафти ҷомеа он чиз равшан аён мегардад, ки ҳамсарон ҳамчун субъекти муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ соҳиби ҳуқуқ ва уҳдадориҳои махсус мегарданд, ки бо ин онҳо аз дигар аъзоёни оила фарқ менамоянд»[4].

Нуқтаи назарҳои овардашуда имкон медиҳанд дар он хусус хулосабарорӣ намоем, ки ҳамсарон дар муносибатҳои ҳуқуқии гуногун мақоми ягона надошта, доираи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо вобаста ба муносибатҳои ҳуқуқии воридшаванда муайян карда мешавад. Чунончи, дар асоси моддаи 12, қисми 5 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ кас уҳдадор нест ба муқобили худ, хешовандони наздик, ки доираи онҳоро Кодекси мазкур муайян кардааст, нишондод диҳад. Тибқи моддаи 6 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон зери мафҳуми хешовандони наздик падару модар, фарзандон, фарзандхондшудагон, бародарон ва хоҳарон, бобо, бибӣ (модаркалон), набера, инчунин ҳамсар фаҳмида мешаванд.

Талаботи моддаи 174 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳамсарон ҳимоя шудани шаъну шараф ва эътибори кории тарафи дигарро баъд аз вафот истисно наменамояд. Вобаста ба муқаррароти ин модда, агар шахси паҳнкардаи маълумоте, ки шаъну шараф ё эътибори кории шаҳрвандро паст мезананд, дурустии ин маълумотро ба исбот нарасонад, шаҳрванд ҳақ дорад аз тариқи суд раддияи чунин маълумотро талаб кунад. Бо талаби шахси манфиатдор ҳифзи шаъну шарафи шаҳрванд пас аз вафоташ низ имконпазир аст (қисми 1 моддаи 174,).

Муқаррароти дигари ба ин монандро инчунин қонунгузории дигари Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» ва ғ. пешбинӣ менамоянд ва онҳоро мавриди танзим қарор медиҳанд.

Мавриди қайд аст, ки новобаста аз танзими муносибатҳои шахсии ғайри молу мулкӣ бо иштироки ҳамсарон тавассути доираи васеи қонунгузорӣ, мавқеи қонунгузории оилавӣ дар ин самт хоса буда, бояд дар ин низом ҷойгоҳи калидиро дошта бошанд. Зеро чӣ хеле ки М. Аминов қайд менамояд, «муносибатҳои ҳуқуқии оилавӣ дар худ намуди махсуси муносибатҳои ҳуқуқиро ифода менамоянд, ки ба онҳо нишонаҳои хоса мансуб мебошанд. Онҳо дар худ муносибатҳои бо қонунгузорӣ танзимгардидаи байни аъзои оиларо ифода менамоянд, ки барандаи хислати ба боварӣ асосёфта буда, ба таври бемузд пайдо мегарданд ва муҳлати амали онҳо бо доираи вақт маҳдуд карда нашудааст»[5].

Қонунгузории оилавӣ маҳаки асосии муносибатҳои шахсии ғайри молу мулкиро дар байни аъзои оила, аз ҷумла ҳамсарон бо назардошти махсусиятҳои ин соҳа муқаррар ва танзим намуда, ба сифати сарчашмаи асосии муносибатҳои ҳуқуқии алоқаманд ба ҳаёти оилавӣ баромад менамояд.

Дар асоси таҳлили муқаррароти қонунгузории оилавии Тоҷикистон ба хулоса омадан мумкин аст, ки КО Тоҷикистон нисбати муносибатҳои шахсии ғайри молу мулкии ҳамсарон танҳо ду моддаро дар доираи боби 6 бахшида, бо ин дар танзими ҳуқуқии муносибатҳои шахсии ғайри молу мулкӣ маҳдуд гардидааст. Ин мутобиқан дар танзимсозии муносибатҳои шахсии ғайри молу мулкӣ дар байни ҳамсарон кофӣ набуда, зарурати васеъ карда шудани доираи худро талаб менамояд. Зеро дар шароити муосири пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ доираи предмети танзимсозии меъёрҳои ахлоқӣ ба таври назаррас маҳдуд гардида, имконияти таъсиррасонии онҳо ба муносибатҳои ҷамъиятӣ ва субъектони онҳо рў ба таназзул овардааст. Баробари ин, таҳлили сабабу омилҳои болоравии шумораи бекоршавии ақди никоҳ дар байни навхонадорон (оилаҳои ҷавон) онро собит менамояд, ки дар ин самт риоя нашудани талаботи меъёрҳои ахлоқӣ низ мавқеъи назаррасро ишғол карда истодаанд.

Таҳлили амалия ба он ишора менамояд, ки дар парокандашавии оилаҳои ҷавон дар баробари сабабу омилҳои дигар, доғдор гардидани иффати ҳамсар то бастани ақди никоҳ, доштани муносибатҳои маҳрамона бо шахсони бегона дар давраи ақди никоҳ аз ҳарду ҷониб (ҳам шавҳар ва ҳам ҳамсар), нобоварӣ нисбати тарафи дигар ва монанди инҳо, ки аслан бо меъёрҳои ахлоқӣ ба танзим дароварда мешаванд, ба сатҳи аввал баромада истодаанд. Ин сабабу омилҳо дар ҳолатҳои алоҳида барои даст ба ҷиноят задани тарафи дигар оварда мерасонанд. Чунончи, аз ҷониби истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Шодиев М. мавриди лату кўб қарор дода шудани ҳамсараш бо гумони даст доштан дар хиёнат[6].

