Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 3) 2012

АХБОРИ


СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ

ТОҶИКИСТОН

(№3) 2012

Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад

ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.

(моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Маҷаллаи илмию иттилоотӣ

Сармуҳаррир:

Маҳмудов М. А. Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

Ҳайати таҳририя:

Назаров М. Муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Каримов К.М. Судя-котиби Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ

Абдуллоев А.А. Судяи Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сотиволдиев Р. Ш. Мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

Маҳмудов М.А.- Раиси Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, академики АИ ҶТ

Қонун меъёрест, ки бо дар назардошти манфиатҳои умумиҷамъиятӣ, принсипҳои ҳақиқат ва адолат ҳамчун заминаи асосии пешравии ҷомеа, ризоияти умум ва суботу оромӣ таҳия карда мешавад.

ЭМОМАЛЇ РАҲМОН

САҲМИ ПРЕЗИДЕНТ ЭМОМАЛЇ РАҲМОН ДАР ТАШАККУЛИ ҚОНУНГУЗОРЇ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд пас аз соҳибистиқлол гардидан, созмон додани ҷомеаи шаҳрвандиро, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў арзиши олӣ эътироф шуда, нақши қонун, эҳтиром, риоя ва иҷрои он дар мадди аввал мебошад, пеша намудааст.

Бинобар ин, дар шароити ташаккули давлати ҳуқуқбунёд, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон гардида буд, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташкили низоми нави ҳокимиятдорӣ дар заминаи таҷзияи ҳокимият, назорати судии конститутсионӣ ва таъмини ягонагии низоми танзими меъёрӣ, ки аз ҷумлаи талаботи аввалиндараҷа ва арзишҳои давлатдории ҳуқуқбунёд маҳсуб мешаванд, фаъолияти сифатан ва мазмунан нави қонунгузориро талаб намуданд. Дар ин радиф ташаббуси қонунгузорӣ дар Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби субъектони дорандаи чунин ҳуқуқи конститутсионӣ бо рўҳияи созандагӣ, баҳри устувор намудани пояҳои ҳуқуқии давлати демократӣ, ташаккули низоми қонунгузории миллӣ ва таъмини рушди босуботи самтҳои гуногуни ҷомеа оғоз гардид.

Ташаббуси қонунгузорӣ худ зинаи муҳими фаъолияти ҳуқуқэъҷодкунӣ буда, барои таҳияи лоиҳаи қонунҳои нав, инкишоф ва такмили минбаъдаи қонунгузории амалкунанда аҳамияти муҳим дорад, зеро дар ин давраи аввали эҷоди қонунҳо талаботи айнии ҳаёти ҷомеа ва эҳтиёҷоти одамон ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти ҷомеаи ташаккулёбанда ошкор ва муайян мешаванд.

Ҳаматарафа ба инобат гирифтани талаботи ҷомеа ва муайян намудани зарурати танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятии инкишофёбанда барои рушди минбаъдаи соҳаи қонунгузорӣ, таъмини назму суботи ҷомеа, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои ҷомеа ва давлат, ҳамчунин таъмини рушди минбаъдаи ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва амалияи ҳуқуқэъҷодкунӣ собит намудааст, ки дар муайян намудани талаботи рўзафзуни ҷомеа ба қонунҳои нав ва такмили минбаъдаи қонунҳои амалкунанда саҳми мақомоти олии давлат, аз ҷумла сарварони давлат ва ҳукумат калон аст. Зеро маҳз мақоми олии давлатӣ барои ошкор ва муайян намудани талаботу ниёзи ҷомеа ба таҳияву қабули қонунҳои нав захираҳои кофии кадрӣ, молиявӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқиро доранд.

Барои ҳамин, дар аксари давлатҳо ба ташаббуси қонунгузории президент ва ҳукумат мақоми баланд дода мешавад. Дар давлатҳои дорои шакли идораи президентӣ бошад, ба ташаббуси қонунгузории президент афзалияти бештар дода мешавад. Дар ин давлатҳо маҳз президент лоиҳаи қонунҳои муҳимтаринро ба баррасии мақоми қонунгузор пешниҳод мекунад ё оид ба зарурати қабули қонунҳои аввалиндараҷа таклиф пешниҳод менамояд.

Дар кишвари мо низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон буда, дорои ҳуқуқи конститутсионии ташаббуси қонунгузорӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва мақоми олии давлат буда, ҳуқуқи ў ба ташаббуси қонунгузорӣ аз ҳамин вазъи ҳуқуқӣ бармеояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун Сарвари давлат ва ҳукумат оид ба муҳимтарин қонунҳое, ки манфиати давлат, ҷомеа ва шаҳрвандонро дар назар доранд, таклифи қонунгузориро амалӣ мекунад. Сарвари давлат ҳуқуқи имзои қонунҳоро низ дорад. Аз ин рў, бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ, ки дар моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, субъекти фаъоли қонунгузорӣ мебошад.

Ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити нави таърихӣ, бо дарназардошти ҳадафҳо ва вазифаҳои давлати соҳибистиқлол, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи музаффариятҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, таъмини сулҳу суботи ҷомеа, ваҳдати миллӣ, худшиносии миллӣ, пешрафти ҳаёти ҷомеа сурат гирифтанд. Зеро ташаббуси қонунгузорӣ давра ба давра, дар робита бо равандҳои инкишофи ҳаёти ҷомеа, бо дарназардошти мушкилот ва проблемаҳои бамиёномада, роҳандозии нақшаҳои давлат дар соҳаҳои мухталифи ҳаёт ва вазифаҳои нави давлат амалӣ мегарданд.

Пешниҳоди ташаббусҳои неки Сарвари давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон доир ба рушду нумўи ҷомеа ҳанўз аз рўзҳои аввали устувор гардидани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ дар Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз ба вазифаи Раиси Шўрои Олӣ интихоб шуданашон оғоз гардида буд. Дастоварди бузурги халқи тоҷик, яъне Истиқлолияти давлатӣ ва ба ҳайси Раиси Шўрои Олӣ ва роҳбари сиёсии кишвар интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз рўзҳои аввали фаъолияти хеш бо садоқату самимият ба халқу Ватан хидмат менамояд, барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин асос гардид.

Сарварии оқилонаи роҳбари сиёсии кишвар ва пойдории Истиқлолияти давлатӣ боиси он гардид, ки дар Тоҷикистон сохти конститутсионӣ барқарор гардида, ислоҳоти конститутсионӣ оғоз ёбад ва марҳилаи нави таҳияи лоиҳаи Қонуни асосии кишвар шурўъ гардида, 6 ноябри соли 1994 он бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Комиссияи конститутсионӣ, барои қабули Қонуни асосии кишвар таҳти роҳбарии бевосита ва пешниҳоди таклифҳои судманди Роҳбари давлати Тоҷикистон фаъолият намуда, арзишҳои умумипазируфтаи ҷомеаи башарро, аз қабили: эъмори давлати ҳуқуқбунёди демократии дунявӣ, сарчашмаи ҳокимият будани халқ, ҳуқуқу озодиҳои тавлидӣ ва дахлнопазири инсон, соҳибихтиёрии давлат, демократияи бевосита ва бавосита, гуногунии сиёсӣ ва мафкуравӣ, таҷзияи ҳокимият, назорати судии конститутсионӣ, идораи парламентӣ, шаклҳои демократии қонунгузорӣ, низоми ягонаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, волоияти Конститутсия ва қонун дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қонунияти конститутсионӣ ва худидораи маҳаллӣ дар матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф ва сабт намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз аз давраҳои аввали оғози фаъолияти хеш ба ҳайси Сарвари давлат ба масъалаи сатҳи баланди ҳуқуқии қонунҳои давлат, аз ҷумла ҷавобгўи меъёрҳо ва принсипҳои умумипазируфтаи ҳуқуқи байналмилалӣ будани қонунҳои Тоҷикистон таваҷҷўҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд. Боиси ифтихор аст, ки ин иқдомро Сарвари давлати Тоҷикистон дар фаъолияти имрўзаи хеш, аз ҷумла зимни истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ низ бемайлон ва самаранок давом медиҳанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баамалбарории фаъолияти худ дар самти гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар бобати таҳкими заминаҳои ҳуқуқии давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ, танзими муносибатҳои нави бозорӣ, алалхусус вусъати соҳибкории хурду миёна, такмили низоми бонкӣ, роҳандозии сиёсати андозбандӣ, низоми мукаммали қарздиҳӣ, инкишофи соҳаи кишоварзӣ, энергетика, роҳсозӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат, рушди илм, маориф ва фарҳанг, тақвият бахшидан ба ҳисси ватандўстӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории хеш мунтазам истифода бурда, лоиҳаи қонунҳои ба талаботи ҷомеа ҷавобгўро ба баррасии мақоми олии қонунгузории кишвар пешниҳод менамоянд.

Ҳамаи ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ташкилу таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа ва давлат, таъмини волоияти қонун, таъмини рушду нумўи ҷомеаи Тоҷикистон, танзими қонунии муносибатҳои нави ҷомеа амалӣ гардидаанд.

Хурсандиовар аст, ки имрўз инкишоф ва такмили минбаъдаи қонунгузории кишвар ҷузъи сиёсати ҳуқуқии давлат гардида, Президенти Тоҷикистон дар соҳаи таъмини сифати баланди қонунҳо, риояи қоидаҳо ва усулҳои техникаи қонунгузорӣ, ба меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани санадҳои қонунгузорӣ, таъмини волоияти қонун дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамоянд.

Дар ҳамин асно, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар шароити нави таърихӣ, бо дарназардошти ҳадафҳо ва вазифаҳои давлати соҳибистиқлол, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва пешрафти ҳаёти ҷомеа аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин қонунҳои муҳими танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар шакли қонунҳои мукаммал ва дар шакли пешниҳод намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда ба парлумони кишвар пешниҳод гардиданд.

Ба шумораи онҳо метавон кодексҳои мурофиавии гражданӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиавии иқтисодӣ, оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи мавқуф (маратория) гузоштан ба ҳукми қатл», «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии баъзе маблағҳои онҳо», «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайраро шомил намуд.

Ҳар як санади меъёрии ҳуқуқии аз ҷониби Президенти кишвар бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ бо дарназардошти манфиатҳои қонунии ҷомеа таҳия гардида, ба мақоми олии қонунгузорӣ пешниҳод карда мешавад. Чунончи, агар ба санадҳои ҳуқуқии номбурда, аз қабили кодексҳои мурофиавии гражданӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиавии иқтисодӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ назар афканем, онҳо бо мақсади дуруст ва саривақт баррасӣ ва ҳал намудани парвандаҳои гражданӣ, ҷиноятӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва манфиатҳои қонунии онҳо қабул гардидаанд, ки дар фаъолияти ҳамарўзаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таври васеъ истифода мешаванд. Бо ташаббуси Президенти мамлакат қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии номбурда, санадҳои қонунгузории даврони шўравӣ, ки дар муддати зиёда аз бист сол ба онҳо тағйиру иловаҳои зиёд ворид гардида, дар маҷмўъ ин санадҳо ба талаботи имрўзаи ҷомеа ҷавобгў набуда, муносибатҳои ташаккулёбандаи ҷамъиятиро ба танзим дароварда наметавонистанд, аз эътибор соқит карда шуданд.

Чунончи, бо ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани Кодекси нави мурофиавии ҷиноятӣ дар низоми қонунгузории ҷиноятии мамлакат як такони ҷиддӣ мебошад. Дар Кодекси мазкур як қатор институтҳои нав – ба монанди мурофиаи суръатдодашуда ва мурофиаи соддакардашуда ворид карда шуданд, ки онҳо мурофиаи ҷиноятиро тақвият медиҳанд, кафолати амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои иштирокчиён ва дастрас будани адолати судиро таъмин менамоянд.

Дар ин Кодекс аввалин маротиба принсипҳои конститутсионии мубоҳисавӣ ва баробарҳуқуқии тарафҳо пурра муайян карда шуда, таъмини баробарии тарафҳои мурофиаи судии ҷиноятӣ пешбинӣ шудаанд. Иҷозат барои ба ҳабс гирифтани шахс, гузаронидани экспертизаи судӣ – тиббӣ ё судӣ – равонпизишкӣ барои дар беморхона ё табобатгоҳи равонпизишкӣ ҷой кардани гумонбаршуда ва айбдоршавандае, ки дар ҳабс намебошад, азназаргузаронии манзил, кофтукови манзил, ҳабси молу мулк, кофтуков, ёфта гирифтани ашё, ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти пасандоз ва суратҳисоби маблағи бонкӣ, ҳабси маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар суратҳисобҳо ва пасандозҳо ё дар нигоҳдории бонк ва ташкилотҳои кредитӣ қарор доранд, ҳабси муросилот, азназаргузаронӣ, ёфта гирифтани онҳо дар муассисаи алоқа, барои муваққатан аз вазифа дур кардани айбдоршаванда қарор қабул кардан, гўш ва сабт кардани гуфтугўи телефонӣ ва дигар гуфтугўҳо ба салоҳияти суд дода шудаанд.

Ё худ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо дарназардошти принсипи инсондўстӣ чандин қонунҳо дар бораи авф қабул карда шудаанд, ки дар асоси онҳо шахсони зиёде аз ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ озод гардидаанд.

Ҳамчунин бо истифода аз ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Сарвари давлат баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ҷавонон, ба таълиму тарбия фаро гирифтани онҳо, бунёди оилаҳои солим, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон ва ба ин васила кам гардидани шумораи бекоршавии ақди никоҳ ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, синни никоҳӣ аз ҳаждаҳсолагӣ муқаррар гардид.

Ҳамзамон, бо ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили қонунгузорӣ, мукаммал намудани Кодекси ҷиноятӣ ва ба ин васила дар он муқаррар намудани таъини ҷазо дар намуди ҷарима барои ҷиноятҳои характери иқтисодӣ дошта, ҳангоми ихтиёран барқарор намудани зарари расонидашуда ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Дар қатори як зумра дигаргуниҳо, ҳамчунин вобаста ба ин тағйирот дар Кодекси ҷиноятӣ муайян карда шуд, ки минбаъд дар ҳолати иваз намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҷазои ҷарима ва ё ҷазои ҷарима ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ як шабонарўзӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба 50 фоизи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар мебошад.

Илова бар ин, вобаста ба тағйироти мазкур ба шахсони ҷиноятҳои хусусияти иқтисодидошта содирнамуда имконият дода шуд, ки бо ихтиёран талофӣ намудани зарари моддии расонидаашон аз ҷамъият ҷудо карда нашуда, нисбати онҳо ҷазои ғайриҳабсӣ таъин карда шавад. Маҳкумшудагон, ки барои содир намудани ин ҷиноятҳо дар ҷойҳои маҳрум сохтан қарор доранд, дорои чунин ҳуқуқ буда, дар сурати талофӣ намудани зарари моддӣ, бо назардошти муҳлати ҷазои адокардаи маҳрум сохтан аз озодӣ, қисми адонакардаи ҷазои онҳо ба ҷазои ҷарима иваз карда мешавад.

Умуман, дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон шаклҳои нави амалӣ гаштани ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул ёфтанд, ки асосан дар ду шакл васеъ дида мешаванд: 1) дар шакли пешниҳоди лоиҳаи қонун бевосита аз ҷониби сарвари давлат; 2) дар шакли таклифҳои қонунгузорӣ, яъне таклифҳо дар хусуси зарурати таҳия ва қабули қонунҳо.

Аммо, дар кадом шакле, ки набошад, ҳамаи ташаббусҳои қонунгузории Сарвари давлат бо мақсади ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тақвияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, инкишофи қонунгузорӣ, мустақилияти ҳокимияти судӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пурзўр намудани муборизаи беамон ба муқобили коррупсия амалӣ гардидаанд.

Ҳадафи ниҳоии ташаббусҳои қонунгузории Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – ин таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа ва давлат, шаклҳои ҳуқуқии амалӣ гаштани сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, танзими қонунии муносибатҳои ҷомеа мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самти нави ташаббуси қонунгузорӣ асос гузоштанд, ки тибқи он лоиҳаи қонунҳои муҳимтарин пеш аз пешниҳод шуданашон ба мақоми қонунгузории кишвар ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шуданд.

Бинобар ин, дар Тоҷикистон айни ҳол таҷрибаи хуби миллии роҳандозӣ ва амалӣ гаштани ташаббусҳои қонунгузорӣ ташаккул ёфта, таҷрибаи ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гаштани лоиҳаи қонунҳои муҳимтарин, ки зимни ташаббусҳои қонунгузории Сарвари давлат таҳия мешаванд, ба таври васеъ истифода мешавад.

Зеро дар шароити вусъати равандҳои демократӣ дар давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, иштироки гурўҳҳои гуногуни шаҳрвандон, пеш аз ҳама олимон, аҳли фарҳанг, мутахассисон, муассисаҳои илмиву фарҳангӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа барои изҳори ирода ва инъикоси он дар матни қонун, ширкати доираҳои васеи шаҳрвандон дар фаъолияти қонунгузорӣ ва дар амалӣ гаштани сиёсати ҳукуқии давлат, афзоиши шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Муҳокимаи пеш аз парламентии лоиҳаи қонунҳои муҳимтарин, ки бо ташаббуси Сарвари давлат сурат мегирад, дар таърихи давлатдории тоҷикон таҷрибаи нодир маҳсуб меёбад. Ин таҷрибаи бағоят муҳим собит намуд, ки муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи қонунҳои муҳим ва баррасии пешакии он бо иштироки намояндагони аҳли ҷомеа барои баланд шудани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон, ҷалби бевосита ва фаъолонаи онҳо ба фаъолияти қонунгузорӣ аҳамияти хоса дорад.

Бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат бо чунин тартиб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷониби омма муҳокима шуда, сипас аз ҷониби парлумони кишвар қабул гаштанд ва ҳамагон шоҳиди онем, ки чӣ гуна ин қонунҳо натиҷаи дилхоҳ ба бор овардаанд.

Қонунҳои мазкур анъанаҳои аҷдодӣ ва меъёрҳои таърихан ташаккулёфтаи халқи тоҷикро дар бобати гузаронидани ҷашну маросимҳои мардумӣ, тарбия ва таълими фарзанд инъикос намуда, дар танзими ҷашну маросимҳо дар шароити таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, сарфакорӣ, истифодаи оқилонаи маблағ ва пасандозҳо, инчунин тарбия ва таълими кўдакону наврасон ва ҷавонон дар руҳияи арзишҳои миллӣ, анъанаҳои фарҳангӣ, худшиносии миллӣ ва ватандўстӣ нақши муҳим доранд.

Дар ин асно ва вобаста ба таҳия ва зарурати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», ки ба мақсади танзими оқилонаи анъанаҳо ва ҷашну маросимҳои мардумӣ, равона гардидааст, Президенти кишвар дар суханронии худ ҳангоми вохўрӣ бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат оид ба танзими расму оинҳо ва анъанаву маросимҳои миллӣ 24 майи соли 2007 иброз доштанд, ки «Зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риояи ноогоҳонаи анъана ва расму оинҳои халқиву динӣ дар навбати худ садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.

Аз ин хотир, мо вазифадорем, ки расму оинҳоро аз хурофоту таассуби барои имрўзу ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро бо дарназардошти имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худамон танзим намоем, муҳимтарини онҳоро ҳамчун қисми таркибии фарҳангу тамаддуни миллӣ ҳифз карда, ҳамаҷониба инкишоф диҳем ва анъанаву маросимҳои қадимаи халқамонро чун сарчашмаи нодиру гаронбаҳо пеш аз ҳама дар тарбияи наслҳои ҷавон васеъ истифода барем».

Бинобар талаботи ҷомеа ва зарурати мавҷуда Қонуни мазкур аз ҷониби Президенти мамлакат пеш аз ба мақоми олии қонунгузорӣ манзур гардидан, ба муҳокимаи умумии аҳолии кишвар пешниҳод гардид. Санади мазкур аз ҷониби аҳолии кишвар дар тўли қариб чор моҳ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуда, барои мукаммал намудани он зиёда аз бист ҳазор таклифу пешниҳодҳо манзур карда шуданд.

Дар раванди қабули Қонун тамоми воситаҳои илмӣ, мулоҳизаи мантиқӣ ва дурандешии сиёсӣ истифода шуда, масъала бо мардум тавассути воситаҳои ахбори омма, бо аҳли илм ва уламои кишвар баррасӣ гардида, мухолифати мавҷударо бо аҳкоми шариат ва қонуни асосии кишвар қиёс гардида, оқибатҳои манфии онро дар ҳаёт собит намуданд.

Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои аҳолӣ қабул ва татбиқ гардидани қонуни мазкур, он дар муддати на чандон тўлонӣ зарурат ва аҳамияти мусбии худро дар беҳтар кардани вазъи иқтисодиву иҷтимоии аҳолии кишвар ва сатҳи зиндагии мардум собит намуд. Аз маълумоти оморӣ бармеояд, ки дар тўли панҷ соли амали қонуни мазкур мардуми кишвар дар маҷмўъ барои баргузории ҷашну маросимҳои хеш зиёда аз ҳашт миллиард сомонӣ кам маблағ хароҷот намуд.

Ин шаҳодати он аст, ки дар як муддати кўтоҳи таърихӣ санади мазкур, зарурат ва аҳамияти фоидаовари худро ба ҷомеаи Тоҷикистон собит сохта, барои пешгирӣ ва бартараф намудани исрофкорию хароҷоти беҳуда дар тўю маърака ва маросимҳои азодорӣ, паст кардани унсурҳои манфии худнамоӣ, тақлидкорӣ кам гардидани ҷашну маросимҳо, анъанаҳои мардумӣ ва ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум мусоидат намуд.

Қонуни дигаре, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо чунин тарз, яъне бо ташаббуси оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешакӣ аз ҷониби омма мавриди муҳокима қарор дода шуд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба аҳамияти муҳим доштани Қонуни мазкур низ, Президенти кишвар дар вохўрии худ бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ 14 декабри соли 2010 иброз доштанд, ки «… бо назардошти талаботи ҷомеа ва аҳамияти бузурги таълиму тарбияи насли наврас зарурате ба миён омадааст, ки доир ба ин масъала қонуни махсус қабул карда шавад. Зеро имрўз, яъне дар замони ҷаҳонишавии босуръати проблемаҳои башарӣ ва омезиши арзишҳо, ки нақш ва нуфузи таълиму тарбия ҳамчун меъёри иҷтимоӣ ба хотири рушди инсон ва таҳкими сармояи зеҳнӣ асоси бунёди ҷомеаи навро ташкил менамояд, қабули чунин санади муҳим иқдоми саривақтӣ мебошад».

Қонуни мазкур барои пурзўр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар рўҳияи инсондўстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд ва ба ин васила барои паст кардани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ дар байни аҳолӣ, аз ҷумла ноболиғон, мусоидат ба эҳтиром ва таъмини риояи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда, ташаккул додани боварӣ ва эътиқод нисбат ба қонун ва мақомоти давлатӣ мусоидат намуд.

Зеро таърих гувоҳ аст, ки авлоду аҷдодони мо аз қадим ба таълим ва тарбияи фарзандон ва умуман насли наврас аҳамияти хоса медоданд. Бузургмардон ва мутафаккирони форсу тоҷик дар эҷодиёти худ ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ дода, пайваста тавассути осори худ тарбияи дурусти насли наврасро таблиғ мекарданд. Ҷамъияти демократию ҳуқуқбунёд низ маҳз ба он ҷавононе такя мекунад, ки саводи сиёсиву ҳуқуқӣ дошта, волоияти қонунро асоси фаъолияти худ қарор дода, ба бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ омодаанд ва расидан ба ин ҳадаф масъулияти баланди падару модарро тақозо дорад.

Бинобар ин, Қонуни мазкур низ бо тақозои ҷомеа таҳия ва қабул гардида, ҳамчун қонуни дуюми миллӣ дар таълим ва тарбияи насли наврас дар рўҳияи инсондўстиву меҳнатпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносӣ аҳамияти муҳим дорад.

