Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 3) 2013

Нашрияи мазкур дар ҳамкорӣ бо Барномаи «Мусоидат
ба давлатдории ҳуқуқӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ»-и GIZ (Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилаллӣ)
нашр шудааст.

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(№3) 2013

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маҷаллаи илмию иттилоотӣ

Сармуҳаррир:

Маҳмудов М. А. Раиси Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академики Академияи илмҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

Ҳайати таҳририя:

Каримов К.М. Судя-котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ

Абдуллоев А.А. Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сотиволдиев Р. Ш. Раиси Шўрои илмӣ – машваратии назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

Искандаров З.Ҳ. Узви Шўрои илмӣ – машваратии назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДМТ

© Нашрияи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2013.

.

САРҚОНУН

Китоби офтоби бахти инсон аст Сарқонун,

Китоби бахти сабзи шаҳрвандон аст Сарқонун.

Китоби рўимизӣ баҳри ҳар як тоҷикистонӣ,

Китоби раҳнамои Тоҷикистон аст Сарқонун.

Хати тақдири мо рахшон дар ин даҳ бобу сад модда,

Ҳазор асрори ҳақ пинҳон дар ин даҳ бобу сад модда.

Дар ин даҳ бобу сад модда садои қалби ҳар тоҷик,

Чӣ боқадр аст ҳар инсон дар ин даҳ бобу сад модда.

Ҳуқуқбунёду соҳибихтиёру дунявӣ кишвар,

Ягона ҳасту ҳам демокративу тоҷи ҳақ бар сар.

Забонҳои дигар ҳам гарчи роиҷ ҳаст дар ин бум,

Забони давлатияш – тоҷикии ширин аз шаккар.

Хати тақдири мо рахшон дар ин даҳ бобу сад модда,

Ҳазор асрори ҳақ пинҳон дар ин даҳ бобу сад модда.

Дар ин даҳ бобу сад модда садои қалби ҳар тоҷик,

Чӣ боқадр аст ҳар инсон дар ин даҳ бобу сад модда.

Суруди Миллию Парчам, Нишон – ин се гуҳар ҷон аст,

Ки ҳар се рамзҳои давлатии Тоҷикистон аст.

Душанбе – пойтахти тоҷикистон, сабзшаҳри бахт,

Мусоид баҳри рушди ҳикмату фарҳангу ирфон аст.

Хати тақдири мо рахшон дар ин даҳ бобу сад модда,

Ҳазор асрори ҳақ пинҳон дар ин даҳ бобу сад модда.

Дар ин даҳ бобу сад модда садои қалби ҳар тоҷик,

Чӣ боқадр аст ҳар инсон дар ин даҳ бобу сад модда.

Ҳаёту номусу қадри ҳар инсон аст арзишманд,

Ҳуқуқу фитрату озодии он аст арзишманд.

Барои Тоҷикистон халқу миллат арҷҳо дорад,

Барои халқу миллат Тоҷикистон аст арзишманд.

Хати тақдири мо рахшон дар ин даҳ бобу сад модда,

Ҳазор асрори ҳақ пинҳон дар ин даҳ бобу сад модда.

Дар ин даҳ бобу сад модда садои қалби ҳар тоҷик,

Чӣ боқадр аст ҳар инсон дар ин даҳ бобу сад модда.

Хайрандеш

Маҳмудов М.А.

Раиси Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

академики АИ ҶТ,

доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДЇ[1]

Муҳтарам иштирокчиёни чорабинии имрўза!

Қаблан мехостам миннатдории худ ва ҳайати Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ташкилкунандагони чорабинии имрўза, ки ба яке ҷашнҳои таърихӣ ва дастовардҳои муқаддаси халқи тоҷик – 22 – умин солгарди соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ бахшида шудааст, изҳор дошта, Шумо, муҳтарам судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, кормандони Шўрои адлия ва нишастагони ин толори барҳаворо бо ин ид таҳният гуфта, бароятон сиҳатманидиву хушбахтӣ, рўзгори пурфайзу баракат ва дастовардҳои беназирро таманно намоям.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созандаю бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз пояҳои Истиқлолияти давлатиамон таҳким ёфта, халқи азизамон, ки дорои таърихи чандинҳазорсола ва анъанаҳои фарҳангии бостонӣ мебошад, ояндаи ободу осудаи кишварамон дилпурона назар менамояд.

Имрўз ба шарофати таҳкими Истиқлолияти давлатӣ сулҳу суботи комил ва фазои орому беғубор дар диёри Тоҷикистони азиз ҳукмфармо буда, аз файзу баракати он сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худогоҳиву ифтихори миллии мардуми кишвар боло рафта, Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои созандагиву бунёдкорӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки бо дарназардошти дастовардҳои ин даврон эътибору мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, рушди муътадили иқтисоди миллӣ таъмин карда шуда, дар заминаи арзишҳои волои Конститутсия барои бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд, ки дар он эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, дар мадди аввал мебошад, заминаи воқеӣ гузошта шавад.

Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун дастоварди бузург ва воқеаи нодиру фараҳбахши таърихӣ барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ва давлатсозиву давлатдории навин фазои мусоид фароҳам овард. Дар ин раванд, мақоми ҳокимияти судӣ низ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ дар самти ба амал баровардани адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳр­ванд, манфиати давлату муассисаҳо ва таъмини тартиботу қонуният рўз аз рўз боло мегардад.

Аз рўзҳои аввали пойдории Истиқ­лолияти давлатӣ ва қабули қонунҳои муҳими танзимкунандаи фаъолияти судии мамлакат, барои ташаккули низоми судӣ шароити мусоид муҳайё карда шуда, ислоҳот дар ин соҳа оғоз гардид ва то ба имрўз бо маром идома дорад, ки ин барои таҳкими минбаъдаи пояҳои ҳокимияти судӣ манфиатбахш мебошад.

Президенти кишвар ҳанўз 31 майи соли 2002 зимни суханрониашон дар машварат бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва судҳо иброз доштанд, ки: «Имрўз барои ҷамъият ҳимояи судии пурқувват ва боэътимод беш аз пеш зарур мебошад ва онро суде таъмин карда метавонад, ки воқеан нерўманд ва дахлнопазир бошад».

Дар заминаи ин гуфтаҳо, имрўз мо шоҳиди онем, ки бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат низоми судии кишвар рушду такомул ёфта, барои таъмини амалишавии ҳуқуқи конститутсионии ҳар шахс ба кафолати ҳифзи судӣ чораҳои муассир андешида мешавад. Боварӣ ба судҳо то рафт меафзояд ва мо умед бар он дорем, ки низоми судии мамлакат дар оянда низ рисолати аслии хешро мутаъдил ба амал бароварда ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад.

Дар ин давра қабули як зумра қонуну кодексҳои нав, аз қабили қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиавии гражданӣ, мурофиавии иқтисодӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ имкон дод, ки фаъолияти мақомоти судӣ бо дарназардошти принсипҳои муҳимтарини пазируфташудаи ин соҳа, аз қабили: адолат, қонуният, мустақилияти судяҳо, татбиқи адолати судӣ дар асоси мубоҳиса ва баробарҳуқуқии тарафҳо, ошкоро будани муҳокимаи судӣ, ҳатмӣ будани санадҳои судӣ ва дигар принсипҳо, ки ба эҳтироми шаъну шарафи шахс ва дахлнопазирии шахсият асос меёбанд, таҳким ёфта, вазифаҳои асосии мурофиаи судии ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ дуруст ва саривақт таъмин карда шаванд.

Дар радифи ташаккули низоми судии кишвар, имрўз ҳамкорӣ ва муносибатҳои мутақобилан судманди Суди конститутсионӣ бо Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ ташаккул ва густариш ёфта, дар ҳамгироӣ бобати пешрафти ин шохаи ҳокимияти давлатӣ чораҳои муассир андешида мешавад.

Ва мо итминони комил дорем, ки муносибатҳои судманди мо боз ҳам густариш ёфта, он ба нафъи пешрафти ҳокимияти судӣ меваи дилхоҳ ба бор меоварад.

Гуфтан ҷоиз аст, ки дар чор соли охир чор нафар кормандони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони мушаррафи судя сазовор гардида, имрўз дар мақомоти судии мамлакат ба нафъи ҷомеа ва давлат бо маром кору фаъолият намуда, адолати судиро ба амал мебароранд, ки ин ҳам албатта боиси ифтихори мост. Инчунин, чор нафар дигар кормандони Суди конститутсионӣ низ соли ҷорӣ бинобар бо муваффақона гузаштан аз имтиҳон ба вазифаи кормўз-судя таъин гардида, барои боз ҳам такмил додани савияи донишу малакаи касбии худ кўшиш ба харҷ медиҳанд.

Дар охир, бори дигар Шуморо ҳозирини гиромӣ бо ин ҷашни фархунда муборакбод гуфта, бароятон муваффақияту бурдбориҳо орзумандам.


[1]

Суханронӣ дар маҷлиси васеи кормандони мақомоти судӣ бахшида ба 22-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Чумхурии Точикистон, ш. Душанбе, 6 сентябри соли 2013.

Қаландарова М.С.

Муовини Раиси Шўрои

адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ҳокимияти судӣ

Конститутсия дар ҳаёти ҷомеа ҳамчун муайянкунандаи ҳадду ҳудуди салоҳияти мақомоти давлатӣ, иқтидори сиёсӣ ва кафолати ҳифзи ҳуқуқҳои инсон арзёбӣ мегардад, ки вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намудаанд, ки «Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои ҷомеа мебошад».

Дар баробари мустақилият ба даст овардани Тоҷикистон, барои ба таври воқеӣ ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилот ва муассисаҳо санадҳое лозим гардидаанд, ки таҷҷасумгари чунин манфиатҳо бошанд. Қабули чунин як санади муҳиме, ки тамоми ҷабҳаҳои хаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиро дарбар мегирад, Конститутсияи нави давлати соҳибихитиёр буда метавонист.

Вобаста ба ин, 6 ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки он дорои хислату паҳлуҳои гуногун мебошад. Аз ҷумла, Конститутсия қонуни устувор буда, онро мақомоте, ки дар чаҳорчўбаи меъёру муқаррароти он таъсис ёфтаанд, наметавонанд тағйир диҳанд. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он бо тартибе ки худи Сарқонун муқаррар намудааст, сурат мегирад. Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ карда шуда, ҳифз, риоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун, муайян кардани мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти конунгузор, иҷроия, маҳаллӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин ва аз ҷониби судҳо амалӣ гардидани онҳоро кафолат додааст. Ҳамзамон се шохаи ҳокимияти давлатӣ мустақиман дар мувофиқа бо муқаррароти он фаъолият мекунанд. Қонуни олии кишвар инчунин муайянкунандаи мазмун ва муҳтавои ҳамаи қонунҳои он мебошад.

Қобили тазаккур аст, ки ин аввалин ислоҳоти конститутсионӣ буд, ки ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни мустақили ҳокимияти давлат танҳо ба Конститутсия ва қонун итоаткунанда эътироф гардида, масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон маҳаки асосӣ ва мавқеи хосаро ишғол намуд.

Бо мақсади ба Қонуни асосӣ мутобиқ гардонидани қонунҳои марбут ба фаъолияти судӣ, як қатор қонунҳои нав, аз ҷумла: «Дар бораи сохтори судӣ», «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақоми судяҳо» қабул гардида, дар онҳо вазифаҳо, салоҳият, ҳайати судҳо, талабот нисбат ба номзадҳо ба вазифаи судягӣ, кафолати мустақилияти онҳо, тартиби интихобу таъин намудан, вазъияти иҷтимоиию моддии судяҳо, масъулияту ҷавобгарӣ қабул гардиданд, ки принсипи мустақилияти судяҳо, танҳо аз ҷониби судҳо амалӣ намудани адолати судиро таҷассум намудаанд.

Бо дарназардошти муҳим будани нақши мақомоти судӣ дар бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, таҳкими конуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон 14 апрели соли 1997 Президенти мамлакат «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон ба имзо расонидаанд.

Аз вақти қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикис­тон то имрўз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон дигаргуниҳои куллӣ, ба монанди: ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба амал омаданд, ки ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба Қонуни асосӣ тақозо намуданд.

Минбаъд бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ ба Сарқонуни Ҷум­ҳурии Тоҷикистон 26 сентябри соли 1999 як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Аз ҷумла, дар моддаи 69 Қонуни асосӣ ба салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили таъсис додани Шўрои адлия пешбинӣ гардид ва дар ин замина бо мақсади такмили низоми судӣ-ҳуқуқӣ ва таъмини мустақилияти мақомоти судӣ бо Фармони Президенти кишвар аз 14 декабри соли 1999 таҳти №48 мақоми коллегиалӣ – Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, он дар доираи салоҳияти худ сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳокимияти судӣ ба амал мебарорад.

Махсусан бояд қайд намуд, ки маҳз бо кўшишу талоши Роҳбари давлат мақомоти судӣ аз тобеияти дигар шохаи ҳокимияти давлатӣ бароварда, барои воқеан таъмин намудани мустақилияти он қадамҳои устувор гузошта шуд.

Вобаста ба рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати таъмин намудани ягонагӣ, мустақилӣ, волоияти қонун ва бо мақсади мукаммал гардонидани қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти мақомоти судӣ, 6 августи соли 2001 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, он тамоми муносибатҳое, ки ба тарзи ташкил ва фаъолияти тамоми судҳои кишвар (ба истиснои Суди конститутсионӣ), вазифаҳои суд, мустақилияту дахлнопазирии судя, манъ будани дахолат ба фаъолияти суд, ҳатмӣ будани иҷроиши санадҳои судӣ, таъмини фаъолияти ташкилӣ ва моддӣ-техникии судҳо ва дигарҳоро дарбар мегирад.

Ниёзмандиҳои сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон ва талаботу пешрафти он талаб менамуд, ки муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил дода шуда, он ба талаботи замони муосир мувофиқ гардонида шаванд. Дар ин бора намояндагони халқ- аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бо пешниҳод оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ташаббус намуда, шаҳрвандони кишвар 22 июни соли 2003 ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия райъ доданд, ки барои пойдору устувор гардидани оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини истиқлолияти энергетикиву аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар, таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон шароити мусоид фароҳам овард.