Дар чунин ҳолат дар баробари ҷавобгарии ҷиноятӣ, ба миён гузошта шудани ҷавобгарии оилавӣ-ҳуқуқӣ ба мақсад мувофиқ дониста мешавад. Зеро ин ҳуқуқпоймолкунӣ бо ҳуқуқпоймолкуниҳои дигар монандӣ ё айният надошта, бо хусусиятҳо ва таркиби субъективӣ фарқ менамояд, гарчанде байни онҳо аломатҳои умумӣ низ ҷой доранд.

Ба сифати субъекти ҷавобгарии оилавӣ-ҳуқуқӣ шахсоне баромад мекунанд, ки онҳоро муносибатҳои оилавӣ ба ҳам мепайвандад, яъне чунин шахсон нисбати ҳамдигар бегона набуда, дар муносибатҳои умумии оилавӣ қарор доранд. Предмети чунин ҷавобгариро муносибатҳое ташкил медиҳанд, ки дар натиҷаи иҷро ё ба таври дахлдор иҷро нашудани уҳдадориҳои оилавӣ пайдо мегарданд. Масалан, уҳдадориҳои алиментӣ.

Розӣ шудан мумкин аст, ки «ҷавобгарии ҳуқуқӣ ин муносибати пурмасъули инсон нисбати уҳдадориҳои худ ва масъулият оид ба иҷрои дурусти уҳдадориҳои ба зиммаи шахс тибқи қонун вогузор шуда мебошад. Дар ҳолати аз ҷониби шахс иҷро нашудани чунин уҳдадориҳо, ҷавобгарӣ ба маънои негативии он – водор кардан, ҷуброн намудан, ҷазо додан фаро мерасад[7]. Ин масъала нисбати ҷавобгарии оилавӣ-ҳуқуқӣ баъзе мушкилоти худро дорад. Масалан, С.П. Гришаев ба он назар аст, ки «ҷавобгарии оилавӣ-ҳуқуқӣ дар намуди тоза вуҷуд надорад, нисбати поймолкунандагон муқаррароти ҳуқуқи гражданӣ, ҷиноятӣ ва оилавӣ татбиқ карда мешаванд»[8]. С.Н. Тағоева ҷавобгарии оилавӣ-ҳуқуқиро ба сифати падидаи комплексӣ арзёбӣ менамояд. Ба андешаи ў, ин ҷавобгарӣ дар ҷойе вуҷуд дошта метавонад, ки дар он сухан дар бораи маҳдуд кардани ҳуқуқ ё маҳрум кардан аз ҳуқуқ ё чораҳои иловагӣ нисбати шахсе меравад, ки ба ҳуқуқвайронкунии оилавӣ роҳ додааст[9].

Дар асоси таҳлили муқаррароти қонунгузории оилавӣ хулоса кардан мумкин аст, ки дар Тоҷикистон чунин ҷавобгарии ҳуқуқӣ умуман вуҷуд надорад ё ҷавобгарии мазкур бо ҷавобгарии дигари ҳуқуқӣ – ҷавобгарии гражданӣ айният карда шудааст[10]. Ҳангоми чунин ранг гирифтани ҳолат, мақоми ҳуқуқии ҳамсарон дар низоми муносибатҳои ҳуқуқӣ тағйир ёфта, онҳо наметавонанд ба чунин сифат баромад кунанд. Чунончи, қонунгузории гражданӣ мафҳуми ҳамсаронро дар мавридҳои алоҳида (масалан, моддаи 304) истифода карда, дар мавридҳои дигар ба чунин сифат баромад кардани ҳамсаронро истисно менамояд. Дар ин робита онҳо мақоми даъвогар ва ҷавобгарро соҳиб гардида, мушкилоти худро ба чунин сифат ҳаллу фасл менамояд. Ин ҳолат метавонад дар доираи муқаррароти моддаи 198, қисми 3 КМГ Тоҷикистон истисно шудани ҳолатҳои барои баррасии парванда аҳамиятдоштаро, ки бо мақоми ҳамсаронро доштани тарафҳо алоқаманд мебошанд, замина гузорад. Зеро судя тибқи талаботи қисми 3 моддаи 198 КМГ Тоҷикистон ҳуқуқ надорад ҳалномаро берун аз доираи талаботи пешниҳоднамудаи даъвогар қабул намояд.

Ба танзим дароварда шудани ҷавобгарии оилавӣ-ҳуқуқӣ дар доираи боби алоҳида имкон медиҳад, ки масъалаҳои муҳими алоқаманд ба муносибатҳои ҳуқуқии оилавӣ, ки фарогири мақоми ҳуқуқии ҳамсарон мебошанд, дуруст ва пурра ҳаллу фасл карда шаванд, чигунае, ки инро дар мавриди бекор кардани ақди никоҳ (моддаи 24 КО), тақсими молу мулки муштараки ҳамсарон (моддаи 39, қисми 3 КО) мушоҳида кардан мумкин аст. Лекин, барои ин мухолифате, ки дар байни қонунгузории мурофиавии гражданӣ ва қонунгузории оилавӣ дар қисмати тартиби баровардани ҳалнома ҷой дорад, монеъа эҷод намояд. Вобаста ба ин, пешниҳод карда мешавад, ки барои аз байн бурдани ин мухолифат, қисми 3 моддаи 198 КМГ Тоҷикистон дар таҳрири зерин баён карда шавад:

«3. Ҳалнома дар доираи талаботи пешниҳоднамудаи даъвогар қабул карда мешавад, агар бо қонунгузории соҳавии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад. Ҳангоми бо қонунгузории соҳавӣ пешбинӣ гардидани тартиби дигар, судя онро дар мавриди баррасии парванда ва баровардани ҳалнома ба назар мегирад».