Ин шаҳодати он аст, ки дар Тоҷикистон солҳои охир раванди қабули қонунҳои соф миллӣ ташаккулу инкишоф ёфт, ки худ нишондиҳандаи зуҳуроти давлатдории миллӣ мебошад. Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳиби таҷрибаи ватании қабули қонунҳои дорои хусусияти миллӣ гардид, ки минбаъд барои инкишофи низоми қонунгузорӣ заминаи муҳим фароҳам овард. Тоҷикон чун миллати тамаддунсозу бунёдкор бори дигар исбот намуданд, ки имкон ва истеъдоди давлатдории миллӣ, пеш аз ҳама дар бахши сиёсати қонунгузорӣ доранд.

Умуман, дар рафти ташаббуси қонунгузорӣ, одатан, консепсияи қонун пешбарӣ мешавад. Дар он ҳадаф ва вазифаҳои қонун, доираи муносибатҳои ҷамъиятии танзимшаванда, манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон сабт мешаванд. Минбаъд дар рафти муҳокимаи консепсияи қонун, аз ҷумла дар рафти муҳокимаҳои умумихалқӣ бо иштироки олимон, мутахассисон ва аҳли ҷомеа мазмуну мундариҷаи қонун мушаххастар мешавад, ба талаботи ҷомеа наздик карда мешавад ва иродаи шаҳрвандонро инъикос мекунад. Дар ҷараёни муҳокимаи консепсияи қонун сатҳи баланди омодагии касбӣ, хоҳиши дигаргуниҳои ҷиддии ҳаёти ҷомеа, марому мақсади доираи васеи шаҳрвандон, фаъолнокии иҷтимоии субъектони ҳуқуқэҷодкунӣ ва махсусан аҳолӣ ба мушоҳида мерасад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва миллии ҳуқуқэҷодкунӣ нишон медиҳад, ки таклифҳои қонунгузории роҳбарони олии сиёсии кившар бештар дар шакли паём ва муроҷиатҳо ба мақоми қонунгузории кишвар пешниҳод мешаванд. Дар ҳар як Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин ё он таклифи қонунгузорӣ пешниҳод мешавад ва аз ин рў, Паём ҳамчун шакли нави амалӣ гаштани ташаббусҳои қонунгузории Сарвари давлат маҳсуб мешавад.

Аз ҷумла, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 16 апрели соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади такмили фаъолияти ҳуқуқэҷокунӣ оид ба зарурати таҳия ва қабули қонуни нав дар соҳаи фаъолияти қонунгузорӣ иброз намуданд, ки «… субъектҳои ташаббуси қонунгузориро вазифадор месозад, ки ҳангоми таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо бояд зарурат, аҳамият ва дурнамои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, асосҳои иқтисодиву молиявӣ, тартиби татбиқи қонунҳо, аз нигоҳи ҳуқуқӣ дуруст ба низом даровардани меъёрҳои қонун ва тартибу усули ҳуқуқии амалигардонии қонунҳоро дар мадди назар дошта бошанд».

Дар ин радиф аз матни суханронии Сарвари давлат вазифаҳои зерини субъектҳои фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, пеш аз ҳама субъектони ташаббуси қонунгузорӣ муайян мешаванд, ба монандӣ:

– ба инобат гирифтани зарурати танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар заминаи таҳлили ҳаматарафаи талаботи воқеии ҳаёти ҷомеа, пеш аз ҳама манфиатҳои давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон;

– ба назар гирифтани аҳамияти танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ баҳри амалӣ намудани талаботи рўзафзуни аъзои ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

– муайян намудани дурнамои инкишофи ҷомеа ҳангоми танзими ҳуқуқии муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар иртибот бо ҳадафҳои олӣ ва вазифаҳои стратегии давлат;

– ба назар гирифтани асосҳои иқтисодиву молиявӣ ҳангоми таҳия ва қабули қонунҳо бо мақсади таъмини амалишавии бомуваффақият ва саривақтии қонунҳо, гузаронидани экспертизаи иқтисодиву молиявии лоиҳаи қонунҳо, ҷалби захираҳои кофии иқтисодиву молиявӣ дар рафти татбиқи қонунҳои нав;

– ба инобат гирифтани тарзу усулҳо ва қоидаҳои маъмули татбиқи қонунҳо дар асоси дастовардҳои илми назариявии ҳуқуқшиносӣ ва амалияи ҳуқуқӣ;

– таъмини низоми ягонаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар заминаи волоияти қонун бо мақсади аз байн бурдани ихтилофоти байни меъёрҳои ҳуқуқӣ, мувофиқати ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон ва қонунҳо, таъмини қонунияти конститутсионӣ дар давлат;

– ба назар гирифтани тарзу воситаҳо ва усулҳои маъмули танзими ҳуқуқӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва қабулу амалигардонии онҳо, аз ҷумла бо дарназардошти танзими ҳуқуқии муносибатҳои нави хусусӣ дар соҳаи моликиятдории хусусӣ, соҳибкории хусусӣ ва шаклҳои дигари фаъолияти озоди иктисодӣ.

Илова бар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин Паём зарурати риояи қоидаҳои техникаи ҳуқуқӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонун, ки дар маҷмўъ заминаи таъмини сифати баланди қонун мебошанд, таъкид намуда, иброз доштанд, ки: «Масъалаи дигаре, ки ҳангоми қонунэҷодкунӣ ба мушоҳида мерасад ва ҳалли ҷиддии худро тақозо мекунад, ин таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо ба забони давлатӣ, истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ, таъмини низоми мантиқии меъёрҳои қонун мебошад, ки дар маҷмўъ сифати қонунҳоро муайян мекунанд».

Бо мақсади такмили низоми қонунгузории мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2008 бори дигар ба ихтилофоти ҷойдоштаи байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таваҷҷўҳ зоҳир намуда, аз ҷумла таъкид намуданд, ки «… масъалаҳои номувофиқатӣ ва мухолифат дар миёни қонунҳо то ҳанўз аз байн бурда нашудаанд. Барои бартараф намудани нуқсонҳои асноди қонунгузорӣ ва ба талаботи замон мутобиқ гардонидани онҳо Қонун «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бояд мавриди таҷдиди назар қарор дода шавад».

Дар асоси ин гуфтаҳо, 26 марти соли 2009 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» қабул карда шуд, ки ҳадафи асосии он ба танзим даровардани муносибатҳо оид ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва муайян намудани принсипҳои асосӣ, мафҳум ва намудҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таносуби байни онҳо, тартиби умумии таҳия, қабул, интишор, амал, тафсир ва мураттабсозии онҳо, инчунин роҳҳои ҳалли ихтилофҳои ҳуқуқӣ мебошад.

Илова бар ин, санади мазкур хусусиятҳои таҳия, тасдиқ, қабул, бақайдгирӣ, мавриди амал қарор додан, интишор, тағйир додан, илова ворид намудан, қатъ кардан ё боздоштани амали намудҳои алоҳидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамчунин бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти мақомоти давлати (шахсони мансабдори онҳо)-ро дар соҳаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба танзим медароранд, муайян мекунад.

Дар ҳамин Паём Сарвари давлат ҳамчунин таъкид намуданд, ки «… рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад».

Бинобар ин, Сарвари давлат дар назди олимони ҳуқуқшиноси мамлакат вазифа гузоштанд, ки тафсири илмию оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр гардида, он то ҷашни 15-солагии қабули Конститутсия аз чоп бароварда шавад.

Ҳамчунин таклиф гардид, ки барои беҳтар ба роҳ мондани тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ зарурати барномаи нави дарозмуддати мукаммал қабул карда шуда, меъёрҳои он ба таври самарабахш татбиқ карда шаванд.

Ҳамин буд, ки Тафсири илмию оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби олимони ватании соҳаи ҳуқуқ ҳамчун як махзани илми ҳуқуқ аз чоп бароварда шуда, айни ҳол ба таври васеъ аз ҷониби доираи гуногуни аҳолии кишвар мутолиа мешавад.

Инчунин, бо қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009 №253 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» ҳамчун барномаи муҳими дарозмуддат қабул гардид, ки мақсади асосии он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандўстӣ, эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини фаъолнокии сиёсии аҳолии ҷумҳурӣ мебошад.

Талаботи танзими ҳуқуқии муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, ки аз муҳтавои таклифҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёмҳои хеш ба мақоми қонунгузорӣ бармеоянд, заминаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва қонунэҷодкунӣ барои имрўз ва даҳсолаҳои минбаъда мебошад. Онҳо бо дарназардошти дастовардҳои илми ҳуқуқии ҷаҳонӣ ва амалияи ҳуқуқии дунёи мутамаддин пешкаш шуда, дар ибтидои фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ талаботи ҳаёти ҷомеаро дар соҳаи танзими ҳуқуқӣ муайян намуда, дар як вақт аз ҳар узви ҷомеа тафаккури нави ҳуқуқӣ, сатҳи кофии донишҳои ҳуқуқӣ, шуур ва фарҳанги баланди ҳуқуқиро талаб мекунад.

Ё худ бо дарназардошти он, ки таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои асосии давлат мебошад, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии қонунгузории кишвар аз 24 апрели соли 2010 ҳадафҳои асосии сиёсати ҳуқуқии давлат дар соҳаи эҷоди қонунҳо, аз ҷумла фаъолияти қонунгузорӣ муайян мешаванд. Дар ин хусус, Сарвари давлат зимни муроҷиат ба вакилон қайд намуданд, ки «… яке аз вазифаҳои асосии Маҷлиси Олӣ – таҳия, қабул ва такмили қонунҳо доир ба самтҳои гуногуни сиёсати дохиливу хориҷии давлат ва мусоидат ба иҷрои онҳо мебошад.

Мову шумо вазифадорем, ки бо адои ин рисолати ниҳоят муҳим заминаи қонунгузориро таҳким бахшида, пеш аз ҳама ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар давлати соҳибихтиёри худ ҳамчун арзиши олӣ ҳифз ва таъмин намоем, то ки ҳар фарди ҷомеа худро озод ҳис намуда, нерўи зеҳниву ҷисмонии хешро барои татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва рушду ободии Ватани азизи худ, торафт беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, фароҳам овардани шароит барои рўзгори осуда ва босаодати халқ, инчунин баланд бардоштани обрўю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ равона карда тавонад».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти фаъоли ташаббуси қонунгузорӣ ба ташаккули низоми қонунгузории мамлакат, ки ҷавҳар ва ҳадафи онро ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад, саҳми босазо мегузоранд.

Бинобар ин, дар ин Паём Сарвари давлат ба нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ аҳамияти махсус зоҳир намуда, зикр намуданд, ки «Қабул гардидани як силсила қонунҳо, аз ҷумла кодексҳои мурофиавии гражданӣ, судии иқтисодӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳо «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи судҳои ҳакамӣ», «Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таҳкими ҳокимияти судӣ мусоидат намуд».

Бо ташаббуси Сарвари давлат, ҳамчунин бо мақсади боз ҳам таҳким бахшидан ба адолати судӣ ва зарурати идома додани ислоҳоти судӣ Барномаи нави ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 таҳия гардида, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011 №976 тасдиқ карда шуд.

Барномаи мазкур низ барои таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, такмили сохтори судӣ ва тақвияти фаъолияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин мукаммал намудани қонунҳо равона карда шуда, бо мақсади татбиқи он Нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шуд.

Дар ин ҷода бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси неки Сарвари давлат ва ҳукумат қисми зиёди ваколатҳои амрдиҳӣ доир ба пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтан, кофтукови манзил, ҳабси молу мулк, муваққатан аз вазифа дур кардан ва ғайраҳо тибқи Кодекси нави мурофиавии ҷиноятӣ ба салоҳияти суд вогузор карда шуд, ки ин иқдом албатта аз мақомоти судӣ ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳои худ масъулияти дучандро тақозо менамояд.

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў арзиши олӣ эътироф шудаанд, бинобар ин, ҷиҳати воқеан амалӣ намудани ин меъёри конститутсионӣ ва ноил шудан ба ҳадафи ҷомеаи шаҳрвандӣ, Президенти мамлакат доимо диққати тамоми мақомоти ҳокимияти давлатиро ба таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона намуда, дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ аз 20 апрели соли 2012 иброз доштанд, ки «Амалан ду даҳсола аст, ки мо бо шумо давлати нав, давлати демокративу ҳуқуқбунёд месозем, ки дар он ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал меистад ва дар ин замина сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ торафт баланд мегардад.

Қонун пеш аз ҳама бояд ба ҳифзу ҳимояи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў равона карда шавад, мавқеи шахсро дар ҷомеа мустаҳкам намояд ва барои истифодаи нерўи моддиву маънавии вай, зиндагии осуда ва озоду шоистаи шаҳрвандон дар ҷомеа мусоидат намуда, ташкили фазои муътадили соҳибкорӣ ва фаъолияти муназзами мақомоти давлатӣ, корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо замина гузорад».

Дар ин Паём низ, Сарвари давлат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти марбутаи давлатӣ баҳри рушди низоми қонунгузорӣ як қатор вазифаҳо, аз қабили: дар таҳрири нав таҳия намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», бо мақсади пурзўр намудани фаъолият дар самти пешгирии муомилоти ғайриқонунии нашъаовар таҳияи Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддир барои солҳои 2013-2020 ё ин ки бо дарназардошти проблемаву мушкилоти мавҷуда дар самти мубориза бар зидии коррупсия таҳия ва пешниҳод намудани Стратегияи мубориза бо коррупсияро барои солҳои 2013-2020 вогузор намуданд. Бешубҳа қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкур ба такмили низоми қонунгузории мамлакат ва ба танзим даровардани муносибатҳои муосири тараққиёбандаи ҷамъиятӣ мусоидат менамояд.

Ҳамаи ин аз он дарак медиҳад, ки дар Тоҷикистон таҷрибаи миллии қонунгузорӣ бо истифода аз шаклҳои имконпазири демократӣ ташаккул ёфта истодааст, ки ин албатта ба нафъи ҷомеа ва аҳолии кишвар мебошад. Табиист, ки бо пешрафти минбаъдаи давлатдории миллӣ шаклҳои демократии қонунгузорӣ такмил меёбанд, падидаҳои нав дар фаъолияти конунгузории давлат ошкор мегарданд.

Умуман, таҷрибаи дар солҳои соҳибистиқлолии давлати Тоҷикистон ташаккулёфта, дар соҳаи муҳокимаҳои умумихалқии лоиҳаи қонунҳои муҳим зимни ташаббусҳои Сарвари давлат собит намуд, ки он ба рушди қонунгузорӣ мусоидат менамояд.

Қонун шакли ифодаи сиёсати давлат, қонунгузорӣ бошад ҷузъи сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад. Бинобар ин, гуфтан мумкин аст, ки ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати таъмини сифати қонунгузорӣ мебошад ва Президенти мамлакат дар ташаккули низоми қонунгузории кишвар бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ тавассути пешниҳоди лоиҳаи қонунҳои нав ва таклифҳои судманди қонунгузорӣ дар танзим ва ташаккули муносибатҳои нави ҷамъиятӣ бо дарназардошти арзишҳои умумипазируфтаи башарӣ нақши муҳим дорад.

нақши арзанда доранд.

Каримов К.М.- судяи Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои сиёсӣ

Аз Эъломия то ба Конститутсия
(29 октябр-Рўзи байналмилалии Куруши Кабир)

Дар таърихи ҷомеаи башарӣ санаду ҳуҷҷатҳои зиёде маҳфуз мондаанд, ки онҳо дар шинохти ин ё он халқу миллатҳо, сатҳи тамаддун ва фарҳанги сиёсию ҳуқуқии онҳо нақши арзанда доранд. Ин санаду ҳуҷҷатҳо инъикоскунандаи муносибати инсон ҳамчун субъекти бошуур ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеаи инсонӣ ба арзишҳои умумибашарӣ буда, дар онҳо озодӣ, баробарӣ, баробарҳуқуқӣ, адолати иҷтимоӣ, таҳаммулпазирии байни тамаддунҳо ва динҳо ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар, ки аз зумраи муҳимтарин нишондиҳандаҳои ҳаёти иҷтимоии инсон ба шумор мераванд, мавриди мулоҳиза ва танзим қарор дода шудаанд. Онҳо шоҳиди ҳоланд, ки озодӣ, баробарӣ ва дигар арзишҳои иҷтимоӣ ҳанўз бармаҳал ба талаботи аввалиндараҷаи инсон табдил ёфта, инсон новобаста аз кашмакашиҳои таърихӣ дар ҳама ҳолат худро озод дидан мехост ва озод зистан.

Аз тарафи дигар, ин санаду ҳуҷҷатҳо раванди инкишофи афкори сиёсию ҳуқуқӣ ва фалсафии инсониятро оид ба нақши инсон дар ҷомеа ва ҳуқуқу озодиҳои фитрии онро инъикос намуда, мояи ифтихори халқу миллатҳои онҳоро қабулкарда буда, аксари онҳо ҳамчун санадҳои эътибори ҳуқуқӣ дошта имрўзҳо низ дар низоми ҳуқуқӣ ҷойи намоёни худро ёфтаанд.

Чунончи, мисриён аз Шартномаи сулҳ миёни Рамсеси II ва шоҳи хетҳо Хаттусилис (соли 1280 то солшумории мо), ки дар таърих аввалин шартномаи хаттии ба таври дипломатӣ ба расмият даровардашуда ба ҳисоб меравад, ҳиндуҳо аз китоби Артхашастра асри IV то солшумории мо ва «Қонуни Ману», ки асри II то солшумории мо таҳия гардидаанд, итолиёвиҳо бо Қонунҳои XII ҷадвал (451-450 то солшумории мо), ки аввалин қонуни аз тарафи Маҷлиси халқӣ қабулшуда ба шумор меравад, русҳо аз Ҳақиқати Руси Ярослави Хирадманд (солҳои 1019-1054) ифтихор доранду онҳоро сарчашмаҳои муҳими таърихӣ ва ҳуқуқии замони худ шуморида, нақши онҳоро дар рушду такомули ҳуқуқи муосир низ таъкид менамоянд. Ин санадҳо дар факултаҳои ҳуқуқшиносии мактабҳои олии ҷаҳон омўзонида мешаванд.

Хартияи бузурги озодӣ (1215), Санади корпуси Хабеас (1679), Билл оид ба ҳуқуқҳо (1689) дар Британияи Кабир, Эъломияи истиқлолият (1776) дар ИМА ва Эъломияи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд (1789) дар Фаронса аз зумраи санадҳое мебошанд, ки ҳамчун сарчашмаҳои навишташудаи ибтидоии ҳуқуқи инсон эътироф гардидаанд.

Масалан, бори аввал дар Эъломияи истиқлолият (1776) дар ИМА дар сатҳи санади сиёсию ҳуқуқӣ қайд гардид, ки сарчашмаи ҳокимият танҳо халқ мебошад, давлат ва ҳукумат танҳо дар он ҳолат ҳуқуқи мавҷудият доранд, ки агар онҳо ба инсон хизмат намуда, манфиатҳои ўро ҳифз намоянд.

Дар Эъломияи фаронсавӣ аз 26 августи соли 1789 қайд карда мешавад, ки халқе, ки кафолати ҳуқуқ ва озодӣ ва принсипи таҷзияи ҳокимиятро намедонад, конститутсия надорад. Ғояи асосии Эъломияи зикршударо консепсияи баробарҳуқуқӣ ва озодӣ, ки ба ҳар кас аз лаҳзаи таваллуд дахл дорад, ташкил медиҳад.

Ҳамин аст, ки Эъломия то имрўз пояи ҳуқуқи конститутсионии фаронсавӣ буда, он дар конститутсияи Фаронса аз 4 октябри соли 1958 тасдиқи худро ёфтааст. 16 июли соли 1971 Шўрои Конститутсионии Фаронса Эъломияро ҳуҷҷати эътибории ҳатмии ҳуқуқӣ дошта эълон намуда, вайрон намудани онро ба ғайриконститутсионӣ будани санадҳо баробар кард.

Соли 2003 бошад, ЮНЕСКО ин ҳуҷҷатро ба Феҳристи «Ёддоштҳои ҷаҳон» ворид намуд.

Боиси қайд аст, ки ғояҳои конститутсионии зикршуда оид ба нақши халқ дар ҷомеа, арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он, кафолати онҳо ва принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ пас аз дусад сол дар Конститутсияи давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ифодаи ҳуқуқии худро ёфтаанд.

Чунончи, тибқи моддаи 6 Конститутсия «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда,…», тибқи моддаи 9 Конститусия «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.»

Ё ки қабули санади олии ҳокимият, ки иродаи тамоми миллат ва халқро ифода карда тавонад, дар лоиҳаи амалинашудаи «созишномаи халқи»-и Кромвел (1653) низ пешбинӣ шуда буд, ки тибқи он шарти қабули санади олии ҳокимият аз тарафи тамоми халқ ба имзо расидани он буд.

Баъдан файласуфи фаронсавӣ Ж. Ж. Руссо нақши халқро дар ба имзо расонидани конститутсия дастгирӣ ва тақвият дод. Ў қайд мекунад, ки муқаррар намудани конститутсия розигии ҳамаи шаҳрвандонро тақозо дорад. Он бояд натиҷаи қарори якдилона буда, бояд аз тарафи тамоми шаҳрвандон ба имзо расонида шавад ва мухолифони конститутсия дар миёни шаҳрвандон бояд хориҷиён ҳисобида шаванд.[1]

Ин моҳияти махсуси конститутсия то имрўз мавқеи ҳукмфармоии худро дар назария ва амалияи конститутсионӣ гум накардааст ва бо «Мо, халқи Тоҷикистон… ҳамин конститутсияро қабул мекунем ва эълон медорем», оғоз шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тасодуфӣ нест.

Мавриди зикр аст, ки дар тадқиқоти илмие, ки имрўзҳо дар собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шўравӣ дар самти илмҳои ҳуқуқшиносӣ, алалхусус ҳуқуқи конститутсионӣ гузаронида мешаванд, сарчашмаҳои гуногуни ҳуқуқӣ ошкор карда шуда, аҳамияти таърихии онҳо дар инкишофи давлату давлатдорӣ, худшиносию худогоҳии миллии ин ё он халқу миллатҳо махсус қайд карда мешаванд.

Г.Г. Арутюнян[2] сарчашмаҳои ибтидоии дар воқеияти арманӣ татбиқ шудани истилоҳи «конститутсия»-ро аз андешаҳои Мовсес Хоренатси (асри V) оид ба Маҷлиси Аштишат (соли 365) таъкид менамояд, ки тибқи онҳо аз ҷониби «конститутсияи динӣ» (кано- ническая конститусия) «раҳму шафқат» муқаррар карда шудааст.

Ҳамчунин Г.Г. Арутюнян қайд менамояд, ки «конститутсия» дар забони арманӣ дар навбати аввал на маънои «муқаррар намудан», балки «муқаррар намудани ҳад»-ро доштааст.

Барои тақвияти андешаҳои худ аз Конститутсияи Акоп ва Шаамир Шаамирянҳо ёдовар мешавад ва қайд мекунад, ки Шаамирҳо соли 1773 конститутсияи барои Арманистони соҳибихтиёр навиштаи худро «Дом мондан ба шуҳратпарастӣ» (Западня тщеславия) ном монданд. Онҳо дар конститутсияи худ на танҳо барои «озодиҳо», балки барои «шуҳратпарастӣ ва мағрурӣ» низ «ҳадди муайян» муқаррар намуда, чунин андеша доштанд, ки «чӣ қадар ба мо некиҳои зиёде даркор аст, ки ҳаёти худро бо қонунҳо ва озодиҳо таъмин карда тавонем».[3]

Олимони қазоқ низ қайд мекунанд, ки таҷрибаи конститутсионии мамлакати онҳо давраҳои таърихии инкишофи давлаташонро инъикос мекунад ва дар рушди таърихии давлатдории онҳо санадҳои конститутсионии зерин, ба монанди «Роҳи тайкардаи Қосимхон» (асри XVI), «Жетi жаргы» Таукхон (асри XVII) ва лоиҳаҳои конститутсионии ҳукумати Алаш нақши муҳим бозидаанд.[4]

Тадқиқоти илмии зикршуда ва ба ин монанд тадқиқоти илмӣ дар фаҳмиши конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсию ҳуқуқӣ, моҳияти иҷтимоӣ ва заминаи дуру дарози таърихӣ доштани он


[1] Ниг. Козлова Е.И., Кутафин О.Е. Конституционное право России. Учеб.-4-е изд., перераб. И доп.-М.:Проспект, 2010. С.67.