Тавре дар боло қайд гардид, иловаҳои ба Сарқонун воридшуда ба ҳуқуқу озодиҳои инсон дахл дошта, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ эълон намудаанд.

Конститутсия муайянкунандаи вазъи ҳуқуқии инсон буда, таъмини ҳифзу риояи онро кафолат медиҳад ва дар он чунин омадааст: «Хуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.»

Дар баробари ин, Қонуни асосӣ ҳангоми пайдо шудани зарурияти қонунӣ маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандро низ пешбинӣ намуда, ин амал аз ҷониби мақомоти судӣ анҷом дода мешавад.

Ҳамзамон, тибқи тағйироти ба Сарқонун воридшуда, бо назардошти нақшу мавқеи ҳокимияти судӣ, моддаи 84 чунин меъёрро пешбинӣ мекунад: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.».

Бо мақсади таъмини мустақилияти судҳо муҳлати ваколати судяҳо10 сол ва синни ниҳоии пешниҳод намудан ба вазифаи судягӣ 65 солагӣ муқаррар гардид.

Дар заминаи ин ислоҳот, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намудаанд: «Ин дигар­гуниҳои куллӣ маҳз ба хотири идома бахшидан ба ислоҳоти ҳуқуқӣ ва таъмини мустақилияти судӣ равона гардидаанд ва ба талаботи давру замон мувофиқ мебошанд».

Қабули тағйиру иловаҳо ба Конститутсия идомаи мантиқии ислоҳоти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ буда, барои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ замина гузошт.

Ҳанўз 20 апрели соли 2006 Президенти мамлакат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зарурияти гузаронидани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ махсус таъкид намуд.

Бобати иҷрои вазифаҳои гузошташуда, то ин давр ду Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ тасдиқ гардида, дар ин раванд як қатор кодексҳои мурофиавӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ таҳия ва қабул карда шуданд, ки пеш аз ҳама мақсади онҳо таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҷомеа ва таъмини рушди низоми қонунгузории мамлакат маҳсуб меёбад.

Инчунин, 20 марти соли 2008 ба Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйирот ворид карда шуда, дар сохтори судӣ низоми нав вазифаи коромўз – судя ҷорӣ карда шуд.

Айни замон, тибқи талаботи Қонуни конститутсионии зикрёфта шахсоне, ки бори аввал ба вазифаи судя пешбарӣ мешаванд, бо пешниҳоди комиссияи имтиҳонии Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати як сол ба сифати коромўз – судя фаъолият менамоянд.

Дар раванди ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ ҷиҳати махсусгардонии баррасии парвандаҳои оилавӣ ва маъмурӣ тадбирҳо андешида шуда, тибқи муқаррароти Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳайати судҳои болоӣ коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои маъмурию оилавӣ таъсис дода шуданд. Раисони суд дар судҳои шаҳру ноҳияҳо судяҳоеро, ки парвандаи оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ мекунанд, муайян мекунанд.

Бо ин васила, махсусгардонии парвандаҳо ба роҳ монда шуда, дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонун баррасӣ гардидани баҳсҳои судӣ, ба роҳ мондани таҷрибаи дурусти судӣ ва қабули қарорҳои қонуниву асоснок таъмин мегардад.

Ҳамзамон, вобаста ба муҳлат ва тартиби баррасии парвандаҳо ва аз байн бурдани баррасии такрории онҳо аз судҳои иқтисодӣ марҳилаи аппелатсионӣ хориҷ гардида, салоҳияти суди марҳилаи кассатсионӣ васеъ гардид.

Ҷомеаи имрўза дар марҳилаи таърихии инкишофи худ қарор дорад. Бо мақсади ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, қабл аз ҳама тақозо мегардад, ки ба танзими қонунӣ ва кафолатҳои ҳифзи судӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад. Зеро рушду такомули муносибатҳои ҷамъиятӣ ва таҳкими кафолати ҳифзи судии онҳо барои инкишофу пешравии ҷомеа муҳим ва зарур мебошад.

Бо дарназардошти ин омилҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид намуданд: «Воқеан, раванди ташаккули ягон давлати муосирро бе фаъолияти самараноки мақомоти судӣ, ки асоси таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ мебошад, тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Чунин ҳолат моро водор менамояд, ки ислоҳотро дар самти такмили сохтор ва рушди минбаъдаи фаъолияти мақомоти судӣ идома бахшем.».

Айни замон, бобати иҷрои дастури супоришҳои Сарвари давлат аз ҷониби гуруҳи корӣ таҳияи лоиҳаи Барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ идома дорад.

Албатта, дар роҳи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ҳоло масъалаҳои ҳалталаб ҳастанд, ки он ба муҳлати ваколати судяҳо, яъне таъин намудани якумраи судяҳо ба мансаб, таъминоти судҳо бо биноҳои нави замонавӣ, таҷҳизотҳои техникӣ, рушди институтҳои ғайрисудии ҳалли баҳсҳо ва дигарҳо вобастагӣ доранд.

Ба манзури идома бахшидан ба ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, таъмини иҷрои талаботи Конститутсия ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, риояи муқаррароти Қонуни асосии кишвар вазифаи муқаддаси ҳар яки мо буда, барои воқеан дар ҳаёт амалӣ намудани онҳо нақши мақомоти судӣ бояд назаррас бошад.

Шўрои адлия ва судҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои мазкур, ки бо Конститутсия, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» марбут ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, қонунияту адолат, таъмини мустақилияти судяҳо муқаррар гардидаанд, бо дарки баланди масъулияти касбӣ адолати судиро таъмин менамоянд.

Ҳозирини гиромӣ,

Бо нияту орзуҳои нек ҷашни 19-умин солгарди қабули Конститутсияи кишварро бароятон муборакбод гуфта, сиҳатмандию саодати зиндагӣ ва оромию субботи кишвари азизамонро таманно дорам.

Ташаккур ба диққататон.

Сайдуллоев Ф.

Муовини мудири шуъбаи ҳукуки

Дастгоҳи иҷроияи Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъмини волоияти Конститутсия – кафолати амалишавии ҳуқуқу
озодиҳои инсон ва шаҳрванд

Ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар тамоми давру замон дар мадди назари олимон, муҳаққиқон ва рўшанфикрон қарор дошт.

Яке аз қадимтарин санадҳо оид ба ҳуқуқи инсон Эъломияи Куруши Кабир ба шумор меравад, ки соли 539 то милод қабул шуда буд. Дар ин санад бори аввал озодии виҷдон, ҳуқуқ ба мусофират ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон таҷассум ёфтаанд. Дигар санадҳои ҳуқуқии муҳими таърихӣ ин Хартияи бузурги озодихоҳӣ аз соли 1215, Билл оид ба ҳуқуқҳо дар Британияи Кабир аз соли 1689, Билл оид ба ҳуқуқҳо дар ШМА 1789-1791, Эъломияи ҳуқуқи инсон дар Фаронса мебошанд.

Ҳангоми ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар доираи СММ ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба вуҷуд омад, ки дар асоси он ба Оинномаи СММ якчанд падидаҳо оид ба ҳуқуқи инсон дохил карда шуда, Эъломияи ҳуқуқи башар 10 декабри соли 1948 қабул шуд, ки ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, ба ҳуқуқҳои фитрии инсон маҳсуб дониста шуд. Ҳамзамон, бо мақсади иҷрои Эъломияи зикршуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон фитрӣ будани ҳуқуқ ба ҳаётро эътироф намуда, онро дар моддаи 5 Конститутсияи (Сарқонуни) худ инъикос намуд.

Баъд аз қабули ин санади байналмилалӣ, ҷомеаи ҷаҳон ба таҳкими низоми байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон шуруъ намуд. Аз ҷумла, якчанд санадҳои универсалӣ, аз қабили Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, қабул карда шуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзҳои аввали соҳибистиқлол гаштанаш, инсон, ҳуқуқу озодиҳои онро арзиши олӣ эътироф намуд ва принсипу меъёрҳои байналмилалиро оид ба ҳуқуқи инсонро пос медорад. Ин арзишҳои умумибашарӣ соли 1994 бо қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассуми минбаъдаи худро ёфтанд.

Аз ҷумла, дар моддаи 5 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт қадр номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Боби дуюми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шуда, 34 моддаро дар бар мегирад, ки ин аз сатҳи олии танзими ҳуқуқии ин падида шаҳодат медиҳад.

Барои риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғайр аз асосҳои ҳуқуқии танзимнамоӣ, кафолатҳои зиёди амалигардонии онҳо вуҷуд доранд. Мисоли ин гуфтаҳо моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ба ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ додааст. Ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ яке аз заминаҳои ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқи асосии инсон аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти мурофиаи судӣ, амалӣ гардонидани вазифаҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва иҷрои ўҳдадориҳои байналмилалӣ мунтазам чораҳои амалӣ меандешад. Дар ин раванд, Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул гардид, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007 тасдиқ карда шудааст.

Инчунин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011 Барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 тасдиқ карда шуд, ки он ба дастрасии адолати судӣ нигаронида шудааст.

Мутобиқи моддаи 21 Конститутсияи (Сарконуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ҷабрдидаро қонун ҳифз мекунад. Давлат ҳифзи судӣ ва ҷубронӣ зарарро барои ҷабрдида кафолат медиҳад. Ин меъёри конститутсионӣ водор месозад, ки ҷабрдида дар ҳама марҳилаҳои судӣ аз ҳуқуқи конститутсионии худ истифода намояд.

Дар моддаи 18 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ҳар кас ҳаққи зиндагӣ дорад. Ин ҳуқуқ бо санадҳои байналмилалӣ низ мустаҳкам карда шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро эътироф намуда, сиёсати тадриҷан бекор намудани ҳукми қатлро ба амал бароварда истодааст. Шаҳодати ин сиёсати давлат оид ба кам кардани таркибҳои ҷиноят, ки барои онҳо ҳукми қатл пешбинӣ шудааст ва минбаъд пурра боз доштани татбиқи чунин намуди ҷазо мебошад.

Дар Кодекси ҷиноятии соли 1961 барои содир намудани 44 ҷинояти махсусан вазнин ҷазои қатл пешбинӣ шуда буд. Соли 1998 бо қабули Кодекси нави ҷиноятӣ шумораи моддаҳое, ки ҷазои қатлро пешбинӣ менамояд, то 16 адад кам карда шуд.

Мувофиқи тағйиру иловаҳо аз 1 августи соли 2003 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори моддаҳое, ки ҷазои қатлро пешбинӣ менамуданд то 5 адад кам карда шуда, ҳукми қатл ба занон ё шахсоне, ки то синни ҳаждаҳсолагӣ ҷиноят содир намудаанд, таъин карда намешавад.

Гузашта аз ин, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2004 ба иҷрои ҳукми қатл моратория эълон карда шуда, 15 июли соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» қабул гардид, ки мувофиқи он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи ҷазои қатл ба муҳлати номуайян боздошта шуд, ки ин аз эҳтироми баланди инсон, ҳуқуқу озодиҳои он чун арзиши олитарин ва сиёсати инсондўстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Моддаи 18 Конститутсия шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайри­инсониро манъ намудааст. Илова бар ин Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995 Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муомила ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсониро ба тасвиб расонидааст. Инчунин соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ» қабул карда шуд, ки асосҳои ҳуқуқии ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, чораҳои амниятӣ, дастгирии иҷтимоии онҳоро танзим менамояд. Қабули Қонуни мазкур барои ташкили низоми ҳимояи шоҳидон, аз ҷумла ҷабрдидагони шиканҷа шароит фароҳам овард. Ҳамчунин ба ин монанд як қатор чораҳои муҳим ва аввалиндараҷа баҳри ҳимояи ҳуқуқи инсон аз шиканҷа амалӣ карда шуданд.

Ҳар шахс дар Тоҷикистон метавонад нуқтаи назари худро озодона баён намояд, ки ин дар моддаи 30 Конститутсия мустаҳкам карда шудааст. Дар ин замина дар Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи башар ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ низ гуфта шудааст, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 ба тасвиб расонидааст. Ҳамчунин, бо ин мақсад дар ҷумҳурӣ як қатор қонунҳо ба монанди: Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот»; «Дар бораи иттилоот ва дигар воситаҳои ахбори омма»; «Дар бораи табъу нашр» ва дигар қонунҳои соҳавӣ қабул карда шудаанд, ки ин ҳуқуқро кафолат медиҳанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани истиқлолият низоми бисёрҳизбиро пеша намуд ва дар моддаи 28 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи шаҳрвандонро ба муттаҳид шудан, дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳизбҳои характери демократӣ, динӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданро мустаҳкам намудааст. Инчунин, ҳуқуқ ба муттаҳидшавиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», «Дар бораи иттифоқҳои касаба ва кафолатҳои фаъолияти онҳо» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим медароранд.

Ҳуқуқ ба меҳнатро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад. Ин ҳуқуқ дар худ маҷмўи ҳуқуқу озодиҳо, аз ҷумла ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқ ба интихоби озодии касб, ҳуқуқ ба ҳимоя аз бекорӣ, ҳуқуқ ба корпартоӣ ва дигарҳоро дар бар мегирад. Инчунин дар баробари ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқ ба шароити одилона ва мусоиди меҳнат кафолат дода мешавад.

Ҳуқуқ ба таҳсил яке аз ҳуқуқҳои муҳими иҷтимоии инсон буда, барои рушди шахсият ва ҷомеа заминаи муҳим мебошад.

Ин ҳуқуқ бевосита дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Паймони байнал­милалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мустаҳкам карда шудааст.

Дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳоро қабул ва амалӣ намуда, «Системаи давлатии таҳсил дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки давраи солҳои 2001-2010-ро фаро мегирад, аз ҷумлаи онҳост.

Бо мақсади рушди соҳаи маориф, соли 2010 – соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон карда шуд. Бо ин мақсад барои фароҳам овардани шароит нисбати таҳсили духтарон ба қонунгузории Ҷум­ҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуда, синни никоҳӣ як сол баланд карда шуд. Инчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар таҳрири нав қабул гардид, ки тибқи муқаррароти он низоми нави таҳсил ҷорӣ карда мешавад.

Ҳамчунин, бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки баҳри ба даст овардани ҳадафҳои дар боло зикршуда нигаронида шудааст, натиҷаҳои мусбӣ нишон дода истодааст.