Бастани ақди никоҳ дар мавриди доғдор будани иффати ҳамсар ва ё доштани муносибати маҳрамона дар давраи ақди никоҳ аз ҷониби ҳарду ҳамсарон хислати қасдонаро дошта, метавонад бо назар­дошти арзишҳои миллии халқи тоҷик ба ҳолати равонии тарафи дигар зарари маънавии ҷиддӣ расонад. Дар ин раванд, расонида шудани зарари моддӣ дар намуди хароҷот барои бастани ақди никоҳ (бо назардошти анъанаҳои миллӣ), гирифтани табобат ҳангоми осеб дидани ҳолати равонӣ бинобар сабаби ошкор шудани амалҳои ношоис­таи тарафи дигар ва ғайра истисно карда намешавад.

Аз нигоҳи муқаррароти қонунгузории ҷиноятӣ (моддаи 141 КҶ) ин ба ҷумлаи озодии шахс шомил гардида, зиндагӣ кардан бо ҳаёти маҳрамона аз ҷониби худи ў баъди расидан ба синни шонздаҳ мус­тақилона муайян карда мешавад. Ин озодӣ аз нигоҳи меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои миллӣ маҳдудиятҳои худро дошта, ба мустаҳкамии оила ва муҳити солими он метавонад ба таври манфӣ таъсир расонад. Бинобар ин, бо мақсади таъмин намудани мустаҳкамии оила ва солим нигоҳ доштани муҳити оилавӣ, он чиз дуруст шуморида мешавад, ки агар дар доираи боби 5 КО Тоҷикистон ба сифати яке аз асосҳои беэътибор донистани ақди никоҳ бо ҳуқуқи талаб кардани ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ, содир намудани амалҳои бо меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои миллӣ маънгардида аз ҷониби яке аз тарафҳо чи то давраи бастани ақди никоҳ ва чи баъди он, ки оқибаташ баъди бастани ақди никоҳ фаро расидааст, муқаррар карда шавад.

Муқаррар шудани асосҳои нави беэътибор донистани ақди никоҳ ва эътироф гардидани ҳуқуқи тарафи дигар барои талаб намудани ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ аз як тараф мустаҳкам гардидани ҳаёти оилавиро замина гузорад, аз тарафи дигар мақоми ҳуқуқии ҳамсаронро дар низоми муносибатҳои шахсии ғайримолумулкӣ мушаххас намуда, барои дар як вақт ба инобат гирифта шудани манфиатҳои бо қонун ҳимояшавандаи шахсони сеюм замина фароҳам меорад.

Бо он розӣ шудан ғайриимкон аст, ки намояндагони алоҳидаи илми ҳуқуқи оилавӣ барои танзими мақоми ҳуқуқии ҳамсарон қабул гардидани қонуни алоҳидаро ба мақсад мувофиқ мешуморанд. Чунончи, С. Селетская, Е. Яковлева иброз медоранд, ки «мулоҳизаи мо оид ба махсусияти мақоми ҳуқуқии ҳамсарон, ки дар хусусияти байнисоҳавӣ доштани он ифода меёбад, имконият доданд, ки дар бораи зарурияти қабул шудани қонуни махсуси сатҳи федералӣ – «Дар бораи мақоми ҳуқуқии ҳамсарон дар Федератсияи Россия» хулосабарорӣ намоем». Онҳо дар ин қонун мустаҳкам шудани меъёрҳоеро мувофиқи мақсад медонанд, ки тартиби муайян намудани ҳамсаронро ҳамчун субъекти на танҳо муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ, инчунин муносибатҳои дигари ҳуқуқӣ пешбинӣ менамоянд[11].

Қонунгузории оилавӣ, ки дар танзими муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ мақоми марказиро ишғол мекунад, имконият дорад, ки тамоми масоили алоқаманд ба мақоми ҳуқуқии ҳамсаронро пурра мавриди танзим қарор диҳад, ки ин зарурияти қабул шудани қонуни алоҳидаро истисно мекунад. Бо мақсади дар қонунгузории дигар нигоҳ доштани асосҳои заминавии мақоми ҳуқуқии ҳамсарон он чиз дуруст шуморида мешавад, ки дар Кодекси оила ба ин қонун мутобиқ будани муқаррароти қонунгузории дигар ҳангоми танзими муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ пешбинӣ карда шавад, чуноне, ки ин дар КГ Тоҷикистон ба назар мерасад (моддаи 2, қисми 1 КГ).

Ҳамин тариқ, мақоми ҳуқуқии ҳамсарон дар низоми муносибатҳои шахсии ғайри молу мулкӣ комилан мазмун ва моҳияти ягонаро надошта, вобаста ба муносибатҳои ҳуқуқие муайян карда мешаванд, ки ҳамсарон ба он дар ҳаёти муқаррарӣ ворид мегарданд. Бинобар ин, он чиз набояд мадди назар карда шавад, ки дар чунин ҳолат маҳаки асосии қонунгузории оилавӣ буда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари танзимкунандаи муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ набояд ба он мухолифат намоянд, дар ҳолати акс ин санадҳо метавонанд қувваи ҳуқуқии худро аз даст диҳанд. Зеро:

а) ин барои бартараф карда шудани мухолифат байни қонунгузории Тоҷикистон ва қонунгузории оилавӣ мусоидат менамояд;

б) таҷрибаи ягонаи татбиқи муқаррароти қонун, аз ҷумла қонунгузории оилавиро нисбати мақоми ҳуқуқии ҳамсарон ба вуҷуд меорад;

в) арзишҳои ахлоқию маънавии оилавиро мустаҳкам намуда, барои устувории муносибатҳои оилавӣ замина мегузорад.