[2] Эзоҳ: Арутюнян Г.Г.- Раиси Суди конститутсионии Арманистон, Раиси Конфронси мақомоти назорати конститутсионии мамлакатхои демократияи нав, узви Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо, доктори илмҳои хуқуқшиносй, профессор.

[3] Арутюнян Г.Г. Конституционализм как фундаментальный принцип права в правовом государстве. Конституционное правосудие. Вестник Конференции органов конституционного контроля странfont-size: small; новой демократии 1 (55) 2012. С.8

[4] Телембаев Ж. Конституция как основа для развития Казахстанской государственности и стабильного поступательного развития страны. Зангер. Вестник права Республики Казахстан № 8 (133)Тамыз/август 2012. С.83.

Боиси ифтихори мо тоҷикон аст, ки афкори фалсафию сиёсию иҷтимоии гузаштагони мо низ аз мавҷудияти чунин санадҳои хусусияти конститутсионӣ дошта холӣ нест ва чуноне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд: «…гарчанде илми ҳуқуқшиносии мамолики ғарб қонунҳои асосӣ ва қонунҳои ин кишварҳоро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар ҳаллу фасли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар набудааст.

Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дувуним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофист.

Бояд гуфт, ки санади мазкур нахустин маротиба дар таърихи башар ҳуқуқ ба озодии виҷдон, ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзилро эътироф ва татбиқ кардааст.

Ба андешаи мо, аз ҷониби аҳли илм ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба таври сазовор қадршиносӣ гардидани ин санади боадолати таърихӣ ҳамчун нахустин эъломия доир ба ҳуқуқҳои фитрии инсон дар таърихи башар як амри хайр аст.

Аз ин рў, тоҷикон, ки дорои фарҳанги волои инсондўстӣ мебошанд, татбиқи орзуву ормонҳои ниёгони гузаштаи хеш ва ҳадафу талошҳои донишмандону мутафаккирони худро дар хусуси инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, қадру қимат ва шаъну номуси ў ба Конститутсияи худ ҷой доданд».

Чуноне ки зикр рафт, Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир – аввалин ҳуҷҷати навишташуда оид ба ҳуқуқи инсон аст. Куруши Кабир (давраи ҳукмрониаш солҳои 550-529 то солшумории мо), ки бунёдгузори давлати Ҳахоманишинҳо (550-330 асри VI то солшумории мо) мебошад, соли 539 бе ҷангу хунрезӣ Бобулистонро зери тассаруфи худ дароварда, Эъломияро қабул намуд. Эъломия бо супориши ў дар лавҳаи сафолии силиндрмонанд навишта шуда, зери девораҳои Бобулистон маҳфуз нигоҳ дошта мешавад. Он соли 1879 зимни кофтуковҳои археологии Бобулистони қадим аз ҷониби экспедитсияи Ормузд Рассам ёфт шуда, бо номи «Силиндри Куруш» маъруф аст. Матни он дар шаҳри Лондон аз ҷониби Генри Роулинсон донишманди тамаддуни Бобулистони қадим хонда, нашр карда мешавад.

Матни Эъломия аз 45 сархат иборат мебошад. Дар он чӣ тавр аз тарафи Куруши Кабир бе ҷангу хунрезӣ ба даст овардани Бобулистон, асир гирифтани шоҳи бедодгари он Набонид, ки ба таври оммавӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон поймол ва ибодатхонаҳои мардумро вайрон мекардааст, нақл кардаро мешавад.

Ҳамчунин, дар матни Эъломия як қатор ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла баробарӣ новобаста аз нажод, дин ва забон; озод кардан аз ғуломӣ; таҳаммулпазирии байни тамаддунҳо ва динҳо, мусофирати озод, таъмини амният ва ғ. махсус таъкид карда шудааст.

Чунончи, дар банди 25 Эъломия омадааст: «ман ба шаҳри Бобулистон ва ба ҳамаи ибодатхонаю маъбадҳои он амният овардам. Халқро, ки аз зулму бедодгарии ба ў боркардашуда азият мекашид, озод кардам. Банди 32. Худоҳоро дар ин ибодатгоҳҳо маскун карда, барои онҳо ибодатгоҳҳои доимӣ сохтам. Ман ҳамаи халқҳои онҳоро ҷамъ намуда, ба ҷойҳои зисташон баргардонидам. Банди 36. Ман ба ҳамаи заминҳо имконият фароҳам овардам, ки дўстона зиндагӣ намоянд».

Ҳамин тариқ, 2500 сол пеш аз ин аҷдоди гузаштаи мо Куруши Кабир амали инсондўстонае содир намуд, ки мислаш дар таърихи давлатдорӣ дида нашуда буд. Ў эълон кард, ки «Ҳар кас дар интихоби дин озод аст. Одамон метавонанд кадом мазҳаб ва динеро, ки ба он эътиқод доранд, қабул намоянд, инчунин барои худ касб интихоб намоянд, ба шарте, ки ҳуқуқи дигаронро поймол накунанд».

Ҳамаи яҳудиёнро аз асорат озод намуда, супориш медиҳад, ки тамоми тиллову нуқраи аз онҳо гирифташударо ба онҳо баргардонанд, барои онҳо ҳама чизи заруриро муҳайё сохта, онҳоро ба Замини Муқаддас гусел намоянд. Ў ба яҳудиён мефармояд, ки дар Байтулмуқаддас ибодатгоҳи дуюми ҳазарати Сулаймонро (шоҳи сеюми яҳудиҳо, ҳокими афсонавии шоҳии Исроил дар солҳои 965-928 то солшумории мо, давраи гул-гулшукуфии шоҳии Исроил, писари шоҳ Довуд, ки дар замони подшоҳиаш ибодатгоҳи Байтулмуқаддасро сохта буд) бунёд намоянд.Барои ин амали олиҳимматона Куруши Кабир дар Китоби Эзра, ки соли 460 то солшумории мо дар Байтулмуқаддас навишта шудааст, Нузули Масеҳ (Мессия) зикр мешавад.Бо ин сабаб Куруши Кабир дар Аҳди Қадим (Таврот) 23 маротиба зикр карда шуда, чандин маротиба дар назар дошта шудааст.

Барои некўкорию олиҳимматӣ дар Инҷил Куруш абадзинда эълон гардида, аз тарафи худо ба ў дода шудани тахту тоҷи шоҳӣ қайд карда мешавад. Аз ин рў, яҳудиён дар тамоми давраи дуру дарози таърихӣ ба наслҳои Куруш ҳамчун ба дўстон ва ҳимоятгарони худ аз истисморгарони селевидҳова римиҳо муносибат мекарданд.

Дар Эъломия дарҷ гардидаст, ки ҳамаи аҳолӣ аз эътиқод ва одатҳои гузаштагони мо ифтихор ва қаноатмандӣ мекарданд. Ҳатто юнониҳо, ки душманони доимии форсҳо ба ҳисоб мерафтанд, Курушро «қонунгузор» меномиданд. Ўро, инчунин бо номи Куруш-адолатпарвар, Куруш-олиҳиммат, Куруш-фотеҳи тавоно, Куруш-подшоҳи ботаҳаммул ном мебурданд ва шахсе, ки дар дунёи қадим то ин дараҷа ба таҳсину офарини шоҳону императорон сазовор шуда бошад, чуноне, ки Куруши Кабир сазовор шудааст, дигар вуҷуд надорад.

Соли 1971 «Силиндри Куруш» аз ҷониби СММ аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърих эълон карда шудааст. Нусхаи Эъломия ба ҳамаи забонҳои расмии СММ тарҷума ва дар СММ маҳфуз нигоҳ дошта мешавад. Рўзи 29 октябр – Рўзи байналмилалии Куруши Кабир мебошад.

Андеша ва ғояҳои инсондўстона, амалу рафтори олиҳимматона, нексириштӣ ва накўкорӣ, саховатпешагӣ ва ҷавонмардии аҷдодони дуру наздики мо барои наслҳои имрўзаву ояндаи мо ибратомўзанд, барои худшиносиву худогоҳӣ, ҳуввияти миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ мактаби нотакроранд.

Онҳо мояи ифтихори миллӣ ва сарбаландии мо – тоҷикон буда, санги маҳаки фаъолияти созандагиву бунёдкоронаи ҳазорон номбардорони миллатанд, ки дар ҳошиҳаи ин иқдомот ва андешаи миллӣ роҳбари давлати мо – Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.Саҳми арзанда ва назарраси ў дар баробари афзун намудани дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии давлати соҳибистиқлоламон, инчунин дар зиндаву ҷовид гардонидани ному амали фарзандони фарзонаи миллат беназир аст.

Ҳуқуқу озодиҳои эълондоштаи Эъломияи Куруши Кабир, аз қабили: озодии виҷдон, дахлнопазирии манзил, баробарӣ новобаста аз нажод, дин ва забон, таҳаммулпазирии байни тамаддунҳо ва динҳо, мусофирати озод, таъмини амният ва ғ. аз тарафи ҷомеаи ҷаҳон пазируфта шуда, дар тамоми санадҳои ҳуқуқӣ оид ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (1948) ва дигар санадҳои байналмилалии аз тарафи ҷомеаи ҷаҳон эътирофгардида инъикоси худро ёфтаанд.

Мо, ки худ ворисони Куруши Кабирем, дувуним ҳазорсол пас дар қонуни асосии давлати соҳибистиқлоламон худро дар назди наслҳои гузаштаамон масъул эълон намуда, Эъломияи онро ҳамчун андешаву ормонҳои миллии гузаштагонамон дар боби ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванди Конститутсия ҷой додем.

Боварӣ дорем, ки бо ин ҳама қадрдонию қадршиносӣ ва эҳтироми мақому манзалати гузаштагони худ, рўҳу арвоҳи онҳоро, ки ҳамеша пайгири муваффақияту музаффариятҳои мо буда, моро ба роҳи созандагию бунёдкорӣ ҳидоят мекунанд, шод гардонидем.

Гиёев С.Н.- узви Куматаи Маҷлиси намояндагон

оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният,

намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагон

дар Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иҷлосияе, ки наҷотбахши давлату
миллати тоҷик буд

Нимаи дуюми садаи XX ба халқи тоҷик муяссар гашт, то баъди гузашти ҳазорсолаҳо аз нав соҳиби давлати миллии худ гардад, аз нав ба ҷаҳониён оид ба соҳибдавлату соҳибтамаддун будани худ дарак диҳад, аз нав тоҷи давлатдориро дар сар гузошта, давлатеро бо номи Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон эҳё намояд. Вале ин тўҳфаи тақдир имтиҳони ҷиддиеро назди миллати мо гузошт. Паст будани фарҳанги сиёсии ҷомеа, надоштани таҷрибаи давлатдории ҷадиду мустақилона, ба ҳисоб нагирифтани хусусиятҳои давраи нави инкишоф, боло гузоштани манфиатҳои умумимиллию умумидавлатӣ ва дахолати қувваҳои манфиатдори беруна кишвари тозаистиқлоли моро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ тела доданд.

Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Аҳамияти таърихии он дар муайян намудани сохтори давлатӣ, тарзи идора ва мушаххас сохтани аслҳои (принсипҳои) асосии давлатдорӣ бениҳоят калон аст.

Иҷлосия роҳи минбаъдаи рушди давлатдорӣ – бунёди демократия дар асоси гуногунандешии сиёсию ғоявӣ, эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамгироӣ бо ҷомеаи ҷаҳониро муайян намуд.

Эълон шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки онро аксари сокинони мамлакат дар лаҳзаҳои душвортарин ҳам ҷонибдорӣ менамуданд, ба тамоми он қувваҳое, ки даъвои дигари идеологиро нисбат ба сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон пеш мегузоштанд, зарбаи қатъӣ ва ҳалкунанда буд. Дунявият ҳамчун иродаи мардум эътироф гашта, таҷассуми худро минбаъд дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ёфт.

Бояд зикр намуд, ки ҳамин омил яке аз сабабҳои асосии сар задани ихтилоф дар кишвар маҳсуб меёфт. Аз ин лиҳоз, маҳз иродаи қатъии сиёсии Сарвари давлат ба ҳама баҳсу мунозираҳо атрофи ин масъала хотима гузошта, имкон дод то ҷомеаи аз кашмакашиҳо хасташудаи Тоҷикистон ба баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои дигаре, ки ба тақвияти равандҳои созанда мусоидат намуда, кишварро аз вартаи порашавӣ раҳо мебахшид, гузарад.

Рамзҳои давлатӣ, ки муқаддассоти ҳар як давлату миллат ба шумор рафта, нишона аз давлатдорианд, маҳз дар ҳамин иҷлосия дар қатори муҳимтарин масъалаҳои замон тасдиқи худро ёфтаанд.

Боиси тазаккур аст, ки дар ҳамин иҷлосия ҳукумати нав таъсисёфта, аз рўзҳои аввали ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ содиқ будани худро ба аслҳои башардўстона нишон дод. Яке аз аввалин изҳороти Раиси Шўрои Олии мамлакат Эмомалӣ Раҳмон – ин оид ба масъалаи баргардонидани гурезаҳо аз хориҷи кишвар буд. Ин бори дигар собит месохт, ки Сарвари давлат муҳимияти масъаларо бо тамоми ҳастиаш эҳсос намуда, ба хубӣ дарк мекард, ки маҳз тавассути сарҷамъии мардум метавон ба дастовардҳои назаррас дар мамлакат ноил гашт.

Нишонаи дигари ба аслҳои башардўстона содиқ будани ҳукумати нав, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» буд.

Иҷлосияи XVI ба ташаккулёбии фарҳанги нави сиёсӣ замина гузошт. Истиқлолият, ягонагӣ, ваҳдат ва сулҳу салоҳ дар ҷомеа арзишҳое эътироф гаштанд, ки асоси фарҳанги нави сиёсиро ташкил медоданд.

Чун имрўз таҷрибаи сулҳи тоҷикон мавриди омўзишу баррасии ҷомеашиносон қарор дорад, набояд фаромўш кард, ки принсипи асосии сулҳофарӣ маҳз дар ҳамин иҷлосияи тақдирсоз муайян шуд. Маҳз ҳамин принсипи асосгузор тавонист дар марҳалаҳои минбаъда зина ба зина амалӣ гашта, ба ҷаҳониён модели нави сулҳофариро тақдим намояд. Имрўз ҳар як тоҷику тоҷикистони аз он ифтихор мекунад, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар саросари олам омўхта мешавад.

Ҳамчунин ногуфта намонад, ки аз ҷониби мо вакилони парлумон дар нимаи аввали моҳи августи соли ҷорӣ дар давлати Белгия шаҳри Брюсел дар Иттиҳоди Аврупо оид ба таҷрибаи сулҳи тоҷикон вохўрӣ ва баромади вакилон баргузор гардида буд.

Аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар он аст, ки ташаккули ғояи ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ маҳз дар ҷараёни он ба миён омада буд. Пайдоиши ин ғоя худ як зарурати таърихӣ ба ҳисоб мерафт, ки қодир буд халқи парешонгаштаи тоҷикро сарҷамъ созад. Дар чунин шароит мебоист, бо назардошти хатарҳои мавҷуда ба хотири таъмини пойдории давлат ҳама ғаразро як тараф гузошта, дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат ҷамъ омада, баҳри ягонагӣ ва гул гулшукуфии Тоҷикистон талош намоянд. Маҳз тавассути Иҷлосияи XVI дар дили мардум чунин эҳсоси боварӣ пурзур шуда насими сулҳу созиш, ки мардуми мо онро дер боз интизор буданд, ҷомеаро фарогир гашт.

Дар ҳақиқат ҳам ин анҷумани таърихӣ, ки мо дар арафаи 20- солагии таҷлили он қарор дорем, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон аҳамияти бениҳоят бузург дорад. Маҳз ҳамин иҷлосия тавонист анҷумани тақдирсозу созанда гашта, сабақи фаромўшнашавандае дар роҳи пуршебу фарози бунёди давлатдории миллии мустақил барои наслҳои имрўзу оянда гардад. Маҳз ҳамин анҷуман оғози наҷоти давлатдории миллӣ, якпорчагӣ, дўстию бародарӣ ва пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлолу ягона гашта, тавонист ба ҷаҳониён хиради азалии миллати тоҷик – таҳаммулпазирию башардўстӣ, қобилияти сулҳофарӣ ва давлатсозии онро собит созад.

Оймаҳмадов М.Д.- Судяи Суди Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар таҳкими мақомоти судӣ

16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки маҳз аз ҳамин рўз давлати навтаъсиси тоҷикон ба иҷрои вазифаи муқаддаси худ: барпо намудани давлати мустақил ва таъмини амнияти шаҳрвандон ва оғоз намуд. Ба фаъолияти Шўрои Олӣ ва Раёсати он Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ин мансаб бо Қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 ноябри соли 1992 интихоб шуда буд, роҳбарӣ мекард. Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати сарвари давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзи аввали фаъолияти хеш таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ўҳда гирифт. Ҳануз 12 декабри соли 1992 муроҷиатномаи Сарвари давлат ба халқи шарифи Тоҷикистон, ки дар асл ин санад як барномаи муфассалу муназзами давлатсозӣ буд, пахш гардид, ки дар он ҳалли як силсила чораандешиҳои таъминкунандаи амният ва ҳаёти осоиштаи мардум пешбинӣ шуда буд.

Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳифаҳои таърихи навини халқи тоҷик ҳамчун иҷлосияи наҷотбахшу сарнавиштсоз ворид гардида, аз лиҳози моҳияти нақш ва қимати таърихӣ ба Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон арзиши баробар дорад. Зеро ин иҷлосия, давлати навбунёдро аз фанову парокандагӣ эмин нигоҳ дошта, миллати тоҷикро аз гирдоби ҷангу ҷидол ва нобасомониҳо берун кашид.

Яке аз фазилатҳои неки Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он буд, ки тақдири Ватану мардуми кишварро ба дасти нафаре дод, ки ҷомеаи Тоҷикистонро ба ҳам оварду, сулҳу осоиш, истиқлолияту рукнҳои давлатиро пойдор намуд.

Ҳанўз дар ҷараёни Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавқеи худро оид ба тарафдорӣ аз давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд қотеъона изҳор дошта буд ва ин мавқеъ дар муроҷиатнома бо зикри роҳҳои заминагузории чунин давлат тасдиқ карда шуд. Дар роҳи эъмори давлати навини Тоҷикистон чораандешиҳои амалии Ҳукумати навтаъсис бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон нақши барҷаста бозид. Сарвари давлат озодии инсонро ба сифати нахустзаминаи ҷомеаи ҳуқуқбунёд, ки ташкили онро ҳанўз дар Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мароми ниҳоии худ эълон карда буд, муайян намуда, чунин изҳор дошт: «Маҳз озодии инсон шаклу мазмуни соҳибихтиёрии миллӣ ва давлатиро муайян мекунад ва давлатҳо фақат ҳамон вақт пешқадам қаламдод мешаванд, ки ба озодиҳои инсон мадад расонанд».

Музафариятҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маҳз аз Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидо мегирад. Аз Иҷлосияи тақдирсози зикргардида сар карда, дар низоми сиёсии давлатдории тоҷикон тағйироти ҷиддие ба мал омада, вазифаҳои пурмасъулияту тақдирсозеро баҳри таҳкими истиқлолият ва давлатдорӣ ба миён овард. Миллати тоҷик бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намуд, то ки Тоҷикистон ба қатори давлатҳои мутараққӣ ва мутамаддин ворид гардад. Инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ зарурати ислоҳоти сиёсию ҳуқуқиро ба миён овард.

Минбаъд давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парлумони мамлакат баробари ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ба гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ ва судӣ рў оварда, қонун ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҷавобгў ба талаботи давлати демократиро таҳия ва қабул намуданд.

Нақши Иҷлосияи тақдирсоз дар такмил додани мақомоти судии кишвар, таъмини адолати судӣ, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрванд, инсон ва давлату ҷомеа басо калон мебошад.

6 ноябри соли 1994 ҳуҷҷати барои давлату миллати тоҷик сарнавиштсоз – Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки он ба раванди ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузошт. Принсипи конститутсионии таҷзияи ҳокимият дар моддаи 9-и он баён карда шуда, се шохаи ба ҳам алоқаманди ҳокимият: қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ муайян карда шуд, ки ба инкишофи муътадили демократикунонии ҷамъият, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон мусоидат намуд.

Демократикунонии ҷомеа, эъмори давлати ҳуқуқбунёд ва пурзўр кардани ҳокимияти давлатӣ ба фаъолияти судҳо низ вобастагии зич дорад, зеро ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақил буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат, ташкилот, корхонаҳо, муассисаҳо, қонуният, адолат ва умуман кафолати волоияти қонун дар ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Дар ҷомеаи шаҳрвандӣ мақсаду мазмуни фаъолияти мақомоти давлатиро бояд ҳуқуқу озодиҳои инсон муайян созанд. Қонунҳо набояд қоидаҳои рафтореро муайян намоянд, ки онҳо ба ҳуқуқу озодиҳои инсон мувофиқ набошанд. Ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдор дар фаъолияти худ, пеш аз ҳама, бояд риояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба мадди аввал гузоранд.

Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, ки «Бояд таъкид кард, ки ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ бе мавҷудияти низоми дақиқан муайяншудаи мустақил ва беғарази судӣ аз имкон берун аст. Дар таъмин намудани волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар бузург мебошад».

Дар натиҷаи таҳкими ваҳдат ва ризояти миллӣ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 26 сентябри соли 1999 ба Конститутсияи (Сарқонуни)-и кишвар як қатор тағйироту иловаҳо ворид гардида, Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки воҳидҳои мақомоти судии кишвар, ба истиснои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ ба Шўрои адлия тобеият пайдо карданд.

Бо назардошти пешравиҳо, ҷомеа маротибаи дуюм ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ (референдум) 22 июни соли 2003 тағйиру иловаҳои нав ворид гардид, ки ин давоми ислоҳоти судӣ ба ҳисоб рафта, мўҳлати ваколати судяҳо аз 5 то 10 сол, синни ниҳоии дар мансаби судягӣ будан аз 60 то ба 65 сол муқаррар гардид.

Дар моддаи якуми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштани бунёди давлати соҳибихтиёр, демократию ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ва арзиши олӣ эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон аз мақомоти дахлдори давлатӣ тақозо мекунад, ки бо мақсади ҳифз, риоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ҷиҳати муҳайё сохтани шароити арзандаи зиндагонии ҳар як фарди кишвар тадбирҳои судманд андешида, механизми кафолати воқеии таъмини онҳоро ба вуҷуд оваранд.

Адолати судӣ яке аз воситаи ба амал баровардани адолати иҷтимоӣ буда, дар ҳифз намудани ҳуқуқи инсон мавқеи хоса дорад.

Дар Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007 №271 тасдиқ шуда буд, қайд гардидааст, ки хусусияти хоси адолати судӣ, ба мисли мустақилияту беғаразии судяҳо ва танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат намудани онҳо, принсипҳои демократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, дар асоси баҳсу мунозира сурат гирифтани мурофиаи судӣ, баробарҳуқуқии иштирокчиёни мурофиа кафолати муҳими таҳкими қонунияту адолат ва рушди демократии ҷомеа ва давлат мебошад.