Яке аз нишонаҳои эҳтиром нисбати ҳуқуқ ва инсон, баробарҳуқуқ будани мардон ва занон мебошад, ки ин дар моддаи 17 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор санадҳои байналмилалӣ дарҷ гардидааст.

Нисбати масъалаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Ин аст, ки барои таъмини воқеии баробарҳуқуқии занон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмин намудани имкониятҳои баробари мардон ва занон барои солҳои 2001-2010» ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016 қабул гардидаанд.

Тибқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи сохторҳо ҳатман як муовин аз ҳисоби занҳо бояд бошад, ки ин аз ҳам ҳимоя аз ҳуқуқи занҳо шаҳодат медиҳад.

Тазаккур бояд дод, ки бо мақсади муқовимат кардан барои зўроварӣ дар оила, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» қабул гардид, ки муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зўроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунандаро муайян менамояд.

Қайд кардан зарур аст, ки маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарпарастии ҳамаҷониба ва назорати доимии давлат қарор доранд. Ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 1993 ба Конвенсияи ташкилоти байналмилалии меҳнат оид ба шуғли маъюбон ҳамроҳ шудааст. Инчунин, аз 12 апрели соли 1996 иштирокчии Муоҳида оид ба ҳамкорӣ дар ҳалли масъалаҳои маъюбон дар доираи ҳамкориҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Дар ин масъала низ дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор сабукиҳо ба монанди давомнокии кўтоҳии вақти кор, кафолатҳо ҳангоми қабул кардан ба кор, манъи маҳдудсозии ҳуқуқ дар муносибатҳои меҳнатӣ, чораҳои иловагӣ дар мавриди ҳифзи меҳнати маъюбон ва ғайраҳо пешбинӣ шудааст. Илова бар ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» аз 29 декабри соли 2010 дар таҳрири нав қабул гардид, ки баҳри ҳимояи ҳуқуқи маъюбон нигаронида шуда, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии таъминоти ҳифзи иҷтимоии маъюбонро муайян намуда, ба онҳо имконияти баробари зиндагӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеаро фароҳам меорад.

Яке аз масъалаҳои мубрами рўз масъалаи муҳоҷитари меҳнатӣ мебошад, ки дар шароити имрўза Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳимояи ҳуқуқи ин гурўҳи манфиатовари ҷамъият як қатор корҳои муҳимро амалӣ намудааст. Масалан, Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳимояи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро 28 ноябри соли 2001 ба тасвиб расонида, барои танзими равандҳои муҳоҷитари меҳнатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» ва Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2010-2015 қабул кардааст.

Ҳамчунин, берун аз кишвар дар давлатҳое, ки теъдоди зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ озими сафари он ҳастанд ва ё дар он ҷо қарор доранд, ҷамъиятҳои тоҷикон амал мекунанд, ки фаъолияти асосии онҳо баҳри ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ нигаронида шудааст.

Илова ба гуфтаҳои боло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои дигар низ, ба монанди: таъсис додани мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда шудааст, ки мақомоти номбурда баҳри ҳимоя ва дар амал татбиқ намудани ҳуқуқи инсон, хизмат менамояд.

Юсупов Б.Ғ.

Сардори Раёсати пешгирии коррупсияи

Агентии назорати давлатии

молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники адлия

Падидаҳои Модели Конститутсионии давлати ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон

Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар баро­мади хеш дар мулоқот бо намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои фарҳангии халқҳои сокини Тоҷикистон аз 1 марти соли 1996 кайд намуда буданд, ки агар аъзои ҷомеа, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба монанди иттифоқҳои касаба дар тамоми зинаҳо шахсони дорои тафакури нав, ташабускор, ва қобилияти ташкилотчигӣ доштаро ба сафи пеш бароранд, ин як мактаби хеле хуб тайёр кардан ва интихоби кадрҳо аз тарафи худи ҷамъият мегардад[1].

Давлатдорӣ аз сатҳи кофии дониши ҳуқуқии шаҳрвандони он ва шуури ҳуқуқии ҷомеа вобастагӣ дорад. Чи хеле ки дар моддаи 16 Эъломияи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванди Фаронса (1789) омадааст: «Ҷомеае, ки дар он тазмини (кафолати) ҳуқуқ таъмин нашудааст ва таҷзияи хокимият арзи хастӣ накардааст, наметавонад дорои Қонуни асосӣ бошад»[2]. «Истилоҳи конститутсия («барқарор ме­кунам», «таъсис менамоям»), дорои тарихи тўлонист, аммо ба сифати қонуни асосии давлат, ки манзури асосиаш аз маҳдуд сохтани ҳокимияти беҳадди (шоҳи мустабид), танзимкунандаи равобити мутақобилаи миёни мақомоти мухталифи давлат ва аз ҳама муҳим муайянкунандаи ҳадду ҳуддуди озодихои инсон мебошад, танҳо бо оғози таърихи навин бо пирўзии низоми сармоядорӣ дар кишварҳои Иёлоти Мутаҳидаи Амрико рў ба ҳастӣ ниход».

Аз ин рў, дар шароити муосири бунёди давлати ҳуқуқбунёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои зеринро иброз медорам:

I. Моҳияти давлати ҳуқуқбунёд – Давлати ҳуқуқбунёд – давлати демократӣ мебошад, ки дар он волоияти қонун, баробарии ҳама дар назди қонун ва суди мустақил, кафолат дода мешавад.

II. Модели конститутсионии давлати ҳуқуқбунёд пеш аз ҳама мустаҳкамкунии принсипҳои он дар қонунгузорӣ фаҳмида мешавад. Арзиши олии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳамчун модели конститутсионии давлати ҳуқуқбунёд эътироф кардан мумкин аст.

1. Инсон ҳуқуқу озодиҳои он арзиши олӣ мебошад, яъне на фақат ҳуқуқу озодиҳо, балки худи инсон ҳамчун арзиши олӣ эътироф мешавад. Давлат ин гуна арзишҳоро на эҷод, балки эътироф мекунад. Аксари моддаҳои боби дуюми Сарқонун ба ҳуқуқу озодиҳои мушаххас бахшида шудаанд. Онҳоро ба се гуруҳи асосӣ ҷудо кардан мумкин аст:

1) Фардӣ – ҳуқуқ ба ҳаёт, саломатӣ, интихоби озодонаи ҷои зист, ҳуқуқ ба номус ва ғ.

2) Сиёсӣ – ҳуқуқ ба иштирок дар интихобот ва идоракунии давлат, интихоб шудан ва ғ.

3) Иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва фарҳангӣ – ҳуқуқ ба таъминоти иҷти­моӣ, таҳсил, нафақа, манзил, моликият, иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ ва ғ.

2. Принсипи таҷзияи ҳоимиятро аз нигоҳи ақидаи «низоми боздориву мувозинатӣ» дарк кардан мумкин аст.

3. Волоияти қонун – маънои онро дорад, ки қонуни асосӣ дорои қувваи олии юридикӣ буда, меъёрҳои он бевосита амалӣ мешаванд. Мувофиқи қисми 3 моддаи 10 Конститутсия бартарияти меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ аз болои қонунҳои ҷумҳурӣ этироф мешавад. 4. Мустақилияти суд – дар моддаҳои 84-89 ифода меёбад, мувофиқи моддаи 87-уми Сарқонун судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо бо Конститутсия ва қонунҳо итоат мекунанд.

5. Масъулияти дутарафаи давлат ва шахсиятро, дар формулаи беҳтарини назария ва амали модели конститутсионии давлати ҳуқуқбунёд дидан мумкин аст, ки тибқи он барои шаҳрвандон ғайр аз оне ки қонун манъ кардааст, ҳама чиз иҷозат дода шудааст. Барои мансабдорони давлат бошад, фақат он чизе иҷозат дода шудааст, ки қонун муайян кардааст».

III. Роҳҳои беҳтар намудан ва амалӣ гардонии принсипҳои модели конститутсионии давлати ҳуқуқбунёд дар чунин андеша ифода меёбад. Ба монанди номувофик омадани мувозинати таҷзияҳои ҳокимиятҳо, вуҷуд набудани низоми баланд, сифати муковиматҳо ва худдориҳо, норасогии кафолатҳои иқтисодии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сатҳи пасти шуури ҳуқуқӣ мебошад.


[1] См.: Ризоияти чомеа – мароми мост (Public consent is our goal). – Душанбе, 2002. -С.3-10.

[2] Хамидов Халифабобо. Тақомули қонуни асосии Точикистони муосир. Душанбе: Конуният, 2005. -С.84.

Муқумов Н.

Сардори шуъбаи ҳуқуқ,

ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои

вобастаи Вазорати фарҳанги

Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҳуқуқи муаллиф ва Созишнома оид
ба ҷанбаҳои тиҷоратии ҳуқуқи
моликияти зеҳнӣ

Бо мақсади ба танзим даровардани муносибати тиҷоратии байни кишварҳо ва монеаҳое, ки садди роҳи он мешаванд, соли 1947 бо ташаббуси намояндагони 23 кишвари ҷаҳон созмони байналмилалӣ бо номи Созишномаи генералӣ оид ба боҷ ва тиҷорат (ГАТТ) таъсис дода шуд. Созмони мазкур аз санаи таъсисёбиаш то соли 2001 ҳашт давраи мулоқотӣ гузаронд, ки дар онҳо асосан масъалаҳои танзим ва дурнамои рушди муносибатҳои савдои байналмилалӣ баррасӣ шуданд ва давраи нeҳуми он дар шаҳри Дохаи давлати Қатар баргузор гардид.

Дар давраи гуфтушунидҳои Уругвай (солҳои 1986 то 1994) доираи масъалаҳои баррасишаванда васеъ гардида, ба ғайр аз масъалаҳои боҷ ва тадбирҳои зиддидепингии боҷ, дигар мавзуҳои ғайрибоҷӣ, аз қабили: хизматрасонӣ, моликияти зеҳнӣ, ба танзим даровардани баҳсҳо, масъалаҳои нассоҷӣ, аграрӣ ва ғ. мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Маҳз дар ҳамин давраи мулоқот масъалаи таъсис додани ташкилоти нав – Созмони умумиҷаҳонии савдо ба миён омад.

Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) моҳи январи соли 1995 таъсис дода шуд. Созмони мазкур аз 159 давлат иборат буда, вазифаҳои асосии он ба ҳалли масъалаҳои зерин равона шудааст:

– таҳия намудан ва татбиқи созишномаҳои бисёрҷонибаи тиҷо­ратӣ;

– дастрасии имконот барои ҳалли баҳсҳо дар соҳаи савдо;

– назорат аз болои сиёсати тиҷоратии давлатҳо, ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалие, ки бо ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ маш­ғуланд ва ғ.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳамроҳ шудан ба СУС моҳи майи соли 2001 ба унвони Котиботи Созмони мазкур мактуб – дархост ирсол намуд. Худи ҳамон сол 7 сентябри соли 2001, таҳти №92-ф Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Бо ин мақсад суратбахшии раванди ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ташкилоти умумиҷаҳонии савдо (ТУС), таҳияи ҳуҷҷатБо мақсади рушди соҳаи маориф, соли 2010 – соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон карда шуд. Бо ин мақсад барои фароҳам овардани шароит нисбати таҳсили духтарон ба қонунгузории Ҷум­ҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуда, синни никоҳӣ як сол баланд карда шуд. Инчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар таҳрири нав қабул гардид, ки тибқи муқаррароти он низоми нави таҳсил ҷорӣ карда мешавад.ҳои зарурӣ, инчунин мутобиқ намудани қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи ТУС Комиссияи байниидоравӣ таъсис дода шуд ва ба он аз вазорату идораҳои дахлдор, шахсони мутасаддӣ шомил карда шуданд.

ЯкrightMsoNormalе аз масъалаҳои муҳиме, ки тибқи талаботи ҳуҷҷатҳои СУС кишвари ба созмони мазкур ҳамроҳшаванда бояд дар амал татбиқ кунад, ин муқаррароти Созишнома оид ба ҷанбаҳои тиҷоратии ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ (минбаъд Созишнома) мебошад.

Мутобиқи Созишнома ҳар як кишвари ба СУС ҳамроҳшаванда бояд талаботи Конвенсияҳои Париж, Берн, Рим ва дигар конвенсияю созишномаҳое, ки барои рушди савдои қонунӣ мусоидат мекунанд, дар амал татбиқ намояд.

Созишнома мустақил амал намекунад ва аз кишварҳои аъзо тақо­зо мекунад, ки қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ бояд ҷавобгўи муқаррароти он бошанд. Созишнома аз кишварҳои узви СУС талаб мекунад, ки муқаррароти он на танҳо нисбати шаҳрвандони худ, балки нисбати шаҳрвандони дигар давлатҳои аъзо низ, татбиқ карда шавад.

Дар созишнома таҳти мафҳуми «шаҳрванд» шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие фаҳмида мешаванд, ки муаллиф ва ё соҳибҳуқуқи объктҳои моликияти зеҳнӣ буда, ҳимояи қонунии онҳо тибқи талаботи конвенсияҳои Париж, Берн, Рим, ҳамчунин Шартномаи Вашингтон оид ба моликияти зеҳнӣ нисбати топологияи микросехемаҳои интегралӣ (IPIC) ба роҳ монда шаванд, яъне созишнома аз кишварҳои аъзо тақозо мекунад, ки талаботи конвенсияҳои зикршударо татбиқ намояд.

Дар санади мазкур роҳҳои татбиқи муқаррароти он зикр нашудааст. Ҳар як кишвари аъзо ҳуқуқ дорад, ки барои манфиатҳои муаллифон ҳимояи васеътар ва бештареро дар қонунгузории миллӣ, ҷорӣ намояд. Масалан, муҳлати амали ҳуқуқҳои муаллифонро зиёд кунад, ба номгўи объектҳои моликияти зеҳнӣ тағйирот ворид намояд ва ғ. амалҳоро ба ҷо оварад, вале онҳо набояд барои татбиқ кардани талаботи созишномаи байналмилалӣ садди роҳ шаванд (ниг. ба моддаи 1, бандҳои 1 ва 3)

Созишнома дорои муқаррароти асосӣ ва принсипҳои зерин мебошад:

– Мафҳум ва объектҳои моликияти зеҳниро муайян мекунад (моддаи 1, банди 2). Ба номгўи ин мафҳумҳо объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он, намунаҳои саноатӣ, ишораҳои ҷуғрофӣ, патентҳо, топологияи микросехемаҳои интегралӣ ва иттилооти махфӣ, ҷамъ ҳафт объекти моликияти зеҳнӣ ворид карда шуданд;

– Нисбати ҳимояи объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва моликияти саноатӣ созишнома талаб мекунад, ки моддаҳои 1 – 12 ва 19 Ковенсияи Париж оид ба ҳимояи моликияти саноатӣ ва моддаҳои 1 – 21 ва замимаи Конвенсияи Берн оид ба ҳимояи асарҳои адабӣ ва бадеӣ, риоя карда шаванд.