[1] Ниг.: Джандарбек Б.А. Семейное право в системе права РК (вопросы предмета и метода). Алматы «Қазақ университетi», 2008. С. 31.

[2] Ниг.: Маҳмудзода М., Худоёрзода Б. Ҳуқуқи оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Китоби дарсӣ. Душанбе «Эр-граф», 2015. С. 99.

[3] Ниг.: Ҳамон ҷо. С. 99.

[4] Ниг.: Селецкая С.Б., Яковлева Е.А. О некоторых особенностях правового статуса супругов и его межотраслевой природе // Вестник Казанского юридического института МВД России. 2016. №3 (25). С. 37-40.

[5] Ниг.: Аминов М.М. Правовые основы признания и исполнения иностранных судебных решений по семейным делам в Республике Таджикистан // Теоретический и политико-правовой журнал Министерство юстиции Республики Таджикистан «Жизнь и закон». 2016. №1. С. 107.

[6] Исбот кун ки хиёнат накардӣ… Ҷангу ҷанҷоли зану шавҳар то суд рафт [Захираи электронӣ] // Реҷаи дастрасӣ: http://akhbor.com/-p6761-117.htm (санаи дастрасӣ: 25.08.2018).

[7] Ниг.: Строгович М.С. Сущность юридической ответственности // Советское государство и право. 1979. №5. С. 73.

[8] Ниг.: Гришаев С.П. Семейное право в вопросах и ответах. Москва: Новая правовая культура, 2008. С. 11.

[9] Ниг.: Тагаева С.Н. Правовая сущность семейно-правовой ответственности. Душанбе: «Ирфон», 2012. С. 17.

[10] Ниг.: Ҳамон ҷо. С. 16.

[11] Ниг.: Селецкая С.Б., Яковлева Е.А. О некоторых особенностях правового статуса супругов и его межотраслевой природе // Вестник Казанского юридического института МВД России. 2016. №3 (25). С. 39.

ТАЪИНОТИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАЪИНОТИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дар­хости шаҳрванд Маҳмудов Р. «Дар хусуси муайян намудани муто­биқати моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011, №722 «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба моддаҳои 10, 14, 31 ва 47 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ш. Душанбе 29 майи соли 2018

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси­ку­нанда Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., муовини Раис Ка­рим­зода К.М., судя-котиб Ҳошимзода Д.Д., судяҳо: Абдуллозода Л.И., Гулзор М.М. ва Абдураҳимзода Д.Р.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Мусулмонов С.,

дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши муовини Раиси Суди конститутсионӣ Каримзода К.М. ва судяи Суди консти­тутсионӣ Ҳошимзода Д.Д.-ро аз рўи дархости шаҳрванд Маҳмудов Р. «Дар хусуси муайян намудани муто­биқати моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон аз 28 июни соли 2011, №722 «Дар бораи Бонки миллии Тоҷи­кис­тон» ба моддаҳои 10, 14, 31 ва 47 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шаҳрванд Маҳмудов Р.бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳу­рии То­ҷи­­кистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки миёни ў ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» (минбаъд – Бонк) шарт­но­маи пасандози бонкӣ бас­та шудааст. Аммо, Бонк шартҳои онро бе ризоия­ти ў яктарафа тағйир до­дааст, ки номбурда бо чунин амал розӣ намебошад.

Ба ғайр аз ин, Бонк ба муроҷиаткунанда ҳамаи маблағи пасан­до­зашро тибқи шарт­нома дар рўзи ба охиррасии он барнагардонида, пешни­ҳод кардааст, ки ў пасандозашро ҳар моҳ ба миқдори 200 доллари ИМА гирад. Бо ин на­зардошт, ў пасандозашро метавонад дар муддати 45 моҳ ба даст орад.

Муроҷиаткунанда бо ин шарт розӣ нашуда, тавассути Ташкилоти ҷамъи­я­тии «Итти­фоқи истеъ­мол­ку­нан­да­гони Тоҷикистон» ба суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Ду­шанбе даъ­во пешниҳод кардааст. Суд хуло­саи Бонки миллии Тоҷикистонро ба асос гирифта, бо қарори худ Ҷамъия­ти саҳомии кушодаи «Тоҷиксодирот­бонк»-ро вазифадор намуда­аст, ки ба ў маблағ­и пасан­доз ва фоизҳои онро пардохт намояд.

Бонк бо ҳалномаи суди ноҳияи Исмоили Со­­монӣ розӣ нашуда, ба Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ овардааст. Коллегияи зикршудаи судӣ бо қарори кассатсионии худ ҳалномаи суди ноҳияи Ис­моили Со­мониро бекор карда, қарори худро бо он асоснок кардааст, ки манфиати пасан­дозонро на Ташкилоти ҷамъиятии «Ит­тифоқи истеъ­молкунандагони Тоҷикистон», балки тан­ҳо Бонки миллии То­ҷикистон ҳимоя карда метавонад.

Муроҷиаткунанда ба моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии То­ҷи­кис­тон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ишора намуда, қайд мена­мояд, ки тибқи он Бонки миллии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи истис­ноии танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ буда, мақсади асосии он дар ин самт нигоҳдории суботи низоми бонкӣ ва низоми пардохт, ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳон мебошад.