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишон дода шудааст, ки адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳокимияти мустақили судӣ ба амал бароварда мешавад.

Адолати судӣ танҳо бо роҳи муайянкардаи қонун ба амал бароварда мешавад. Дар давлати ҳуқуқбунёд роҳҳои дигари ба амал баровардани он вуҷуд надорад ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад. Дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳҳои ба амал баровардани адолати судӣ муайян карда шудаанд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007, №271 «Дар бораи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таҳкими мақомоти судӣ ва иҷрои вазифаҳои дар наздаш гузошташуда роҳи васеъ кушод.

Барномаи номбурда муносибати ҳокимияти судиро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бевосита дар ба амал баровардани адолати судӣ робитаи ҷудонашаванда доранд, низ муайян менамояд.

Асоси ислоҳоти судӣ ин тақвият бахшидани мақоми суд, ҷараёни демократикунонии мурофиаи судӣ ва дар пояи он куллан тағйир додани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

Қабул гардидани як силсила қонунҳо, аз ҷумла кодексҳои мурофиавии гражданӣ, судии иқтисодӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳо «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи судҳои ҳакамӣ», «Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар судҳои вилоятӣ, суди шаҳири Душанбе, Суди Олӣ ташкил гардидани коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ, маъмурӣ ба таҳкими ҳокимияти судӣ мусоидат намуда истодааст, ки нақши Иҷлосияи тақдирсози номбурда дар ба амал баровардани ин муваффақиятҳо мавқеи хоса дорад.

Қисми зиёди ваколатҳои амрдиҳӣ доир ба пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтан, кофтукови манзил, ҳабси молу мулк, муваққатан аз вазифа дур кардан ва ғайраҳо тибқи Кодекси нави мурофиавии ҷиноятӣ аз 1 апрели соли 2010 ба салоҳияти суд вогузор карда шудаанд.

Тағйироту иловаҳо ва қабул гардидани қонунҳои нав салоҳияти судҳоро васеъ ва масъулияти онҳоро дучанд месозанд, ки ин ҳама музафариятҳо аз роҳи дурусти пешгирифта ва қабули қарорҳои асосноки тақдирсози Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд.

Кодекси нави мурофивии ҷиноятӣ кулли ҷабҳаҳои фаъолияти пешбурди мурофиаи ҷиноятиро бо назардошти стандартҳои умумиэътирофшуда комилан тағйир дода, доираи салоҳияти ҳокимияти судиро дар таъмини адолати судӣ васеъ намуд.

Маҳз меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ ифодаи пурра ва мукаммали худро дар Кодексҳои нави қабулгардида дарёфт кардаанд. Чунончи, принсипҳои ҳифзи судӣ (моддаи 8), қонуният (моддаи 9), эҳтироми шаъну шараф (моддаи 10), дахлнопазирии шахсият (моддаи 11), дахлнопазирии манзил (моддаи 13), эҳтимолияти бегуноҳӣ (моддаи 15), баробарӣ дар назди қонун ва суд (моддаи 16), мустақилияти судяҳо (моддаи 17), мубоҳиса ва баробарии тарафҳо (моддаи 20) ва ғайраҳо.

Мутобиқи меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судӣ дар асоси баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ва суд қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил, молу мулк ва ҳолатҳои дигар сурат мегирад. Шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаа дар қаламрави Тоҷикистон ба мисли шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳуқуқи ҳифзи судӣ баробар истифода мебаранд.

Ин меъёрҳо ба моддаи 7-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар хусуси баробарии ҳама дар назди қонун ва бидуни ҳеҷ як тафовут ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон пурра мувофиқат мекунанд.

Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳам алоқамандии зич дошта, ҳарду дар якҷоягӣ барои ҳар як шаҳрванди кишварамон муқаддасу азиз ҳастанд.

Бо шарофати истиқлолият ва оромӣ дар ҷомеаи навини мо татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуӣ идома дорад ва он ба бунёди давлати воқеан ҳуқуқбунёди шаҳрвандӣ равона карда шудааст.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 14 апрели соли 1997 дар мустаҳкам намудани фаъолияти ҳокимияти судӣ ва баланд бардоштани мавқеи он дар ҷомеа нақши муҳим бозид.

Ҳамзамон, дар Паёми Ҷаноби Олӣ аз 15 апрели соли 2009 пешбинӣ гардидааст, ки: «Механизми муҳими ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини волоияти қонун мақомоти ҳокимияти судӣ мебошад. Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии давлат ва ташкилоту муассисаҳо мувофиқи мақсад аст, ки ислоҳоти судӣ идома дода шуда, барномаи нави мукаммали соҳа барои солҳои минбаъда таҳия карда шавад».

Дар доираи ба иҷро расонидани ин нуқтаи нишондоди Сарвари давлат «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» таҳия ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011 тасдиқ гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 қайд кардааст, ки «Баъди қабули Конститутсияи кишвар ва ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидани суд давлат ҷиҳати таҳкими асосҳои он пайваста таваҷҷўҳ зоҳир менамояд.

Дар ин раванд, давра ба давра татбиқ шудани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва дар доираи он такмилу таҳким бахшидан ба сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ, мустаҳкам намудани асосҳои моддиву техникии онҳо ва беҳтар кардани вазъи ҳуқуқиву иҷтимоии судяҳо аз ҷумлаи ин тадбирҳо ба шумор меравад.

Дар соли 2011 музди меҳнати судяҳо ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. Ҳамзамон бо ин, дар ду соли охир 70 воҳиди иловагии мансаби судягӣ ва 71 воҳиди корӣ барои дастгоҳи судҳо ҷудо гардидааст.

Дар навбати худ ҳокимияти судӣ вазифадор аст, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро меҳвари фаъолияти худ қарор дода, тавассути қабули санадҳои одилонаву қонунӣ татбиқи дурусти меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо адолати судиро таъмин намоянд. Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Шўрои адлия, Вазорати адлия ва дигар мақомоти дахлдори давлатиро зарур аст, ки иҷрои саривақтии Барномаи ислоҳоти судӣ ҳуқуқиро барои солҳои 2011-2013 таъмин намоянд.»

Дар охир қайд кардан зарур аст, ки маҳз иҷрои вазифаҳои дар Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки имрўз Тоҷикистон дар шароити суботу оромӣ ва рушду такомули муназзаму боэътимод қарор дошта, соҳиби музаффариятҳои дар боло зикргардида гардид.

Раҷабов А.- Сардори Раёсати судҳои

Дастгоҳи Шўрои адлияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иҷлосияи ХVI-уми Шўрои Олӣ ва
ислоҳоти ҳокимияти судӣ

Халқи соҳибтамаддун ва сулҳофари тоҷик дар остонаи ду ҷашни барои мо муҳим ва муқаддас – 18-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии Иҷлосияи тақдирсози ХVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар ҳақиқат ҳам ин ду руйдоди фараҳбахши таърихии миллати мо бо ҳам иртиботи ногусастанӣ дошта, баргузории Иҷлосияи ХVI-уми Шўрои Олии кишвар ва қонуну қарорҳои қабулнамудаи он барои қабули Конститутсия заминаи воқеӣ гузошт.

Дар оғози даврони истиқлолияти давлати тозабунёди мо, бо дахолат, дастгирӣ ва таъсири бадхоҳони дохилию хориҷии давлат, Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Дар марказ, ҷануб ва шарқи мамлакат, ки вазъияти ноором ҳукмфармо буд, ҳамаи рукнҳои давлатдорӣ фалаҷ гардида буданд ва кафолати кори муназзами Иҷлосия ва бехатарии вакилон вуҷуд надошт. Ба хотири барқароркунии сохти конститутсионӣ, асосҳои давлатдорӣ, таҳкими шохаҳои ҳокимият вакилони мардумии ҳамаи манотиқи кишвар ба хулоса омаданд, ки Иҷлосияи навбатиро дар минтақаи нисбатан ороми кишвар шаҳри Хуҷанди бостонӣ гузаронанд.

Ҳамин тавр, Иҷлосияи ХVI-уми Шўрои Олии кишвар 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар ин Иҷлосия дастоварди бузурги вакилони мардумӣ – ин пеш аз ҳама ба ҳайси Раиси Шўрои Олӣ-роҳбари давлат интихоб намудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҳанўз дар муроҷиатҳои аввали худ Сарвари тозаинтихоби давлат вобаста ба вазъи ҳамонвақтаи кишвар иҷрои вазифаҳои зеринро дар мадди аввал гузошта буданд:

– дар тамоми гушаву канори Тоҷикистон барқарор намудани ҳокимият ва мақомоти идоракунӣ ва таъмини кори пурмасъули онҳо;

– барқарор намудани сохтори амалкунандаи муҳофизати ҳуқуқ дар маҳалҳо ва барои онҳо дар иҷрои вазифаи худ фароҳам овардани шароити мусоид;

– таъсис додани артиши миллӣ;

– пурзўр кардани дифои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид шудани ҷумҳурӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ.

Тибқи муқаррароти қонунҳои дар ин Иҷлосия ва инчунин қарорҳои аз ҷониби Раёсати Шўрои Олӣ қабулшуда, соли 1993 барои амали намудани адолати судӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Суди Олии кишвар Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ таъсис дода шуд. Баъдан, дар моҳи июни соли 1994 судҳои ҳарбии гарнизонҳо таъсис дода шуданд, ки онҳо дар барқароркунии қонунияту тартибот дар Қувваҳои Мусаллаҳ нақши муассир бозиданд.

Бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи Роҳбари давлат, халқи тоҷик тариқи райъпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи кишварро қабул намуд.

Тибқи талаботи моддаи 9 Конститутсия, ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.

Тартиби ташкил ва фаъолияти судҳоро дар ин давра қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи сохтори судҳо», ки 3 ноябри соли 1995 қабул карда шуда буданд, ба танзим медароварданд.

Дар ин давра барои ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ ва баҳсҳои аз муносибатҳои соҳибкорӣ бармеомада, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон судҳои иқтисодӣ ташкил карда шуда.

Барои мустаҳкам намудани яке аз рукнҳои ҳокимияти давлатии кишвар – мақомоти судӣ, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1997 №692 «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустаъқилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нақши бузург дошта, он барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, таъмини ташкилии судҳо равона карда шуда буд. Аз ҷумла, бо ин Фармон мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо вазифадор карда шуда буданд, ки барои сохтмону таъмири биноҳои судҳо ва беҳдошти вазъи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо мусоидат намоянд. Ин Фармон мустаъқилияти судҳоро боз ҳам устувортар гардонида, барои инкишофи минбаъдаи онҳо нақши бағоят муҳим бозид.

Барои аз тобеияти мақомоти иҷроия баровардани мақомоти судӣ Президенти кишвар зимни пешниҳоди таклифҳо оид ба воридкунии тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат дар бораи таъсиси мақоми коллегиалӣ – Шўрои адлия пешниҳод намуд, ки ин пешниҳод аз ҷониби халқ дастгирӣ ёфта, ба Сарқонуни кишвар ворид карда шуд.

Дар ин замина, бо мақсади таҳия намудани таклифҳо оид ба гузаронидани ислоҳоти судӣ, хоста гирифтан, пешбарии номзадҳо ба мансаби судягӣ, озод намудани судяҳо аз вазифа, ташкил намудани имтиҳоноти тахассусӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1999 Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Шўрои адлия дар аввал аз 9 аъзо иборат буд ва бо ҳамин ҳайат то 14 марти соли 2003 фаъолият намуд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2003 ба ҳайати Шўрои адлия тағйирот ворид карда шуда, шумораи аъзои Шўро то ба 7 нафар ихтисор карда шуд.

Тибқи муқаррароти моддаи 96 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазифаҳои Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборат аст:

пешниҳод намудани таклифҳо оид ба такмили системаи судию ҳуқуқӣ ва мусоидат намудан ба мустаҳкам шудани мустақилияти судҳо;

таъминоти ташкилӣ, молиявӣ, моддию техникии судҳо, хоста гирифтан ва тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судягӣ ва коромўз-судя, такмили ихтисоси судяҳо, коромўз-судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо.

Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он таҳлили пурраву амиқи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дарҷ гардидааст, як барномаи мукаммали рушди кишварамон ба шумор рафта, дар он аҳамияти бузурги нақши ҳокимияти судӣ дар кори мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрвандон таъкид гардид, махсусан қайд карда шудааст, ки адолати судӣ дар ҳақиқат ҳам бояд ҳамчун яке аз кафолатҳои асосии таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон бошад. Дар Паёми худ Президенти ҷумҳурӣ ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ зикр намуданд, ки таъмин намудани қонуният ва адолат аз ҷониби ҳокимияти судӣ шарти муҳимтарини пешрафти мамлакат ва расидан ба мақсадҳои ниҳоие мебошад, ки мо дар назди худ гузоштаем.

Бо мақсади амалӣ намудани ин рисолати бузург ва таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи он дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, таъмини ҳамаҷонибаи қонунияту адолат бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007 Барномаи ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010 тасдиқ гардида буд.

Бо ба иҷро расонидани муқаррароти ин Барнома кодексҳои нави мурофиавии гражданӣ ва ҷиноятӣ, судии иқтисодӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва як қатор қонунҳои нав қабул ва ба қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Тибқи навгониҳои ин кодексҳо, аз ҷумла дар мурофиаи гражданӣ мурофиаи фармонӣ ва ғоибона, дар мурофиаи иқтисодӣ мурофиаи соддакардашуда пешбинӣ гардид.

Бо мавриди амал қарор дода шудани Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ маҳдудкунии ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд – аз он ҷумла интихоби чораҳои пешгирии ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтан, иҷозати ҳабси амвол, ҳабси маблағҳои пулӣ в суратҳисобҳо, иҷозати дар табобатгоҳ ва касалхонаҳои равонпизишкӣ ҷой намудани гумонбаршуда ва айбдоршавандаҳои дар ҳабс набуда, гўш ва сабт кардани гуфтугўи телефонӣ ва ғ. ба салоҳияти судҳо гузаронида шуданд.

Дар сохтори судҳо-яъне дар Суди Олӣ, суди ВМКБ, вилоятҳо ва суди шаҳри Душанбе коллегияҳои маъмурӣ ва оилавӣ таъсис дода шуд.

Бинобар ин, ҳам бо Фармони Президенти кишвар аз 26 январи соли 2010, №777 ба мақомоти судӣ 50 воҳиди кори судягӣ илова карда шуд, ки аз ин 6 воҳиди барои таъсиси коллегияҳо оид ба парвандаҳои оилавӣ ва маъмурии судҳои шаҳри Душанбе, вилояти Суғду Хатлон, 3 воҳид барои таъсиси чунин коллегияҳо дар суди ВМКБ ва 29 воҳиди судягӣ барои пурра намудани ҳайати судҳои якҳайата пешбинӣ гардида буд.

Институти нав – коромўз судя таъсис дода шуд.

Ҷиҳати иҷрои талаботи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2008 №495 «Дар бораи коромўз-судя» бо риояи талаботҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомнома дар бораи коромўз-судя ва бо мақсади хоста гирифтан ва ҷобаҷогузории кадрҳои арзанда, баъди супоридани имтиҳон 15 нафар ба вазифаи коромўз-судя таъин карда шуданд.

Ҳамин тавр, ду соли баъдина 55 нафари коромўз-судяҳо қабул карда шуда, баъдан ба вазифаи судягӣ таъин карда шуданд. Соли 2011 75 нафар коромўз судяҳо қабул ва барои таъин ба вазифаи судягӣ тайёр ва аз ин ҳисоб 42 нафарашон ба вазифаи судягӣ таъин карда шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатӣ ба Парлумони кишвар аз 24 апрели соли 2010 бори дигар дар иртибот ба масъалаҳои марбут ба мақомоти судӣ таваҷҷўҳ намуда, таъкид намуданд, ки Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар рушд ва тақвияти ҳокимияти судӣ нақши арзанда гузоштааст. Аз ин рў, ҷиҳати идомаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва таҳияи Барномаи нави мукаммали соҳа дастур доданд.

Дар ин замина, бо Фармони Президенти кишвар аз 3 январи соли 2011 Барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013 тасдиқ гардид, ки дар он ҳалли масъалаҳои таҳияи Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қабули қонунҳои нав, ки ба беҳдошти раванди татбиқи адолати судӣ равона кардашудаанд, инчунин беҳдошти вазъи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо пешбинӣ гардидаанд.

Дар доираи иҷрои талаботи Барнома оид ба масъалаҳои пурра намудани ҳайати баъзе аз судҳо ва ба танзим даровардани сарбории судяҳо, ки барои ҳаматарафа ва дар муҳлатҳои пешбиникардаи қонун баррасӣ намудани парвандаҳои судӣ ва қабули санадҳои қонунию асоснок мусоидат менамояд, мавриди таҳлилу омўзиш қарор дода шуданд. Вобаста ба ин масъала, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2011 №1044 ба судҳои алоҳида 17 воҳидҳои иловагии вазифаи судягӣ, аз ҷумла 2 воҳиди муовини аввали раисони судҳои ноҳия ва 35 воҳид вазифаи корманди дастгоҳи судҳо ҷудо гардид.

Боиси қайд аст, ки ҳамасола пешбинӣ намудани афзоиши маблағгузории мақомоти судӣ дар буҷети давлатӣ ва баробар кардани вазъи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо ба вазъи иҷтимоии кормандони дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ аз талаботҳои ислоҳоти соҳа буда, баҳри амалӣ намудани ин ҳадафҳо бо Фармони Президенти мамлакат аз 2 августи соли 2011 №1126 маоши моҳонаи вазифавии судяҳои судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, судҳои иқтисодӣ ва судҳои шаҳру ноҳияҳо ба андозаи 100% зиёд карда шуд.

Шўрои адлия фаъолияти худро дар самти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар мақомоти судӣ дар доираи талаботи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008 №34 «Дар бораи Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» ва аз 2 сентябри соли 2010 №431 оид ба Тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия, инчунин Барномаи дохилиидоравӣ ва Нақшаи чорабиниҳо баҳри таъмини иҷрои санадҳои зикргардида ба роҳ мондааст. Дар заминаи санадҳои ҳуқуқии номбаршуда, бо фармони Раиси Шўрои адлия аз 20 сентябри соли 2010 №25/1 аз ҳисоби кормандони ботаҷриба ва собиқадори дастгоҳи Шўрои адлия, раёсату шўъбаҳои он дар вилоятҳо ва раисони як қатор судҳо комиссияи корӣ таъсис дода шудааст, ки он пайваста таҳдиди хатари коррупсионӣ ва вазъи содиршавии ин қабил ҷиноятҳоро таҳлилу омўзиш намуда, дар бораи пешгирӣ ва сабабу омилҳои ба он мусоидаткунандаро таклифҳо манзур менамояд.

Ҳамзамон, ҷиҳати пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ дар мақомоти судӣ, инъикоси шаффофияти фаъолияти судяҳо ва робитаи шаҳрвандон бо кори судҳо сомонаи интернетии Шўрои адлия ва судҳои ҷумҳурӣ бо зикри почтаи электронӣ ва телефонҳои боварӣ амал мекунад.

Бобати иҷрои фармоиши Президенти кишвар аз 4 августи соли 2010 №РП-1366 аз ҳисоби маблағҳои сарфашуда ба маблағи 136000 сомонӣ дар биноҳои судҳои шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шудаанд. Дар вақти ҳозира тамоми биноҳои судҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо чунин камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Ин аст мухтасаран тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ислоҳоти сохтори судӣ, ки ҳамаи онҳо аз қарорҳои Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шўрои Олии кишвар ва Конститутсияи (Сарқонуни) мамлакат сарчашма мегиранд.

Нозиров Н.А.- cардори кафедраи Мурофиаи ҷиноятии

Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқ

Қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон

Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Истиқлолият барои ҳар як миллату давлат неъмати бебаҳост. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ халқи тоҷик ба аз нав зинда гардонидани давлати соҳибистиқлоли миллии худ ноил гардид. Дар Тоҷикистон аз рўзҳои аввали истиқлолият ғояҳои давлати ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ, волоияти қонун ва қонунҳои ҳуқуқӣ тавлид ёфт, ки дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа ба мушкилоту монеаҳои сангин рў ба рў гардид. Вале ба ин мушкилот нигоҳ накарда, бо гузашти муддати начандон тўлонӣ, дар Тоҷикистон фарҳанги сиёсӣ-ҳуқуқӣ шакли нав ва низоми давлатдории ҷавобгў ба ормонҳои деринаи миллӣ ба вуҷуд оварда шуд. Дар навбати худ дар ҳамаи системаи ҳуқуқии мамлакат бо шиддат ислоҳот сар шуд, дар алоҳидагӣ роҳҳои мукаммалгардонии системаи ҳуқуқӣ ва ислоҳоти судӣ ба нақша гирифта шуд.

Асоси аз нав ташаккулёбии ҳуқуқ ва қабули конститутсия дар Тоҷикистон, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»[1] аз соли 1994 гардид, ки мақсади соҳибистиқлолии Тоҷикистонро, ҳамчун ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон намуд ва мавқеи Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мустаҳкам кард.


[1] Ахбори Шўрои Олии Чумхурии Точикистон, соли 1994, № 13, мод.194.

Минбаъд муҳимтарин давраи ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон – ин бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол (аз 06.11.1194) буд. Конститутсия асоси ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро бо ҳама ҷузъҳояш дар мамлакат мустаҳкам кард. Ҳаминро бояд қайд кард, ки дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамаи шаҳрвандон озод ва комилҳуқуқ мебошанд. Дар Конститутсияи Тоҷикистон низ оид ба ин масъала як боби алоҳида (Боби II) бахшида шудааст, ки ҳуқуқу озодии инсонро дар ҳама самтҳои муносибати ҷамъиятӣ кафолат медиҳад. Хусусан дар самти ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ якчанд моддаҳои аниқ, ба мисли моддаҳои 5, 14, 16, 17-23 ва ғ. доимо дар муносибатҳои ҳуқуқии мурофиавии ҷиноятӣ бояд риоя ва кафолат дода шаванд.

Имрўз, ки мо дар остонаи таҷлили 19-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва дар 16-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, метавонем ба таври возеҳ аз дастовардҳо ва камбудиҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар соҳаи мурофиаи ҷиноятӣ низ сухан ронем.

Агар ба таърихи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон назар афканем, то ба имрўз ба мо ҳафт кодексҳои мурофиавӣ-ҷиноятии (дар оянд КМҶ) расман қабулгардида омада расидааст. Кодексҳои мурофиавӣ-ҷиноятии соли 1922 ва соли 1923-и РШСФР, Кодексҳои мурофиавӣ-ҷиноятии РШС Ўзбекистон аз соли 1926 ва соли 1929, аввалин КМҶ дар РШС Тоҷикистон бошад, соли 1935 қабул гардида буд, баъдтар соли 1961 ва дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон аввалин КМҶ ҶТ аз 03.12.2009 қабул гардид, ки аз 01.04.2010 мавриди амал қарор дорад.

Дар Тоҷикистон масъалаи муайян намудани сифати КМҶ то ба ҳол аз лиҳози назариявӣ ва таҷрибавӣ мавриди тадқиқи ҷиддӣ қарор нагирифтааст.

Сараввал он тағйироту иловаҳое, ки дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба КМҶ аз соли 1961 ворид шуда буданд, таҳлил намуда, сипас ҷиҳатҳои мусбат ва манфии КМҶ-и нави амалкунандаро дида мебароем.

Аз рўзи эълон гардидани Истиқлолияти давлатӣ, яъне аз 9-уми сентябри соли 1991 то 01.04.2010 дар Тоҷикистон қонунгузории мурофиавии ҷиноятии соли 1961 қабулгардида амал мекард, ки дар давоми қариб чор даҳсолаи мавҷудияти он ба Кодекс бо 17 Фармонҳои Шўрои Олӣ ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 500 тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд, ки ҳатто баъзе меъёрҳо чанд маротибагӣ иваз гардидаанд.