Ҳамзамон созишнома муқаррар мекунад, ки тамоми ўҳдадориҳое, ки кишварҳои аъзо нисбати канвенсияҳои мазкур доранд, набояд халалдор гарданд (моддаи 2. 2.);

– принсипи реҷаи миллӣ. Принсипи мазкур талаб мекунад, ки шаҳрвандони кишварҳои аъзои СУС бояд мисли шаҳрвандони худӣ аз тамоми имкониятҳои ҳуқуқие, ки дар қонунгузории миллӣ бо дарназардошти талаботи конвенсияҳои зикргардида ва Шартномаи Вашингтон оид ба моликияти зеҳнӣ нисбати топологияи микросхемаҳои интегралӣ ҷой доранд, бархурдор бошанд;

– принсипи шароити мусоидтар нисбати аъзои созишнома. Ин принсип тақозо мекунад, ки ҳар як имтиёз ва бартарие, ки ба ягон шаҳрванди кишвари дигар дода мешавад, он бояд ҳатман (бо баъзе истисноҳо) ба тамоми шаҳрвандони давлатҳои узви СУС, паҳн карда шаванд;

– ҳимояи объектҳои мавҷуда. Ҳангоми ҳамроҳ шудани кишвар ба СУС бояд ҳимояи объектҳои моликияти зеҳние, ки дар кишвар эҷод ва ихтироъшуда, ки муҳлати амалашон ба итмом нарасидааст, ҳифз карда шаванд. Масалан, кишварҳои ба СУС ҳамроҳшаванда бояд мутобиқи моддаи 18 Конвенсияи Берн ба қонунҳои соҳавӣ муқаррароти ҳимояи объктҳоеро, ки дар кишвари аъзо асар эҷод шудааст ва ба моликияти ҷамъиятӣ нагузаштаанд, бояд ҳифз карда шаванд.

Яке аз масъалахои муҳиме, ки аз талаботи созишнома бармеояд, ин дар амал татбиқ намудани муқаррароти қонунгузории соҳавӣ ва таъмини ҳимояи соҳибҳуқуқони объектҳои моликяти зеҳнӣ мебошад. Ҳар як соҳибҳуқуқ бояд аз имкониятҳои ҳимояи ҳуқуқӣ васеъ истифода карда, ҳангоми вайрон шудани ҳуқуқҳояшон аз дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд ва гумрук бархурдор бошанд.

Созишнома талаб мекунад, ки (моддаи 41) аз ҷониби кишвари аъзо, бояд чораҳои муассир нисбати ҳимояи объектҳои моликияти зеҳнӣ дида шаванд, то онҳо имкони гирифтани пеши ҳар гуна ҳуқуқвайронкуниҳоро дошта бошанд. Чунин тадбирҳо набояд аз муроҷиаткунанда вақти зиёд ва маблағи калонро талаб кунад. Қарорҳои судӣ ба исботи тарафҳо такя намуда, ҷабрдида бояд имкони фикри худро иброз намудан ва ба таври хаттӣ пешниҳод кардани онро дошта бошад.

Созишнома принсипҳои ҳуқуқи гражданӣ ва маъмуриро, ки бояд аз ҷониби кишварҳои аъзо риоя карда шаванд, ҷорӣ намудааст. Дар он муқаррарот оид ба тартиби беғаразона ва боадолатона ҳал намудани масъала (моддаи 42), исбот (моддаи 43), манъи судӣ (моддаи 44), барқарор кардани зарари расонидашуда (моддаи 45), ҳуқуқ ба гирифтани иттилоот (моддаи 47) ва баррасии масъалаҳои дигар зикр шудааст. Масалан, суд метавонад аз вайронкунандаи ҳуқуқ талаб кунад, ки ба соҳибҳуқуқ дар бораи шахсоне, ки дар истеҳсол ва паҳн кардани нусхаҳои ғайриқонунии асар иштирок кардаанд, иттилоъ диҳад.

Созишнома аз кишварҳои аъзо талаб мекунад, ки онҳо бояд тартиби татбиқи ҷазои ҷиноӣ ба тариқи марҳум кардан аз озодӣ, ҷаримаи пулӣ, ҳабс намудан, мусодира ва нобуд кардани маводи ғайриқонунӣ ва дастгоҳҳои истеҳсолкунандаро ҳангоми вайрон кардани ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ дошта бошанд.

Боби 4 созишнома масъалаҳои пешгирии воридот ва содироти объектҳои моликияти зеҳниро тавассути сарҳад дар бар мегирад. Муқаррароти боби мазкур талаб мекунад, ки соҳибҳуқуқе, ки дар бораи убур намудани маводи ғайриқонунӣ аз сарҳад иттилои кофӣ дорад, имкони бо аризаи хаттӣ муроҷиат кардан ва боздошт намудани чунин молҳоро аз ҷониби кормандони гумрук дошта бошад ва тартиби он бояд дар қонунгузории кишварҳои аъзои СУС зикр карда шавад.

Аз баррасии муқаррароти созишнома оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ чунин хулоса менамоем, ки он дар мадди аввал мутобиқ намудани қонунгузории кишварҳои аъзоро ба талаботи конвенсияҳои асосии амалкунандаи соҳаи моликияти зеҳнӣ ва сониян дар амал татбиқ намудани талаботи қонунҳои миллиро, тақозо менамояд.

Кишвари ба СУС ҳамроҳшаванда якчанд давраи мулоқотиро мегузаронад:

1. Давраи пешниҳод намудани изҳорот оид ба ҳамроҳ шудан ба СУС.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001 ба котиботи СУС дар бораи хоҳиши ҳамроҳ шудан ба СУС мактуб – изҳорот равон намуд ва моҳи июли ҳамон сол Шўрои генералии СУС дар маҷлиси худ онро баррасӣ карда, ба Тоҷикистон мақоми кишвари нозирро дар маҷлисҳои СУС розигӣ дод ва дар бораи он қарори махсус қабул кард.

2. Ҳар як кишвари ба СУС ҳамроҳшаванда бояд изҳороти худро дар бораи савдо пешниҳод намояд.

Дар давраи аввали ҳамроҳшавӣ ҳукумат бояд изҳороте (меморандиум), ки тамоми ҷанбаҳои сиёсии тиҷоратӣ ва иқтисодиеро, ки ба созишномаҳои СУС алоқамандӣ доранд, пешниҳод кунад.

Тоҷикистон соли 2002 изҳороти низоми савдои хориҷиро таҳия намуд ва моҳи феврали соли 2003 расман ба Котиботи СУС пешниҳод кард ва он барои омўзиш ба намояндагони кишварҳои аъзои СУС дастрас карда шуд.

3. Масъалаи шартҳои воридшавӣ аз ҷониби Гурўҳи кории мулоқотӣ, ки аз ҷониби Шўрои генералӣ таъсис дода мешавад, баррасӣ мегардад. Ҳар як кишвари хоҳишманд метавонад ба ин гурўҳ, шомил шавад.

Гурўҳи корӣ масъалаҳои низоми тиҷорати хориҷии кишвар, қонунгузорӣ ва дар амал татбиқ шудани онҳоро баррасӣ мекунад.

4. Намояндагони узви СУС изҳороте, ки аз ҷониби кишвари ҳамроҳшаванда пешниҳод шудааст баррасӣ намуда, ба онҳо баҳо медиҳанд. Аъзои СУС бештар ба ҷанбаҳои сиёсати тиҷоратии кишвари изҳоротдиҳанда таваҷҷўҳ намуда, хулосаҳои худро пешниҳод мекунанд.

5. Давраи оянда гуфтушуниди байни кишвари изҳоротдиҳанда ва аъзои СУС дар бар мегирад. Дар онҳо шарту шароит ва дигар масъалаҳои вобаста ба музокироти байни намояндагони давлати изҳоротдода ва аъзоёни СУС тарҳрезӣ карда мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001 то 2012 нўҳ давраи муло­қотиро гузаронд. Аввалин гуфтушунидҳои байни гурўҳи мулоқотӣ бо Гурўҳи корӣ соли 2004 баргузор гардид.

6. Ҳангоми ба итмом расидани мулоқот, Гуруҳи корӣ хулосаи худро оид ба натиҷаи гуфтушунидҳо ба Шўрои генералии СУС пешниҳод мекунад ва лоиҳаи қарори Шўрои генералӣ ва ҳуҷҷати ҳамроҳшавӣ ба СУС таҳия карда мешавад.

Гузориши Гуруҳи корӣ ва ҳуҷҷат оид ба ҳамроҳшавӣ бояд аз ҷониби Шўрои генералӣ, аз се ду ҳиссаи аъзо ҷонибдорӣ гардад, дар ин ҳолат қабул карда мешавад. Қарор дар бораи ҳамроҳ шудан ба СУС баъд аз сӣ рўзи тасдиқ кардани санадҳои зарурӣ аз тарафи кишвари ҳамроҳшаванда қабул карда мешавад.

Қабл аз ҳамроҳ шудан ба СУС, Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он»-ро моҳи ноябри 1998 қабул кард. Қонуни мазкур дар асоси талаботи конвенсия ва созишномаҳои соҳавӣ таҳия шуда, ҳамон вақт аз ҷониби муаллифон, олимон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баҳои сазовор гирифта буд.

Бо гузашти вақт, вобаста ба тараққиёти илму техника, тарзи истифодаи объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва талаботи СУС ба қонун солҳои 2003, 2006 ва 2009 тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.

Бо мақсади шарҳ додани мафҳуми «интишори аввалин» мутобиқи банди 3, моддаи 4 Конвенсияи Берн оид ба ҳимояи асарҳои адабӣ ва бадеӣ, аниқ намудани асарҳое, ки объекти ҳуқуқи муаллиф пазируфта намешаванд, хуқуқҳои шахсии ғайриамволии муаллифон ҳангоми иҷрои вазифа ва супориши хизматӣ дар эҷоди асар, ҳамчунин тартиби бақайдгирии асар, соли 2003 ба қонун тағйирот ворид карда шуд.

Соли 2006, бо мақсади ба қонун ворид намудани мафҳуми «реҷаи миллӣ», ҳимояи объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар шакли рақамӣ ва истифодаи воситаҳои техникии ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он, тағйирот ворид карда шуд.

Дар соли 2009 баъд аз вохўриҳои дуҷониба ва саволномаҳое, ки аз ҷониби баъзе кишварҳои аъзои СУС ба мо расиданд, ба қонун банди алоҳида оид ба «қувваи бозгашт» яъне асарҳое, ки дар кишвари эҷодшуда ба моликияти ҷамъиятӣ нагузаштаанд ва амали ҳуқуқи муаллифиашон ба итмом нарасидааст, бояд дар кишавари узви СУС ҳимоя карда шаванд, тағйирот ворид карда шуд.

Баъд аз қабул намудани Қонун, се қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андозаҳои ҳаққи қалами муаллифон ба тасвиб расидаанд, ки онҳо муносибатҳои байни муаллифон ва истифодабарандагони асарҳоро ба танзим медароранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи манфиатҳои муаллифон дар хориҷ аз кишвар, муаллифони кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, узви Конвенсия ва созишномаҳои зерин мебошад: Конвесияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи муаллиф (зери таҳрири соли 1952, аз соли 1992), Конвенсия дар бораи таъсиси Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (аз соли 1994), Конвенсияи Берн «Оид ба ҳифзи асарҳои адабӣ ва бадеӣ» (аз 9 марти соли 2000), Конвенсияи байналмилалӣ «Оид ба ҳифзи манфиатҳои ҳунармандон – иҷрогарон, истеҳсолкунандагони фонограммаҳо ва ташкилотҳои радио ва телевизион» (аз 9 майи соли 2008), Аҳдномаи Созмони умумҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф (5 апрели соли 2009), Аҳдномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба иҷро ва фонограммаҳо (29 декабри соли 2010), Конвенсия оид ба ҳимояи манфиатҳои истеҳсолкунандагони фонограммаҳо аз ғайриқонунӣ аз нав имтеҳсол кардани фонограммаи онҳо (2 октябри соли 2012).

Ҳамчунин дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бандҳои алоҳидае мавҷуданд, ки ба масъалаҳои моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла ҳуқуқи муаллиф пешбинӣ шудаанд.

Баъд аз гуфтушунидҳои тўлонӣ ва мутобиқ намудани қонунгузорӣ бо санадҳои СУС, 10 декабри соли 2012 дар маҷлиси Шўрои генералӣ маҷмўи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС қабул карда шуд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 январи соли 2013 ҳуҷҷати ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба СУС тасдиқ кард ва аз 2 марсти соли 2013 Тоҷикистон расман 159-умин узви СУС пазируфта шуд.

Шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС барои роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ, муносибатҳои озоди бемаҳдуд нисбати содироти мол ва зиёд шудани маблағгузорӣ ва рушди кишвар мусоидат хоҳад кард.

Нақши моликияти зеҳнӣ дар муносибатҳои тиҷоратӣ басо назаррас аст. Дар давраи гуфтушунидҳои Уругвай, ба масъалаи танзимдарории хариду фурўши объектҳои моликияти зеҳнӣ таваҷуҳи хоса зоҳир гардид. Дар натиҷаи заҳматҳои зиёди мутахассисони соҳавӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, ҳуҷҷати СУС бо номи Созишнома оид ба ҷанбаҳои тиҷоратии ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ таҳия ва қабул карда шуд, ки он масъалаҳои ҳуқуқии моликияти зеҳниро дар муносибатҳои тиҷоратии байни кишварҳои аъзо танзим намуда, барои мутобиқ кардани қонунгузории миллии соҳавӣ бо талаботи он замина гузошт.