Тибқи моддаи 51 Қонуни зикршуда, баъди таъин гардидани маъму­рияти муваққатӣ ҳамаи ҳуқуқу ваколатҳои ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла он ҳуқуқу ваколатҳое, ки саҳмдорон, пасандоздорон ё кормандони роҳбари­кунандаи ташкилоти қарзӣ доранд, боздошта шуда, ба мудири муваққатӣ дода мешаванд ва касе ҳақ надорад барои додани ҳуқуқҳо ба мудири муваққатӣ ё амалӣ намудани онҳо аз тарафи вай монеъ гардад.

Муроҷиаткунанда қайд мекунад, ки тибқи қонунгузории амал­кунанда Бонки миллии То­ҷикистон дорои ҳуқуқи таъин намудани маъмурияти муваққатӣ мебошад, ки баъди таъин ба он тамоми ҳуқуқу ваколатҳои ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла ҳуқуқу ваколатҳои пасандоз­до­рон бидуни ризоияти онҳо мегузарад.

Ҳол он, ки тибқи моддаи 14 Конс­титутсияи Ҷум­ҳурии Тоҷикис­тон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналми­лалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.

Ҳуқуқу озодиҳо фардӣ, универ­салӣ ва ҷудонопазир буда, ба худи инсон тааллуқ доранд ва танҳо ў ҳуқуқ дорад, ки онҳоро шахсан амалӣ намояд. Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.

Ҳамин тариқ, ба андешаи муроҷиаткунанда Бонки миллии Тоҷикис­тон ваколати боздоштани амалишавии ҳуқуқҳои пасандоз­дорон ва аз худ намудани ҳуқуқҳои онҳоро бе ризоияташон надорад ва ҳолати ба миёно­мада боиси он гардидааст, ки пасандоздорон наметавонанд муста­қи­лона ҳуқуқи худро дар суд ҳимоя намоянд.

Би­нобар ин, Маҳмудов Р.ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон муроҷиат карда, талаб намудааст, ки дар асоси дархос­ти ў муро­фиаи судии кон­сти­тут­сионӣ оғоз карда шуда, му­то­би­қати моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии То­­ҷикистон аз 28 июни соли 2011, №722 «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба моддаҳои 10, 14, 31 ва 47 Конститут­си­яи Ҷум­ҳурии Тоҷикистон му­ай­ян карда шавад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост ва дигар ма­води ба он замимашударо дида баромада, қайд менамояд, ки шаҳрванд Маҳмудов Р.агарчи субъекти муроҷиат маҳсуб ёбад ва баррасии дар­хос­ти ў шаклан ба салоҳияти Суди конститутсионӣ дохил шавад ҳам, аммо дар масъалаи мутобиқати моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии То­ҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикис­тон» ба моддаҳои 10, 14, 31 ва 47 Конститут­си­яи Ҷум­ҳурии Тоҷикис­тон номуайяние ошкор нагардид, ки барои бар­расии пар­ванда дар Суди конститутсионӣ асос гардад.

Чунончи, тибқи талаботи қисми 2 моддаи 44 Қонуни конститут­сио­нии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Суди консти­­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» барои баррасии парванда дар Суди консти­тут­сионӣ ошкор гаштани номуайянӣ дар масъалаи ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мувофиқат доштани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ асос мегардад.

Дархост ба талаботи моддаи 41 Қонуни конс­ти­тут­сионии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи Суди консти­тут­си­онии Ҷум­ҳурии Тоҷи­­кистон» низ мувофиқ набуда, дар он моҳияти талаби муроҷиат­кунанда мушах­хас нишон дода нашудааст ва ҳолату далелҳои оварда­шуда дар хусуси ба мод­даҳои дахлдори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муво­фи­қат надош­­тани муқаррароти қонуни мавриди баҳс қа­рордошта асоснок карда нашуда­анд.

Аз ин рў, Суди конститутсионӣ оғоз наму­да­ни мурофиаи судии кон­сти­­­тут­­сиониро оид ба дархости шаҳрванд Маҳмудов Р. «Дар хусуси муайян намудани муто­биқати моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикис­тон» ба моддаҳои 10, 14, 31 ва 47 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар ошкор нагаштани номуайя­нӣ дар масъа­лаи ба Конститутсия мувофиқат дош­тани муқарра­роти моддаҳои қону­ни мав­риди баҳс қарордодашуда, инчунин ба тала­боти моддаи 41 Қонуни консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» муво­фиқ набудани дархост рад менамояд.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаи 89 Кон­сти­тутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 34, 40, 41, 44, 45, 55, 56 ва 60 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди консти­тут­сио­нии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон,

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз на­мудани мурофиаи судии консти­тут­сионӣ аз рўи дархости шаҳрванд Маҳмудов Р. «Дар хусуси муайян намудани муто­биқати моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011, №722 «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба моддаҳои 10, 14, 31 ва 47 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар ошкор нагаштани номуай­я­­нӣ дар масъа­лаи ба Конститутсия муво­фиқат дош­тани муқар­ра­ро­ти моддаҳои қону­ни мав­риди баҳс қарор­до­дашуда, инчунин ба тала­боти мод­даи 41 Қонуни консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» муво­фиқ набудани дархост рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода М.А.

Судя-котиби

Суди консти­тутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Д.Д.

ТАЪИНОТИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дар­хости намояндаи ваколатдори шаҳрванд Исроилов П.Р. – Қодиров Ш.С. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ш. Душанбе 8 августи соли 2018

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси­ку­нанда Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., муовини Раис Ка­рим­зода К.М., судя-котиб Ҳошимзода Д.Д., судяҳо Гулзор М.М. ва Абдураҳимзода Д.Р.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Мусулманов С.,

дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши муовини Раис Ка­римзода К.М.-ро оид ба дархости намояндаи ваколатдори шаҳрванд Исроилов П.Р. – Қодиров Ш.С. «Дар хусуси муайян наму­дани мувофи­қати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Қодиров Ш.С. – намояндаи ваколатдори шаҳрванд Исроилов П.Р.бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии То­ҷи­­кистон муроҷиат наму­да, дар он қайд менамояд, ки суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе парвандаи гражданӣ бо аризаи даъвогии Исроилов Т.П.Шоимардонова О.Ҳ. нисбати Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «АксесБонк Тоҷикистон», Исроилов П.Р. ва шахси сеюм – идораи нотариалии давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оид ба бекор кардани шартномаи гарав таҳти №14Р-5117/12 аз 24 декабри соли 2014 ва аризаи даъвогии Ҷамъияти саҳомии пўшидаи«АксесБонк Тоҷикистон»нисбати Исроилов П.Р. оид ба эътироф наму­дани ҳуқуқи моликият ба хонаи истиқоматӣ ва кўчонидан аз ман­зили истиқоматиро бидуни додани дигар манзили истиқоматӣ, мавриди баррасӣ қарор дод.

Муроҷиаткунанда аризаи даъвогии ба суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе пешниҳодкардаи Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Аксес­Бонк Тоҷи­кис­тон»-ро ғайриқонунӣ ҳисобида, зикр менамояд, ки дар он тобе­ияти судӣ ва дигар меъёрҳои қонун дағалона вайрон карда шудааст. Бинобар он ки Исроилов П.Р. соҳибкори инфиродӣ ба шумор меравад, баррасии мавзўи аризаи даъвогии Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Аксес­Бонк Тоҷи­кис­тон» ба тобеияти судҳои иқтисодӣ мансуб мебошад ва қаблан суди иқтисодии шаҳри Душанбе аризаи даъвогии Ҷамъияти зикршударо тибқи талаботи қонун­гузории мурофиавии иқтисодӣ баррасӣ намудааст.

Вобаста ба ин масъала, ў ба суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дархости шифоҳӣ пешниҳод намуда, хоҳиш намудааст, ки даъвои Ҷамъи­я­ти саҳомии пўши­даи «Аксес­Бонк Тоҷи­кис­тон» дар қисмати эъти­рофи ҳуқуқи моли­кият ба хонаи истиқоматӣ бинобар ба тобеияти судҳои иқтисодӣ мансуб будани баррасии он рад карда шавад.

Аммо суд ин талаби ўро қонеъ нагардонида, бо дарназардошти он ки талаботи дуюми Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «АксесБонк Тоҷикистон» – кўчонидан аз манзили истиқоматӣ бидуни додани дигар манзили истиқо­матӣ – ба тобеияти судҳои умумӣ тааллуқ дорад, бар хилофи талаботи қонун баррасии парвандаро идома дода, қарор қабул намудааст. Бо ин амали худ суд ҳуқуқҳои конститутсионии сокинони манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, кўчаи Туробӣ, хонаи № 8-ро вайрон кардааст.

Ў дар доираи дархост моҳияти аризаи даъвогии худро ба суди ноҳия асоснок намуда, зикр мекунад, ки хулосаи прокурор вобаста ба баҳси мазкур гирифта нашудааст ва нуқтаи назари дигар иштирокчиёни пар­ванда номаълум мебошад.

Илова бар ин, муроҷиаткунанда қайд мекунад, ки аз ҷониби суд ҷиҳати ҳалли баъзе масъалаҳои марбут ба парвандаи баррасишаванда барои идомаи мурофиаи судӣ танаф­фус эълон карда шудааст. Аммо баъд аз ба итмом расидани танаффуси эълоншуда ў саривақт оид ба рўз ва вақти идомаи баррасии парванда хабардор карда нашудааст. Бар хилофи талаботи қонунгузории мурофиавии гражданӣ ўро ним соат пеш аз муро­фиаи судӣ воқиф намудаанд.

Аз ин рў, ў натавонистааст, ки дар вақт ва санаи муайяннамудаи суд дар баррасии парвандаи гражданӣ иштирок намояд. Дар ин хусус суд воқиф гардида бошад ҳам, аммо ин ҳолат ба инобат гирифта нашудааст.

Мурофиаи судӣ бе иштироки муроҷиаткунанда ва дигар иштирок­чиёни парванда, ки оид ба вақт ва маҳалли баррасии он ба таври дахлдор хабардор карда нашуда буданд, гузаронида шуда, 1 июни соли 2018 ҳалномаи судӣ қабул карда шудааст.

Ҳамин тариқ, муроҷиаткунанда чунин мешуморад, ки ҳуқуқҳои кон­сти­тутсионии иштирокчиёни парванда аз ҷониби суд поймол гардидааст. Ин ба он боис гардид, ки онҳо натавонистанд далелҳои худро пурра ба суд пешниҳод намуда, дар музокираҳои судӣ иштирок ва нуқтаи назари худро вобаста ба баҳси ҷойдошта изҳор намоянд.

Би­нобар ин, Қодиров Ш.С. ҳамчун намояндаи ваколатдори шаҳрванд Исроилов П.Р. ба Суди конститутсионӣ муроҷиат на­му­да, талаб намуда­аст, ки дар ас­оси дархости ў мурофиаи судии конс­ти­тутсионӣ оғоз карда, му­вофиқати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон му­ай­ян карда шавад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост ва дигар ма­води ба он замимашударо дида баромада, қайд менамояд, ки намояндаи ваколат­дори шаҳрванд Исроилов Т.П. – Қодиров Ш.С. агарчи субъекти муроҷиат маҳсуб ёбад ҳам, аммо баррасии масъалаи дар муроҷиат овар­даи ў дар хусуси муайян намудани мувофиқати ҳалномаи судӣ ба Кон­ститут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти Суди конститут­сионӣ мансуб набуда, мавзўи баҳси кон­сти­тутсионӣ намебо­шад.

