Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 2) 2014
АХБОРИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(№ 2) 2014
Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ
дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.
(моддаи 10
Конститутсияи (Сарқонуни)
Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Маҷаллаи илмию иттилоотӣ
Сармуҳаррир:
Маҳмудзода М. А. Раиси Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор
Ҳайати таҳририя:
Каримов К.М. Судя-котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ
Абдуллоев А.А. Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сотиволдиев Р. Ш. Раиси Шўрои илмӣ – машваратии назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор
Искандаров З.Ҳ. Узви Шўрои илмӣ – машваратии назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДМТ
МУНДАРИҶА
Маҳмудзода М.А. Сухани ифтитоҳӣ дар кори мизи мудаввар
дар мавзўи «Нақши Ваҳдати миллӣ дар ташаккули давлатдории
навин»…………………………………………………………………………………………………. 6
Раҳмон
О.Э. Масъалаҳои ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйиди
ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ……………………………………………………………………. 9
Каримов К.М. Ваҳдат
бузуртарин дастоварди миллии таърихи
навини мост……………………………………………………………………………………….. 14
Гулзорова М. М., Холмуродзода П.
Х. Таносуби ҳуқуқу озодиҳои
сиёсии шаҳрвандон бо дигар ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии
онҳо…………………………………………………………………………………………………… 20
Сулаймонов Ф.С. Масоили танзими ҳуқуқи
ашёгӣ дар Кодекси
граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон……………………………………………………… 25
Қарорҳои Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) оид ба парванда аз рўи дархости аз рўи дархости раиси собиқ
Ассосиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро» Самадова Д.Т.
«Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисмҳои 1 ва 3 моддаи 35, сархатҳои дуюм
ва сеюми қисми 1 ва қисми 2 моддаи 37 Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007 № 258 «Дар бораи иттиҳодияҳои
ҷамъиятӣ» ба моддаҳои 14, 28 ва 30 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»
аз 24 июни соли 2014 38
Навидҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Навидҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон………………….. 48
Маҳмудзода М.А.
Раиси Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
академики АИ ҶТ,
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор
СУХАНИ ИФТИТОҲЇ ДАР КОРИ МИЗИ МУДАВВАР
ДАР МАВЗЎИ «НАҚШИ ВАҲДАТИ
МИЛЛЇ ДАР
ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН»
(10 июни соли 2014)
Муҳтарам иштирокчиёни мизи мудаввар!
Ҳозирини гиромӣ!
Қабл аз ҳама Шуморо ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ҳамагонро бо рўзи Ваҳдати миллӣ, ки дар сарнавишти миллати мо нақши бениҳоят муҳиму таърихӣ дошта, барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар ва ташаккули пояҳои давлатдории нивини мо заминаи боэътимод гузошт, таҳният намуда, бароятон саломативу сарбаландиро таманно менамоям.
Имсол ҷашни умумимиллии Ваҳдати миллӣ ба соли таърихӣ – 20 -умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои расидан ба ҳадафҳои асосии давлат, таҳкими музаффариятҳои истиқлол, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои умумимиллӣ ва давлат саҳми арзишманд дорад, рост омад.
Қабули Конститутсия бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб ёфта, он ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои расидан ба сулҳу суботи комил, пойдории Ваҳдати миллӣ, наҷоти мардум аз парокандагӣ такони пурзўре гардида, ҷиҳати бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.
Арзишҳои муқаддаси Қонуни олии мамлакат имрўз муҳимтарин рукнҳои ҷомеаи демократии кишвари азизамонро муайян намуда, дар тўли 20 соли мавҷудият, ки дар роҳи бунёди давлатдории навин чандон муддати тўлони нест, ҳамчун ифодагари азму ирода ва нияту орзуҳои неки инсонӣ равшангари роҳи пешрафти ҳаёти ҷомеа гардида, заминаҳои Ваҳдати миллии моро мустаҳкам гардонд.
Тавре, ки ҳамагон медонед, аз рўзҳои аввали соҳибистиқлол гардидан, дар Тоҷикистон низоъҳои дохилӣ сар зад ва ҳатто хатари парокандашавии давлати милли мо ба вуҷуд омада буд.
Танҳо ба шарофати заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қувваҳои мухталифи сиёсӣ ба ҳам оварда шуда, дар кишварамон сулҳу субот таъмин гардид ва хатари парокандагии миллат пешгирӣ карда шуда, имконият ба вуҷуд омад, ки ба бунёди давлатдории навини худ оғоз бахшем.
Зикр кардан ба маврид аст, ки муяссар шудан ба сулҳу субот ва рўи як миз овардани гурўҳҳои ба ҳам зид ва ноил шудан ба Ваҳдати миллӣ кори саҳл набуда, иродаи матин ва ҷаҳду талоши зиёдро талаб мекард.
Мо имрўз ба хубӣ ёд дорем, ки ба хатари ҷонӣ нигоҳ накарда, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти басо мураккаби сиёсӣ ба шаҳри Кобул ва деҳаи Хусдеҳи вилояти Толиқони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои ба даст овардани сулҳи комил сафар намуд ва дар он ҷо 19 майи соли 1995 бо дарки хатари ҳалокатбори муқовимати низомию сиёсӣ ва масъулияти бузург дар назди ояндаи миллати тоҷик ба хотири ноил гардидан ба сулҳу субот изҳороти муштарак қабул гардид.
Дар маҷмўъ барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар ва хомўш сохтани ҷанги шаҳрвандӣ, бо ташаббус ва кўшишҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар бо иттиҳоди мухолифин 21 маротиба музокира анҷом дода шуда, 40 ҳуҷҷати муҳим ба имзо расид. Ин ҳама барои бастани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки дастоварди нодиртарини халқи тоҷик мебошад, замина гузошт ва ҳоло таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омўзиш табдил ёфтааст.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи миллати куҳанбунёдамон ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва воқеаи нодиру фараҳбахши ҳаётӣ маҳсуб ёфта, баҳри пойдории сулҳу суботи комил дар кишвари маҳбубамон заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузошт ва дар як вақт барои мустаҳкам намудани андешаҳои солими давлатдории миллӣ дар афкори ҷомеа нақши босазо бозид.
Муҳим, он буд, ки 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расида, шароити мусоид ва кафолати воқеӣ ба вуҷуд омад, ки қариб як миллион нафар гурезаҳо ва муҳоҷирони мо ба Ватан баргарданд.
Имрўз ба таърихи начандон тўлонии давлатдории навинамон назар андўхта, исботи онро мебинем, ки пояи Ваҳдати миллӣ дар сарзамини ниёгонамон устувору бегазанд буда, ин ҷавҳари муқаддас дар сиришти миллати фарҳангдўсту сулҳпарвари тоҷик маъно ва асолати ватандўстиро тарбия намуда, ба ташаккули олитарин таровишҳои вуҷуди инсонӣ ба мисли меҳру вафо ва дўстиву ҳамдигарфаҳмӣ заминаи боэътимоду қавӣ гузошт.
Бо шукргузорӣ аз файзу баракати сулҳу суботи комил мо давлати нав ва ҷомеаи нави шаҳрвандӣ бунёд карда истодаем, ки бешубҳа дар ин низом, муносибатҳои ҷамъиятию сиёсӣ, шуур ва қобилияти фикронии инсон аҳамияти куллан навро пайдо намуда, сатҳи тафаккур, таҳаммулпазирӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллии ҷомеа торафт густариш меёбад.
Пойдории сулҳу субот ба рушди устувори соҳаҳои иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва сиёсию ҳуқуқии мамлакат мусоидат намуда, обрў ва нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол рўз аз рўз дар арсаи байналмилалӣ боло гардида, давлати мо ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст.
Бинобар ин, моро зарур аст, ки ба ин арзиши муқаддас, яъне Ваҳдати миллӣ, ки намунаи ибратбахши ҷаҳониён мебошад, расем ва онро ҳамеша эмин нигоҳ дошта, барои тарбияи ҷавонони ватандўсту ватанпарвар кўшиш намоем.
Бори дигар ҳамаи Шуморо бо иди Ваҳдати миллӣ шодбош гуфта, бароятон дар кори мизи мудаввар, ки ба мавзўи муҳим бахшида шуда, зимни баргузории он масъалаҳои мухталиф матраҳ мегарданд, барори кор таманно менамоям.
Раҳмон Озода Эмомалӣ
Муовини якуми Вазири корҳои
хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқ
МАСЪАЛАҲОИ ҲАМРОҲШАВИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА КОНВЕНСИЯИ ГААГА ОИД БА БЕКОР НАМУДАНИ ТАЛАБОТИ ТАЪЙИДИ ҲУҶҶАТҲОИ РАСМИИ ХОРИҶЇ
Дар фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳо ва кормандони дипломатии он, дар баробари дигар самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи муосир, ба амал баровардани дипломатияи иқтисодӣ ва бахши муҳими он- ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар ва нишон додани фаъзои мусоиди сармоягузории мамлакат мавқеи хосаро ишғол менамояд.
Ин масъала дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохўрӣ ва суханронии худ аз 15 марти соли 2013 бо кормандони дипломатии кишвар муҳимияти ин самти фаъолияти ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори дигар таъкид намуда, иброз доштанд, ки «солҳои охир дар радифи истифодаи тарзу усулҳои дипломатияи анъанавию классикӣ дар аксари давлатҳои ҷаҳон аҳамияти истифодаи муассири тариқаву василаҳои дипломатияи иқтисодӣ ба маротиб боло рафтааст. Вазорати корҳои хориҷӣ бояд ин амалияро амиқтар омўзад ва аз беҳтарин намунаҳои он пурсамар истифода барад.
Муҳимаст, ки на фақат ба ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон ва рушду тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодии кишвар мусоидати комил сурат гирад, балки якҷоя бо вазоратҳои соҳавӣ бояд низоми доимоамалкунандаи экспертизаи тамоюлҳои инкишофи иқтисодиёти ҷаҳонӣ мутобиқ ба шароити кишвар ва минтақаи мо ба миён оварда шавад.»[1]
Бо ин назардошт, Вазорати корҳои хориҷии кишвар дар баробари қабули қонунҳои миллӣ, ки онҳо ба беҳтар намудани фаъзои сармоягузорӣ равона карда шудаанд, инчунин ба тасдиқ, ҳамроҳшавӣ ва мавриди амал қарор додани як қатор шартномаҳои байналмилалӣ, ки онҳо низ метавонанд ба фаъзои сармоягузорӣ дар мамлакат таъсири мусбӣ расонанд, аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.
Маълум аст, ки бардоштани ҳама гуна маҳдудият ва расмиятчигӣ, содда кардани низоми ҷалби сармоя ва ба вуҷуд овардани шароити бе мамоният гузаштани расмиёти ҳуҷҷатнигории ҳама гуна фаъолият яке аз муҳимтарин шарту шароити ба сармоягузорони хориҷӣ кушодани иқтисодиёти мамлакат ба шумор меравад.
Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ аз 5 октябри соли 1961 аз зумраи он шартномаҳои байналмилалие мебошад, ки ҳамроҳшавӣ ба он метавонад дар рушди иқтисодиёти мамлакат, ҷалби сармоя, алалхусус бартараф намудани маҳдудиятҳои вобаста ба гузаштани расмиёти ҳуҷҷатнигории ба тасдиқи фаъолияти иқтисодӣ ва сармоягузорӣ алоқаманд, нақши арзанда гузорад.
[1] Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар вохўрӣ бо кормандони дипломатии кишвар ба ифтихори ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 15.03.2013 шаҳри Душанбе. http://prezident.tj/.
Маврид ба зикр аст, ки бештар аз 100 давлат аъзои Конвенсияи Гаага буда, онро ба яке аз созишномаҳои бомуваффақият дар соҳаи ҳамкории ҳуқуқӣ дар ҷаҳон табдил додаанд. Конвенсияи мазкур давлатҳои аъзоро уҳдадор менамояд, ки иҷрои онро дар ҳудудҳои давлатҳои худ таъмин намуда, аз тартиби мазкури соддакардашудаи легаликунонии тамоми ҳуҷҷатҳои расмии (Апостил) аз кишвар бароянда ва ба кишвар воридшавандаро самаранок истифода баранд.
Миллионҳо Апостилҳо ҳар сол дода ва қабул карда мешаванд. Гузаштани расмиёти Апостил ё худ калимаи франсузии «Апостил» тибқи Конвенсияи Гаага аз 5 октябри соли 1961- ин шакли стандартикунонидашудаи байналмилалии пур кардани маълумот оид ба қонунӣ будани ҳуҷҷат барои пешниҳоди он ба ҳудуди давлате, ки чунин шакли легаликунонӣ (легализатсия) эътироф менамояд, ба шумор меравад. Муҳри (штампи) Апостил[1] танҳо ба ҳуҷҷатҳои аслии намунаи давлатӣ гузошта мешавад[2].
Баъд аз Апостил ягон гуна тасдиқ ва аз нав легаликунонии ҳуҷҷат талаб карда намешавад ва он аз ҷониби мақомоти расмии ҳама гуна давлатҳои аъзои Конвенсияи Гаага эътироф карда мешавад.
Аз соли 2007 инҷониб Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи Гаага иқдомҳо меандешад. Дар асоси дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2013 гурўҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуда, ба он намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд.
Аз ҷониби гурўҳи корӣ ҷанбаҳои мухталифи Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ аз соли 1961 таҳлил гардида, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳарчи зудтар ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкур тавсияҳо таҳия карда шудаанд.
Қадами муҳим барои ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага интихоби модели муносиб оид ба муайян кардани мақомоти салоҳиятноки таъйидкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Моддаи 6 Конвенсия муқаррар менамояд, ки ҳар як давлати аҳдкунанда ташкилотеро таъин менамояд, ки ба онҳо ваколати гузоштани апостил дода мешавад ва дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Нидерландия аз лаҳзаи барои маҳфуздорӣ супурдани ҳуҷҷати тасдиқ ё тасдиқномаи ҳамроҳшавӣ ё ки дархост оид ба татбиқи амал хабардор карда мешавад.[3]
Таҳлили анҷомдодашуда нишон дод, ки аз 106 кишвари ҷаҳон, ки ба Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ аъзо мебошанд, 68 кишвар моделеро инхоб кардааст, ки дар онҳо ба 1 ё 2 мақомоти салоҳиятдор ваколатҳои додани апостил пешниҳод карда шудаанд. Дар 38 кишвар ваколати додани апостил ба зиёда аз 2 мақомоти салоҳиятдор вогузор карда шудааст.
Аз ин рў, гуруҳи корӣ дар интихоби модели мақомоти салоҳиятдор барои судури апостил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба варианти якум таваҷҷуҳ зоҳир намуда, судури апостилро ба салоҳияти Вазоратҳои адлия ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд.
Мутобиқи моддаи 1 Конвенсияи Гаага, Конвенсия ба ҳуҷҷатҳои расмие татбиқ карда мешавад, ки дар қаламрави яке аз давлатҳои аҳдкунанда таҳия шудаанд ва бояд ба қаламрави дигар кишвари аҳдкунанда пешниҳод карда шаванд[4].
Ба сифати ҳуҷҷатҳои расмӣ, Конвенсия ҳуҷҷатҳои зеринро баррасӣ менамояд:
– ҳуҷҷатҳое, ки аз мақомот ё шахси мансабдори таҳти тобеияти ҳуқуқии давлат қарордошта бармеоянд, аз ҷумла ҳуҷҷатҳое, ки аз прокуратура, котиби суд ё иҷрочии суд бармеоянд;
– ҳуҷҷатҳои маъмурӣ;
– санадҳои нотариалӣ;
– қайдҳои расмӣ, ба монанди қайдҳо дар бораи бақайдгирӣ; қайдҳое, ки санаи муайянро тасдиқ мекунанд; қайдҳои тасдиқи имзо дар ҳуҷҷате, ки онро нотариус тасдиқ намудааст.
Дар айни замон Конвенсия ба инҳо татбиқ намегардад:
– ҳуҷҷатҳое, ки агентҳои дипломатӣ ё консулӣ таҳия намудаанд;
– ҳуҷҷатҳои маъмурие, ки бевосита ба амалиёти тиҷоратӣ ё гумрукӣ алоқаманд мебошанд.
Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби гуруҳи корӣ таҳлили муқоисавии таҷрибаи дигар кишварҳо оид ба номгўи ҳуҷҷатҳои расмие, ки бояд аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори онҳо таъйид карда шаванд, гузаронида шуд. Дар асоси ин таҳлил барои Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳо таҳия карда шуд, ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштани апостил ба ҳуҷҷатҳои зерин вогузор карда шуд:
– ҳуҷҷатҳои расмие, ки аз мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бармеоянд;
– ҳуҷҷатҳои расмие, ки аз нотариусҳо бармеоянд;
– ҳуҷҷатҳои расмие, ки аз мақомоти судӣ ва мақомоти истеҳсолоти иҷрои бармеоянд;
– ҳуҷҷатҳои расмие, ки аз мақомоти прокуратура бармеоянд.
Ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода шудааст, ки ба дигар ҳуҷҷатҳо апостил гузорад.
Гуруҳи корӣ ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Конвенсияи Гаага аз 5 октябри соли 1961 дар якҷоягӣ бо пайвастан ба механизми иҷрои уҳдадориҳо мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд. Дар ин давра дигар санадҳои зарурии марбут ба ин масъала низ бояд таҳия ва қабул карда шаванд.
Дар ин робита, гурўҳи корӣ як қатор ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла маълумотнома дар бораи асосҳои ҳуқу/a менамояд:quot;; mso-ansi-language: TG;quot;serifMsoNormalқӣ ва зарурияти ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба санадҳои меъquot;Times New Roman Tjtext-align: justify; text-indent: 1.0cm;умҳурии Тоёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи Гаага, лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага аз 5 октябри соли 1961», лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳо ва шартҳои ягонаи гузоштани апостил ба ҳуҷҷатҳои расмие, ки аз мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд» ва маҷмўи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи Гаага аз 5 октябри соли 1961 таҳия намудааст.
Умед аст, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйиди ҳуҷатҳои расмии хориҷӣ аз 5 октябри соли 1961, дар як вақт бо раванди ҳамроҳшавӣ ба санади мазкур сурат гирифта, он дар рушди минбаъдаи вазъи иқтисодиву иҷтимоии мамлакатамон нақши арзанда хоҳад гузошт.
Ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи Гаага аз 5 октябри соли 1961 ба содда гаштани расмиёти тасдиқи нусхаи аслии ҳуҷҷатҳо, муҳлат ва хароҷоти тасдиқ, беҳтар гаштани хизматрасониҳо ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ дар мамлакат шароити зарурӣ фароҳам меорад.
Ҳамин тариқ, ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйиди ҳуҷатҳои расмии хориҷӣ аз 5 октябри соли 1961 метавонад дар баробари ба роҳ мондани тасдиқи нусхаи аслии ҳуҷҷатҳои расмии аз кишвар бароянда ва ба кишвар воридшаванда ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин раванд, инчунин барои рушду инкишофи иқтисоди миллӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити зарурии ташкилию ҳуқуқиро фароҳам биёрад.
[1] Тибқи Конвенсияи Гаага, Апостил шакли квадрати тарафҳояш на камтар аз 9 см.-ро дошта, бояд ба намунаи ба Конвенсия замимашуда мувофиқ бошад. http://www. hcch.net/index _en. php? act= conventions.text&cid=41
[2] Апостил ба худи ҳуҷҷат, ё ки ба варақи алоҳидае, ки бо ҳуҷҷат дўхта шудааст «аллонж» гузошта мешавад. Барои апостилҳои коғазӣ, усулҳои гузоштани апостилҳо ё аллонжҳо ба ҳуҷҷатҳо дар ҳар Давлатҳои аҳдкунанда фарқ мекунанд ва аз штампҳои резинӣ, сиреш, лентаҳои гуногунранг, муҳрҳои мумӣ (сурғучӣ), муҳрҳои барҷаста ё часпакҳои худчасп ва ғайра иборат мебошанд. http://www.hcch.net/index _en.php?act= conventions.text&cid=41
[3] http://www.hcch.net/index_en.php?act=conventions.text&cid=41
[4] http://www.hcch.net/index_en.php?act=conventions.text&cid=41
Каримов К.М.
Судя-котиби Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои сиёсӣ
ВАҲДАТ БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ
МИЛЛИИ ТАЪРИХИ НАВИНИ МОСТ
Дар ҳаёти сиёсиву ичтимоӣ ва фарҳангии ҳар халқу миллат сана ва рўзҳое ҳастанд, ки онҳо дар таърих ва сарнавишти ин халқу миллатҳо бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, мояи ифтихор, сарбаландӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, сарчашма ва заминаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб меёбанд.
27 июн аз зумраи чунин санаҳои таърихӣ ва дар навбати худ идҳои давлатӣ ва миллии халқи тоҷик аст, ки он ба таърихи навини давлатдории мо, яъне замони соҳибистиқлолӣ мансуб буда, ба лексиони сиёсиву ичтимоии ҷомеаи Тоҷикистон соли 1997 ворид гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки орзуву омоли ҳазорсолаи мардуми тоҷик буд, дар солҳои 90 –уми асри XX дар натиҷаи таҳаввулоти бузург ва гушношуниди геополитикӣ, яъне аз байн рафтани бузургтарин давлати замони худ – Иттиҳоди Шўравӣ ба даст омадааст.
Давлате, ки дар муносибатҳои байналмилалӣ як қутби ҷаҳониро намояндагӣ карда, аҳолии он бо нақш ва мавқеи давлати худ дар тартиботи ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ, ҳудуди беканор, захираҳои бузурги моддӣ ва ащёӣ, иқтидорҳои инсонию зеҳнӣ, аъзои Шўрои амнияти СММ ва давлати ядроӣ будан ифтихор дошт, бе ҷангу хунрезӣ ва ҳуҷум аз хориҷи давлат аз байн рафт.