Нахустин маротиба дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба ин Кодекс баъд аз ташкили мақомоти давлатии гумрук, яъне соли 1992, ки ба салоҳияти он пешбурди таҳқиқ вогузор шуда буд, тағйирот ба моддаи 113 КМҶ ворид карда шуд. Мақомоти гумруки ҶТ ваколатдор шуд, ки тафтишоти пешакиро дар шакли таҳқиқ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба вайрон намудани муносибатҳои ҳуқуқии гумрукӣ, ки метавонанд ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ҳаёт ва саломатии шаҳвандон зарар расонад, амалӣ кунад.

Сипас, соли 1993 ба моддаи 122 ин Кодекс (тобеияти тафтиши пешакии мақомоти тафтишотро ба танзим медаровард), ки мақомоти прокуратура тафтиши пешакиро бо моддаи 74 (Бандитизм) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (минбаъд КҶ ҶТ) анҷом медод, тағйирот ворид карда шуд. Пас аз ворид намудани чунин тағйирот, тобеияти тафтиши пешакии чунин парвандаҳо ба дигар дастгоҳҳои тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор карда шуд, яъне кадом мақомоте, ки бо моддаи номбурдаи КҶ парвандаи ҷиноятиро оғоз менамуд, ҳуқуқ пайдо мекард, ки тафтишоти пешакиро то ба охир гузаронад.

Боз дар ҳамин сол ба моддаи 10 КМҶ ҶТ дар бораи ҳайати суд тағйирот ворид карда шуд. Баъд аз ворид намудани чунин тағйирот, судяи суди марҳилаи якум ҳуқуқ пайдо кард, ки ҳамаи парвандаҳои ҷиноятии вобаста ба ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиршуда, дар баробари ин, ҷиноятҳои ба таври қасдона содиршудае, ки қонун ҷазои ҷиноятии аз озодӣ маҳрум намуданро то 10 сол пешбинӣ намудааст, танҳо баррасӣ намояд. Пеш аз ин тағйирот ҳамаи парвандаҳои ҷиноятӣ дар судҳои марҳилаи якум ба таври истисноӣ дастҷамъона, дар ҳайати судя ва ду машваратчии халқӣ баррасӣ карда мешуд. Баррасии парвандаҳои ҷиноятие, ки қасдона содир шудаанду тибқи муқаррароти КҶ ҷазои ҷиноятии аз озодӣ маҳрум карданро аз 10 сол зиёд пешбинӣ намудааст, дар судҳои марҳилаи якум дастҷамъона, дар ҳайати судя ва ду машваратчии халқӣ баррасӣ карда мешуданд[1].

Баъдтар, соли 1995 ба моддаи 32 КМҶ низ тағйирот ворид карда шуд[2], ки ин тағйирот ваколати судии баррасии парвандаҳои ҷиноятии суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ ва суди шаҳри Душанберо васеъ намуд.

Дар соли 1998 ба КМҶ бо сабаби қабули Кодекси ҷиноятии нави ҶТ зиёда аз 36 банд тағйироту иловаҳо ворид карда шуд. Ин тағйироту иловаҳо бошанд, асосан бо иловаи ду моддаи нав «дар бораи озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ», ба тағйир додани тобеияти судӣ ва тафтишоти пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ва иваз намудани рақами моддаҳои КҶ-и куҳна ба КҶ-и нав, ки дар моддаҳои алоҳидаи КМҶ дарҷ гардида буданд, сурат гирифт.

Ҳамин тавр, солҳои 1999, 2000, 2002, 2004, 2005, 2007, 2008 ва 2009 ба КМҶ-и соли 1961 тағйироту иловаҳои зиёде ворид карда шудаанд, ки онҳо асосан ба модаҳои 10, 23, 32, 33, 44, 329, 330, 339, 378, 113 (мақомоти таҳқиқ) ва 122 КМҶ (мақомоти тафтиши пешакӣ ва тобеияти тафтишӣ) бештар тааллуқ доштанд. Тағйироти воридгардида барои таъмину риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ кам дахолат карда, бештар барои ба танзим даровардани тобеияти тафтишӣ ва судӣ равона шуда буданд.

Аз ин тағйироту иловаҳои воридшуда, тағйироти ба қисми панҷуми моддаи 329, қисми якуми моддаи 339 аз соли 2002 ва иловаи ба моддаи 62 воридшударо назаррас шуморидан мумкин аст. Барои он ки қисми панҷуми моддаи 329 КМҶ то соли 2001 ба иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ҳуқуқи аз болои ҳукми баровардаи Суди Олии ҶТ шикояти кассатсионӣ оварданро манъ мекард. Баъди қабули қарори Суди конститутсионии ҶТ аз 12-уми июни соли 2001 дар бораи ғайриконститутсионӣ ҳисобидани қ.5 моддаи 329 КМҶ ва қабули Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба КМҶ ҶТ» аз 10-уми майи соли 2002 дар бораи хориҷ намудани қисми моддаи номбаршуда иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ҳуқуқ пайдо карданд, ки аз болои ҳукми баровардаи Суди Олии ҶТ, баҳри адолатнокӣ ва ислоҳи хатогиҳои судӣ ба Коллегияи кассатсионии Суди Олии ҶТ шикоят ва эътирози кассатсионӣ биёранд.

Аҳамияти тағйироту иловаҳои ба қисми якуми моддаи 339 вориднамуда дар он буд, ки баъди ворид намудани чунин тағйирот иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятие, ки дар моддаи 329 КМҶ номбар шудаанд (маҳкумшуда ва намояндаи қонунии ў, ҷабрдида ва намояндаи ў, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо ва шахси сафедкардашуда), ҳуқуқ пайдо намуданд, ки дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар суди марҳилаи кассатсионӣ иштирок намоянд ва агар зарур шуморанд, метавонанд далел пешниҳод кунанд. То ворид намудани чунин тағйирот ба моддаи 339 КМҶ дар вақти баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар суди марҳилаи кассатсионӣ прокурор оид ба қонунӣ ва асоснок будани ҳукми суди марҳилаи якум хулоса медод ва танҳо ҳимоятгар ҳуқуқи иштирок карданро дошт.

Иловаи ба моддаи 62 КМҶ воридкардашударо барои он назаррас шуморидан мумкин аст, ки доимо дар КМҶ истифодабарии зўрӣ, таҳдид, азобу шиканҷа, рафтори бераҳмона ва ё дигар усулҳои ғайриқонунӣ манъ карда мешуд. Инак, соли 2008 ба моддаи 62 КМҶ иловае ворид карда шуд, ки талаботи дигар меъёрҳои КМҶ-ро дар як банд ҷамъоварӣ намуда, беэътибор донистани далелҳоро бо чунин роҳҳо аниқ намуд. Лекин боз ин илова бо худ масъалаҳои баҳсталабро ба миён овард, ки дар татбиқи ин муқаррарот талабу тартиби ягона набуд. Мисол, далел бо кадом тартибу талабот, бо дархости кӣ, аз кадом вақт то кадом вақт ва аз тарафи кӣ беэътибор донистанро ҳамчун муаммо боқӣ гузошт. Ин масъалаи баҳсталаб чанд сол қабл дар КМҶ давлатҳои ба мо дуру наздик – Россия ва Қазоқистон ҳалли худро ёфта буд.


[1] Фармони Шўрои Олии ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Чумҳурии Точикистон» / АМО ҶТ, № 19-20. 1993.

[2] Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории ЧТ» аз 04.11.1995 / АШО ҶТ, № 23-24. 1995.

Хулоса, КМҶ-и соли 1961 дигар наметавонист, ки муносибатҳои нави мурофиавии дар Тоҷикистон ба миён омадаро ба танзим дароварда, ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба пуррагӣ вобаста ба ўҳдадории Тоҷикистон дар назди созмонҳои байналмилалӣ ҳифз намояд. Чӣ хеле аз таҳлил бармеояд, он тағйироту иловаҳое, ки дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба ин кодекс ворид карда шудаанд, баҳри ҳимоя ва таъмини ҳуқуқи инсон кам равона шуда буданд. Аз ин лиҳоз, хуб мешуд, то ки дар оянда он камбудиҳои дар КМҶ-и соли 1961 вориднамударо такрор накунем ва тағйироту иловаҳо вобаста ба талаботи замон илман асоснок ва баҳри таъмини амалӣ гардонидани ҳуқуқи инсон ва сабукии татбиқи КМҶ дар амал равона шавад. Дар ин ҷода А. Нашиц дуруст қайд намудааст, ки дуруст истифода кардани таъиноти калимаҳо дар қонун мазмуни матнро фаҳмо, соҳаи танзимро аниқ, табиати падидаҳои ҳуқуқиро муайян мекунад ва бо ин восита таъсирнокии онро таъмин менамояд[1].

Аз ин рў, КМҶ нави Тоҷикистон 3 декабри соли 2009 аз тарафи Президенти кишвар ба имзо расида, аз 1 апрели соли 2010 мавриди амал қарор дода шуд.

Инак, ба таҳлили баъзе навовариҳо ва камбудиҳои КМҶ-и нави Тоҷикистон шурўъ мекунем. Дар ҳақиқат ҳамаи он бурду бохти КМҶ-и навро дар ҳаҷми як мақола илман таҳлил кардан ғайриимкон аст, лекин мо барои ҳалли як масъалаи муҳимми таъмини ҳуқуқи инсон дар давраҳои тосудии мурофиаи ҷиноятӣ кўшиш менамоем андешаҳои хешро баён созем.

Кодекси мурофиавии ҷиноятии нави Тоҷикистон муносибатҳои ҳуқуқии мурофиавиро ба таври қатъӣ дигаргун намуд: КМҶ-и нав мазмун ва пайдарҳамии амалҳоеро, ки дар ҷараёни пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бояд риоя карда шаванд, ба танзим медарорад. Ҳамаи маълумоти меъёрӣ дар 3 қисм, 12 фасл, 50 боб ва 486 модаи он муттаҳид карда шудаанд. Бо назардошти муқаррароти Конститутсияи Тоҷикистон[2] ин кодекс ҳам инсон ва ҳуқуқу озодиҳои онро арзиши олӣ эълон намуда, суд, судя, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбарандаро вазифадор менамояд, ки муқаррароти Конститутсияи ҶТ-ро ба таври дақиқ ва якхела риоя намуда[3], ҳуқуқу озодиҳои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятиро ҳимоя кунанд ва ҷиҳати татбиқи онҳо шароит фароҳам оваранд[4].

Таъмини ҳуқуқу озодии инсон дар пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ бо таври возеҳ якҷоя кардани ҳамаи системаи ҳуқуқии Тоҷикистонро бо системаи паймонҳою конвенсияҳои байналмилалии асосӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва илм бо амалия аниқ менамояд. Барои ҳамин, аломати асосии ҷомеаи демократӣ ва инсонпарвар ин мавҷуд будани механизмҳои пурсамари кафолати ҳуқуқи инсон дар ҷараёни татбиқи таъқиби ҷиноятӣ мебошад.

Мувофиқи талаботи Конститутсияи Тоҷикистон, дар КМҶ-и нав принсипҳои қонунгузории мурофиаи ҷиноятӣ ҷойгир карда шудааст; бори аввал мафҳуми тарафҳо ва иштирокчиёни онро дар мурофиаи ҷиноятӣ аниқ намуд; масъалаҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шахс оид ба расонидани ёрии ҳуқуқии касбӣ аз лаҳзаи оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати шахсро муқаррар кард. Инчунин, дар КМҶ-и нав роҳҳои таъмини дахлнопазирии маҳрамияти мукотиба, сўҳбатҳои телефонӣ, муросилот, мухорибот, сирри шахсӣ ва оилавӣ, шахсият ва манзил ва маҳдуд намудани озодӣ танҳо дар асоси иҷозати суд (судя), ба ғайр аз ҳолатҳои истисноии дар КМҶ пешбинишуда амалӣ карда мешавад. Доираи ваколатҳои судиро оид ба кафолати ҳуқуқи инсон ва назорат дар давраҳои тосудии мурофиаи ҷиноятӣ васеъ кард. Ҳамчунин механизми таъмини ҳуқуқи гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида ва дигар иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ба қадри имкон васеъ карда шудаанд.


[1] Нашиц А. Правотворчество. Теория и законодательная техника. М., 1974. С. 194.

[2] Ниг. ба: Модаи 5 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 6 ноября 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, дар оянда ба ҳамин роҳ ба он аз 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.

[3] Қ.1 мод. 9 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

[4] Қ..1 мод. 12 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Кодекси нави мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон ташаккули муносибатҳои нави давлатдориро дар ҳудуди Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва берун аз он ба назар гирифта, тартиби ҳамкории мутақобилаи судҳо, прокурорҳо, муфаттишон ва мақомоти таҳқиқи Тоҷикистонро бо мақомот ва шахсони мансабдори дахлдори давлатҳои хориҷӣ, дар тартиби расонидани кўмаки ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятиро нахустин шуда ба танзим даровард. Ҳамчунин, ин кодекс хусусиятҳои пешбурди парвандаҳои ҷиноятии категорияҳои алоҳидаро (тартиби пешбурди парвандаи айбдоркунии хусусӣ, ноболиғон ва рўёнидани товони зарар), ки кодексҳои пешин ба таври умум ба танзим медароварданд, дар бобҳои алоҳида пешбинӣ намуд, ки татбиқи онро дар амал сабук гардонд.

Дар баробари ин, дар оянда механизми танзими ҳуқуқии ҳуқуқи инсон, восита ва роҳҳои ба таври пурарзиш амалӣ кардани онҳо дар доираи пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ ба беҳтар ва аниқ кардан зарурият доранд.

Яке аз ин норасоиҳое, ки дар мадди аввал ба чашм мерасад, ин мухолифати меъёрҳои КМҶ мебошанд. Масъалаи мухолифати меъёрҳои КМҶ аз давраи якуми (давраи оғози парвандаи ҷиноятӣ) мурофиаи ҷиноятӣ ба назар мерасад. Гарчанде аз саршавии ин давра лаҳзаи саршавии кафолати мурофиавӣ ва татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ ба миён меояд. Ҳақ бар ҷониби Т.Н. Москалькова мебошад, ки фармудааст: «Мавҷуд будани ин давра худ кафолат аз худсарӣ ва сўиистифодаи шахсони мансабдор мебошад»[1].

Умуман, қисми махсуси КМҶ-и Тоҷикистон аз давраи оғози парвандаи ҷиноятӣ сар мешавад. Дар кодексҳои мурофиавӣ-ҷиноятии дигар давлатҳои ба мо наздик ҳам[2] чунин аст. Вале дар КМҶ нави Тоҷикистон бошад, аз ин давра дар таъмини татбиқи ҳуқуқи иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ нофаҳмиҳо ҷой дода шудааст.

Боби 17 ва моддаи 140 КМҶ Тоҷикистон сабаб ва асоси оғози парвандаи ҷиноятиро мебоист ба танзим медароварданд. Номи боб сабаб ва асосҳои оғози парвандаи ҷиноятиро пешбинӣ менамояд, аммо моддаи 140 ба ҷойи сабабҳо ва асоси оғози парвандаи ҷиноятӣ, асосҳои оғози парвандаи ҷиноятиро муқаррар мекунаду халос, мазмуни ин модда бошад, сабабҳои оғоз кардани парвандаро номбар мекунад. Вале ягон калима дар бораи асоси оғози парвандаи ҷиноятӣ ҷой наёфтааст. Чӣ хеле аз КМҶ-и ҶТ соли 1961, КМҶ-и дигар давлатҳо ва илми мурофиаи ҷиноятӣ ба мо маълум аст, сабаби оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ ин сарчашмаҳои иттилооте мебошанд, ки дар қонун дарҷ гардида, аз он мақомоти таҳқиқ, муфаттиш ва прокурор дар бораи аломатҳои таркиби ҷиноят маълумот гирифта, ўҳдадории қабули қарори мурофиавиро пайдо мекунанд[3]. Асоси оғоз кардани парвандаи ҷиноятиро мақомоти қонунбарор ба ваколати татбиқкунандагони кодекс ҳавола кардааст, ки дар амал метавонад сабаби ғайриқонунӣ ва беасос маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон гардад. Дар асл асоси оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ ин мавҷуд будани маълумоти кофии дар қонун пешбинишудаест, ки аломатҳои таркиби ҷиноятро муайян мекунад[4]. Асоси оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ бо аломатҳои ба ҳам алоқаманд, яъне мавҷуд будани маълумоти кофӣ ва аломатҳои таркиби ҷиноят, иборат мебошад, ки он дар алоқамандии зичи ҳуқуқи ҷиноятӣ бо мурофиаи ҷиноятӣ ҳангоми ҳалли масъалаи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ зоҳир мегардад. Ана барои чӣ мақомоте, ки ваколати оғоз кардани парвандаи ҷиноятиро дорад, дар ҷараёни баррасии иттилоот дар бораи ҷиноят, пеш аз ҳама, бояд аломати таркиби ҷиноятро муқаррар намоянд. Дар ҳолати рўякӣ таҳлил кардани маводи аввалини воридшуда, он метавонад ба қабули қарори ғайриқонунӣ ва беасоси оғоз ва рад намудани оғози парвандаи ҷиноятӣ оварда расонад, ки ин дар ҳар ду ҳолат ҳам ба поймол намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат хоҳад кард.

Боз як мухолифати КМҶ дар қисми 3 моддаи 28 КМҶ дарҷ гардидааст, ки дар бораи рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ ё қатъ кардани пешбурди он ба ҷабрдида хабар дода, фаҳмонида мешавад, ки ў ҳуқуқ дорад дар давоми панҷ шабонарўз аз таъиноти суд ё қарори прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда нисбат ба масъалаи зикршуда мувофиқан ба суди болоӣ ё прокурори болоӣ арз намояд. Вале оид ба рад намудан, дар қисми 4-и моддаи 149-и ҳамин кодекс чунин ҳуқуқ ба иштирокчиёни мурофиа дар давоми чордаҳ шабонарўз муқаррар шудааст. Дар лаҳзаи қатъи парвандаи ҷиноятӣ бошад, ин муҳлат дар қисми якуми моддаи 237 КМҶ ҳафт шабонарўз муқаррар шудааст. Шояд саволе ба миён ояд, кадоме аз ин муқаррароти КМҶ-ро роҳбарӣ намудан лозим? Таҷриба нишон медиҳад, ки бисёрии корманди мақомоти татбиқкунандаи КМҶ аз муқаррароти моддаи 28 бехабар буда, талаботи моддаи 149-ро дар ҳолати рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ чордаҳ шабонарўз ва муқаррароти моддаи 237-ро дар ҳолати қатъи парванда ба назар гирфта, дар қарорҳои худ дарҷ мекунанд. Гарчанде оид ба ин масъала солҳои тўлонӣ байни олимони файласуф ва ҳуқуқшиносон баҳсҳои беохир давом ёфта истодааст. Зеро ки норавшании ин масъала ба манфиатҳои қонунии ҳар як фард (дар алоҳидагӣ) ва ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад ва татбиқи он аз тарафи мақомоти давлатӣ нодуруст ба роҳ монда мешавад.


[1] Т. Н. Москалькова. Возбуждение уголовного дела // Уголовный процесс: Учебник/ Под ред. В. П. Божьева. М.: Спарк. 2002. С. 290.

[2] Ниг.: Ба боби 19-и Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятии Федератсияи Россия, боби 23 КМҶ Ҷумҳурии Қазоқистон, боби 41-и КМҶ Ҷумҳурии Ўзбекистон ва ғ.

[3] Ниг: Ба моддаи 103 КМҶ ҶТ соли 1961, ба модаи 140-и КМҶ Федератсияи Россия, моддаи 177-и КМҶ Қазоқистон ва китобҳои Раҳматҷонов А. ва Оқилова М. Мурофиаи ҷиноятӣ. Курси лексия. Қисми махсус. Хуҷанд, 2008. С.14; Уголовный процесс. Учебник / Под ред. К.Ф. Гуценко. М: Зерцало. 2005. С.281; Курс уголовного судопроизводства: Учебник В 3 т. / Под ред. В.А. Михайлова. – Т.2 Досудебное и судебное производство. М.: МОДЭК. 2006. С.14.

[4] Қ. 2 м. 103 КМҶ ҶТ соли 1961; қ. 2 м. 140 КМҶ Федератсияи Россия; қ.2 м. 177 КМҶ Ҷумҳурии Қазоқистон ва ғайра.

Оид ба ин масъала Д.К. Канафин боадолатона менависад, ки «кафолати қонунии ҳуқуқи шикоят кардан аз амал ва қарорҳои суду мақомоти таъқибкунандаи ҷиноятӣ ба гурўҳи ҳуқуқи ҷудонашавандаи ҳар як инсон дохил мешавад, ки наметавонад бе асос маҳдуд шавад ва аломати асосии ба танзимдарорандае мебошад, ки намегузорад шахсони мансабдори татбиқкунандаи мурофиаи ҷиноятӣ ба сўиистифода ва худсарии хизматӣ даст зананд…»[1].

Яке аз мақсади ислоҳоти ҳуқуқӣ ҳам дар Тоҷикистон ин кафолати таъмини амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд мебошад.

То дараҷае, ки матни меъёри ҳуқуқӣ мухтасар баён ёфта бошад, иҷрокунанда онро ҳамон қадар беҳтар дарк карда, дуруст татбиқ менамояд. Аз ин нуқтаи назар, мухолифати меъёрҳои ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, ба инкишофи ҷомеа ва тартиби мувозинатии мақомоти давлатии дахлдор халал ворид карда, зарари он бевосита ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва манфиати қонунии шахс мерасад.

Оид ба масъалаҳои баёнгардида И.В. Ростовщиков дуруст қайд намудааст, ки таъсирнокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бевосита аз муқаррароти қонунгузорӣ вобаста мебошад. Меъёрҳои мурофиавӣ бошанд, бояд талаботи қонунро аниқу равшан дар бар гирифта, пурра ва ҳаматарафа амалӣ намудани онро ба танзим дароранд[2].

Зеро ҳар чи қадар қонун босифат бошад, ҳамон қадар волоияти он таъмин гардида, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон бештар таъмин мегардад. Қонун бояд на танҳо навишта, қабул ва расман нашр карда шавад, балки ба иҷрокунандагони он фаҳмо бошад ва аз ҷониби онҳо дуруст дарк ва татбиқ карда шавад.

КМҶ-и нави Тоҷикистон боз дорои якчанд норасоиҳост, ки мо наметавонем дар ҳаҷми як мақола ҳамаи онро равшанӣ андозем. Ин норасоиҳо ба мақомоти татбиқкунанда ва шахсоне, ки бо ягон роҳ ба мурофиаи ҷиноятӣ ҷалб карда мешаванд, мушкилиҳои зиёдеро ба миён меорад. Аз ин лиҳоз, пешниҳод карданиам, ки КМҶ-и нави ҶТ аз тарафи олимони ин соҳа ба қадри имкон, дар ҳайати комиссияи босалоҳият тадқиқ карда, ба он тағйироту иловаҳои илман асоснок ворид карда шавад, то ин ки он баёнгари кафолатдиҳандаи таъмин ва риояи ҳуқуқи инсон бошад.

Сомониддин Куканов – ёрдамчии судяи Суди

конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ислоҳоти конститутсионӣ ва
таъсиСёбии Суди конститутсионӣ

Давраи нави инкишофи ислоҳоти конститутсионӣ дар Тоҷикистон ба марҳилаи бозсозии Иттиҳоди Шўравӣ, ҷараёни тайёр кардани лоиҳаи шартномаи нави иттифоқӣ ва дар асоси он омода намудани лоиҳаи конститутсияи нави Иттиҳоди Шўравӣ рост меояд. Ҳанўз дар охири солҳои 80-ум баробари муайян кардани тарҳи конститутсияи иттифоқӣ, инчунин дар Тоҷикистон даровардани тағйироту иловаҳо ба конститутсияи амалкардаистода шурўъ гардид.