Тибқи моддаи 89 Консти­тут­­сияи Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон ва моддаи 34 Қонуни конститут­сионии Ҷумҳу­рии Тоҷи­кистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷумҳу­рии Тоҷикис­тон», Суди консти­тут­­сионӣ на масъа­ла­и мувофиқ будан ё набудани санади қабулнаму­даи судиро ба Консти­тутсия, балки дар асоси дар­хости субъектҳои ҳуқуқ масъа­лаи ба Консти­тутсия мувофиқат дош­та­ни қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқу­қиро баррасӣ менамояд.

Ҳалномаи судӣ, ки вобаста ба баҳси гражданӣ қабул гардидааст, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъё­рии ҳуқуқӣ», санади меъёрии ҳуқуқӣ маҳсуб намеёбад. Дар сурати норозӣ будан бо ҳалномаи судӣ, иштирокчиёни парванда метавонанд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиа­вии гражданӣ, онро дар зинаҳои дахлдори судӣ мавриди баҳс қарор диҳанд.

Дархост аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаи 41 Қонуни конс­ти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди консти­тут­си­онии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» мувофиқ нест, зеро моҳияти талаби муро­ҷиат­кунанда низ берун аз доираи амалисозии назорати судии конститут­сионӣ ифода карда шудааст.

Аз ин рў, Суди конститутсионӣ оғоз наму­да­ни мурофиаи судии кон­с­ти­­­­тут­­сиониро оид ба дархости намояндаи ваколат­дори шаҳрванд Исрои­лов П.Р. – Қодиров Ш.С. «Дар хусуси муайян намудани муво­фи­қати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар ба салоҳияти Суди консти­­­тутсионӣ мансуб набудани баррасии масъалаи дар дархост гузош­та­шуда, инчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 41 Қонуни консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Суди консти­тут­сио­нии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муво­фиқ набудани дархост, рад менамояд.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаи 89 Кон­сти­тутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 34, 40, 41, 44, 45, 55, 56 ва 60 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди консти­тут­сио­нии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон,

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз на­мудани мурофиаи судии консти­тут­сионӣ аз рўи дар­хости намояндаи ваколат­дори шаҳрванд Исроилов П.Р. – Қодиров Ш.С. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Кон­ститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи­кистон», бинобар ба салоҳияти Суди консти­тутсионӣ мансуб набудани баррасии масъалаи дар дархост гузошташуда, инчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 41 Қонуни консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муво­фиқ набудани дархост, рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода М.А.

Судя-котиби

Суди консти­тутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Д.Д.

ТАЪИНОТИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии консти­тут­­сионӣ оид ба дархости намояндаи ваколат­дори шаҳрванд Исроилов Т.П. – Хидоятов Дж.В. «Оид ба муайян намудани мувофиқати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ш. Душанбе 8 августи соли 2018

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси­ку­нанда Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., муовини Раис Ка­рим­зода К.М., судя-котиб Ҳошимзода Д.Д., судяҳо Гулзор М.М. ва Абдураҳимзода Д.Р.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Мусулманов С.,

дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши судяи Суди конститутсионӣ Ҳошимзода Д.Д.-ро аз рўи дархости намояндаи ваколат­дори шаҳрванд Исроилов Т.П. – Хидоятов Дж.В. «Оид ба муайян наму­дани мувофиқати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Намояндаи ваколат­дори шаҳрванд Исроилов Т.П. – Хидоятов Дж.В. бо дархост ба Суди конс­ти­тутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон муро­ҷиат намуда, дар он қайд ме­на­мояд, ки дар суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе парвандаи гражданӣ бо даъвои Исроилов Т.П. ва Шоимар­донова О.Ҳ. нисбат ба Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «АксесБонк Тоҷикис­тон», Исроилов П.Р. ва шахси сеюм – идораи нотариалии давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оид ба бекор кардани шартномаи гарав таҳти № 14Р-5117/12 аз 24 декабри соли 2014 ва даъвои Ҷамъияти саҳо­мии пўшидаи «АксесБонк Тоҷикистон» нисбат ба Исроилов П.Р. оид ба эъти­роф намудани ҳуқуқи моликият ба хонаи истиқоматӣ ва кўчо­­ни­дан аз манзили истиқоматӣ бидуни додани дигар манзили исти­қоматӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муро­ҷиат­кунанда даъвои Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «АксесБонк Тоҷикистон»-ро ба суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ ҳисобида, зикр мекунад, ки ҳангоми пешниҳоди аризаи даъвогӣ тобеияти судӣ ва меъёрҳои қонун вайрон карда шудааст.

Ў дар доираи дархост моҳияти аризаи даъвогии худро ба суди ноҳия асоснок намуда, ба муқаррароти моддаҳои дахлдори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008, № 364«Дар бораи ипотека», кодексҳои гражданӣ ва манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора менамояд ва бе ризоияти сокинони манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, кўчаи Туробӣ, хонаи № 8 ба расмият даровардан ва додани шаҳодатнома дар бораи сабти давлатии шартномаи гаравро таҳти № 14Р-5117/12 аз 24 декабри соли 2014 поймолшавии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии сокинони манзили истиқоматии зикршуда меҳисобад.