Қабул намудани Созишнома, асоси воқеӣ ва талаботи замони муосир буд. Дар кишварҳои тараққикарда ҳаҷми маводи моликияти зеҳнӣ 5 – 7 фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад, ки онҳо аз баъзе соҳаҳо ба мисли барқ, кишоварзӣ ва ғ. даромади бештар медиҳад.

Чӣ тавре қаблан зикр кардем, қонунгузории кишвари мо, аз ҷумла соҳаи моликияти зеҳнӣ ҷавобгўи талаботи ҳуҷҷатҳои СУС аст. Ин ба аҳли эҷод, ихтирокорон ва навоварон имкон медиҳад, ки ҳуқуқҳояшон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷ аз кишвар ҳифз карда шаванд.

Эътироф кардани созишномаҳои соҳавии моликияти зеҳнӣ ва ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба СУС ҳимояи ҳуқуқҳои муаллифонро дар бозори ҷаҳонӣ кафолат дода, имкони ворид шудан ва паҳн кардани асарҳоро васеъ менамояд.

Вазифаи асарҳо (ба маънои асарҳои адабиву бадеӣ, илмӣ, таълимӣ, тамоми намуди барномаҳои барои компютерӣ, драммавӣ, мусиқӣ, аудиовизуалӣ, тасвирӣ, асарҳои маҳсулӣ ва ғайра) ба мардум на танҳо ғизои маънавӣ додан аст, балки он объекти хариду фурўш ҳам буда, ба офарандааш даромади молиявӣ низ медиҳад.

Гарчанде бо эътироф намудани созишномаҳои байналмилалӣ асарҳои муаллифони мо дар кишварҳои аъзо ҳимоя карда шаванд ҳам, имкони ворид шудан ба бозори ҷаҳонӣ маҳдудиятҳои муайянеро пеш меовард ва баробари ҳамроҳ шудан ба СУС, эътироф ва дар амал татбиқ намудани ҳуҷҷатҳои он, ба муаллифони мо шароити бештар барои паҳн кардан, фурўхтан ва истифодаи дастовардҳои кишварҳои дигар фароҳам меовард.

Дар мулоқот бо зиёиёни кишвар моҳи марти соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки «Дар ҷаҳони муосир, вақте ки илму технология босуръат рушд мекунад, инкишофи нерўи ақлонӣ гарави таъмини амнияти иқтисодӣ ва рушди иқтисодиёти ҳар як мамлакат ва гузашта аз ин, амнияти милливу давлатии он мебошад.

Аз ин лиҳоз, ҳавасманд гардонидани рушди нерўи инсон ва ҳаллоқияти зеҳнии ў яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлати мо ба шумор меравад». Аз суханони Сарвари давлат илҳом гирифта, мо бояд баҳри эҷоди асарҳои баландмазмун ва ихтирову навовариҳо кўшиш намоем, ки он на танҳо баҳри рушди кишвар манфиатовар бошад, балки барои аҳли башар хидмат намуда, муаллифони онҳо сазовор қадр карда шаванд.

Барои он ки мо танҳо истифодабарандаи моликияти зеҳнии кишварҳои хориҷӣ нашавем, бояд худ асарҳои сазовор офарида навовариҳои сатҳи ҷаҳонӣ ихтироъ намуда, бозори дохилиро таъмин ва дар хориҷ аз кишвар харидор пайдо кунем.

Адабиёти истифодашуда

1. Бернская Конвенсия об охране литературных и художественных произведений, Парижский акт 1971 года, Всемирная организация интеллектуальной собственности, Женева, 1996 год, 59 с.

2. Марракешская Декларация. Решение о приниятии соглашения об учреждении Всемирной торговой организации и присоединении к нему.

3. Материалы ВТО, Приложение 1с, Соглашение по торговым аспектам прав интеллектуальной собственности, 32с.

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», Душанбе, «Адиб», 2011с, 125с.

Содатқадамов Ш.М.

сардори Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ

ва таъминоти ҳуқуқии Ситоди Агентии

назорати маводи нашъаовари назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсия – кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои quot;;text-align: justify; text-justify: inter-ideograph; text-indent: 35.45pt;quot;;quot;,инсон ва шаҳрванд

Проблемаи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз қадимулайём яке аз мушкилоти муҳими тамоми инсоният ва давлатҳои алоҳида ба шумор мерафт ва ҳоло ҳам меравад. Агар ба таври умумӣ гўем, ҳуқуқ ва озодиҳои шахсро ҳамчун чизи хос ба табиати инсон арзёбӣ кард, чунки бе онҳо одам ҳамчун фард зиндагӣ карда наметавонад. Ба инсон муҳаё накардани ҳуқуқ ва озодиҳои асосӣ, ин на танҳо фоҷеаи алоҳида ё шахсӣ ба ҳисоб меравад, балки барои бетартибиҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ, тухми зуроварӣ ва таҳдид, душманӣ, кинаву адоват ва муноқиша дар ҷомеа ва байни ҷамъият, инчунин дар давлат замина мегузорад.

Дар ин росто, баъди эълони Истиқлолияти давлатӣ ва қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон субъекти комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд ва бо ин худро ҳамчун қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк карда, уҳдадор шуд, ки озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас мешуморад, баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф менамояд, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор медиҳад.

Чунончи, дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:

«Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».

Дар маҷмўъ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад. Боби аз ҳама калонтарини Конститутсия боби дуюм буда, он ба ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст.

Аз ҷумла, дар моддаи 14 Конститутсия гуфта шудааст, ки «ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.

Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллиро муаян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.

Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад».

Ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ – маҷмўъи ҳуқуқ ва озодиҳои таббиӣ ва асосии ҷудонопазир мебошанд, ки ба инсон аз рўзи таваллуд ва новобаста аз мансубияти ў ба ин ё он давлат тааллуқ доранд.

Ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ бояд озодӣ ва мухторияти фард, шахсро ҳамчун аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқии ўро аз дахолати берунии ғайриқонунӣ таъмин намоянд.

Вазифаи асосии ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ аз он иборат мебошад, ки аввалан онҳо ҳуқуқ ба ҳаётро кафолат медиҳанд ва ҳифзи фардро аз тамоми шаклҳои зўроварӣ, муносибати бераҳмона ё шахсияти инсонро таҳқиркунанда таъмин намоянд. Дуюм – онҳо инсонро ҳамчун фард, шахсият, кафолати дахлнопазирии шахсии ўро таъмин ва дахолат накардан ба ҳаёти шахсӣ ва оилавии ўро таъмин менамоянд. Сеюм- бо кўмаки озодиҳои шахсӣ озодии шахс таъмин карда мешавад.

Ҳуқуқҳои шахсӣ дорои ду хусусияти муҳим, ки моҳияти ҳуқуқҳои мазкурро муайян мекунанд, мебошанд.

Онҳо ба мансубияти шаҳрвандӣ алоқаманд нестанд, яъне онҳо ба ҳамаи инсонҳо тааллуқ доранд.

Онҳо ба ҳама аз рўзи таваллуд тааллуқ доранд.

Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба категорияи ин намуди ҳуқуқ дохил мешаванд:

Ҳуқуқ ба зиндагӣ;

Озодӣ аз шиканҷа;

Дахлнопазирии шахс;

Дахлнопазирии манзил;

Ҳуқуқ ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ,маҳрамияти шахсӣ ва оилавӣ, аз ҷумла маҳрамияти мукотиба, сўҳбатҳои телефонӣ ва дигар муросилот;

Ҳуқуқи ҳар фард ба мусофирати озод, интихоби озоди маҳали зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он;

Озодии баён, виҷдон ва дин;

Ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ.

Ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ, яъне ҳуқуқ ба ҳаёт –муҳимтарин ҳуқуқи инсон, ба ибораи дигар ҳуқуқи фитрӣ ва ҷудонопазири ҳар шахс эътироф шудааст. Ҳар фард аз лаҳзаи таваллуд ҳаққи зиндагӣ дорад ва ин ҳуқуқ бо кафолатҳои ҳуқуқӣ, ки дар моддаи 18 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, таъмин карда мешавад.

Муқаррароти конститутсионӣ оид ба ҳақи зиндагии ҳар кас ба санадҳои муҳими байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро расман эътироф намудааст, низ мувофиқат мекунад. Чунончи мутобиқи моддаи 3 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар;

«Ҳар як фард ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ҳуқуқ дорад».

Тибқи моддаи 6 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ бошад, «ҳуқуқ ба ҳаёт ҳаққи ҷудонопазири ҳар як инсон мебошад. Ин ҳуқуқ тавассути қонун ҳифз карда мешавад. Ҳеҷ кас наметавонад худсарона аз ҳаёт маҳрум карда шавад».

Дар ин ду санади байналмилалӣ назарияи таббии ҳуқуқи инсон ба ҳаёт эътироф шуда, расмиёти худро ёфт, ки тавассути он эълон намудани ҳуқуқ ба ҳаёт барои мустаҳкам намудани кафолати байналмилалӣ чунин як ҳуқуқи арзишманд аз ҷониби давлатҳо дар шартномаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мустаҳкам гардонида шудааст.

Мувофиқи моддаи 18 қисми 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи­кистон дахлнопазирии шахс кафолат дода шуда, дар баробари ин муқаррар карда шудааст, ки нисбати ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Моддаи мазкур инчунин муайян намудааст, ки инсонро мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ қарор додан мумкин нест. Ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ба таври пурра риоя ва таъмин карда мешаванд.

Аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ, истифодаи шиканҷа нисбати инсон яке аз намудҳои дағалона вайрон кардани ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд ба шумор рафта, он набояд ба ягон ҳолат нисбати шахс роҳ дода шавад. Озодӣ аз шиканҷа ҳуқуқи мутлақи инсон буда, набояд дар ягон ҳолат вайрон, маҳлуд карда шавад. Ба ҳамин мақсад, Эъломияи ҳуқуқи башар дар моддаи 5 пешбинӣ менамояд, ки «Ҳеҷ кас набояд мавриди шиканҷа ва муносибати ё ҷазодиҳии бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунанда қарор гирад».

Дар ин робита бояд қайд намуд, ки 1 октябри соли ҷорӣ ҷаласаи сеюми Шўрои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар ш. Брюссел, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳ. Зарифӣ роҳбарӣ мекард, доир гардид. Дар ҷаласаи мазкур масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ гардиданд. Дар ҷаласаи мазкур нисбати ҳолатҳои шиканҷа ва зўроварӣ ба маҳбусон ва зарурати қабули чораҳои муассир ҷиҳати пешгирии чунин омилҳо изҳори нигарӣ шудааст.

Ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ – ин таъмини ҳуқуқии чораҳои эҳтимолии рафтор, ки озодона амал намудани шаҳрвандонро дар ташаккул ва идораи мақомоти идораи ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ кафолат медиҳанд, мебошад. Ба ин гурўҳ шомил мешаванд: ҳуқуқи муттаҳид шудан, ҳуқуқ ба осоишта ҷамъ шудан, ҷаласаҳо, гирдиҳамоӣ, намоиш, роҳпаймоии осоишта гузаронидан, дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ё бавоситаи вакилонаш иштирок кардан, интихоб кардан ва интихоб шудан дар сохторҳои давлатӣ.

Озодӣ ва ҳуқуқҳои сиёсӣ – ҳуқуқҳои асосии конститутсионӣ ва озодиҳои шаҳрванд ба ҳисоб мераванд.

Тибқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ба озодиҳои сиёсӣ дохил мешаванд:

Озодии сухан;

Ҳуқуқ ба ҷустуҷў кардан, ба даст овардан, додан, паҳн кардани ҳама намуди маълумот бо ҳама роҳҳои қонунӣ;

Ҳуқуқ ба муттаҳид шудан;

Ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан;

Ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ё ба воситаи вакилонаш.

Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ – бо фаъолияти инсон дар соҳаи истеҳсолӣ, муносибатҳои иҷтимоии ў бо ҷомеа, давлат, коллективҳои дигар одамон, бо фаъолият дар соҳаи фарҳанг, маънавиёт алоқаманд мебошанд.

Дар тафовут аз аксарияти ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шахсӣ, ҳуқуқҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ характери принсипҳоро доранд ва бевосита ба тартиби судӣ ҳифз карда намешаванд.

Ҳуқуқҳои иқтисодӣ- бо ҳуқуқи моликият алоқаманд буда, фаъолияти озоди инсонро дар соҳаи истеҳсолот, табодул, тақсим ва истеъмоли мол ва хизматрасонӣ дар бар мегиранд.

Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ- вазифадоранд ба инсон сатҳи баланди зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоиро таъмин намоянд, чунки одам танҳо вақте озод буда метавонад, ки он аз қашоққӣ ва зулму истибдоди ҳокимият дар амон бошад.

Ҳуқуқҳои фарҳангӣ- дастрасии озодро ба арзишҳои маънавӣ ва моддӣ, ки ҷомеаи башарӣ бунёд намудааст, таъмин менамояд.

Аз муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти болоӣ ва прокуратура барои ҳимояи ҳуқуқӣ маълум мегардад, ки бар хилофи талаботи мундариҷаи моддаи 19 ва 92 – и Конститутсия, ки меъёрҳои он мустақиман амал менамоянд, дар баъзе ҳолатҳо кормандони мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва назорат риоя намудани ҳуқуқи дастгиршудагон, ҳабсшудагон ва шахсони гумонбар моҳияти мундариҷаи ҳуқуқи конститутсионии онҳо ба таври лозимӣ фаҳмонда дода намешавад. Охир муносибати боэҳтиромонаро ба Конститутсияи кишвар, дар навбати аввал бояд судяҳо ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нишон диҳанд.

Масалан, ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ, ки бо моддаи 200 қисмҳои 2,3,4 моддаи 201 қисми 3, ки ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин мебошанд, мебоист иштироки ҳимоячӣ барои айбдоршаванда таъмин карда шавад, лекин гирифтани ҳимоячӣ ин ҳуқуқи айбдоршаванда буда, дар ҳолати даст кашидани ў аз ҳимоячӣ, мо ўро ба ин кор маҷбур карда наметавонем. Лекин дар асоси Конститутсия мо вазифадорем, ҳуқуқи ўро ба пуррагӣ ва воқебинона баррасӣ намоем.