Ҳатто иродаи 76, 4% (113 512 812 нафар) аҳолии Иттиҳоди Шўравӣ, ки 17 марти соли 1991 дар якумин раъйпурсии дар таърихи мавҷудияти Иттиҳоди Шўравӣ дар хусуси бақои давлат доиршуда изҳор гардида буд, аз тарафи касе ба инобат гирифта нашуд.
Ҳамин тариқ, давлати абарқудрат аз байн рафт ва дар баробари дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба истиқлолияти давлатӣ шарафёб гардид.
Аз байн рафтани Иттиҳоди Шуравӣ бояд ба раванди минбаъдаи сиёсати ҷаҳонӣ, ки он тартиботи ҷаҳонии дар шаҳри Ялта (1945) муайянгардидаи низоми Вестфалӣ ба ҳисоб меравад, дигаргунӣ ворид намуда, ба муътадил гардидани сиёсати ҷаҳонӣ оварда мерасонид. Аммо вазъ ба ин ҳол сурат нагирифт. Ғарб худро ғолиб эҳсос намуда, минбаъд ба муносибатҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ тавассути «фалокатҳои гуманитарӣ», «инқилобҳои ранга», «хифзи ҳуқуқи инсон», «баҳори арабӣ», табадуллотҳои давлатӣ ва ғ. таъсир расонида, интихоби сиёсии давлату халқхои гуногунро ба нестӣ оварда расонид.
Инсоният шоҳиди ҳодисаҳои бесобиқаи дахолат ба корҳои дохилии давлат, аз байн бурдани низому суботи сиёсиву иқтисодӣ, ба инобат нагирифтани иродаи аксарияти кулли халқҳо дар Сербия, Ироқ, Судон, Тунис, Яман, Ливия, Сурия гардид.
Минтақаи ИДМ низ аз ин нобасомониҳо дар канор намонд.
Дахолат бо шаклҳои зикршуда қатъӣ амсоли (преседенти) байналмилалӣ шуда, дар таҷрибаи давлатҳои ба истилоҳ демократияро ҳифз кунанда «самараноки»-и худро ҳамчун воситаи муҳими расидан ба мақсаду ҳадафҳо исбот намуд.
Чизи муҳиме, ки таҳиягарони ин муноқишаҳо ба он аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд ва барои онҳо ҳамчун равған ба балои оташ зарур аст, ин аз байн бурдани ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳо мебошад, ки дар аксар мавридҳо онҳо ба ин нияти нопоки худ муваффақ мегарданд.
Дар 23 соли истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти халқи мо ба ғайр аз ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ, ба миён овардани чунин амалҳои зишт кам набуданд, ки таҳмилгарони онҳо пайваста пайи ноором намудани авзои сиёсию иҷтимоии мамлакати мо ба амал мебароварданд. Тайи ин солҳо на як бору ду бор нияти нопок ва тири онҳо дар вилотҳои Хатлону Суғд, ноҳияҳои Тавилдараву Рашт ва шаҳри Хоруғ хок хурдааст.
Имрўзҳо, ки мо дар рў ба рўи ҷашнгирии рўзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем, ба солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ назар карда, ба андешаи он меравам, ки чаро мо чун дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ба ҷойи баромадан ба шоҳроҳи бузурги дигаргуниҳои азими даврони аввали соҳибистиқлолӣ даст ба гиребони ҳам гирифта, ба ҷанги шаҳрвандӣ даст задем.
Ба истиқлолияти миллӣ, ки онро фарзандони барўманди халқамон тайи ҳазорсолаҳо ба даст оварданашро орзу доштанд, беэътиноӣ кардем. Шукри бе ҷангу муборизаи хунин ба даст омадани онро накардем, аз аспи ҷаҳолат фурў наомадем ва ба хотири мансабу курсӣ дар як муддати кутоҳтарин хуни зиёда аз 150 ҳазор ҳамватани худро рехтем, 55 ҳазор кудакро бе падар, 25 ҳазор занону модаронро бесаробон мондем, 1 миллион ҳамватанони худро ба гуреза табдил додем. Ба иқтисодиёти ба дастгириву азнавкунӣ ниёздоштаи мамлакат зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарар расонидем.
Аз ҳама хафнокаш ояндаи давлату миллат ва якпорчагии мамлакатро зери хавху хатари ҷиддӣ гузоштем.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои ба ҷанги шаҳрвандӣ мубтало кардани мамлакат, як қатор омилҳои сиёсиву иҷтимоӣ мавҷуд буданд, ки онҳо барои оғоз гардидан ва шиддат гирифтани муноқишаи дохили давлатӣ бевосита мусоидат намудаанд.
Аввалан, на ҳама ҳизбҳои сиёсиву иттиҳодиҳои ҷамъиятӣ ва созмону ҳаркатҳои зиёди таъсисгаштаи мардумӣ тавонистанд ба моҳияти истиқлолияти давлатӣ дуруст сарфаҳм раванд. Набудани таҷриба ва фарҳанги одидатарини муборизаи ҳизбиву сиёсӣ, нафаҳмидан ва баҳо дода натавонистан ба вазъияти ҷории ба амаломада, амалан ҳизбҳои сиёсии дар заминаи (платформаи) демократӣ бударо аз омма ва тарафдорони онҳо дур карда, ташаббус аз дасти онҳо берун рафт. Онҳо оммаро ба ҷойи ба корҳои давлату давлатсозӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ эълондоштаи Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷиикистон сафарбар намудан, ба майдонҳо ва мухолифати байни ҳамдигарӣ тела дода, ба фазои нобоварии байни ҳамдигарӣ замина гузоштанд.
Баъдан, набудан ё ташаккул наёфтани элитаи сиёсии миллӣ, ки манфиатҳои миллӣ ё манфиатҳои қисмати зиёди мардуми Тоҷикистонро фаро гирифта тавонад ё сохтори ҳокимияти давлатиро ташкил дода барои татбиқи масъала ва вазифаҳои марҳилаи аввали истиқлолият сафарбар намояд, ба саросар итоат накардан ба ҳокимият, бе ҳокимиятӣ ва вусъат гирифтан/spanTGTGquot;Times New Roman Tjquot;Cambria Math lang=quot;; mso-fareast-font-family: span style=em style=font-family: и ҷанги шаҳрвандӣ мусоидат намуд.
Дар ин замина як қатор созмонҳои мардумии ба маҳалҳо асосёфта ба сулҳу ваҳдат натавонистанд мусоидат намудаTGmso-element: footnote;quot;; mso-ansi-language: RU;, садди роҳи муноқиша гарданд ва чуноне ки соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Созмонҳои гуногуни маҳаллӣ бо номи «Лаъли Бадахшон», «Ҳамдилон», «Меҳри Хатлон», «Ҳисори Шодмон», «Истаравшан», «Зарафшон» ва ғайра арзи вуҷуд карданд, ки сарфи назар аз ниятҳои худ ба якпорчагии Ватани азизамон мусоидат намекарданд».[1]
Ба ин муқовимати сиёсию ҳарбӣ дар мамлакат рушди инкишофи нобаробари минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, сатҳи пасти маърифти сиёсию фарҳангӣ, худшиносиву худогоҳии шаҳрвандони мамлакат низ бе таъсир нест.
Нақши қувваҳои иртиҷоии беруна низ дар барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон кам нест ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилӣ ба ҳисоб меравад, ки ин андеша ба тадқиқоти мушаххас ниёз дорад.
Дар ҳамин замина ва шароити таърихӣ ғояи ваҳдати миллӣ ва расидан ба ваҳдати саросарӣ дар кишар ба миён омад, ки дар саромади он фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт.
«Ман аз рўзҳои аввали фаъолиятам ҳамчун сардори давлат моҳи ноябри соли 1992 дар ҷараёни иҷлосияи таърихии парлумони мамлакат изҳор карда будам, ки созгории миллӣ роҳи ягонаи тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон аст ва танҳо сулҳ ғояи умумимиллӣ мегардад, ки халқи моро муттаҳид сохта метавонад»,-изҳор доштанд Эмомалӣ Раҳмон.[2]
Бо андешаи сулҳу ваҳдат ва фардои шукуфони миллат, 5 апрели соли 1994 таҳти васояти Созмони Миллали Муттаҳид музокироти тоҷикон оғоз ёфт, ки он 1171 рўз давом кард ва чуноне ки Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «То рўзи ба имзо расонидани Созишнома дар давоми ҳашт музокирот, бисту як вохурии расмӣ ва даҳҳо мулоқоти ғайрирасмӣ, ки қариб чор соли идома ёфтанд, эҳсосоти хусумат, шубҳа ва ноумедӣ тадриҷан аз байн рафта, ҷустуҷўи роҳҳои алтернативии ҳалли мушкилот ва расидан ба сулҳу ризоияти миллӣ тақвият меёфт.[3]
Гуфтушунидҳо ва музокирот идома ёфта, шубҳа ва ноумедӣ аз байн мерафт, ҷойи онҳоро масъулият дар назди наслҳои гузаштаву имрўза ва оянда, якпорчагии давлат ва пешгирии давлат аз фаношавӣ мегирифт.
«Ҳар гоҳ, ки ин давраи ҳанўз кўтоҳро пеши назар меорам, он бори гарони масъулиятро, ки аз тарафҳои муқобил бар дўши худ доштанд, пурра эҳсос менамоям.
Маҳз ҳамин ҳисси масъулият барои имрўзу фардои Ватан ва миллат имкон дод, ки баъд аз низоъ ва мухолифати тўлонӣ мо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва созандагиро пешгирем»,[4]-ёдовар шуданд Эмомалӣ Раҳмон.
27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, аз тариқи сиёсиву ҳуқуқӣ ба ҷанги шаҳрвандии зиёда аз 6 сол дар мамлакат тўлкашида хотима гузошта шуд.
Бори аввал дар таърихи Созмони Миллали Муттаҳид дар давоми муддати хело кўтоҳ бартараф сохтани чунин муноқишаи муракккаб ва душвори дохилӣ муяссар гардид, ки ин таҷриба дар таърихи СММ бе ниёз мебошад.
Сулҳу ваҳдат на танҳо барои халқи Тоҷикистон балки барои тамоми давлат ва халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти калони таърихӣ дошт. «Агар муноқиша дар Тоҷикистон қатъ намегардид, сухтори ҷанги Афғонистон мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва халқҳоеро, ки боз ҳам дуртар, дар самти шимол зиндагӣ мекунанд, садҳо ва ҳазорон маротиба бештар фаро гирифта метавонист»,[5]-таъкид доштанд Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамасола мо аз рўзи 27 июни соли 1997 дур меравем, аммо аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Ваҳдат моро ҳамеша бо мазмуну мундариҷаи нав дунболагир аст. Он нишонаи ақлу заковат ва хиради азалии мардуми тоҷик аст, ки дар лаҳзаҳои ҳасостарини давлатдории худ хавфу хатари аз миён рафтани давлати миллии худро дарк намуда, проблемаро аз муқовимати ҳарбию мусаллаҳона бо роҳи гуфтушунид ва музокирот ворид намуданд.