Ҳамчунин, ҳангоми баррасии аризаи даъвогӣ дар суд ваколатдиҳан­даи ў ва шахсони дар манзили истиқоматии зикршуда истиқоматкунанда оид ба талаботи аризаи даъвогӣ пурсида нашуда­анд ва масъалаи хабар­дор будан ё набудани сокинони манзили истиқоматӣ дар хусуси ба гарав гузоштани манзил аз ҷониби кормандони бонк муайян карда нашудааст.

Илова бар ин, муроҷиаткунанда қайд мекунад, ки аз ҷониби суд ҷиҳати ҳалли баъзе масъалаҳои марбут ба парвандаи баррасишаванда барои идомаи мурофиаи судӣ танаф­фус эълон карда шудааст. Аммо баъд аз ба итмом расидани танаффуси эълоншуда ў саривақт оид ба рўз ва вақти идомаи баррасии парванда хабардор карда нашудааст. Бар хилофи талаботи қонунгузории мурофиавии гражданӣ ўро ним соат пеш аз муро­фиаи судӣ воқиф намудаанд.

Аз ин рў, ў натавонистааст, ки дар вақт ва санаи муайяннамудаи суд дар баррасии парвандаи гражданӣ иштирок намояд. Дар ин хусус суд воқиф гардида бошад ҳам, аммо ин ҳолат ба инобат гирифта нашудааст.

Мурофиаи судӣ бе иштироки муроҷиаткунанда ва дигар иштирок­чиёни парванда, ки оид ба вақт ва маҳалли баррасии он ба таври дахлдор хабардор карда нашуда буданд, гузаронида шуда, 1 июни соли 2018 ҳалномаи судӣ қабул карда шудааст.

Ҳамин тариқ, муроҷиаткунада чунин пешуморад, ки ҳуқуқ­ҳои конс­ти­тут­сио­нии ў ва дигар иштирокчиёни парванда аз ҷониби суд поймол шудааст ва ин боиси он гардидааст, ки онҳо натавонистанд далелҳои худро пурра ба суд пешниҳод намуда, дар музокираҳои судӣ иштирок кунанд ва нуқтаи назари худро вобаста ба баҳси ҷойдошта изҳор намоянд.

Аз ин рў, Хидоятов Дж.В. ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон муроҷиат намуда, талаб намудааст, ки дар асоси дархости ў муро­фиаи судии кон­сти­тут­сионӣ оғоз карда шуда, муво­фиқати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост ва дигар ма­води ба он замимашударо дида баромада, қайд менамояд, ки намояндаи ваколат­дори шаҳрванд Исроилов Т.П. – Хидоятов Дж.В. агарчи субъекти муроҷиат маҳсуб ёбад ҳам, аммо баррасии масъалаи дар муроҷиат овар­даи ў дар хусуси муайян намудани мувофиқати ҳалномаи судӣ ба Кон­ститут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти Суди конститут­сионӣ мансуб набуда, мавзўи баҳси кон­сти­тутсионӣ намебо­шад.

Тибқи моддаи 89 Консти­тут­­сияи Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон ва моддаи 34 Қонуни конститут­сионии Ҷумҳу­рии Тоҷи­кистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии ҶумX-NONEҳу­рии Тоҷикис­тон», Суди консти­тут­­сионӣ на масъа­ла­и мувофиқ будан ё набудани санади қабулна­мудаи судиро ба Консти­тутсия, балки дар асоси дар­хости субъектҳои ҳуқуқ масъа­лаи ба Консти­тутсия мувофиқат дош­та­ни қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқу­қиро баррасӣ менамояд.

Ҳалномаи судӣ, ки вобаста ба баҳси гражданӣ қабул гардидааст, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъё­рии ҳуқуқӣ», санади меъёрии ҳуқуқӣ маҳсуб намеёбад. Дар сурати норозӣ будан бо ҳалномаи судӣ, иштирокчиёни парванда метавонанд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиа­вии гражданӣ, онро дар зинаҳои дахлдори судӣ мавриди баҳс қарор диҳанд.

Дархост аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаи 41 Қонуни конс­ти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди консти­тут­си­онии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» мувофиқ нест, зеро моҳияти талаби муро­ҷиат­кунанда берун аз доираи амалисозии назорати судии конститут­сионӣ ифода карда шудааст.

Аз ин рў, Суди конститутсионӣ оғоз наму­да­ни мурофиаи судии кон­с­ти­­­­тут­­сиониро оид ба дархости намояндаи ваколат­дори шаҳрванд Исрои­лов Т.П. – Хидоятов Дж.В. «Оид ба муайян намудани мувофи­қати ҳално­маи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Консти­тутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар ба салоҳияти Суди консти­­­тутсионӣ мансуб набудани баррасии масъалаи дар дархост гузош­та­шуда, инчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 41 Қонуни консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Суди консти­тут­сио­нии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муво­фиқ набудани дархост, рад менамояд.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаи 89 Кон­сти­тутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 34, 40, 41, 44, 45, 55, 56 ва 60 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди консти­тут­сио­нии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон,

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз на­мудани мурофиаи судии консти­тут­сионӣ аз рўи дархости намояндаи ваколат­дори шаҳрванд Исроилов Т.П. – Хидоятов Дж.В. «Оид ба муайян намудани мувофиқати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», бинобар ба салоҳияти Суди консти­тутсионӣ мансуб набудани баррасии масъалаи дар дархост гузошташуда, инчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 41 Қонуни консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муво­фиқ набудани дархост, рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода М.А.

Судя-котиби

Суди консти­тутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Д.Д.