Холиқов О.Ш.

Мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузорӣ

оид ба сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа

ва амнияти Маркази миллии қонунгузории

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такмили он

Баъди аз байн рафтани давлати Иттиҳоди Шўравӣ, дар баробари як қатор ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мустақил гардид.

Аз ин ҷост, ки 9 сентябри соли 1991 Қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Ин сана дар таърихи навини он ҳамчун рўзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғози дигаргунсозиҳои нав дар роҳи бунёди давлати мустақили миллӣ ва демократӣ эътироф шудааст. Давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуданд ва дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид. Маҳз бо ибтидо аз ин сана зарурати гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ ва қабули Конститутсияи давлати комилан мустақил ва барпо намудани ҷомеаи озоду пешрафта ба миён омад.

Ба ҳамин хотир моҳи ноябри соли 1993 Президиуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи конститутсионӣ ва гуруҳи кориро оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия ташкил намуд, ки дар гуруҳи корӣ олимон, кормандони амалӣ ва коршиносон шомил карда шуданд.

Гуруҳи корӣ дар давоми шаш моҳи фаъолияташон ду лоиҳаи Конститутсияро омода намуданд, ки якум лоиҳаи Конститутсия ба шакли идоракунии парламентӣ ва дуюм лоиҳа ба шакли идоракунии президентӣ бахшида шуда буданд. Комиссияи конститутсинӣ ва дигар шахсоне, ки дар муҳокимаи лоиҳа иштирок доштанд, шакли идоракунии президентиро ба шароити Тоҷикистон қобили қабул дониста тарафдорӣ карданд.

Қобил ба ёдоварист, ки дар Иҷлосияи 16 – и таърихии Шўрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, институти президентӣ аз Конститутсия хориҷ шуда буд ва ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои гуногун оид ба ин ниҳод пайдо шуданд. Мухолифини институти президентӣ дар он ақида буданд, ки шакли идоракунии парламентӣ барои Тоҷикистон мувофиқ мебошад, чунки ин андешаҳо ба даврони шуравӣ, ки идораи колективона рўи кор буд, такя мекард.

Дар натиҷаи баҳсу мунозираҳои зиёд ва тарафдорӣ намудани шакли идоракунии президентӣ, бо қарори Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 1994 лоиҳаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид. Дар ҷараёни ба муҳокимаи халқ пешниҳод кардани лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими тақдирсоз будани он аз нав эҳсос гардид. Зеро Конститутсияи нав ҳамчун санади муҳимтарини ҳаёти давлату ҷомеа дар пешрафту шукуфоии минбаъдаи кишвар ва муайян намудани сарнавишти халқи Тоҷикистон асоси устувори ҳуқуқиро ба вуҷуд овард.

Лоиҳаи Конститутсия дар муддати ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод шуданаш аз ҷониби мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ маъқул дониста шуд. Ҳамчунин аз ҷониби мутахассисони кишварҳои ҷаҳон ва коршиносони Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва созмонҳои дигари байналмилалӣ ба он низ баҳои баланд дода шуд.

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб­ихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, моҳият ва вазифаҳои давлат, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон таҷассум ёфтаанд.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вақти қабул шуданаш то ба имрўз дар ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон дигаргуниҳои куллиро ба вуқуъ пайваст.

Ҳамзамон пешрафти ҳаёти ҷомеа талаб менамуд, ки муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил дода шуда, ба талаботи давру замон мувофиқ гардонда шаванд.

Бо ҳамин хотир, ду маротиба яъне 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо барои рушду такомули давлату давлатдории миллӣ мусоидат намуданд.

Дар асоси тағйиру иловаҳои соли 1999 ба Конститутсияи (Сар­қонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкардашуда, дар кишвар парламенти касбии доимоамалкунанда таъсис ёфта, муҳлати ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳафт сол ва муҳлати ваколатҳои судяҳо ба даҳ сол расонида шуд.

Дар натиҷаи тағйиру иловаҳои соли 2003 масъалаҳои ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, низоми давлатӣ, муқаррароти интиқолӣ ва таҳриру тасҳеҳро дар бар мегирифтанд.

Дар бораи татбиқи меъёрҳои Конститутсияи амалкунанда бояд принсипҳои асосии фаъолияти қонунэҷодкунӣ – низомнокии қонунгузорӣ, сарфаи ҳуқуқӣ ва ягонагии низоми ҳуқуқиро номбар кард. Ҳамаи ин принсипҳо, ба монанди арзишҳои бунёдии Конститутсия, яъне арзишнокии озодӣ, демократия, адолат, барои мо аввалиндараҷа боқӣ мемонанд. Конститутсия дар ҳақиқат бояд воқеан амалкунанда бошад.

Ҳар яки мо албатта, дар бораи оянда фикр мекунем. Конститутсия – ҳуҷҷати бунёдӣ мебошад. Комёбии асосии вақтҳои охир аз он иборат аст, ки ҳама гуна тағйирот, хоҳ тағйирот ба қонунгузории оддӣ ё тағйирот ба Конститутсия бошад, бояд тибқи он қоидаҳое, ки Конститутсия муқаррар кардааст, амалӣ карда шаванд.

Конститутсия ба таври воқеӣ бояд сабзад ҳам дар қонунгузории қабулшаванда ва ҳам дар таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ, дар ҳамаи қарорҳои ҳокимияти давлатӣ, дар ташаббусҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ. Танҳо дар ин ҳолат иқтидори он ба андозаи пурра татбиқ шуда метавонад ва танҳо бо ин мақсадҳои стратегии бо Конститутсия эълоншуда, мо рушду таҳкими давлатдорро комёб шуда метавонем.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ намояд. Конститутсия барои ба сулҳу салоҳ ва ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарин давлатҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардид.

ҚАРОРҲОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қ А Р О Р И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

оид ба парванда аз рўи дархости шаҳрванд Саидова Н.А. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (қароре), ки дар рафти муҳокимаи судӣ дар бораи интихоб, тағйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ қабул шудааст, ба моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе 27 сентябри соли 2013

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Фирдавсова Г.,

тарафҳо:

Шаҳрванд Саидова Н.А. тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шудааст ва намояндаи ваколатдори ў – адвокат Бегматов Н.М.

Гиёев С.Н. – намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, Илолов М.И. – намояндаи ваколатдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, Шоназаров С.А. – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – намояндагони тарафҳое, ки конститутсионӣ будани қонуни қабулкарда, ҷонибдоринамуда ва ба имзо расонидаи онҳо мавриди баҳс қарор дода шудааст;

даъватшудагон:

1) Умаров М. Ғ. – муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амния­ти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Кишварзода А.Г. – муовини Прокурори генералии Ҷумҳу­рии То­ҷикистон;

Каландарова М. – муовини Раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муродов Б. – судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Юсупов Б. – сардори раёсати Агентии назорати давлатии мо­лиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6) Иномов А. – сардори раёсати қонунгузории гражда­нӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

7) Бадридинова Р. Н. – сардори шўъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,

8) Тауров А. Ғ. – муовини Сардори раёсати тафтишоти Вазорати кор­ҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

9) Амирбеков Н.А. – Раиси Раёсати мушовараи адвокатҳои Ҷум­ҳурии Тоҷикистон

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» дар мурофиаи ошкорои судӣ парвандаро аз рўи дархости шаҳрванд Саидова Н.А. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (қароре), ки дар рафти муҳокимаи судӣ дар бораи интихоб, тағйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ қабул шудааст, ба моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, гузориши судяи Суди конститутсионӣ Зоиров Ш.Ю., баёноту хулосаи тарафҳо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар ҳуҷҷатҳои воридшударо таҳқиқ намуда,

м у а й я н к а р д:

Саидова Наталя Абдуваитовна бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки мақомоти тафтишӣ ўро бо моддаи 240 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ташкил ё нигоҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ) айбдор намуда, парвандаи ҷиноятии ўро бо чораи пешгирӣ дар намуди забонхат дар бораи тарк накардани маҳали истиқомат ба суди ноҳияи Б. Ғафуров ирсол намудааст.

Суди ноҳияи Б. Ғафуров зимни моҳиятан баррасӣ намудани парвандаи ў, бо қарори худ аз 27 марти соли 2013 чораи пешгирии нисбати ў дар намуди забонхат дар бораи тарк накардани маҳали истиқоматро ба чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан тағйир додааст.

Номбурда аз қарори зикршудаи суди ноҳияи Б. Ғафуров, яъне тағйир додани чораи пешгирӣ норизо гашта, онро ба тариқи кассатсионӣ мавриди шикоят қарор додааст.

Суди зикршуда бо мактуби худ аз 4 апрели соли 2013 шикояти кассатсионии пешниҳоднамудаи ўро бо назардошти муқаррароти қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ў баргардондааст, ки тибқи он:

«Мутобиқи қоидаҳои ҳамин модда аз таъиноте (қароре), ки дар рафти муҳокимаи судӣ дар бораи таҳқиқи далелҳо, дархости иштирокчиёни мурофиа, интихоб, тағйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ, инчунин риояи тартибот дар толори маҷлиси суд, ғайр аз таъиноти (қарори) дар хусуси ситонидани ҷарима бароварда шуда, шикоят ё эътироз карда намешавад. Эрод ба қарорҳои дар боло зикршуда мумкин аст ба тариқи шикояти кассатсионӣ ё эътироз нисбати ҳукм пешниҳод шавад».

Ба андешаи муроҷиаткунанда, муқаррароти пешбини­намудаи қисми 2 моддаи 363 Кодекси зикршуда ба айбдоршаванда ва дигар иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ имконият намедиҳад, ки онҳо аз болои таъиноти (қарори) судӣ, ки дар рафти муҳокимаи судӣ дар бораи интихоб, тағйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ қабул карда мешавад, шикоят кунанд ё эътироз оваранд.

Ў, ҳамчунин иддао дорад, ки муқаррароти қисми 2 моддаи 363 Кодекси зикршуда, инчунин ба талаботи қисми 4 моддаи 11 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «шахси ба ҳабс гирифташуда ҳуқуқи шикоят карданро дорад» тавъам нест, зеро талаботи қисми 4 моддаи 11 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дахлнопазирии шахсият пешбини­намудаи моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсия алоқамандӣ дошта, яке аз принсипи муҳими қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Бинобар ин, аз ҷониби суд татбиқ карда шудани муқар­рароти қисми 2 моддаи 363 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси вайрон шудани ҳуқуқҳои конститутсионии ў гардида, барои рад карда шудани шикояти ў асос гардидааст.

Аз ин рў, ў қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (қароре), ки дар рафти муҳокимаи судӣ дар бораи интихоб, тағйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ қабул шудааст, ба моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф ҳисоб намуда, аз Суди конститутсионӣ хоҳиш намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда, мутобиқати масъалаи мавриди баҳс қароргирифтаи қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мавриди баҳс қарордодаи шаҳрванд Саидова Н.А.-ро ҳаматарафа мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки дар низоми ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд пешбининамудаи боби дуюми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқи шахсан ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намудани шаҳрванд мавқеи хосаро ишғол менамояд.

Зеро муроҷиат воситаи муҳими алоқамандии шахс ба давлат буда, заминаи боэътимоди иштироки васеи шаҳрвандон дар идоракунии давлат ва фаъолияти мақомоти давлатию идоракунӣ, аз ҷумла фаъолияти ҳокимияти судӣ ва ба амал баровардани адолати судӣ ба шумор меравад.

Аз ҷониби дигар, ҳуқуқи муроҷиат ба мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳокимияти судӣ нишондиҳандаи муҳими ҷомеаи воқеан демократию ҳуқуқбунёд арзёбӣ гардида, ба амал баровардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини баробарии ҳама дар назди қонун ва суд ва махсусан кафолати ҳифзи судии ҳар шахсро бе муроҷиати шаҳрвандон, ҳамчунин иштирокчиёни мурофиаҳои гуногуни судӣ муқаррарнамудаи қонунгузориҳои мурофиавӣ тасаввур кардан мумкин нест.

Муроҷиат ба мақомоти дахлдори давлатӣ, аз ҷумла ба мақомоти ҳокимияти судӣ нигаронидашуда дар баробари ислоҳи камбудӣ ва норасоии фаъолияти мақомоти дахлдор, инчунин бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои содиргардида ва барқа­рору ҳифз намудани ҳуқуқу манфиатҳои вайроншудаи муроҷиаткунандаро дарбар мегирад.

Бо дарназардошти хусусияти хоси фаъолияти ҳокимияти судӣ, ки барои ба амал баровардани адолати судӣ нигаронида шудааст, шикояти иштирокчиёни мурофиаи судӣ ва эътирози прокурорӣ ҳамчун намуди муроҷиат ба мақомоти судӣ тибқи тартиб ва қоида­ҳои муқаррарнамудаи қонунгузориҳои мурофиа­вии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешаванд.

Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми шикояти судӣ ва эътирози прокурориро махсус ифода накарда бошад ҳам, аз мазмуну муҳтавои қисми 4 моддаи 11, моддаҳои 23, 28, 29, 111, моддаҳои 119-125 боби 14, моддаҳои 237, 238, 357-369 боби 38 ва боби 42-и он бармеояд, ки қонунгузор аз болои амал ё қарори суд, судя, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда шикояти судӣ ва эътирози прокурорӣ оварданро раво дида, шикояту эътирозҳои прокурорӣ барои барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии иштирокчиёни мурофиаи судӣ ва ислоҳи фаъолияти мақомоти зикршуда ва санадҳои қабулнамудаи онҳо нигаронида шудаанд.

Эътибори ҳокимияти судӣ ва санадҳои судӣ, инчунин аз номи давлат бароварда шудани онҳо, маҳз дар низоми татбиқи адолати судӣ мавҷуд будани шикояти иштирокчиёни мурофиаи судӣ ва эътирози мақомоти ваколатдори назорати давлатӣ мебошад, ки барои таъмини адолати судӣ ва дар маҷмўъ адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа равона карда шудааст.