Ҳамдигарфаҳмии тамоми қувваҳои сиёсии мамлакат дар лаҳзаи барои давлату миллат хатаранок ба наздик намудани имзои созишнома муосидат намуд. Эмомалӣ Раҳмон ба ин тарафи масъала дахл намуда қайд намуданд, ки «Дастоварди дигари муҳим ин, бешубҳа, ҳосил шудани якдигарфаҳмии тамоми қувваҳои сиёсии мамлакат, яъне манфиатҳои олии Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро дар мадди аввал гузоштани онҳо мебошад.»[6]
Ваҳдат бояд ҳолат, раванд, самти инкишоф, ғояи миллӣ ва муттаҳидкунанда, арзиши тағйирнопазири вобаста ба давраҳо ва шароити таърихи ҳар ҷомеа ва давлат бо мазмуну мундариҷаи нав рушдкунанда, ягонагии халқу миллат ва субъектону иштирокчиёни муносибатҳои сиёсӣ дар фаҳмиши ватану ватандорӣ, давлату давлатдорӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ арзёбӣ гардад.
Санаи 27 июни соли 1997 имрўз ва ҳазор солаҳои дигар низ барои мо азизтарин санаи таърихӣ ва ҷашни миллии мо маҳсуб хоҳад ёфт. Зеро вақти аз замони ба имзо расидани Созишнома гузашта, ки он қадар давраи тулонӣ нест, собит намуд, ки сулҳу ваҳдат дар ченаки вазъ ва суботи сиёсию ичтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷомеа ва давлат дар сари хат қарор дошта, он асоси пешравӣ, фаъолияи созандаву бунёд корона, эҷодкорӣ, навъоварӣ, нишон додани симои миллату чеҳраи миллӣ ва боло рафтани обрўю эътибори байналмилалии давлат мебошад.
Мо ваҳдати миллӣ бояд сидқан бовар дошта бошем ва онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
[1] Ниг. Бунёди давлатдории навин. Москва: Радуница, 2002. Саҳ.14.
[2] Эмомалӣ Раҳмонов. Суханронӣ дар ҳузури устодон ва шунавандагони Донишгоҳи СММ дар Токио. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷилди 4. Душанбе-«Ирфон» 2002. С.99.
[3] Эмомалӣ Раҳмонов. Суханронӣ ба муносибти 5- солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ.(26 июни соли 2002) Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷилди 4. Душанбе. «Ирфон» 2002. С.427.
[4] Эмомалӣ Раҳмонов. Суханронӣ ба муносибти дуввумин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистоназ 26 июни соли 1999. Истиқлолияти Тоҷикисон ва эҳёи миллат. Ҷилди 3. Душанбе-«Ирфон» 2002. С.117.
[5] Дар ҳамонҷо. Саҳ.101.
[6] Эмомалӣ Раҳмонов. Суханронӣ ба муносибати дуввумин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистоназ 26 июни соли 1999. Истиқлолияти Тоҷикисон ва эҳёи миллат. Ҷилди 3. Душанбе-«Ирфон» 2002. С.118.
Гулзорова М. М.
Судяи Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Холмуродзода П. Х.
коромўз – судяи Шўрои адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
ТАНОСУБИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ СИЁСИИ
ШАҲРВАНДОН БО ДИГАР ҲУҚУҚУ
ОЗОДИҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ОНҲО
Дар ҷомеаи имрўза мавқеи махсуси ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нисбат ба ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ ва гурўҳи дигари ҳуқуқу озодиҳо, ки ҳар яки онҳо дар алоҳидагӣ вазифаҳои асосии ба худ хосро доранд ва ба ин ё он соҳаи ҳаёту фаъолияти шахс алоқаманд мебошанд, аҳамияти муҳим дорад. Ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандон аз низоме иборат аст, ки онҳо ба якдигар алоқамандию пайвастагӣ доранд. Зеро ҳар як гурўҳи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо ҳамдигар ҳамкории зич дошта, ҳамдигарро пурра месозанд.
Ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, асосан, барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ таъин гардидаанд. Бо вуҷуди ин ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрванд ҳамчун ҳуқуқу озодиҳои фардӣ қисми таркибии вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд буда, ҳуқуқи инкорнашавандаи онҳо мебошад.
Аз ин рў, хусусияти хоси давлати демократӣ дар он аст, ки вай низоми ҳуқуқу озодиҳои сиёсие, ки иштироки шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ва давлат таъмин мекунад, муқаррар менамояд.
Вобаста ба ин, шакли ҷумҳурии идоракунии давлат ва моҳияти демократии он дар соҳибихтиёрии халқ ифода меёбад, ки мутобиқи он халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба шумор рафта, барои амалӣ гардонидани ин хусусиятҳо ба шаҳрвандон ҳуқуқу озодиҳои сиёсие муқаррар ва кафолат дода мешавад, ки амалан иштироки фаъолонаи онҳоро дар татбиқи соҳибихтиёрии халқ таъмин менамояд.
Фаъолияти сиёсии шаҳрванд ва пойдориву устувории давлат ба якдигар зич алоқаманд буда, дар заминаи иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсии мамлакат, фаъолияти мақсадноки низоми сиёсии ҷомеа ба роҳ монда мешавад.
Мувофиқи Конститутсия ҳар як шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё бо воситаи вакилонаш иштирок намояд (моддаи 27). Шарти муҳими соҳиб гардидан ба ин ҳуқуқу озодиҳо ва татбиқи онҳо, синну сол, аҳволи саломатӣ ва дигар ҳолатҳо мебошад. Мувофиқи моддаи 27 Конститутсия, шахсоне, ки аз тарафи суд ғайриқобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ доша мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот ва раъйрпурсӣ иштирок кардан надоранд.
Вобаста ба ин, саволе ба миён меояд, ки он шаҳрвандоне, ки бинобар вазъи саломатии худ: маҳдуд будани қувваи ақлонӣ кирдори худро дарк карда наметавонанд, лекин аз тарафи суд ғайриқобили амал эътироф карда нашудаанд, ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ ширкат варзиданро доранд ё не?
Агар мо дар ин ҷо ба моддаи 27 Конститутсия такя кунем, пас онҳо ҳуқуқи дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ: интихобот ва раъйпурсӣ иштирок карданро доранд, зеро онҳо аз тарафи суд ғайриқобили амал дониста нашудаанд.
Дар ин ҷо боз саволи дигаре ба миён меояд: оё мумкин аст, ки дар ин гуна ҳолатҳо бо ҳамроҳии он шахсоне, ки дорои бемории рўҳӣ буда, аз тарафи суд ғайриқобили амал дониста нашудаанд, парасторони онҳо ба участкаҳои интихоботӣ ва раъйпурсӣ ҳозир шаванд ва ба онҳо барои амалӣ намудани ҳуқуқҳои сиёсии худ кўмак кунанд? Ингуна саволҳо кам нестанд ва ҳамаи онҳо ҷавоби худро металабанд.
Вобаста ба ин шаҳрванд дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ дар шаклҳои гуногун иштирок менамояд, ки шаклҳо аз меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои ҷорӣ ва санадҳои зерқонунӣ бармеоянд.
Онҳо ба шаҳрванд ҳуқуқи интихоб кардан ва ҳуқуқи интихоб шуданро ба мансабҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқ ва дигар мақомоти интихоботӣ, иштирок кардан дар раъйпурсии умумихалқӣ, иштирок дар интихобот ва ғайраро медиҳанд. Ин шаклҳо аз тарафи шаҳрвандон асосан ба тарзи дастаҷамъӣ амалӣ гардонидани ҳуқуқи онҳоро барои иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ва идораи давлат таъмин менамоянд, ки ин меъёр ба талаботи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ҳамоҳанг аст. Зеро дар он гуфта шудааст, ки ҳар як шаҳрванд бе ҳеҷ гуна поймолкунӣ ва маҳдуднамоии беасос дар корҳои давлатӣ иштирок карда, баробар дар кишвари худ ба хизмати давлатӣ роҳ дода мешавад.
Ин меъёр ҳуқуқи баробари шаҳрвандро мувофиқи лаёқату тайёрии касбии он бе ҳеҷ як маҳдудкунӣ барои ишғол намудани ҳар кадом мансаби давлатӣ ифода мекунад, ки ин асоси худро аз моддаи 17 Конститутсия мегирад. Мутобиқи ин модда ҳама дар назди қонун ва суд баробар буда, аз ҳуқуқу озодиҳои баробар истифода мебаранд. Дар ин ҷо муқаррароти мазкур ба гурўҳи дигари ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ишора месозад, ки онҳо бевосита дар худи Конститутсия мустаҳкам карда шуда, бо ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрванд вобастагии сахт доранд.
Давлат дар баробари ҳуқуқу озодиҳои фардӣ ҳуқуқу озодиҳои сиёсиро низ эътироф, риоя ва ҳимоя мекунад, ки ин бевосита аз банди 2 моддаи 17 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд. Мутобиқи банди 2 моддаи 17 Конститутсия давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.
Хусусияти табиӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз он бармеояд, ки барандаи ягонаи соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ худи халқ ба шумор меравад. Ин асоси муҳими сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита таввасути ҳуқуқу озодиҳои сиёсии ҳар як шаҳрванд ба амал бароварда мешавад.
Дар баробари ин, Конститутсия озодии муҳоҷиратро кафолат додаст, ки тибқи он ҳар як шахс метавонад ба таври қонунӣ ба ҳудуди Тоҷикистон ворид шавад, истиқомат кунад, бе ягон маҳдудият тарки ҳудуди давлат кунад. Ин ҳуқуқ шаҳрвандон метавонад маҳдуд карда шавад. Чунончи, мувофиқи моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин ҳиҷратро рад кардан мумкин аст, агар ў:
– аз маълумоти дорои сирри давлатӣ ё дигар навъи сирри тибқи қонун ҳифзшаванда огоҳ, бошад;
– дар содир кардани ҷиноят ҳамчун гумонбар дастгир ё ба сифати айбдоршаванда ҷалб шуда бошад – то қабул намудани қарор вобаста ба парванда ё эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд;
– барои содир намудани ҷиноят маҳкум шуда бошад – то адои мўҳлати ҷазо;
– дар хизмати ҳарбии ҳатмӣ бошад – то анҷоми муҳлати адои ин хизмат;
– ҳангоми ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати ҳиҷрат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дидаву дониста дар бораи худ маълумоти бардурўғ дода бошад – то аз ҷониби мақоме, ки чунин аснодро ба расмият медарорад, ҳал гардидани ин масъала, вале на зиёда аз як моҳ;
– аз иҷрои уҳдадориҳое, ки суд ба зиммаи ў гузоштааст саркашӣ кунад – то иҷрои уҳдадориҳо;
– нисбат ба ў ба суд даъвои шаҳрвандӣ пешниҳод шуда бошад – то анҷоми истеҳсолоти парванда.
Вобаста ба ин, ҳуҷҷати асосие, ки дар асоси он шахс ҳудуди давлатро тарк ва ё ба он баргашта меояд, шиноснома ба шумор меравад, ки он мансубияти (шаҳрвандӣ) шахсро ба ин ё он давлат исбот мекунад. Шаҳрвандӣ бошад ба гуруҳи ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрванд шомил мебошад.
Мувофиқи моддаи 26 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон «ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».
Дар ин асос, Конститутсия озодии виҷдонро кафолат медиҳад, ки вобаста ба он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ эътироф гардидааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки дин аз ҷониби давлат мавриди танзим қарор дода намешавад.
Дар асоси гуфтаҳои боло, маҷмўи ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд низоми муайянро ташкил мекунанд. Ин низом бо ягонагии дохилии ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои ҳуқуқӣ асос ёфта, вобастагӣ ва ба якдигар алоқамандии онҳоро инъикос мекунад.
Низоми ягонаи ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои ҳуқуқӣ самтҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти инсон ва шаҳрвандро дар бар мегиранд. Аз ин рў, ин низом мураккаб буда, асоси онро ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои конститутсионӣ ташкил менамоянд, ки дар навбати худ онҳо низоми нисбатан мустақилро ташкил мекунанд.
Ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бо якдигар алоқаманд буда, иҷрои яке аз онҳо барои татбиқи дигар ҳуқуқҳо замина мегузорад. Масалан, амалӣ гардонидани ҳуқуқ ба меҳнат барои татбиқи ҳуқуқ ба истироҳат, таъминоти иҷтимоии шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти меҳнатӣ, маҳрум шудан аз сарпараст асос мешавад. Бе амалӣ гардонидани ҳуқуқ ба меҳнат дар хусуси ҳуқуқ ба истироҳат ва таъминоти иҷтимоӣ сухан рондан мазмун надорад.
Ё ки татбиқи ҳуқуқ ба таҳсил ва соҳиби касбу ихтисос шудан барои интихоб ва ё таъин шудан ба мансабҳои муайяни давлатӣ асос мегардад.
Мувофиқи моддаи 65 Конститутсия ба сифати судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва ғайра ҳуқуқшиносоне, ки маълумоти муайяни ҳуқуқӣ доранд, интихоб ва ё таъин карда мешаванд. Барои ишғоли вазифаи судяи Суди конститутсионӣ низ маълумоти ҳуқуқӣ зарур аст.
Иҷрои баъзе аз вазифаҳои асосӣ барои боздоштан ва ё маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои дигари шахс сабаб мегардад.
Масалан, мувофиқи моддаи 43 Конститутсия иҷрои хизмати ҳарбӣ вазифаи муқаддаси шаҳрванд буда, адои он барои боздоштани як қатор ҳуқуқу озодиҳои конститутсионӣ (маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс, ҳуқуқ ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ, ҳуқуқи муттаҳид шудан, ҳуқуқ ба иштирок дар маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, роҳпаймоиҳои осоишта, ҳуқуқ ба меҳнат ва ҳуқуқи истироҳат) асос мегардад.
Ба ҳар як давраи инкишофи ҷомеа ва давлат низоми муайяни ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосӣ мувофиқат мекунад. Ба марҳилаҳои гуногуни инкишофи ҷомеаи шўравӣ низоми ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳое хос буданд, ки моҳияти он давраро инъикос намуда, ба иҷрои мақсаду вазифаҳои ҳизби коммунист ва давлат мувофиқат мекарданд.
Соҳибихтиёрии Тоҷикистон ва тағйир ёфтани тамоилу арзишҳо ва моҳияти ҷомеа ва давлат, ба низоми нави ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосӣ замина гузоштанд. Низоми дар Конститутсияи нав мустаҳкам гардида муқаддас ва дахлнопазир будани озодӣ ва ҳуқуқи шахс, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро кафолат дода, ҳифзи гуногуншаклии моликият, баробарҳуқуқии ҳама ва дигар арзишҳои башариро муқаррар менамояд.
Низоми нави ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд нисбат ба низоми пешина ҳарчи бештар ба меъёрҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон шабоҳат дорад. Маҳз ба ҳамин муносибат дар моддаи 14 Конститутсия муқаррар гардидааст, ки ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд бо воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷорӣ, санадҳои байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардида ҳифз карда мешавад.
Хусусияти хоси низоми ҳуқуқу озодиҳои дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, аз он иборат аст, ки онҳо бештар ба инсон сарфи назар аз шаҳрвандии вай таъин гардидаанд. Вобаста ба ин, ҳуқуқу озодии фитрии инсон дар Конститутсия инкишоф ёфтанд ва кафолатҳои онҳо ривоҷ дода шудаанд.
Ҳамин тавр, низоми ҳуқуқу озодҳои сиёсии шаҳрванд бо дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар таносуб қарор дошта, ҳамдигарро пурра месозанд. Ин бори дигар бартарияти Конститутсияи навро нишон медиҳад. Бори дигар бояд қайд кард, ки низоми нави ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд нисбат ба низоми пешина ҳарчи бештар ба меъёрҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон шабоҳат дорад.
Ф.С. Сулаймонов
дотсенти кафедраи ҳуқуқи
байналмилалии Донишгоҳи
миллии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
МАСОИЛИ ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИ АШЁГЇ ДАР КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурўҳи корӣ оид ба коркарди Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – КГ) дар таҳрири нав таъсис дода шудааст. Бояд гуфт, ки масъалаи коркарди КГ дар замони муосир ва давраи инкишофи муносибатҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи рўзмарра буда, баҳри ба таври дахлдор ба танзим даровардани муносибатҳои молу мулкӣ ва ғайри молу мулкӣ, ки ба сифати предмети танзими қонунгузории гражданӣ эътироф карда мешаванд, равона карда шудааст. Қайд намудан бомаврид аст, ки КГ аз 3 қисм иборат буда, қисми якуми он аз соли 2000 инҷониб амал намуда истодааст. Ҳарчанде, ки дар ҷараёни инкишофи муносибатҳои молу мулкӣ ва ғайри молу мулкие, предмети танзимнамоии худи КГ мебошанд, ҳам ба қисми якум ва ҳам ба дигар қисмҳои КГ, тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуда бошанд ҳам, аммо тағйироти куллии КГ, яъне дар таҳрири нав таҳия ва омода намудани ҳар се қисми он маҳз имрўз ба амал бароварда шуда истодааст.
Ҳадафи асосии гурўҳи корӣ оид ба таҳия ва коркарди КГ дар таҳрири нав ин таҳияи қонуне мебошад, ки ҳам ба муносибатҳои инкшофёфтаи ҷомеаи муосир ҷавобгў буда, манфиатҳои тамоми субъектҳои муносибатҳои дахлдори ҷамъиятиро бояд ба назар гирад. Дар ҳақиқат ҳам, имрўзҳо дар Тоҷикистон як қатор муносибатҳое арзи вуҷуд доранд, ки дар муқаррароти КГ ба танзим дароварда нашудаанд. Чунин ҳолати «ғайританзимӣ» ба инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ, амалӣ намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд садди роҳ мегарданд.
Ин гуна масъалаҳои ҳалталаб, ки дар ҷараёни татбиқи КГ ва ба таври дахлдор танзим намудани муносибатҳои гражданӣ-ҳуқуқӣ монеа эҷод менамоянд, бисёранд (ба сифати объекти «махсус»-и ҳуқуқҳои гражданӣ эътироф намудани ҳуқуқи заминистифодабарӣ; ба сифати объектҳои ҳуқуқи моликияти оммавӣ эътироф намудани объектҳои моликияти истисноӣ; масоили кооперативҳо, ки мутобиқи тағйироти охирин ба КГ ба тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ тақсим карда шудаанд ва ғайра). Қайд намудан бомаврид аст, ки вобаста ба баъзе аз масъалаҳои баҳсноки дарҷшуда мо фикру ақидаи худро қаблан низ дарҷ намуда будем.
Албатта, дар чаҳорчўбаи як мақола баррасӣ намудани тамоми масъалаҳо вобаста ба проблемаҳои гуногуни КГ ғайриимкон мебошад. Аз ин лиҳоз, дар мақолаи мазкур мо кўшиш намудем вобаста ба масъалаи ҳуқуқи ашёгӣ як қатор фикру ақидаҳои худро баён намуда барои такмили фасли дахлдори КГ пешниҳодҳои худро баён намоем.
1. Масоили ҳуқуқи ашёгӣ.
Муқаддима. Таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон далолат аз он медиҳад, ки дар кишвари мо масъалаи ҳуқуқҳои ашёгӣ дар ягон давру замон ба сифати объекти таҳқиқ ва мавриди баррасии дахлдор на аз ҷониби кормандони илм ва на аз ҷониби таҷрибаи ҳуқуқӣ қарор нагирифтааст, ба истиснои баъзе аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моликият», ки эътибори худро бо мавриди амал қарор додани қисми 1 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон гум намуд ва қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баъзе аз масоиле, ки дар таҷрибаи баррасӣ намудани парвандаҳои вобаста ба ҳуқуқи моликият ба хонаи истиқоматӣ ба миён меоянд аз 29 июни соли 1989 ва 25 июни соли 2004, инчунин, қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба баъзе масъалаҳои таҷрибаи ҳалли баҳсҳое, ки ба ҳимояи ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқҳои амволӣ алоқаманд мебошанд».
Дар замони муосир, ҳарчанде, ки КГ ба сифати яке аз танзимкунандагони асосии як қисми муносибатҳои ашёгӣ-ҳуқуқӣ – ҳуқуқи моликият баромад намуда, дар он меъёрҳои асосӣ дарҷ шуда бошанд ҳам, аммо дар маҷмўъ масъалаи танзим ва мустаҳкамнамоии ҳуқуқҳои ашёгӣ дар КГ набояд қаноатбахш муаррифӣ карда шавад. Зеро, дар он як қатор масоили асосие, ки ба ҳуқуқҳои ашёгӣ иртибот доранд, аз қабили тасарруф ва ҳуқуқҳои маҳдуди ашёгӣ, умуман муқаррар карда нашудаанд. Аз ин лиҳоз, масъалаи мазкур дар КГ бояд ба таври дахлдор баррасӣ карда шавад.
Умуман, қисми дахлдори КГ, ки дар он масоили ҳуқуқҳои ашёгӣ пешбинӣ карда хоҳанд шуд, бояд «ҳуқуқҳои ашёгӣ» номида шавад. Зеро, ин категорияи ҳуқуқӣ хусусияти умумӣ дошта, инъикоскунандаи тамоми паҳлўҳо ва моҳияти масъала мебошад. Инчунин, дар шакли ҷамъ, яъне «ҳуқуқҳои ашёгӣ», на «ҳуқуқи ашёгӣ» номгузорӣ намудани ин қисмати КГ, маънои ба сифати объекти танзим қарор додани маҳз ҳуқуқҳои субъективии гражданиро оид ба тасарруф, истифодабарӣ ва амалӣ намудани дигар ваколатҳои дахлдори субъектони ҳуқуқи гражданиро нисбати ашёи бо нишони инфиродӣ муайяншуда доро мебошад (дар маънои субъективӣ). Албатта, аз лиҳози низоми ҳуқуқи гражданӣ ҳамчун фанни таълимӣ, соҳаи ҳуқуқ ва илми ҳуқуқшиносӣ ҳуқуқи ашёгӣ ба сифати яке аз зерсоҳаҳои ҳуқуқи гражданӣ (дар маънои объективӣ) эътироф карда мешавад. Аммо, фикр мекунем, ки вазифаи асосии қонунгузории гражданӣ, маҳз муқаррар ва танзим намудани ҳуқуқҳои субъективии гражданӣ, аз ҷумла ҳуқуқҳои ашёгӣ, мебошад.