Мақсад аз тайёр кардани лоиҳаи конститутсияи нави Тоҷикистон баланд бардоштани вазъи ҳуқуқии конститутсионии Тоҷикистон, ба соҳибихтиёрии расмию давлатии Тоҷикистон додани мазмуни воқеӣ ва таъмин намудани тараққиёти пуравҷи ҷумҳурӣ дар ҳайати Иттиҳоди Шўравӣ буд. Ин ҷараён натанҳо ба Тоҷикистон, балки ба ҳамаи ҷумҳуриҳои аъзои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ низ хос буд.

Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ волотарин дастовард барои халқи тоҷик – ин соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Дар баробари соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсияи нав пеш омад. Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуд ва дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид.

Барқарор гардидани ҳокимияти конститутсионӣ ва тағйироти куллие, ки ба ҳаёти ҷомеаи кишвар ворид шуд, зарурати қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба миён гузоштанд, зеро таҳия ва қабули Конститутсия ва қонунҳои ба талаботи шароити нав ва замони муосир ҷавобгў буда, яке аз омилҳои асосии устувории иҷтимоиву сиёсии ҷомеа мебошанд.

Таҳия ва қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мантиқан натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои мушаххаси Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар давоми солҳои 1990-1991 Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардиданд, ки раванди кори таҳияи лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳуриро тезонид.

Марҳалаи нави таҳияи лоиҳаи Конститутсия баъди Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барқарор шудани сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ ва таъсиси мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ оғоз шуд. Баъдан, дар Иҷлосияи XVII-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи дохил намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкили Комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳайати нави Комиссияи конститутсионӣ таҳти роҳбарии Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардид.

Раиси Шўрои Олӣ дар худи ҳамин иҷлосия изҳор дошт, ки: «Муҳимтарин ҷиҳати ин вазифа то сатҳи юридикӣ ва маънавии ҳуқуқи байналмилалӣ ва тадбирҳои универсалии онҳо баланд бардоштани қонунгузории давлатист. Аз ин ҷиҳат мо ба хулоса омадем, ки системаи ҷории қонунҳоямонро ба экспертизаи байналмилалӣ фиристем ва ҳам дар баррасии Қонуни асосиамон аз кўмаки машваратии муассисаҳои дахлдори байналхалқӣ истифода барем».[3]

Бо дарназардошти зарурати таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурўҳи кориро оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия таъсис дод, ки дар тўли шаш моҳ тамоми дастовардҳои илми ҳуқуқшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва анъанаҳои миллӣ ду лоиҳаи Конститутсияро таҳия намуд, ки яке аз онҳо хусусиятҳои ҷумҳурии президентӣ ва дигар хусусиятҳои ҷумҳурии парламентиро инъикос мекард.[4]

Баъдан, 6-уми ноябри соли 1994 лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ, ки барои райъпурсии умумихалқӣ пешниҳод шуда буд, қабул гардид. Натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ хеле муассир буд ва зиёда аз 87% иштироккунандагон лоиҳаро дастгирӣ намуданд.

Конститутсияе, ки аз ҷониби мардум пазируфта шуд, ба арзишҳои башарӣ такя намуда, ба монанди Конститутсияи кишварҳои мутамаддини ҷаҳон дорои як силсила хусусиятҳо ва вижагиҳои мушаххас мебошад.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофу сабти асли соҳибихтиёрии мардуми Тоҷикистон шуруъ шудааст. Муқаддимаи Конститутсия, бо суханони «Мо, халқи Тоҷикистон, … ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем» оғоз меёбад. Мувофиқи ин ҳидояти Конститутсия, халқи Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти таърихӣ сарнавиши худро муайян кард ва давлатдории худро тақвият мебахшад.

Ин муқаррарот дар моддаи 6-уми Конститутсия ба худ хусусияти меъёрӣ гирифта, халқ ба сифати «баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ» эътироф шудааст. Конститутсияи Тоҷикистон аввалин маротиба мафҳуми таркибии халқро муайян намуда, тасарруфи ҳокимияти давлатиро аз ҷониби кадом як созмоне, гурўҳе ва ё фарде манъ эълон кардааст.

Аввалин маротиба дар таърихи навини кишвар Конститутсия имконияти инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ эълон кард ва ҳуқуқи шаҳрвандонро дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иштирокашонро дар фаъолияти онҳо дарҷ намуд.

Ба ҳамин тартиб таҳия ва қабули аввалин Конститутсияи давлати мустақили Тоҷикистон ва ду маротиба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он марҳалаҳои гуногун ва хеле мушкилу махсусро сипарӣ кард. Ҳам Конститутсия ва ҳам тағйиру иловаҳо ба он воридгардида воқеияти замони худро инъикос намуда, бунёди низоми сиёсии навинро поя гузоштанд, ки он аз низоми сиёсии Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба куллӣ тафовут дорад.

Бо ин тартиб, низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар пояи Конститутсияи он ташаккул ёфтааст, ба арзишҳои умумибашарӣ такя намуда, барои инкишофи минбаъдаи кишвар мусоидат мекунад.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Тоҷикистон дурнамои кишварро муайян намуда, силсилаи мукаммали ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муҳайё намудааст, ки онҳо ҳам ба талаботи меъёрҳои умумибашарӣ ва ҳам ба шароити воқеии кишвари мо ҷавобгў мебошанд, ки чунин дурнамо ташкили ҳаёти одамонро дар ҳазорсолаи нав пешбинӣ мекунад.

Баъд аз соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам роҳ ба сўйӣ эъмори давлати ҳуқуқбунёд кушода шуд. Яке аз аломатҳои давлати ҳуқуқбунёд ин мавҷудияти назорати судии конститутсионӣ мебошад.

Дар замони муосир назорати конститутсионӣ дар ҳамаи давлатҳои мутараққӣ мавҷуд аст ва амал карда истодааст, истисно он давлатҳое мебошад, ки онҳо конститутсияи навишташуда надоранд. Дар асри XX назорати конститутсионӣ хеле васеъ паҳн шуд ва дар аксарияти конститутсияҳои давлатҳои ҷаҳон муқаррар карда шуданд. Имрўз назорати конститутсионӣ дар зиёда аз 160 давлатҳои ҷаҳон бо ин ё он шакл арзи вуҷуд дорад.

Дар аксарияти давлатҳои пешрафта назорати конститутсионӣ аз тарафи судҳои конститутсионӣ ё ки судҳои олӣ амалӣ гардонида мешавад. Дар баъзеи онҳо барои иҷрои ин салоҳият мақоми машваратии махсус – шўрои конститутсионӣ амал мекунад.

Кафолати муҳими ҳуқуқии риоя кардани Конститутсия ва ҳифзи он бо низоми назорати конститутсионӣ алоқаманд аст. Падидаи назорати конститутсионӣ дар Тоҷикистон давра ба давра татбиқ гардидааст. То соли 1990 назорати конститутсионӣ яке аз салоҳияти хоси мақомоти олии қонунбарор – Шўрои Олии Тоҷикистон ва Раёсати он ба ҳисоб мерафт.[5] Конститутсияҳои Тоҷикистон солҳои 1937 ва 1978 назорат аз болои риояи конститутсияро маҳз ба салоҳияти ҳамин мақомот гузошта буданд.Дар Иттиҳоди Шўравӣ то соли 1989, аз он ҷумла дар Тоҷикистон то соли 1990 барои амалӣ гардонидани ин салоҳият мақомоти махсуси давлатӣ вуҷуд надошт.

Соли 1990 ба Конститутсияи Тоҷикистон тағйироту илова ворид намуда, назорати конститутсионӣ ба падидаи мустақили ҳуқуқи конститутсионӣ табдил ёфт ва Кумитаи назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки салоҳияти асосии он ҳифзи Конститутсия буд.


[1] Канафин Д.К. Апелляционное производство в уголовном процессе Республики Казахстан. – Алмааты, 2002. С. 5-7.

[2] Ростовщиков И.В. Права личности в России: их обеспечение и защита органами внутренних дел. Волгоград. 1997. С.122.

[3] Шарипов А. Президенти мо. Эмомалӣ Раҳмонов. Душанбе. С.5-10.

[4] Тафсири илмию оммавии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе: «Шарқи озод». 2009. С.5-6.

[5] Имомов А. Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе-2004. С.55-57.

Моддаи 114 Конститутсия муқаррар кард, ки мақсади асосии назорати конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини мувофиқати санадҳои мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳофизати ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва озодии инсон, ҳуқуқи халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асосҳои демократии ҷамъият мебошад.

Баъд аз ин, заминаи ҳуқуқии он бо қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 ба миён омад ва дар ин асос мақомоти мустақили ҳокимияти судӣ Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Суди конститутсионӣ зодаи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамчун мақомоти мустақили ҳокимияти судӣ бо мақсади ҳифз, таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсис дода шудааст.

Суди конститутсионӣ дар низоми ҳокимияти судӣ ягона мақомоти ҳокимияти судӣ мебошад, ки салоҳияти он бевосита дар меъёрҳои Конститутсия муқаррар гардидааст. Қисми сеюми моддаи 89 Конститутсия салоҳияти Суди конститутсиониро чунин муқаррар менамояд:

1) муайян намудани мувофиқати қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, қарордодҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон ба Конститутсия;

2) ҳалли баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияти онҳо;

3) иҷрои ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.[1]

Дар иҷрои ин вазифаҳо нақши Суди конститутсионӣ муҳим мебошад, зеро танҳо ин мақоми ҳокимияти судӣ қарори қатъиро дар бораи номувофиқатии қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ба Конститутсия қабул карда метавонад.

Ба Суди конститутсионӣ шаҳрвандон оид ба масъалаҳои вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии худ вобаста ба қонун ва дигар санади ҳуқуқии татбиқшуда ё татбиқшаванда муроҷиат карда метавонанд.

Рушди минбаъдаи Суди конститутсионӣ ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқмандии зич дорад, аз ҷумла зимни суханронии худ дар Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзўи «Мақомоти назорати конститутсионӣ дар шароити ҳамгироии системаҳои ҳуқуқӣ: таҷрибаи байналмилалӣ ва амалияи Тоҷикистон», ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, иброз доштанд, ки: «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади демократикунонии минбаъдаи ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа, таъмини қонуният ва адолати иҷтимоӣ ба масъалаи таҳким бахшидан ва баланд бардоштани нақши ҳокимияти судӣ, аз ҷумла Суди конститутсионӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ аҳамияти пайваста ва хоса дода мешавад».[2]

Барои ноил шудан ба ин мақсадҳо ва боз ҳам пурра ва самаранок истифода бурдани назорати конститутсионӣ салоҳияти Суди конститутсионӣ такмил дода шуд.

Инчунин, гурўҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар таҳрири нав омода карда истодаанд.

Назорати конститутсионӣ барои таъмини устувории моҳияти демократии давлат, сохтори давлатию ҷамъиятӣ, таъмин, эътироф ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд равона гардидааст.


[1] Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе-2003, моддаи 89.

[2] Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзўи «Мақомоти назорати конститутсионӣ дар шароити ҳамгироии системаҳои ҳуқуқӣ: таҷрибаи байналмилалӣ ва амалияи Тоҷикистон», шаҳри Душанбе, 4 ноябри соли 2010, Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон. С.11.

Бобоев М.Д.- мутахассиси пешбар

робитаҳои берунаи Дастгоҳи

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИҶЛОСИЯИ XVI-ум – ИҶЛОСИЯИ
НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ

Бо шукргузори аз даврони истиқлолият ҳар яки мо ба хотири арҷ гузоштан ба санаи оғози давлатдории навини тоҷикон сарбаландона – бистумин солгарди баргузории Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои давлату миллати мо нақши сарнавиштсоз дошта, дар пойдории сулҳу субот, мустаҳкам намудани пояҳои ҳуқуқӣ ва сохти конститутсионии мамлакат нақши муҳим бозидааст, ҷашн гирифта истодаем.

Мо ба хубӣ ёд дорем, ки дар рўзҳои даъват ва баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олӣ, мардуми кишвари мо гирифтори кашмакашиҳои ҳалокатбори қувваҳои бадхоҳи сиёсии дохиливу хориҷӣ шуда буданд, ки мақсади асосиашон пароканда намудани миллати тоҷик ва аз байн бурдани давлати ҷавони мо буд.

Бо вуҷуди он, ки ҳанўз оғози солҳои 90-уми асри гузашта дар Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳадафҳои нави давлатдорӣ, таҷзияи ҳокимият, эҳёи анъана ва суннатҳои неки давлатдории халқи тоҷик, кафолати ба амал баровардани ҳуқуқҳои гражданӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ба шаҳрвандони мамлакат ва инкишофи озодонаи онҳо сабт гардида буданд, аммо вазъияти мураккаби сиёсии онвақтаи кишвар имкон надод, ки меъёрҳои дарҷшуда татбиқи воқеӣ ва амалии худро пайдо намоянд.

Тоҷикистон он солҳо дар ҳоле қарор дошт, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ва тўлонии мусаллаҳона, минтақаҳои алоҳидаи мамлакат дар оташи ҷанг сўхтаву валангор, иқтисодиёти кишвар хароб ва фаъолияти сохтору мақомоти ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гардида буданд. Ҷомеаро буҳрони сиёсӣ фаро гирифта, касе намедонист, ки ояндаи кишвар ва мардумро чи сарнавиште интизор аст.

Мамлакат дар вазъияте қарор дошт, ки аз як сўй сохтору мақомоти давлатӣ аз уҳдаи пешгирӣ кардани алангаи ҷанги бародаркўш ва аз вартаи буҳрони сиёсиву иҷтимоӣ раҳо бахшидани ҷомеа баромада наметавонистанд ва аз сўйи дигар, ба таъхир гузоштани ташкили мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла интихоби роҳбарияти нави сиёсӣ ғайриимкон буд.

Ҳамаи мо дар он айёми сангин дарк мекардем, ки кишвари моро аз вартаи ҳалокат фақат нерўи созанда метавонад наҷот бахшад ва имрўз бо шукргузорӣ метавонем гўем, ки чунин нерў дар симои миллати куҳанбунёду хирадманди тоҷик зуҳур кард.

Маҳз ба шарофати хираду заковати азалӣ, дурандешӣ, сабру таҳаммул ва ҷавҳари созандаи миллати тоҷик бо сарварии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки он дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун оғози воқеии раванди сулҳ ва эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ маҳсуб ёбад.

Бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд дар заминаи талошҳои воқеан ватандўстонаи вакилони мардумӣ ягона минтақаи ороми кишвар – шаҳри бостонии Хуҷанд макони баргузории Иҷлосияи шонздаҳум интихоб гардид.

Албатта, даъват ва баргузор намудани иҷлосия дар он рўзҳо кори саҳлу осон набуд. Зеро қувваҳои бадхоҳ бо ҳар роҳ мехостанд садди роҳи баргузории он гарданд ва ҳар гуна монеаҳо эҷод мекарданд.

Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олӣ дар Қасри Арбоб, ки минбаъд дар таърихномаи миллати тоҷик ҳамчун маскани барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ сабт гардид, бо иштироки вакилони мардумӣ, аъзои Ҳукумат, ашхоси номдор, пирони рўзгордида, олимону адибон, намояндагони ҳизбу созмонҳо ва воситаҳои ахбори омма ба кори худ шурўъ намуд.

Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст сохти конститутсиониро барқарор намуда, харобшавии пурраи системаи иқтисодии мамлакатро пешгирӣ намуд ва ба татбиқи дигаргуниҳо дар иқтисоди кишвар ибтидо гузошт. Ҳукумати ҷумҳурӣ қадамҳои нахустини худро аз таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии халқ дар заминаи татбиқ ва инкишофи механизмҳои иқтисоди бозорӣ оғоз намуд.

Марҳалаи ибтидоии амалӣ намудани ислоҳоти иқтисодӣ асосан ба ташкили асосҳои ҳуқуқии низоми нави иқтисодӣ, ташаккул ва такмили давлатдорӣ, қолабшикании тафаккури куҳна равона гардида буд. Дар чунин вазъ гузариш ба иқтисоди бозорӣ дар шароити басо душвор сар шуд. Дар натиҷаи канда шудани робитаҳои хоҷагидорӣ бо ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди шўравӣ фаъолияти корхонаҳои маҳаллӣ коҳиш ёфт, сатҳи баланди бекорӣ ва тавррум ва паст шудани шароити зиндагонии аҳолӣ ва тезутунд шудани мушкилоти камбизоатӣ таъсир расонид. Дар баробари ин, ноустувории сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ монеаи ҷиддӣ барои гузаронидани ислоҳот гашта, ба фазои сармоягузории кишвар халал мерасонд. Дар натиҷа дар давраи аз соли 1991 то соли 1996 маҷмўи маҳсулоти дохилӣ дар ҷумҳурӣ 67,4% коҳиш ёфта, истеҳсоли маҷмўи маҳсулоти кишоварзӣ 52,8% кам гардид ва таназзул дар истеҳсолоти саноатӣ 65,8%-ро ташкил дод. Қарзҳои берунӣ ва дохилӣ бо суръат афзоиш ёфта, дар бозори истеъмолӣ маводи хўрока ва молҳои аввалиндараҷаи ниёзи мардум намерасид.

Инчунин, таҳкими равобити сиёсӣ ва истиқрори муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои бузурги ҷаҳон, давлатҳои мусалмонӣ ва кишварҳои шарқи наздик баробари ифодаи равшани татбиқи сиёсати берунии дарҳои бози мамлакат, равнақи ҳамкориҳои иқтисодиро бо ҷаҳони муосир тақвият бахшида, самараҳои шоистае дар рушди устувори иқтисодиёти кишвари азизамон ба бор овард.

Иҷлосияи таърихӣ ҷомеаи навини Тоҷикистонро ба шоҳроҳи бузурги сулҳу ваҳдат раҳнамун сохт. Ин санади муҳим миллати тоҷикро сарҷамъ намуд, ба оламиён исбот намуд, ки мардуми тоҷик хоҳони сулҳу субот ва оромии миллати хеш мебошад ва омода аст, ки алайҳи неруҳҳои тафриқандозу моҷароҷў муборизаи оштинопазир барад.

Натиҷаи дигари самарабахши Иҷлосия – ин ислоҳоти конститутсионӣ дар кишвар буд, ки он заминаи устувори аниқро бобати эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошт. Он бори нахуст барои раҳоии якпорчагии он давра ба ҳам омад, Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуд. Маҳз ў тавонист, ки дар муддати кутоҳ ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима гузорад. Хизмати барҷастаи ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик дар таъмини сулҳу суботи оянда ва шукуфоии кишвар басо беназир аст. Тоҷикистон имрўз роҳи фардо, ояндаи боз ҳам дурахшонро тай хоҳад намуд.

Пеш аз ҳама Қарор дар бораи сохти идоракунии давлат, яъне сохтори давлатдории президентӣ ба идоракунии парламентӣ иваз карда шуд, ки ин иқдом албатта талаботи рўз ва тақозои замони вазъи сиёсии он давра буд, роҳбарияти нави сиёсӣ интихоб гардид.

Имрўз комилан мусаллам аст, ки ҳар қадар вақт моро аз иҷлосияи тақдирсоз дур барад, ҳамон андоза аҳамияти бузурги таърихӣ ва сарнавиштсози он барои давлату миллати мо бештар аён мегардад.

Аз ин рў, омўхтан ва пос доштани иқдому пайомадҳои таърихии Иҷлосияи шонздаҳум барои ҷомеаи имрўзу ояндаи кишвари соҳибистиқлоли мо бисёр муҳиму ибратомўз ва дар маҷмуъ қарзи фарзандиву рисолати шаҳрвандӣ маҳсуб мешавад.

Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олӣ на танҳо истиқлолияти тозатавлиди кишварамонро наҷот дод, балки тақдири ояндаи Тоҷикистонро муайян сохт ва Ватани азизамонро ба сўи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд.

Мо итминони комил дорем, ки миллати озоди мо аз баракати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бо заҳмати содиқонаву софдилона пояҳои давлату давлатдории мустақиламонро бо сарварии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устувор гардонида, барои ояндаи ободу осудаи сарзамини куҳанбунёдамон саъю талоши бештар хоҳад кард.

ҚАРОРҲОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қ А Р О Р И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

оид ба парванда аз рўи дархости шаҳрвандон Шарипов А.П. ва Романов С.Т. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 № 32 ба моддаҳои 21 ва 92 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе 19 октябри соли 2012

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси-кунанда-Раиси Судиконститутсионӣ МаҳмудовМ.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Фирдавсова Г.Р.,

тарафҳо:

Шарипов А.П., Романов С.Т.- тарафе, ки дар асоси дархости онҳо мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шудааст;

Гиёев С.Н.- намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ; Шоназаров С.А.- намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – намояндагони тарафе, ки конститутсионӣ будани қонуни қабул ва ба имзорасонидаи онҳо мавриди баҳс қарор дода шудааст;

даъватшудагон:

Воҳидов Ҳ.С.- муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раҷабов А.- Сардори Раёсати судҳои Дастгоҳи Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Абдулхаков Б.А.- муовини Сардори Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мурофиаи ошкорои судӣ парвандаро аз рўи дархости шаҳрвандон Шарипов А.П. ва Романов С.Т. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 № 32 ба моддаҳои 21 ва 92 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, гузориши судяи Суди конститутсионӣ Абдуллоев Л.И., баёноту хулосаи тарафҳо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар ҳуҷҷатҳои воридшударо таҳқиқ намуда,

м у а й я н к а р д:

Шаҳрвандон Шарипов А.П. ва Романов С.Т. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳанд, ки онҳо 2 апрели соли 2012 бо мактуб ба муовини Вазир-Сардори Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, аз ў хоҳиш намудаанд, ки ба онҳо дар хусуси вохўрӣ бо маҳкумшуда Мастоншоев С.К., ки бо ҳукми Суди ВМКБ аз 18 феврали соли 2011 барои содир намудани як қатор ҷиноятҳои вазнин ба муҳлати 20 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд, иҷозат фармояд.

Муовини Вазир дар мактуби худ аз 5 апрели соли 2012 таҳти № 711ба онҳо ҷавоб гардондааст, ки дар асоси талаботи қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани ёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби адвокат ё шахсони алоҳида, танҳо тибқи аризаи маҳкумшуда сурат мегирад. Аз ин рў, иҷрои муроҷиати онҳо ғайриимкон мебошад.

Ҳамчунин дархости онҳо аз 28 марти соли соли 2012 оид ба додани иҷозат барои вохўрӣ бо маҳкумшуда Раҷабов О.М., ки соли 2011 бо ҳукми Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои содир намудани як қатор ҷиноятҳо ба муҳлати 8 (ҳашт) солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум шуда буд, аз ҷониби муовини Вазир бо асоси дар боло зикршуда рад карда шудааст.

Муроҷиаткунандагон қайд менамоянд, ки кафолати ёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ муқаррар гардида, дар Конститутсия ва қонунгузориҳои миллӣ инъикос ёфта, ба танзим дароварда шудаанд.

Мувофиқи банди 3 Муқаррароти асосӣ оид ба нақши адвокатҳо, ки моҳи августи соли 1990 дар Ню-Йорк аз ҷониби Конгресси 8-уми СММ оид ба пешгирии ҷиноятҳо қабул гардидааст:

«Ҳукуматҳо бояд тартиби самарабахш ва механизми фаъолро барои дастрасии воқеӣ ва баробар ба ҳамаи шахсоне, ки дар қаламрави он ва доираҳои ҳуқуқии ба он тобеъ истиқоматкунанда ба адвокатҳо кафолат диҳад. Ба шахси боздоштшуда, ба ҳабс гирифташуда ё дар ҳабсхона ҷойгир кардашуда бояд шароит, вақт ва воситаҳои зарурӣ барои мулоқот ё алоқа ва машваратҳо бо адвокат бидуни таъхир, монеаҳо ва сензура, бо пурра маҳрамона будани онҳо таъмин карда шаванд».