Давлат адолати иҷтимоиро дар санадҳои судии қабулна­мудаи мақомоти ҳокимияти судӣ дар фароҳам овардани имконияти шикояти санадҳои судӣ пешбинӣ намуда, бо ин сиёсати ҳуқуқии худ дастрасии шаҳрвандонро ба адолати судӣ, баррасии парвандаҳои судӣ аз тарафи суди босалоҳият ва тибқи қонун таъсисёфта ва ҳифзи судии ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандро кафолат додааст, ки ин амали он аз муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидо мегирад.

Чунонки, моддаи 8 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948 пешбинӣ менамояд: «Ҳар як инсон дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои асосии ў, ки бо Конститутсия ё қонун пешбинӣ шудаанд, барои барқарорсозии пурраи онҳо аз тарафи судҳои босалоҳияти миллӣ ҳақ дорад».

Қисми 5 моддаи 14 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз 16 декабри соли 1966 бошад муайян менамояд, ки: «Ҳар касе, ки барои ягон ҷиноят маҳкум шудааст, ба он ҳақ дорад, ки маҳкумият ва ҳукмномаи ў аз тарафи маҷраи суди болоӣ аз нав баррасӣ карда шавад».

Конститутсия, ки дар масъалаи танзими ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааст, дар моддаи 5 инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ арзёбӣ намуда, эътироф, риоя ва ҳифз намудани онро кафолат додааст.

Моддаи 14 Конститутсия бевосита амалӣ гаштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва таъмини онҳоро аз тарафи ҳокимияти судӣ пешбинӣ намуда, моддаи 18 Конститутсия таъмини дахлнопазирии шахсро аз тарафи давлат кафолат додааст.

Моддаи 19 Конститутсия ба ҳар шахс ҳифзи судиро кафолат дода, эълон намудаст, ки «ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд парвандаи ўро суди босалоҳият, мустақил ва тибқи қонун таъсисгардида баррасӣ намояд.»

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд менамояд, ки кафолати ҳифзи судии пешбининамудаи моддҳои 14 ва 19 Конститутсия дар баробари ба субъектони ҳуқуқ ё иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ дастрас будани адолати судӣ, инчунин барои онҳо имконияти шикоят аз болои амалҳои шахсони мансабдори давлатиро дар тамоми марҳилаҳои судии пешбининамудаи қонунгузории мурофиавӣ дар назар дорад, зеро фаъолияти мақомоти таъқиби ҷиноят ва судҳо, ки ба салоҳияти онҳо пешбурди таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва судӣ вогузор карда шудааст, аз саҳву хатоҳо истисно нест.

Муқаррароти зикршудаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба субъектони ҳуқуқ ё иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ дастрас будани адолати судӣ ва имконияти шикоят овардан аз болои амалҳои шахсони мансабдори давлатӣ дар тамоми марҳилаҳои судӣ, инъикоси худро дар Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёфтааст.

Чунонки, қисми 4 моддаи 11 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, «шахси ба ҳабс гирифташуда ҳуқуқи шикоят карданро дорад».

Моддаи 23 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон «аз амал ё қарори суд, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда шикоят» намудани иштирокчиёни мурофиаро яке аз принсипҳои асосии қонунгузории мурофиаи ҷиноятӣ арзёбӣ намудааст.

Қисми 1 моддаи 62 Кодекси мазкур, инчунин қоидаеро пешбинӣ менамояд, ки тибқи он судяе, ки қарори ба ҳабс гирифтан ё таҳти ҳабси хонагӣ қарор додани гумонбаршуда ё айбдоршавандаро қабул намудааст, муҳлати дар ҳабс ё ҳабси хонагӣ нигоҳ доштани онҳоро дароз кардааст, дар баррасии ҳамон парванда дар судҳои марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ иштирок карда наметавонад.

Тибқи қисми 8 моддаи 111 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, агар дар рафти мурофиаи судӣ масъалаи ба ҳабс гирифтани судшаванда пайдо шавад, дар ин маврид судя ё суд бо дархости тарафҳо ё ин ки бо ташаббуси худ ин масъаларо ҳал намуда, дар ин бора қарор ё таъинот мебарорад ва қарор ё таъиноти дар ин хусус қабулкардаи судя ё суд тибқи талаботи қисми 9 моддаи мазкур метавонад бо тартиби кассатсионӣ ба суди болоӣ шикоят ва эътироз оварда шавад.

Шикоят намудан ва эътироз овардан ба санадҳо ва амалҳои шахсони мансабдори мақомоти зикршуда, ки онҳо барои ислоҳи камбудиҳои дар фаъолияти марҳилаҳои пешинаи судӣ вуҷуддошта ташкил карда шудаанд, аз муҳимтарин принсипҳои демократии мурофиаи судии ҷиноятӣ арзёбӣ мегардад.

Вобаста ба ин, муқаррароти қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари тавъам набудан ба талаботи моддаҳои 5, 14 ва 19 Конститутсия, инчунин ба мазмуну муҳтавои қисми 4 моддаи 11, моддаи 23, қисми 1 моддаи 62, қисмҳои 8 ва 9 моддаи 111 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар масъалаи муроҷиат аз Конститутсия сарчашма мегирад, мутобиқ нест.

Зеро муқаррароти ҷумлаи дуюми қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси «эрод ба қарорҳои дар боло зикршуда (аз ҷумла қарор оид ба интихоб, тағйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ) мумкин аст ба тариқи шикояти кассатсионӣ ё эътироз нисбати ҳукм пешниҳод шавад», дар сурати нисбат ба шахс баровардани ҳукми айбдоркунанда дар намудани маҳрум кардан аз озодӣ мантиқ ва моҳияти худро гум менамояд.

Ҳолатҳои дар боло омада ва тартиби пешбининамудаи моддаҳои зикршудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит менамоянд, ки муқаррароти қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси маҳдуд гаштани ҳуқуқи конститутсионии Саидова Н.А. оид ба муроҷиат ба мақомоти давлатии ваколатдор ва таъмини кафолати ҳифзи судӣ гардидааст.

Бинобар ин, ҳама гуна тартибе, ки ҳуқуқҳои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятиро оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои мурофиавии онҳо маҳдуд карда, монеаи ба амал баровардани онҳо, аз ҷумла ҳуқуқи шикоят намудани санадҳои судӣ мегардад, он ҳамчун маҳдуд кардани кафолати ҳифзии судӣ ва ҳуқуқи муроҷиат ба мақомоти давлатӣ муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳо ва қонунгу­зории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, муқаррароти қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (қароре), ки дар рафти муҳокимаи судӣ дар бораи интихоб, тағйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ қабул шудааст, ба моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номутобиқ мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми 2 моддаи 363 Кодекси зикршударо ба муқаррароти моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои дахлдори Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намоянд.

Дар асоси ҳолатҳои зикршуда ва бо дастрасии моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 31, 32, 33, 36, 45, 46, 47, 50 ва 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии quot;Times New Roman TjҶумҳурии Тоҷикистон

қ а р о р к а р д:

1. Қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (қароре), ки дар рафти муҳокимаи судӣ дар бораи интихоб, тағйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ қабул шудааст, ба моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат надорад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми 2 моддаи 363 Кодекси зикршударо ба муқаррароти моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои дахлдори Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намоянд.

3. Қарор қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи қабулаш қувваи қонунӣ пайдо мекунад.

4. Қарори мазкур дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов


ТАЪИНОТҲОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости директори Корхонаи дорои масъулияташ маҳдуди «Автомотосервис ва савдои ба номи Вайс» Табаров В. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати моддаи 223 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ш. Душанбе 16 сентябри соли 2013

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Фирдавсова Г.,

дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши судяҳо Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.-ро дар бораи дархости директори Корхонаи дорои масъулияташ маҳдуди «Автомотосервис ва савдои ба номи Вайс» Табаров В. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати моддаи 223 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) ҶумҳурииТочикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Директори Корхонаи дорои масъулияташ маҳдуди «Ав-томо­тосервис ва савдои ба номи Вайс» (минбаъд – КДММ) Табаров В. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки Корхонаи мазкур дар асоси санади давлатӣ аз 12 сентябри соли 1994 тавассути Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ корхонаи СТО-8 шаҳри Душанберо ба маблағи 548 803 ҳазор рубл харидорӣ намуда, соҳибмулки он гардидааст.

Ҳамчунин, як қисми корхонаи СТО-8, яъне сехи «Запорожетс»-ро моҳи декабри соли 1995 ба маблағи 3211,8 ҳазор рубл шаҳрванд Назаров З.Ю. харидорӣ намуда буд.

Ҳамон сол ў ҳамчун соҳибмулк як қисми иншооти эстакада ва коммуникатсияро бо қитъаи заминаш ба Назаров З.Ю. ба иҷора додааст, ки Назаров З.Ю. баъдан бо роҳи сохтакории хуҷҷатҳо объекти ба ў ба иҷора додашударо ба воситаи нотариуси давлатӣ аз номи КДММ ба номи худаш гузаронида, ройгон азони худ намудааст.

Барои беэътибор донистани асноди мақомоти идораи давлатӣ ў ба аризаи даъвогӣ ба суди иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст, ки суд моддаи 223 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас намуда, бинобар гузаштани муҳлати умумии се солаи даъво аризаи ўро қонеъ накарда, рад намудааст.

Ба андешаи муроҷиаткунанда ба муқаррароти банди «г» моддаи 231 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «талаботи молик ё дигар соҳиби амвол оид ба рафъи ҳамагуна вайронкунии ҳуқуқи ў, ҳар чанд ин вайронкуниҳо бо маҳрум кардан аз соҳибият алоқаманд намебошанд» ва «д» моддаи 231 Кодекси гражданӣ, ки тибқи он «талаботи молик ё дигар ашхос дар бораи беэътибор донистани асноди мақомоти идораи давлатӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ, ки ҳуқуқи ашхоси зикршударо ба соҳибият истифода ва ихтиёридории амволи марбути онҳо вайрон мекунад», муҳлати даъво татбиқ намегардад.

Муроҷиаткунанда, инчунин қайд менамояд, ки тибқи талаботи моддаи 325 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон «молик метавонад рафъи ҳама гуна вайронкуниҳои ҳуқуқашро талаб намояд, ҳарчанд ин вайронкуниҳо ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи соҳибӣ алоқаманд намебошанд».

Суди иқтисодӣ муқаррароти пешбининамудаи моддаи 223 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас намуда, бо қарори худ ҳуқуқи конститутсионии ўро ба моликият бекор ва маҳдуд намудааст, ки ин қарори ў ба муқаррароти моддаи 17 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948, ки тибқи он «ҳар як инсон ҳақ дорад амволро чи шахсан ва чи якҷоя ба дигарон ихтиёрдорӣ намояд ва ҳеҷ касс набояд аз амволи худ худсарона маҳрум кард шавад» ва моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «ҳар кас ҳақ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад ва ҳеҷ кас ҳақ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд намояд», мувофиқ нест.

Бо ҳамин, даъвои миёни ў ва Назаров З.Ю. 18 сол боз идома дошта, ў чунин андеша дорад, ки моддаи 223 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи конститутсионии ўро ба моликият – як қисми иншооти эстакада ва коммуникатсия бо қитъаи заминаш – дағалона вайрон намудааст.

Аз ин рў, Табаров В. аз Суди конститутсионӣ талаб менамоянд, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз намуда, мутобиқати моддаи 223 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда шавад.

Суди конститутсионӣ дархости пешниҳодшударо ҳаматарафа мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки директори Корхонаи дорои масъулияти маҳдуд «Автомотосервис ва савдои ба номи Вайс» агарчи субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ маҳсуб ёбад ҳам, аммо дар талаби гузоштаи ў дар масъалаи мутобиқати моддаи 223 Кодекси граждании ҶумҳурииТоҷикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номуайяние дида намешавад, ки он барои оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ ва санҷиши конститутсионӣ асос гардад. Зеро моддаи 223 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри мурофиавӣ буда, дар он масъалаи муҳлати даъво ба таври умумӣ нисбат ба ҳифзи ҳама гуна ҳуқуқи вайроншуда ва аз тарафи суд баррасӣ намудани муҳлати даъво мавриди танзим қарор дода шуда, он ба меъёри императивии пешбининамудаи моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бараи моликият бевосита алоқамандии мавзўӣ надорад ва предмети муқоисаи байни моддаҳои зикрёфта шуда наметавонад.

Ба ғайр аз ин, дар дархост далелҳои мушаххас ва асосҳои амалию назариявӣ оид ба номутобиқатии моддаи 223 Кодекси гражданӣ ба Конститутсия мушаххас пешниҳод нагардидаанд, яъне маълум нест, ки номутобиқатии моддаи зикршуда ба моддаи 32 Конститутсия маҳз дар чӣ ифода меёбад.

Аз ин ҷиҳат, дархост аз рўи шаклу мазмун ва шакл ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ тавъам нест.

Аз ҷониби дигар, масъалаи асоснокӣ, қонунӣ ва дурустии татбиқи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки онҳо метавонанд дар зинаҳои болоии судӣ мавриди таҳлил, баррасӣ ва баровардани қарори дахлдори судӣ қарор гиранд, наметавонад бо асосҳои пешбининамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавзўи баррасии Суди конститутсионӣ бошад.

Баъдан, норозигӣ ва шикояти муроҷиаткунанда аз рўи санадҳои гуногуни судии судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқан ба салоҳияти зинаҳои болоии судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб мебошад.

Ҳамчунин, баррасии масъалаи мазкур бинобар мансуб буданаш ба салоҳияти судҳои иқтисодӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 феврали соли 2010 бо мактуби 273/1-01 аз ҷониби Суди конститутсионӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудааст.

Вобаста ба ҳолати зикршуда, оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ аз рўи дархости Табаров В. бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионӣ дахл надоштан ва аз рўи шаклу мазмун низ мувофиқ набудан ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рад карда мешавад.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости директори Корхонаи дорои масъулияташ маҳдуди «Автомотосервис ва савдои ба номи Вайс» Табаров В. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати моддаи 223 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионӣ маҳсуб набуданаш ва аз рўи шаклу мазмун низ мувофиқ набудан ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъиноти мазкур дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон «Оид ба амалҳои зиддиқонунии мансабдорони давлатӣ ва давлат»

ш. Душанбе 4 октябри соли 2013

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси-кунанда- Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Фирдавсова Г.,

дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ дархости М.Кабирӣ – раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро «Оид ба амалҳои зиддиқонунии мансабдорони давлатӣ ва давлат» дида баромада,

м у а й я н к а р д:

Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон – М.Кабирӣ ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки мансабдорони давлатӣ ва давлати Тоҷикистон бо роҳи фишороварӣ ба онҳо имконият намедиҳанд, ки дар ҳаёти сиёсии кишвар озодона иштирок намуда, иродаи халқро дар асоси гуногунандешии сиёсӣ ташаккул ва ифода намоянд.