Масоили тасарруф (соҳибӣ). Баррасӣ намудани масъалаи ҳуқуқҳои ашёгӣ чун ҳуқуқҳои субъективии гражданӣ аз баррасӣ ва ба таври дахлдор танзим намудани институти тасарруф (владение, роssesiones) алоқамандии зич дорад.
Тасарруф, таърихан, ба сифати яке аз масъалаҳои марказии илми ҳуқуқи гражданӣ баромад намуда, дар илми ҳуқуқи гражданӣ ва қонунгузории кишварҳои мутаррақӣ мавриди танзими дахлдор ва баррасӣ қарор гирифтаанд. Тавре ки қайд намудем, бо сабабҳои гуногуни объективӣ ва идеологию сиёсӣ, азбаски институти ҳуқуқи ашёгӣ дар қонунгузории собиқ ИҶШС ва дигар ҷумҳуриҳои шўравӣ, аз ҷумла РСС Тоҷикистон, ба таври дахлдор мавриди танзим қарор нагирифта буд, ин ба инкишофи институти тасарруф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории граждании муосир таъсири манфӣ расонид.
Оид ба моҳияти ибораи «тасарруф» бояд қайд карда шавад, ки ин ибора аз ибораи «соҳибӣ», ки дар КГ дар қисмати ҳуқуқи моликият дарҷ карда шуда, ба маънои дигар истифода мешавад, фарқияти калон дорад. Инчунин, дар ҳуқуқи гражданӣ, ки аз қонунгузории Рими қадим маншаъ мегирад, ибораи «тасарруф» бо ибораи «possessio» дарҷ карда мешуд, ҳол он, ки ибораи «соҳибӣ кардан» ҳамчун яке аз ваколатҳои соҳибмулк ба сифати «jus utendi fruendi» эътироф карда шуда буд. Бар замми ин, истифодаи ибораи «тасарруф» аз он лиҳоз қуллай ва асоснок мебошад, ки мутобиқи баъзе аз меъёрҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибораи мазкур маҳз бо маъное, ки ибораи «possessio» дорад, истифода бурда мешавад. Масалан, мутобиқи моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таркиби ҷинояти дуздиро муқаррар менамояд, дар диспозитсияи он оид ба тасарруфи пинҳонӣ сухан меравад.
Дар КГ оид ба масъалаи мазкур ягон меъёр ва ё қоидае вуҷуд надорад. Танҳо дар моддаи 285 («Давомнокии муҳлати ба даст овардан»), моддаи 321 («Эътирофи ҳуқуқи моликият») ва моддаи 322 («Талаб карда гирифтани молу мулк аз бадастаоварандаи ғайриқонунӣ») оид ба баъзе аз масоили тасарруф сухан меравад, ки ин меъёрҳо, асосан, баҳри ҳимояи манфиатҳои молик равона карда шудаанд. Қайд намудан зарур аст, ки танҳо дар моддаи 326 КГ оид ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибе, ки молик намебошад, сухан меравад, ки бо назардошти камбудиҳои зиёде наметавон қаноатбахш эътироф кард. Зеро ин меъёр на ҳамаи муносибатҳое, ки институти тасарруф онро бояд дар бар гирад, дар бар мегирад. Аз ҷумла, дар моддаи мазкури КГ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои соҳибе, ки ашёро дар асоси ин ё он унвони ҳуқуқӣ (правовой титул) соҳиб мебошад, эътироф карда мешавад. Ҳол он, ки институти тасарруф, инчунин, баҳри ҳимояи тасарруфияти беунвон (безтитульное владение) низ равона карда шудааст.
Аммо, чунин танзимнамоии масъалаи тасарруф, ки на дорои мафҳум, на муқарраркунандаи объектҳои он, на дарҷкунандаи хусусиятҳои ҳимояи тассарруф ва дигар масъалаҳои марбут ба масъалаи мазкур мебошанд, набояд ба таври дахлдор эътироф намуд.
Бинобар ин, зарурияти дарҷ намудани қоидаҳои асосӣ оид ба тасарруф дар КГ ба миён омадааст. Дар ин асно, дар КГ вобаста ба масъалаи мазкур бояд чунин ҳолатҳо ба назар гирифта шаванд:
– тасарруф дар КГ бояд ба сифати факти воқеӣ баҳо дода шавад, ки мутобиқи он шахс ҳокимияти худро нисбати ашё бе мамонияти шахси дигар ба амал бароварда метавонад. Ба сифати факти воқеӣ эътироф карда шудани тасарруф дар КГ, бояд аз он шаҳодат диҳад, ки тибқи муқаррароти ин меъёрҳо тамоми намуди тасарруф, аз ҷумла тасарруфе, ки дар ин ё он унвони ҳуқуқӣ асос наёфтааст, бояд ҳимоя карда шавад;
– эътирофи тасарруф ба сифати факти воқеӣ, аммо на ба сифати хуқуқ, аз он далолат медиҳад, ки барои исбот ва ҳимояи тасарруф аз ҷониби соҳиб ягон унвони ҳуқуқӣ набояд исбот карда шуда, суд дар ҳолати ҳимояи тасарруф бояд онро нисбати ашёи бо нишони инфиродӣ муайяншуда, ки дар тасарруфи соҳиб дар лаҳзаи баҳс қарор дорад ва ё маҳз барои баргардонидани он соҳиб ба суд муроҷиат намудааст, ба сифати эҳтимолияти қарор доштани он дар тасарруфияти соҳиб ҳимоя намояд;
– азбаски тасарруф худ ба сифати факти воқеӣ баромад менамояд, мутобиқи моҳияти ин институт, тасарруфи ғайриқонунӣ низ бояд мавриди химояи гражданӣ-ҳуқуқӣ қарор гирад. Пас, аз ин бармеояд, ки тассаруфи дуздон ва дигар шахсоне, ки ғайриқонунӣ ин ё он ашёро ба даст овардаанд, аз ҷониби суд бо талаби онҳо ҳимоя карда шавад;
– баҳри аз байн бурдани таҷрибаи нодуруст ва минбаъд асос надодан барои ба миён омадани чунин таҷриба, дар КГ оид ба сифати объекти ҳуқуқҳои гражданӣ баромад накардани худи тассарруф бояд меъёр муқаррар карда шавад. Чунин меъёр баҳри он бояд равона карда шавад, ки тассаруф ба сифати объекти муносбатҳои гражданӣ-ҳуқуқӣ ва ҳуқуқҳои субъективии гражданӣ набояд баромад намояд. Ин маънои онро дорад, ки тассаруф худ ба сифати воқеияти ҳуқуқӣ баромад намуда, он ба сифати ҳуқуқи молу мулкӣ (ҳуқуқи талаб намудан) баромад карда наметавонад. Пас, аз ин бармеояд, ки аҳдҳо баҳри ба даст овардани тасарруф ҳамчун факти воқеӣ баста шуда наметавонанд ва дар ҳолати баста шудан чунин аҳдҳо, онҳо бояд мутлақо беэътибор дониста шаванд;
– вобаста аз он, ки тасарруф ба сифати факти воқеӣ эътироф карда мешавад, бинобар ин баҳри ҳимояи тасарруф низ бояд муҳлати муайян муқаррар карда шавад. Дар ҳолати гузаронидани муҳлати муайян тасарруф тариқи аризаи даъвогӣ ҳимоя карда намешавад, аммо он набояд ғайриқонунӣ эътироф карда шавад. Яъне, дар ҳолати гузаштани муҳлати даъво тасарруф ҳамчун факти воқеӣ боқӣ хоҳад монд, аммо тариқи аризаи даъвогӣ ҳимояи он аллакай имконнопазир хоҳад гардид. Пешниҳод карда мешавад, ки муҳлати ҳимояи тасарруф 3 (се) сол муқаррар карда шавад. Оғози муҳлати даъво аз лаҳзаи гум намудани тасарруф ҳамчун факти воқеӣ муқаррар карда мешавад;
– дар КГ бояд дарҷ карда шавад, ки ба сифати субъектҳои тасарруф тамоми шахсон, яъне субъектҳои ҳуқуқи гражданӣ, баромад карда метавонанд. Инчунин, ба сифати субъектони тасарруф шахсоне эътироф карда шаванд, ки дар муносибатҳои гражданӣ-ҳуқуқӣ баромад карда наметавонанд, аз ҷумла, ноболиғон, шахсони дорои қобилияти амалкунии маҳдуд ва ғайриқобили амал. Асоси пешниҳоди чунин қоида дар он аст, ки шахсони дарҷшуда, новобаста аз он, ки дар муносибатҳои гражданӣ-ҳуқуқӣ ба сифати субъект баромад накунанд ҳам, аммо ба сифати соҳиб (тасарруфкунанда) баромад карда метавонанд. Иштироки онҳо дар муносибатҳо вобаста ба ҳимояи тасарруф метавонад тариқи институти намояндагӣ сурат гирад.
– дар КГ ҳолати «бисёршахсӣ дар тасарруф»-ро баррасӣ намудан лозим мебошад. Зеро дар таҷриба чунин ҳолатҳо зиёданд (масалан, сохтани амволи ғайриманқул ва то ба қайди давлатӣ гирифтани худи ин объект ва ҳуқуқҳо ба он мутобиқи муқаррароти қонунгузории ҷорӣ аз ҷониби якчанд шахс). Аз ин сабаб, пешниҳод карда мешавад, ки дар КГ меъёр оид ба аз ҷониби ду ва зиёда шахс дар асосҳои умумӣ тасарруф намудани объектони тасарруф дарҷ карда шавад;
– бо сабаби он, ки тасарруф ҳамчун факти воқеӣ ва ҳамчун асоси ба вуҷуд омадани ҳуқуқҳои ашёгӣ эътироф карда мешавад, объектони тасарруф ин як қатор объектони ҳуқуқҳои гражданӣ, ки дар КГ муқаррар карда шудаанд (м.141) ва тибқи таъиноти худ ба моҳият ва мазмуни муносибатҳои мазкур мутобиқат менамоянд, бояд эътироф ва дар ин қисми КГ муқаррар карда шаванд. Аз ҷумла, ба сифати объектҳои тасарруф танҳо ашёи бо нишони инфиродӣ муайяншуда, пулҳои нақд ва қоғазҳои қиматноки ҳуҷҷатӣ баромад менамоянд ва ин объектон бояд ҳатман дар КГ муқаррар карда шаванд;
– баҳри аз байн бурдани баъзе аз мухолифатҳо ҳам дар таҷрибаи амалӣ ва ҳам дар таҷрибаи қонунгузорӣ, дар КГ оид ба сифати объекти тасарруф баромад накардани объектҳои моликияти истисноӣ (м.13 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон) меъёр муқаррар карда шавад. Зеро, институти мазкур хоси муносибатҳои гражданӣ-ҳуқуқӣ набуда, он, асосан, хусусияти оммавӣ-ҳуқуқӣ дорад.
– моҳияти умумии тасарруф ва ҷой додани он дар КГ ба сифати факти воқеӣ, ин дар ҳимоя намудани он мебошад. Барои ин ҳам, маҳз ҳимояи тасарруф дар КГ ба таври дахлдор ва пурра дарҷ карда шавад. Аз ҷумла, дар КГ бояд масъалаи хусусияти ҳимояи тасарруф, яъне оқибати барқарор намудани тасарруф муқаррар карда шавад. Пешниҳод карда мешавад, ки тасарруфе, ки мавриди поймолкунӣ қарор гирифтааст, дар шакли баргардонидани объекти тасарруф ба шахси даъвокунанда, яъне соҳиб (тасарруфкунанда), мавриди барқароркунӣ қарор гирад.
Мафҳуми ҳуқуқҳои ашёгӣ. Баҳри муқаррар намудани қоидаҳои умумӣ оид ба ҳуқуқҳои ашёгӣ ва танзими дахлдори муносибатҳои ҷамъиятие, ки дар заминаи онҳо сурат мегиранд, бояд мафҳуми ҳуқуқҳои ашёгӣ дода шавад. Пешниҳод карда мешавад, ки таърифи ҳуқуқҳои ашёгӣ ба сифати ҳуқуқи субъективии граждание эътироф карда шавад, ки ба дорандаи худ имконияти истифода намудани объектҳои ҳуқуқҳои ашёгиро бо назардошти худ ва бе мамонияти шахсони сеюм фароҳам оварда, аз ҷониби қонунгузорӣ муқаррар ва ҳифз карда мешаванд.
Аз мафҳуми мазкури ҳуқуқҳои ашёгӣ бояд чунин хусусиятҳои он мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар КГ ин хусусиятҳо ба таври дахлдор дарҷ карда шаванд:
– ҳуқуқҳои ашёгӣ танҳо дар КГ бояд муқаррар карда шаванд. Дар қонунгузории дигари соҳавӣ, аз ҷумла дар Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар заминаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул карда мешаванд, муқаррар ва ё танзим намудани ин ё он ҳуқуқҳои ашёгӣ бояд манъ карда шавад. Баҳри муқаррар намудани ҳуқуқи ашёгии нав, аз ҷумла ин ё он ҳуқуқҳои маҳдуди ашёгӣ, дар КГ бояд дарҷ карда шавад, ки ин ҳолат танҳо ҳангоми ба КГ ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор тибқи қоидаҳои ҷорӣ имконпазир мебошад;
– объектҳои ҳуқуқҳои ашёгӣ бояд мушаххас муқаррар карда шаванд. Яъне, дар КГ бояд муқаррар карда шавад, ки ба сифати объектони ҳуқуқи ашёгӣ танҳо ва танҳо ашёҳои бо нишони инфиродӣ муайяншуда, пулҳои нақд ва қоғазҳои қиматноки ҳуҷҷатӣ баромад менамоянд. Дигар ашёҳо, танҳо баъди ба сифати инфиродӣ муайян шудани онҳо, метавонанд ба сифати объекти ҳуқуқҳои ашёгӣ эътироф карда шаванд. Ин ҳолат имкон медиҳад, ки тамоми меъёрҳои дахлдори КГ оид ба ҳуқуқҳои ашёгӣ, маҳз нисбати он ҳуқуқҳои субъективии ашёгӣ, ки дар КГ дарҷ карда шуда нисбати объектҳои дахлдор ва мушаххас нишон дода шудаанд, татбиқ карда мешаванд. Дар ҳолати муқаррар намудани чунин қоидаҳо нисбати объектҳои ҳуқуқи ашёгӣ, як қатор ҳуқуқҳои субъективӣ, ки худ ҳеҷ гоҳ ба сифати объекти ҳуқуқҳои субъективии гражданӣ баромад намекунанд, аз қабили ҳуқуқи талаб намудан, инчунин, ҳуқуқи заминистифодабарӣ ба сифати объекти ҳуқуқҳои ашёгӣ эътироф карда намешаванд. Пас, дар ҳолати мазкур, яъне ҳангоми ба сифати объектҳои ҳуқуқи ашёгӣ эътироф карда нашудани ҳуқуқҳои субъективии гражданӣ умуман ва ҳуқуқҳои субъективии граждании дар боло дарҷшуда, татбиқ намудани воситаҳои ҳимояи ҳуқуқҳои ашёгӣ, ки дар КГ пешбинӣ карда мешаванд, баҳри ҳимояи ин ҳуқуқҳои субъективии гражданӣ иҷозат дода намешаванд;
– дар КГ оид ба бемуҳлат будани ҳуқуқҳои ашёгӣ меъёр дарҷ карда шавад. Қайд намудан зарур аст, ки албатта, дар ҷараёни инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳама раванд, аз ҷумла ҳуқуқҳои субъективии гражданӣ, муҳлатнок мебошанд. Аммо, муқаррар намудани муҳлати муайян барои бархе аз ҳуқуқҳои граждании субъективӣ ва бемуҳлат эътироф намудани бархе ҳуқуқҳои субъективии дигар маҳз барои ба таври дахлдор ба танзим даровардани муносибатҳое, ки предмети танзими қонунгузории гражданӣ мебошанд ва амалу татбиқи дурусти ин ҳуқуқҳои субъективии гражданӣ равона карда шудаанд. Пас, барои ҳимоя намудани ҳуқуқҳои субъективии гражданӣ бояд муҳлати даъво муқаррар карда шавад, зеро бе муқаррар намудани муҳлати мазкур татбиқи як қатор ҳуқуқҳо ғайриимкон хоҳад гардид. Аммо, нисбати ҳуқуқҳои ашёгӣ набояд муҳлати мушаххас дарҷ карда шавад, зеро ҳуқуқи ашёгӣ ба сифати ҳуқуқи субъективии граждание, ки баҳри қонеъ намудани манфиатҳои субъект бо истифода аз ашёи бо нишони инфиродӣ муайяншуда равона карда мешавад, то он лаҳзае ё ин ки субъект ва ё ин ки объект аз байн нараванд, ин ҳуқуқ бояд боқӣ монад ва эътироф карда шавад;
– яке аз масъалаҳои дигаре, ки дар КГ вобаста ба ҳуқуқҳои ашёгӣ дарҷ карда шавад, ин равобити байни тасарруф ва ҳуқуқҳои ашёгӣ мебошанд. Қайд карда шуд, ки тасарруф ба сифати факти воқеӣ дар КГ муқаррар карда мешавад ва ин ҳолат онро тақозо менамояд, ки шахсе, ки дорандаи ҳуқуқҳои ашёгӣ ба объекти дахлдор намебошад, тасарруфияти худро метавонад ҳимоя намояд.
Бинобар ин, дар КГ бояд муқаррар карда шавад, ки аз даст додани тасарруфият асоси қатъ шудани ҳуқуқи ашёгӣ ба ин ё он объекти дахлдор намегардад.
Намудҳои ҳуқуқҳои ашёгӣ. Дар КГ бояд чунин намудҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқҳои ашёгӣ дарҷ карда шаванд: ҳуқуқи моликият ва ҳуқуқи маҳдуди ашёгӣ. Моҳият ва мазмуни ин ҳуқуқҳо бояд дар КГ, дар қисматҳои дахлдор, мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.
Ҳуқуқи моликият. Қайд намудан зарур аст, ки қисмати КГ-и амалкунанда оид ба ҳуқуқи моликият, дар маҷмўъ, бояд мусбӣ баҳо дода шавад. Зеро, меъёрҳое, ки дар ин қисми КГ мустаҳкам карда шудаанд, ба таври дахлдор ва то андозае пурра ба талаботи муносибатҳои гражданӣ-ҳуқуқӣ ҷавобгў мебошанд.
Аммо, бо назардошти он, ки дар КГ қисмати ҳуқуқҳои ашёгӣ ҷорӣ карда мешавад, ба қисмати мазкур бояд як қатор тағйиротҳо низ ворид карда шаванд. Аз ҷумла,
1. Дар тамоми меъёрҳои дахлдори КГ, ҳам дар қисмати ҳуқуқи моликият ва ҳам дар дигар қисматҳои КГ, ибораи «молу мулк» бо ибораи «ашё» иваз карда шавад. Аммо, тағйироти мазкур бояд бо дарназардошти моҳият ва мазмуни ин ё он меъёри мушаххас ворид карда шавад. Аз ин лиҳоз, на ҳама ибораҳои «молу мулк» ба ибораи «ашё» тағйир бояд дода шавад. Масалан, дар қисми 2 моддаи 235 КГ «Субъектҳои ҳуқуқи моликият» сухан оид ба дахлнопазирии молу мулк рафта, бо сабаби аз лиҳози мазмуни иқтисодӣ фаҳмидани категорияи «моликият» дар меъёри мазкур, на танҳо барои дахлнопазирии объектҳои ҳуқуқи моликият, балки умуман, баҳри муқаррар намудани дахлнопазирии тамоми молу мулки субъектҳо равона карда шудааст.
2. Дар моддаи 235 КГ «Субъектҳои ҳуқуқи моликият» бояд субъектҳои ҳуқуқи моликият бо назардошти қоидаҳои умумӣ оид ба субъектҳои ҳуқуқи гражданӣ, ки дар қисматҳои дигари КГ пешбинӣ карда шудаанд, дарҷ гарданд. Бинобар ин, азбаски мутобиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои динӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ худ ба сифати шахси ҳуқуқӣ эътироф карда мешаванд, онҳо аз моддаи мазкур бояд хориҷ карда шаванд. Инчунин, ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамчун субъекти ҳуқуқи моликият бояд дар моддаи мазкур боқӣ монад, зеро дар назарияи илми ҳуқуқ онҳоро ба сифати «шахсони ҳуқуқии байналмилалӣ» эътироф менамоянд ва вазъи ҳуқуқии онҳо аз шахсони ҳуқуқии ватанию хориҷӣ фарқ дорад.
3. Шаклҳои моликият, ки дар моддаи 236 КГ пешбинӣ карда шудаанд, такрори меъёри конститутсионӣ (м.12 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон) мебошад. Инчунин, қайд намудан зарур аст, ки моликияти давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар субъектҳои давлатҳои дигар, ки дар муомилоти гражданӣ-ҳуқуқӣ баромад менамоянд, ба сифати шакли моликият набояд эътироф карда шаванд. Муқаррароти мазкур бояд дар моддаи 235 КГ дарҷ карда шавад ва худи моддаи 236 КГ хориҷ карда шавад.
4. Дар моддаи 237 КГ бояд оид ба моликияти хусусӣ, яъне моликияти шахсони ҳуқуқии ватанию хориҷӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷиён, муқаррароти дахлдор дарҷ карда шавад.
5. Моддаи 238 КГ бояд бо назардошти моҳият ва мазмуни меъёрҳои дигари қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (м.13) ва хусусияти институти «моликияти истисноии давлат», ки ҳамеша ва дар ҳар давру замон хусусияти оммавӣ-ҳуқуқӣ дошт ва дар қонуни асосии давлат дарҷ карда мешуд, бояд аз моддаи мазкур ҳамчун кисми таркибии моликияти ҷумҳуриявӣ хориҷ карда шавад. Ин имкон медиҳад, ки объектҳои моликияти истисноии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла замин, сарватҳои зеризаминӣ, об ва фазои ҳавоӣ аз муомилоти гражданӣ гирифта шуда, нисбати онҳо дар ҳолатҳои дахлдор ягон талаботи субъектҳо равона карда нахоҳад шуд. Бинобар ин, моддаи 239 КГ низ бояд хориҷ карда шавад.
6. Моддаи 240 КГ, ки оид ба ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқҳои молу мулкӣ ба манзил бахшида шудааст, бо сабаби ба сифати объекти моликияти хусусӣ ва ё давлатӣ эътироф гардидани манзил ва минбаъд дар КГ муқаррар карда шудани ҳуқуқҳои маҳдуди ашёгӣ ба манзил, он бояд хориҷ карда шавад.
2. Ҳуқуқҳои маҳдуди ашёгӣ.
Номгузорӣ. Яке аз навовариҳои КГ дар қисми «Ҳукуқҳои ашёгӣ» ин қисми таркибии он оид ба ҳуқуқҳои маҳдуди ашёгӣ мебошад, ки қисми мазкур бояд ҳамин тавр ҳам номида шавад. Қисми мазкур бояд оид ба ҳуқуқҳои маҳдуди ашёгӣ, яъне ҳуқуқҳои субъективии граждание, ки баҳри истифода намудани ашёҳои бегона равона карда шудаанд, бахшида шавад.
Қайд намудан зарур аст, ки номгузории қисми мазкур ба сифати «ҳуқуқҳои маҳдуди ашёгӣ» дорои як қатор хусусиятҳо мебошад. Дар баъзе аз қонунгузории давлатҳо категорияи «ҳуқуқ ба ашёҳои бегона» (jure in re aliena) ба ҷойи «ҳуқуқҳои маҳдуди ашёгӣ» истифода бурда мешавад. Дар адабиёти ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаи мазкур фикри ягона вуҷуд надорад. Аммо, лозим ба тазаккур аст, ки ҳарчанде олимон категорияи «ҳуқуқҳои маҳдуди ашёгӣ»-ро бо сабаби он, ки ибораи «маҳдуд» дар илми ҳуқуқшиносӣ дар маъное фаҳмида мешавад, ки гўё ҳуқуқи субъективӣ пурра буд, аммо бинобар ин ё он сабаб он маҳдуд гардидааст (масалан, қобилияти амалкунии маҳдуд) ва дар ин маъно ба он ҳуқуқҳои субъективие, ки ҳуқуқҳои маҳдуди ашёгӣ онҳоро таҷассум менамоянд, истифода бурда шуда наметавонад. Лекин новобаста аз ин, категорияи мазкур дар бештари қонунгузории давлатҳо истифода бурда мешаванд. Бинобар ин, дар КГ низ бояд категорияи «ҳуқуқҳои маҳдуди ашёгӣ» истифода бурда шавад.
Мафҳуми «ҳуқуқҳои маҳдуди ашёгӣ». Пешниҳод карда мешавад, ки бинобар бори аввал дар қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар КГ, баррасӣ намудани ҳуқуқҳои маҳдуди ашёгӣ ба таври васеъ ва дахлдор, мафҳум ва хусусиятҳои онҳо дар меъёрҳои қисми мазкури КГ мустаҳкам карда шаванд. Дар мафҳуми категорияи мазкури ҳуқуқӣ бояд чунин хусусиятҳои асосии он таҷассуми худро ёбанд: ба сифати ҳуқуқи субъективии граждание, ки имконияти истифода намудани ашёҳои бегонаро ба шахсони ғайрисоҳибмулк фароҳам меоварад, баромад намудан; амалӣ намудани ҳуқуқҳои мазкур ҷиҳати истифода намудани ашёҳои бегона бояд дар асоси принсипҳои ҳуқуқи гражданӣ ва қонунгузории гражданӣ, аз қабили принсипи софдилона ва боадолатона ба амал баровардани ҳуқуқҳои субъективии гражданӣ, сурат гирад; намудҳо, асосҳо ва ҳадди ба амал баровардани ҳуқуқҳои мазкур бояд танҳо ва танҳо дар КГ пешбинӣ карда шаванд.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло пешниҳод карда мешавад, ки мафҳуми «ҳуқуқҳои маҳдуди ашёгӣ» чунин таъриф дода шавад: «ҳуқуқҳои маҳдуди ашёгӣ ҳукуқҳои субъективие мебошанд, ки дар заминаи принсипҳои қонунгузории гражданӣ асос ёфта, баҳри қонеъ намудани манфиатҳои иштирокчиёни муносибатҳои гражданӣ-ҳуқуқӣ аз ашёҳои бегона равона карда шуда, намудҳо, асосҳо ва ҳадди ба амал баровардани онҳо танҳо дар Кодекси мазкур пешбинӣ карда мешаванд».
Намудҳои ҳуқуқҳои маҳдуди ашёгӣ. Яке аз масъалаҳои мураккаби ҳуқуқҳои ашёгӣ ин худ намудҳои ҳуқуқҳои маҳдуди ашёгӣ мебошад. Намудҳои ҳуқуқҳои маҳдуди ашёгӣ худ дар қонунгузории мамлакатҳои хориҷӣ вобаста аз инкишофи муомилоти гражданӣ-ҳуқуқӣ ва талаботи ҷомеа ба таври гуногун баҳо дода шудааст. Қайд намудан зарур аст, ки дар КГ танҳо дар як моддаи он (м.241) оид ба ҳуқуқҳои маҳдуди ашёгӣ сухан меравад, ки он низ ҳам аз ҷиҳати номгузорӣ, шакл ва мазмун нодуруст мебошад. Аз сабаби он, ки оид ба ҳуқуқҳои маҳдуди ашёгӣ як қисми алоҳида дар КГ бахшида хоҳад шуд, моддаи 241 КГ низ бо сабаби ба ҳуқуқҳои маҳдуди ашёгӣ бахшида шудани як қисми мустақили фасли мазкури КГ, бояд хориҷ карда шавад.
Дар шароити ҳозираи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ниёз ба танзими дурусти муносибатҳое, ки дар асоси татбиқи ҳуқуқҳои маҳдуди ашёгӣ ба миён меоянд, вуҷуд дорад, низоми намудҳои ҳуқуқҳои мазкур бояд ба таври дахлдор дар КГ мустаҳкам ва дарҷ карда шаванд.
Бо сабаби дар фасли мазкури КГ ҷой додани як қисми асосӣ оид ба ҳуқуқҳои маҳдуди ашёгӣ пешниҳод карда мешавад, ки моддаи 241 КГ хориҷ карда шавад.
Дар КГ бояд чунин намудҳои ҳуқуқҳои маҳдуди ашёгӣ дарҷ карда шаванд: 1) ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ; 2) ҳуқуқи идоракунии оперативӣ; 3) ҳуқуқи заминистифодабарӣ; 4) сервитут; 5) гарав; 6) узуфрукт.
Ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ва ҳуқуқи идоракунии оперативӣ набояд аз КГ хориҷ карда шаванд. Новобаста аз он, ки дар дигар кишварҳои мутараққӣ ин гуна ҳуқуқҳои маҳдуди ашёгӣ арзи вуҷуд надоранд ва кишварҳои собиқ ИҶШС аз ин гуна намуди ҳуқуқҳои маҳдуди ашёгӣ даст кашида истодаанд, пешниҳод карда мешавад, ки ин намудҳои ҳуқуқҳои маҳдуди ашёгӣ дар КГ боқӣ монда шавад. Зеро, яку якбора даст кашидан аз ин конструксияҳо метавонад ба инкишофи минбаъдаи иқтисодиёт таъсири манфӣ расонад.
Ҳуқуқи заминистифодабарӣ ба сифати ҳуқуқи маҳдуди ашёгӣ дар КГ (м.241) дарҷ карда шудааст. Мутаассифона, ин ҳуқуқ на дар Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва на дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дуруст дарҷ карда нашудааст. Бар замми ин, дар асоси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012 ҳуқуқи маҳдуди ашёгӣ – ҳуқуқи заминистифодабарӣ ба сифати объекти муомилоти гражданӣ эътироф карда шуд, ки ин ягон асосӣ илмӣ-назарияви ва амалӣ надорад.
Бинобар ин, дар қисмати ҳуқуқи заминистифодабарӣ пешниҳод карда мешавад, ки:
а) ҳуқуқи заминистифодабарӣ ҳамчун ҳуқуқи маҳдуди ашёгӣ танҳо дар КГ дарҷ карда шуда, моҳият ва мазмуни он дар санади мазкур ифода карда шавад;
б) аз Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба сифати объекти ҳуқуқҳои гражданӣ эътироф намудани ҳуқуқи заминистифодабарӣ хориҷ карда шавад;
в) сервитут ба сифати ҳуқуқи маҳдуди ашёгӣ дар КГ дарҷ карда шуда, баҳри истифодаи қитъаи замине, ки ба шахси дигар дар асоси дигар намуди ҳуқуқи маҳдуди ашёгӣ – ҳуқуқи заминистифодабарӣ дода шудааст муқаррар карда шавад;
г) гарав ба сифати ҳуқуқи маҳдуди ашёгӣ аз ҷониби бешатри давлатҳо хеле пештар эътироф карда шудааст. Дар ҳақиқат ҳам, гарав дорои тамоми унсурҳои ҳуқуқҳои маҳдуди ашёгӣ буда, баҳри ба таври дахлдор муқаррар намудани он ба чунин сифат, дар КГ бояд меъёрҳои дахлдор ҷойгир кард шаванд. Инчунин, гарав дар ин ҳолат ба сифати яке аз воситаҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳо набояд эътироф кард шавад;
д) узуфрукт низ бояд ба сифати ҳуқуқҳои маҳдуди ашёгӣ эътироф карда шавад. Инчунин, зарур аст, ки дар КГ намудҳои асосии узуфрукт, ки дар қонунгузории давлатҳои пешрафта мавриди истифода қарор дода шудаанд, бо назардошти талаботи муомилоти граждании кишвар, дарҷ карда шаванд. Аз ҷумла, дар замони ҳозира дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурияти ворид намудани узуфрукти иҷтимоӣ, ки ба сифати ҳуқуқи маҳдуди ашёгӣ эътироф карда шуда, баҳри фароҳам овардани имконият аз истифодаи ашёи ин ё он аъзои оила аз ҷониби аъзои дигари оила равона карда шудааст, ба миён омадааст.
Фикр мекунем, ки бо дарҷ намудани ин намуди ҳуқуқи маҳдуди ашёгӣ моҳият ва мазмуни КГ ғанӣ гардида, заминаи мусоид барои ноил шудан ба мақсадҳои зарурии танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ гузошта мешавад.