Муқаррароти санади зикршудаи байналмилалӣ оид ба кафолати ёрии ҳуқуқӣ бо назардошти қисми сеюми моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд, дар моддаи 92 Конститутсия пешбинӣ гардидаанд, ки тибқи он:

«Ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат дода мешавад.Тарзи ташкил ва тартиби фаъолияти адвокатура ва дигар шаклҳои ёрии ҳуқуқиро қонун муайян мекунад».

Ба андешаи муроҷиаткунандагон, қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки: «Барои гирифтани кўмаки ҳуқуқӣ, тавассути адвокат ё ашхоси дигар, ки барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ҳақ доранд тибқи аризаи маҳкумшудагон мулоқот фароҳам оварда мешавад», имконият намедиҳад, ки адвокатҳо ё ашхоси дигар, ки барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ҳақ доранд, ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандонро оид ба кафолати ёрии ҳуқуқӣ амалӣ намоянд.

Аз ин рў, онҳо аз Суди конститутсионӣ хоҳиш намудаанд, ки дар асоси дархости онҳо мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда, мутобиқати қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба моддаҳои 21 ва 92 Конститутсия муайян карда шавад.

Суди конститутсионӣ дархости пешниҳодгардидаро дар алоқамандӣ бо талаботи Конститутсия, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва дигар санадҳои меёърии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷишу таҳлил қарор дода, қайд менамояд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ буда, онҳо аз тарафи давлат эътироф, риоя ва ҳифз карда мешаванд.

Вобаста ба ин, эътироф ва кафолат дода шудани ёрии адвокат аз лаҳзаи дастгир шудан, ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ, инчунин дар вақти адои ҷазои ҷиноятӣ, аз ҷумлаи муҳимтарин ҳуқуқу озодии конститутсионии инсон ва шаҳрванд ба шумор рафта, дар асоси талаботи моддаҳои 19 ва 92 Конститутсия, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва Қонун дар бораи адвокатура ба амал бароварда мешавад.

Тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои зикршуда, шаҳрвандон дар давраҳои зикршуда ҳуқуқ ва имконият доранд, ки бе маҳдудият аз ёрии ҳуқуқии адвокат ё ашхоси дигар, ки барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ҳақ доранд, истифода намуда, барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ чораҳои дахлдори қонунгузориро пешбинӣ намоянд.

Бо ин назардошт, муқаррароти қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки он мавриди баҳси муроҷиаткунандагон қарор дода шудааст, инкори кафолати ёрии ҳуқуқии пешбининамудаи Конститутсия набуда, ба ҳеҷ ваҷҳ боиси поймол ё маҳдуд намудани ҳуқуқи маҳкумшуда оид ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ў бо роҳи овардани шикоят аз болои ҳукм ва дигар қарорҳои судӣ, пешниҳод намудани дархост оид ба сабук намудани ҷазои ҷиноятӣ, изҳори норозигӣ кардан нисбати амалҳои маъмурияти муассисаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ё тағйири низоми татбиқи ҷазо, инчунин дархости гирифтани ёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби адвокатҳо шуда наметавонад. Он на меъёри манъкунанда, балки тартибе мебошад, ки барои фароҳам овардани шароити муътадили ислоҳи маҳкумшудагон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо, пешгирии содир кардани ҷиноятҳои нав, танзими тартиб ва шартҳои иҷро ва адои ҷазои ҷиноятӣ, инчунин муайян намудани воситаҳои ислоҳи маҳкумшудагон равона гардидааст.

Кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқи маҳкумшудагонро қисми 2 моддаи 92 Конститутсия низ пешбинӣ менамояд, ки мувофиқи он: «тарзи ташкил ва тартиби фаъолияти адвокатура ва дигар шаклҳои ёрии ҳуқуқиро қонун муайян мекунад».

Суди конститутсионӣ, инчунин қайд менамояд, ки аз ҷониби маҳкумшудагон амалӣ намудани кафолати ёрии ҳуқуқӣ ва истифода аз ёрии адвокат, ба давраи иҷрои ҳукми суд рост меояд, ки он дар муассисаҳои дорои низоми дахлдоре, ки фаъолияти онҳо тартиб ва низоми муайянро оид ба ислоҳи маҳкумшудагон талаб менамояд, мегузарад.

Бинобар ин, фароҳам овардани мулоқот бо адвокат дар асоси аризаи маҳкумшудагон, ки қонунгузории миллӣ муайян кардааст, аз муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бармеоянд.

Чунончи, дар қисми 3 моддаи 10 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи сиёсӣ ва шаҳрвандӣ аз 16 декабри соли 1966 пешбинӣ шудааст:

«Низоми ислоҳотӣ барои маҳкумшудагон чунин низомеро пешбинӣ мекунад, ки мақсади асосии он ислоҳ ва тарбияи иҷтимоии маҳкумшудагон мебошад».

Талабот ё мазмуни санади зикршуда дар моддаи 3 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки тибқи он мақсад ва вазифаҳои қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз ислоҳи маҳкумшудагон ва пешгирии содир кардани ҷиноятҳои нав, танзими тартиб ва шартҳои иҷро ва адои ҷазои ҷиноятӣ, муайян кардани воситаҳои ислоҳи маҳкумшудагон, ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳо иборат мебошад.

Ҳамин тариқ, мувофиқи қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ маҳкумшуда ҳуқуқ дорад, ки дар ҳар вақти зарурӣ ва муносиби пешбининамудаи қонунгузорӣ тавассути аризаи худ адвокатро талаб намуда, аз ёрии ҳуқуқии ў бархурдор гардад ва муассисаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ вазифадор аст, ки барои гирифтани ёрии зарурии ҳуқуқӣ барои маҳкумшуда, ҳатто дар ҳолати танҳоӣ шароити мусоид фароҳам орад.

Бо ин назардошт, Суди конститутсионӣ баррасии қисми дархости муроҷиаткунандагонро дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба моддаи 21 Конститутсия, бинобар дар моддаи зикршудаи Конститутсия танзим шудани вазъи ҳуқуқии ҷабрдида қатъ намуда, қисми 5 моддаи 91 Кодекси номбаршударо ба моддаи 92 Конститутсия мутобиқ ҳисоб менамояд.

Ҳамзамон, Суди конститутсионӣ диққати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба назорати иҷрои муқаррароти қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва андешидани чораҳои дахлдор ҷиҳати пешгирӣ ва роҳ надодан ба ҳолатҳои вайронкунии ҳуқуқҳои маҳкумшудагон оид ба гирифтани ёрии ҳуқуқӣ ҷалб менамояд.

Ҳамчунин, Суди конститутсионӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиди назар намудани тартиби мавҷудаи аз тарафи маҳкумшудагон истифода бурдани ёрии адвокатҳоро, ки дар қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, мувофиқи мақсад меҳисобад.

Дар асоси гуфтаҳои боло, мувофиқи моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14, 36, 37, 46,47, 48 ва 50 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

қарор кард:

1. Қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 №32 ба моддаи 92 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

2. Қарор қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи қабулаш қувваи қонунӣ пайдо мекунад.

3. Қарори мазкур дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов

ТАЪИНОТҲОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати Санади тартибдодаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.06.2009 оид ба санҷиши ҳуҷҷатии маҷмуии (комплексии) андозҳо дар муассисаи мазкур дар давраи аз 01.01.2006 то 01.01.2009 ва қарори Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ситонидани маблағи қарзи андозҳо аз ҳисоби маблағи суратҳисоби бонкии Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика дар ҶСК Ориёнбонки шаҳри Душанбе аз 28.07.2011 №11/2-2-205 ва фармоиши инкасавии нозироти андози ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе №15 аз 29 июли соли 2001 ба моддаи 10-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе 18 сентябри соли 2012

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси- кунанда- Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Фирдавсова Г.,

дар маҷлиси Суди конститутсионӣ гузориши судя-котиб Каримов К.М.-ро дар бораи дархости Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати Санади тартибдодаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.06.2009 оид ба санҷиши ҳуҷҷатии маҷмуии (комплексии) андозҳо дар Муассисаи мазкур дар давраи аз 01.01.2006 то 01.01.2009 ва қарори Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ситонидани маблағи қарзи андозҳо аз ҳисоби маблағи суратҳисоби бонкии Маркази идораи лоиҳаҳои Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика дар ҶСК Ориёнбонки шаҳри Душанбе аз 28 июли соли 2011 №11/2-2-205 ва фармоиши инкасавии нозироти андози ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе №15 аз 29.07.2001 ба моддаи 10-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро шунида,

м у а й я н к а р д:

Директори иҷроияи Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» (минбаъд – Марказ) Усмонов У.Ю. ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархост муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки моҳи июни соли 2009 мутахассисони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази онҳо риояи қонунгузории андозро мавриди санҷиш қарор дода, нисбати мушовирони байналхалқии Ширкатҳои байналхалқӣ 2 843 508, 17 сомонӣ андоз муайян намудаанд.

Вобаста ба натиҷаи санҷиш, Раиси Кумитаи андоз аз 28.07.2011 таҳти № 11/2-2-205 дар бораи ситонидани маблағи қарзи андозҳо аз ҳисоби маблағи суратҳисоби бонкии Марказ қарор баровардааст. Аммо Марказ бо назардошти он, ки Ширкатҳои байналхалқӣ ҳамчун шахсони ҳуқуқии алоҳида танҳо бо фармоишгар-ШСХК «Барқи тоҷик» оид ба иҷро намудани хизматрасониҳои мушовирӣ шартнома дошта, бо Марказ шартнома надоранд, санадҳои қабулнамудаи Кумитаи андозро ҳамчун санадҳои беасос бе иҷро монондааст.

Бинобар ин, Кумитаи андоз бо мақсади ситонидани маблағи зикршуда, бо аризаи даъвогӣ ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат намудаст, вале суд даъворо ба манфиати Марказ ҳал кардааст.

Кумитаи андоз ба ҳалномаи суди марҳилаи аввал қаноатбахш нагардида, бо шикояти апеллятсионӣ ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат карда, суди мазкур 2 феврали соли 2011 дар бораи қисман, яъне ба маблағи 1 560 560 сомонӣ рўёнидани қарзи андоз қарори нав қабул кардааст.

Марказ ин қарорро бе асос шуморида, онро ба марҳилаи кассат- сионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намуда, суди номбурда қарори марҳилаи апеллятсионии Суди иқтисодии шаҳри Душанберо тағйир дода, дар хусуси аз мушовирони маҳаллӣ ба фоидаи буҷаи давлат ҳамчун андози иҷтимоӣ рўёнидани маблағи 103 827 сомонӣ қарор баровардааст.

Шикояти назоратии Марказ аз болои қарори марҳилаи кассатсионӣ аз тарафи судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, он бо таъинот аз 11 августи соли 2011 бе тағйир мононда шудааст. Сипас тибқи қарори Раиси кумитаи андоз аз суратҳисоби Марказ маблағи 103 827 сомонӣ ба таври инкассавӣ рўёнида шудааст.

Масъалаи мазкур дар асоси муроҷиати Марказ аз тарафи Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда, аз андоз озод будани маблағҳои қарзи грантии лоиҳаҳои сармоягузориро тасдиқ намуда, ба Марказ тавсия додаанд, ки баррасии баҳси мазкурро дар суд идома диҳад.

Директори Марказ чунин мешуморад, ки санадҳои ҳуқуқии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои судии марҳилаҳои гуногуни Суди Олии иқтисодии мамлакат ба талаботи моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат доранд.

Бинобар ин, номбурда аз Суди конститутсионӣ талаб менамояд, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз намуда, мутобиқати:

– санад аз 24 июни соли 2009оид ба санҷиши ҳуҷҷатии маҷмуии (комплексии) андозҳо дар Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» дар давраи аз 01.01.2006 то 01.01.2009;

– қарори Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ситонидани маблағи қарзи андозҳо аз ҳисоби маблағи суратҳисоби бонкии Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» дар ҶСК «Ориёнбонки» шаҳри Душанбе аз 28.07.2011 №11/2-2-205;

– фармоиши инкасавии нозироти андози ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таҳти №15 аз 29.07.2001 ба моддаи 10-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионӣ дархости пешниҳодшударо мавриди баррасӣ қарор дода, оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро нисбати он бо сабабҳои зерин рад менамояд:

муроҷиаткунандан агарчӣ субъекти муроҷиат ба Суди конститут- сионӣ маҳсуб ёбад ҳам, аммо талаби дар дархост пешнmargin-bottom: .0001pt; text-align: justify; text-indent: 35.45pt;иҳодгардида мавзўи баррасии Суди конститутсионӣ нест ва ба салоҳияти он дохил намешавад:

мувофиқи талаботи меъёрҳои моддаҳои 187 ва 188-и Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби баррасии парвандаҳо оид ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор, ҳуқуқи муроҷиат ба суди иқтисодӣ бо ариза дар бораи беэътибор донистани санаду амалу беамалии зикршуда, ки ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони дар соҳаи соҳибкорӣ ва фаъолияти дигари иқтисодӣ дахл мекунанд аз тарафи суди иқтисодӣ аз рўи тартиби умумӣ бо истеҳсолоти даъвогӣ, ки кодекси мазкур пешбинӣ кардааст, бо назардошти хусусиятҳои муқарраркардаи ин боб (боби 22 Кодекси мазкур) баррасӣ карда мешаванд.

Суди конститутсионӣ бошад, мутобиқати қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Конститутсия муайян менамояд, ба шарте, ки вайронкунии ин қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии муроҷиаткунандагон боис шуда бошад.

Аз тарафи дигар, санадҳои мавриди баҳс қарордодаи муроҷиат-кунанда мавзўи муайян намудани мутбиқати онҳо ба талаботи моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон буда наметавонанд, зеро дар ҷумлаи дуюми қисми 3 моддаи 10 Конститутсия сухан дар бораи қонунҳо ва мутобиқати онҳо ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида меравад.

Дар баробари ин, аз дархост бармеояд, ки Марказ аз ҳисоби андозҳо дар назди мақомоти андоз ягон сомонӣ қарздор намебошад ва мушовирони маҳаллие, ки гўё аз ҳисоби андози иҷтимоӣ қарздор бошанд, корманди Марказ нестанд ва бо Марказ шартномаи ҳамкорӣ низ надоранд. Зиёда аз он, мувофиқи фасли 4.06 Созишномаи байналмилалии Кредитӣ, барои маблағгузории Лоиҳа оид ба Таҷдиди шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе ба имзорасида, воситаҳо аз кредит ба ҳеҷ ваҷҳ барои пардохти ҳама гуна андоз ва боҷҳо, ки тибқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, истифода бурда намешавад.

Дар ин маврид Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-кистон ва судҳои иқтисодиро мебоист амали бевосита доштани меъёри конститутсиониро дар хусуси он, ки агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ихтилоф дошта бошанд, он гоҳ санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ амал мекунанд, ба асос мегирифтанд.

Бинобар ин, Суди конститутсионӣ тибқи талаботи қисми 5 моддаи 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» диққати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вайронкунии мушаххаси талаботи Созишномаи байналмилалӣ ва зарурияти бартараф намудани он ҷалб менамояд.

Ба ҳамин тариқ бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати Санади тартибдодаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.06.2009 оид ба санҷиши ҳуҷҷатии маҷмуии (комплексии) андозҳо дар Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика дар давраи аз 01.01.2006 то 01.012009, қарори Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ситонидани маблағи қарзи андозҳо аз ҳисоби маблағи суратҳисоби бонкии Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика дар ҶСК Ориёнбонки шаҳри Душанбе аз 28.07.2011 №11/2-2-205 ва фармоиши инкасавии нозироти андози ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе №15 аз 29.07.2001 ба моддаи 10-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионӣ дахл надоштанаш, рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ «Оид ба пешниҳоди Тағоев Ф. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати Дастурамал «Оид ба ҷиҳозонидани объектҳои аз ҷониби қўшунҳои дохила ҳифзшаванда», ки бо Фармони собиқ Вазири корҳои дохилии ИҶШС аз соли 1976 №0800 тасдиқ шудааст, ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе 1 октябри соли 2012

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Фирдавсова Г.,

дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши судя-котиби Суди конститутсионӣ Каримов К.М.-ро оид ба пешниҳоди Тағоев Ф. дар бораи муайян намуданимутобиқати Дастурамал «Оид ба ҷиҳозонидани объектҳои аз ҷониби қўшунҳои дохила ҳифзшаванда», ки бо Фармони собиқ Вазири корҳои дохилии ИҶШС аз соли 1976 № 0800 тасдиқ шудааст, ба талаботи моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шаҳрванд Тағоев Фарҳод бо пешниҳод ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки ў аз соли 1997 бо аҳли оилааш дар ш. Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кўчаи Мирсаид Миршакар 46 хонаи 9/1 воқеъ дар шафати ғарбии Муассисаи ислоҳии №3/1 Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат дорад.

Соли 2008 баъд аз интишори Қонун дар бораи қонунигардонии молу мулк, Комиссия оид ба қонунигардонии молу мулки ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо қарори №813 аз 23 сентябри соли 2008 манзили истиқоматии ўро қонунӣ гардонда, ба ў шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулк додааст.

Ҳамчунин, муроҷиаткунанда қайд менамояд, ки дар ҳамсоягии ў аз соли соли 2008 Раҳимов Т., ки ў корманди Раёсати корҳои ислоҳӣ мебошад, зиндагӣ мекунад. Номбурда тахминан 16 м2 замини ҳаммоми ўро худсарона соҳиб шуда, 28 июни соли 2009 онро дар якҷоягӣ бо хонаи истиқоматиаш қонунӣ гардонидааст.

Бинобар ин, ў бо аризаи даъвогӣ бо ҷавобгарии Раҳимов Т. ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба қисман бекор намудани шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулки Раҳимов Т. аз 28 июни соли 2009 ва бартараф намудани монеагӣ ба Суди ҳарбии гарнизони Душанбе муроҷиат намуд, ки суди мазкур бо ҳалномаи худ аз 14 июни соли 2010 аризаи даъвогии ўро қонеъ намуд.

Баъдан, дар асоси аризаи даъвогии Муассисаи ислоҳии № 3/1 Раёсати корҳои ислоҳӣ ҳалномаи зикршуда бекор карда шуда, аризаҳои минбаъдаи ў аз ҷониби Суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 21 январи соли 2011, марҳилаи кассатсионии Колегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2011 рад карда шудааст.

Судҳои зикршудаи ҳарбӣ зимни баррасии даъвои Муассисаи ислоҳии №3/1 Дастурамал «Оид ба ҷиҳозонидани объектҳои аз ҷониби қўшунҳои дохила ҳифзшаванда»-ро, ки бо Фармони собиқ Вазири корҳои дохилии ИҶШС аз соли 1976 № 0800 тасдиқ шуда, то ҳол мавриди амал қарор дорад, дастрас намудаанд. Дастурамали зикршуда пешбинӣ менамояд, ки манзилҳои истиқоматӣ аз қисми берунаи муассисаи ислоҳӣ бояд 15 метр дуртар ҷойгир шуда бошанд.

Ба андешаи шаҳрванд Тағоев Ф., Дастурамал «Оид ба ҷиҳозони- дани объектҳои аз ҷониби қўшунҳои дохила ҳифзшаванда» аз соли 1976 №0800 ҳуқуқи конститутсионии ўро ба моликият пешбининамудаи моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он:

«Ҳар кас ҳақ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад.

Ҳеҷ кас ҳақ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад» маҳдуд менамояд.

Аз ин рў, ў аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш намудааст, ки дар асоси пешниҳоди ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, мутобиқати Дастурамал «Оид ба ҷиҳозонидани объектҳои аз ҷониби қўшунҳои дохила ҳифзшаванда» аз соли 1976 №0800 ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди мазкурро ҳаматарафа дида баромада, қайд менамояд, ки миёни муқаррароти Дастурамали зикршуда ва моддаи 32 Конститутсия алоқамандии мантиқие вуҷуд надорад, ки он предмети баррасии Суди конститусионӣ ва муайян намудани мутобиқати Дастурамал ба Конститутсия гардад. Зеро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат буда, он барои истифодаи самаранок ба субъектони пешбининамудаи ҳуқуқи замин (аз ҷумла шаҳрвандон) дода мешавад. Қитъаи замине, ки барои хонасозӣ дода мешавад ба объекти моликияти шахсӣ маҳсуб нест. Ин матлаб дар моддаи 241 (Ҳуқуқи молу мулкии ашхосе, ки молик намебошанд) Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ифодаи худро ёфтааст:

«1. Ба ҳуқуқи молу мулкӣ дар баробари ҳуқуки моликият инҳо дохил мешаванд:

а) ҳуқуқи истифодаи замин».

Дуюмин, муқаррароти Дастурамал «Оид ба ҷиҳозонидани объектҳои аз ҷониби қўшунҳои дохила ҳифзшаванда», ки тибқи он манзилҳои истиқоматӣ аз қисми берунаи муассисаи ислоҳӣ бояд 15 метр дуртар ҷойгир шуда бошанд, инчунин ба муқаррароти қисми сеюми моддаи 14 Конститутсия, ки ба хотири таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон ва нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро раво мебинад, низ мухолифат надорад.

Сеюм, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода ва дастрасии Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии собиқ ИҶШС ва ҶШС Тоҷикистон мамнуъ нест. Чунончи, тибқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009 № 506 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ:

«2. Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) ва Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон то қабули қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар қисмати ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат накарданашон амал мекунанд».

Баъдан, муроҷиати Тағоев Ф., ҳамчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 40-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ нест, зеро тибқи қисми 2 моддаи 40 Қонуни конститутсионии зикршуда шаҳрвандон ба Суди конститутсионӣ бояд бо дархост муроҷиат намоянд на бо пешниҳод.

Дар баробари ин, Суди конститутсионӣ аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз намудани Дастурамал «Оид ба ҷиҳозонидани объектҳои аз ҷониби қўшунҳои дохила ҳифзшаванда»-ро, ки бо Фармони собиқ Вазири корҳои дохилии ИҶШС аз соли 1976 № 0800 тасдиқ шудааст, ба санади меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад мешуморад.

Бинобар ин, бо назардошти талаботи моддаҳои 14, 37, 41-42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионӣ

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба пешниҳоди Тағоев Ф. оид ба муайян намудани мутобиқати Дастурамал «Оид ба ҷиҳозонидани объектҳои аз ҷониби қўшунҳои дохила ҳифзшаванда», ки бо Фармони собиқ Вазири корҳои дохилии ИҶШС аз соли 1976 №0800 тасдиқ шудааст, ба талаботи моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон», бинобар мувофиқ набудан ба шаклу мазмуни муроҷиат пешбининамудаи моддаи 40-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешниҳод шудан аз ҷониби субъекти беэътимод рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят оварда намешавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Юсупова Шаҳзода ва адвокати ваколатдор Одинаев Бедилхон «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисми 3-и моддаи 270-и Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми 1-и моддаи 17 ва моддаи 19-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе 17 октябри соли 2012

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини Раис М. Назаров, судя-котиб Каримов К.М. ва судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Фирдавсова Г.,

дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши судяҳо Абдуллоев А.А. ва М. Назаровро оид ба дархости шаҳрванд Юсупова Шаҳзода ва адвокати ваколатдор Одинаев Бедилхон «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисми 3-и моддаи 270-и Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми 1-и моддаи 17 ва моддаи 19-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шаҳрванд Юсупова Шаҳзода ва адвокати ваколатдор Одинаев Бедилхон ба Суди конститутсионӣ бо дархост муроҷиат намуда, дар он нишон додаанд, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои расмии ба тасвибрасида, Раиси ноҳияи Ҷиликул «Дар бораи иҷозат додан барои лоиҳакашии сохтмони «Маркази савдо ва ошхонаи миллӣ» ба шаҳрванд Юсупов Фахриддин – писари дархосткунанда Юсупова Шаҳзода аз 30 июли соли 2008, таҳти рақами 369 қарор қабул кардааст.

Бо қарори дигари Раиси ноҳияи Ҷиликул аз 19-уми сентябри соли 2008, № 472 «Дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мавлон Қорёгдиев» барои сохтмони «Маркази савдо ва ошхонаи миллӣ» ба соҳибкор Юсупов Фахриддин 0,12 га замин ҷудо карда шуда, дар асоси ин қарор аз тарафи Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2009 бо силсиларақами дараҷаи А № 0228759 ба ў Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дода шудааст.

Тибқи ҳуҷҷатҳои расмӣ ва қонунии қабулнамуда, писари Юсупова Ш.- соҳибкор Юсупов Ф. барои пешбурди корҳои сохтмони маркази номбурда айни ҳол ба маблағи 21-ҳазор доллари амрикоӣ ва сад ҳазор сомонӣ харҷ кардааст.

Суди иқтисодии вилояти Хатлон даъвои якҷояи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиликул ва Кумитаи заминсозии ноҳияи Ҷиликулро бо ҷавобгарии хоҷагии деҳқонии «Мавлон Қорёгдиев» – раисаш Юсупова Шаҳзода ва соҳибкор Юсупов Фахриддин дар бораи қатъ гардонидани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи 0,12 га замини ба охирин ҷудокардашуда ва ба заминҳои фонди махсуси ноҳия дохил кардани он, инчунин оиди беэътибор донистани тамоми санадҳои вобаста ба замини зикршуда қабулгардидаро бе иштироки ҷавобгарон баррасӣ намуда, бо ҳалномаи худ аз 30 ноябри соли 2010 даъворо ба фоидаи даъвогарон ҳал кардааст, ки дар натиҷа ҳуқуқу манфиатҳои конститутсионӣ ва қонуниашон ҳамчун тарафи мурофиавӣ вайрон карда шудааст.

Ҷавобгарон, аз ҷумла Юсупова Ш. аз муҳоҷирати меҳнатӣ бар- гашта, ба ҳалнома шинос шуда огоҳ мешавад, ки бинобар гузаштани мўҳлати 6-моҳаи шикояткунӣ, ҳуқуқи аз болои ҳалнома овардани шикояти назоратиро надорад. Чунки дар қисми 3-юми моддаи 270 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки: «Ариза ё эътироз дар бораи аз нав дида баромадани санади судӣ ба тариқи назоратӣ мумкин аст ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати на зиёдтар аз шаш моҳи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судии охирин, ки оид ба парванда қабул карда шудааст, агар дигар имкониятҳо барои санҷидани санади мазкур ба тариқи судӣ аз байн рафта бошанд, дода мешавад».

Хулоса, бинобар сабаби дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани дархосткунанда Юсупова Ш. ва писараш Юсупов Х. ва ба таври дахлдор аз мурофиаи судии иқтисодӣ хабардор набудани онҳо мўҳлати 6-моҳаи шикояти назоратӣ овардан аз болои ҳалномаи судӣ, ки дар қисми 3 моддаи 270 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, гузаштааст.

Юсупова Ш. ва намояндааш адвокати ваколатдор Одинаев Б. ба муқаррароти зикршудаи Кодекси мазкур дар қисми муҳлати 6-моҳаи шикояти назорати овардан розӣ нашуда, қайд менамоянд, ки дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати овардани шикояти назоратӣ як сол ва муҳлати даъвои гражданӣ се сол нишон дода шудааст.

Бо сабаби дар хориҷи кишвар, дар муҳоҷират будани онҳо муҳлати 6-моҳаи шикояти назоратӣ овардан гузаштааст. Дар натиҷа шаҳрвандон ҳуқуқҳои конститутсионии дар моддаҳои 17 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо оиди он, ки: «Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд ва «ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад», истифода бурда наметавонанд.

Бинобар ин, аз Суди конститутсионӣ дархост кардаанд, ки муто- биқати қисми 3-и моддаи 270-и Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми 1-и моддаи 17 ва моддаи 19-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости мазкурро дида баромада, қайд менамояд, ки муайян намудани мутобиқати қисми 3-юми моддаи 270 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонба қисми 1-и моддаи 17 ва моддаи 19-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб буда, мавзўи баррасии он ба шумор меравад. Ҳамчунин дархости пешниҳодшуда аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаи 40-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ мебошад.

Аммо талаби дар дархост гузошташуда пештар мавриди баррасии Суди конститутсионӣ қарор дошта, нисбати он қарори дахлдори Суди конститутсионӣ қабул карда шудааст.

Чунончи, Суди конститутсионӣ парвандаро аз рўи муроҷиати Қ. Ақназаров «Дар бораи муайян намудани мувофиқати қисми 3 моддаи 270 Кодекс дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ ба қисми 1 моддаи 1, қисми 2 моддаи 5, қисми 3 моддаи 14, қисми 1 моддаи 17, қисми 1 моддаи 19 ва қисми 2 моддаи 88 Конститутсия баррасӣ намуда, бо қарори худ аз 13-уми майи соли 2009 онро ба моддаҳои зикршудаи Конститутсия мутобиқ ҳисоб намуд.

Аз ин рў, тибқи талаботи банди 4-уми қисми 1-и моддаи 42 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститут- сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» агар конститутсионӣ будани масъалаи дар пешниҳод ё дархост зикрёфтаро пештар Суди конститутсионӣ дида баромада, дар ин бора қарори Суди конститутсионӣ мавҷуд бошад, он барои аз тарафи Суди конститутсионӣ рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ асос мегардад.

Бинобар ин, Суди конститутсионӣ оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро оид ба дархости шаҳрванд Юсупова Ш. ва адвокати ваколатдор Б. Одинаев бо асосҳои зикргардида рад менамояд.

Бо назардошти ҳолатҳои боло ва талаботи моддаҳои 14, 37, 40-42 ва 47-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумхурии Тоҷикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Юсупова Шаҳзода ва адвокати ваколатдори ў Одинаев Бедилхон «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисми 3-и моддаи 270-и Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми 1-и моддаи 17 ва моддаи 19-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар пештар дида баромада шудани масъалаи мазкур ва дар ин бора мавҷуд будани Қарори Суди конститутсионӣ аз 13-уми майи соли 2009-ум, рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят оварда намешавад.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Азимов Б.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 155 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонба моддаҳои 12, 17, 19, 22, 32 ва қисми 2, 3 моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ш. Душанбе 30 октябри соли 2012

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Фирдавсова Г.,

дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши судя-котиби Суди конститутсионӣ Каримов К.М.-ро оид ба дархости Азимов Б.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 155 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 12, 17, 19, 22, 32 ва қисми 2, 3 моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шаҳрванд Азимов Б.Н. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки 16 сентябри соли 2010 Суди иқтисодии вилояти Суғд аризаи даъвоӣ-и Осоишгоҳи «Шифо»-и шаҳри Қайроқумро бо ҷавобгарии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум, ҳамҷавобгарии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тавҳид»-и шаҳри Хуҷанд ва ҳамҷавобгарии ўро дар бораи беэътибор донистани шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулк аз 25 сентябри соли 2008 №176 ва суратҷаласаи муассисони ҶДММ «Тавҳид» аз 4 апрели соли 2002 №6 дида баромада, бо ҳалномаи худ қарори Коммиссияи қонунигардонии молу мулк аз 25 сентябри соли 2008 №176 ва ҳуҷҷатҳои зикршудаи мавриди баҳс қарордодашударо беэътибор дониста, 705,9 метри мураббаъ биноҳо ва 4524,0 метри мураббаъ қитъаи заминро ба ҳолати аввала баргардонида, аз моликияти ў берун намуданд.

Суди зикршуда аризаи даъвогаррро бе иштироки ў дида баромада, ҳуқуқҳояшро ба моликият поймол намуда, ўро бе манзили истиқоматӣ ва фарзандони ў – Азимов П. ва Азимовро бе мерос мондааст.

Шикоятҳои ў аз болои ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд бо қарори марҳилаи апеллятсионии Суди зикршуда аз 12 ноябри соли 2010 ва Қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи 2011 бе қаноат мононда шудаанд.

Бинобар ин, номбурда моддаи 155 Кодекси мурофиавии иқтисо- дии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки «Баррасии парванда ҳангоми пешниҳод накардани изҳори назар ба аризаи даъвогӣ, далелҳои иловагӣ, ҳамчунин дар ғоибии шахсони иштироккунандаи парванда» номгузорӣ шуда, дар ғоибии даъвогар ва ҷавобгар барррасӣ намудани парвандаро пешбинӣ менамояд, ба моддаҳои 12, 17, 19, 22, 32 ва қисми 2, 3 моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» мухолиф ҳисоб менамояд.

Аз ин рў, ў аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш дорад, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, мутобиқати моддаи 155 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 12, 17, 19, 22, 32 ва қисми 2, 3 моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки шаҳрванд Азимов Б. Н. агарчӣ субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ шуда тавонад ҳам, аммо дар дархости ў далел ва асосҳо дар бораи номутобиқатии моддаи 155 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 12, 17, 19, 22, 32 ва қисми 2, 3 моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод нагардидааст.

Ҳамчунин дар талаби ў оид ба номутобиқатии моддаи 155 Кодекс ба моддаҳои зикршудаи Конститутсия номуайяние дида намешавад, ки он санҷиши конститутсиониро талаб намуда, боиси оғоз кардани мурофиаи судии конститутсионӣ гардад.

Баъдан, моддаи 155 Кодекси зикршуда аз 5 қисм иборат буда, якчанд масъалаҳои ҳуқуқиро дар бар мегирад, ки муроҷиаткунанда бе мушаххас намудани қисми дахлдори модда, тамоми матни онро ба моддаҳои номбаршудаи Конститутсия номутобиқ ҳисоб намудааст, ки чунин тартиби масъалагузорӣ аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ нест.

Суди конститутсионӣ, инчунин қайд менамояд, ки масъалаи дар ғоибии муроҷиаткунанда аз тарафи суд баррасӣ намудани парванда ва баҳодиҳӣ ба дурустӣ ва қонунӣ будани санадҳои судҳои иқтисодӣ на ба салоҳияти Суди конститутсионӣ, балки ба салоҳияти марҳилаҳои болоии судҳои иқтисодӣ маҳсуб мебошад, ки муроҷиаткунанда метавонад масъалаи мазкурро дар судҳои зикршуда мавриди баҳс қарор диҳад..

Бинобар ин, Суди конститутсионӣ аз рўи дархости мазкур оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро бо асосҳои зикршуда рад менамояд.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Азимов Б. Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 155 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 12, 17, 19, 22, 32 ва қисми 2, 3 моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар аз ҷиҳати шаклу мазмун мувофиқ набудани дархост ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов

Н А В И Д Ҳ О И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Аз 27 то 30 августи соли 2012 сафари кории муовини Раиси Суди конститутсионӣ – Назаров М. ва судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Абдуллоев А.А. ҷиҳати иштирок дар Конфроси байналмилалӣ дар мавзуӣ: «Аз маҳдуд намудани озмоиши силоҳи ядроӣ ба ҷаҳони озод аз силоҳи ядроӣ» ва Конфронси байналмилалӣ дар мавзўӣ: «Конститутсия таҷассумгари арзишҳои ҳуқуқи инсон, ҷомеаи демократӣ ва давлати муосир» ба шаҳрҳои Остона ва Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид.

Дар кори чорабиниҳои мазкур, ҳамчунин намояндагони зиёда аз 70 давлатҳои ҷаҳон, аз қабили раисони парлумонҳо, сиёсатшиносони машҳур, роҳбарони мақомоти назорати конститутсионӣ ва адолати судӣ, инчунин олимони варзидаи соҳаи ҳуқуқ, намояндагони ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, намояндаи махсуси Асамблеяи Генералии СММ, вазири корҳои хориҷии Олмон, аъзои Конгресси ИМА ва намояндагони мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат намуданд.

Ҳамчунин дар кори чорабиниҳои мазкур Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва дигар шахсони баландпояи мақомоти назорати конститутсионии хориҷи кишвар, аз ҷумла Раиси Конфронси мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи ҷавон – Раиси Суди Конститутсионии Арманистон Арутюнян Г.Г. иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар доираи чорабиниҳои мазкур маърўзаҳои муҳим ва рўзмарраю пурмазмун шунида шуда, мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуданд, ки ин аз сатҳи баланди баргузории кори конфронсҳо шаҳодат медиҳад.

Дар доираи сафари мазкур ҳайати Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо раисон ва судяҳои судҳои конститутсионии Арманистон, Озарбойҷон, Украина, Белоруссия, Гурҷистон, Молдавия, Роҳбари Барномаи «Дастгирии ислоҳоти судӣ ва ҳуқуқӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ» – Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои техникӣ Йорг Пуделька, муовини Раиси Суди Конститутсионии Берлин Михаэль Хунд ва бо Раиси Шурои Конститутсионии Ҷумҳурии Қазоқистон Рогов И.И. ва дигар ҳайатҳо вохўриҳои судманд доир намуда, оид ба баъзе масъалаҳои конститутсионализм дар замони муосир ва таҷрибаи назорати конститутсионӣ дар мамлакатҳои худ табодули назар намуданд.

Баргузории чунин чорабиниҳо, бешубҳа, ҷиҳати наздикшавии мавқеи мақомоти назорати конститутсионӣ оид ба таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд муфид арзёбӣ гардида, барои густариши муносибатҳои мутақобилан судманди тарафайн мусоидат менамоянд.

Аз 26 то 28 сентябр ва аз 3 то 4 октябри соли 2012 тибқи нақшаи кории Суди конститутсионии Ҷумҳурии барои соли 2012 бо мақсади татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 20 апрели соли 2012, густариши ҳамкориҳо бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тавассути расонидани ёрии амалии ҳуқуқӣ ба онҳо, фаҳмондадиҳии меъёрҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат менамоянд, сафари кории Раиси Суди конститутсионӣ – Маҳмудов М.А., муовини Раиси Суди конститутсионӣ – Назаров М.Н. ва судяҳои Суди конститутсионӣ – Гулзорова М.М., Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Каримов К.М. ва кормандони Дастгоҳи Суди конститутсионӣ ба ноҳияҳои Восеъ, Шўрообод, Мўъминобод, Файзобод ва шаҳрҳои Ваҳдату Роғун доир гардид.

Зимни сафари мазкур ҳайати Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо аҳли ҷамоатчигӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқии шаҳру ноҳияҳои номбурда баҳри фаҳмондадиҳии мазмуну мўҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии қонунгузории кишвар ва муқаррароти Конститутсияи мамлакат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ суҳбату вохўриҳои доманадор анҷом дода, ба саволҳои сершумори ширкаткунандагони онҳо ҷавобҳои мушаххас гардонида шуд.

Ҳамазмон, идомаи сафарҳои кории ҳайати Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар шаҳру навоҳии кишвар низ бо мақсади баргузор намудани суҳбату вохўриҳо бо аҳолӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи онҳо ба нақша гирифта шудааст.

28 сентябри соли 2012 дар толори маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили иди умумимиллӣ – Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки коллективи кормандони Суди конститутсионӣ ва намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Маҷлиси тантанавиро Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов ҳусни оғоз бахшида, ҳамагонро бо ин иди фархундаву муқаддас таҳният гуфта, иброз дошт, ки нақш ва мақоми забони давлатӣ дар ташаккули фарҳанги қадима ва пойдории давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бузург мебошад. Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромаду вохўриҳои хеш доимо баҳри таблиғи забони давлатӣ ва донистани он аз ҷониби тамоми сокинони кишвар иброзӣ андеша намуда, забони давлатиро таърихи зиндагии миллат ва пайвандгари наслҳои дирўзу имрўз ва фардои миллат арзёбӣ менамоянд. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди ватандўсту худогоҳи кишвар, вазифадор аст забони давлатиро, ки сарчашмаи ифтихори миллат ва яке аз рукнҳои устувори давлатдорист донад ва дар фаъолияти ҳамарўзаи худ истифодаи дурусти қоидаҳои имлои забони тоҷикиро таъмин намояд.

Дар маҷлис, ҳамчунин намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мазмун ва моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011 №458 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» андешаронӣ намуда ба саволҳои сершумори судяҳо ва кормандони Суди конститутсионӣ ҷавобҳои мушаххас доданд.

4-6 октябри соли 2012 дар асоси даъвати Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон сафари кории Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. ва судяи Суди конститутсионӣ Гулзорова М.М. ҷиҳати иштирок дар XVII-умин Конфронси байналмилалии Ереванӣ дар мавзўи «Ҳамкории судҳои конститутсионӣ ва дигар институтҳо оид ба таъмини иҷрои қарорҳои суди конститутсионӣ» ба шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон доир гардид.

Дар кори ин чорабинӣ раисон ва судяҳои мақомоти назорати конститутсионии зиёда аз 20 давлати ҷаҳон ва намояндагони масъули мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Арманистон иштирок намуданд.

Зимни Конфронси мазкур ширкаткунандагони он дар мавзўи аҳамияти иҷрои саривақтии қарорҳои мақомоти назорати конститутсионӣ дар таъмини волоияти Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳоин инсон ва шаҳрванд табодули назар намуда, бо маърўзаҳои муҳим ва рўзмара дар ин самт баромад намуданд.

Дар рафти кори Конфронс, ҳамчунин Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. бо маърўза дар мавзўи «Таъмини иҷрои қарорҳои судҳои конститутсионӣ – кафолати амалишавии адолати судии конститутсионӣ» баромад намуда, ҳозиринро бо тартиби қабули қарорҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи амалии онҳо шинос намуд.

Зимни сафари мазкур, ҳамчунин мулоқоти Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. ва раисони Судҳои конститутсионии Украина, Латвия, Қазоқистон ва дигар давлатҳои иштирокчии Конфронс бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон ҷаноби Серж Саргсян доир гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба густариши фаъолияти мақомоти назорати конститутсионӣ баррасӣ карда шуда, ҷонибҳо омодагии худро баҳри боз ҳам густариши ҳамкориҳои мутақобилан муфид ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи ҳифз, таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд изҳор доштанд.

19 октябри соли 2012 дар толори маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. мурофиаи судӣ оид ба парванда бо дархости шаҳрвандон Шарипов А.П. ва Романов С.Т. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 21 ва 92 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони ваколатдори Маҷлиси Олӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, намояндагони Суди Олӣ, Прокурори генералӣ, Шўрои адлия ва Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия иштирок намуданд.

Суди конститутсионӣ дархости пешниҳодгардидаро дар алоқамандӣ бо талаботи Конститутсия, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва дигар санадҳои меёърии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷишу таҳлил қарор дода, қайд менамояд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ буда, онҳо аз тарафи давлат эътироф, риоя ва ҳифз карда мешаванд.

Вобаста ба ин, эътироф ва кафолат додашудани ёрии адвокат аз лаҳзаи дастгир шудан, ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ, инчунин дар вақти адои ҷазои ҷиноятӣ аз ҷумлаи муҳимтарин ҳуқуқу озодии конститутсионии инсон ва шаҳрванд ба шумор рафта, дар асоси муқаррароти моддаҳои 19 ва 92 Конститутсия, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва Қонун дар бораи адвокатура ба амал бароварда мешавад.

Бо ин назардошт, Суди конститутсионӣ қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятиро ба моддаи 92 Конститутсия мутобиқ ҳисоб намуд.

Ҳамзамон, Суди конститутсионӣ диққати Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба назорат ва таъмини иҷрои бечуну чарои муқаррароти қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намуда, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳолатҳои вайронкунии ҳуқуқҳои маҳкумшудагон андешидани чораҳои дахлдорро ҷалб менамояд.

Ҳамчунин, Суди конститутсионӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар баррасӣ ва таҷдиди назар намудани тартиби мавҷудаи аз тарафи маҳкумшудагон истифода бурдани ёрии адвокат пешбининамудаи қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки муҳимтарин ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд ба шумор меравад, бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ мувофиқи мақсад мешуморад.

24-31 октябри соли 2012 дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкори байни Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Конститутсионии Украина бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти ин мақомоти назорати конститутсионӣ, табодули таҷриба ва густариши ҳамкориҳои тарафайн сафари кории роҳбари Дастгоҳи Суди конститутсионӣ Ҳошимов Д. Д. ва ёрдамчиёни судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳамидов В.А., Саидова Н.Ҳ. ва Куканов С.М. ба Украина доир гардид.

Зимни сафари мазкур ҳайати Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори Семинари илмӣ-амалӣ, ки ба фаъолияти Дастгоҳи Суди конститутсионии Украина бахшида шуда буд, ширкат варзида, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти Суди конститутсионии Украина шиносоӣ пайдо намуд. Ҳамчунин, дар рафти семинари илмӣ-амалӣ ҳайати Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои конститутсионии субектони муроҷиат ба ин мақомоти назорати конститутсионӣ, фаъолияти ёрдамчиёни судяҳо, фаъолияти коллегияҳои судӣ, тартиби омода намудани хулосаи экспертӣ вобаста ба парванда, тартиби ҷудонамудани истеҳсолоти конститутсионӣ ва дигар паҳлўҳои фаъолияти Дастгоҳи Суди конститутсионии Укарина аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, дар масъалаҳои мухталифи соҳавӣ бо ҳамкасбони хориҷии худ табоддули назар намуданд.

Инчунин, дар рафти сафари мазкур ҷиҳати густариши ҳамкориҳои тарафайн вохўрии ҳайати Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Суди конститутсионии Украина ҷаноби Головин А.С. ва роҳбарияти Дастгоҳи Суди Укарина доир гардида, дар он масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти мақомоти назорати конститутсионӣ ва дастгоҳҳои он ибрози андеша карда шуд.

Мундариҷа

Маҳмудов М.А. Саҳми Президент Эмомалӣ Раҳмон дар
ташаккули қонунгузорӣ 5

Каримов К.М. Аз Эъломия то ба Конститутсия 22

Гиёев С.Н. Иҷлосияе, ки наҷотбахши давлату миллати тоҷик буд 29

Оймаҳмадов М.Д. Нақши Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими мақомоти судӣ 32

Раҷабов А.Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олӣ ва
ислоҳоти ҳокимияти судӣ 39

Нозиров Н.А. Қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ дар
солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон 45

Куканов С.М. Ислоҳоти конститутсионӣ ва таъсисёбии
Суди конститутсионӣ 55

Бобоев М.Д. Иҷлосияи XVI-уми – иҷлосияи наҷотбахши миллат 61

Қарорҳои Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

1) оид ба парванда аз рўи дархости шаҳрвандон Шарипов А.П. ва Романов С.Т. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 №32 ба моддаҳои 21 ва 92 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 19 октябри соли 2012

Таъинотҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1) дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати Санади тартибдодаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.06.2009 оид ба санҷиши ҳуҷҷатии маҷмўии (комплексии) андозҳо дар муассисаи мазкур дар давраи аз 01.01.2006 то 01.01.2009 ва қарори Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ситонидани маблағи қарзи андозҳо аз ҳисоби маблағи суратҳисоби бонкии Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика дар ҶСК Ориёнбонки шаҳри Душанбе аз 28.07.2011 №11/2-2-205 ва фармоиши инкасавии нозироти андози ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе №15 аз 29 июли соли 2001 ба моддаи 10-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 18 сентябри соли 2012 73

2) дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ «Оид ба пешниҳоди Тағоев Ф. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати Дастурамал «Оид ба ҷиҳозонидани объектҳои аз ҷониби қўшунҳои дохила ҳифзшаванда», ки бо Фармони собиқ Вазири корҳои дохилии ИҶШС аз соли 1976 №0800 тасдиқ шудааст, ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1 октябри соли 2012 79

3) дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Юсупова Шаҳзода ва адвокати ваколатдор Одинаев Бедилхон «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисми 3-и моддаи 270-и Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми 1-и моддаи 17 ва моддаи 19-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 17 октябри соли 2012 83

4) дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Азимов Б.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 155 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 12, 17, 19, 22, 32 ва қисми 2, 3 моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30 октябри соли 2012 87

Навидҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Навидҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон 91