Агарчи қонунгузории кишвар барои ҳамаи ҳизбҳо имкониятҳои баробарро барои гузаронидани маъракаҳои сиёсӣ пешбинӣ намуда бошад ҳам, аммо мансабдорони давлатӣ дар муносибат бо Ҳизби зикршуда рафтору амале содир менамоянд, ки боиси халалдор шудани ҳуқуқҳои конститутсионии он мегардад.

Зиёда аз ин, муроҷиати Ҳизб дар бораи барқарор намудани ҳу- қуқҳои конститутсиониашон аз тарафи ҳомии Конститутсия сарфи назар гардида, Ҳукумат низ пеши роҳи қонуншикниро намегирад ва ба ақидаи ў танҳо Суди конститутсионӣ метавонад кирдори ғайриқонунии мақомоти зикршударо боз дорад.

Бинобар ин, ў ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, хоҳиш намудааст, ки нисбати дархости пешниҳод- кардааш мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз намуда, амалҳои дар дархост зикргаштаи шахсони масъули давлатӣ ва Ҳукумати кишварро ба моддаи 28 ва қисми 2 моддаи 73 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриконститутсионӣ ҳисоб намояд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости пешни- ҳодшударо мавриди омўзиш ва таҳқиқ қарор дода, қайд менамояд, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон гарчанде ҳамчун шахси ҳуқуқӣ субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ маҳсуб ёбад ҳам, аммо талаби дар дархости он пешниҳодгардида, яъне ғайриконститутсионӣ эътироф намудани амалҳои зиддиқонунии мансабдорони давлатӣ ва давлат мавзўи баррасии Суди конститутсионӣ шуда наметавонад ва ба салоҳияти он дохил намешавад.

Зеро тибқи муқаррароти банди 7 моддаи 37 Қонуни консти- тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «шахсони ҳуқуқӣ оид ба вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои конститутсиониашон нисбати қонун ва санади ҳуқуқии татбиқшуда дар муносибати мушаххаси ҳуқуқӣ, инчунин ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дастурии Пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар парвандаи мушаххаси аз тарафи суд нисбаташон татбиқшуда, метавонанд ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намоянд».

Ҳамчунин, ба салоҳияти Суди конститутсионӣ на баҳодиҳӣ ба қонунӣ ва асоснокии қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз тарафи мақомот ва шахсони мансабдори онҳо нисбати субъектони гуногуни ҳуқуқ татбиқшуда ва баҳодиҳӣ ба амал (беамалии) мансабдорони давлатӣ ва давлат, балки муайян намудани мутобиқати меъёрҳои мушаххаси қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳои дахлдори Консититутсия дохил мешавад.

Тибқи муқаррароти боби 24 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Мурофиа оид ба парвандаҳо дар бораи мавриди баҳс қарор додани қарор, амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ё шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ» номгузорӣ шудааст, суъектони ҳуқуқ метавонанд оид ба қарор, амали (беамалии) мақомот ё шахсони мансабдори зикршуда ба суди маҳалли зисти худ ё суди маҳалли ҷойгиршавии мақомоти дахлдори давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо, ки қарор, амал (беамалии) онҳо шикоят карда мешавад, муроҷиат намоянд.

Бинобар ин, оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ аз руи дархости Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон «Оид ба амалҳои зиддиқонунии мансабдорони давлатӣ ва давлат» бо асосҳои дар боло омада рад карда мешавад.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионӣ,

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ аз руи дархости Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон «Оид ба амалҳои зиддиқонунии мансабдорони давлатӣ ва давлат» бинобар маҳсуб набуданаш ба салоҳияти Суди конститутсионӣ рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи қабулаш қувваи қонунӣ пайдо мекунад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов

НАВИДҲОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Н А В И Д Ҳ О И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

3-6 июли соли 2013 бо даъвати Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон сафари кории судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Зоиров Ш.Ю. ҷиҳати иштирок дар Конференсияи Умумиаврупоии Ереванӣ дар мавзўи «Стандартҳои Аврупоӣ оид ба волоияти қонун ва доираи салоҳдиди ҳокимият дар давлатҳои аъзои Шўрои Аврупо» ба шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон доир гардид.

Дар кори чорабинии сатҳи байналмилалии мазкур намояндагони судҳои конститутсионӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатии кишварҳои гуногуни ҷаҳон ширкат намуданд.

Зимни баргузории чорабинии мазкур маърўзаҳои ширкаткунандагони он дар мавзуҳои марбут ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти мақомоти назорати конститутсионӣ шунида шуда, масъалҳои мухталиф дар ин самт мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.

28-29 августи соли 2013 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Конститутсия – асоси стратегии рушди ҷомеа ва давлат» баргузор гардид.

Дар кори Конфронс намояндагони зиёда аз 20 давлати хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуда, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро судяҳои Суди конститутсионӣ Абдуллоев А.А. ва Каримов К.М. намояндагӣ намуданд.

Зимни баргузории Конфронс судя-котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримов К.М. дар мавзўи «Давлати иҷтимоӣ ва нақши мақомоти назорати конститутсионӣ дар ташаккули он» баромад намуд.

Дар рафти конфронс, инчунин вохўрии судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раис ва судяҳои Шўрои конститутсионии Ҷумҳурии Қазоқистон, судяҳои судҳои Ҷумҳурии Туркия, Украина, Белоруссия ва намояндагони мақомоти назоратии конститутсионии дигар давлатҳои хориҷи кишвар баргузор гардид, ки дар рафти он оид ба масъалаҳои муҳими конститутсионализм ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд изҳори андеша карда шуд.

6 сентябри соли 2013 дар толори маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 22-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки судяҳо ва кормандони Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов ҳозиринро бо ин ҷашни умумимиллӣ таҳният намуда, иброз дошт, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созандаю бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз пояҳои Истиқлолияти давлатиамон таҳким ёфта, халқи Ватани маҳбубамон, ки дорои таърихи чандинҳазорсола ва анъанаҳои фарҳангии бостонӣ мебошад, ба фардои рўзгори худ ва ояндаи ободу осудаи кишварамон дилпурона ва бо эътимоди қавӣ назар менамояд.

Таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки бо дарназардошти дастовардҳои ин даврон эътибору мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба маротиб боло рафта, рушди муътадили низоми иқтисоди миллӣ таъмин карда шуда, дар заминаи арзишҳои волои Конститутсия барои бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд, ки дар он эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, дар мадди аввал мебошад, заминаи воқеӣ гузошта шавад.

Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун дастоварди бузург ва воқеаи нодиру фараҳбахши таърихӣ барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин фазои мусоид фароҳам овард. Дар ин раванд, мақоми ҳокимияти судӣ низ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ дар самти ба амал баровардани адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таъмини тартиботу қонуният боло гашта истодааст. Бинобар ин, мо нишастагони ин толор низ бояд барои боз ҳам таҳкими музаффариятҳои Истиқлолияти давлатӣ саъю кўшиш ба харҷ диҳем.

Зимни маҷлиси тантанавӣ ҳамчунин судя-котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Каримов оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ баромад намуда, ҳозиринро бахшида ба 22-солгарди ин ҷашни пуршукуҳ табрику таҳният намуд.

27 сентябри соли 2013 таҳти раисии Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. дар Суди конститутсионӣ мурофиаи судӣ аз рўи дархости шаҳрванд Саидова Н.А. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (қароре), ки дар рафти муҳокимаи судӣ дар бораи интихоб, тағйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ қабул шудааст, ба моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар барасии масъалаи мазкур намояндагони ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия ва корҳои дохилӣ, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, намояндагони Суди Олӣ, Прокурори генералӣ, Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ иштирок карда, фикру андешаҳои худро иброз намуданд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мавриди баҳс қарордодаи шаҳрванд Саидова Н.А.-ро ҳаматарафа мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки муроҷиат воситаи муҳими алоқамандии шахс ба давлат буда, заминаи боэътимоди иштироки васеи шаҳрвандон дар идоракунии давлат ва фаъолияти мақомоти давлатию идоракунӣ, аз ҷумла фаъолияти ҳокимияти судӣ дар ба амал баровардани адолати судӣ ба шумор меравад.

Ҳуқуқи муроҷиат ба мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳокимияти судӣ нишондиҳандаи муҳими ҷомеаи воқеан демократию ҳуқуқбундё арзёбӣ гардида, дар баробари ислоҳи камбудӣ ва норасоии фаъолияти мақомоти дахлдор, инчунин бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои содиргардида ва барқарору ҳифз намудани ҳуқуқу манфиатҳои вайроншудаи муроҷиаткунандаро дарбар мегирад.

Муқаррароти қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз болои таъиноти (қарори) дар рафти муҳокимаи судӣ оид ба интихоб, тағйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ қабул кардашуда шикоят ва эътироз овардани иштирокчиёни мурофиаи судиро манъ менамояд, боиси маҳдуд гаштани ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон оид ба муроҷиат ба мақомоти судӣ гардида, ба мазмуну муҳтавои моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам нест.

Чунончи, моддаи 23 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Ҳуқуқи шикоят намудан аз амал ва қарорҳои мурофиа» номгузорӣ шудааст, аз амал ё қарори суд, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда шикоят намудани иштирокчиёни мурофиаро яке аз принсипҳои асосии қонунгузории мурофиаи ҷиноятӣ арзёбӣ намудааст.

Бинобар ин, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд менамояд, ки ҳама гуна тартибе, ки ҳуқуқҳои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятиро оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои мурофиавии онҳо маҳдуд карда, монеаи ба амал баровардани онҳо, аз ҷумла ҳуқуқи шикоят намудани санадҳои судӣ мегардад, он ҳамчун маҳдуд кардани кафолати ҳифзи судӣ ва ҳуқуқи муроҷиат ба мақомоти давлатӣ муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳо ва қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (қароре), ки дар рафти муҳокимаи судӣ дар бораи интихоб, тағйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ қабул шудааст, ба моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номутобиқ арзёбӣ намуд.

3 октябри соли 2013 дар толори маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба – Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки коллективи Суди конститутсионӣ ва Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон– Саймиддинов Д. маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Маҷлиси тантанавиро Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин иди муҳими умумумимиллӣ муборакбод намуда, иброз дошт, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад, ки имрўз дар ҷумҳуриамон ва берун аз он Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рўҳияи баланди ватанадўстиву хештаншиносӣ бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Ба шарофати роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳомии Конститутсия ва кафили истиқлолияти миллӣ имрўз дар Ватани азизамон сулҳу суботи комил, рушди босуръати тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва устувории пояҳои иҷтимоии давлат таъмин гардида, эҳтироми арзишҳои инсонӣ воло гузошта шуда, забони давлатӣ ҳамчун муқаддасоти давлатӣ ва нишонаи ифтихори бузурги миллӣ дар ҳаёти фарҳангӣ ва маънавии кишварамон мақому манзалати хосаро касб намуда, ба ҳайси пайвандгари халқу тамаддунҳо дар ташаккули давлатдории муосир нақши босазо дорад.

Зимни баргузории маҷлиси тантанавӣ ҳамчунин Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Саймиддинов Д. оид ба аҳамияти таърихии забони давлатӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тартиби истифодаи дурусти қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳангоми пешбурди фаъолияти корӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро бо таҷлили ин иди фархунда табрик намуд.

7-12 октябри соли 2013 бо мақсади иштирок дар курсҳои омўзиши дар мавзўи «Принсипи баробарӣ ва манъи табъиз» сафари кории кормандони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қамишев Н.Ю. ва Фирдавсова Г.Р. ба шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия доир гардид.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Ассотсиатсияи судҳои конститутсионии кишварҳои Осиё ва Институтҳои муодил доир гардида, дар он намояндагони судҳои конститутсионии давлатҳои гуногун иштирок намуда, бо маърўзаҳои мухталиф, ки ба фаъолияти мақомоти назорати конститутсионӣ марбут мебошад, баромад намуданд.

Намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зимни иштирок дар чорабинии номбурда бо маърўза баромад намуда, иштирокчиёни курсҳои омўзиширо бо фаъолияти густурдаи мақомоти назорати конститутсионии кишвар аз наздик шинос намуданд.

16 ноябри соли 2013 дар Қасри миллат дар маросими тантанавӣ аз ҷониби Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рамзи ҳокимияти Президентӣ – Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Мундариҷа

Маҳмудов М.А. Истиқлолият ва адолати судӣ 6

Қаландарова М.С. Нақши Конститутсияи (Сарқонуни)
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ҳокимияти судӣ 9

Сайдуллоев Ф. Таъмини волоияти Конститутсия – кафолати
амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд 15

Юсупов Б.Ғ. Падидаҳои модели конститутсионии давлати
ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон 21

Муқумов Н. Ҳуқуқи муаллиф ва созишнома оид ба ҷанбаҳои
тиҷоратии ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ 24

Содатқадамов Ш.М. Конснститутсия – кафили ҳифзи ҳуқуқу
озодиҳои инсон ва шаҳрванд 33

Холиқов О.Ш. Қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такмили он 38

Қарорҳои Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

1) оид ба парванда аз рўи дархости шаҳрванд Саидова Н.А. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъиноте (қароре), ки дар рафти муҳокимаи судӣ дар бораи интихоб, тағйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ қабул шудааст, ба моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 27 сентябри соли 2013 42

Таъинотҳои Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

1) дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости директори Корхонаи дорои масъулияташ маҳдуди «Автомотосервис ва савдои ба номи Вайс» Табаров В. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати моддаи 223 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) ҶумҳурииТоҷикистон» аз 16 сентябри соли 2013 52

2) дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон «Оид ба амалҳои зиддиқонунии мансабдорони давлатӣ ва давлат» аз 4 октябри соли 2013 57

Навидҳои Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Навидҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон